ПУТИН

Чӣ рафтааст, ки ҷуз зулму ғам намебинем
Асири панҷаи ин рӯзгори нангинем

На фикри авҷи саъодат, на фикри тарҳи навем
Ки соилони сари роҳи давлати Чинем

Чи солҳо, ки гузашт аз шиори истиқлол
Вале ҳанӯз аҷирони дасти Путинем.

Асири тафриқаему фиреби сад солус
Дучори гиряи бехуд, ҳамеша ғамгинем!

Билоди куфр ба фикри уруҷи инсонанд
Ҳанӯз мо пайи шаръи қавоиду динем!

Расидаанд ба моҳу ба фикри Мирриханд
Дучори масъалаҳои камарбапоинем!
Continue reading “ПУТИН”

ОЗОДИИ СУХАНРО БИШНОСЕМ!

Озодии сухан ианҳо ба калимаи «озодӣ» маънӣ надорад, балки бештар дар чигунаии «сухан» мақом пайдо мекунад. Дарки ин матлаб муҳим ба назар мерасад. Он андешае, ки Ситсерон баён намудааст: «Хоҳӣ, ки озод бошӣ ғуломи қонун бош» ҳарфи бисёр мантиқӣ ва бамавриде ҳаст, ки дар аксари маврид мо онро дигаргуна тавзеҳ медиҳем. Аслан ин матлаби Сетсерон як нав тамасхуре аст, ки нисбат ба чомеа баён медорад. Яъне ў бо ин сухан таъкид медорад ва ба ҳоли хуқуқношиносон механдад, ки агар ту озод будан хоҳӣ (озодӣ дар ин маврид ба дигар маънӣ омада-аз ҳама имтиёз манфиатдор будан, соҳибмансаб ва соҳибмақом будан) Сетсерн гуфтанӣ, ки хоҳӣ ҳамин гуна озод бошӣ ба қонунҳое, ки гурўҳе мураттаб менамояд, итоат кун ва ба гуфтаҳои эшон ғулом бош. Ин андешаи тамасхуромез ва ҳузновар ба озодии сухан ва озодии воқеии кулли чомеа иртибот надорад.

