Ғарб бо Мавлоно

Фирдавси АЪЗАМ (Хуҷаев)

nahzat.tj

Ба ифтихори мавлуди Мавлоно суфии покманиш

Вақте ки Созмони миллали муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлонои кабир ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркиё, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди милоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.

Дар ин навиштаи кучак нигоҳи иҷмолие ба шуҳрати Мавлонои кабир дар бархе аз манотиқи ҷаҳон меандозем ва ба хадамоти пажуҳишгарони ғарбӣ, ки роҷеъ ба таьлимот ва осори Мавлоно анҷом додаанд, таваҷҷӯҳ мекунем. Дар ин навишта аз бархе манобеи интернетӣ бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ истифода шудааст. Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги фарҳангию адабӣ дорад, дар ҳамаи марокизи илмию пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлонои кабир иқтибос меоранд ва ӯро ба масобаи як инсони ормонӣ ва идеол ёд мекунанд.

Мавлоно ва Русия

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамон гуна ки дар Аврупо ва Амрико аз шуҳрати волое бархурдор аст, дар Русия низ аз муддатҳо замон дорoи шуҳрату эътибор аст. Шарқшиносони барҷастаи русӣ чун Бартелс, Гордовский ва дигарон ин шоир ва андешаманди бузурги ҷаҳони Исломро дар осори худ муаррифӣ ва ёд кардаанд. Ин ёдкуниҳо ҳокӣ бар таъсиргузор будани Мавлоност.

Бояд арз шавад он асаре, ки муҷиб бар муаррифии осор ва таьлимоти Мавлоно дар маҳофили адабӣ ва доираи хонандагони рус гардидааст, асари “Ҷалолиддин Руми” нависандааш Радий Фиш мебошад.

Китоби мазкур дар силсилаи китобҳои “Зиндагии бузургон” тавассути Максим Горки дар соли 1934 эҳё гардидааст. Воқеан ҷолиб аст, вақте мебинӣ, ки чунин асаре бо он ҳама таълимоти ирфонӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ дар чунин муҳити коммунистии Русия нашр гардад. Ин амр далел бар пайванди инсон ба руҳоният ва маънавияти фитрист, ки муҷиб бар чунин иттифоқе шудааст. Мавлоно дар ҳақиқат тавассути таълимот ва осораш бузургтарин муъҷизаи маънавиро эҷод кардааст, ки инсони тамоми минтақаи оламро ба сӯи хеш мехонад ва ин муъҷиза барои қарнҳо мондагор хоҳад монд.

Николсон ва Мавлоно

Рейнолд Николсон аз мусаҳҳеҳ ва муфассири бузурги Маснавии шариф умри гаронмояи хешро сарфи таҳқиқ ва пажуҳиш дар мутуни куҳани исломӣ ва ирфонӣ намуд, вале он чи ки ӯ анҷом дод ва солиёни сол ва қарнҳо бегазанд хоҳад монд, ин вироиш ва таҳқиқи Маснавии шариф буд, ки имрӯз аз муътабартарин нусхаи Маснавии Маънавӣ мебошад. Маснавиро ба забони модарияш (англисӣ) тарҷума намуд ва онро дар 8 ҷилд тафсир кард. Ба ҳар ҳол, агар аз зовияи таърих ба тарҷума бингарем, хоҳем дид, ки Николсон хадамоти бузурге барои ғарбиён кардааст. Ҳудуди 50 сол пеш Маснавиро бо диққати тамом ва жарфнигарӣ ба инглиси тарҷума намудааст.

Ҳамин дилбастагию алоқамандаии Николсон ба забон ва адабиёти бузурги исломӣ буд, ки муҷиб гашт то баргузидаи ашъори “Девони Шамс”- ро ба дасти чоп диҳад. Профессор Николсон дар соли 1901 ҳангоме, ки 33 сол дошт, ҷонишини Эдвард Браун дар Донишгоҳи Кембрич шуд ва ҳамонҷо курси забони форсиро дар ихтиёр гирифт ва узви расмии акодемии забони форсӣ шуд. Пас, мусалламан метавонем бигӯем, ки чун ӯ донандаи забони форсӣ буд барояш таҳқиқ ва омузиши осори бузургоне чун Мавлоно он қадар душвор набуд.

Николсон аз нахустин шарқшиносонест, ки осори Аттор ва бахусус Мавлоноро ба сурати густурда ва амиқ ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ барои нахустин бор дар маҷалаи Салтанати осиёӣ даст ба муаррифии китоби “Фиҳи мо фиҳи” зад, то аз ин роҳ он китоби арзишмандро ба пажуҳишгарони ғарбӣ бишоносонад. Рейлонд, ки худ ба тарҷумаи бахшҳое аз он ҳиммат гумошта буд, тарҷумаи комили онро ба шогирди худ Арберӣ тавсия кард. Хадамоте, ки ин абармард анҷом дода, кам пажуҳишгарон анҷом додаанд. Албатта, қабл аз Николсон мутарҷимоне чун Ҷемс Редхаус ва Винфилд ба тартиби дафтари аввал ва кулли Маснавиро бо забони инглисӣ дар солҳои 1881 то 1887 милодӣ мунташир карда буданд, аммо он чи Николсон анҷом дод, фарқкунанда буд. Ӯ бо диди ноқидона ва олимона ва риояти лозима ба заъфҳо ва камбудиҳои эшон ишора кард. Ин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон Маснавии Мавлоно ба беш аз 40 забони дунё тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ҳарчанд аз кори анҷомдодаи Николсон ба Маснавӣ чандин сол мегузарад, аммо ҳануз эътибори он аз байн нарафтааст ва аҳли таҳқиқ бо истинод ва иқтибос аз он ба таври густурда истифода мекунанд. Ин албатта, ҳокӣ бар бузургии дасти пажуҳишии Николсон аст.

Мавлоно ва Фаронса

Ҳамин бузургманишии Мавлоност, ки бо қудрати ҷозибаи осораш аз тамоми нуқоти олами беканору бекарон донишмандон, мутафаккирон ва файласуфонро ба сӯи хеш мехонанд. Марзҳоро убур карда ва тамаддунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Фаронса ҳам ин даъватро аз хоки гуҳаррези Туркиё мешунавад.

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ива ду Витрей Меэерович (1909–2001)-ро бояд бузургтарин мавлоношиноси фаронсавӣ донист. Чанд нукта роҷеъ ба фаолияти ин пажуҳишгар гуфтанӣ ҳастем.

Ӯ бештари осори Мавлоноро ба забони фаронсавӣ тарҷума карда ва дар китобҳои таьлифии худ низ осори Мавлоноро мавриди баррасии коршиносона қарор дода аст. Ӯ дар мавриди чигунагии ошноӣ бо Мавлоно мегуяд: “Рузе як дусти мусалмон китобе аз Иқболи Лоҳурӣ пеши рӯям ниҳод. Ҳангоме ки онро мутолиа кардам, маро бисёр маҷзуб кард ва ман бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд тасмим гирифтам китобро аз инглисӣ ба фаронсавӣ тарҷума кунам. Бо мутолиаи осор ва ашъори Иқболи Лоҳурӣ медидам, ки Иқбол пайваста аз Мавлоно ба унвони муаллиму муроди хеш ёд мекунад. Кунҷков шудам ва хостам бидонам чаро ӯ то ба ин ҳад нисбат ба Мавлоно иродат дорад. Бадин тартиб ҳангоме, ки мутолиаи осори Мавлоноро шурӯь кардам, ба забони фаронсавӣ чизи каме ёфтам ва маҷбур будам ба осори тарҷумашуда ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ муроҷиат намоям.”

Меэерович ба тадриҷ Мавлоноро дарк мекунад ва ҳар қадар, ки Мавлоноро бештар мешиносад, ҳамон қадар алоқамандтару муштоқтар мешавад. Ива 15 сол барои тарҷумаи Маснавӣ вақт гузошт ва бо ҳамкории як муҳаққиқи эронӣ ба номи Ҷамшеди Муртазавӣ ин китоби арзишмандро ба таври комил тарҷума кард. Тарҷумаи ин китоб дар соли 1990 милоди дар 1705 саҳфа ба инзимоми як муқаддимаи 40 сафҳаӣ аз суи интишороти “Руше” дар Фаронса мунташир гардид. Ӯ ҳамчунин “Фиҳи мо фиҳи”, “Рубоиёт”, “Мукотибот” ва низ гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард. “Рубоиёти Мавлоно” маҷмуае аз 1000 рубоӣ аст, ки хонуми Меэерович аз миёни 2000 рубоӣ ба Мавлоно нисбатдодашуда интихоб ва тарҷума кард. Ин хадамоте, ки хонум Меэерович анҷом дода, шоистаи таҳсину такдир ва ситоиш аст.

