Featured

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ


НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Наврӯз-Соли нав

Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст. Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Continue reading “НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”
Featured

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ

НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Наврӯз-Соли нав Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст. Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Continue reading “НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”
Featured

Дарахтҳои ҳезумшуда

Бидуни муқаддима….
Вақте ки тавоноии куллӣ дар анҷоми кӯчактарин умур, тасмим ва барномаеро надорем, вақте ки ҳаққи интихобро аз мо салб мекунанд, вақте ки аз рӯи иродаи шахсӣ дар анҷоми коре оҷизу нотавонем, вақте ки гуфтору кирдору рафторамонро бо чаҳорчубаҳо ва ҳадду марзҳои худтаъйиншуда маҳдуд мекунанд ва кунҷкованд, ки бидонанд масалан зершалворамон чӣ рангӣ аст, инҷост ки фотиҳаи Озодиро хондаем.
Торих гувоҳ аст, ки инсон тӯли қарнҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи чароғи Озодӣ будааст, то ки онро ҳамеша рӯшан нигоҳ дорад, аммо бодҳое худсохта ҳамвора дар садади хомӯш кардани он бархостаанд.
Continue reading “Дарахтҳои ҳезумшуда”

ДИЛИ МАН ЧОРКИТОБИ ИШҚ АСТ

Андешаҳо перомуни таъсирпазирии Фарзона аз ашъори Мавлоно

(Ба ифтихори 50- солагии шоираи халкии Точикистон бону Фарзона)

