Featured

НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН


Субҳони Аъзамзод, Сурайё Ҳакимова

Чанде пеш дар Интишороти «Орван»-и Теҳрон нахустин маҷмӯаи достонҳо (ҳикояҳо)-и шоир ва нависандаи тоҷик Фирдавси Аъзам бо номи «Навҳаи доркӯб» мунташир шуд.
Аҳли хушзавқи мутолиаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоири нағз мешинохтанд, аммо бо ин асари мансур олами завқу қареҳаи хуби нависандагии ӯ низ ошкор шуд. Бо мутолиаи чанде аз ҳикоёти ин китоб чигунагии арзу тӯли андеша ва афкори мумтози шоир дар қолаби наср қобили дарк ва ташхис аст.
Китоби аввалини нависандаи ҷавон аз шаш достони хонданӣ – «Сафар», «Тоблу», «Ҷудоӣ», «Рақси кабӯтар», «Навҳаи доркӯб» ва «Афсонаи гунҷишкҳо» фароҳам омада ва дар онҳо зуҳуроти мубрами рӯзгори мо аз диди як нафар эҷодгари кунҷков хеле хуб ва назаррас бозгӯ шудааст. Нависандаи саршиноси тоҷик Қодири Рустам дар пешгуфтори китоб қайд карда, ки «дар аввалин маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунон ки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби вожаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад».

Continue reading “НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН”

НАМО ВА НУМӯИ САБКИ ЗУЛОЛ

Аз он рӯзе, ки шеъри Зулол ба олами адабиёти муосири форсӣ ворид шуд чанд мудат гузашт. Сабки шеъри Зулол дар арсаи адабиёт ҳаводорони  худро пайдо кард ва пайравонашро низ. Имрӯз бармало аст, ки шоирони порсигӯ аз мамолики Эрону Афғонистон, Тоҷикистон, Озорбойҷон, Арабистон ва соири давлатҳо дар ин сабк эҷод мекунанд.

Ҳамчунин бояд ёдрас шуд, ки моҷарои Зулол ҳам дар ин фурсат ба пеш омад ва чунин даъво низ ба миён гузошта шуд, ки сабки шеъри Зулол дархури адабиёти муоиср  шуда наметавонад ва агар қобили қабул ҳаст чизе беш аз қолаби тоза нест.

Воқеан, сабки зулол бо баробари дар ҷаҳони адабиёт зуҳур карданаш аз ҷониби бештари муҳаққиқони  Эрон мавриди интиқоди  шадид қарор гирифт. Ва яке аз мухолифон  бар ин сабк  шоир ва мунаққиди эронӣ Сайидсулаймонпури Урумӣ буд, ки зимни як нақди шадид сабки навзуҳуркардаи зулолро дар “Сомонаи шоирони порсизабон” қобили қабул надонист ва андешаҳо ва қавоиди бар ин сабк ихтисосёфтаро лағв кард. Ин шоири эронӣ иддао дорад, ки ҳудудан бисту чанд сол пеш ин ибтикор тавассути  шоире ба номи Муҳаммади Фардин (1315–1389 ҳиҷрӣ) дар бархе анҷуманҳои адабӣ матраҳ шуда аст, ки гуё баъдан тавзеҳоти фаннияшро дар китобе бо номи “Оҳанги ишқи пуё” мунташир сохтааст. Муҳаққиқ Урумӣ ин қолабро як сабки ҷадид нахонда иддао дорад, ки қолаберо, ки Абулфазли Додо “Зулол” номидааст, аз тарафи Муҳаммади Фардин бо номи “Оҳанг” қаблан суруда шуда буд.

  Саидсулаймонпур таъкид бар он дорад, ки «ҳар қоалби қадимӣ ё ҷадид, ки мӯҳтавои заиф ва такрориро дар забони заиф ироа диҳад роҳ ба ҷое намебарад». Комилан дурст аст. Новобастa аз он ки дар кадом қолаб шеър эҷод мешавад, ғазал, қасида, рубоӣ, шеъри сапед ва нимоӣ, ҳамзамон зулол  агар мӯҳтавои ғанӣ ва забони нобу олӣ  надошта бошад,  ҳеҷ гоҳ раҳ ба дили хонанда намеёбад ва дархури ниёзҳояш низ наметавонад бошад. Он баҳсе, ки дар ибтидо перомуни ҳамчун сабки тозаи адабиёт пазируфта шудан ва ё нашудани шеъри зулол ба миён омад муҳаққиқинро ба ду гурӯҳ мушаххас кард, ин ҳам  мувофиқон ва мухолифони сабки ҷадид буданд. Мухолифони чун сабки тозаи адабиёти пазируфта шудани шеъри Зулол баронанд, ки Зулол дар хушбинонатарин ҳолат идао як қолб аст на  эҷоди як сабк.

Ва аммо мувофиқон умеду бовар бар ояндаи неки Зулол доранд дар пазиро ва омӯзиши ин сабки тозаанд. Минҷумла бунёдгузори сабки ҷаҳонии “Зулол” Абулфазли Додо бар ин нақди усулии ҷаноби Сасидсулаймонпур посух навишта ва дурустию саҳеҳии ин сабкро бо истидлолҳои илмӣ ба исбот расонд Додо мӯътақид аст, ки  “Агар дар ҷаҳон сабки адабие ироа шавад, ки бештар аз се нафар (донишмандон) амалан аз он сабк ҳимоят кунанд, пас он сабки муваффақ аст”

Додо қайд мекунад, ки  аз таваллуди чунин як сабки ҷадид ифтихор бояд кард ва  набояд ба он мухолифат кард.

Имрӯз теъдоди зулолсароён ва шумори он шоироне, ки бар ин сабк шеьр менависанд ҳар лаҳза дар ҳоли афзоиш аст  ва ба тадриҷ зулолсароёни афғонию эронию тоҷик дар ҳоли зуҳур карданаст. Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 200 нафар бо ин сабк шеър месароянд.  Абулфазли Додо Билвердӣ, Марзия Хадир, Яздон Салоҳӣ, Маҳди Гурони Уримӣ, Тоҳира (Митро) Араб, Мухаммадрасули Бовандпур, Алиризо Азимӣ, Масъуди Ҷаъфарзода, Гита Тоҷпахш, Муҳаммади Ҷаҳонгирӣ, Сайид Сайиди Миртолибӣ, Беҳзоди Чаҳортангӣ, Марзия Авҷӣ,  Маҳди Юсуфинажод (Луливаш), Ҳамид Ҳамидзода (Эрон), Сайид Мустафои Сойис , Фахими Орин, Карим Ҳайдарзода (Солик ), Сайидзоҳири Муссавӣ (Афғонистон),  Аъзами Хуҷаста, Забеуллоҳи Сафо,  Зафар Суфии Фарғонӣ, Абдулвоҳиди Зевар, Фирдавси Аъзам, Андар Хуросонӣ, Икроми Пулодӣ  Фарзонаи Зарафшони шоироне ҳастанд, ки  сабки ҷадидро хуш пазируфтанд ва бо камоли ҳунарварӣ зулолҳои ноб эҷод мекунанд.

Пас, ин ду сол ба Зулол чӣ дод ва ба мувофиқону муқобилонаш барои будан ва ё набуданаш чун сабки шеърӣ чӣ далоиле ба бор овард?

Мехоҳем инҷо танҳо ба як иддао такя бикунем ва ба ин пурсиш посух биҷӯем, ки оё сабки Зулол метавонад мӯҳтаво ва забони ноб дошта бошад, яъне хешро аз чунин хулосаҳо, ки «ҳар қоалби қадимӣ  ё ҷадид, ки мӯҳтавои заиф ва такрориро дар забони заиф ироа диҳад роҳ ба ҷои намебарад»-дифоъ кунад.

