Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно

Имрӯзҳо  таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири  тоҷику форс  тавассути  кӯшишу талоши пайгиронаи  як гурӯҳ муҳаққиқон  вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт.  Воқеан, тасаввуф, ки бешак,  фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.

Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ  қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд.

Мусаллам аст, ки миёни ин нафарон Ҷалолуди Румӣ (Мавлоно) низ чун нафари ориф ҷойгоҳи хос дошта, маҳбубияти ҷаҳониро  соҳиб гаштааст. Омӯзиши  бештари олимон  ба  моҳияти ҷаҳонбинӣ, ақидаҳои ирфонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии  шахсияти маъруф, аҳли ирфону тасаввуф  матраҳ шудааст.

 Мавлоно  шоири арҷиманде,  ки мафҳуму мазмунҳои ирфони дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст. Ӯ миёни  ирфон аз ҷумлаи пайравони тариқати Мавлавия  ошиқони ориф ба шумор меравад. Маснавии маънавии ӯ дар адабиёти форсу тоҷик шоҳкори беназир шинохта шудааст.  Бар иловаи ин ҳама Мавлоно соҳиби Девони кабирест, ки ғазалиёти динию фалсафиву ахлоқии ӯро фаро гирифтааст. Дар ин нигошта   на фақат парвози хаёли шоирона, балки ҷаҳонбинию андешаҳои орифонаи шоир баён гардидаанд. Метавон гуфт дар нигоштаҳои  ашъори орифона шоир ба дараҷаи ниҳоии камолоти маънавӣ расидааст.  Ва ин ҳунармандӣ ҳам дар Маснавӣ, ҳам дар ғазалиёт ва рубоиёти Мавлоно мушоҳида мешавад.

Ин ҷо мехоҳем дар ин омӯзиши кӯчаки хеш таваҷҷӯҳи вижаро ба ҷойгоҳи  рубоиёти Мавлоно дар ашъори ӯ ва минҷумла дар адабиёти классикӣ  равона кунем.

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно камтар аз ғазалиёт ва маснавиҳояш нест, бо ин ҳол мо мебинем, ки ин бахше аз ашъори Мавлоно (яъне рубоиёти ӯ) камтар мавриди пажӯҳишу омӯзиш қарор гирифтааст.

Рубоиёти Мавлоно, ки бахше аз китоби бузурги Девони Кабир аст ба таври алоҳида чандин маротиба аз сӯи нашриётҳои мухталиф ва бо теъдоду шаклҳои ҷудогона мунташир гаштааст. Дар Урупо ва умуман олами Ғарб низ  теъдоди зиёде аз муҳаққикон ва пажӯҳишгарони осори гаронмояи Мавлоно гулчине аз беҳтарин ва олитарин рубоиёти ӯро тарҷума ва дар шакли китоб таҳия ва тадвин намудаанд.

Ба унвони мисол инҷо метавон аз шахсияти шинохтаи олами ғарб Иброҳим Гоморд равоншиноси мусалмони амрикоӣ ёд кард, ки пас аз чандин сол саранҷом муваффақ ба тарҷумаи тамоми рубоиёти Мавлоно ба забони инглисӣ шуд. Пажӯҳиши  мавлоношиноси маъруфи амрикоӣ Колман Баркс низ дар ин замина беназир аст.

Дигар аз мутарҷимоне, ки даст ба тарҷумаи осор ва ба вижа рубоиёти Мавлоно задааст, ин Юҳон Кристоф Бургӯл  устоди донишгоҳ, ироншинос ва исломшиноси аҳли  Свис  аст , ки  муаллифи тарчумаҳои бисёре аз мутуни клоссики шарқӣ- хоса  шоирони иронӣ аст, ки аз ҷониби ӯ  таҳқиқҳои арзишманде мунташир шудааст.