Адабиёти оламшумули форсӣ- тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон бо исми зиёди шоирони номвари худ ифтихор мекунад. Вусъати иттилоот ва андеша, шиддати ҳаяҷонҳои руҳӣ, шӯриши эҳсосот, танавӯъи мазомину тасовир, дарки маърифати ҷаҳоншиносиву ҳастӣ ва шинохти дардҳои дарунии инсон аз ҷониби аксари шоирони номвари мо маҳбубияти адабиёти форсӣ- тоҷикиро рӯзафзун мезоанд, ки бешак, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар садри ин суханварон қарор дорад.
Мавлоно, ин орифи шӯрида ва суфии покманиш ба лутфи ашъори малакутияш ва андешаҳои баланди башарияш қарнҳост, ки дар қалби хонандагони шеъру ирфон зиндаву сармад боқӣ монда аст. Ҳамин андешаҳои малакутии ӯст, ки оташ бар “бешаи андешаҳо”-и шоирон гузошта аст.
Лозим ба зикр аст, ки таъсирпазирӣ аз осори Мавлоно замони зиндагии шоир оғоз гашта ва то ба имрӯз идома дорад. Ҳазорон мақола ва пажӯҳиш роҷеъ ба осори боарзиши ӯ аз тарафи муҳаққиқон ва ҳаводорни шеъру адаб нигошта шудааст, паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти ӯ мавриди омӯзишҳои мӯшикофона қарор гирифтааст. Сухани нав нест, ки вусъати маъруфияти Мавлоно аз Шарқ то Ғарб доман густурдааст.
Дар ин нигошта талош шудааст то роҷеъ ба таъсири афкор, таълимот ва осори Мавлоно бар ашъори Фарзона-шоири халқии Тоҷикистон чанд ҳарфе марқум бишавад.
Далоили истиқболи густурда аз ашъори Мавлоно аз ҷониби аҳли адаби ҷаҳон, қабл аз ҳама ҷаҳонӣ будани андешаҳои ӯст, зеро ӯ шомили афкори баланди исломист ва ин маҳдуда бидуни марзу замону ҷуғрофиёст. Ў бар масоили аслии инсонӣ такя мекунад, масоиле монанди ишқу имону адолату шарофату ҳуввият, ки ҳеч гох либоси кӯҳнагӣ намепӯшанд.
Ба бовари Онне Мори Шиммел аз мавлонопажӯҳони шинохтаи олмонӣ ” Дар тамоми осори манзуми форсӣ, ки дар ин даврон яъне дар қарни ХVII ва ХVIII падид омада, наметавон асареро ёфт, ки бе таъсир аз Маснавӣ ё Девони Кабир навишта шуда бошад ва мухимтарин он ки хатто дар адабиёти омиёнаи ин давра низ пажвоки тафаккуроти Мавлоно ба чашм мехурад.”(Сойти пажуҳишии “Офтоб”)
Фарзона аз зумраи шоирони сохибсабк ва муваффақи имрӯз аст, ки ба унвони як шоири навгаро пазирфута шудааст. Навпардозиҳояш дар боби мухталифи тасовир ва мазомин қобили қабул аст.
Метавон гуфт Фарзона аз осори гаронсанги Мавлоно таъсири бузургтаре гирифтааст, муҳаббат ва самимияти шоира ба Мавлоно хеле зиёд аст, ки ин нуктаро худи Фарзона низ эътироф дорад ва мегӯяд: «Мавлавии Балхй, ки ҳеч наметавонам бузургиашро муайян кунам. Ба пиндори ман ҳачми рӯхи як инсони нобига ҳам харгиз ба ин фарохй нест. Умуман, ман дар дунё шоиреро ба ин вусъат ва масоҳат надидаам…»()
Дилшоди Фарҳодзод низ дар мақолае таҳти унвони “Баъзе нишонаҳои пайравй аз Мавлавй дар ашъори Фарзона” адешаҳои худро аз таъсирпазрии Фарзона қайд кардааст. Фарҳодзод қайд мекунад, ки “Таъсирпазирй аз ашъори гуворои Чалолуддини Балхии Румй гоҳо дар мазмун, гоҳо дар услуб ва тарзи баён ифода ёфтааст. Шоира ба дарёфти рӯҳи Мавлавй аз роҳи такопуи руҳонй расидааст. Нақши ин такопуи рўҳй дар паи пайдо кардани рози офариниш ва худй ҳануз дар ғазалҳои девони якуми шоир падидор аст» ( )
Дар ҳақиқат вақте газалҳои Фарзонаро мутолиа мекунем, мушоҳида мекунем, ки дар миқдори зиёди ғазалҳояш оҳанг ва ва мусиқии ғазалҳои шӯрангези Мавлоно эҳсос мешавад. Ҳамзамон мушоҳида шуд, ки вожаҳои «шамс», «най», «дил», «нур», «Худо», «Дӯст» ки дар осори Мавлоно зиёд ба кор рафтаанд дар газалхои Фарзона низ корбурди васеъ доранд. Фарзона ин калимаҳоро ба наҳве тоза ва зебо дар шеъраш истифода кардааст.
Муҳаққиқи точик Дилшоди Фарҳодзод низ таъкид дорад, ки
“Шоира (Фарзона. Ф.А) аз ҳар роҳе, ки ба эҷоди шеър ворид мешавад, онро одатан бо наҷотхоҳӣ, дарки худӣ ё даъват ба вораҳидан аз зулмат, муроҷиат ба ёри осмонӣ, ки аксар ба унвони дӯст, хуршед ва мухотабҳои таркибии гуногун меоянд, ба итмом мерасонад.”
Воқеан, баъзе аз мавзӯъҳо, тасвирҳо, ки дар ашъори Мавлоно маъмуланд дар газалиёти Фарзона низ иникос ёфтаанд, Мавлоно ишқро роҳу тариқати хеш медонад ва мегӯяд:
Ишқ аст тариқу роху пайғамбари мо,
Мо зодаи ишқу ишқ шуд модари мо.
Эй модари мо нуҳуфта дар чодари мо,
Пинҳон шуда аз табиати кофари мо
Фарзона низ аз ишқ ҳарф мезанад ва мегӯяд, ки ба хотири ҳамин ишқ аст, ки дилаш «рутбаи аршӣ» дорад. Зимнан бояд гуфт, ки баёни Фарзона муосир буда, рӯҳи замонро таҷассум мекунад ва шеваи баёни худро дорад. Агар ба адешаҳои Абдунабӣ Сатторзода такя кунем, аслан «ҳар суханвари тавоно ба майдони адабиёт қоидатан бо шахсияти адабии худ, бо инсони худ, бо мавзуъ ва мазмунҳои худ, бо сабку шеваи баёни худ,бо асбобу афзори ҳунарии худ ворид мешавад», ки ҳамин шахсияти адабии шоир дар баробари таъсирпазирии зебо аз Мавлоно осеб намебинад, Фарзона мегӯяд:
Дили ман чоркитоби ишқ аст,
Хоку бод, оташу оби ишқ аст.
Дили ман рутбаи аршӣ дорад,
Моҳу хуршеду саҳоби ишқ аст.

