Featured

Орзуям ин аст…

То таваллуди #Табиат рӯзҳои башуморе монда аст. Биёед ба ин муносибат орзу мекунем;

Орзу мекунем, ҳоли ҷаҳону инсонҳо хубтар шавад. Саломатӣ, Сулҳ, Садоқат, Амният, Адолат, Меҳрубонӣ, Огоҳӣ ва Хушбахтӣ дар ҷаҳон ҳукумат кунад ва ҷанг, кина, адоват, бадбахтӣ аз сайёраи мо барои ҳамеша кӯч кунад…

Орзу мекунем бидуниташвиштарин рӯзҳоро пеши рӯ дошта бошем; #бемористонҳо ҷояшонро ба истироҳатгоҳҳо, #зиндонҳо ба осорхонаҳо, #гуристонҳо ба тафреҳгоҳҳо ва #дорухонаҳо ҷояшонро ба китобхонаҳо диҳанд…

Орзу мекунем шонаҳои одамҳо холӣ аз бори сангини ғаму ранҷҳо бошад. Дилҳо шод, чашмҳо беашк, дастҳо пур ва зеҳнҳо ором. Рӯзҳои сиёҳу талх дар гузашта монанд ва рӯзҳои рӯшану ширин сарнавишти одамҳоро рақам бизанад…

Continue reading “Орзуям ин аст…”

“Гаҳвораи заррин” – и Шоҳмирзо Хўҷаев нашр шуд

 Чанде қабл нашриёти “Меъроҷ” асари тозаи нависандаи тоҷик Шоҳмирзо Хўҷаев (Хоҷамухаммад)- ро таҳти унвони “Гаҳвораи заррин” ба нашр расонид. Ин асар устурае аз асотири кўҳистонист, ки ҳақиқате аз ҳақиқатҳои урёнро дар худ таҷассум намудааст. Дар асари мазкур аносири далелу исбот, масалу макол, илму дин, назму наср, ҳаҷву фантастика чун тору пуд ба ҳам омехта, дар ниҳоят  навиштае хонданй ба бор омадааст, ки кас аз мутолиаи он манзараи дилангези Лангари Мастчоҳ ва шуҷоату набардҳои рустамонаи сокинонашро пеши чашм хоҳад дид.

Нависанда дар ин асар аз нозукиҳои рўзгори мардуми  деҳаи Лангари Кўҳистони Мастчоҳ ба хонанда иттилоъ медиҳад. Ин асарро метавон  шиносномаи Лангар донист.

 Дар пешгуфтори асар шоири тоҷик Маликнеъмат  мегўяд, ки “Фалсафаи ” Гаҳвораи заррин”  ҳар нафареро, ки гунахкор ва баландандеш бошад, суи худ рох намедихад, пок ва мубарро чун дили хар фарди кухистон аст.”

 Зимнан ёдовар мешавем, ки Шохмирзо Хуҷаев зодаи нохияи Мастчох, узви Конфедератсияи байналхалкии журналистон, муаллифи китобхои “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) , “Гулшани дилхо” ва “Касидаи ҷавонмардй”  буда “Ахтари зулматсуз” асари ҷахорумини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалистй зиндаёд Навруз Раҷабов хикоят мекунад.

Шоистаи зикр аст, ки  Шохмирзои Хоҷамухаммад барои китоби “Ахтари зулматсуз” ва хамчунин асари этнографии “Сурмаи дил” аз тарафи Академияи Қафқоз барандаи ду нишони ин ниходи муътабар -Ҷоизаи Лермонтов ва 200-солагии пайвастани Қафкоз ба Русия шудааст.

“Гахвораи заррин” асари ҷадиди муаллиф  асотире аз устураи кухистон мебошад, ки дар мавриди мардумшиносй низ бахс мекунад.

Фирдавси Аъзам

Бунёди Фирдавсӣ ва талошҳои раиси боҳиммати он

Доктор Муҳаммадҳусейни Тусиванд дар соли 1936 таваллуд шудааст ва 25 сол аст,ки дар сатҳи ҷаҳонӣ дар корҳои башардӯстонаи худ идома медиҳад.Аз ҷумла,болотарин нишони ифтихори Ҷумҳурии Федероли Олмонро гирифтааст.Дар соли 2008 номзад ба дарёфти Ҷоизаи Нобел дар бахши инсондӯстӣ буд.Тусиванд дар соли 2005 бо ҳазинаи шахсиаш Бунёди Фирдавсӣ, шохаи Тусро таъсис дод.Дар соли 2002 беҳтарин пизишки Берлин эълом шуд.Вай шаҳрванди ифтихории шаҳри Санкт- Петербург аст.