Бо ҷустуҷӯ дар ин маврид таваҷҷӯҳ намудем ба ашъори чанд  зулолгуёни  Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон.

Аксари аҳли таҳқиқ бар ин назаранд, ки шеъри нав аз шеъри суннатӣ, ки имрӯз дар адабиёти муосир чун сабкҳои маъмулии шеърӣ шинохта шудааст бо мухтассоти забонӣ, фикрӣ ва адабии хеш тафовут дорад. Сабки зулол чӣ?

Мувофиқон ва зулолсароён хасоиси куллии  сабки ҷадид «Зулол»-ро бад-ин гуна мешиносанд ва чунин таъриф кардаанд: «Шеърест,  бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври мусовӣ аз кам шурӯъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои ду навъ (арӯз ва озод) аст, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хоса доранд. Ба таври кулли «Зулол»-ро  ба чаҳор навъ тақсим кардаанд, ки а) Зулоли арӯзи қофиядор, б) Зулоли арӯзи бидуни қофия, в) Зулоли озод, г) Зулоли пайваста аз шумори онҳост.

Зулолшиносон таъкид бар он доранд, ки дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии Зулол муроот мешавад, лекин  байни ҳам  тафовут  доранд ва ин фарқиятҳоро бадин гуна шарҳ додаанд.

-дар зулоли арӯзи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузӣ пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бадин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд.

-дар зулоли арӯзи бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзи пеш меравад, аммо шоир муқайад ба қофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду се сатр ба унвони орояи адабӣ ҷиҳати зебоӣ ба кор бубарад.

-дар зулоли озод аз оҳанги равони арӯзи барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам даркор нест.

 -дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд. Ба иборате, агар дар як мавзуе ду ё чанд зулол дар як навъ таърифшударо зери ҳам карор диҳем, ба он зулоли пайваста мегуянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо ҷуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷоӣ буда, ин худ се навъ мебошад:

а) зулоли пайвастаи арӯзи қофиядор

б) зулоли пайвастаи арузи бидуни қофия

в) зулоли пайвастаи озод

Ин  муҳимтарин вижагиҳоест, ки бояд шоири зулолгӯ   дар эҷоди Зулол риоя  бикунад.

Шоирони зулолгӯ талош доранд, ки ин сабки тоза дар адабиёти муосир асолати воқеии шеърро ба ҷо оварда тавонад. Ва пайравони ин сабки шеърӣ новобаста аз баҳсҳои аҳли назар  дар ин сабки нав эҷод мекунанд ва аксаран зебо ҳам эҷод кардаанд. Чунончи шоири тоҷик Беҳрӯзи Забеуллоҳ мегӯяд:

Зулолро дуруд

Хурӯши чашмаи гулобро дуруд

Фурӯғи шеьри ошиқони офтобро дуруд

Камоли маьниву фасоҳату балоғати сухан турост

Ба шеьри шоири замона-инқилобро дуруд

Зулоли сода, бениқобро дуруд

Зулоли нобро дуруд

Ҷанбаҳои ҳунариву вижагиҳои сабкии шеъри Зулол ва бурду бохтҳояш дар  давоми ду соли ҳастӣ дар арсаи адбиёти порсӣ таваҷҷӯҳи моро бештар ба худ кашид.

Омӯзиши мо низ дар қадами муқаддамотӣ буд барои шинохти воқеии ин сабк ва ҷустуҷӯи зебоиҳову  маҳорати ҳунарии шоирон.

Додо  Белевердӣ қайд мекунад, ки  шеъре, ки Зулол бошад, аз дур мушаххас аст ва маълум мешавад, ки на аз сабкҳои клоссик аст ва на нав. Ин аз он аст, ки шеьри Зулол дорои навиштори хос, баёну забони хос ва дорои ритми мусиқиёии хос ва мунҳасир ба фард мебошад.  Ба иддаои ин шоири эронӣ «он чӣ зулолро аз дигар шеърҳои муосир ҷудо мекунад доштани қолаби беназир ва қонунманд будани он аст ва  ҳатто баррасии қолабаш аз сохтори берунӣ ва назм низ аз дигар шеърҳо фарқ мекунад.  Бинобар ин шеъри Зулол наметавонад зермаҷмӯъаи сабкҳои дигар қарор гирад. Ва сабке ҳаст комил ва таърифшуда»  (чашмаи зулол)

Пас шоирони зулолнавис аз ин сабке,  ки  забони хос ва навиштори вижаро тақозо дорад чигуна ҳунарварӣ намудаанд. Дар ин пажӯҳиши шогирдонаи хеш бештар дунболи ҳамин пурсиш будем, ки  « Зулол дар арсаи адабиёти имрӯз чӣ дастовардеро ба пай овард ва чӣ кам дошт? »

Имрӯзҳо зулолҳои Абулфазли Додо Билвердӣ аз намунаи беҳтарин ин сабки тоза шинохта шудааст. Шоири тозагӯ дар зулоли  «Fарибтар биҷӯш» чунин таасовири маъниро  бо андешаҳои шоирона ба қалам мекашад ва мегӯяд:

Ситора шав

Ба шеърам истиора шав

Каме зи пардаи киноя дур бош

Ба ёдам, эй дили шикаста чун ҳазорпора шав

Гузори губтаҳои хурд ба зери абрувонат обшорҳо

Лаболаб ошиқона бош, аз ин хаёли вожгун ба авҷҳо савора шав

Fарибтар биҷӯш, то музоб санги ҷӯшро равона кун

Fарибтар бисӯз, то шаби башар шарора шав

Ва боз кун даҳони сарди боғро

Барои лола чора шав

Баҳора шав

 Дар  ин зулол нахустин падидае, ки хонандаро мутаваҷҷеҳ  мекунад мусиқияти калом аст, ки дар натиҷаи риояти қавонини сабкӣ  ироа шудааст. Ҳамин мусиқият хонандаро ба сӯи маънии  шеър мекашад ва ба василаи шакли зоҳирӣ хонанда ба шакли зеҳнии навиштор таваҷҷӯҳ мекунад. Ошноии хуб бо қавонини сабкӣ ва мусиқияти калом, ки шоир бо он хуб мусаллаҳ аст, аз интихоби вожаҳо дар зулоли фавқ бармалоъ аст. Метавон гуфт, ҳуруфи «Ш» занҷираи пайвасткунандаи савтияти ин Зулол аст.

Мусаллам аст, ки бадеияти шеър, ҷанбаъҳои ҳунарии он – сабки бадеӣ, қонуниятҳои жанрӣ, ритму  оҳанг, образнокии сухани бадеӣ аст. Таҳқиқу баррасии ҷанбаъҳои ҳунарии шеъри Зулол ковишҳои амиқу дақиқро тақозо дорад, зеро он ба асоси рушду такомули  Зулол ба нерӯманд шудани ҷанбаъҳои ҳунарии шеър тавъам мебошанд. Зимнан бояд гуфт, ки офариниши шеър танҳо мазмуни олӣ кифоят намекунад ва гарчанде асоси шеър маънӣ аст, баёни зебову муассири мӯҳтаво зарурати шеърист. Ин зарурати шеърӣ пеш аз ҳама тасвири хаёл ва забони шеър аст. Албатта, таваҷҷӯҳ ба бадеияти шеър дар адабиётшиносии  муосир бесобиқа набуд ва ин ҳунар аз адабиёти чандҳазорсолаи мо об мехӯрад.

