Featured

Сафар


-Фақат бардагон хомӯшанд.То забону мағзам кор мекунад, ҳақиқатро хоҳам гуфт. Ғайр аз ин ҳунаре надорам, ҳоло ҳар коре мехоҳед бикунед-инҳоро гуфту гӯширо дар кисааш гузошт ва вориди мағозаи пур аз муштарии кӯдакон шуд.

Асбоббозиҳоро аз пушти айнакаш яке – яке нигоҳ кард ва дар назди лухтакҳо қарор гирифт. Якеро, ки чашмони сиёҳ дошт, рӯи даст гирифт ва пешу пушташро гардонд ва чанд лаҳза муқобили чашмонаш нигоҳ дошт. Гӯё мехост вокуниши духтарашро тасаввур кунад. Зоҳиран интихобаш ҳамин аст. Онро ҳамроҳ бо ойинае, ки ду тараф дошт ва як тарафаш тасвирро калон нишон медиҳад, пеши мағозадор – зане, ки чашмонаш кабуди шаффофанд ва ба сӯяш табассум мекунад, гузошт. Марди ҷавон дар ҳоле, ки мунтазир буд, пеши сари каммӯяшро хорид. Зан лухтаку ойинаро ба дастгоҳ наздик бурд ва мошинҳисоб қимати онҳоро чоп кард.
Мард ҷузвдонро рӯи миз гузошт ва корташро ба фурӯшанда дароз кард. Бо худкор рӯи тӯҳфаҳои бастабандишуда навишт: “Тақдим ба духтарам – илоҳаи орзуҳои ман, зодрӯзат муборак!”.
Бо покете, ки асбоббозиҳо дар он қарор дода шудаанд аз мағоза хориҷ мешавад.

Continue reading “Сафар”
Featured

НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН


Субҳони Аъзамзод, Сурайё Ҳакимова

Чанде пеш дар Интишороти «Орван»-и Теҳрон нахустин маҷмӯаи достонҳо (ҳикояҳо)-и шоир ва нависандаи тоҷик Фирдавси Аъзам бо номи «Навҳаи доркӯб» мунташир шуд.
Аҳли хушзавқи мутолиаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоири нағз мешинохтанд, аммо бо ин асари мансур олами завқу қареҳаи хуби нависандагии ӯ низ ошкор шуд. Бо мутолиаи чанде аз ҳикоёти ин китоб чигунагии арзу тӯли андеша ва афкори мумтози шоир дар қолаби наср қобили дарк ва ташхис аст.
Китоби аввалини нависандаи ҷавон аз шаш достони хонданӣ – «Сафар», «Тоблу», «Ҷудоӣ», «Рақси кабӯтар», «Навҳаи доркӯб» ва «Афсонаи гунҷишкҳо» фароҳам омада ва дар онҳо зуҳуроти мубрами рӯзгори мо аз диди як нафар эҷодгари кунҷков хеле хуб ва назаррас бозгӯ шудааст. Нависандаи саршиноси тоҷик Қодири Рустам дар пешгуфтори китоб қайд карда, ки «дар аввалин маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунон ки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби вожаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад».

Continue reading “НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН”

Featured

“Навҳаи доркӯб” – и Фирдавс дар Теҳрон шунида шуд

Хонандагони форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоир мешинохтанд, акнун аз тариқи достонҳои ӯ бо андеша ва афкори вай ошно хоҳанд шуд. Интишороти “Орван” дар шаҳри Теҳрон нахустин маҷмуъаи достонҳои ин шоири тозабаёнро бо номи “Навҳаи доркӯб” бо хати форсӣ мунташир кард.

Continue reading ““Навҳаи доркӯб” – и Фирдавс дар Теҳрон шунида шуд”

Featured

Тоблу

53769971_10216883564174390_3411860657744642048_o
#Достонак
#Фирдавси_Аъзам

Шаб аст. Дубора торикию танҳойӣ. Пушти панҷараи гарду ғуборгирифтае, ки рӯ ба кӯча боз мешавад, рӯйи сандалӣ сарашро маъсумона ба тарафе каҷ карда, резаборонро тамошо мекунад. Бороне, ки фақат пушти ҳамин панҷара меборад. Айнакашро аз чашмонаш бармедорад ва шишаҳои пур аз хашҳои зеру дуруштро бо оҳи гармаш оромона пок мекунад.
Гурбаи сафед рӯйи қоличаи фарсудаи канори бухорӣ чашмҳояшро танг карда, ба гӯшае аз утоқ менигарад. Гӯйӣ достони зебоиро ба тамошо нишастааст. Аз сӯрохи шишаи шикастаи панҷара, боди сарде бо фишор ба дохили утоқ меояд.
Нигоҳ кардан ба бороне, ки ҳеҷ гоҳ намеистад, хеле касолатбору ғамнок аст. Ба қавли худаш ҳар чизе, ки аз ҳад гузарад, дилбазан мешавад.
Continue reading “Тоблу”

“Солехаи даврон” зухур кард.

solehai davron

Чанде кабл нашриёти “Меъроч” китоби тозаи нависанда ва адиби точик Шохмирзo Хочамухаммадро тахти унвони “Солехаи даврон” нашр намуд.“Солеҳаи даврон” – китоби тозаи Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад,  узви Конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон дар бораи зиндагӣ ва корномаи Солеҳамоҳ Раҳматуллоева (1953 – 2002) – нависанда, фаъоли иҷтимоӣ, узви Иттифоқи журналистон ва  нависандагони Тоҷикистон ҳикоят мекунад, ки ба қалами ӯ беш аз 500 мақола, 4 китоб ва чандин рисола тааллуқ дорад. Ошноӣ бо корномаи ин зани фаъол ва ҳақиқатнигор, дардошно, дилсӯзи мардум ва ҷомеа дар пеши назари мо симои зани диловару кордонро муҷассам менамояд.