Се хонаи беҳдошт дар навоҳии зилзилазадаи Бирҷанд ва ба осебдидагони ин минтақа кумакҳо карда,дар ноҳияи зилзилазадаи Гулёи Туркия низ бо ҳамкории пулиси Берлин бемористон сохтааст.Ба кишварҳои Югославияи собиқ,Мозамбик, Лубнон, Афғонистон, Италия, Покистон,Амрико низ ёриҳои бедареғ ба мӯҳтоҷон доштааст.Вай мубтакири ҷарроҳии микроскопӣ дар Эрон аз солҳои 1975 то 1979 аст.
Доктор Тусиванд ҳарчанд худ пизишк аст,вале бо ҳиммату матонат дар ростои ҳифз ва бақои забону адаби форсӣ гомҳои ҷиддӣ мебардорад ва дар ин арса аз ҳеҷ талоше дареғ намеварзад.Талошҳои вай махсусан дар амри бузургдошти сухансарои ҷовидони Тус шоистаи таҳсин аст.Вай Фирдавсиро зиндакунандаи фарҳанг,забони форсӣ ва ҳуввияти миллии эрониён медонад ва мегӯяд:алон дар Тоҷикистон Фирдавсиро Ҳазрати Фирдавсӣ хитоб мекунанд,дар Узбакистон ҳам мардум иродати хосе ба Фирдавсӣ доранд,аммо дар кишвари мо нисбат ба ин ҳамосасарои бузург,ки эҳёкунандаи таърих,фарҳанг ва тамаддуни эронист,бемеҳрӣ мешавад ва мардум ӯро он тавре,ки бояд, намешиносанд.
Вай ахиран дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфтааст:Фирдавсӣ яке аз мухлистарин ва муъминтарин шоирон аст,ки дар ашъораш ба хубӣ собит кард,ки миллият ҳеҷ манофоте бо мазҳаб надорад,ҳатто касоне,ки имони қавитаре доранд,нисбат ба Ватан ва арзишҳои миллии худ вафодортаранд,масъала ин аст,касоне,ки бо Фирдавсӣ мухолифанд, “Шоҳнома”-ро нахонда ва Фирдавсиро намешиносанд.
Вай бо ишора ба инки агар миллате аз таърихи худ огоҳӣ надошта бошад,маҳкум ба нестӣ ва завол аст,изҳор медорад:таърихи чандҳазорсола ва фарҳанги пурбори мо шоистаи таааммуқ ва иноят аст ва агар бихоҳем аз ин таърих баҳра бигирем,бояд ба “Шоҳнома” таваҷҷуҳ кунем,чаро,ки таърихи мо дар “Шоҳнома” аст.
Доктор Тусиванд ҳадаф аз таъсиси Бунёди Фирдавсиро эҳёи фарҳанҳи “Шоҳнома” ва забону адаби форсӣ дар байни мардум медонад ва хотирнишон мекунад:ин Бунёд,созмоне фарҳангӣ, ғайрисиёсӣ ва мардумист,ки аз ибтидои таъсис то кунун ба муваффақиятҳои зиёде расида,ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба сабти ҳазораи Фирдавсӣ дар Созмони ЮНЕСКО,эътироз ба Музейи Лувр ва баргузории Кунгураи Берлин ишора кард.
Вай мегӯяд,ки мо ба Музейи Лувр эътироз кардем,ки агар брушурҳояшонро ба хотири ҳазфи номи Халиҷи Форс ва тағири он ба Халиҷи Арабӣ ҷамъоварӣ накунанд,аз онҳо расман шикоят ва иддаои хасорат мекунем.Онҳо ҳам узрхоҳӣ карданд.Дар Кунгураи Берлин бузургтарин шоҳномапажуҳони ҷаҳон ҳам ба ироаи суханронӣ ва баҳсу табодули назар дар бораи “Шоҳнома” пардохтанд.
Назар ба гуфтаи ин марди фидокор чандин нафар ба хотири манофеъи шахсӣ аз ӯ пул ситондаанд, вале бо ин вуҷуд мегӯяд ҳар коре дар тавонаш бошад барои рушду иртиқои забону адаби форсӣ анҷом хоҳад дод.Ҳар сол бо ибтикори ин чеҳраи фарҳангӣ барои посдошти гӯяндаи “Шоҳнома” маросими бошукӯҳ бо ҳузури бузургтарин муҳаққиқони “Шоҳнома” баргузор мешавад ва ишон ҳамвора дар ин маросиму нишастҳо аз Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон ёд мекунад.Бо ташаббуси доктор Тусиванд имсол дар шуъбаи Бунёди Фирдавсӣ дар Машҳад китобхонаи тахассусӣ дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” таъсис шуд. Бунёди Фирдавсӣ қасд дорад ҳар сол ба яке аз пажуҳишгарони “Шоҳнома” ҷоизаи нафис тақдим намояд.
Раиси Бунёди Фирдавсӣ яке аз бузургтарин ҳадафҳои Бунёди мазкурро эҳёи зодгоҳи Фирдавсӣ медонад ва таъкид мекунад:ман худам дар рустои Фирдавсӣ -Пож таваллуд шудааам ва бузургтарин орзуям таъсиси шаҳраки “Шоҳнома” дар ин рустост ва бо инки муқими Олмон ҳастам,ҳозирам тамоми сарватамро барои амалӣ шудани ин руъё ҳазина кунам ва умедворам пеш аз маргам ин орзуро амалӣ кунам.
Вай мегӯяд:вақте амрикоиҳо аз мўшу гурба Волт Дизни дуруст мекунанд,чаро мо,ки таърихи чандҳазорсолае дорем,ин корро накунем? Мо тасмим дорем шаҳри “Шоҳнома”-ро бо анимейшенҳое аз саҳнаҳои “Шоҳнома” дар ҳолаҳое аз шиша бисозем,то тамоми мардум, бавижа кӯдакон ва навҷавонон тамоми “Шоҳнома”-ро бубинанду ҳис кунанд.Таъсиси маркази варзишӣ, меҳмонсаро, бемористони тахассусӣ бо пизишкони бисёр ботаҷриба,боғи “Шоҳнома”, толори ҳамоиш…аз ҷумлаи ҳадафҳои ин тарҳ аст ва Пож метавонад ва бояд ба маркази бузурги судури фарҳанги эронӣ табдил шавад.
Вай таъкид мекунад:таъсиси ин шаҳрак илова бар мазоёи фарҳангӣ мӯҷиби ҷазби гардишгар аз кишварҳои дигар шуда ва фоидаҳои иқтисодии бисёре низ дарбар хоҳад дошт.Вай изҳори умедворӣ мекунад,ки ҷавонон бо фарҳанги “Шоҳнома”,ки ҷомеъи ҳамаи арзоишҳои инсонист,ошно шаванд ва азамату ифтихори фарҳанг ва забони форсиро бештар бишиносанд.Вай аз ин ки дарсади ками мардум зодгоҳи Фирдавсиро медонанду дидаанд ,хеле ғамгин аст ва барои шинохти бештари ин рустои мардони бузург,ки замоне 1000 марди ҷангӣ аз он бармеомада,боз ҳам бо чангу дандон талош мекунад.
Бояд гуфт Бунёди Фирдавсӣ-шохаи Тус созмони фарҳангӣ ва мардумниҳодест , ки бе ҳеҷ вобастагӣ ба гароишоти сиёсӣ ва ё чашмдоште ба баҳраҳои бозаргонӣ ва молӣ дар заминаи густариши забон ва адаби форсӣ мекўшад ва дар ин раҳгузар талош дорад то посдорӣ аз оинҳо ва боварҳои писандидаи эронӣ, фарҳанги баромада аз гуфтор, пиндор ва кирдори некро дар баробари фарҳангҳои дигари миллатҳо ба намоиш бигузорад…
Ҷаҳон рӯ ба сӯи якдастӣ ва якпорчагист. Раванди ҷаҳонӣ шудан агарчи мумкин аст дастовардҳои судманде барои инсон дошта бошад, вале бегумон фарҳангҳои гуногун ва рангоранги бостонӣ дар гӯшаву канори кўраи хокиро дастхуши таҳаввулот ва дигарсониҳое хоҳад кард,ки шояд паёмадҳои он ҳаргиз бозгаштпазир набошад.
Аз ин рӯ,яке аз чашмандозҳои Бунёди Фирдавсӣ бозофаринӣ ва бозшинохти намодҳо ва нишонаҳои фарҳанги бумӣ аст,ки дар ин рӯйкарди вижа хиттаи Хуросон ва сарзамини Тус ва деҳкадаи Пож, ки зодгоҳи донои Тусро дар оғӯши хеш дорад,аз вижагии бештаре бархурдор аст.
Пож дар 12 километрии бохтарии Машҳад ва яке аз киёнҳои фарҳангии Осиёи Миёна ба шумор меравад.Забони форсии дарӣ афзун бар ҳазор сол дар Хуросони Бузург,сохтори гуфтории мардуми ин сомонро ташкил дода ва дар дарознои таърих ҳаргиз бо ҳуҷуми ақвоми бегона рангу рехти куҳани хешро аз даст надодааст.
Бунёди Фирдавсӣ сарафрозона корҳо ва талошҳои фарҳангии хешро бо чунин рӯйкардҳо идома медиҳад:
1.Баргузории Кунгураи солиёнаи бузургдошти сухансарои Эронзамин,ки бо номи зодгоҳи ӯ -“Пож” бапо дошта шуда ва ҳамзамон бо оғози ҳазораи дуюми хуршедии сароиши “Шоҳнома” ба унвони меросе фарҳангӣ,имсол ҳафтумини он аз 23 то 25 урдубиҳишти соли 1391 баробар бо 11 то 14 маи соли 2012 милодӣ баргузор шуд.
2.Густариши намояндагиҳои Бунёди Фирдавсӣ дар маркази устонҳои Эрон.
3.Пешниҳоди сабти поёни ҳазораи нахусти хуршедии “Шоҳнома” ба унвони мероси фарҳангии Эрон дар дафтарҳои расмии ЮНЕСКО ва пайгирии ин муҳим ҳамроҳ бо сабти ҷашни Наврӯз ба унвони оини неки эрониён.
4.Эҷоди фазои ҳамгароии ҷаҳонӣ ва талош барои пешгирӣ аз тағири номи Халиҷи ҳамеша Форс ва рафъи шубҳаҳои таърихӣ дар хусуси ҷазираҳои сегона ва низ густариши фарҳанги забони форсӣ дар ин хитта бо ҳадафи ошноии ҳарчи бештари мардуми он сомон ба пешинаҳои мусаллами таърихӣ-эронии ҷуғрофиёии ҷануби Эрон.
5.Баргузории кунгураҳои пуршумори мероси фарҳангии эрониён бо унвони поёни ҳазораи нахусти хуршедии сароиши “Шоҳнома” дар кишварҳои Фаронса, Олмон,Австрия ва Герсоговина.
6.Вироиш,пуштибонӣ ва чопи китобҳои фарҳангӣ ба шарҳи зерин:
– “Мутуни шарқӣ ва шеваҳои ғарбӣ”,ба қалами Маҳмуди Умедсолор,
– “Розҳои “Шоҳнома”,маҷмўаи мақолаҳое,ки аз сӯи Бунёди Фирдавсӣ мунташир шуда.
– “Гуфтори шоҳномапажўҳони барҷастаи Эронзамин” дар ростои ҳамоиши ҳафтаи китоби Теҳрон.
– Барпоии намоишгоҳи офаринаҳои хушнависӣ аз сафаҳоти “Шоҳнома” тавассути Устоди гаронмоя Шамсуддини Муродӣ дар маҷмўаи фарҳангии Арасборони Теҳрон.
– Бархониши оҳангини достонӣ аз “Шоҳнома”(“Заҳҳок ва Фаридун”) тавассути устоди мусиқии Эрон Шаҳроми Нозирӣ дар толори ҳамоишҳои Милоди намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон.
– Иҷрои намоишномаи “Рустам ва Исфандиёр” ба коргардонии ҳунарманди пуровоза хонуми Парии Собирӣ дар толори Рӯдакӣ