Ва сабки тозаэҷоди  зулол  низ аз ин ҷанбаъ шодоб аст, дар ин зулол  Дода  Белевердӣ, ин корбурди ҳунариро густариш дода, маънии бикрро дар тасвири ноб ғуҷоиш медиҳад ва мегӯяд: «Гузори губтаҳои хурд ба зери абрувонат обшорҳо; Лаболаб ошиқона бош, аз ин хаёли вожгун ба авҷҳо савора шав». Ба ин василаи тасвир хонанда аз гузори губтаҳо и тасвири шоир лаболаб ошиқона мешавад, ки ҳадафои воқеии шоирам аз тараннуми ин зулол дар  баҳорона намудани аторофиён аст. Таркибҳои воқеан шоиронаи «Гузори губтаҳои хурд», «ба зери абрувонат обшорҳо»,  «даҳони сарди боғ», «Барои лола чора шав» дар таъмини бадеияти суруда саҳми бориз доранд.

Риояти мушаххасоти сабкӣ барои баёни мӯҳтаво ва ба корбурди ҳунармандона аз васоили тасвирсоз- санъантҳои бадеӣ халале эҷод накарсдааст. Яъне, мӯҳтаво  дар қафаси қолаб зиндонӣ нест, бал созиши зебои шакли зеҳнӣ ва зоҳирии суруда эҳсос мешавад.

Дар зулолие дигаре, ба унвони  «Хакро бичин» (зулоли арузи пайвастаи қофиядор) Додо хеле шоирона мегӯяд:

Эй боғбон

Бархез аз хоби гарон

Об аз гулуи наҳр мерезад ба чоҳ

Раҳме барои ғунчаҳои ошиқи ширинзабон

Инак ту бели ишкро бар даст гир

Бозуи дил кун имтиҳон

Бархез, хон!

 Дар ин зулол бар иловаи он ки шоир мушахассоти сабкиву адабиро риоят намудааст ба баррасии мавзуи иҷтимоъ мепардозад ва хулосаҳои хешро  шоирона бозгӯ мешавад. «Бозуи дил кун имтиҳон; Бархез, хон!» «бели ишқ», «бозуи дил» тасвриҳои тозаву нобанд ва таъмингари поэтикаи мудерн.

Зимнан  нақди  зулолои  зулолсароёни се кишвари ҳамзабон моро барон андеша наздик бурд, ки иддаои баъзе аз мунаққидон «ки дар чунин нигоштаҳо умумигӯӣ, сухани содда зиёд буда, онҳо замони муайян надоранд ва шоироне, ки дар ин  қолаб эҷод мекунанд, суханваранд то ҷое, ки шоир» чандон ба ҳақиқат рост намеояд. Албатта, ҳастанд зулолҳое, ки чандон дархури ниёзҳои хонанда ва адабиёт шуда наметавонад ва шоир дар эҷоди зулол побанди қафаси қавонини сабкӣ мегардад, аммо ин далел наметавонад бар ҳузури сабки зулол хати батлон кашад, зеро чигунагии офариниш дар сабкҳои  гуногуни шеърӣ ба маҳорати ҳунарии шоирон алоқаманд аст, на ба риояти қонуни матраҳшуда. Ва ҳамчунон мо наметавонем ба иллати хуб суруданашудани чанд зулолои омӯзишӣ зулолҳои воқеан шоирона ва дархури адабиётро аз маъди назар дур созем.

Шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста аз аввалин нафароне аст, пас аз Додо Белевердӣ  ба истиқбои сабки Зулол оғӯш боз кард. Ин шоири тоҷик зиёд талош дорад, ки  дар қолби Зулол андешаҳояшро ба тасвир ҳамонгуна ҳунармандона ва шоирона ба қалам диҳад,  то Зулол низ  рисолати шеърро ба ҷо оварда тавонад. ӯ мегӯяд:

Шоири шеъри зулолам

Ҳарфҳою вожаҳоям шарҳи ҳолам

Мисраҳоям обшорон, ҳар ҳичо чун мавҷи об

Байтҳои зина -зина ҳам вучудам ҳам заволу ҳам камолам

Нек бингар, шеъри ман чун акси дил ё қатра аст

Яъне ман дур аз фазои қилу қолам

Посухи садҳо саволам

Аъзами Хуҷаста, кӯшиш дорад паи иҷрои  рисолати воқеии сабки ҷадид  бошад. ӯ  дар шумори шоироне аст, ки тавониста дар шеъри Зулолаш  ҳис ва андешаи шоиронаро созиши зебову хуб диҳад.

 Воқеан, агар мутаваҷҷеҳ шавем шеъре навиштан дар қолаби зулол ва ба хусус навъи арӯзӣ  кори чандон осон нест ва диду назар ва истеъдоди ҷудогонаро тақозо мекунад, ки

Гиряҳо ханда шуданд

Ашкҳо ахтари рахшанда шуданд

Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат

Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд

Оре, оре, зи қадамҳои Ту дар олами ишқ

Орзуҳои дилам зинда шуданд

Маҳи тобанда шуданд

Дар зулоли мазкур андешаи маъмул бо диди мудернӣ омезиш ёфта, шоир тасвирҳои нобро эҷод мекунад.  Воқеан, дар адабиёти классикиву муосир тасвири «гиряҳо ханда шуданд» зиёд  ба чашм мехӯрад, аммо Аъзами Хуҷаста дар коргоҳи хаёли хеш ин тасвирро ҷилои мудернӣ бахшида,  идоматан мегӯяд: «Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат//ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» ва ингуна тахайюл ва офариниши тасвир башорат аз диди нави шоир аст. Ду мисраи мазкурро мисраи калидии тасвир дар зулоли мазкур шинохтан лозим аст. Меҳвари тасвири зулол -андешаи тоза дар мисраъҳои «Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат//ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» гунҷоиш ёфтааст.

 Шеърияти шеър яъне, созиши  ҳис ва андеша   пеш аз ҳама бурди ин Зулол аст.  Қайд гардид, ки  чигунагии ҷанбаъҳои ҳунарии шеър пеш аз ҳама ба иқтидори ҳунарии ҳар шоир сахт марбут аст. Ва зулоли зер  бо номи  «Қанд мехоҳам» аз ҳамин  дид ва ҷаҳони ҳунарии шоир бозгӯ аст.

Лабат ку? Қанд мехоҳам

Гаминам, нозанин, лабханд мехоҳам

Забонатро макун чун барги истеҳзо арусаквор

Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи ҳушманд мехоҳам

Мазан қайчӣ ба гесӯят, ки гар ҷабри ту боло шуд

Барои куштани худ банд мехоҳам

Ва бо пайванд мехоҳам

Ин Зулол бо он ки ҳамаи хасисаҳои сабкиро риоят мекунад бархурди вижае аз ҳунари нигорандагии шоир ва диди мудерни ӯ гирифтааст. Савтият ва поэтикаи сурудаи мазкур низ зеҳни хонандаро навозиш мекунад. Шакли зоҳирӣ ва зеҳнии мӯҳаво ба ҳам павасти зебо ёфтааст. Сатри модар низ аз тасвири модерн сероб аст. «Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи ҳушманд мехоҳам». «Симкарти хушманд» маъмултатарин симкорте аст, ки дар Эрон мавриди истифода қарор дорад. Ва пайдост, ки симкортро ҷомеа барои тамос истифода мекунад ва ҳамин фановарии замонро шоири муосир ба тасвири Зулоли хеш мекашад ва мегӯяд «баҳри тамос бо қалби ту» «симкартаи ҳушманд мехоҳам». Ин тасвир мӯҳтаворо муассир ба ҷилва додаст.