Дар мавриди озодии сухан ва шинохту дарки он миёни аҳли илм ва ҷомеа назароти мухталифе ҷой доранд. Дар журналистикаи имрўзи тоҷик шинохти мафҳуми озодии сухан ва дарки воқеъии он ба чанд нукта бармехўрад, ки дар ин бора навиштан аз аҳамият холӣ нест. Қонун озодии суханро кафолат медиҳад ва мавқеи онро дар ҷомеъа устувор медонад, аммо ба назар мерасад, ки риоя ва таъмини он дар чомеа он қадар чашмрас нест. Агар фарз бикунем, ки озодии сухан дар ҷомеаи Тоҷикистон сарнавишти хуб дорад, пас чаро созмонҳои байналмилали Тоҷикистонро аз назари мавҷудияти озодии сухан миёни 197 кишвар дар ҷои 171-ум ҷой додаанд. Ин чо саволе ба миён меояд, ки масъулони созмонҳои байналмилалӣ зимни муайян намудани вазъи озодии сухан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кадом меъёрҳоро ҳамчун маҳак дар назар доштаанд?
Озодии сухан ва шинохти озодии чомеа дар ифодаи ақоид ва андеша аз муҳимтарин мавзуъҳо маҳсуб меёбад. Дар моддаи 30 Қонуни асосии Точикистон оид ба озодии сухан чунин омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Дар ин бора дар моддаи 19-уми Эломияи Умумии Ҳуқуқи башар низ омадааст: «Ҳар инсон ба озодии ақида ва изҳори озодонаи он ҳақ дорад; Ин ҳуқуқ-озодии доштани ақидаҳо, бидуни ҳеч монеа, озодии чустучў кардан, дарёфтан ва густариши иттилооту ақидаҳо аз тариқи ҳар васила ва новобаста аз марзҳои давлатиро фаро мегирад».
Агар ин Қонунҳоро ба назар бигирем маълум мешавад, ки чойгоҳи озодии сухан ва мақоми он дар чомеа хеле баланд буда, ҳатто дар қонунгузорӣ имтиёзи бештарро соҳиб мебошад. Дар ин бора андешаи баъзе аз муҳаққиқон низ перумони вазъи озодии сухан дар замони истиқлол ифодагари ҳамин маънӣ аст. Чунончи муҳақиқ Пайванд Гулмуродзода мегўяд: Созмонҳои байналмилалӣ дар ақидаанд, ки Точикистон дар байни чамоҳири собиқ шўрави барои чиҳати фароҳам овардани фаъолияти расонаҳои озоду мустақил заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Агар ин матлаби муҳаққиқро баррасӣ намоем маълум мешавад, ки мавсуф ин андешаро дар мавриди таъсиси ВАО ба назар доштааст. Дар идомаи сухан чунин менигорад: «Дар баробари нашрияҳои расмӣ ба табъ расидани нашрияҳои ҳизбӣ, хусусӣ, инфиродӣ, телевизион ва радиоҳои расмӣ ва мустақил, очонсиҳои давлативу хусусӣ озодона фаъолият менамоянд». Маълум аст, ки фаъолияти рўзафзуни ВАО ҳоло озодии комили суханро надорад ва ин рўйдод наметавонад озодии суханро дар чомеа таъмин намояд. Пас саволе ба миён меояд, озодии суханро дар чомеа ба кадом меъёрҳо бояд муайян намуд?
Бояд афзуд, ки бидуни истиқлолияти моддӣ ва шароити муфиди кори наметавон барои густриши озодии сухан заминаи мусоиде фароҳам овард. Журналистро лозим аст, ки барои ба озодии сухан ноил гардидан заминаҳои муҳимро ба назар гирад ва дар ин самт пайваста иштиғол варзад.
Аммо, таъмини озодии сухан бештар ба муҳити сиёсӣ ва вазъи иқтисодӣ низ вобастагӣ дорад, ки бе назардошти ин соҳот журналист наметавонад барои баёни афкори озод ва изҳороти ошкор саҳм бигирад. Озодии суханро дар чомеъаи Точикистон ба маъниҳои мухталиф метавон фаҳмид, яъне озодии сухан дар он вақт ба кор бурда мешавад, ки маводи журналист мухолифи сиёсати синфи ҳукмрон ва ё дар маззамати ашхоси сиёсӣ набошад. Ин ҳақиқти бебаҳс аст, ки дар баъзе аз нашрияҳо низ таъкид мегарданд. Ҳамчунин оид ба вазъи озодии сухан дар кишвар мулоҳизоти мухталифи аҳли илму сиёсат дарч гардидаанд, ки ба назаргирии онон матлаби болоро тасдиқ мекунанд.
Озодии суханро барои табақаи поёнии чомеа метавон мавриди истифода қарор дод, яъне маводу матолиби ошкори журналист барои танқид ва ё мазаммати баъзе аз афроди мансуб ба табақаи пастӣ чомеъа истифода мешавад. Ва ин ҳол аз чониби аҳли сиёсат чонибдорӣ мегардад, ки гўё ҳамагон ба таъмини озодии сухан саҳмдор бошанд. Аммо дар мавриди дигар ин масъала дигаргуна сурат мегирад, ки акси ин ҳол мебршад. Масалан агар ин ё он сиёсатмадори дар мақоми баланд буда чинояте содир кунад, маълумот дар бораи он аксаран пинҳон мемонад ва ё аксари журналистон ҳарчанд иттилоотеро дар бораи амалҳои номатлуби аҳли мансаб донанд, ҳам аз тарси фишору тазйиқ наметавонанд ошкор созанд. Дар ин вазъият аз озодии сухан наметавон ҳарф зад, зеро бо тақозои муҳит дар аксари маврид мавқеи он ба таври комил сарфи назар мешавад. Аз ин рў баёни андешаи озод ва ё озодии сухан ба гурўҳи муайяни чомеъа мутааллиқ мебошад. Албатта ин матлабҳо далелҳои қотеъ мехоҳанд, аммо ҳадафи навиштаи мо ба исбот расонидани ин нукот, нест балки, назаротеанд, ки ба таври умумӣ доир ба вазъи озодии сухан дар чомеаи имрўз баён мешаванд. Бо вучуди ин, ба андешаи дабири кулли Шўро оид ба ВАО ҶТ Хочаев Х., «журналистони точик нисбат ба хамкорони туркман, ўзбек ва ҳатто қазоқи худ нисбатан озоданд». Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро нисбатан? Чаро комилан не?