Ю.Бургел соли 2003 тарҷумаи гузидаи ғазалиёт ва рубоиёти Девони Кабирро ба нашр расонид, ки он  дар Олмон рӯи чоп омад. Профессор Ю.Бургел дар ин китоб ҳафтоду панҷ ғазал ва сию як рубоиро ба забони олмонӣ тарҷума карда, ҳамзамон  тавзеҳот ва гоҳ тафсиру таъбирҳои ирфони низ оварда шудааст, ки ба дарку дарёфти сурудаҳои Мавлоно кӯмак мекунад.

 Воқеан,  Девони кабири Мавлоно наздик ду ҳазор рубоиётро дар бар мегирад. Бино ба хулосаҳои  Арберри (соли 1950) онҳо шояд “ҳудуди 1.600 рубоиро”  саҳеҳан дар бар бигирад. Яъне  рубоиёт такрибан 4 фисади тамоми ашъори Девони кабирро фаро мегирад. Аммо гуфта мешавад, ки як вироиши  дигар, ки  соли 1896  дар шаҳри Истанбули Туркиё маншур гашта буд фарогири 1646 рубоӣ аст. Дар соли 1941  дар шаҳри Исфаҳони Эрон  маҷмуаи  дигари  рубоиёти Мавлоно  тавассути донишманд Муҳаммад Бокир Улфат  интишор шуд, ки шомили 1994 рубоӣ  буд.  Имрузҳо аҳли таҳққиқ бар он назаранд, ки беҳтарин вироиши рубоиёт дар  8 ҷилд тавассути олими эронӣ, устод Бадеъузамон Фурузонфар таҳия шуда, ки фарогири 1983 рубоӣ мебошад. Ӯ тамоми дастнавиштҳо ва нусхаҳои кадимии тариқаи Мавлавияро дар Туркиё мутобиқ намуд. Як дастнавишти 50 сол қабл аз вафоти Мавлоноро дар китобхонаи Истанбул бо  теъдоди 1937 рубоӣ  ва як дастнавишти дигаре аз рубоиётро дар шаҳри Лондон бо теъдоди 1870 рубоӣ пайдо намудааст.

Аммо ҳамчунин гуфта мешавад, ки футур ё нуқси усули тадоруки устод Фурузонфар ин буд, ки ӯ дар китоби 8 ҷилдааш кулли  дастнавиштҳои қаблии рубоиётро ҷой додааст, ки қисме аз ин рубоиёт на ин ки тавассути Мавлоно, балки аз сӯи дигар шуарои давр эҷод шудаанд ва ӯ ҷумла рубоиётро ба Мавлоно мансуб хондааст.  Дар вироиши Фурузонфар тақрибан 70 рубоиро пайдо намудаанд, ки мансуби Мавлоно набуда, балки тавассути шоирони пеш аз Мавлоно суруда шудаанд.

Мавлоношинос А.Ҷ.Арберрӣ  низ соли 1949  зери унвони “Рубоиёти Ҷалолиддини Румӣ»,  гузидаи тарҷумаи инглисии рубоиётро  дар асоси вироиши Исфаҳон  (соли 1941) нашр намуд, ки фарогири 359 рубоӣ мебошад. Тибқи иттилооте, ки пайдо кардем  12 фисад аз рубоиёти тарҷума намудаи Арберӣ дар нашри Фурузонфар пайдо нагардидааст. Аннемария Шиммел мавлонопажӯҳи олмонӣ низ якчанд рубоии Мавлоноро дар асоси вироиши саҳеҳи Фурузонфар дар шакли гулчин тарҷума намудааст. Уилиям Читтик бошад  дар асоси ҳамин нашри Фурузонфар дар китоби худ  “Масири ишки аҳли тариқат” ва “Таълимоти ирфонии Румӣ” (соли 1983) 7 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст .

Ризо Собирӣ дар китоби бо ду забон нашршудаи “Ҳазор соли рубоиёти форси” (2000) 120 рубоии Мавлоноро бо истифода аз вироиши Фурузонфар тарҷума намудааст, ки чаҳор рубоии тарҷуманамудаи ӯ дар нашри Фурузонфар пайдо нашудааст. Франклин Луиз ҳамагӣ 11 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст. ( Румӣ-ҳозира ва гузашта, Шарқ ва Fарб) Ҳаёт ва ашъори Ҷалолиддини Румӣ с 2000) ӯ низ аз вироиши Фурузонфар корбурд намудааст.

