Featured

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ


НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Наврӯз-Соли нав

Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст. Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Continue reading “НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”
Featured

Хонатаконӣ

Ҳамсарам тамоми пардаҳоро канда буд. Дар осмон як тикка абр ҳам намедидед. Нури мулоим ва беминнати офтоби афсунгари субҳгоҳӣ аз тирезаҳои кушода бар рӯи ашёи хона менишаст. Писари нуҳсолаам рӯи тахти ҳуҷрааш бо ҳавсала қаламашро метарошид. Ман, бо он ки сардарди сабукеро ҳанӯз эҳсос мекардам ва чанд рӯзи охир шоҳиди номулоимоте низ будам,

Continue reading “Хонатаконӣ”
Featured

Орзуям ин аст…

То таваллуди #Табиат рӯзҳои башуморе монда аст. Биёед ба ин муносибат орзу мекунем;

Орзу мекунем, ҳоли ҷаҳону инсонҳо хубтар шавад. Саломатӣ, Сулҳ, Садоқат, Амният, Адолат, Меҳрубонӣ, Огоҳӣ ва Хушбахтӣ дар ҷаҳон ҳукумат кунад ва ҷанг, кина, адоват, бадбахтӣ аз сайёраи мо барои ҳамеша кӯч кунад…

Орзу мекунем бидуниташвиштарин рӯзҳоро пеши рӯ дошта бошем; #бемористонҳо ҷояшонро ба истироҳатгоҳҳо, #зиндонҳо ба осорхонаҳо, #гуристонҳо ба тафреҳгоҳҳо ва #дорухонаҳо ҷояшонро ба китобхонаҳо диҳанд…

Орзу мекунем шонаҳои одамҳо холӣ аз бори сангини ғаму ранҷҳо бошад. Дилҳо шод, чашмҳо беашк, дастҳо пур ва зеҳнҳо ором. Рӯзҳои сиёҳу талх дар гузашта монанд ва рӯзҳои рӯшану ширин сарнавишти одамҳоро рақам бизанад…

Continue reading “Орзуям ин аст…”
Featured

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ

НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Наврӯз-Соли нав Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст. Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Continue reading “НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”

Соли нав-иди даромад.

Дар Точикистон пас аз чанд рузи ба шумор аниктараш 2 рузи дигар бо хамхамаю дабдаба мардуми кишвар иди “Соли нави милоди”-ро бо як “масьулият”-и баланд истикбол хоханд кард. Ин ид барои кисми зиёде аз мардуми кишвар хамчун як иди махбубу бошукухтар нисбат ба соири идхо махсуб меёбад. Барои мардуми Хучанд низ иди “Соли нав” аз ахамият берун нест. Пас аз чанд рузи дигар (маьмулан анкариб аз як хафта кабл) кулли кучахо, хиёбонхо, назди бозорхо, назди хонахо ва маьмулан хама чойхоро садои буландтару гушкаркуни маводи “хлопушка”-хо фаро мегирад.Холо, ин шабу руз садои гушхароши хлопушкахо шунида намешавад,(шоядам, шунида мешавад, аммо на нудрат) аммо хеч тардиде вучуд надорад,ки дар чанд шаби наздик ба ин ид садои он нашунида шавад.
Фарорасии ин чашнро метавон алакай аз хиёбонхои бо арчаи соли нави орошуда, аз бозорхои шахри Хучанд эхсос кард.Холо дар маркази шахри Хучанд, дар назди Майдони ситорахо алакай арчаи бузурги соли нави комат афрохтааст ва издихоми бузурге аз одамонро ба худ чалб кардааст ки ин хам омиле хубест барои аксбардорону наворбардорон ки бо ин бахонаи Соли нав даромади хубе ба даст меоваранд.
Алакай шуруь карда савдогарони бозорҳо “аз паи кор”хастанд, ки аллакай аз имрўз рафҳои маѓозаву бозорҳоро бо тўҳфаю ҳазору як майда чуйда оро дода, аз пайи ҷамъ кардани даромади хангуфтанд.Ва албатта накши телевизиюнхои давлати дар таргиби ин маьрака бо намоиш додани барномахои солинавияш хеле калон аст. Нишон додани танхо як халтаи Бобои Барфи кофист то кудакону наврасонро ба суи бозорхо чалб кунад.
Хамон тур ки ишора шуд ин лахзахо бозори точирони махсулоти мутаалик ба Соли нав хеле гарм аст,ки хатто сардии зимистонро наметавон эхсос кард. Савдогарон мухити ҷашнӣ сохтанро ба хуби балад хастанд. Малохат як хонуми 38 солаи бозори Панчшанбе ки перомунашро садхо анвоьи мухталифи кодухо ва хадяхо пур кардааст,мегуяд ин соату лахзахоро бо бекарори интизор будааст чун махз дар чунин идхое чун Соли нав бозори фуруши хадяхои омодакардаи у гарм мешавад ва у даромади хуб ба даст меоварад. Абдурасул аз дигар хамсухбати 27 солаи хамин бозор муьтакид аст, ки тамоми арчахои у ба фуруш мераванд ва у даромади хубе ба даст хохад овард.Тамоми савдогарони бозори панйшанбе мисли ин ду хамсухбатонам акида доранд.
Хуб,суоли матрах инчост,ки оё соли нави мо точикон хамин 31 декабр аст?
Соли нави мардуми ориёинажод, мардуми форсзабон, аз ҷумла тоҷикон рўзи аввали солшумории шамсӣ, аввали ҳамал яъне ба 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Яъне ҷашни истиқбол аз Соли Нав барои мардуми мо ҳамон Наврўз аст. Маҳз дар ҳамин мавсим табиат аз нав эҳё мешавад, маҳз дар ҳамин фасл дарахтони урёну замини хуфта зиндаву шукуфон мешавад.
Хуб, холо бубинем сохибназарон ва коршиносон рочеь ба ин ид ва чашнгирии он чи андеша доранд. Аксар сохибандешон бар ин боваранд,ки иди Соли нав “тухфа”-и замони Шуравист ва он бо омадани низоми шурави ба сари мардуми точик тахвил шудааст.Ва бо дар назардошти ин низом мардуми точик андаке аз асли худ дур шуд ва соли нави милодиро ба унвони солшумории худашон пазируфтанд.