Ҳамнгуна тасвири ҷолибу дар зеҳн монданӣ дар зулоли «Артиши қалб»-и шоири иронӣ  Муҳаммадрасули Бовандпур   хонандаро бо ҷозибаҳии тасвириаш мафтун мекунад:

То ки шудам масти ту

Ҷоми муҳаббат  задам аз дасти ту

Шамс хиҷил гашти парешон ва нигоҳат намуд

Моҳиву бас муфтахирам гар бишавам чокари дарбасти ту

Дидамату артиши қалбам аҷабо  гашта ба тасхири ду  пилки кабуд

Чабҳаи ишқ омадаам то ки кунам буду набудам ба фадои ҳамаи хасти ту

Дилкашиву маҳвашиву боғчаи найшакар андар даҳанат бар суҷуд

Кушта шудам бо хами абрӯи гаҳе фавқу гаҳе пушти ту

Лаъли яман талъаташ аз гавҳари рӯят рабуд

Таркиши ҷоду равад аз шасти ту

Боиси пайвасти ту

 Тасовири дилпазири мисраъҳои ин Зулол бемуҳобот метавонанд аз тавонмандии сабки ҷадид дифоъ кунанд. Агар ба ин Зулол мутаваҷҷеҳ шавем ба бовар метавонем, ки ба ояндаи неки ин сабк ҳадс занем.  Фақат ҳамин мисраъ «Дилкашиву маҳвашиву боғчаи найшакар андар даҳанат бар суҷуд»  метавонад бозгӯи паҳно ва имконоти ҳунарварӣ дар ин қавонини тозаи  шеърӣ бошад.

Яке аз зулолҳои ҷаноби Маҳдии Юсуфинажод (Луливаш) ба номи “Шоирам кардӣ” низ намунаи широнатарин зулол аст:

Фазойи зеҳн ,ошӯб аст

Нигоҳи мунтазир ба ҷода маслуб аст

Тарак нишастааст бар сутуни сабри ман бону

Чи фикр кардаӣ, ки сабри аюб аст?

Бирас, ки буданат хуб аст

Fазал ғазал дуо кардам

Зулоли шеьр назри лаҳзаҳо кардам

Сапед то сапеда рух ба рух дахил шуд бар моҳ

Бубин кабӯтаронаваш чихо кардам

Ба шеьр иктидо кардам

Ин зулол дар сохтор ҳеҷгуна мушкиле надорад, дар ритми якнавохт ва дилнишин эҷод шуда, мӯҳтавояш низ шоистаи тақдир аст. Агар танҳо бар сутури модар  назар дӯзем аз дид ва ҳунару истеъдоди шоир огоҳ хоҳем шуд: «Тарак нишастааст бар сутуни сабри ман бону», «Сапид то сапеда рух ба рух даҳил шуд бар мо». Гуфта мешавад, ки   мафҳум дар сутури модарии зулол бар авҷи худ мерасад. Сутури модарии зулоли мазкур  бо  тасовири адабӣ тасвиркории зебо ёфтааст . Таркиби “гоми чашм” як истиораи зулол аст, ки ва мудерну шоирона аст, «нигоҳи мунтазир», «ғазал-ғазал дуо кардам», «кабутаронаваш», «иктидо бар шеър», «ба қафас нишастани ҳавас», «даруни осмони шеър» аз тарокибе ҳастанд,к и зулоли шоиро ба аслати шеъри паванд мезанад.

Ҳамнгуна тасвори олиро, ки дар рушди шеъри муосири адабиёти форсӣ таъсиргузор буда метавонад, ба нишони далел, зиёд пушти ҳам чид, аммо бо  овардани чанд мисраъҳо иктифо мекунем:«Ало деҳқон биё бар дашту саҳро то зи дасти хок зар гирем; Зимисотон рафту гармо чашми сармасти дарахтонро дубора мекушояд, оҳ» (Фаҳими Орин, шоири афғон), «Фурсате деҳ то ки бо як бӯса аз нав, нав шавам», «Бо шукӯҳи як ҳамоғӯши сазоворам намо» (Яздон Солеҳӣ, шоири эронӣ), «Амон аз ин дили сангат, ки бемеҳр асту беоташ», «Чу испандам, ки дар оташ фитодастам» (Беҳзоди Чаҳортангӣ), «Рухро аён кай мекунӣ, бепарда гӯ пусида ҷон; Кай? Юсуфо гаште зани дар мисри ҷон» (Муҳаммади Ҷаҳонгирӣ, шоири эронӣ), «Манам то шаб ба ҷашне дар рухат мастона хуш будам ва гирён дида хандидам»(Муҳаммадрасули Бовандпур, шоири эронӣ), «Ту мечархию танҳойӣ зи боғи доманат гулҳо ба фарши хона мепошад», «Каломи ошиқонаро, нигоҳи шоиронаро, садои чун таронаро; Таҷассуму таровате зи боғи истихора омадӣ, салом», «Ва аз танини ӯ пиёлаи вуҷуди ман пур аз шароб», «Солуни ёҳдои ман; Аз коби акси ишқи сабзи ту пур аст» (Аъзами Хуҷаста, шоири тоҷик). Ин силсила мисраъҳои ноб бо касрати ҳузурашон сабки Зулолро ҷону равон бахшидаанд.

Воқеан, истиораву тасвири бикрро ба осонӣ ва бо камоли ҳунарварӣ  метавон дар сабки Зулол ғунҷонид, аллакай ҳамин далоили  Зулол аз ояндаи ин сабки ҷадид башорат медиҳад.

Омӯзиши ин сабк моро ба натоиҷе наздик бурд, ки дарунмояи Зулол аз мазомини зерин шакл  додааст:

а) Ирфон ва ишқи Худо

 б) ишқ, муҳаббат ва сарчашмаи зебоиҳо

 в) иҷтимоъ ва ҳаводиси рӯзгор

 г) тасовири зебоиҳои табиат

 д) бархурди инсон бо ҷаҳон

Нуктаи муҳиме, ки ҳангоми таҳқиқи чунин ашъор равшан гашт, он аст, ки шуаро дар баёни мазмуну мӯҳтавои асосан ба ду тарзи баён такя намудаанд.

Аввалан, барои инъикоси мавзӯъ  аз баёни ошкоро ва урёни андеша истифода мешавад.

Дувум, мавридҳое низ зиёданд, ки шуаро барои инъикоси мавзӯъ аз баёни самбулӣ  мадад ҷустаанд. Ҳар ду тарзи баёни мавзӯъ ва мӯҳтаво дорои хасоиси хеш мебошанд.

Зулол дар бозтоби ҳаводис ва барои ифодаи мушаххаси дардҳои ҷомеа, бештар  аз баёни самбулӣ суд ҷустааст ва мӯҳтаво бо диди шоиронаи ҷадид ва бадеияти олӣ пешкаши хонанда гаштааст.

 Аммо зимнан бояд гуфт, ки   ҳимояткунандагони пойдории  зулолро зарур аст дар чунин мавқеият ба унвони таъсиргузорон ва бунёдгузорони сабки Зулол  талоше бештаре дошта бошанд бо  эҷоди ҳунармандонаи чунин ашъор арсаи адбиёти имрӯзи моро  бо зулолҳои пурмаъно, ки сохторашон аз тасовири нобу дилнишин шодоб аст гуҳарбор кунанд. Яъне, метавон натиҷагирӣ кард бовуҷуди он  ки сабки тозаэҷод дар ин ду соли ҳастӣ бо мухолифатҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд, имрӯз аз тарафи хонандагон чун як падидаи тозаи адабӣ пазируфта шудааст.