Ба хар сурат ин далоил ишора бар он доранд, ки дар шумори маснавиву ғазалҳо рубоиёти Мавлоно низ шӯҳрати ҷаҳонгир доранд.

Мусаллам аст, ки рубоисароӣ ҷаҳонбинӣ ва маҳорату малакаи махсусеро хоҳон аст бар он хотир, ки   нафаре, ки  рубоӣ месарояд бояд дар чаҳор мисраъ як фикри амиқи фалсафиро бо истеъдоди фавқуллода ғунҷоиш диҳанд, ки намунаи бетарини ин офаринишро  аз  рубоинависии классикони мо метавон пайдо кард.

Агар дар офариниши дигар шаклҳои шеърӣ шоир дар интихоби вазни шеър озод бошад (масалан ҳангоми сурудани ғазал метавонад аз вазнҳои  гуногун истифода кунад), дар эҷоди рубоӣ ин амал ҷоиз нест, зеро дар шаҷараҳои бистучоргонаи ахрабу ахрами баҳри ҳазаҷ метавонад рубоӣ суруда мешавад ва дар акси ҳол осор  рубоӣ ҳисобида намешавад. Рубоӣ  жанрест, ки истиқлоли вазни худро то имрӯз нигоҳ доштааст. Рубоӣ ба маънои чаҳортоӣ ё чаҳоргонӣ яке аз қолабҳои шеъри форсӣ аст, ки дар форси ба он тарона низ мегӯянд. «Ин қолаб як қолаби шеъри форсӣ  аст, ки дар забонҳои дигаре (аз ҷумла арабӣ, туркӣ ва урду) низ мавриди истифода қарор гирифтааст.  Вазни он ҳам вазни иборати Лоҳавла ва ло куватаиллоҳ аст. Аммо аруздонон ду ё як вазни аслиро  қоиланд.

Мавлоно низ мисли зиёда шоирони маъруфи классики мо аз қолаби рубоӣ баҳраи комил бурдааст ва ба василаи ин қолаб низ шоҳкориҳо намуда, маъниҳои олиро барои мо мерос монда аст.

Ҳинни омӯзиши хеш  мутаваҷҷӯҳ  гаштем, ки  рубоӣ қолабест, ки  мӯҳтаво ё худ дарунмояи ин қисмат аз ашъори Мавлоноро фаро мегирад. Рубоиёти ӯ бештар фарогири мавзуоти ишқӣ, ирфонӣ, панду ахлоқӣ буда, шоир масоили гуногун минҷумла хештаншиносӣ, муносибати оламу одам ва Худою табиат ва ё ба ибораи дигар муносибати шуури одамӣ ва ҳастиву рӯҳ бо табиат чӣ дар таълимоти фалсафӣ ва чӣ дар афкори  ирфонӣ, дӯстиву рафоқат, фанову бақоро ба риштаи тасвир мекашад, ки дар қолаби рубоӣ то имрӯз дӯстдорони шеъри нобиро шефтаву шайдо мекунад:

Овози туро табъи дили мо бодо,
Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.
Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,
Овози ту чун ной шакархо бодо!

Пас метавон рубоиёти Мавлоноро аз лиҳози фарогирии мавзӯъву маънӣ  ба  гунаи зер табақабандӣ кард:

1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо

2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ

3 Андешаҳо ва таълимоти  фалсафӣ, ҳастиву  марг, оламу одам

4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор

5  Муносибати  поку самимии байни инсонҳо

1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо

Мавлоно пеш  аз ҳама шоири ориф буд ва сӯфии покманиш. Ин нафарон мутақид буданд, ки  фақат тавассути қалб ҷавҳари латифи рӯҳониро метавон дарк намуд. Ин навъи маърифатро дар тасаввуф  бо номи «ишқи маънавӣ», «ишқи ирфонӣ», «ишқи илоҳӣ» ва ғайра ёд кардаанд.