Озодии суханро агар ба таври мухталиф арзёбӣ кунем ба посухе мерасем, ки ин мафҳум дар чомеаи имрўз ҳам амал мекунад яъне вучуд дорад ҳам мавқеву рисолати худро дар баъзе маворид аз даст медиҳад, ки ин вобаста ба муҳити сиёси мебошад. Ин матлабро метавон чунин шарҳ дод, агар дар бораи ашхосе, ки ҳукумати имрўза хуш надорад, ҳар гуна матлаб нашр мегардад ва перомуни он ҳар кассе чи ақидае дорад метавонад баён созад. Дар ҳамин маврид матолиби моддаи 30-юми Сарқонун риоя мешавад. Агар дар бораи сиёсадмадороне, ки мақоми баланди давлати доранду дасти дароз, на ҳамеша маводи қобили тавҷҷуҳ ва ё баҳои мунсифона ба нашр мерасанд, ки сабабҳои муайяну номуайяни худро доранд. Дигар аз масоили муҳим роҷе ба озодии сухан ин аст, ки дар ҷомеае, ки ҳукумат қудратманд аст озодии сухан наметавонад ба таври дилхоҳ рушд кунад.
Дар мачмўъ метавон афзуд, ки озодии сухан ҳамчун истилоҳ ва мафҳуми чамъиятӣ вучуд дорад ва дар сари забонҳову навиштаҳои мухталиф истифодаи фаровонеро низ соҳиб аст. Аммо ҳамчун як чузъи журналистика ва таъминкунандаи ҳуқуқи комили афроди чомеъа на ҳамеша муаассир аст, яъне ба шакли дигар андеша намоем, озодии суханро бояд ба таври васеъ фаҳмид, агар ин мафҳумро дар маънии ба таври ошкоро гуфтани матлаб ва озодона баён намудани хосторҳои фикрӣ фаҳмем чи гуна чараён гирифтани он аз муҳити сиёси вобаста аст. Агар мафҳуми мазкурро дар маънии нуфузи Васоити ахбори омма ва нашри матолиби тавсифӣ донем маълум мешавад, ки озодии сухан ба чуз густариши ВАО дар таъсисёбӣ дигар чизе нест . Дар ин бора андешаҳои арзишманди баъзе аз журналистони равшанфикр қобили мулоҳиза аст. Чунончи рўзноманигор ва нависандаи хушсалиқаи тоҷик Бобоҷон Икромов дар мавриди озодии сухан чунин изҳори назар менамояд:
«Озодии сухан яке аз рукнҳои асосии бунёди ҷомеъаи шаҳрванди аст. Озодии сухан вобаста аст ба замимаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимої, аст ки дар ҳоли ҳозир иқтисоди мо дар ҳоли гузариш аст. Яке аз фишангҳои озодии сухан баробари ВАО-и давлати ин ВАО-и гайридавлатӣ аст. Агар ВАО-и гайридавлатї ба бўҳрони иктисодӣ гирифтор шуда бошад, чи гуна метавонад аз озодии сухан ҳарф зад? Дар холе, ки мо дар бўҳрони иктисодӣ гирифторем. ВАО-и ғайридавлатӣ на ба пешравӣ балки ба сўи инқироз аст. Пас чи гуна метавонад аз озодии сухан гап зад. Ҳамчунин замимаҳои сиёсии имрўзаи мо ба таҳкими озодии сухан мусоидат намекунад, ки ин аз изҳороти ҳизбҳо маълум аст. Вазъияти иҷтимої, нагирифтани музди дилхоҳ метавонад майдони озодии суханро танг созад.
Агар мо солҳои 90-94 гирем озодии сухан, озодии матбуот бисёр васеъ буд як боди озоди дар ҳамон солҳо вазида буд, ки аз матбуоти ҳамон сол метавонем хулоса кунем.
Агар озодии сухан ҳар қадар васеъ шавад ҳукумат ҳамон қадар муқтадир мешавад. Яке аз шартҳои асосии мубориза алайҳи фасод ин озодии сухан аст.Таъмини озодии сухан ин аз байн бурдани фасод дар ҷомеъа аст. Дар солҳои 92 гирем ҷаласаи парламет бо тариқи ошкоро аз телевизион нишон медод, ки ҳамагон аз фаъоллияти онҳо бохабар мешуданд, ин ҳам таъмингари озодии сухан буд».
Журналисти дигар Абдуқаюми Қаюмзод мегуяд: -«Агар мо озодии суханро бо озодии баёни Ўзбекистон ё Туркманистон муқоиса кунем дар Тоҷикистон нисбатан матбуот озод аст. Вале муқоиса бо Қирғизистон ё ин ки Қазоқистон , мо дар сатҳи хеле поён қарор дорем. Агар мо озодии баёнро дар қиёс бо оғози замони истиқлолият арзёби кунем, озодии баён хеле заиф ва хеле камранг аст. Озодии баён дар муқобили чӣ бояд ба назар рассад? Яъне , дар муқобили мардум,шоиру нависанда, ё ин ки ҳукумат? Озодии баён ҳамеша дар баробари мешавад, ки то чӣ ҳад фаъолияти ҳукумат дар матбуот инъикос меёбад ва то чӣ ҳад ҳукумат дар мавриди арзёбиаш дар матбуот таҳаммул мекунад. Мутаассифона, дар матбуоти Тоҷикистон гузоришу матолиб дар мавриди фаъолияти ҳукумат, бахусус фаъолияти роҳбарони сатҳи болоии Ҳукумати Тоҷикистон риоя намешавад…»
Ҳамин тавр, аксари мулоҳизоти андешамандони соҳаи ВАО перомуни озодии сухан аз назари мазмун ва мундариҷа ифодари як маъно буда, дар маҷмўъ вазъи воқеии озодии суханро дар Тоҷикистон ба намоиш меоваранд.