Дар назарсанҷие, ки ахиран дар яке аз шабакаҳои интернетӣ сурат гирифт бо ин суол, ки “Оё Шумо аз сабки ҷадиди “Зулол” истиқбол мекунед?”  теьдоди аьзаме аз хонандагон ва ҳаводорони адабу фарҳанг аз ин сабк ба унвони қолабе зинда ва ҷадид ёд карда ва онро эътироф кардаанд.

Дар ин назарсанҷӣ анқариб 100 нафар ширкат намуд.

Қисме аз ин назардиҳандагон ошноӣ ва шинохташон аз зулолро тавассути хондани зулолҳои равони шоири тоҷик Аъзам Хуҷаста медонанд.

Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки имрӯз дар шабакаҳои мухталифи интернетӣ саҳфаҳои вижаи Зулол амал мекунанд, ки дар он перомуни ин сабк, қавоиду қонуни он ҳарф мезананд. Саҳфаи “Шеьри зулол”,  ки дар саҳфаи Facӯӣook  мавҷуд аст, теьдоди зиёде аз зулолсароён ва ҳаводоронашро гирди ҳам оварда ва зулолҳо ва дидгоҳҳои эшонро дарҷ мекунад.

Ин ҳама маҳбубият далел бар ривоҷу равнақ ва густариш ёбии ҷуғрофиёи ин сабки ҷадид аст.

Пас дар ҳоли ҳозир сабку зулол  бо гомҳои устувор дар арсаи адабиёт барои фардои хеш пайроҳа боз мекунад ва роҳаш сапед бод.

 Пайнавишт:

1 Аъзами Хуҷаста. «Чашмаи Зулол», Теҳрон: «».-111 саҳ.

2 Акбарзод Юсуф. Таҳқиқи шеър аз дидгоҳи нав. Мақолаҳо.-Душанбе:Адиб, 2004.-198 с.

3 Муваҳҳид З. Шеър ва шинохт.-Теҳрон: Марворид, 1377.-292 с.

4 Шамисо С. Сабкшиносии шеър.- Теҳрон, 1380.

5 http://shahresher.com/

6 http://shereyar.org/

7 http://www.sherenab2.com/

8 http://www.facebook.com/groups/187125334668437/#!/groups/zolal/

9 http://my.mail.ru/community/zolal/

 Сурайё ҲАКИМОВА,

 Фирдавси АЪЗАМ.

Нахустин хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” дар Точикистон

Нахустин хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” бо ибтикор ва ташаббуси Кумитаи имдоди имом Хумайни дар шахри бостонии Хучанди Точикистон баргузор шуд.

Чанде кабл дар кохи Рудакии шахри Хучанд бо ибтикор ва саъю эхтимоми Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон барои нахустин бор дар шахри бостонии Хучанд хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” баргузор гардид.
Мавзуи мехварии ин хамоиш баррасии ашъори химоят буд. Дар хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” чехрахо ва шахсиятхои шинохтаи вилоятиву чумхури ва берун аз он ширкат доштанд. Аз чумла муовини раиси вилоят Мавчуда Бобоева, сафири Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон Алиасгари Шеърдуст (бо хамрохии хайъати кори), раиси Кумитаи имдоди Хумайни дар Чумхурии Точикистон Саидчаводи Разави ва хамчунин намояндагони ахли илму адаб, уламо ва удабои мухтараме аз Эрону Афгонистону Киргизистон иштирокдорони ин кунгура буданд.

Шоирони шинохтаи Точикистон Гулрухсор, Фарзона, Доро Начот, Махмадалии Ачами,мухакики шинохтаи кишвар Абдунаби Сатторзода, хунарманд Чурабеки Назри, муаррих ва адиби точик Мирзо Шукурзода, мухаккики чавон Мубашири Акбарзод, намояндаи фархангии сафорати Афгонистон дар Точикистон Шамсулхакки Ориёнфар, раиси китобхонаи Чумхурии Афгонистон ба номи Халилуллох Халили чаноби Мухаммадчафари Ранчбар,широни шинохтаи Эрон чаноби Мустафо Рахмондуст, Шамъи Сузон, намояндагони илму адаби шахри гухаррези Табрези Чумхурии Исломии Ирон, рузноманигор ва адиби шинохта аз шахри Алмаато Насибчон Амони аз мехмонони арчманд ва мухтарами ин хамоиши бошукух буданд.
Лозим ба зикр аст, ки чанде кабл аз чониби Кумитаи имдод -озмуни “Шеъри химоят” эълом гардида буд ва дар ин муддат шоирон ва навкаламон бехтарин нигоштахои худро дар робита бо дастгири ва химоят аз ятимону бепарасторон, маъюбону факирон манзури дабирхонаи ин хамоиш карда буданд. Дар ин хамоиш теъдоди зиёде аз шоирон аз чумхури ширкат намуданд.
Садорати ин хамоиш бар ухдаи шоираи ширинсухан ва халкии Точикистон хонуми Фарзона буд. Хамоиш бо сухани мукаддимавии эшон огоз гардид. Хонум Фарзона хузури хамаи ширкаткунандахо ва мехмонони мухтарамро дар шахри шайх Камоли Хучанди дар ин шахри покмарзи бостону ростон дуруд гуфт. Саркорхонуми Фарзона бо ишора ба шеъри хомоят гуфт, ки аслан шояд аввалин шеъри химоятро устод Рудаки гуфта бошад вакте мегуяд, ки “Марди набувад фитодаро пойи задан Гар дасти фитодае бигири, марди”
Зимнан шоираи хушбаён Фарзона ёдовар шуд, ки “Шеъри химоят шархи баёни рузгору ахволи хаёти афтодагону бекасону ранчурон нест, шеъри химоят манзураш ин аст, ки хамдардиву гамошноии якояки моро иброз созад ва хамчунин илко кунад, нафархои уфтодаву забун залил харгиз аз лутфи Хак ноумед набошанд, балки бо талошу пуёиё чахду харакоти ботини битавонанд зиндагии тоза биофаранд, битавонанд ки ба фардохо дуруд гуянд. Ашъори химоят низ аз ин дидгох мавриди барраси карор гирифт.
Дуктур Алиасгари Шеърдуст дар ин хамоиш хамчунин аз бузургии шеъри Фарзона ёд кард ва афзуд, ки имруз шахри Хучанд бо вучуди Фарзона ва бо шеъри у менозад. Хар касе ки аз Хучанд ном мебарад, билофосила номи Фарзона дар зехнаш чилва мекунад. Афзуд, ки ба кавли маъруф баракати умр дар кори неку хайр аст ва бузургтарин лаззатхо, лаззати некист ва бехтарин захираи фардо кори неки имруз аст ва некукор зиндаи човидон аст. Пас чи ниёзе ба ин сармастихои бодаи гуруру худписандию такаббур! Имруз кудакони ятиму бепарасторон ниёзи шадиде ба ишку мухббату химоят доранд ,ки дасти саховату некии кумитаи Имдод хамвора ба сари онхо соягустар аст. Кумитаи имдод ягона ниходест, ки дар Точикистон хамвора чатри мухаббату химояту дастгириро бар сари чунин ниёзмандон мегустуронад ва ба андозае шароитхоро бар онон мухаё мекунад.