Борес ва Мавлоно

Дар Фаронса танҳо хонуми Меэрович набуд, ки ба тарҷума, пажуҳиш ва омузиши осори Мавлоно даст зада буд, балки дигар донишмандон ва муҳаққиқон низ дар ин амр ҳиммат мегумориданд. Яке аз ин навсиандагон Мурис Борес (1862—1923), сиёсатмадори фаронсавӣ, буд, ки ба хотири алоқаи шадиде ба Мавлоно ва маросими самои фирқаи Мавлоно ба Куния сафар мекунад. Рақси самои дарвешон, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқони кишвари Фаронсаро ба худ ҷалб карда буд, аммо дар миёни онҳо ҳеч як ба андозаи Борес ба омузиши Мавлоно ва самои мавлавия напардохтааст. Он чи ки Бoрес анҷом дод, нахуст Маснавӣ ва бархе дигар аз ашъори Мавлоноро аз рӯи тарҷумаи пароканда ва низ аз рӯи он чи дар “Маноқиб-ул-орифин” хонда буд, ба забони фаронсавӣ дармеоварад ва мушоҳидоташ низ дар Куния ӯро ба таамулоте дар бораи “Ирфон дар ҳамаи адён” барангехта ва андешаҳои пешини ӯро дигаргун карда аст.

Ӯ дар 17 июни 1914 милодӣ ба Куния маҳалли зиндагии Мавлоно ва оромгоҳи ӯ сафар кард. Дар онҷо бо ҳамроҳӣ дар рақси оҳангини мавлавиҳо “дарвешони муриди Мавлоно” ба руёи худ таҳаққуқ бахшид. Вай ин мавзуъро дар осори худ “Таҳкике дар кишварҳои шарқӣ” (Enquête aux pays du Levant) ва “Дафтарҷаи Хойм” (Mes Cahiers) ташреҳ карда аст.

Шиммел ва Мавлоно

Ҳамчунин Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи бисёри профессор Онне Море Шиммел қарор доранд. Ин донишманд чанд асари муҳимеро аз осори манзум ва мансури ин ду ҳакими фарзона ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Афзун бар ин, дар миёни осори устод Шиммел таҳқиқ ва таълифҳои бисёре низ дар бораи шахсияти барҷаста ва осори арзишманди Мавлавӣ ва Иқбол дида мешавад.

Профессор Шимел яке аз устодони шинохтаи ҳавзаи мутолиоти “Мавлавишиносӣ” ва “Иқболшиносӣ” аст. Ин пажуҳишгар миёни Шарқ ва Ғарб ба масобаи пулест, ки тамаддунҳо ва фаргҳангҳоро ба ҳам мепайвандад ва паёми Шарқро ба Ғарб мерасонад. Хадамоти эшон низ дар муаррифӣ ва таҳқиқи ин ду чеҳраи бузурги ҷаҳони исломӣ бисёр бузург аст. “Ман чу бодам, ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва таҳлили осори орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст ва то кунун чандин маротиба таҷдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шарҳи аҳволи Мавлоно шахсияти вай ва асари шоҳкораш – Маснавии Маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд, ки бузургтарин малҳами Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ китоби Куръон будааст, аз ин ба Абдураҳмони Ҷомӣ бояд ҳақ дод, ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форсӣ” мехонад. Бадеҳӣ аст, ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи қашрия” ва “Эҳёи улуми дин” -и Имом Ғаззолӣ. Яке дигар аз китоби муҳими хонум Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun) аст. Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба ҳиммати устод Ҳасани Лоҳутӣ ва бо муқаддимаи аллома Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Профессор Шиммел аз ҳамон оғози фаолиятҳои илмии худ ба мутолиа ва баррасӣ дар осор ва афкори Мавлоно ба таҳқиқоти доманадоре даст мезанад ва Мавлонои кабирро ба муҳити Аврупо мешиносонад.

Читик ва Мавлоно

Ҳамчунин, Вилиям Читик аз пажуҳишгарони номдори олами Ғарб бо таьлифи асаре тахти унвони “Ман ва Мавлоно” достони шурангези зиндагии Мавлоно ва ба вижа моҷарои ишқи афсонавиро, ки ӯро бо Шамси Табрезӣ пайванд дод, ба қалам мекашад. Дар боби он чи ба Мавлоно марбут мешавад, осор ва таьлифоти бисёре ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ғайра ба чашм мехурад.

Лозим ба ёдоварист, ки Фронклин Луис дар китоби арзишманди “Мавлоно, дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб” нахустин пажуҳандаи амрикоист, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Аммо ин Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами Мақолоти Шамси Табрезиро ба англисӣ тарҷума ва дар соли 2004 мунташир кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба эьтикоди Читик мутолиаи осори класик беҳтарин роҳ барои вуруд ба дунёи дарунии соҳибони асар аст. Ва ҳамчунин аз ҳамин рӯст, ки тарҷумаи осори класик ва дастабандии онҳо яке аз боризтарин бахшҳои фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз намоем, ки профессор хонуми Ива ду Витрей Меэрович барои мутолиаи осори Мавлоно ва фирқаи Мавлавия борҳо ба Куния сафар кард ва бо пайравони Мавлоно гуфтугуву баҳсҳо анҷом додааст. Ӯ Мавлоноро орифи ҷомеь ва комил медонист, ки андешаи ҳамаи урафоро дар худ соҳиб аст. Барои Меэерович ирфони Мавлоно, ки ба шеър шакл гирифтааст, метавонад тамоми афродро бо хостгоҳҳои мухталифи динӣ ва маънавӣ гирд овард, ҳамон тавр ки рӯзи хоксупории Мавлоно, масеҳиён ва яҳудиёни Куния ба андозаи мусалмонон мутаассир буданд ва шеван мекарданд.

Хулоса

Бо дар назардошти он чи, ки изҳор кардем ва он чи мавлоношиносон анҷом додаанд, метавон ба чунин хулоса расид, ки Мавлоно аз ҷумлаи бузургони ирфон ва адаби исломист, ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора руй бар сӯи ҳақиқати илоҳӣ оварда ва ойину адёну мазоҳиби дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва такдир кардааст ва дарк намудааст.

КОРБУРДИ САНЪАТИ ТАКРОР ДАР ҒАЗАЛХОИ МАВЛОНО

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ  бо ғазалҳои шӯрангези худ, ки қарнҳо инҷониб дар дили шефтагони назми форсӣ шӯру шарар ба по мекунад, дар ташаккули тасвирофаринии ғазал низ саҳми  боризе дорад.

  Борҳо гуфта шуда, ки ба рӯзгору осори Мавлоно донишмандони варзида андешаҳои зиёдеро баён доштаанду адабиётшиносони ҷаҳон таҳиқиқоти гаронвазнеро дар ин самт ба анҷом расонидаанд. Хоса, асари оламшумули ӯ «Маснавӣ» зиёд таҳқиқ шудаву нуфузаш ба адабиёт ва диди шуарои ҷаҳон бозгӯ шудааст. 

Гузашта аз ин ҳунар ва истеъдоди Мавлоно дар офариниши ғазал  бо зеботарин тахайюл ва маънисозиҳои ҷолиб ва корбурди ҳунармандонаи санъати бадеӣ ҷараён гирифта, аз оғоз миёни ҳаводорон ва пажӯҳишгарон  маҳбубияти вижаеро дорост. Чунончи ба андешаи Алии Муҳамадии Хуросонӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ дар баробари шодоб гардидан аз андешаҳои ноби гузаштагони мутафаккирамон бо фарохии ҷаҳонбинии худ ҷозибаи оламиёнро ба худ кашида, андешаҳои амиқи зиндагисози фарҳангу маърифати мардуми Шарқро бештар аз пештар ба мардуми дигар, аз тариқи эҷоди асарҳои фалсафиву бадеӣ расонидааст. (1,114) Дар баробари ин адабиётшинос Абдуманнони Насриддин таъкид медорад, ки «барои Мавлоно ҷаҳоне фаротар аз воқеияти заминӣ писандида буд… ӯ ба моҳияти ашё нигоҳе ҳакимонаву орифона дӯхта, ба кашфи ҳақоиқи маънавӣ ноил гардид» (1,92).

Воқеан, андешаҳои зебои Мавлонои соҳибзавқ дар қолаби ғазал низ бо истифодаи дурусту ҳунарваронаи саноеии лафзиву маънавӣ  ба дилҳои хонандагон менишинад ва зеҳнро завқи тоза мебахшад.  Воқеан, бадеият аз вижагиҳои хоси осори адабӣ аст. Агар яке аз омили шӯҳрати беандозаи ғазалиёти Мавлоно дар маъниҳои бикр, мазмунҳои нозуку латифи он бошад, маъниофаринии Мавлоно ба василаи тасвирҳои дар хотир монданӣ  ва ғайриинтизор дар ин росто шоиста ба таваҷҷӯҳ мебошанд. Зимнан бояд гуфт, истифодаи моҳирона аз санъатҳои адабӣ ҷониби ин шоири сухангустари форсу тоҷик хеле олӣ ҷараён гирифтааст.