Мавлоно аз мо даъват мекунад, ки аз марзҳои ойину дин бигзарем ва худро шомили “мазхаби ишқ” кунем.
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост
Ошиқонро миллату мазхаб Худост.
Фарзона ҳам бо дилбастагии зиёд ва алоқаву иродате, ки ба Мавлоно дорад дар ҳамин ҳолу ҳаво андешахои ирфонияшро шакл додааст, ки хитобан ба мухотаб мегуяд;
Ишқро тафриқа магзор, ки бо кӯчаи ӯ,
Сӯи ҳақ муслиму тарсову шаман меояд.
Муҳақиқи эронӣ Муҳаммади Райҳонӣ бар ин назар аст ки «яке аз мушаххасаҳои шоирон ва нависандагони соҳибсабк ин аст, ки ба зехн ва забони мардум рох пайдо мекунанд» ва Мавлонову Фарзона низ аз шумори шоирони соҳибмакта­банд, ки ба зеҳну забони мардум роҳ ёфтаанд.
Аксари урафои ислом аз ҷумла Мавлоно ишқи заминиро пуле ба сӯи ишқи илоҳӣ медонанд, аз нигоҳи ӯ тачрибаи як ишқи заминии воқеъӣ руҳи одамиро омодаи ҷаҳишҳои баланди ишқварзӣ ба Худованд мекунад ва ишқҳои рангиву ҳавасро маззамат мекунад.
Хар ки ба ҷуз ошиқон моҳии бе об дон,
Мурдаву пажмурда аст гар чӣ бувад ӯ вазир.

Фарзона бо ишора ба ҳамин маъно ишқҳоеро, ки толиби ҳавасанд қабул намекунад ва роҳи расидан ба ҳазрати Дӯстро танҳо дар ишқ ба суи Ў мебинад:
Эй ки ком мехоҳӣ, пас наӣ, наӣ ошиқ.
Ишқ чист ошиқро ҷуз нишоти раббонӣ.
Пои фикри ман доим ботаҳорат аст, аммо
Мекунад ба сӯи ту рафтуои пинҳонӣ.

Мавлоно ҳам монанди Афлотун ишқро ба зебоӣ медонад. Ишқ бояд ба тамоми анвои зебоӣ дар ин чаҳон ҳассос бошад. Мавлоно мегӯяд дар мазҳаби ӯ нигаристан ба ин китобу он китоб барои шинохти Худо кори беҳуда аст, барои шинохти Худованд бояд ба зебоии Худованд нигарист;
Ошиқонро шуд мударрис ҳусни дӯст,
Дафтару дарсу сабкашон руи ӯст.