Сафири Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон чаноби дуктур Алиасгари Шеърдуст перомуни рисолати шеъри химоят, накшу макоми шеъри химоят маъруза ва суханронии пурмухтаво ва хамзамон шунидани анчом дод. Мавсуф дар суханронии худ дар ин хамоиш яке аз рисолатхои шеърро химояту пуштибонии кишри ниёзманди чомеа унвон кард ва хадафи хамоиши мазкурро мухим арзёби кард. Сафири Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон арзиши адолатро бисёр бузург хонд ва афзуд “Хунарманди вокеи касест, ки дар миёни мардум бошад ва бо онон зиндаги кунад, бо онон мегиряд ва бо онон фарёд мекунад. Алиасгари Шеърдуст такид дошт, ки имруз дар шеър чи гуфтан аз чигуна гуфтан тафовут дорад, ки чи гуна гуфтан худ аз вижагихои рисолати хар шоир аст. Адолат бошад мухимтарин сифати хар инсон аст.”

Шоири хушсалика Озарахш, Гулрухсор,Адиба, Махваш Фарзонаи Зарафшони аз ашъори ба ин хамоиш манзургардидаашон порчахое кироат карданд.
Хамчунин Абдунаби Сатторзода адабиётшиноси варзида ва яке аз чехрахои маъруфи кишвар дар робита бо шеъри хомоят чанд порае аз шуарои клоссики точику форс ва муосир ба самъи хозирин кироат намуд ва рисолати адабиётро химоят аз инсону зиндагии у хонд. У афзуд адабиёт дар барои инсон ва барои инсон аст. Химояту пуштибони аз инсон ва парвариши одамият дар инсонро аз асолатхои адабиёт хонд. Чаноби Сатторзода дар чараёни суханронияш аз хамаи шоирон дархост кард то шеъре бисароянд ки аз инсон химоят кунад ва одамиятро дар инсон парвариш дихад.

Бар асоси натоичи нихоии ин ҳамоиши байналмиллалӣ раиси ҳакамон, чои аввалро ба Озарахш лоик донистанд, ҷои дуввум ба Адиба Хуҷандӣ ва Вораста сазовор дониста шуд, ҷои севвуми озмунро шоирони ҷавони вилоят Фирдавси Аъзам ва Маҳваш соҳибӣ карданд.
Бо хамин Кумитаи имдод бо эхдои чавоиз ба барандагонаш хамоишро ба поён расонд.

МАРДИ НЕКСИРИШТ

Дар толори маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ ҷаншни 70 умин солгарди зодрӯзи  ходими намоёни сиёсиву фарҳангӣ Раҷабмаҳмад  Шарифов баргузор гадид. Маҳфил бо ташаббуси мақомоти иҷроияи  ноҳияи Масчоҳ  гузаронида шуд, дар он  намояндагони илму адаби ҷумҳуриву вилоят, устодон

Гулназар, Сорбон, Абдунабӣ Сатторов, Урватулло Тоҳиров, Қоришариви Шералӣ,  Диловаршои Лоиқ, Усмонҷон Fаффоров, Отахон Сайфуллоев, Хоҷиҳусейн Мӯсозода иштирок доштанд.

Ҳозирин зимни сухани шодбошӣ аз хизматҳои шоистаи таҳсини ин марди нексиришт хотиррасон гашта, барояш давлати пириву саодати рӯзгор орзу карданд.

 Бояд ёдрас шуд, Раҷабмаҳмад  Шарипов аз зумраи шахсони барӯманди диёр буда,  бо кӯшиши бевоситаи ӯ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  нимпайкараи  Камоли Хуҷандӣ ва устод Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст.

Ҳунарнамоии  намояндагони санъати ноҳияву вилоят ба маҳфили идона  шуқӯҳи тоза зам намуд.

Сабки Хуҷаста

Паёме ба азизонам дар маҳфили адабии “Зарафшон”

“Чашмаи зулол” дар фазои фарҳангии ҷавомеъи форсизабон як падидаи матлуб ва барозанда аст.Муаллифи он Аъзами Хуҷаста ,шоир ва нависандаи зубдатабъ ва борикхаёл ва фарзанди баруманди тоҷикзамин ба унвони бунёдгузори сабки наве шинохта шуд ва ин ҷои тафохур дорад,ки гуна ва шеваи нав дар адабиёти ҳазорсолаи форсӣ бо дасти ин меъмор бунёд ниҳода шуд,зеро шумори шоироне,ки дар адабиёти форсӣ соҳиби сабк будаанд,аз теъдоди ангуштони ду даст таҷовуз намекунад ва намунаи рӯшани он Устод Рӯдакӣ,Соиб,Нимо,Сӯҳроби Сипеҳрӣ…мебошанд,ки тариқи навро барои баёни андешаву эҳсосоти башар боз намуданд.Дарвоқеъ,тарҳи ҳар чизи нав -хоҳ дар адабиёт,хоҳ дар илм,хоҳ дар санъату ҳунар,варзиш,….ҷуръату ҷасорат ва ҳиммату дироят ва тааммулу таҳаммулро мехоҳад.Чаро?Зеро агар ин падидаи нав агар гурӯҳеро хуш ояд ва аз он истиқбол кунанд, дар муқобил сангандозоне ҳастанд,ки ҳар лаҳза метавонанд ба сӯяшон санг партоб кунанд ва бояд мубтакир омодаи ин зарбаю ҳамaлот бошад,ки намунаи боризи онро дар рӯзгори Сӯҳроби Сипеҳрӣ,яке аз барҷастатарин гӯяндагони бономи Эрон мебинем,ки дар омезиши шеъри ҳиндӣ бо қолиби нав шеъри ҷадид сохт.Сӯҳроб бо нашри нахустин таҷрибаҳои худ мавриди сарзанишу накуҳиш ва интиқоди шадиди мунаққидон ва саррофони гавҳарношинос қарор гирифт ва ӯ,ки рӯҳи отифӣ дошт,сукуту хомуширо дар баробари онон тарҷеҳ дод,сабр пеша кард,то инки шеъраш ҷо уфтод ва тибқи як назарсанҷии Донишгоҳи Теҳрон ин сарояндаи номовар имрӯз дар маҳофили адабии форсигӯён бештарин пайравонро дорад ва ҳамарӯза бар теъдоди алоқамандони шеъраш афзуда мешавад.Ин написандидани навандешиву навгароӣ падидаи наву тоза нест ва Рустами Фирдавсӣ ,ки зуҳури ҷараёни нав -Сӯҳробро наметавонад таҳаммул кунад, билохира бо теғи кўҳан хунашро мерезад ва ин aмр дар шеър низ мисдоқ дорад,ки собит шуда шеър ва гӯяндаи он монанди нофа,ки то оҳу намирад накҳати мушкосои он ба берун намеҷӯшад ,буда ва мисоли ин Иқболи Лoҳурӣ аст,ки дар ҳангоми зинда буданаш касе шеърашро эътироф намекарда ва дар маҳофили адабӣ ба унвони шоир эътироф намегардид ва ҷое ҳам худи Иқбол бо ҳасрат аз ин қазия ёд мекунад:

Эй хушо шоир,ки баъд аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми кас кушод.

Бигзарем,падид омадани сабки зулол бар пайкари шеъри форсӣ ҳеҷ зарба ва латмаеро ворид нахоҳад кард,балки ин сабк зойида аз мойидаи қойидаи шеъри равону сойидаи форсист ва дарвоқеъ шоху баргҳои дарахти азими он аст ва дар бистари он руйиш,болиш,нозиш,хезиш ва густариш дошта ва хоҳад дошт.Ин қонуни адабиёт ва ҳар илму санъати дигар аст,ки навгӯиву навҷӯӣ меҳвар ва ҳадафу рисолати фарзандони хушноми ин марзу бум буда,ки ҳамагӣ бар ин амр иттифоқи назар доранд:Сухан нав ор,ки навро ҳаловатест дигар!