Oсим Носиров рузноманигор бар ин бовар аст,ки тачлил аз иди Соли милоди “мерос”-мондаи замони хукумати шурохост.
-Соли нави мелоди чун аньана аз даврони хокимияти Шурови ба мо “мерос” монд. Имруз хамзабонхои мо мардуми афгону Эрон соли нави милли яъне Наврузро мисле ки соли навро пешвоз мегирем, дар соати 12-и шаб истикбол мегиранду ин идро ботантана чашн мегиранд. Аслан мувофики назари ситорашиносон соли нав ин Наврузи мост. Имруз дар Точикистон гарчанде ки Навруз чашн гирифта мешавад, аммо ба макоми соли нави мелоди нест. Ба хар хол мо ин масъаларо пайгири кунем то насли баъди чашни милии хешро донад

Абубакр Акбаров як сони шахри Хучанд дар сухбат бо мо гуфт,ки дар шаби соли нав хонаи худашро бо арчаи солинавӣ оро дода, дастурхони соли нави густурда ва хамрох бо хонаводааш шодиву хурсандӣ мекунад. Барои Насибахон як мусохиби дигари мо тачлил аз иди Соли нав хеч ахамияте надорад ва у ин идро аслан чашн намегирад, зеро ба гуфти у ки пайрави дини ислом аст, тачлил аз чунин иде марбути мардуми мусалмон нест ва ин хоси насронихо мебошад.
Бо ин вучуд ахли ислом таҷлил аз соли нави масеҳиро ба унвони як ҷашни мазҳабӣ, барои мусулмонон раво намедонанд ва танхо тачлил аз ду иди мазхаби иди Курбон ва Рамазонро ичозат медиханд.
Аксар сохибназарон бар ин боваранд,ки бо гузашти чандин сол аз мустакилияти Точикистон хануз хам бешари мардум ба маьнои вокеи наврузро хамчун соли нави худ намедонанд.Ба гуфти коршиносон ин айбро наметавон бар души мардуми одди гузошт ва икдоми хукумату давлат дар ин замина метавонад накш дошта бошад.
Тамоми барномахои расмии мо дар асоси соли масехи тархреи ва барномарези мешаванд ва шояд солхо лозим аст то Навруз ба унвони соли нав чои соли таклидии масехиро бигирад.

Маросими чашни Навруз дар сафорати Точикистон дар Техрон

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон маросими ҷашни Наврўз бо ширкати намояндагони Сафорат,донишҷўён ва тоҷикони муқими Теҳрон баргузор гардид.Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ибтидо ҳамаи ширкаткунандагонро ба муносибати Наврўзи хуҷастапай табрику муборакбод намуда ,сафари қарибулвуқуи Эмомалӣ Раҳмон,Раиси Ҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар ҷашни Наврўз дар ростои таҳкими муносибатҳои дўстонаи ду кишвар муҳим арзёбӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд ,ки ин баҳор барои ҳамаи мардуми форсизабон пурфайзу бохосият бошад.

Сипас,донишҷўёни тоҷики муқими Қазвин бо барномаи консертию идонаи худ хотири ҳозиронро шод карданд.Ба ғолибони ин барнома Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон тўҳфаҳои хотиравӣ эҳдо намуд.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,шаҳри Теҳрон.