Шоҳмансури Шоҳмирзо,
шаҳри Теҳрон

Шоири тоҷик: «”Зулол” шабоҳате ба шеъри сафед надорад»

Душанбе. 28-уми декабр. Tojnews – Аз ёдҳои хуши соли 2011 метавон сазовори нишони тиллоии Фирдавсӣ аз Муассисаи фарҳангии Созмони байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) шудани шоири тоҷик – Аъзами Хуҷастаро ёд кард. Нишони мазкур ҳамроҳ бо акси Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ барои шахсиятҳо ва чеҳраҳои фарҳангии минтақа, ки дар рушди фарҳангу адаб ва офаридаҳои тоза саҳме доштанд, эҳдо мешавад.

Аъзами Хуҷаста соҳиби се маҷмӯаи шеърист ва дар Тоҷикистону Эрон бо номҳои “Чашмаи шоир”, “Соярӯшан” ва “Чашмаи зулол” чоп шудаанд.

Гуфтанист, ки нишони тиллоии Фирдавсӣ аз ду сол ба инҷониб таъсис ёфтааст ва он ба шахсиятҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла, хушнависони эронӣ – Ғуломҳусайни Амирхонӣ, Муҳаммадии Ҳайдарӣ ва хаттоти афғонӣ – Авранг тақдим шудааст.