Албатта, мавзӯи ирфону тасаввуф ва тараннуму парастиши Худо бештар  дар осори классикон зуҳур мекард ва ин истифодаи касрат дар рубоиёти Мавлоно низ ба чашм мерасад:

Ҷуз ишқ набуд ҳеч дамсоз маро,
Не аввалу не охиру оғоз маро.
Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дар боз маро

Дар ин рубои шоир аз ишқи иллоҳӣ мегӯяд.  Ягона ҳамдаму ҳамрози хешро Мавлоно  ишқи иллоҳӣ медонад ва дар ин раҳ ҷон бохтанро мояи саодату сарбаландӣ меҳисобад. Камоли ҳунари шоир аст, ки  барои тасвири шаҳомати ин ишқ мегӯяд, «Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро», яъне  дар ин раҳ худи ҷон мехоҳад хешро қурбон кунад, ки албатта  тасвири бесобиқаву мондагор аст. Ва башорат аз садоқати орифу маҳорати шоир медиҳад.

Ҳамин гуна муҳаббату садоқати Мавлоноро метавон аз рубоии зер низ  эҳсос кард, ки мегӯяд:

Ҳоҷат набувад мастии моро ба шароб                                                                    Ё маҷлиси моро тараб аз чангу рубоб

Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май

Шуридаву мастем  чу мастони хароб

Бе шакку гумон ин ишораи шоир ба ишқи илоҳӣ аст, ки бандагони шефтаро масту шайдо мекунад. Лаззати ҳастии ҳамин ишқро дар вуҷудаш  таъкид намуда шоир хотирасон мешавад, ки   «Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май, Шӯридаву мастем  чу мастони хароб».

Ҷолиб он аст, ки Мавлоно низ мисли аксари шоирони классики мо дар ашъори хеш, аз ҷумла дар рубоиёташ аз ояти Қуръон, ҳадис ва ривоёти динӣ зиёд истифода мекунад. Мутаваҷҷеҳ гаштем, ки истифода аз ин унсруҳо дар рубоиёти ирфони шоир  ба маротиб болотар аст:

Чун гашт тилисми ҷисми одам чолок

Бо хок даромехта шуд гавҳари пок

Он ҷисм тилисмро чу бишкаст афлок

Хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок

 Равшан аст, ки ин тасвирро шоир бо такя ба кадом ривоят ба қалам додаст. Яъне офриниши ҷисм аз хок ва ва ба ҷисм ворид намудани руҳ. Омил ва маънии дигаре, ки хонандаро дар ин рубоӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ин бозгӯи андешаи фалсафие аст, ки ҳама чи ба асли худ бар мегардад.

//хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок //яъне, пас аз он ки рӯҳ ба навозиши най ба ҷисм ворид карда шуд ва муддате дар ин тилисм боз монд, баъди раҳо шудани руҳ аз ҷисм, яъне фаро расидани марг  рӯҳ ба зоти пок пайваст, яъне пок буд ба покӣ расид ҷисм ки хок буд дубора хок гашт. Албатта  ҳаводиси динӣ  ва фалсафаи рӯзгор, ки яке аз дигаре об мехӯрад ба ҳам пайвастану тасвири нобу маънии мондагор офаридани шоир камоли иродат ва ҳунармандии ӯст.

Ҳамин гун андешаро метавон аз маънии рубоиии мазкур низ пайдо кард:

Аз ишқ дило на бар забон хоҳи шуд

Беҷон зи куҷо шавӣ ки ҷон хоҳи шуд

Аввал ба замин аз осмон омадаӣ

Охар зи замин бар осмон хоҳӣ шуд (5.524)

 Ва низ :

Дар ҷони ту ҷонест, биҷӯ он ҷонро,

 Дар кӯҳи танат дурре биҷӯ он конро.

 Сӯфийи раванда, гар ту он меҷӯйӣ,

 Берун ту маҷӯ, зи худ биҷӯ ту, онро.