 Дар омӯзиши  иҷмолии хеш пиромони тасвирофариниҳои осори Мавлоно, мо ба вижагии корбурди санъати такрор (такрир) таваҷҷӯҳ намуда, ба натиҷа расидем, ки ин санъат дар баробари таҷнис, тамсил талмеҳ дар тасовири ғазалҳои шоир мақоми хосаеро дорад.

Такрор аз ҷумлаи санъатҳои бадеие мебошад, ки  дар каломи бадеъ барои  дучанд намудани назокати гуфтор хидмат дорад. Такрор ғолибан суханро оростатар мекунад, сохтори манзумӣ ба шеър мебахшад ва мусиқии онро падид меоварад. Ҳамзамон барои оҳанги сухан аз такрор истифода мешавад.

Дар каломи бадеъ санъати такрор бар чанд гуна аст:

Содатарин навъи он шомили такрори як калима аст.  Мавлоно аз чунин тарзи такрор хеле фаровон корбурд кардааст. Такрори дилкашу матлуби калима дар ғазалиёти Мавлоно мусиқияти баланди нигоштаро таъмин кардаааст.

Мушоҳида шуд, ки Мавлоно аксаран барои такрор калимоти «имрӯз», «чун», «биё», «гаҳе», «зи», «ман», «чӣ», нидоҳои «эй», «ё раб», «ало эй»-ро интихоб намуда, такрори ононро тавре ба ҷо овардааст, ки зеҳни хонанда аз такрори як калима дар саросари ғазал хаста намешавад, балки завқ мебарад. Тарзи офариниши такрорҳои гушнавоз аз маҳорати хоси гӯянда гувоҳӣ медиҳад. Такрори нидои «эй» дар ғазали «Эй ошиқон, эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам» ба ғазал дилрабоии вижа  ва ҷаззобият ато намудааст. Дар ин ғазал мо  нидои «эй» 22 маротиба такрор шудааст, аммо зиёд омаданаш ба ҳеч ваҷҳ мусиқии каломро вайрон накарда, зеҳни хонандаро навозиш мекунад. Дар як ғазал корбурди чанд навъи такрор низ шоистаи тавсиф аст:

Эй ошиқон,эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам,

Эй мутрибон, эй мутрбон, даффи шумо пурзар кунам.(4,94)

 Ингуна  такрорҳои ҷолиб дар ғазалҳои «Рав он рубобиро бигӯ, мастон саломат мекунанд», «Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат», «Маро гӯи: киройӣ? Ман чӣ донам?», «Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад»  мушоҳида мешаванд:

Эй ҷони мо, эй ҷони мо,эй куфру эй имони мо,

Хоҳам, ки ин хармӯҳраро гавҳар кунӣ дар кони мо (4,32)

Такрори вожаи «гоҳе» бар байти камоли ҳунарварӣ дар ҷодаи такрор аст,мутаваҷҷеҳ мешавем:

Гаҳе дар тахту гаҳ фавқам, гаҳе дар шавқу гаҳе завқам,

Гаҳе ларзону гаҳе нолонам, туро хона куҷо бошад? (4,69)

Гоҳе шоирон  калимаҳоеро дар оғози ҳар мисраь такрор мекунад, ки Мавлоно низ аз ин навъи такрор корбурди зебо дорад:

Зинда кӯшам дар шикори зиндагӣ,

Зинда бошам  чун зи ҷон нагрехтам.(108)

Намунаи зер низ аз маҳорати тасвирофаринии Мавлоно  гувоҳанд:

 

Биё, биё, ки  маро бе ту зиндагонӣ нест,

Бубин, бубин, ки маро бе ту чашм Ҷайҳу нест. (4,51)

Ҷои дигар санъати такрор  бадингуна зебоиофаринӣ дорад:

Зарра ба зарра чун гуҳар аз тафи офтоби ту,

Дил шудаст сар ба сар обу гили гарони ман (4,117)

 Ва низ:

Биё, биёву халосам деҳ аз биёву бирав,

Биё чунон ки раҳад ҷонам аз чунону чунин. (4,122)

Ҷои дигар Мавлона маъниро бо такрори зер ҷолиб ба ҷилва меорад ва мегӯяд:

Гуфто, ки зарра  -заррайи ту ошиқи мананд,

Рав-рав, ки ин матоъ барои муҳаққар аст. (4,46)

 Зимнан бояд ёдрас шавем, ки дар нигоштаҳои Мавлоно такрор ҳамзамон омили таъсиринок сохтани  маънӣ аст. Дар мисраъҳои боло «зарра-зарра»  ва «рав-рав» дараҷаи таъсири маънӣ ва баёни матлабро баланд сохтааст.

 Гоҳе дигар калимае, ки дар миёни мисраи аввал омадааст, дар миёни мисраи сонӣ такрор мешавад, ки навъи такрор низ офариншҳои зеборо ба миён овардааст:

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқи меҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)

Ва низ

Ақл омад, ошиқо худро бипӯш,

Войимову войи мо аз ақлу ҳуш. (4,8)

Калимаи дар мисраи ҳампаҳлӯ овардашуда дар мисраи дигари байти ҳамчун тафсиру табъин такрор мегардад, ки ин  тасовир ҷолибияти хосеро ба худ ихтисос додаанд. Чунончи:

Бода бинӯшу мот шав, ҷумлайи тан ҳаёт шав,

Бодайи чун ақиқ бин, ёди ақиқи кон макун.

Бодайи ом аз бурун бодайи хос аз дарун,

Бӯйи даҳон баён кунад, ту ба забон баён макун (4,14)

Дар такрорҳои силсилавор охарин калимаи мисраъ дар оғози мисраи баъдӣ оварда мешавад, ки гоҳо калимае ҳам дар оғоз ва ҳам дар поёни ҷумла меояд монандӣ:

Ба дарвешӣ биё андар миёна,

Макун шӯхӣ, магӯ к-андар миёнам.

Миёни хонаат ҳамчун сутунам,

Зи бомат сарфурӯ чун новадонам.(4,12)

Навъи дигари такрор такрори савтҳост ба шакли пажвок дар шеьр ва қофия дида мешавад. Гоҳе низ такрор бар асли ҳамсонӣ ё эьтиноб устувор аст, ки аз ин навъ низ Мавлоно корбурди шоистаи таҳсин намудааст.

Такрорҳои Мавлоно воқеан диланишин ва дилангез ҳастанд ва дар хеш як ҷаҳон маъниро нуҳуфта дар қолаби тозаву ноб ба хонанда мерасонад.

Шод омадӣ, эй маҳрӯ, эй шодии ҷон, шод о,

То буд, чунин будӣ, то бод чунин бодо .

Эй сурати ҳар шодӣ, андар дили мо ёдӣ,

Эй сурати ишқи кулл андар дили мо ёд о(37)

Ва ҳамчунин мегуяд:

Сазойи он кӣ зияд бе рухи ту, з-ин батар аст,

Сазои бандайи бад,  гарчи ӯ сазойи ту нест. (4,54)

Ё ҷое дигар :

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқимеҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)

Метавонем натиҷагирӣ кунем, ки ҷанбаи бадеии ашъори Мавлоно  хеле  пурқувват буда,  шоир дар офариниши тасвир низ истеъдоди  мунҳасир ба фардро дорад. Fазалҳои мондагораш ғояву мазмуни баландро дар перояи поэтикаи лоиқи таҳсин ба завқи хонандаи нозуктабъ мерасонад такрор дар тасвирҳояш мақоми садрнишиниро ихтиёр карда мӯъҷиби маъруфияти Мавлонои кабир гаштаанд.

Пайнавишт:

  1. Маводи ҳамоиши байналмилалии «Румӣ-Гёте: Муколамаи фарҳангҳо».Хуҷанд, «Нури маърифат»,2007.-307 саҳ.
  2. Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Ҷузъи ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. –  Теҳрон, 1342. – 333 с.
  3.  Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с
  4. Ҷалолидин Балхии Румӣ. Тӯфони ишқ.Fазалиёт(Гулчин). Душанбе. «Деваштиҷ»,2007.162саҳ.

.

  Фирдавси Аъзам

 Манбаь: nahzat.tj

Таҳқиқи тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»

Маҳбубияти Мавлоно дар арсаи ҷаҳон рӯзафзун аст. Воқеан, ҷаҳон ба ӯ ниёз дорад. ӯро шоирои ҷаҳонӣ шинохтанд. Шеъри ӯ, андешаи ӯ мақбули пиру барност. Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амиқи ҳадафу назару дидгоҳи Мавлоно ба онҳое, ки бахту иқболи хондани осори ӯро бо забони форсӣ надоранд муваффақ шуданд, то осори ӯро тарҷума намуда, манзури аҳли завқ намоянд.