Аъзами Хуҷаста барои силсилашеърҳои зулолаш, ки як равиши тозаи эҷоди шеър дар адабиёти форсист, ба дарёфти ин мукофот мушарраф шуд. Ҳам истилоҳ ва ҳам худи шеър барои хонандаи тоҷик чандон ошно нест. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем дар остонаи Соли нави масеҳӣ бо шоири тоҷик як сӯҳбати кӯтоҳе дошта бошем, то ба таърих ва вижагиҳои шеъри зулол ошноии бештар пайдо кунем. Ва нахустин суоли мо ҳам чунин буд:

– Чаро шеъри зулол? Асосгузораш кист ва дар куҷо бори аввал иншо шуда?

– Қолаби “Зулол” дар 2 баҳмани соли 1388 ҳиҷрии шамсй – 28 январи соли 2010 тавассути Абулфазли Билвердӣ (Додо), аз шоирони хушбаён ва хушзавқи табрезӣ муаррифӣ шуд. Оқои Додо дар муаррифиномаи худ ҳама қонуну қоидаҳои ин қолаби навро баён кардааст. Ман аз лаҳзаи аввали ошноӣ бо ин қолаб шефтаи он шудам ва аввалин зулоламро ду рӯз баъд аз эъломи мавҷудияти “Зулол” навиштам. Ҷаноби Додо дар бораи ин ки чаро қолаби эҷодкардаашро “зулол” номидааст, мегӯяд: «Аз даврони кӯдакӣ иборати “зулол” бароям ошно меомад, ба тавре ки ҳеҷ вақт маънои луғавиаш маро қонеъ намекард. Масалан, наметавонистам ба худ биқабулонам, ки маънои воқеии зулол оби соф ва гуворо бошад… Дар маҷҷалот, ки вожаи “зулол”- ро медидам, мутаҳаййир мешудам… Баъдҳо вақте қолаби ҷадидро танзим кардам, номе муносибтар аз ин пайдо накардам».

Ва ин бозгуйӣ моҳияти ин қолаб низ ҳаст. “Зулол”, яъне соф ва шаффоф, зебо ва бидуни олоиш гуфтан аст. Ба ҳамин тартиб, метавон гуфт, ки асосгузори шеъри “зулол” Абулфазли Билвердӣ бо тахаллуси “Додо” аст.

– Дар Тоҷикистон киҳо пайравонаш ҳастанд?

– Имрӯз бисёриҳо дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар қолаби “зулол” шеър мегӯянд. То ҷое ки ман огоҳам, дар Тоҷикистон Сурайё Ҳакимова, Зафари Сӯфии Фарғонӣ, Фирдавси Аъзам, Андари Хуросонӣ ва як-ду нафари дигар ҳастанд, ки мутаассифона, номашон ба ёдам намеояд (аммо дар дафтарҳоям ҳастанд), дар қолаби “зулол” шеър мегӯянд.

– Ин шеър чӣ вижагиҳо дорад?

– Шеъри “Зулол” ҳамон гуна, ки дар қоидаи ин қолаб баён шуда, шеърест, ки бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври баробар аз кам шурӯъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 то 11 сатр мебошад. Аз нигоҳи вазн, ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои навъи арӯз ва озод аст, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хосае доранд. Хеле содда барои алоқамандон ба “зулол” мегӯям, дар “зулол”-и панҷсатрӣ, агар сатри аввал 7 ҳиҷо бошад, сатри дувум – 11 ҳиҷо, сатри савум – 15 ҳиҷо, сатри чаҳорум – 11 ва сатри панҷум ҳафт ҳиҷо хоҳад буд. Аз вижагии зулол ин аст, ки бояд сатрҳо зери ҳам навишта шаванд. Зулол ҳам арӯзии қофиядор мешавад ва ҳам озод, дар ҳар ду сурат тафовути байни сатрҳо мисли ҳам аст. Баёни шаффоф, зебо, кӯтоҳ ва бикр аз дигар вижагиҳои шеъри зулол аст, ки аз шоир заҳмати бештар металбад.

– Оё он метавонад тадриҷан чун шеъри сафед шӯҳрат касб кунад ва пайравони зиёд дошта бошад?

– Мо агар ба гузаштаи шеър нигоҳе биафканем, ба хубӣ дида мешавад, ки шеър ҳамеша дар ҳоли пешрафт ва такомул аст, сабку равияҳое пайдо мешаванд, аз байн мераванд ва бархе ҳам мондагоранд. Он чӣ дар Эрон “шеъри нимоӣ” гуфта мешавад, хеле пештар дар Тоҷикистон ва тавассути устод Айнӣ гуфта шуда буд, бо ин фарқ, ки аз устод Айнӣ дар Тоҷикистон пайравии ончунонӣ нашуд, аммо шоирони эронӣ ба таври густарда аз он чӣ ки Нимо Юшич эҷод кард (шеъри сафед), пайравӣ карданд ва онро “шеъри нимоӣ” гуфтанд, дар ҳоле ки Акбар Турсон, донишманди варзидаи тоҷик бо далелҳои инкорнопазир собит кард, ки хеле пештар аз инҳо устод Айнӣ дар шеъри форсӣ “сапедсозӣ” карда буд. “Зулол” ҳам дар оғози роҳ қарор дорад ва имрӯз дар ҳоли табдил шудан ба як сабк аст. “Зулол” чизи нав аст ва нав ҳаловате дигар дорад. Ман бар ин боварам, ки “зулол” рушд мекунад ва дар олами шеър ҷойгоҳи худро касб мекунад.

– Аслан, аз шеъри сафед бо чӣ фарқ мекунад?