Исфандиёр Ҳаитов-
донишчўи соли сеюми
бахши рўзноманигорӣ

Махсус барои сомонаи “Ахтари зулматсуз”

Баъд аз анҷумани адибони ҷавони ҷумхурӣ

Аз  25 то 28 –уми апрели соли 2012 дар шахри Душанбе анҷумани дахуми адибони ҷавон баргузор гардид, ки дар кори он адибони ҷавони шахру навохии ҷумхурӣ иштирок доштанд.  Хамоиш рӯзи чахоршабе, 25 –уми  апрел бо гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Одамушшуаро Абуабдуллох Рӯдакӣ ва оромгохи  сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ,  Қахрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва зиёрати мақбари  Лоиқи зиндаёд  шурӯъ шуд.

Сипас дар толори Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон ҷаласаи ифтитохии анҷумани адибони ҷавон баргузор гардид, ки   он  устодони сухан ва  ҷавонони сохибистеъдод, шуаро ва насрнависони  сохибистеъдоди Тоҷикистонро  гирди хам овард. Ҷаласаро  раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мехмон Бахтӣ  оғоз намуда, баргузории дахумин анчумани адибони ҷавони кишварро  тахният гуфт ва зикр кард, ки нахустин анҷумани  адибони ҷавон соли 1947 баргузор гардида, дар даврони сохибистиқлолии кишвар ин дуввумин анҷумани ҷумхуриявии адибони ҷавони Тоҷикистон мебошад.

Маликшох Неъматов – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Ҷумурии Тоҷикистон паёми шодбошии Хукумати кишвар ва Президенти ҷумхуриро ба вакилони машварати адибони ҷавон расонид.  Шоирони саршиноси кишвар  устод Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Гулназар Келдӣ адиби шинохта  Караматулло Мирзоев низ ба кори анҷуман барор хоста, аз баргузории чунин машварати дархури ниёзхои ҷавонон  изхори қаноатмандӣ  намуданд.  Иброз шуд, ки дар адабиёти муосири тоҷик адибони боистеъдод  ба камол расида истодаанд.

Пас аз ҷаласаи ифтитохӣ анҷуман  кори хешро дар чанд бахш идома дод. Пас аз музокироти дурӯза  ҷавонон аз Китобхонаи миллӣ, ки дар шахри Душанбе қомат афрохта дидан намуданд.

Рӯзи сеюм машварати якҷояи бахшхо гузаронида шуд, ки дар он аз бозёфтхои ин анҷуман ва сатхи эҷодиёти иштирокдорон ахли қалам фикру андешахояшонро иброз доштанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз вилояти Суғд 13 навар ҷавонони сохиқалам вилояти Суғдро намояндагӣ карданд.

Анҷуман хубу хотирмон  ҷарён гиифт ва то дергох дар хотиархо нақш хохад баст.

Ҷоизаи Академияи Қафқоз ба адиби тоҷик

Академияи Кавказ  адиби тоҷик Шохмирзои Хоҷамухаммадро ба ифтихори  200- солагии ба Империяи Русия дохил шудани Абхазия ва барои асари хуҷҷатии у “Ахтари зулматсуз”  бо мукофоту медал тақдир намуд.