Тарҷумаҳои англисии муосири Колман Баркс, тарҷумаҳои хонум Ива ба забони фаронсавӣ, корҳои Анемария Шиммел дар Олмон, тарҷумаҳои русии Сергей Сичев ва талошу кӯшиши зиёда нафарон тавонистанд, ки илҳому маъруфияти Мавлоноро ба миллионҳо одамон дастрас намояд. Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарҷумаи ашъори Мавлоно ба саҳна омадааст.
Ива тақрибан 30 китоб дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсавӣ тарҷума намудааст, ки ин муҳаббати беандозаи ӯро нишон медиҳад.
Зимнан бояд тазакур дод, ки бино ба хулосаҳои муҳаққиқи эронӣ Ризо Фаррухфол «Мавлоноро нахустинбор дар авохири садаи 19 шарқшиносони бритониёвӣ ба хонандагони англисзабон муаррифӣ карданд.» Ин муҳаққиқ таъкид мекунад, ки «Аз миёни онон (шарқшиносони бритониёвӣ Ф.А.) ва ба тартиби замонавӣ метавон ба Ҷеймс Редхавс ишора кард, ки дар соли 1888 баргардони мавзуне аз дафтари Маснавӣ мунташир кард». Пас Ҷеймс Редхавсро метавон чун аввалин мутарҷиме, ки Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ тарҷума кардааст шинохт. Баъдан А.Винфуд дар соли 1889 3500 байт аз Маснавии Мавлоноро тарҷума кард. ҳамзамон Вилсун низ аз мутарҷимоне аст, ки то оuози садаи ХХ ба осори гаронмояи Мавлоно таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд. Тарҷумаи густурдаву фаҳехта ва тавачҷӯҳи хоса ба осори Мавлоно баъдан дар ибтидои асри мозӣ аз ҷониби Николсон ва Арберӣ сурат гирифт, ки тарҷумаи Маснавӣ ва uазалиёти Шамс аз хидматҳои арзишманди онҳо мебошад.
Яъне, мутарҷимони барҷасте чун Редхаус, Вилсин, ва Винфилд (қарни нуздаҳ), Р.Николсон, Эдаврд Браун, (асри 20) аз нафароне ҳастанд, ки дар муаррифӣ ва шинохти Мавлоно ба ҷаҳон саҳми назаррас гузоштаанд. Николсон дар нимаи аввали қарни бистум ибтидо гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард ва сипас аз тариқи Девон ба Маснавиӣ роҳ ёфт. ҳамчунин метавон ба номҳои Вилиям Читик, Хелмински, Чеймс Мурис, Олен Вилиёмс, Роберт Блой, Колман Боркс ва даҳои дигар ишора кард, ки аз мутарҷимони осори Мавлоно шинохта шудаанд.