– Аслитарин фарқи шеъри «зулол» аз сафед он аст, ки ҳеч шабоҳате ба шеъри сафед надорад. Имрӯз як-ду нафар дар Эрон «зулол»-ро як навъи шеъри сафед мегӯянд, ки комилан иштибоҳ аст. «Зулол» қоида ва қонуни худро дорад, ки алоқамандон метавонанд аз сайтҳои интернетӣ, аз ҷумла, http://hagzolal.blogfa.com/ истифода кунанд ва маълумоти зарурӣ касб кунанд. «Зулол», муҳимтар аз ҳама, қолаб дорад ва шакли он шабеҳи қатраи об аст, ба қалб низ монандие дорад. Ин вижагиҳо дар шеъри сафед нест. «Зулол» шоирро маҷбур ба кӯтоҳбаёнӣ мекунад ва ба қавле, дасту пойи шоирро ҳам боз ва ҳам баста нигаҳ медорад, то маҳорати худро ба кор барад ва мақсадро дар ин қолаб баён созад.

– Намунаҳо аз ин шеърро барои хонандагони Tojnews лутфан қироат кунед.

– Ба чашм.

Эъҷоз

Хандае тақдим кард

Лаб ба лаб бифшурду як таъзим кард

Ҳамчу нури моҳи шабрав соярӯшан офарид

Гесувонро мушк доду «ҷим» кард

Ишқро тақрим кард

Тараб

Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бекарон шаҳомате аҷаб фаро расид
Фироқу дурӣ аз замона пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид

Меъроҷ

Сапедаро салом

Маҳи зи раҳ расидаро салом

Умеди ҳай шудан, навиди растани башар

Тулӯъи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом

Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо

Азизи ҷону дидаро салом

Падидаро салом

Зулолро дуруд

Зулолро дуруд

Ба аҳли дил, камолро дуруд

Чаҳони шоирй сафои дигаре гирифт

Ба рӯҳи шеъри порсй, нумӯъи болро дуруд

Кунун уруҷи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо

Қасида, маснавй, ғазал…бигӯ, ки аҳли ҳолро дуруд

Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт

Ки Шамси безаволро дуруд

Зулолро дуруд

Сигор мекашам

Сигор мекашам

Бубин чӣ бовиқор мекашам

Ва бо танобу ҳалқа-ҳалқа дуди талхи он

Ғаму қудурати даруни синаро ба дор мекашам

Чу ғам маро ба чоҳи худ кашид ва ғамгусори ман канори ман набуд

Худам тамоми ин алам ба дӯш чун қатор мекашам

Азизи Мисри ман ба дасти гургҳо асир

Ки оҳи ғамгусор мекашам

Ғубор мекашам

Китобфурӯш

Китобфурӯши пир

Ба қайди рафтаҳо асир

Нигоҳи ӯ зи пушти панҷара ба кӯчаҳо

Ба ҷустуҷӯи издиҳоми гумшуда чу об дар кавир

Китобҳо ба зери пардаи ғубори бетаваҷҷӯҳӣ чу дар қафас

Зи чашми ин замона нопадиду зору мазлуму ҳақир

Дареғи рӯзҳои рафта дар бухори ашк

Ба шишаҳои панҷара ҳарир

Биё, сабақ бигир

Сӯҳбати Фирӯзи МУҲАММАД

http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=21566&Itemid=30 

МАВЛОНО ҲУНАРМАНДТAРИН ШОИР

(Корбурди анвои тамсил ва ирсои масал дар ғазалиёти Мавлоно)

 Дар қатори муҳақиққони варзидаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеузаммони Фурузонфар, Зарринкӯб,  муҳаққиқи шинохтаи турк Абдулбоқии Гулпинорлӣ, донишманди бузурги олмони Аннемария Шимел, нависандагони амрикоӣ Франклин Луис, Колман Баркс, адабиётшиносони муосири мо низ дар шинохт ва таҳқиққи осори Мавлоно пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд ва дар ин самти илмӣ пажӯҳишҳо ҳанӯзам идома дорад.  Чуночи адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Абдулманнони Насриддин, Сафар Абдулло, Алии Муҳаммади  Хуросонӣ, Тоҷибой Султонӣ аз муҳаққиқони муосиранд, ки ба Мавлоно зиёд таваҷҷӯҳ кардаанд. Пажӯҳиши эшон дар заминаҳои гуногуни осори мондагори Мавлоно сурат гирифта, ба ҷанбаи мухталифи ашъораш, минҷумла воситаҳои тасвирсози шеър таваҷҷӯҳ кадаанд.

Мусаллам аст, ки санъатҳои бадеӣ аз муҳимтарин воситаҳои тасвирсоз дар шеър аст, зеро ҳунари шоир дар маҳорати тасвиргарӣ ҳувайдо мешавад ва ҷозибаи шеър  новобаста аз он,  ки дар кадом қолаби шеърӣ гуфта мешавад, дар тозагии тасвир ва эҳсос қобили таваҷҷӯҳ аст.

 Донишварони клласик чун Шамси Қайси Розӣ, Унсуралмаолии Кайковус, Рашиди Ватвот, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва кулли муҳаққиқони муосир низ  ҳузури санъати бадеиро манфиат ва асолати шеър муаррифӣкардаанд.
То имрӯз аз ҷониби пажӯҳишгарон мушаххас шудааст, ки ду навъ- санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавиро аз ҳам фарқ мекунанд. Омӯзиши аҳли назар низ дар заминаи ҳамин ду навъи санъати бадеӣ сурат гирифтааст.

Тасвирро шоир дар аксар маврид  ба василаи  истифодаи ҳунармандона аз санъати бадеӣ  ҷолиб месозад, ки мероси гаронвазну боарзиши адбиёти клоссикии мо ва нигоштаҳои ҳунармандони муосир далели раднопазир бар ин андеша ва хулосаҳост.

Дар ғазалҳову Маснавии Мавлоно низ ҷанбаи ҳунарии сурудаҳояшро истифодаи фаровону ҳунармандона аз саноеии бадеӣ таъмин намудааст. Роҷеъ ба ин вижагиҳои ҳунарии абёти Мавлоно теъдоди зиёде аз муҳиққиқон ибрози назар кардаанд.  (Қаҳрамони Сулаймонӣ, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ,  А.Ҳасанов, Мавҷуда Урунова, Шоира Пӯлотова).