Фарзона низ мегӯяд:
Дар раҳи маҷозу асл ҷустуҷўи худ кардем,
Ҳар касе Худоро ёфт, оқибат ҳам Инсон шуд.
То расид пайки ту, эй зи ишқ зеботар,
Қалби субҳхоҳи ман боз субҳагардон шуд.
Сурдаҳои Фарзона монанди сурудаҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно ва дигар шоирони ориф забони ҳол ҳастанд.
Пайдост ки шеъри базъе аз шоирон ҳанӯз дар замони буданашон мемирад ва шеъри бархе аз эҳтиром ва арзиши воло бархурдоранд. Шеъри Фарзона монанди ашъори мондагори Мавлоно абадист ва дар сафҳаҳои таърих қарнҳои қарн хоҳад монд.
Мусаллам аст, ки шеъри ошиқона аз роиҷтарин гунаи шеър дар миёни сарояндагони шеър аст. Хонандагон низ шеърҳои лирикиро дӯст медоранд бо тароватҳо ва иброзҳо, розҳо ва зарофатҳо ва бо баёни сода ва самимияти хосаш. Аксари ғазалҳои дилнишини Мавлоно ҳамин гунаанд ва ин вижагиро Фарзона низ комилан дар ихтиёр дорад;
Эй мухотаби аслӣ, узр неҳ, ки мегуфтам,
Шеърҳои ишқиро номаҳои беунвон.
Ишқ, ишқи бигзашта дар дилам ҳамоно монд,
Доғи аз ҳама пайдо, дарди аз ҳама пинҳон.
Ба назари Нимо Юшич шоир касест, ки битавонад “як матлаби оддӣ” ба гуши ҳама кас расидаро қавитар аз он андозаи қувват ки ҳаст ба дигарон иблоғ кунад, агар натавонад масъалаеро собит ё рад кунад шоир нест”.
Фарзона ҳам монанди Мавлоно ҳар он чизе, ки мегӯяд зебо ва шоирона аст;
Бар сардии ҳаво натавон ин гуноҳ баст,
Аз сардии муомилаҳо пир мешавем.
Моро, ки ҳаст робита бо ишқ, зиндаем,
Бо мурдани мубодилаҳо пир мешавем.
Медонем, ки табиат дар падид овардани андешаҳои шоирона ва орифона таъсири фаровон дорад, зеро ки шоир бо табиат ҳамхуӣ ва ҳӯии зиёде дорад ва бояд онро бишносад.Чунон ки авлиё ва паёмбарон кардаанд. Аз ин рӯ шоир бояд ҳамеша пазирои табиат ва мавҷудоте бошад, ки бо онҳо зиндагӣ мекунад.
Мавқеъпазирии ҷирмҳои осмониву наботот ва истифодаи онҳо дар осори Мавлоно бисёр назаррас мебошад. Мавлоно дар осори хеш аз мавчудияти чирмҳои осмонӣ, наботот ва кайҳон ба тафсил сухан мегуяд ва ин андешаро Салими Хатлонӣ ҳам дар таҳқиқи худ ёдрас шудааст.
Хин, машав навмед, нур, аз осмон,
Хақ чу хоҳад, мерасад дар як замон.
Сад асар дар конҳо аз ахтарон,
Мерасонад қудраташ дар ҳар замон.
Зоҳири он ахтарон қаввоми мо,
Ботини мо гашта қаввоми само.
Мушоҳида мекунем, ки Фарзона низ нисбат ба шоирони ҳамзамони хеш ба табиат ва набобот бештар майл дорад, пазирои табиат аст ва мавҷудоти табиатро дӯст медорад ва масъалаҳои марбут ба табиату наботро дар осораш ба касрат истифода мекунад;
Ҳанӯз равзанаи ман ба боғи гул боз аст,
Ҳанӯз шаршара бо шаршара ҳамовоз аст.
Шоир ҳамонест, ки зиштиҳо ва зебоиҳоро дар назарҳои мо беҳтар ва дурустар ҷилва диҳад. Шеър маҳсули алоқаҳо, муҳаббатҳо ва баёнгари ранҷҳои руҳӣ ва оромбахши фикри инсонҳост. Мусалламан шеър қудрате бояд дошта бошад, ки дили пирро ҷавон бикунад ва қалбҳои ноумедро умедвор ва чароғи умеду орзуро дар дилҳои инсон барафрӯзад. Фарзона низ аз сарзамини ишқу сулҳ бо ҳамин чароғи Мавлоно омадааст то башарро ба суи фардои рушан ҳидоят намояд;
Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман,
Ишқ аст миллати ман, аслу ҷибиллати ман.
Чун номи ман ба номат дар осмон рақам шуд,
Бо туст сабз дар сабз милоду реҳлати ман.
Эй зишт бо ту зебо, эй дина бо ту фардо,
Танҳо ту метавонӣ ислоҳи иллати ман.
Чун ишқи Эзид омад, сад ишқи зид фурӯ рафт,
Иззат шуду шараф шуд хориву зиллати ман.
Эй ишқ, кӯҳнагиям чун бо навият омехт,
То растухез кардӣ тамдиди мӯҳлати ман.
Ба бовари Виктор Ҳюго “Ҳеч занҷир ва ҳеч тааҳуде пойи шоири комилро ба банд намекашад. Ў дар ақоид, афкор, аъмол ва викунишҳояш озод аст. Озод аст, ки бо коргарон дилсӯз ва меҳрубон бошад ва аз ситампешагон мутанафир, озод аст ба хидматгузорон ишқ варзад ва ба онон ки ранҷ мебаранд раҳму шафқат орад, озод аст, ки тасаллибахши бенавоён ва марҳаме бар захми дардмандон бошад, озод аст, ки дар муқобили тамоми афроди фидокоре, ки меситояд, зону занад”.
Ин баҳоро метавон ба Мавлоно ва Фарзона дод, ки бешак, аз зумраи шоирони комиланд, ки ба дурусти побанди ҳеч гуна занчираҳо ва тааълуқоти замон нестанд. Фарзона руҳи латифу инсондустонае монанди Мавлоно дорад, ки пайваста тариқи шеъраш, паёми адлу инсоф, ишқу муҳаббатро ба гӯши инсонҳо мерасонад ва ба инсонҳо ба масобаи як инсони комил ишқ меварзад.