Аммо истиқболи густурдаи Мавлоно дар Fарб баъд аз интишори китоби «Зубдаи ашъори Румӣ» дар соли 1990 сурат гирифт, ки ин китобро Колман Баркс тарҷума ва омода намудааст.
Мувофиқи сарчашмаҳову нигоштаҳое, ки дастраси мо гардиданд Мавлоно то ибтидои асри ХХ дар Амрико ва умуман Fарб кам шӯҳрат дошт. Шурӯъ аз солҳои 1920 устоди Донишгоҳи бонуфузи Кембриҷ, профессор Рейнолд Николсон, мутарҷими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико профессор Колман Баркс ба тарҷумаи шеъри Мавлоно ва муаррифии густурдаи ӯ ба хонандагони англисзабон пардохт. Худи Баркс дар ин маврид мегӯяд Ашъори ӯ аз огоҳии амиқи баҳамваслии ҳаёту тамоми инсонҳову адён мебошад. Шӯҳрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар ақсои олам аст».
Бояд қайд кард, ки дар мавриди чигунагии тарҷумаҳои Колман Баркс низ муҳаққиқон ва мавлавишиносон ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, аз ҷумла Ризо Фарухфол бар онанд, ки бовуҷуди он ки «Баркс Мавлоноро дар забони англисӣ аз қафаси танги маҳфили эроншиносӣ ва шарқшиносӣ озод кард (то ибтидои асри ХХ бо вуҷуди мавҷуд будани тарҷумаҳои осори Мавлоно хонандагони зиёд аз он бардошт надоштанд ва он ба ҷомеаи англисзабон бояду шояд муаррифӣ нашуда буд Ф.А.) , аммо ба ин кор ӯро гирифтори қафафси дигар кард, ҳамоно салиқаву тафсири шахсии худи Баркс аст». ҳамчунин Фарухфол хулоса мекунад, ки «Мавлоно дар тарҷумаи Баркс ба сурати маҳфуми маҷъул даромадааст, ки ба ҷои ҳолати рӯҳонӣ ва қудсӣ бештар ҳолати ҷисмонӣ ва заминиро ифода мекунад».
Ба андешаи иддаи дигари муҳаққиқин ба вижа дуктур Фахфурӣ тарҷумаи Колман Баркс аз беҳтарин тарҷумаҳои Мавлоно шинохта шудааст, ки тавонист Мавлоноро ба хонандагони uайр ба осонӣ муарифӣ кунад.
Шаҳром Шиво, шоир, олим, мутарҷими кутуби Мавлоно дар Амрико низ бар он назар аст, ки шӯҳрати Мавлоно беинтиҳост ӯ мегӯяд Шӯҳрати Мавлоно лаҳза ба лаҳза рӯ ба афзоиш аст. ӯ бо масоили иҷтимоии марбут ба инсону ҳаёти ӯ сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол қабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад. ҳарфу сухану шӯҳрати ӯ беинтҳост.
Ростӣ Мавлоно пуле миёни давлатҳову миллатҳову қавмият шинохта шудааст. Чунончи профессор Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноӣ бо осори гаронбаҳои Мавлоно ба дини мубини Ислом руй оварда, мусалмон гаштааст ва тамоми умр кӯшидааст Мавлоноро ба миллати хеш муаррифӣ намояд.
Пас чӣ омилу далоил боиси ин ҳама маҳбубият Мавлоно гашта аст?
Ба андешаи мо, маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз сӯи табақаи мухталифи ҷомеа ин аст, ки Мавлоно хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Мардумро ба сӯи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. ҳама кешро эьтироф мекунад.
Албатта, Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теьдоди аъзами одамонро ҷуфт гардонад. ӯ тавонист дили миллионҳо одамони маҷрӯҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад. Чунон чи Миша Рутенберг хунёгари ботаҷриба, аҳли Сан Франсискои иёлати Калифорняи Амрико бар ин бовар аст, ки маҳз сурудаҳои Мавлоно ӯро шӯҳрат додааст. Рутенберг мегӯяд Нахустин маротиба ҳамчун як хонум, ки ман бо Мавлоно бархурд намудам ин дар соли 1968 дар Мексико буд. Fарқоби дарёи андешаву хаёлот қад-қади роҳ қадам мезадам, ки иттифоқан нигоҳам ба китоб-фурушгоҳе бархӯрд, ки лифофаи китобе бо накшу нигори мохирона тасвиршуда таваччухамро ба худ кашид. Китоби Мавлоноро дарётам, ки саршор аз таронаву шеьрҳои ноб буд. Китобро харидам, сиапс аз ҳамон рӯз ба баьд шурӯь кардам ба тадқиқу омӯзиши ҳаёту осори ин шоири шаҳир. Роберт Блой шоир ва мунаққиди адабии машҳури Амрико дар мавриди шӯҳрати оламгири Мавлоно чунин мегӯяд: «Мавлоно дар чаҳони ислом ба ҳамон андоза маҳбуб, машҳур ва ягон аст, ки Вилиям Шекспир дар ҷаҳони адабиёти англис аст. Бетардид ҳар хонандаи uарбӣ бо хондани сурудаҳои вай шефтаи ҳаловат, умқи андешаи саршор аз ирфон ва маьнавияти Мавлоно мешавад. Дар ҳақиқат ашьори Мавлоно навъе аз афкорин ирфонӣ, динӣ ва фалсафӣ аст, ки бо кашиш ва дилрабоии хосе хонандаашро ба шӯр, ваҷд, ҳаяҷон ва нишот меоварад ва ба ӯ фурсати андешидан дар бораи зиндагӣ ва ҳастиро медиҳад. Агар имрӯз ҷаҳони Fарб то бадин ҳад шефтаи Мавлоно, сурудаҳо ва афкориирфонӣ ва нигариши хастишиносонаи вай шуда ба ин хотир аст, ки наҳваи баёни ӯ ба наҳваи шигифтангези мушикофона, мантиқпазир, саршор аз қареҳа ва озодандешона аст». Ирмо Горопин устоди донишгоҳи Охени Олмон бошад, ин нуктаро низ таъкид дорад, ки «Олмониҳо дилбастагӣ ва алоқаи фаровоне ба Мавлоно, сурудаҳо ва андешаҳои вай доранд. ӯ шоири сулҳу дӯстӣ аст. Зеро дар бештари ашъораш инсонҳоро ба мадоро, гуфтугӯ, ишқу маънавият фаро мехонад. ӯ дар сурудаҳояш, ки саршор аз навъе ҳисси дилнишин аст, хонандаашро ба сафари эҳсосӣ ва ирфонӣ даьват мекунад. Сафаре барои ибрози ишқ, сулҳ, ва дӯстӣ. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки Маснавии вай дар солҳои ахир, ҷузви пурфуруштарин китобҳо, дар Олмон будаст. Мавлоно, шоир, ориф, файласуф ва андешапардозест, ки назди бештари андешамандон, фархехтагон ва умуми мардуми олмон, ҷойгоҳе ба своло дорад». Олен Доглос устоди донишгоҳи Чорчиёи Амрико зимнан мегӯяд, «Мавлоно илова бар ин ки бар улуми исломӣ тасаллут ва чирагии хосе дорад, дар ироа ва баёни ақоиде, ки то ҳади зиёде ё идеяҳои хастишиносонаи Fарб ҳамхонӣ дорад, беҳамтост. Ба навъе метавон ӯро шоир, ҳаким ва файласуф донист, ки намоди озодандешии динӣ аст».
Албатта, ин ҳама маҳбубияти Мавлоно миёни хонандагони англисзабон ба василаи тарҷумаи осори ӯ сурат гирифтааст. Ин аст, ки тарҷумаи осори Мавлоно ва чигунагии ин тарҷумаҳо (осри Мавлоноро зиёда мутарҷимон ба англисӣ тарҷума кардаанд Ф.А.) таваҷҷӯҳи моро ба сӯи хеш кашид, зеро чи гуна сурат гирифтани қабули осор аз ҷониби хонандаи забони uайр ба мутарҷим сахт алоқамандӣ дорад.
Лизо барои рӯшан шудани аҳдофи омӯзиши ин масоил (яъне чигунгии тарҷумаи осори Мавлоно) ошноӣ ба худи мафҳуми тарҷума ва қавонини он низ аз аҳмият холӣ нахоҳад буд. Мо шоҳиди онем, ки имрӯз дар ҷаҳон осори Мавлоно ба бахши аъзами ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд ва ба унвони намуна метавон гуфт, ки танҳо дар соли 2000 беш аз 70 тарҷума аз Мавлоно ба забонҳои урупоӣ сурат гирифта буд. Воқеан, тарҷума кори басо душвор аст, зеро дарку тафсиру ташреҳи мутун, мавзуот, маъонӣ ва мафоҳими гуногун дар як забон ва интиқолу бозсозии он дар забони дигар кори бас масъулият талаб аст. Мусаллам аст, ки мутарҷим бояд нуктасанҷ бошад, бинобарон мо кӯшидаем то ҳадди имкон қиёсе дар тарҷумаҳои анҷомшудаи осори Мавлоно дошта бошем ва онро ба таври иҷмолӣ баррасӣ намоем.
Пас, тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфумеро ифода мекунад?
Агар ба тарзи содда ва диди аввалин хулосае дар мавриди тарҷума бигӯем тарҷума ин баргардонидани матлаб аз як забон ба забони дигар аст. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ низ ин вожа ба маънии гардонидани мазмуне аз як забон ба забони дигар маънӣ шудааст. Доктор Фулодонӣ муҳаққиқи риштаи тарҷума омӯзишҳои хешро чунин хулоса карда, мегӯяд «тарҷума интиқоли паёме аз як забон ба забони дигар аст. Бо ҳифзи рӯҳи матни аслӣ ва эҷод таъсири ҳамарз дар хонандаи забони мақсад». Ин муҳаққиқ илова мекунад, ки бояд тарҷума илова бар сатҳу амонат ва салосат, ба рӯҳ ва эҳсоси мутуни аслӣ вафодор бимонад ва онро ба хонандаи забони мақсад (забони мақсад истилоҳест, ки дар риштари тарҷимашиносӣ забонони ба он тарҷима шаванда фаҳмида мешавад масалан, агар аз форсӣ ба англисӣ тарҷума кунем англисӣ забони мақсад аст. Дар ин ҳол забони форсиро муҳаққиқон ба унвони забони мабда шинохтанд Ф.А. ) илқо кунад.
ҳамзамон аҳли таҳқиқ барон назаранд, ки тарҷумае, ки мутарҷим наздиктарин модули забони мақсадро ба матни забони мабда пайдо мекунад беҳтарин тарҷума аст. Дар чунин тарҷимаҳо дурустии маъно муҳимтарин омил мебошад ва риояти сабк дувумин унсурест, ки баъди тарҷума ба инобат гирифта мешавад. Воқеан, ба таърихи таҳаввули тарҷума назари иҷмолӣ намоем мувоҷеҳ мешавем, риояти сабк ва шеваи баёни матни мабда душвор аст. Риояти сабк низ дар тарҷума омили муҳим аст, аммо на бар он андоза, ки ба хотири сабк маъно фидо шавад.
Адабиётшиносони муосир тақсимбандии унвони тарҷумаро ба се даста саҳеҳ шуморида, тарҷумаи озод, тарҷумаи вожа ба вожа ва тарҷумаи таҳтуллафзиро аз ҳам фарқ мекунанд.
Дар маҷмӯъ бошад фановарии муосир чанд намуди тарҷумаро мушаххас кардааст, ки тарҷумаи маьмуриятӣ (Administtative translation), тарҷумаи тиҷорӣ (Commercial translation), тарҷумаи компютерӣ (Computer translation), тарҷумаи иқтисодӣ (ӯconomic tқanslation), тарҷумаи молӣ (Financial translation), тарҷумаи умумӣ (General translation ), тарҷумаи ҳуқуқӣ ё қонуни (Legal translation), тарҷумаи адабӣ ё бадеӣ, (Literary translation), тарҷумаи тиббӣ (Medical translation), тарҷумаи техникӣ (Technical translation), тарҷумаи илмӣ аз ҷумлаи ин гурӯҳбандиҳо мебошанд.
Албатта, тарҷумаи мавриди назари мо тарҷумаи адабӣ- бадеӣ аст. Тараҷумаи адабӣ ё бадеъӣ маълум аст, ки тарҷумаи асарҳои адабие чун новел, ашъор, намоишномаҳо ва китобҳо мебошанд.
Як мутарҷими осори адабиро лозим аст то ин иқтидорро дошта бошад, ки битавонад эҳсос, арзишҳои фарҳангӣ, ҳиссӣ юмор ва дигар элементҳои асарро тарҷума кунанд. Ба таври куллӣ, чунон ки зиёда нафарон бар ин ақида мӯътақиданд ба тарҷумаи осори Мавлоно дар Амрико аз се зовия метавон нигоҳ кард, яке ваҷҳи илмӣ, ки тавассути мутахассисон ва адибон ва шоирон сурат мегирад ва дигаре пажӯҳишҳое, ки тавассути гурӯҳҳои маънавӣ сурат гирифта аст. Гурӯҳҳои дигар бархурди умдатан тиҷорӣ бо осори Мавлоно доштаанд, ки ин гӯрҳҳо низ аз мақбулияти бисёр боло бархурдор ҳастанд.
Ин ҷо таваҷҷӯҳ мекунем ба тарҷумаҳое, ки аз ваҷҳи илмӣ тавассути аҳли адаб ва шоирон сурат гирифтааст.
То имрӯз uазалу рубоиҳо ва Маснавии Мавлоно аз ҷониби зиёда мутрҷимон ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума гаштаанд. Бешубҳа, тарҷумаҳо ба забони англисӣ дар ин миён хеле зиёд аст:
Бо ман туруш аст руи ёре кадре
Ширинтар аз ин туруш надидам шакаре
Безор шавад шакар зи ширини хеш
Гар з-он шакари туруш биояд хабаре
Рубоии шумораи 1795 аз Кулиёти Шамси Табрезӣ
The face she shows me is a little sour,
Though sugar has never tasted sweeter.
Sugar would be worded be its own sweetness
If it ever came to know that sour flavor.