Дар мавриди ҷозибаҳои ҳунарии шеъри ӯ ва маҳорати шоирии Мавлоно таҳиққиқоти  комилу ҷолиб  сурат гирифтааст ва омӯзиши аҳли таҳиқиқ дар ин росто ҳанӯзам идома дорад, зеро осори Мавлоно укёнуси  бекарону бепаҳноест, ки саршор аз гавхару садафҳои маънист.

Дар заминаи омӯзиши мақолоту таҳқиқоти илмии муҳаққиқони номбурда ва омӯзиши бевоситаи осори гаронвазни Мавлоно, ба вижа куллиёни ғазалиёт «Девони кабир» мо низ ба хулоса расидем, ки  вақеан, Мавлоно дар истифодаи санъатҳои бадеӣ ҳунар ва истеъдоди фавқуллода дорад.

Ба назари мо, дар осори ӯ тамоми навъи санъое бадеии ҳузури фаъол доранд. Дар ин баробар  мушоҳида шуд, ки Мавлоно аз санъати такрор, талмеҳ, таҷнис ва тамсил барои офариниши тасвирҳои мондагораш зиёд истифода кардааст.  Пуркорбурдтарин нави санъат дар ғазалиёти «Девони кабир» санъати такрор ва талмеҳ аст:

Талмеҳ – Дар адабиёти бадеӣ  ишора кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи саромадони сухан (2,107) аст:

Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам ч-ин  бӯйи х(в)аш

Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Муставо?! (8,32)

***

Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,

Бишкуфта рӯи Юсуфон аз ашки афшорони мо!(8,35)

***

Аҷоиб Юсуфӣ чун мАҳ, ки акси ӯст дар сад чаҳ,

Аз ӯ афтода Яъкубон ба дому чоҳи миллатҳо. (8,43)

Такрор (Такрир)- мусиқии каломро ба вуҷуд меорад ва ё афзун мекунад, такрор аст- такрори ҳиҷо, вожа, иборот ё ҷумла ё мисра (4,60):

Хоча биё, хоҷа биё, хоҷа дигарбор биё,

Дафъ мадеҳ, дафъ мадеҳ, эй маҳи айёр биё!

***

Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу хуршед,

Чӣ пинҳону чӣ пинҳону, чӣ пайдост худоё.(8,52)

Аммо дар ин мақолаи кӯчак  мехоҳем роҷеъ ба санъати ирсолу масъал ё  тамсил ва истифодаи ҳунармандонаи он дар ғазалҳои Мавлоно, ки таваҷҷӯҳи моро бештар ба худ ҷалб кард, чанд сухани шогирдона гуфта бошем.

Санъати ирсоли масъал ё тамсил  –шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷриба ва амалиёти ҳаёти шахсӣ мисоле мегирад. Ҳамин мисол овардани шоир  ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. (2,110-111)

Муҳаққиқ Ғуломризои Ҳотифӣ тамсилро бадин гуна шарҳ медиҳад «Тамсил дар луғат ба маьнои масал овардан, ташбеҳ кардани чизе ба чизи дигар. Вақте гӯяндае барои мақсуди худ матлаби ҳакимонае ба кор барад, ки иддаои ӯро исбот кунад ӯ аз тамсил баҳра меҷӯяд. : Мисол ” Олими беамал ба занбури беасал монанд”

Сирус Шамисо бошад, қайд кардааст, ки «тамсил ҳам ҳосили як иртиботи дугонае байни  мушобеҳ ва мушобаба аст. Дар тамисл ҳам асл бар ин аст, ки  фақат мушобаба (ки ҷумлаву  каломи тӯлоние ва масалан ҳикояте аст на калима) зикр шавад ва аз он мутаваҷҷеҳи  мушобеҳ шавем».

 Бино ба хулосаҳои Ғуломризои Ҳотифӣ ваҷҳи шабоҳати тамсил ва ташбеҳ дар он аст, ки ҳар ду байни ду чиз муқоисавӣ ва шабоҳат сурат мегирад.( 9)

 Зимнан бояд гуфт, ки  ташбеҳ ин шабоҳати тахаюлӣ аст, аммо дар тамсил ин муқоиса бар асоси истидлоли (далел, бурҳон) хаёлӣ аз ҷониби гӯянда сурат мегирад.

Сабукмагзе, ки аз асбоби чахон бар хеш мебозад,

Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад (Соиб)

Дар назари аввал мисраи дувуми ин байт санъати ташбеҳро ба зеҳн наздик мекунад, аммо дар ин мисраъ шоир аз санъати тамсил корбурди ҳунармандона кардааст ва барои далели андешаҳои хеш таҷрибаи иҷтимоиро, ки байни мардум маъруф шудааст ба назм меорад ва мегӯяд //Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад// равшан аст, ки Соиб мисраи дувуми ин байтро ба хотири тақвияти мисраи аввал овардааст.

Ғуломризои Ҳотифӣ  бар акси андешаҳои Турақул Зеҳнӣ иртиботи тамсил ва ирсолу масал маҳалли баҳс ва мавриди ихтилоф  медонад.

Шамси  Қайси Розӣ  дар «Алмуачам» тамсилро аз шохаи истиора донистааст.

Аммо метавон гуфт, ирсоли масал ё тамсил як саньати бадеӣ аст ва аз ташбеҳу истиора ҷудост. Ин андеша аз ҷониби паӯҳишгарони варзидаи каломи бадеъ Сирус Шамисо, Ғуломризои Ҳотифӣ. Турақул Зеҳнӣ ва бисёр дигарон  тасдиқи хешро пайдо кардааст.

Ирсоли масал ва тамсил аз ҷумлаи санъатҳое шеърие ба шумор меояд, ки дар осори адибони классикии форсу тоҷик бо касрати истифода имтиёз дорад.

Дар эҷоди шеър шоирони муосир низ аз масалу мақолҳо зиёд, гоҳе  айнан ва гоҳе мазмунан истифода мекарданд, ки ин амал дар баробари вусъати ҷанбаи ҳунарии шеър бар муассирии мӯҳтаво бетаъсир набудааст.