Фирдавси Аъзам

ҶОИЗАИ РОССИЯ БА АДИБИ ТОҶИК

shohmirzo

Чанде кабл Кумитаи ҷоизадиҳии ба номи Лермонтови Россия ба ифтихори 70- солагии нависанда ва шоири ингуш Саид Чахкиев нависанда ва адиби тоҷик Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммадро барои китобҳои “Гаҳвораи заррин” ва “Боғи сабзи падар” бо нишони ҷашнӣ қадрдонӣ намуд.
Хамасола ин ниҳод адибони ҷамоҳири собиқ шӯравиро барои тарғибу ташвиқи осори манзум ва мансури адабиёти кишварашон ба арсаи ҷаҳонӣ бо нишон ва шаҳодатнома тақдир мекунад.
“Гахвораи заррин”-и Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад асари дар заминаи мардумшиносӣ таьлифнамудаи муаллиф мебошад, ки асотире аз устураи кӯҳистон аст ва аз тарафи мутахассисони ин ниҳод баҳои баланд гирифтааст.
Шоистаи зикр аст, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои китоби «Ахтари зулматсӯз» ва ҳамчунин асари этнографии «Сурмаи дил» соли 2011 низ аз тарафи Академияи Кафкоз бо ду нишони ин ниҳоди муътабар -Ҷоизаи Лермонтов ва 200-солагии пайвастани Кафкоз ба Русия сарфароз шудааст. Ёдовар мешавем, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бештар дар мавзуъоти фарҳангию иҷтимоӣ менависад ва низ тасвири зиндагии шахсиятҳои шоистаи кишвар аз бахшҳои дигари эҷодиёти ӯст.

Сурайё Хакимова

Фирдавси Аъзам

ОЗОДИИ СУХАНРО БИШНОСЕМ!

Озодии сухан ианҳо ба калимаи «озодӣ» маънӣ надорад, балки бештар дар чигунаии «сухан» мақом пайдо мекунад. Дарки ин матлаб муҳим ба назар мерасад. Он андешае, ки Ситсерон баён намудааст: «Хоҳӣ, ки озод бошӣ ғуломи қонун бош» ҳарфи бисёр мантиқӣ ва бамавриде ҳаст, ки дар аксари маврид мо онро дигаргуна тавзеҳ медиҳем. Аслан ин матлаби Сетсерон як нав тамасхуре аст, ки нисбат ба чомеа баён медорад. Яъне ў бо ин сухан таъкид медорад ва ба ҳоли хуқуқношиносон механдад, ки агар ту озод будан хоҳӣ (озодӣ дар ин маврид ба дигар маънӣ омада-аз ҳама имтиёз манфиатдор будан, соҳибмансаб ва соҳибмақом будан) Сетсерн гуфтанӣ, ки хоҳӣ ҳамин гуна озод бошӣ ба қонунҳое, ки гурўҳе мураттаб менамояд, итоат кун ва ба гуфтаҳои эшон ғулом бош. Ин андешаи тамасхуромез ва ҳузновар ба озодии сухан ва озодии воқеии кулли чомеа иртибот надорад.