Эй он ки зи ту мушкилам осон гардад
Сарву гулу ёс масти эхсон гардад
Гул сармасту хор бадмасту хумор
Чоме дар дех ки чумла яксон гардад
Рубоии шумораи 544 аз Кулиёти Шамси Табрезӣ

You, who make all my hardship easy
And the garden, trees, flowers, drunk with your gifts;
The rose is drunk, the thorn is lost in dream;
Pour one more cup, they’ll join in your wine’s stream.
(http://www.iranian.com/Arts/rumi.html)
Воқеан, вақте тарҷумаҳои Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ, ки хеле фаровон ба чашм мерасанд, аз назар гузаронидем, мушоҳида намудем, ки ин тарҷумаҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Зимнан барои он ки тафовути тарҷумаҳои Маснавӣ то андозае рӯшан гардад барои бори нахуст бо қиёси фақат як байти ин осори ҷаҳонии Мавлоно иктифо намудем, ки ин ҳам мисраи машҳуртарини Маснавӣ //Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад // мебошад.
Зикр гардид, ки беш аз 20 мутарҷим Маснваиро ба забони англисӣ тарҷума намудаанд. Яқинан чигунагии ин тарҷумаҳо ва то ба кадом андоза ба забони мабда наздик будани он, риоя шудан ва ё нашудани сабки нигориши муаллиф, ҳузури воқеии андешаҳои Мавлоно дар тарҷумаҳои мазкур аз муҳимтарин нукоте буданд, ки зимни омӯзиш ва қиёс мавриди назари мо буданд.
Таваҷҷӯҳ мекунем:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Listen to the song of the reed,
How it wails with the pain of separation: (Чонатон Стар)
***
Бишнав ба оҳанги най
Чигуна он аз дарди ҷудоӣ менолад (Ф.А.)
Тарҷумаи мазкур муталлиқ ба Ҷонатон Стар аст. Ва хонандаи англисзабон ба ҳангоми мутоилаи ин байт ҳамин маъниро, ки дар тарҷумаи хеш овардем пайдо мекунад. Мебинем, ки дар тарҷумаи Ч.Стар дар маҷмӯъ маънии байти Мавлавиро додаст, аммо ҳамон латофат ва ҷозибияти забони мабда дар забони мақсад эҳсос намешавад. Сабки нигориш низ риоят нашудааст.
Дар тарҷумаи дигар, ки ба қалами Иброҳим Гомард муталлиқ аст тамоман намуди дигари баёни маънии ин байти Маснавиро мушоҳида мекунем.
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
****
Listen* to the reed (flute),* how it is complaining!* It is
telling about separations,* ( Иброҳим Гомард)

****
Бишнав аз най (флут) ки чи гуна шикоят мекунад
ӯ достони ҷудоиро мегӯяд (Ф.А)
Тарҷумаи мазкур аз тарҷумаи Стар ба куллӣ фарқ мекунад. Дуруст аст, ки ҳамон маънӣ аст, аммо чигунагии баёни маънӣ хеле аз ҳам тафовут доранд. ҳамзамон бояд гуфт, ки тарҷумаи мазкур то андозаи ба рӯҳи Маснавӣ наздикӣ пайдо кардааст, албатта нисбат ба байти тарҷума шудаи Чонатон Стар. Аммо дар ин тарҷума ҳам, рӯҳи Маснавӣ ва андешаи воқеии Мавлоно, дар забони форсӣ, ки забони асли мабда аст ба таври бояду шояд эҳсос намешавад. Яъне, мутарҷим фақат вожаҳоро тарҷума кардааст ва ба риояти сабку рӯҳ аҳамияти дувумдараҷа додааст. Дуруст аст, ки дар тарҷума ҳадафи аслӣ ин расонидани маънӣ аст ва набояд мутарҷим ба хотири сабк ва риояти он маъниро ноқис баён созад. Дар ин ду тарҷима низ мутарҷимон бештар ба расонидани матлаби ин мисраҳо диққат додаанд.
— Намунаи зер бошад тарҷумаи Вилям Ҷонес мебошад:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Hear, how yon reed in sadly pleasing tales
Departed bliss and present woe bewails! (Вилям Ҷонес)
***
Гуш кунед, ки най чи гуна аз достонҳои дилангези uамин мегӯяд
Аз маҳрумии саодат ва ҷудоию сӯгворӣ (Ф.А.)
( –Translated by Sir William Jones (1746-1794). Quoted in A.J.
Arberry, “Persian Poems,” London, 1954, pp. 118-119. (Perhaps
from “Poems, Consisting Chiefly of Translations from the Asiatick
Languages,” 1772.)
Бо баробари хондани ин мисраъҳо хонандаи нуктасанҷ эҳсос мекунад, ки дар ин тарҷума маънӣ бо тарз ва услуби дигар баён шудааст, дар ин ҷо мутарҷим маънии нусхаи аслро ба тарзи нисбатан дигар баён кардааст. Дар ин мисраъҳо мо мушоҳида мекунем, ки мутарҷим мехоҳад рӯҳ ва салолсат ва зебогии баёни байти Мавлоноро ба хонандаи англис расонад. Аммо мутарҷим дунболи вожаҳои зебо рафта, маъниро муuлақ баён кардааст. Дар баробари баёни зебои байти мазкур Чонес рӯҳи байтро нигоҳ дошта натавонистааст. Метавонем, гӯем, ки ба ин байт таъсири андеша ва қабули фаҳимши мутарҷим бештар дида мешавад. Сабки баён низ душвор аст.
Редҳавс дигар аз тарҷумони машҳури осори Мавлоно бошад ин байтро ба гунаи зер тарҷума кардааст
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Feom eeed-flute hear what tale it tells;
What plaint it makes of absence’ ills. (Ред ҳавс)
***
Аз най бишнав ки чи ҳикоят мекунад
Аз чи мушкилиҳое шикваву зорӣ мекунад (Ф.А.)

–Translated by James W. Redhouse. From “The Mesnevi of
Mevlвnв Jelвlu’d-dоn Muhammed ӯқ-Rыmо. book the First”
(London, 1881).
Мебинем, ки тарҷумаи Редҳавс низ аз кулли дигар тарҷмуаҳо тафавут дорад.

Тарҷумаи Николсон, ин гуна аст:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)

1. Listen to this reed how it complains: ***
it is telling a tale of separations. (Николсон)

***
Бишнав аз ин най, чи гуна шикоят мекунад
Он достони ҷудоиро мегӯяд (Ф.А.)
(–Translated ӣy Reynold A. Nicholson. From “The Mathnawy of
Jallu’ddМn Rumi” (London: Cambridge University Press, 1926).

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Listen to this Ney (the reed-flutr) that is complaining
and narrating the story of srparation. (Э. Туркман)
***
Бишнав аз ин най (флут), ки шикоят мекунад
Ва қиссаи чудоиро накл мекунад.

Намунаи тарҷумаи Баркс ба ин шакл аст:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
1. Listen to the story told by the reed,
of being separated. (Баркс)
***
Бишнав ба достоне, ки аз тарафи най гуфта шудааст
Ба достоне ҷудошуда (Ф.А.)
Албатта, он муқоисот ва хулосаҳое, ки дар омӯзиши кӯчаку шогирдонаи мо сурат гирифт дар ҳошияи тарҷмуаи ҳамин як байти Маснавии Мавлоно буд. Яъне, анешаҳои мо пиромуни чигунагии тарҷума ва бурду бохти мутарҷимон фақат мансубият ба як байт дорад, ҳоло он ки аз ҷониби ин мутарҷмон садҳо ва ҳазорҳо байти Маснавӣ тарҷума гаштааст. Ба ҳар ҳол, муқоисоти тарҷумаи ин мисраҳо ба мо имкон фароҳам меорад то самт ва сабки мутарҷимонро ташхис диҳем. Ва даричаи дунёи беканори ҷараёни омӯзиши тарҷумаи осори Мавлоноро боз намоем.

Пайнавишт:
1 Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон, 2001.-728
2 Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Љузъи Ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. – Теҳрон, 1342. – 333 с.
3 http://www.iranian.com/Arts/rumi.html
4. http://rumi.tribe.net/thread/9…2d7c3
5. http://www.dakhme.mihanblog.com/post/338
6. http://soxan.blogfa.com/post-11.aspx
7. http://blog.sepehreftekhari.com/?p=771
8. http://jafarfazel.ir/showart.aspx?id=353
9.http://www.nooronar.com/besmel…7.php

Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

МАВЛОНО ҲУНАРМАНДТAРИН ШОИР

(Корбурди анвои тамсил ва ирсои масал дар ғазалиёти Мавлоно)

 Дар қатори муҳақиққони варзидаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеузаммони Фурузонфар, Зарринкӯб,  муҳаққиқи шинохтаи турк Абдулбоқии Гулпинорлӣ, донишманди бузурги олмони Аннемария Шимел, нависандагони амрикоӣ Франклин Луис, Колман Баркс, адабиётшиносони муосири мо низ дар шинохт ва таҳқиққи осори Мавлоно пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд ва дар ин самти илмӣ пажӯҳишҳо ҳанӯзам идома дорад.  Чуночи адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Абдулманнони Насриддин, Сафар Абдулло, Алии Муҳаммади  Хуросонӣ, Тоҷибой Султонӣ аз муҳаққиқони муосиранд, ки ба Мавлоно зиёд таваҷҷӯҳ кардаанд. Пажӯҳиши эшон дар заминаҳои гуногуни осори мондагори Мавлоно сурат гирифта, ба ҷанбаи мухталифи ашъораш, минҷумла воситаҳои тасвирсози шеър таваҷҷӯҳ кадаанд.