Корбурди ҳунармандонаи анвои  тамсил ва ирсоли масал аз ҷониби Мавлонои кабир, ки, бешак, ҳунар ва истеъдои шоириаш мунфсир ба фард аст, шоиста ба  таваҷҷӯҳ, омӯзиш ва таҳсин аст.

Дар Маснавӣ  ҳама намуди тамсил фаровон ба чашм мерасад. Зимнан  бояд кайд намуд, ки қиссаҳои тамсилиро  муҳаққиқон ба ду қисамт бахш кардаанд.Тамсилҳои инсонӣ ва тамсилҳои ҳайвонӣ.  Қиссаҳое, ки  аз забони ҳайвонот гуфта мешаванд, тамсилҳои ҳайвонӣ ҳастанд, «Мантиқ ут тайр»-и Аттор шӯҳратмандтарин  намунаи ин санъати бадеӣ мебошад.

Дар Маснавии маънавии хеш Мавлоно аз услуби ҳикоя андар ҳикоя  истифода кардааст.  Мушоҳида мешавад,  ки шоир барои тақвияти маънии як байт ҳикоятеро нақл мекунад ва ба риштаи тасвир мекашад ва гоҳе ҳам дар дохили ин ҳикоят ҳикояти дигаре меорад, зеботарин ва чолибтарин намунаҳои тамсилро метавон дар  шаш дафтари Маснавӣ пайдо кард.

Муҳаққиқи варзидаи эронӣ, устод Дастғайб низ ба  вижагии корбурди тамсил дар ашъори Мавлоно ишора дорад ва мефармояд « Яке аз вижагиҳои шеъри Мавлоно тамсил аст, ки ба сурати ҳикояҳои мухталиф дар  Маснавӣ дида мешаванд». Рости Мавлоно ба василаи тамсил бисёр маҳфумҳои  ахлоқиву адабиро ба самъи ҷаҳониён мерасонад.

 Пас, бешак,  метавон гуфт дар корбурди санъати тамсил ва ирсоли масал Мавлоно аз нафарони пешгом ва ҳунарманди иситисноӣ буд ва ба шеваи фавкулода ин санъатро корбурд кардааст.

Абдулҷаббори Кокоӣ бар ин андеша мӯътақид аст, ки «Мавлоно дар ҳавзаи тамсил истисноитарин шоир ва дар ҳавзаи  маориф ва андеша  рӯшанфикртарин ориф аст» (9). Кокоӣ бо ишора ба забони ҷаззоби Мавлоно идао дорад, ки  «Мавлоно дарёи азиме аст, ки  инсон аз ҳар гӯшае, ки ба самти он ҳаракат кунад масоил ва дастуроти боистидол, мантиқ ва тамсил метавонад биёбад.» ( 9 )

     Дуруст аст, ки муассирии мӯҳтавои ашъори шоир ба василаи анвои тамсил ва ирсоли масал  таъмин ва бозгӯ шудааст. Мавлоно мегӯяд:

Хираву саргаштаву бекор кун

Ин хиради пири ҳамакораро!

 Тифли дурӯза чу зи ту бу барад,

Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро.

Тарк кунад дояву сад ширро,

Ай бадали равгану кунҷораро!(8,90)

Дар ин мисраъҳо Мавлоно барои тақвияти фикр ва муассири маъниву тасвири ғазал  масали « Тифли дурӯза чу зи ту бу барад, Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро» -ро чун истидлоли хаёлӣ ба риштаи тасвир мекашад. Агар мутаваҷҷеҳ шавем, воқеан,  дар зиндагӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ ин масъал вирди забонҳост, ки мегӯянд «мабодо, ки кӯдак бӯи бағал гирад». Фикр мекунем, ҳочат ба шарҳ ва тавзеҳи маънии абёти фавқ нест, зеро шоир хеле соддаву пурмӯҳтаво маъниро ба хонанда мерасонад.

Дар ғазали дигар Мавлоно масали маъмули ва хулосаҳои гузаштагон «ҳар оғозеро анҷомест»-ро баҳри тақвияти баёни андеша меорад ва мегӯяд:

Дилшикаста, ҳин чаройӣ, баршикан

Қалбҳову қалбҳову қалбҳо!

Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро

Мунаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! (8,68)

Дар ин суруда Мавлоно  хоста аст то бо   баҳарагирӣ аз  ибороти мавриди қабули омма, таьсири суханашро дучандон кунад.// Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро, Мунтаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! //

Ин ҳама ҳунару маҳорат аз ҷониби Мавлоно бозгӯи истеъдоди фавкуллодаи ӯст.

Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё,

В-ар бирондӣ зи бом, аз дар биё! (8,69)

***

Фош шуд он роз, ки дар нимашаб,

Зери забон гуфта будам паст- паст.

Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб

Ишқ зи ман русту маро хаст, хаст.

Мавлоно барои тақвияти андешаҳояш ин ҷо низ аз санаьти тамсил корбурди ҳунармандона кардааст. Мисраи “Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб» ки маънии он аз таҷрибаи ҳазорсолаҳо андӯхтаи инсоният ва масали халқи об мехӯрад  барои муассририи байти боло //Фош шуд он роз, ки дар нимашаб, Зери забон гуфта будам паст- паст// хизмат кардааст.

 ***

Мани зорам асири нолаи зер,

Напурсад рӯаке, к-он зор чун аст?

Дилам дузди назар, ӯ дузди ин дузд

Аҷаб он дузди дуздафшор чу наст. (8,131)

***

З-ин қибла ба ёд орӣ, чун рӯба лаҳад орӣ,

Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад (8,254)

Ҳамон тур, ки  ишора фармудем, Мавлоно дар кулли ашъор ва осораш  ва барои тақвият бахшидани маънӣ ва мӯҳтавои онҳо аз саноии бадеӣ корбурди зиёде намдуааст.Дар ин мисраи Мавлоно мусалламан масали маьруф “Пушаймони надорад окибат суд”  ба зеҳн мерасад, ки шоир  онро барои таьсирнокии каломаш зебову хотирмон ба тасвир мекашд. Мавлоно  мегӯяд, ки инсон ҳамвора вақте бо мушкилие ё ба сарҳади марг мерасад он гоҳ рӯ ба суи Худо меорад ва ба илтиҷову зорӣ меафтад, дар ҳоле, ки дигар дер шуд. Мавлоно ҳушдор медиҳад ва мегӯяд // Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад//.