Бармало аст, ки дар ин нигошта Мавлоно мегуяд,  Худо ва меҳри Худо дар туст, агар ба Худо пайваст шудан хоҳӣ аввал бояд худатро бишносӣ аз худат муҳаббати рузафзуни илоҳиро  пайдо кунӣ гар ту он меҷӯӣ, яъне гар ту ба Худо расидан хоҳӣ аз худат ибтикор кун.

Дар рубои дигар Мавлоно мегӯяд:

Он асли сухан, ки ҷон диҳад мар ҷонро,
Бе ранг чу ранг бахшад ӯ марҷонро.
Моя бахшад машъалаи имонро,
Бисёр бигуфтему нагуфтем онро.

Дар ин ҷо ҳам садоқат ва муҳаббати беандоза  шоири ориф ҳувайдост.

Ҳамчунин ин  рубоӣ низ аз ишқи илоҳи шоир бозгӯ аст:

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

***

Бо ишқ равон шуд аз адам маркаби мо

Равшан зи шароби васл доим дили мо

З-он май ки ҳаром нест дар мазҳаби мо

То субҳи адам хушк наёби лаби мо (5.31)

Пайдост, ки он ишқе, ки дар ин рубоӣ Мавлоно ситоиш мекунад, ишқ бар Худованд аст  Ишқе аст, ки васли он касро  масту ҷунун месозад. Ҳамеша ба ёди Худо будан ва барои Худо зиндагӣ кардан барои Мавлоно мояи ифтихор буд. Ин маънӣ дар рубоии зер боз ҳам равшантар баён шудааст:

Ишқ аст тариқу роҳу пайғамбари мо

Мо зодаи ишқу ишк шуд модари мо

Эй модари мо нуҳуфта дар чодари мо

Пинҳон шуда аз табиати кофари мо   (5.57)

 Ё ҷои игар дар ситоиши ишқ мегӯяд:

Эй ишқ, ки ҷонҳо асари ҷони туянд

Эй ишқ, ки ҳуснҳо намакдони туянд

Эй ишқ, ки дуррҳо ҳама аз кони туянд

Пӯшида туйиву ҷумла урёни туянд      (5.560)

Ба бовар метавон гуфт, ин ишқ низ ишқи илоҳист ва дар ин рубоӣ шоир  зери маҳфуми ИШҚ ба Худованд муроҷиат намуда,  ситоиши бузургии ишқи ӯро мекунад.

Ва  мачмуан ба пиндори мо,  аксари мавзуъҳои рубоиёти ин пири суханро мазомини  ирфонӣ ташкил медиҳад. Шеьру мусиқию рақси самьо, ки Мавлоно ба онҳо дилбастагӣ ва тамоюли зиёд дорад, низ  дигар мавзӯъҳоест, ки рубоиёти ирфонии ӯ фаро гирифтаанд.

Мавлоно ҳатто дар ин қолаби рубоӣ ҳам  устодона чунин мазомини ирфониро ҷой дода аст.

2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ      

 

 Муҳимтарин нукоте, ки осори Мавлоноро аз дигар нигоштаҳои ҳамзамонаш  фардият мебахшад, ин мавзӯи вижа аст, ки он аз муҳаббат ва саммимияти Мавлоно нисбат ба Шамси Табрезӣ сарчашма мегирад. Яъне,  мавзӯи васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ аз  ибтикороти Мавлоност. Бо ҷурьат метавон зикр намуд, ки ҳамон гуна ки  достони ишқи ирфонии Мавлоно бо Шамс дар ғазалиёти шуридаи ӯ матраҳ аст, дар рубоиёташ низ бозтоб дорад. Мавлоно мегӯяд:

Умрест надидаем гулзори туро
В-он наргиси пурхумори хаммори туро.
Пинҳон шудайӣ зи халқ монанди вафо,
Дерест надидаем рухсори туро.

