Featured

Ҳафт Хони Исфандиёр

#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Ҳафт Хони Исфандиёр

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест.  Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.

Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”
Featured

#ДУ_УҚОБ #ПИРУ_МУРИД

Имрӯз 20.05.2018 зодрӯзи ду устураи адабиёти муосири Тоҷикистон, пиру мурид, устоду шогирд, ду абармарди беҳамто, ду шоири дардошно, ду пояҳои устувори назми тоҷик, устодони равоншод Муъмин Қаноъат ва Лоиқ Шералӣ аст.
Ҳар ду дар як рӯзу як моҳ ба дунё салом гуфтанд – Устод Муъмин Қаноъат 20 майи соли 1932 ва устод Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 ба дунё омаданд. Аммо падрудашон фарқ мекард. Лоиқ дар синни 59 солагӣ чашм аз ҷаҳон барбаст ва агар умр вафо мекард, устод Муъмин Қаноъат имрӯз дар ҳалқаи пайвандон 86 – солагияшро ҷашн мегирифт, ки шӯрбахтона зодмаргашро ба сӯг менишинем.
Continue reading “#ДУ_УҚОБ #ПИРУ_МУРИД”