Аъзами Хуҷаста бо кашфи ин шеваи нав нишон дод,ки аз тамомии ҳамнаслону ҳамзамонону ҳамангоронаш ба маротиб пештару пешгомтар аст ва ашъори ӯ бо сурудаҳои қабл аз омаданаш ба Эрон аслан қобили қиёс нест.Шеъри ӯ муждаи рӯшаниву огоҳӣ медиҳад ва аз рушду тараққии андешаву тахайюли бориктар аз нахи сапедаи гӯянда дарак медиҳад,ки он бо мутолиаи амиқу дақиқи адабиёти форсӣ ва осори гаронмоягони ҷаҳон ва аз чашмасорони сорию ҷории онон маншаъ мегирад.

Зулол суханбозию бозӣ бо калимот нест,балки шоир бештару пештар муқайяд ва пойбанд бар муқаррароту мувозиноти шеър,алфоз, орояҳо ва саноеъи лафзӣ ва пайванди танготанги лафзу маънист,ки мисли гушту нохун дарҳам танидаанд ва сароянда дар ин миён бо таваҷҷуҳ ба ин муҳим масъулияту рисолати фаротар дорад.Бубинед,як мисоли кучак:баррасиҳо нишон дода,ки сурудани шеъри суннатӣ осонтар ва саҳлтар аз шеъри зулол аст ва зулолсаро ба роҳатӣ шеъри суннатӣ мегўяд, вале касоне,ки шеъри суннатӣ месароянд, шояд ба сахтӣ зулол гўянд.Яъне дар маҷмуъ зулолсаро бояд сурату сирати шеърро дар ниҳояти камол орояд,вагарна беҳтар аст ба ин кор даст назанад.

Ба ҳар сурат,сабки зулолро ҳарчанд Додо Билвердӣ поя гузошт,аммо Аъзами Хуҷаста аввалин китобро дар ин замина ба чоп расонд.

Бегумон ,агар ин падида дар ҳар кишвари дигари аврупоӣ ва ғарбӣ ба вуқуъ мепайваст, барояш бузургдошту ҷоизаҳоеро эҳдо мекарданд ва ин мавзўъ нуқли маҳфил ва мубтакири он шамъи маҷлисҳо қарор мегирифт,вале моро одат ин аст,ки ҳар чизи навро бо мушкилӣ ва эҷоди монеъа қабул мекунем,аммо шоири мо аз ин шуҳрату матраҳ шуданҳо орист ва табиати мағзҳои мутафаккир ҳамин аст:ибтикору халлоққият ба харҷ медиҳанд ва дигар корро дунбол намекунанд,яъне инҳо рисолати худро дар арсаи адаб ба ҷо оварданд.Аъзами Хуҷаста бо ин иқдом дарвоқеъ муҷассамаи худро гузошт.Чашмаи зулоли ў дере нагузарад,ки ба дарё табдил шавад ва ҳарчанд пеши ин дарё сангу харсангу хасу хошок андозанд ,аммо хислати дарё ин аст,ки дар вуҷудаш ҳазор тўфону туғён ба по мекунад,мавҷе сари мавҷи дигарро мехўрад,роҳашро ҳамвор мекунад ва равон асту соҳилнишинонро ба тапиш вомедорад ва равон аст ҷовидона,ҷовидона.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

шаҳри Теҳрон.

9 июни соли 2011

Армугоне аз кишвари дуст

Ба номи худованди чону хирад

К-аз ин бартар андеша барнагзарад

Пас аз 10 сол дубора барои саввумин бор бароям муяссар шуд то бори дигар ба кишвари фархангхези Ирони бузург, ки тухми мухаббати ин сарзаминро  падару бобоён дар дилу чонам парвариш додаанд, сафаре дошта бошам.Сафар хадафе надошт чуз дидор бо волидон. Вакте ки ба фурудгохи Байналмилалии Машхад расидам, ачаб холате вучудамро фаро гирифт,ки гуи аз боги Фирдавси меомад.Ирон ва абармардоне чун Саъдию Хофизу, Фирдавсию Газзолию, Аттору Хайёму садхои дигарро дуруд хондам.

Дар ин навишта намехохам рочеъ ба чигунагии вазъияти кунуни ё бардоштам аз сафари Ирон чизе арз кунам, аммо дил хеле моил аст то харфе бигуям бобати як шахристони кучаки Ирон, бо номи Гунобод ки каблан ончо набудаам ва ин навбат банда ба ончо сафаре дуруза анчом додам.Ин шахристон чойхои дидании зиёде дорад.Аммо як чои хануз ба таври густурда кашфнашударо мемонад.

Ин сафар бароям фурсат  дод то аз ин гушаи таърихи дидан намоям.Харчанд,ки ба Тус-оромгохи хаким ва хамосасори бузурги Ирон, холики Шохномаи безавол, Нишобур-зодгохи Аттори орифу Хайёми риёзидон сафархо анчом додаам, вале Гунобод аз аввалин минтакае буд,ки сафарамро огоз кардам.Дусти хубам чаноби Хасани Айюби,ки ахли хамин шахр аст. зимни ба тамошо бурдани атрофи ин шахри кучак аз таъриху гузаштаи он бароям кисса мекард. Бино ба ахбори дустам ин шахр дорои чахор канот будааст (канот- ба маънии обгузар, ё кахриз); каноти Касаба, каноти Дах, каноти Алиобод ва каноти Хасанобод. Шояд ба хамин хотир онро Чуйманд номидаанд,яъне сохиби чуйхо.

Гунобод маркази шахристони Гунобод вокеъ дар устони Хуросони Разави аст. Шахрисотни Гунобод бо масохати худуди 5902 килумтри мурабаъ  дар 260 килумтрии Машхад карор дорад.Бумиёни ин шахр онро Чуйманд низ меноманд. Агар аз диди таърих нигох кунем, мебинем ки борхо дар Шохномаи Фирдавси шоири хамосасарои Ирон аз Гунобод ё Чунобод ёд карда ва ин маконро махали чангхои Турон ва Ирон донистаанд. Бино ба гуфти Шохнома ангор вазири Афросиёб дар Гунобод ба хок супурда шудааст ва мадфани у хам акнун дар Гунобод аст.

Кобили зикр аст,ки бузургтарин каноти чахон дар Гунобод карор дорад. Ин канот аз давраи Хахоманшиён то кунун  омили хаёт ва тавлид дар шахри кавири Гунобод будааст.Ин канот ба шумораи 5207 дар Созмони ЮНЕСКО сабт шудааст.Бояд арз шавад,ки сарзабзию шодобии руху пайкари Гунобод аз оби чонбахши хамин канотхост.

 

Хуб, Канот ё кориз ё обгузар ё обканд ба рохе ки дар зери замин канда шавад то об аз он чараён ёбад, мегуянд. Канот каналест,ки аз дербоз барои мудирияти об дар замин месохтанд. Риштаи чохест, ки дар “чохи модар”  сарчашма мегирад ва мумкин аст хазорхо метр ба тул бианчомад ки саранчом оби ин каналхо барои кишту кор ба сатхи замин мерасанд.