Мусаллам аст, ки санъатҳои бадеӣ аз муҳимтарин воситаҳои тасвирсоз дар шеър аст, зеро ҳунари шоир дар маҳорати тасвиргарӣ ҳувайдо мешавад ва ҷозибаи шеър  новобаста аз он,  ки дар кадом қолаби шеърӣ гуфта мешавад, дар тозагии тасвир ва эҳсос қобили таваҷҷӯҳ аст.

 Донишварони клласик чун Шамси Қайси Розӣ, Унсуралмаолии Кайковус, Рашиди Ватвот, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва кулли муҳаққиқони муосир низ  ҳузури санъати бадеиро манфиат ва асолати шеър муаррифӣкардаанд.
То имрӯз аз ҷониби пажӯҳишгарон мушаххас шудааст, ки ду навъ- санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавиро аз ҳам фарқ мекунанд. Омӯзиши аҳли назар низ дар заминаи ҳамин ду навъи санъати бадеӣ сурат гирифтааст.

Тасвирро шоир дар аксар маврид  ба василаи  истифодаи ҳунармандона аз санъати бадеӣ  ҷолиб месозад, ки мероси гаронвазну боарзиши адбиёти клоссикии мо ва нигоштаҳои ҳунармандони муосир далели раднопазир бар ин андеша ва хулосаҳост.

Дар ғазалҳову Маснавии Мавлоно низ ҷанбаи ҳунарии сурудаҳояшро истифодаи фаровону ҳунармандона аз саноеии бадеӣ таъмин намудааст. Роҷеъ ба ин вижагиҳои ҳунарии абёти Мавлоно теъдоди зиёде аз муҳиққиқон ибрози назар кардаанд.  (Қаҳрамони Сулаймонӣ, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ,  А.Ҳасанов, Мавҷуда Урунова, Шоира Пӯлотова).

Дар мавриди ҷозибаҳои ҳунарии шеъри ӯ ва маҳорати шоирии Мавлоно таҳиққиқоти  комилу ҷолиб  сурат гирифтааст ва омӯзиши аҳли таҳиқиқ дар ин росто ҳанӯзам идома дорад, зеро осори Мавлоно укёнуси  бекарону бепаҳноест, ки саршор аз гавхару садафҳои маънист.

Дар заминаи омӯзиши мақолоту таҳқиқоти илмии муҳаққиқони номбурда ва омӯзиши бевоситаи осори гаронвазни Мавлоно, ба вижа куллиёни ғазалиёт «Девони кабир» мо низ ба хулоса расидем, ки  вақеан, Мавлоно дар истифодаи санъатҳои бадеӣ ҳунар ва истеъдоди фавқуллода дорад.

Ба назари мо, дар осори ӯ тамоми навъи санъое бадеии ҳузури фаъол доранд. Дар ин баробар  мушоҳида шуд, ки Мавлоно аз санъати такрор, талмеҳ, таҷнис ва тамсил барои офариниши тасвирҳои мондагораш зиёд истифода кардааст.  Пуркорбурдтарин нави санъат дар ғазалиёти «Девони кабир» санъати такрор ва талмеҳ аст:

Талмеҳ – Дар адабиёти бадеӣ  ишора кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи саромадони сухан (2,107) аст:

Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам ч-ин  бӯйи х(в)аш

Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Муставо?! (8,32)

***

Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,

Бишкуфта рӯи Юсуфон аз ашки афшорони мо!(8,35)

***

Аҷоиб Юсуфӣ чун мАҳ, ки акси ӯст дар сад чаҳ,

Аз ӯ афтода Яъкубон ба дому чоҳи миллатҳо. (8,43)

Такрор (Такрир)- мусиқии каломро ба вуҷуд меорад ва ё афзун мекунад, такрор аст- такрори ҳиҷо, вожа, иборот ё ҷумла ё мисра (4,60):

Хоча биё, хоҷа биё, хоҷа дигарбор биё,

Дафъ мадеҳ, дафъ мадеҳ, эй маҳи айёр биё!

***

Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу хуршед,

Чӣ пинҳону чӣ пинҳону, чӣ пайдост худоё.(8,52)

Аммо дар ин мақолаи кӯчак  мехоҳем роҷеъ ба санъати ирсолу масъал ё  тамсил ва истифодаи ҳунармандонаи он дар ғазалҳои Мавлоно, ки таваҷҷӯҳи моро бештар ба худ ҷалб кард, чанд сухани шогирдона гуфта бошем.

Санъати ирсоли масъал ё тамсил  –шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷриба ва амалиёти ҳаёти шахсӣ мисоле мегирад. Ҳамин мисол овардани шоир  ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. (2,110-111)

Муҳаққиқ Ғуломризои Ҳотифӣ тамсилро бадин гуна шарҳ медиҳад «Тамсил дар луғат ба маьнои масал овардан, ташбеҳ кардани чизе ба чизи дигар. Вақте гӯяндае барои мақсуди худ матлаби ҳакимонае ба кор барад, ки иддаои ӯро исбот кунад ӯ аз тамсил баҳра меҷӯяд. : Мисол ” Олими беамал ба занбури беасал монанд”

Сирус Шамисо бошад, қайд кардааст, ки «тамсил ҳам ҳосили як иртиботи дугонае байни  мушобеҳ ва мушобаба аст. Дар тамисл ҳам асл бар ин аст, ки  фақат мушобаба (ки ҷумлаву  каломи тӯлоние ва масалан ҳикояте аст на калима) зикр шавад ва аз он мутаваҷҷеҳи  мушобеҳ шавем».

 Бино ба хулосаҳои Ғуломризои Ҳотифӣ ваҷҳи шабоҳати тамсил ва ташбеҳ дар он аст, ки ҳар ду байни ду чиз муқоисавӣ ва шабоҳат сурат мегирад.( 9)

 Зимнан бояд гуфт, ки  ташбеҳ ин шабоҳати тахаюлӣ аст, аммо дар тамсил ин муқоиса бар асоси истидлоли (далел, бурҳон) хаёлӣ аз ҷониби гӯянда сурат мегирад.

Сабукмагзе, ки аз асбоби чахон бар хеш мебозад,

Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад (Соиб)

Дар назари аввал мисраи дувуми ин байт санъати ташбеҳро ба зеҳн наздик мекунад, аммо дар ин мисраъ шоир аз санъати тамсил корбурди ҳунармандона кардааст ва барои далели андешаҳои хеш таҷрибаи иҷтимоиро, ки байни мардум маъруф шудааст ба назм меорад ва мегӯяд //Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад// равшан аст, ки Соиб мисраи дувуми ин байтро ба хотири тақвияти мисраи аввал овардааст.

Ғуломризои Ҳотифӣ  бар акси андешаҳои Турақул Зеҳнӣ иртиботи тамсил ва ирсолу масал маҳалли баҳс ва мавриди ихтилоф  медонад.

Шамси  Қайси Розӣ  дар «Алмуачам» тамсилро аз шохаи истиора донистааст.

Аммо метавон гуфт, ирсоли масал ё тамсил як саньати бадеӣ аст ва аз ташбеҳу истиора ҷудост. Ин андеша аз ҷониби паӯҳишгарони варзидаи каломи бадеъ Сирус Шамисо, Ғуломризои Ҳотифӣ. Турақул Зеҳнӣ ва бисёр дигарон  тасдиқи хешро пайдо кардааст.

Ирсоли масал ва тамсил аз ҷумлаи санъатҳое шеърие ба шумор меояд, ки дар осори адибони классикии форсу тоҷик бо касрати истифода имтиёз дорад.

Дар эҷоди шеър шоирони муосир низ аз масалу мақолҳо зиёд, гоҳе  айнан ва гоҳе мазмунан истифода мекарданд, ки ин амал дар баробари вусъати ҷанбаи ҳунарии шеър бар муассирии мӯҳтаво бетаъсир набудааст.

Корбурди ҳунармандонаи анвои  тамсил ва ирсоли масал аз ҷониби Мавлонои кабир, ки, бешак, ҳунар ва истеъдои шоириаш мунфсир ба фард аст, шоиста ба  таваҷҷӯҳ, омӯзиш ва таҳсин аст.

Дар Маснавӣ  ҳама намуди тамсил фаровон ба чашм мерасад. Зимнан  бояд кайд намуд, ки қиссаҳои тамсилиро  муҳаққиқон ба ду қисамт бахш кардаанд.Тамсилҳои инсонӣ ва тамсилҳои ҳайвонӣ.  Қиссаҳое, ки  аз забони ҳайвонот гуфта мешаванд, тамсилҳои ҳайвонӣ ҳастанд, «Мантиқ ут тайр»-и Аттор шӯҳратмандтарин  намунаи ин санъати бадеӣ мебошад.