Хамон тур ки қаблан хабар дода будем, Комитети ҷоизаҳои ба номи Лермонтови назди Иттифоқи нависандагони Россия ба адиб, нависанда ва рӯзноманигори шаҳири тоҷик устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои хизматҳои шоиста дар таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон  ва асари этнографии эшон “Сурмаи дил ” ҷоизаи байналмилалӣ,  яъне медали нуқра тақдим карда буд , ин бор ба мо боз хушбар доданд, ки Академияи Кавказ хам адиби тоҷикро тақдир намуд. Бояд арз кард, ки  ҷоизаи имсола ба даҳҳо адибон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, философҳо, рӯҳониён ва нависандагони ҷаҳон, ки дар осорашон сулх, вахдат ва инсондустиро таблигу ташвиқ кардаанд, дода шудааст. Хамчунин ин бузургмардон дар таблиги адабиёти ҷахон сахми боризе гузоштаанд.

“Ахтари зулматсуз” яке дигар аз  осори  устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад – муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик аст, ки ба унвони як қиссаи хуҷҷати аз рузгори як фидойии миллат нақл мекунад. Ва хушбахтона, ин асар, ки  ҷангнома махсуб меёбад, аз тарафи Вазорати дифойи Руссия барои озмун пешниход карда шуд. Муаллифи ин китоб, донишманд ва мубаллиги таъриху адабиёти тоҷик аз зиндагии пур аз мубориза, талош, пайгирихои мудовим, ҷонфидоихои Кахрамони Мехнати Сотсиалисти Наврузмухаммад Раҷабов хадис мегуяд. Хадисе аз дустию сулх, аз вахдату васлшуди тамаддунхо.

            Хадафу рисолати ин Академия пеш аз хама  дар сулху оромишу вахдат қарор додани давлатхост ва дар гуфтугуи тамаддунхо нақши бузургро иҷро мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин медал ба он нафароне тақдим мешавад, ки дар роҳи таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон, таблигу таргиби сулх, вахдат, гуфтугуи тамаддунхо  ки ҷузъи таърихи адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад, саҳм мегузоранд. Ва устод Шохмирзо ба унвони як қаламкаши мумтоз бо килки суханпарваронаашон дар ин ҷодда бисёр корхо анҷом додаанд.

            Лозим ба зикр аст,ки аксари мавзуъхои осори устод марбут мешаванд ба дустию сулху вахдат ва хадамоти ишон дар муаррифи ва чехракушоии чехрахои машхуре чун  Навруз Раҷабов, Шоди Боқиев ва даххои дигар бориз аст. Ин муваффақиятро  ба устоди азиз табрик арз мекунем.