   Мусаллам аст, ки дар ин рубоӣ шоир ба Шамс муроҷиат мекунад. Фикр мекунем , ки аз муҳимият ва нақши Шамс дар зиндагии Мавлоно ҳоҷат ба шарҳу баён нест ва ҳар касе, ки бо зинадгинома ва осори Мавлоно  ошност, медонад, ки Шамс барои  шоир кӣ буд ва дар зиндагияш чӣ нақше дошт. Қиссаҳое, ки дар мавриди рафоқат,  садоқат ва муҳаббати Мавлоно нисбат ба Шамс ҳастанд  аксар маврид дар осори Мавлоно бозгӯ мешаванд. Чунончи  шоир аз ғайб задани Шамс, ки   дар ин маврид зиёда ривоятҳо ҳастанд, зиёд навиштаасту ин дарду фироқро ба риштаи назм кашидааст Ин мавзу  дар рубоиёти ӯ низ  бозтоби худро пайдо кардаанд:

Аввал ба ҳазор лутф бинвохт маро,
Охир ба ҳазор ғусса бигдохт маро.
Чун мӯҳраи меҳри хеш мебохт маро,
Чун ман ҳама ӯ шудам, барандохт маро

      Ҷои дигар аз фироқи ӯ мегӯяд:

Гаҳ мегуфтам, ки: «Ман амирам худро»,
Гаҳ наъразанон, ки ман асирам худро.
Он рафт, аз ин пас напазирам худро,
Магрифтам ин ки ман нагирам худро.

       Ҳамчунин  дар васфи Шамс гуфтааст:

Аз ишқи ту дарё ҳама шур ангезад

Дар пои ту абрҳо дур мерезад

Аз ишқи ту барқе бар замин афтодааст

Ин дуд ба осмон аз он мехезад    (5.523)

3 Андешаҳо ва таълимоти  фалсафӣ, ҳастиву  марг, оламу одам

Мавлоно шинохти ҳақиқати азалиро дар ишқ мебинад ва тамоми олмаи ҳастиро дар ин маҳфум ҷой дода, роҳи кашфу завқро пеш мегирад. Таълимоти фалсфавӣ, ҳастиву марг, оламу одам низ аз ин дидгоҳи Мавлоно об мехӯрад. Намунаҳои рубоиёти  зер ин анешаҳои моро тақвият мебахшанд.

 

Гоҳо аз ғами дилбар бар оташ бошем

Гоҳо аз паи дӯстон мушавваш бошем

 Охир ба чӣ ҳараме занем роҳи нишот?

 Охир ба кадом дилхушӣ хуш бошем?       (5.1199)

 ****

Бе ёр намонд ҳар кӣ бо ёр бисохт

Муфлис нашуд он ки  бо харидор бисохт

Маҳ нур а зон гирифт к-аз шаб нармид

Гул буй аз он гирифт ки бо хор бисохт       (5.258)

Ин ман на манам он ки манам гуи кист?

Гуё на манам дар даханам гуи кист?

Ман пирахане беш наям сар то пой

Он кас ки манаш пираханам гуи  кист?    (5.216)

Кӯтоҳ кунад замона ин дамдамаро
В-аз ҳам бидарад гурги фано ин рамаро.
Андар сари ҳар касе ғурурест, валек
Силии аҷал қафо занад ин ҳамаро.

4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор

Маълум аст, ки мероси  классикии мо асосан хусусияти тарбиявӣ дошт, мавзӯъҳои панду ҳикмат, эҳсосоти баланди  инсонӣро  тараннум мекард. Аз қадим классикони мо барои ифодаи панду ҳикмат ва мазмунҳои фалсафӣ аз рубоиву дубайтӣ истифода намудаанд, рубоиву дубайтӣ ва ғазал аз фаъолтарин жанрҳо маҳсуб меёбанд. Мавлоно низ дар ин радиф барои баёни ҳикамтҳои андӯхта ва панду андарзи рӯзгор аз қолаби рубоӣ истифода кардааст:

 

Зинҳор, дило, ба худ мадеҳ раҳ ғамро,
Магзин ба ҷаҳон суҳбати номаҳрамро.
Бо тарраву ноне чу қаноат кардӣ,
Чун тарра масанҷ сиблати оламро.