Дар Маснавии маънавии хеш Мавлоно аз услуби ҳикоя андар ҳикоя  истифода кардааст.  Мушоҳида мешавад,  ки шоир барои тақвияти маънии як байт ҳикоятеро нақл мекунад ва ба риштаи тасвир мекашад ва гоҳе ҳам дар дохили ин ҳикоят ҳикояти дигаре меорад, зеботарин ва чолибтарин намунаҳои тамсилро метавон дар  шаш дафтари Маснавӣ пайдо кард.

Муҳаққиқи варзидаи эронӣ, устод Дастғайб низ ба  вижагии корбурди тамсил дар ашъори Мавлоно ишора дорад ва мефармояд « Яке аз вижагиҳои шеъри Мавлоно тамсил аст, ки ба сурати ҳикояҳои мухталиф дар  Маснавӣ дида мешаванд». Рости Мавлоно ба василаи тамсил бисёр маҳфумҳои  ахлоқиву адабиро ба самъи ҷаҳониён мерасонад.

 Пас, бешак,  метавон гуфт дар корбурди санъати тамсил ва ирсоли масал Мавлоно аз нафарони пешгом ва ҳунарманди иситисноӣ буд ва ба шеваи фавкулода ин санъатро корбурд кардааст.

Абдулҷаббори Кокоӣ бар ин андеша мӯътақид аст, ки «Мавлоно дар ҳавзаи тамсил истисноитарин шоир ва дар ҳавзаи  маориф ва андеша  рӯшанфикртарин ориф аст» (9). Кокоӣ бо ишора ба забони ҷаззоби Мавлоно идао дорад, ки  «Мавлоно дарёи азиме аст, ки  инсон аз ҳар гӯшае, ки ба самти он ҳаракат кунад масоил ва дастуроти боистидол, мантиқ ва тамсил метавонад биёбад.» ( 9 )

     Дуруст аст, ки муассирии мӯҳтавои ашъори шоир ба василаи анвои тамсил ва ирсоли масал  таъмин ва бозгӯ шудааст. Мавлоно мегӯяд:

Хираву саргаштаву бекор кун

Ин хиради пири ҳамакораро!

 Тифли дурӯза чу зи ту бу барад,

Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро.

Тарк кунад дояву сад ширро,

Ай бадали равгану кунҷораро!(8,90)

Дар ин мисраъҳо Мавлоно барои тақвияти фикр ва муассири маъниву тасвири ғазал  масали « Тифли дурӯза чу зи ту бу барад, Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро» -ро чун истидлоли хаёлӣ ба риштаи тасвир мекашад. Агар мутаваҷҷеҳ шавем, воқеан,  дар зиндагӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ ин масъал вирди забонҳост, ки мегӯянд «мабодо, ки кӯдак бӯи бағал гирад». Фикр мекунем, ҳочат ба шарҳ ва тавзеҳи маънии абёти фавқ нест, зеро шоир хеле соддаву пурмӯҳтаво маъниро ба хонанда мерасонад.

Дар ғазали дигар Мавлоно масали маъмули ва хулосаҳои гузаштагон «ҳар оғозеро анҷомест»-ро баҳри тақвияти баёни андеша меорад ва мегӯяд:

Дилшикаста, ҳин чаройӣ, баршикан

Қалбҳову қалбҳову қалбҳо!

Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро

Мунаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! (8,68)

Дар ин суруда Мавлоно  хоста аст то бо   баҳарагирӣ аз  ибороти мавриди қабули омма, таьсири суханашро дучандон кунад.// Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро, Мунтаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! //

Ин ҳама ҳунару маҳорат аз ҷониби Мавлоно бозгӯи истеъдоди фавкуллодаи ӯст.

Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё,

В-ар бирондӣ зи бом, аз дар биё! (8,69)

***

Фош шуд он роз, ки дар нимашаб,

Зери забон гуфта будам паст- паст.

Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб

Ишқ зи ман русту маро хаст, хаст.

Мавлоно барои тақвияти андешаҳояш ин ҷо низ аз санаьти тамсил корбурди ҳунармандона кардааст. Мисраи “Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб» ки маънии он аз таҷрибаи ҳазорсолаҳо андӯхтаи инсоният ва масали халқи об мехӯрад  барои муассририи байти боло //Фош шуд он роз, ки дар нимашаб, Зери забон гуфта будам паст- паст// хизмат кардааст.

 ***

Мани зорам асири нолаи зер,

Напурсад рӯаке, к-он зор чун аст?

Дилам дузди назар, ӯ дузди ин дузд

Аҷаб он дузди дуздафшор чу наст. (8,131)

***

З-ин қибла ба ёд орӣ, чун рӯба лаҳад орӣ,

Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад (8,254)

Ҳамон тур, ки  ишора фармудем, Мавлоно дар кулли ашъор ва осораш  ва барои тақвият бахшидани маънӣ ва мӯҳтавои онҳо аз саноии бадеӣ корбурди зиёде намдуааст.Дар ин мисраи Мавлоно мусалламан масали маьруф “Пушаймони надорад окибат суд”  ба зеҳн мерасад, ки шоир  онро барои таьсирнокии каломаш зебову хотирмон ба тасвир мекашд. Мавлоно  мегӯяд, ки инсон ҳамвора вақте бо мушкилие ё ба сарҳади марг мерасад он гоҳ рӯ ба суи Худо меорад ва ба илтиҷову зорӣ меафтад, дар ҳоле, ки дигар дер шуд. Мавлоно ҳушдор медиҳад ва мегӯяд // Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад//.

***

Ҳама асбоби ишқ ин ҷо ҳаст,

Лек бе ӯ тараб намешояд!

Модари фитнаҳо, ки май бошад,

 Тарабе бе рухаш намезояд! (8,386)

Дар ин мисраъҳо бошад Мавлоно бо истифода аз санъати тамсилро хеле моҳирона мавриди корбурд қарор додааст. Ҳадиси Расули Акрам, фармуда “Шароб модари ҳамаи гуноҳост” (Алхамру уми хабоис) ва ин гуфтаҳо миёни мардум низ маъруф аст.  Шоир бо истифода аз ин натиҷагириҳо тасиврро ҷолиб месозад .

 Дар зимн бояд таъкид дошт, ки ин ҷо манзур аз май  шароби ишқи илоҳист, ки рӯҳу равону андешаи Мавлоноро масту ҷунуномез кардааст. Яьне,  Мавлоно МАЙ – ишқ ба Худовандро мояи тарабу шодмонӣ унвон мекунад.

Нуктаи ҷолиби бардошти мо аз ин омузиши кучаку шогирдона ин аст, ки мушоҳида намудем на танҳо Мавлоно аз масал ва қисаву таҷрибаҳои иҷтимоии замон истифода кардааст, балки иддае аз абёти Мавлоно ончунон ба зиндагӣ ва ҷаҳони иҷтимоъ пайванд хурдааст, ки мардум аз он чун масалҳои халқӣ истифода мекунанд.

Мутаваҷчеҳ мешавем:

Зи ҳамроҳон ҷудои маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшнои маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳи дида бош,

Пас аз шоҳи гадоӣ маслиҳат нест(8,123)

 Ва ё

Дӣ шайх ба чароғ ҳамешгаш гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст (8,164)

Ва низ

Тадир кунад бандаву тақдир надонад

Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад? (8,169)

 Ин байти Мавлоно низ вирди забонҳост:

Дили ман чун садаф бошад, хаёли дӯст дурр пошад

Кунун ман ҳам намгунҷам, к-аз ӯ хона пур бошад. (8, 43)

 Пас, бо итминони комил метавон гуфт, Мавлнои кабир аз зумраи шоири номвар аст, ки қарнҳо дилбохтагони шеъру суханро шефтаву шайдои каломи сеҳрогини хеш месозад ва дар ин росто ҳунари шоирӣ ва андешаҳои хирадмандонааш муқаддаму муқаддастарин ҷанбаи маъруфияти шоир аст.

Воқеан, Мавлоно аз бузургтарин шоирони клоссики мост, ки ба шевае ҳунармандона афкору ақоиду андешаҳояшро дар тамоми қолабҳо ва саноии бадеь ғунҷоиш додаст.Ва дар хеч колабе ё шевае махдуд нашудааст. Ин аст, каломаш то ҷовидона пойдор хоҳад буд.

Пайнавишт:

1. Абдулманнони Насриддин. Бо корвони нур.-Хуҷанд: «Ганҷи сухан».-138 саҳ.

 2. Зеҳнӣ Т. Санъати Сухан. Илми бадеъ ва мухтасари арӯз.-Душанбе: «Ирфон»,1978.-328 саҳ.

4. Сирус Шамисо. Нигоҳи  тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.

 5. Сирус Шамисо. Баён ва маънӣ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс,1383.-254 саҳ.

6. Точибой Султонӣ. Калъаи Ҳушрабо.-Хуҷанд: Ношир,2011.144 саҳ.

7. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

8. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб.-Душанбе: Адиб, 2007.-856 саҳ.

9 http://www.aftabir.com/

Фирдавси Аъзам (ХӯҶАЕВ)