Фирдавси Аъзам

ТАҶАЛЛИ ИШҚИ ОЛАМГИРИ МАВЛОНО

Ба ифтихори зодрӯзи Мавлонои кабир
Маҳбубияти Мавлоно дар арсаи ҷаҳон рӯзафзун аст. Воқеан, ҷаҳон ба ӯ ниёз дорад. ӯро шоирои ҷаҳонӣ шинохтаанд. Шеъри ӯ, андешаи ӯ мақбули пиру барност.
Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амиқи ҳадафу назару дидгоҳи Мавлоно ба онҳое, ки бахту иқболи хондани осори ӯро бо забони форсӣ надоранд муваффақ шуданд, то осори ӯро тарҷума намуда, манзури аҳли завқ намоянд, инчунин дар нерумандии ишқи ӯ ба Худову ба инсоният.
Тарҷумаҳои инглисии муосири Колман Баркс, тарҷумахои хонум Ива ба забони фаронсавӣ, корҳои Анемария Шиммел дар Олмон ва талошу кӯшиши дигарон тавонистанд, ки истиншоку илҳому маъруфияти ӯро ба миллионҳо одамон дастрас намояд. Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарҷумаи ашъори Мавлоно ба саҳна омадааст. Ива тақрибан 30 китоб дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсавӣ тарҷума намудааст, ки ин муҳаббати беандозаи ӯро нишон медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бино бар хулосаҳои муҳаққиқи эронӣ Ризо Фаррухфол «Мавлоноро нахустинбор дар авохири садаи 19 шарқшиносони бритониёвӣ ба хонандагони инглисзабон муаррифӣ карданд.» Ин муҳаққиқ таъкид мекунад, ки «Аз миёни онон (шарқшиносони бритониёвӣ Ф.А.) ва ба тартиби замонавӣ метавон ба Ҷеймс Редҳавс ишора кард, ки дар соли 1888 баргардони мавзуне аз дафтари Маснавӣ мунташир кард». Пас Ҷеймс Редҳавсро метавон чун аввалин мутарҷиме, ки Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ тарҷума кардааст шинохт. Баъдан А.Винфулд дар соли 1889 3500 байт аз Маснавии Мавлоноро тарҷума кард. Ҳамзамон Вилсун низ аз мутарҷимоне аст, ки то оғози садаи ХХ ба осори гаронмояи Мавлоно таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд. Тарҷумаи густурдаву фаҳехта ва таваҷҷӯҳи хоса ба осори Мавлоно баъдан дар ибтидои асри мозӣ аз ҷониби Николсон ва Арберӣ сурат гирифт, ки тарҷумаи Маснавӣ ва ғазалиёти Шамс аз хидматҳои арзишманнди онҳо мебошад.
Аммо истиқболи густурдаи Мавлоно дар Fарб баъд аз интишори китоби «Забдаи ашъори Румӣ» дар соли 1990 сурат гирифт, ки ин китобро Колман Баркс тарҷума ва омода намудааст.
Мувофиқи сарчашмаҳову нигоштаҳо Мавлоно то ибтидои асри ХХ дар Амрико ва умуман Fарб кам шӯҳрат дошт. Шурӯъ аз солҳои 1920 устоди Донишгоҳи бонуфузи Кембриҷ, профессор Рейнолд Николсон, мутарҷими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико, профессор Колман Баркс ба тарҷумаи шеъри Мавлоно ва муаррифии густурдаи ӯ ба хонандагони англисзаббон пардохт. Худи Баркс дар ин маврид мегӯяд “Ашъори ӯ аз огоҳии амиқи баҳамваслии ҳаёту тамоми инсонҳову адён мебошад. Шӯҳрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар ақсои олам аст.
Бояд қайд кард, ки дар мавриди чигунагии тарҷумаҳои Колман Баркс низ муҳаққиқон ва мавлавишиносон ихтилофи назар дорнд. Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, аз ҷумла Ризо Фарухфол бар онанд, ки бовуҷуди он ки «Баркс Мавлоноро дар забони англисӣ аз қафаси танги маҳфили эроншиносӣ ва шарқ шиносӣ озод кард (то ибтидои асри ХХ бо вуҷуди мавҷуд будани тарҷимаҳои осори Мавлоно хонандагони зиёд аз он бардошт надоштанд ва он ба ҷомеаи инглисзбон бояду шояд муаррифӣ нашуда буд Ф.А.), аммо ба ин кор ӯро гирифтори қафаси дигар кард, ки ҳамоно салиқаву тафсири шахсии худи Баркс аст». Ҳамчунин Фарухфол хулоса мекунад, ки «Мавлоно дар тарҷумаи Баркс ба сурати маҳфуми маҷъул даромадааст, ки ба ҷои ҳолати рӯҳонӣ ва қудсӣ бештар ҳолати ҷисмонӣ ва заминиро ифода мекунад».
Ба андешаи иддаи дигари муҳаққиқин ба вижа дуктур Фағфурӣ тарҷумаи Колман Баркс аз беҳтарин тарҷумаҳои Мавлоно шинохта шудааст, ки тавонист Мавлоноро ба хонандагони ғайр ба осонӣ муарифӣ кунад.
Метавон иддао намуд, ки Мавлонои кабир буд, ки Барксро соҳибному шаҳир гардонд ва уро ба даромадтарин шоири амрикои мубаддал кард.
Кукотос, бошад дар бораи тарҷумаҳои Баркс мегӯяд: «ҳеҷ мутарҷиме беш аз Баркс ба осори Мавлавӣ вафодор намондааст, дар тарҷумаи ӯ рӯҳи ирфонии шеърҳои Румӣ ҳифз шудааст».
Воқеан, имрӯз танҳо яке аз китобҳои Мавлоно бо тарҷумаи Колман Баркс дар Амрико беш аз садҳазор нусха ба фурӯш рафта ва ҳоло Баркс ба барҷастатарин мутарҷими осори Мавлоно ба забони англисӣ шинохта шудааст.
Шаҳром Шиво, шоир, олим, мутарҷими кутуби Мавлоно дар Амрико низ бар он назар аст, ки шӯҳрати Мавлоно беинтиҳост ӯ мегӯяд ”Шӯҳрати Мавлоно лаҳза ба лаҳза рӯ ба афзоиш аст. Ӯ бо масоили иҷтимоии марбут ба инсону ҳаёти ӯ сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол қабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад. Ҳарфу сухану шӯҳрати ӯ беинтҳост”.