Дар мавриди озодии сухан ва шинохту дарки он миёни аҳли илм ва ҷомеа назароти мухталифе ҷой доранд. Дар журналистикаи имрўзи тоҷик шинохти мафҳуми озодии сухан ва дарки воқеъии он ба чанд нукта бармехўрад, ки дар ин бора навиштан аз аҳамият холӣ нест. Қонун озодии суханро кафолат медиҳад ва мавқеи онро дар ҷомеъа устувор медонад, аммо ба назар мерасад, ки риоя ва таъмини он дар чомеа он қадар чашмрас нест. Агар фарз бикунем, ки озодии сухан дар ҷомеаи Тоҷикистон сарнавишти хуб дорад, пас чаро созмонҳои байналмилали Тоҷикистонро аз назари мавҷудияти озодии сухан миёни 197 кишвар дар ҷои 171-ум ҷой додаанд. Ин чо саволе ба миён меояд, ки масъулони созмонҳои байналмилалӣ зимни муайян намудани вазъи озодии сухан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кадом меъёрҳоро ҳамчун маҳак дар назар доштаанд?
Озодии сухан ва шинохти озодии чомеа дар ифодаи ақоид ва андеша аз муҳимтарин мавзуъҳо маҳсуб меёбад. Дар моддаи 30 Қонуни асосии Точикистон оид ба озодии сухан чунин омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Дар ин бора дар моддаи 19-уми Эломияи Умумии Ҳуқуқи башар низ омадааст: «Ҳар инсон ба озодии ақида ва изҳори озодонаи он ҳақ дорад; Ин ҳуқуқ-озодии доштани ақидаҳо, бидуни ҳеч монеа, озодии чустучў кардан, дарёфтан ва густариши иттилооту ақидаҳо аз тариқи ҳар васила ва новобаста аз марзҳои давлатиро фаро мегирад».
Агар ин Қонунҳоро ба назар бигирем маълум мешавад, ки чойгоҳи озодии сухан ва мақоми он дар чомеа хеле баланд буда, ҳатто дар қонунгузорӣ имтиёзи бештарро соҳиб мебошад. Дар ин бора андешаи баъзе аз муҳаққиқон низ перумони вазъи озодии сухан дар замони истиқлол ифодагари ҳамин маънӣ аст. Чунончи муҳақиқ Пайванд Гулмуродзода мегўяд: Созмонҳои байналмилалӣ дар ақидаанд, ки Точикистон дар байни чамоҳири собиқ шўрави барои чиҳати фароҳам овардани фаъолияти расонаҳои озоду мустақил заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Агар ин матлаби муҳаққиқро баррасӣ намоем маълум мешавад, ки мавсуф ин андешаро дар мавриди таъсиси ВАО ба назар доштааст. Дар идомаи сухан чунин менигорад: «Дар баробари нашрияҳои расмӣ ба табъ расидани нашрияҳои ҳизбӣ, хусусӣ, инфиродӣ, телевизион ва радиоҳои расмӣ ва мустақил, очонсиҳои давлативу хусусӣ озодона фаъолият менамоянд». Маълум аст, ки фаъолияти рўзафзуни ВАО ҳоло озодии комили суханро надорад ва ин рўйдод наметавонад озодии суханро дар чомеа таъмин намояд. Пас саволе ба миён меояд, озодии суханро дар чомеа ба кадом меъёрҳо бояд муайян намуд?
Бояд афзуд, ки бидуни истиқлолияти моддӣ ва шароити муфиди кори наметавон барои густриши озодии сухан заминаи мусоиде фароҳам овард. Журналистро лозим аст, ки барои ба озодии сухан ноил гардидан заминаҳои муҳимро ба назар гирад ва дар ин самт пайваста иштиғол варзад.