***

Эй дода ба нон гавҳари имонеро,
Дода ба ҷаве қалб, яке конеро.
Намруд чу дилро ба Халиле насупурд,
Биспурд ба пашша лоҷарам ҷонеро.

Намунаи ингуна рубоиҳоро аз осори Мавлоно зиёд метавон пайдо кард.

5  Муносибати  поку самимии байни инсонҳо

Шеъри классикии тоҷик аз ибтидои комёбиҳои худ, яъне аз асри Х  бо воқеоти зиндагӣ, муносибати байни инсонҳо, дӯстиву рафоқат ва ишқу муҳаббат таваҷҷӯҳ дошт ва ағлаби нигоштаҳои шоирон бар ин маънӣ суруда мешуданд. Мавлоно дар баробари сурудани ишқи илоҳӣ ба дӯстиву рафоқат ва меҳру отифаи миёни инсонҳо низ  бовар дошт. Ситоиши ин маънӣ низ дар осори Мавлоно ва ба вижа дар рубоиёташ ба чашм мерасанд:

 Аз шабнами ишк хоки одам гил шуд

Сад фитнаву шур дар чахон хосил шуд

Сад наштари ишк бар рагу рух заданд

Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд (5.551)

Ҳамзамон омӯзиши рубоиёти Мавлоно моро бар он ақида мӯътақид сохт, ки  шоир дар баробари инъикоси ғоя ва маънии баландарзиш ба бадеияти рубоиёт ва тасвирҳои ин қолаби шеърӣ   таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Бешубҳа, тасвир ва диди шоирона дар  рубоиёти Мавлоно  мавқеи муҳиму созанда пайдо карда, мӯҳтаво дар тасвири ноб  бозгу шудааст. Тарзи баёни маънӣ, сувари хаёли шоир ва диду тасвирҳои шоирона гоҳе нохудогоҳона ва гоҳи дигар махсус вориди шеър гаштаанд, ки дар омӯзишҳои минбаъд мо ин вижагии рубоии      Мавлоноро пайгирӣ хоҳем кард:

Ин оташи ишқ мепазонад моро,
Ҳар шаб ба харобот кашонад моро.
Бо аҳли харобот нишонад моро,
То ғайри харобот надонад моро.

Дар ин рубоиҳо такрори вожаҳо поэтикаи рубоиро хеле боло сохтаанд .

Афсӯс, ки бегоҳ шуду мо танҳо,
Дар дарёе канорааш нопайдо.
Киштиву шабу ғумуму мо меронем
Дар баҳри худо ба фазлу тавфиқи Худо

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

 Пас метавон  гуфт, ки рубоиёти Мавлоно дар осори гаронарзиши ӯ ҷойгоҳи махсусеро соҳиб аст. Ва шоир дар сурудани ин қолаби суннатӣ низ истеъдоди  мунҳасир ба фардро дорад. Рубоиёташ бо фарогирии ғояву мазмуни баланд ва поэтикаи ҷолибу шоистаи таваҷҷӯҳ тавонистанд то имрӯз дар рушди ин қолаби шеъри адбиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳиссагузор бошанд.  Мусаллам аст, ки рубоиёти Мавлоно  на камтар аз ғазалиёту маснавии  шоир маъруфият доранду мӯъҷиби маҳбубияти муаллиф гаштаанд.

Пайнавишт:

  1. Колман Баркс. Як сол бо Румӣ.- Нюёрк: «Ҳартер Санфрансиско», 2006.-426 саҳ.
  2. Мусулмонқулов Р. Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ.-Душанбе: Маориф, 1978
  3. Насриддинов А.  Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форсу тоҷик (иборат аз ду ҷилд). Хуҷанд, 2001.-354 с.
  4. Саъдиев С. Поэтикаи шоирони Мовароуннаҳр.-Душанбе: Дониш, 1980.-138 с.
  5. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

  1. Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.
  2. Шамисо С. Сайри рубоӣ.- Теҳрон
  3. http:/mewlana.mihanblog.com/post/44

  1. http:// faryad.epage.ir/fa/module.content_Page.27-06.html
  1. http:// www.jawab.ir/qa

Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

Нигохе ба хаводиси 11/09


Пас аз чанд рузи дигар аниктараш дар таьрихи 11.09.2010 Иёлоти Мутаххидаи Амрико ва мардуми ин кишвар 9 -умин соли хамлаи терористхоро ба ёд хохад овард ва ёде аз курбоншудагони ин ходисаи барояшон бузурги таьрихи хоханд кард.Нигоранда (Ф.А) бо такя ба баьзе манобеь ин матлабро омода намуда аст.Дакикан 9 сол пеш дар таьрихи 9 сентябр дар соли 2001 бумбгузороне (гуё) аз гуруххои терористии Ал-Коида дар хавопаймохои мусофирбар худро курбони хамла ба ду бинои бузурги Маркази Тичории Чахон намуданд.Хавопаймохо худро ба ин ду бурчи дукулаии Маркази Тичоратии Чахон дар шахри Нию Ёрк заданд.Дар натичаи ин ду бархурд хамаи мусофирон ба хамрохи иддаи бисёре ки аз сохтмонхо хузур доштанд, кушта шуданд.Хар ду сохтмони азиму бузург баьд аз тахминан ду соат ба таври комил тахриб гаштанд ва албатта осебхои зиёде ба сохтмонхо ва бинохои атроф заданд.Гурухи хавопайморабоён инчунин хавопаймои савумро ба Пентагон, вокеь дар Вирчиниё заданд, аммо хавопаймои чахорум ба максади худ нарасида ба замине наздики Шенксвил вокеь дар иёлати Пенсилвания сукут кард.Ёдовар мешавем,ки вокуниши асосии Амрико ба ин хамалот огози чанг алайхи тероризм ба Афгонистон ва аз кудрат барканор кардани Толибон ва хамчунин тасвиби тархи “Конунин механпарастии Амрико” буд.Холо бубинем ки ин хамла чи хисоротеро эчод намуд ва чи гуна ду бурчи бузурги дугоникхо дар оташ махв гаштанд.Се сохтмон дар Маркази Тичорати Чахони тахриб шуданд:
1) Бурчи чануби WTC 2(дар соати 9:59 баьд аз 56 дакика оташсузи фуру рехт.
2) Бурчи шимоли WTC 1 дар соати 10:28 баьд аз 102 дакика оташсузи фуру рехт.
3)Бурчи шумораи 7 дар соати 5:20 фуру рехт.
Хамчунин як хавопаймои Боинг757 шикрати Американ Эйрланз дар соати 9:37 субх ба вакти махалли бо сохтмони Пентагон дар Вошнгтон бархурд кард ва боиси тахриби бахше аз он шуд.
Теьдоди талафот ва кушташудагон дар хамлаи терористон дар мачмуь 2992 нафар ё 2993 нафар ё 2998 нафар кушта шуданд. Дар змаони вукуьи ходиса хади акал 16 хазор нафар дар махалли кор буданд ки ба сурьат худро начод доданд, аммо беш аз 6291 нафар мачрух шуданд.
Вакте,ки рокими сутур дар соли 2007–2008 дар Амрико ва дар хамин иёлати Ниё Ёрк хузур доштам, фурсате даст дод то ба хамин махaли вукуьи ходисахои соли 2001 биравам.Вокеан манзараи ачибе дошт ончо. Аз фурсати ба даст омада истифода карда чанд аксе гирифтам. Бояд арз намуд, ки хар як амрикои хоса ниё ёркихо хотироте талх ва сард аз ин ходисаи талхи таьрихи доранд ва онро бузургтарин амалиёти терористи дар таьрихи Иёлоти Муттахида медонанд.Холо дар зер чанд аксе пешкаш мешавад.

Руйхати курбоншудагони 11/09//2001

Нию Ёрк-маркази вукуьи ходиса
Руди Ходсун дар иёлати Нию Ёрк
Кахрамонони мохи Септембер
Маркази Тичории Чахон,Нию Ёрк.
Ва ин хам ман дар наздикихои хиёбони Бродвей