Ростӣ Мавлоно пуле миёни давлатҳову миллатҳову қавмият шинохта шудааст. Чунончи профессор Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноӣ бо осори гаронбаҳои Мавлоно ба дини мубини Ислом руй оварда, мусалмон гаштааст ва тамоми умр кӯшидааст Мавлоноро ба миллати хеш муаррифӣ намояд.
Пас чӣ омилу далоил боиси ин ҳама маҳбубият Мавлоно гашта аст?
Ба андешаи мо, маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз сӯи табақаи мухталифи ҷомеа ин аст, ки Мавлоно хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Мардумро ба сӯи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. Ҳама кешро эътироф мекунад. Дар ин маврид худи Мавлоно мегӯяд: “Ман ба парастишгоҳи яҳудон рафтам, ба калисо ҳам рафтам инчунин ба масҷид хам рафтам, аммо ҳамоно як хел меҳроб дидам, ки дар ҳар се парастишгоҳ вуҷуд дорад ва ман ҳам якхел рӯҳия доштам.” Бубинед, ин гуфта худ таҷассумгару тараннумгари рӯҳи оламгир аст, ки бидуни ин рӯҳ мо ҳеҷем.
Албатта, Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теъдоди аъзами одамонро ҷуфт гардонад. Ӯ тавонист дили миллионҳо одамони маҷрӯҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад. Чунон чи Миша Рутенберг хунёгари ботаҷриба, аҳли Сан Франсискои иёлати Калифорняи Амрико бар ин бовар аст, ки маҳз сурудаҳои Мавлоно ӯро шӯҳрат додааст.
Вилиям Читик исломшинос ва ирфонпажӯҳ иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоноро дар ташнагии ғарбиҳо ба маънавият донистааст. Ӯ дар мусоҳибаи тафсилияш бо Муҳаммадалӣ Ниёзӣ дар ёдномае, ки «Анҷумани осори мавоҳири фарҳангӣ» гуфтааст: Алоқа ва таваҷҷӯҳи ғарбиёни имрӯза ба Мавлоно ҷаҳоди мутаадид дорад. Яке ташнагии онон ба маънавият ҳаст. Ин омили бисиёр муҳим аст. Агар аз лаҳози таърихи ба қазия таваҷҷӯҳ кунем, бояд гӯем Никлосон аз ин ҷаҳат хидмати бузурге ба ғарибён кардааст. Ӯ ҳудуди панҷоҳ сол пеш Маснавиро ба англисӣ тарҷума кард ва дар шаш ҷилд ба чоп расонид ва ду ҷилди шарҳ низ бар он афзуд, ки тамоми онҳо ба форсӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Муҳаққиқон бар он назаранд, ки ба вуҷуди он ки Франклин Динклуис дар китоби арзишманди Мавлоно: Дирӯз то имрӯз, Шарқ то Fарб, (аз ин китоб ба форси ду тарҷума дар даст аст: 1 – Ҳасан Лоҳутӣ, нашри Номак 1383, 2 – Тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд нашри соли 1383) нахустин пажӯҳандаи Амрикоӣ ҳаст, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами мақолоти Шамсро ба англисӣ тарҷума ва дар 2004 мунташир кард.
Воқеан, барои мо, порсизабонон ва ворисони Мавлонои кабир боиси ифтихор ва саодатмандӣ бояд бошад, ки ҷаҳониён Мавлонои моро беҳтарин дӯсти хеш меҳисобанд. Ҷаҳониён дар шеъри ӯ сулҳу оромишро дарёфтанд. Васлкунандаи қалбҳо, пайвандагари тамаддунҳо, пуле миёни миллатҳост ӯ. Китобаш дар руйхати пурфурӯштарин китобҳои дунёст.
Тарҷумаҳои ҷопонӣ, арабӣ, итолиёвӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, кирғизӣ, урду, туркӣ, лаҳистонӣ… -осори Мавлоно имрӯзҳо ба бозор меоянд ва мардумони дорои ақоиду кешҳои мухталифро ба самти худ мекашад.
Ӯ имрӯзҳо бо гуфтору шеърҳои нобаш намояндаҳои тамоми миллати дунёро ба сӯи хеш мехонад ва исбот кардааст, ки ӯ -Мавлоно шоири ҳамаи халқҳост, новобаста ба мазҳабу кешу оину дин. Ӯ шаҳрванди ҳамаи мамолики олам аст. Танини шеъри ӯ аз пушти қарнҳо ба гӯш мерасад, ки гуфта:
На шарқиям на ғарбиям, на бариям на баҳриям
На аз кони табииям на аз афлоки гардонам
На аз хокам, на аз обам, на аз бодам на аз оташ
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.
На тан бошад, на ҷон бошад , ки ман аз ҷони ҷононам.
Мавлоно дар ҳоли ҳозир лаҳза ба лаҳза, соат ба соат дар ҳоли фатҳи қалбҳову зеҳнҳост, дар ҳоли расидан ба ҳама мушкилоти инсонҳост, ӯ марзҳоро гузашта, то ба кулуби одамон мерасад. Рӯзе нест, ки матлаби тозае аз ӯ дарҷ нагардад.
Ба ин маънӣ низ суруда, ӯ гуфтааст:
Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам.
Дар ман нигар дар ман нигар баҳри ту ғамхор омадам.
Моро ба чашми сар мабин, моро ба чашми сар мабин
Онҷо биё моро бубин, к-инҷо сабуксор омадам
Мӯҷиби ин ҳама маҳбубияту шӯҳрат ва шаҳиру номдор гардидани Мавлонову осораш дар соири мамолик ин, албатта аз як тараф афлокиву малакутӣ будани андешаи Мавлоно бошад, (андешаи ӯ тавонист чаҳонро тағйир диҳад ва самти зиндагии миллионҳо омдамонро дигар намояд. Ф.А) аз тарафи дигар ӯ ба қавле орифест дилогоҳ, шоирест дардшинос, ва андешаварест беназир. Андешаҳои дурахшону ирфонию фалсафию афлокии баландеро соҳиб аст.
Рӯҳаш шод ва шӯҳраташ ҷовидон бод!
Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