Аммо, таъмини озодии сухан бештар ба муҳити сиёсӣ ва вазъи иқтисодӣ низ вобастагӣ дорад, ки бе назардошти ин соҳот журналист наметавонад барои баёни афкори озод ва изҳороти ошкор саҳм бигирад. Озодии суханро дар чомеъаи Точикистон ба маъниҳои мухталиф метавон фаҳмид, яъне озодии сухан дар он вақт ба кор бурда мешавад, ки маводи журналист мухолифи сиёсати синфи ҳукмрон ва ё дар маззамати ашхоси сиёсӣ набошад. Ин ҳақиқти бебаҳс аст, ки дар баъзе аз нашрияҳо низ таъкид мегарданд. Ҳамчунин оид ба вазъи озодии сухан дар кишвар мулоҳизоти мухталифи аҳли илму сиёсат дарч гардидаанд, ки ба назаргирии онон матлаби болоро тасдиқ мекунанд.
Озодии суханро барои табақаи поёнии чомеа метавон мавриди истифода қарор дод, яъне маводу матолиби ошкори журналист барои танқид ва ё мазаммати баъзе аз афроди мансуб ба табақаи пастӣ чомеъа истифода мешавад. Ва ин ҳол аз чониби аҳли сиёсат чонибдорӣ мегардад, ки гўё ҳамагон ба таъмини озодии сухан саҳмдор бошанд. Аммо дар мавриди дигар ин масъала дигаргуна сурат мегирад, ки акси ин ҳол мебршад. Масалан агар ин ё он сиёсатмадори дар мақоми баланд буда чинояте содир кунад, маълумот дар бораи он аксаран пинҳон мемонад ва ё аксари журналистон ҳарчанд иттилоотеро дар бораи амалҳои номатлуби аҳли мансаб донанд, ҳам аз тарси фишору тазйиқ наметавонанд ошкор созанд. Дар ин вазъият аз озодии сухан наметавон ҳарф зад, зеро бо тақозои муҳит дар аксари маврид мавқеи он ба таври комил сарфи назар мешавад. Аз ин рў баёни андешаи озод ва ё озодии сухан ба гурўҳи муайяни чомеъа мутааллиқ мебошад. Албатта ин матлабҳо далелҳои қотеъ мехоҳанд, аммо ҳадафи навиштаи мо ба исбот расонидани ин нукот, нест балки, назаротеанд, ки ба таври умумӣ доир ба вазъи озодии сухан дар чомеаи имрўз баён мешаванд. Бо вучуди ин, ба андешаи дабири кулли Шўро оид ба ВАО ҶТ Хочаев Х., «журналистони точик нисбат ба хамкорони туркман, ўзбек ва ҳатто қазоқи худ нисбатан озоданд». Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро нисбатан? Чаро комилан не?
Озодии суханро агар ба таври мухталиф арзёбӣ кунем ба посухе мерасем, ки ин мафҳум дар чомеаи имрўз ҳам амал мекунад яъне вучуд дорад ҳам мавқеву рисолати худро дар баъзе маворид аз даст медиҳад, ки ин вобаста ба муҳити сиёси мебошад. Ин матлабро метавон чунин шарҳ дод, агар дар бораи ашхосе, ки ҳукумати имрўза хуш надорад, ҳар гуна матлаб нашр мегардад ва перомуни он ҳар кассе чи ақидае дорад метавонад баён созад. Дар ҳамин маврид матолиби моддаи 30-юми Сарқонун риоя мешавад. Агар дар бораи сиёсадмадороне, ки мақоми баланди давлати доранду дасти дароз, на ҳамеша маводи қобили тавҷҷуҳ ва ё баҳои мунсифона ба нашр мерасанд, ки сабабҳои муайяну номуайяни худро доранд. Дигар аз масоили муҳим роҷе ба озодии сухан ин аст, ки дар ҷомеае, ки ҳукумат қудратманд аст озодии сухан наметавонад ба таври дилхоҳ рушд кунад.