Бояд арз шавад,ки тулонитарин каноти  чахон  ва амиктарин чохи модар дар шахристони Гунобод карор дорад ки таърихи кандани он ба давраи Хахоманиши ва ё кабл аз он мерасад.Ирониёни бостон дар чандин хазор сол кабл даст ба ин ибтикори чадид зада ва онро кориз ё кахриз ном ниходанд.Бо ин ихтироъ ки дар навъи худ дар чахон то кунун беназир будааст, метавон микдори кобили таваччухе аз обхои зеризаминиро чамъовари кард ва ба сатхи замин расонд,ки хамонанди чашмахои табии оби он дар тамоми тули сол бидуни хеч кумаке аз беруни замин  ба сатхи он чори гардад.Канот ки тавассути муканиёни ирони ихтироъ шуда хазорон сол собика дорад.

Бо вучуди ин  ки чандин сол аз ихтирои он мегузарад, бо ин вучуд хануз хам ин равиши истифода аз об дар кисмати мухиме аз рустохо ва манотики маскуни ва кишоварзи ва домдории кишвар маъмул аст ва хатто яке аз аркони аслии кишт дар навохии хушк аст. Ин ихтироъ ки имруза шухрати чахони пайдо карда баъдхо аз Ирон ба бисёре аз кишвархои чахон интикол ёфта ва мавриди истифодаи мардум дар дигар нукоти дунё карор гирифтааст. Ин канотхо намоди айнии хамосаи зиндагии мардуми Гунобод аст. Каноти Касаба яке аз падидахои шигифтангези тамаддуни башари аст,ки ба далели азамат аз суе чанбаи устураеро ба худ гирифта ва аз суи дигар таваччухи бисёре аз муаррихон ва пажухишгаронро ба худ чалб карда аст.Каноти касаба аз хафт канали ба хам пайваста  шакл гирифта ва дар мачмуъ беш аз 33 хазор метр тул дорад, теъдоди чоххоиу канот худудан ба 470 халка ва бар асоси баррасихои ба амаломада умки модарчохи (чохи асли) он байни 280 то 300 метр тахмин зада шудааст.Бунёди канот ба давраи Хахоманиши бар мегардад. Бино ба иттилои ба даст омада дар холи хозир беш аз 60% масири каналхо масдуд аст ва танхо канали аслии канот ки ба Касаба шухрат дорад, 150 литр дар сония обдихи дорад.

Дустам огои Хасан Аюби зимни кисса гуфтан маро ба назди вурудияе овард,ки ончо аз тулу умки ин чоххо сухан мерафт. Тулонитарин обгузаре ки то кунун дар Ирон хафр ё канда шуда 70 килумтр тули он аст ва амиктарин чохи модари обкандхои Ирон ба ривояте 400 метр ва ба ривояти дигар 350 метр умк дорад ва он марбут ба коризи “Касаба”-и Гунобод аст. Мухимтарин омиле,ки тули обгузарро мушахас мекунад,шеби замин мебошад харчи шеби замин камтар бошад тули канот бештар ва харчи шеб бештар бошад тули кориз камтар хохад шуд.Дар ин сафар бароям хамчуин насиб гашт то аз Масчиди Чомеъи Гунобод дидан намоям. Масчиди Чомеъи Гунобод аз бинохои арзишманди давраи Хоразмшохиён дар Хуросон  аст, ки дар куи шарки (Касаба)-ин шахр вокеъ аст. Ин масчид  бо накшаи ду айвони шомили сахн бо миёнсаро, айвонхои шимоли ва чануби, равок ва се шабистони сутундор мебошад.Омадан ва нишастан дар ин масчид касро ба дурихои дур мекашад.Пас шумо хонандагони арчманд агар ба Ирон омадед аз ин масчид хатман дидан фармоед. Пас аз нисфирузии як рузи хуршеди хамрохи дустам ва рохбаладам чаноби Аюби  ба Мадрасаи “Нучумия” рафтам. Бинои ин мадраса дар куи шаркии шахри Гунобод дар вурудии масчиди ин шахр вокеъ аст. Ин мадраса аз ёдгорихои меъмории исломи дар давраи Сафавия аст, ки нишондихандаи арчу маком ва илму дониш дар ин шахр дар замони худ аст ки ба далели тадриси илми нучум ва афлок дар ин макон ба мадрасаи нучумия низ машхур аст.Онро хамчунин Мадрасаи илмия низ мехонанд.

Дар фосилаи на чандон дур ва дар наздикии Мадрасаи илмия Расадхонаи бостоншиноси карор дорад,ки аз ончо низ дидан намуде Музеи Гунобод вокеъ дар куи шарки дар махали масчиди чомеъ вокеъ гардида аст.Аз вижагии ин расадхона мавчуд будани мехроби тоърихии дигаре хаст,ки таи ковиш ва пайгирихои бостоншиноси ба намоиш гузошта шудааст.Дар ин расадхона метавон ашёхои кадимии мардуми гунобод, зуруфу ашёхои кадими, сикахои кадими, катибахои очарии мадрасаи нучумия ва чандин асари мухими дигарро дид.

Дар коргахи кузагаре рафтам душ

Дидам ду хазор куза гуёву хамуш

Ногох яке куза баровард хуруш

Ку кузагару кузахару кузафуруш

Инчо боз мехохам таваччухи шумо хонандагони азизро ба санъати сафолгари дар Гунобод чалб кунам.Дустам чаноби Айюби маро ба коргохи сафолгари мохири гунободи чаноби Тавассулли овард, ки бо у сухбати хубе доштам.Ва омадан ба ин коргох омиле шуд бар нигоштани чанд нуктае рочеъ ба уву ин санъат.

Вакте вориди коргохи сафолгари шудем, чарх мечархид ва дастони хунарманди сафолгаре ба кавли маъруф хокро ба хунар кимиё мекард. Ин сафолгари мохири гунободиро ном чаноби Тавассули буд, ки дар Гунобод уро шухрат ба тамом аст.Мавсуф 30 сол аст,ки бо дастони накшбандаш ризку рузии хонаводаашро дар миёни хоку обу рангу накш ба даст меоварад ва имруз ин хоку обу ранг хамдами уянду бо у ишк меварзанд.У ошики кораш хаст ва корашро дуст медорад.Махсули дасташро хамеша аз дохилу хоричи чи шахру чи кишвар мечуянд ва у аз ин хисоб завраки зиндагияшро пеш мебарад.Накшхои сафоли Гунобод асосан баргирифта аз устурахои ирони ва пуррамзу роз нишонаи хуввият ва асолати фарханг махсуб мешавад

Кобил ба зикр аст,ки санъати сафолгари дар Гунобод хаддиакал пешинаи  панч хазор сола доштааст.Баррасихои бостоншиноси дар шахристони Гунобод нишон додааст,ки хаддиакал аз хазораи саввуми пеш аз милод сафолгари дар ин минтака ривоч доштааст. Сафолхои пароканда  дар деворхои бостони ва чамъоваришуда аз лояхои тамаддуни ба дунболи канданихои бостоншиноси то авохири даврони Сафавия хамонанди сафолхои дигар деворхо ва зистгоххои Хуросон буда ва вачхи мушахас надоранд.Аммо аз авоили карни дувоздахуми хичри навъе сафоли чадид бо вижагихои хос дар Гунобод зохир гардида аст.

 

Дар мавриди Гунободу таъриху фарханги он метавон дахо китоб навишт, аммо инчо феълан суханро нукта мегузорем ва идомаи сухбатро мегузорем барои баъд.

Дустони азиз, чун дар ин навишта бештар аз Гунободу чойхои он сухан рафт,дар мавриди дигар чойхо мисли Ормогохи Хайёму Аттору, Гаазолию Фирдавсию дигарон ва хамчунин дар мавриди худи ирону ирониён дар сухбатхои оянда хохам гуфт.Феълан бидруд!!!