Тарҷумаи русии Маснавии Мавлавӣ китоби баргузидаи сол шуд

Бино ба иттилои хабаргузории фархангистони забон ва адабиёти форси тарҷумаи дафтари чаҳоргонаи Маснавии Мавлавӣ ба русӣ, ки тайи чанд соли гузашта ба ҳиммати Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии исломии Ирон ва тавассути интишороти шарқшиносии Санпитрбург мунташир шудааст. Аз сeи анҷумани ноширони китоби Русия ба унвони беҳтарин тарҷумаи соли 2010 дар бахши адабиёти классик, баргузида шуд ва ба дарёфти нишони дипломи ифтихорӣ ноил омад. Истифодаи шадиди алоқамандон аз ин асри мондагори адабиёти ирфонии Ирон ба ҳадде будааст, ки дар фосилаи кeтоҳ таҷдиди чоп шудааст. Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Русия бо иноят ба истиқболу алоқаи шадиди ҷомеаи китобхони Русия ба адабиёти машриқзамин, ба вижа адабиёти куҳани порсӣ, тарҷумаи осори мондагори адабиёти Иронро дар дастури кори худ қарор додаст. Тарҷумаи Маснавӣ- ки аз замони масъулияти оқои Имонипур ройзани пешини фарҳанги Ҷумҳури исломии Ирон дар Русия, оuоз шуда тарҷумаи чаҳоруми дафтари он то кунун мунташир гашта ва то дафтари шашум тадовум хоҳад дошт-аз ҷумлаи ин барномаҳо ба шумор меравад. Таҷдиди чоп, ҳамвора бо тасҳеҳу такмили тарҷумаи русии Гулистони Саъдӣ аз дигар барномаҳои ин ройзанӣ дар ҳавзаи муаррифӣ тарҷумаи адабиёти фаҳехтаи куҳини Иронии бузурги исломӣ аст, ки пешбинӣ мешавад бо истифодаву тавҷҷeҳи зиёди мухотибон Федератсияи Русия мувоҷеҳ шуд.