***

Ҳама асбоби ишқ ин ҷо ҳаст,

Лек бе ӯ тараб намешояд!

Модари фитнаҳо, ки май бошад,

 Тарабе бе рухаш намезояд! (8,386)

Дар ин мисраъҳо бошад Мавлоно бо истифода аз санъати тамсилро хеле моҳирона мавриди корбурд қарор додааст. Ҳадиси Расули Акрам, фармуда “Шароб модари ҳамаи гуноҳост” (Алхамру уми хабоис) ва ин гуфтаҳо миёни мардум низ маъруф аст.  Шоир бо истифода аз ин натиҷагириҳо тасиврро ҷолиб месозад .

 Дар зимн бояд таъкид дошт, ки ин ҷо манзур аз май  шароби ишқи илоҳист, ки рӯҳу равону андешаи Мавлоноро масту ҷунуномез кардааст. Яьне,  Мавлоно МАЙ – ишқ ба Худовандро мояи тарабу шодмонӣ унвон мекунад.

Нуктаи ҷолиби бардошти мо аз ин омузиши кучаку шогирдона ин аст, ки мушоҳида намудем на танҳо Мавлоно аз масал ва қисаву таҷрибаҳои иҷтимоии замон истифода кардааст, балки иддае аз абёти Мавлоно ончунон ба зиндагӣ ва ҷаҳони иҷтимоъ пайванд хурдааст, ки мардум аз он чун масалҳои халқӣ истифода мекунанд.

Мутаваҷчеҳ мешавем:

Зи ҳамроҳон ҷудои маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшнои маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳи дида бош,

Пас аз шоҳи гадоӣ маслиҳат нест(8,123)

 Ва ё

Дӣ шайх ба чароғ ҳамешгаш гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст (8,164)

Ва низ

Тадир кунад бандаву тақдир надонад

Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад? (8,169)

 Ин байти Мавлоно низ вирди забонҳост:

Дили ман чун садаф бошад, хаёли дӯст дурр пошад

Кунун ман ҳам намгунҷам, к-аз ӯ хона пур бошад. (8, 43)

 Пас, бо итминони комил метавон гуфт, Мавлнои кабир аз зумраи шоири номвар аст, ки қарнҳо дилбохтагони шеъру суханро шефтаву шайдои каломи сеҳрогини хеш месозад ва дар ин росто ҳунари шоирӣ ва андешаҳои хирадмандонааш муқаддаму муқаддастарин ҷанбаи маъруфияти шоир аст.

Воқеан, Мавлоно аз бузургтарин шоирони клоссики мост, ки ба шевае ҳунармандона афкору ақоиду андешаҳояшро дар тамоми қолабҳо ва саноии бадеь ғунҷоиш додаст.Ва дар хеч колабе ё шевае махдуд нашудааст. Ин аст, каломаш то ҷовидона пойдор хоҳад буд.

Пайнавишт:

1. Абдулманнони Насриддин. Бо корвони нур.-Хуҷанд: «Ганҷи сухан».-138 саҳ.

 2. Зеҳнӣ Т. Санъати Сухан. Илми бадеъ ва мухтасари арӯз.-Душанбе: «Ирфон»,1978.-328 саҳ.

4. Сирус Шамисо. Нигоҳи  тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.

 5. Сирус Шамисо. Баён ва маънӣ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс,1383.-254 саҳ.

6. Точибой Султонӣ. Калъаи Ҳушрабо.-Хуҷанд: Ношир,2011.144 саҳ.

7. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

8. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб.-Душанбе: Адиб, 2007.-856 саҳ.

9 http://www.aftabir.com/

Фирдавси Аъзам (ХӯҶАЕВ)


 

Хаёт Неъмат: “Ошик ба забони порсиям”

Хаёт Неъмати Самарканди шоир, олим, публитсист ва хамчунин мавлонопажухи точик имрузхо мехмони шахри фархангхези Хучанд аст. Ин хушхабарро дусти хубу мехрабонам киёи Мухаммадюсуфи Шоди аз Душанбе бароям расонданд ва бидуни хеч таъхире рафтам ба зиёрати устод. Сухбат бо ин марди оташинсухан хеле гуворо ва вокеан чoилб буд. Аз гуфтугу бо эшон хеле хушхолу шод шудам. Бори нахуст дар сухбати ин фарзона карор доштам, сухбат аз Мавлонову чойгохи у, забони точикиву макоми он дар Самарканд чолиб буд.

Устод бо итминони комил мегуянд, ки “дар Самарканди азизи ман хеч гох машаъли фурузони забони точики хомуш нахохад шуд”. Ба гуфти устод холо дар хонадони хамаи точикони Самарканд лахни дилнишину малакутии забони точики садо медихад, ки хакикатан намунаи боризаш хамин рузномаи “Овози точик аст.” Хаёт Неъмат аз аввалин равшанфикрони точики самаркандист, ки баъд аз фурупошии Иттиходи Шурави дар назди бинои шахрдории Самарканд як хафта гуруснанишини кард.  Натичаи он гуруснанишини буд, ки точикони самарканди сохиби рузномаи вилоятии «Овози Самарканд» ба забони форсии точики шуданд. Ин рузнома то чандин сол бо кумаки моли ва маънавии маркази фарханги точикон ба табъ расид ва дар айни хол ба унвони рузномаи вилоятии давлати ба кори худ идома медихад. Хаёт Неъмат, бо вучуди ин ки хануз аз туфулият гирифтори маълулият шудааст,  аммо  аз  фаъолтарин равшанфикрони точики самаркандист. Устод Хаёт Неъмати Самарканди солхои тулонист, ки ба омузиши осори Мавлоно таваччух доранд ва  рузгорест, ки ба накду тасхехи осори мондагори Мавлоно машгуланд. Ба ин марди некному нексиришт сихатмандиву сарбаланди таманно дорем.