Лозим ба зикр аст ки Солехамох Рахматуллоева  моҳномаи “Маҳрам” – ро дар нохияи Ашт таъсис дод, ки сардабири он худи у буд ва  ин мохномаро аз хисоби худ мунташир менамуд.

Солеҳамоҳ Раҳматуллоева яке аз эҷодкорони пурмаҳсул буд ва ба қалами ў беш аз 500 лавҳа, очерку қисса, таронаю публисистика тааллуқ дорад, ки мавзўъҳои ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат, Ватан, ишқи самимӣ, иродаю матонати Зан – Модарро фаро мегирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бештар дар мавзўъоти фарҳангию иҷтимоӣ менависад ва низ тасвири зиндагии шахсиятҳои шоистаи кишвар аз бахшҳои дигари эҷодиёти ӯст. То кунун аз ин нависанда наздик ба 1000 мақола дар матбуоти ҷумҳурӣ ба нашр расидааст. Муаллифи китоб барои таълифи осоре дар заминаи мардумшиносӣ ва пайкори тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сӯи Академияи Қафқоз бо нишонҳои Лермонтов ва медали 200 – солагии ҳамроҳ шудани Қафқоз ба Русия тақдир шудааст.

   Гуфтанист, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз ҷумлаи он нависандагони тоҷик аст, ки осораш  дар саҳифаи ҷаҳонии интернет дар торнамои шахсии ӯ таҳти унвони “Ахтари зулматсӯз” қобили дарёфт ва мутолиа аст, ки аз тамоми ҷаҳон  мешавад онро дастрас намуд ва ҳамарӯза алоқамандони зиёде дар нуқоти мухталифи олам вориди он мешаванд ва фикру мулоҳизаи худро дар мавриди навиштаҳои ин пажуҳишгар иброз медоранд. “Солеҳаи даврон” низ ба сурати комил дар ин торнамо ҷой хоҳад ёфт.

Фирдавси Аъзам

“Гаҳвораи заррин” – и Шоҳмирзо Хўҷаев нашр шуд

 Чанде қабл нашриёти “Меъроҷ” асари тозаи нависандаи тоҷик Шоҳмирзо Хўҷаев (Хоҷамухаммад)- ро таҳти унвони “Гаҳвораи заррин” ба нашр расонид. Ин асар устурае аз асотири кўҳистонист, ки ҳақиқате аз ҳақиқатҳои урёнро дар худ таҷассум намудааст. Дар асари мазкур аносири далелу исбот, масалу макол, илму дин, назму наср, ҳаҷву фантастика чун тору пуд ба ҳам омехта, дар ниҳоят  навиштае хонданй ба бор омадааст, ки кас аз мутолиаи он манзараи дилангези Лангари Мастчоҳ ва шуҷоату набардҳои рустамонаи сокинонашро пеши чашм хоҳад дид.

Нависанда дар ин асар аз нозукиҳои рўзгори мардуми  деҳаи Лангари Кўҳистони Мастчоҳ ба хонанда иттилоъ медиҳад. Ин асарро метавон  шиносномаи Лангар донист.

 Дар пешгуфтори асар шоири тоҷик Маликнеъмат  мегўяд, ки “Фалсафаи ” Гаҳвораи заррин”  ҳар нафареро, ки гунахкор ва баландандеш бошад, суи худ рох намедихад, пок ва мубарро чун дили хар фарди кухистон аст.”

 Зимнан ёдовар мешавем, ки Шохмирзо Хуҷаев зодаи нохияи Мастчох, узви Конфедератсияи байналхалкии журналистон, муаллифи китобхои “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) , “Гулшани дилхо” ва “Касидаи ҷавонмардй”  буда “Ахтари зулматсуз” асари ҷахорумини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалистй зиндаёд Навруз Раҷабов хикоят мекунад.

Шоистаи зикр аст, ки  Шохмирзои Хоҷамухаммад барои китоби “Ахтари зулматсуз” ва хамчунин асари этнографии “Сурмаи дил” аз тарафи Академияи Қафқоз барандаи ду нишони ин ниходи муътабар -Ҷоизаи Лермонтов ва 200-солагии пайвастани Қафкоз ба Русия шудааст.

“Гахвораи заррин” асари ҷадиди муаллиф  асотире аз устураи кухистон мебошад, ки дар мавриди мардумшиносй низ бахс мекунад.

Фирдавси Аъзам