Дар мачмўъ метавон афзуд, ки озодии сухан ҳамчун истилоҳ ва мафҳуми чамъиятӣ вучуд дорад ва дар сари забонҳову навиштаҳои мухталиф истифодаи фаровонеро низ соҳиб аст. Аммо ҳамчун як чузъи журналистика ва таъминкунандаи ҳуқуқи комили афроди чомеъа на ҳамеша муаассир аст, яъне ба шакли дигар андеша намоем, озодии суханро бояд ба таври васеъ фаҳмид, агар ин мафҳумро дар маънии ба таври ошкоро гуфтани матлаб ва озодона баён намудани хосторҳои фикрӣ фаҳмем чи гуна чараён гирифтани он аз муҳити сиёси вобаста аст. Агар мафҳуми мазкурро дар маънии нуфузи Васоити ахбори омма ва нашри матолиби тавсифӣ донем маълум мешавад, ки озодии сухан ба чуз густариши ВАО дар таъсисёбӣ дигар чизе нест . Дар ин бора андешаҳои арзишманди баъзе аз журналистони равшанфикр қобили мулоҳиза аст. Чунончи рўзноманигор ва нависандаи хушсалиқаи тоҷик Бобоҷон Икромов дар мавриди озодии сухан чунин изҳори назар менамояд:
«Озодии сухан яке аз рукнҳои асосии бунёди ҷомеъаи шаҳрванди аст. Озодии сухан вобаста аст ба замимаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимої, аст ки дар ҳоли ҳозир иқтисоди мо дар ҳоли гузариш аст. Яке аз фишангҳои озодии сухан баробари ВАО-и давлати ин ВАО-и гайридавлатӣ аст. Агар ВАО-и гайридавлатї ба бўҳрони иктисодӣ гирифтор шуда бошад, чи гуна метавонад аз озодии сухан ҳарф зад? Дар холе, ки мо дар бўҳрони иктисодӣ гирифторем. ВАО-и ғайридавлатӣ на ба пешравӣ балки ба сўи инқироз аст. Пас чи гуна метавонад аз озодии сухан гап зад. Ҳамчунин замимаҳои сиёсии имрўзаи мо ба таҳкими озодии сухан мусоидат намекунад, ки ин аз изҳороти ҳизбҳо маълум аст. Вазъияти иҷтимої, нагирифтани музди дилхоҳ метавонад майдони озодии суханро танг созад.
Агар мо солҳои 90-94 гирем озодии сухан, озодии матбуот бисёр васеъ буд як боди озоди дар ҳамон солҳо вазида буд, ки аз матбуоти ҳамон сол метавонем хулоса кунем.
Агар озодии сухан ҳар қадар васеъ шавад ҳукумат ҳамон қадар муқтадир мешавад. Яке аз шартҳои асосии мубориза алайҳи фасод ин озодии сухан аст.Таъмини озодии сухан ин аз байн бурдани фасод дар ҷомеъа аст. Дар солҳои 92 гирем ҷаласаи парламет бо тариқи ошкоро аз телевизион нишон медод, ки ҳамагон аз фаъоллияти онҳо бохабар мешуданд, ин ҳам таъмингари озодии сухан буд».
Журналисти дигар Абдуқаюми Қаюмзод мегуяд: -«Агар мо озодии суханро бо озодии баёни Ўзбекистон ё Туркманистон муқоиса кунем дар Тоҷикистон нисбатан матбуот озод аст. Вале муқоиса бо Қирғизистон ё ин ки Қазоқистон , мо дар сатҳи хеле поён қарор дорем. Агар мо озодии баёнро дар қиёс бо оғози замони истиқлолият арзёби кунем, озодии баён хеле заиф ва хеле камранг аст. Озодии баён дар муқобили чӣ бояд ба назар рассад? Яъне , дар муқобили мардум,шоиру нависанда, ё ин ки ҳукумат? Озодии баён ҳамеша дар баробари мешавад, ки то чӣ ҳад фаъолияти ҳукумат дар матбуот инъикос меёбад ва то чӣ ҳад ҳукумат дар мавриди арзёбиаш дар матбуот таҳаммул мекунад. Мутаассифона, дар матбуоти Тоҷикистон гузоришу матолиб дар мавриди фаъолияти ҳукумат, бахусус фаъолияти роҳбарони сатҳи болоии Ҳукумати Тоҷикистон риоя намешавад…»
Ҳамин тавр, аксари мулоҳизоти андешамандони соҳаи ВАО перомуни озодии сухан аз назари мазмун ва мундариҷа ифодари як маъно буда, дар маҷмўъ вазъи воқеии озодии суханро дар Тоҷикистон ба намоиш меоваранд.

Исфандиёр Ҳаитов-
донишчўи соли сеюми
бахши рўзноманигорӣ

Махсус барои сомонаи “Ахтари зулматсуз”