Ғарб бо Мавлоно

Фирдавси АЪЗАМ (Хуҷаев)

nahzat.tj

Ба ифтихори мавлуди Мавлоно суфии покманиш

Вақте ки Созмони миллали муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлонои кабир ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркиё, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди милоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.

Дар ин навиштаи кучак нигоҳи иҷмолие ба шуҳрати Мавлонои кабир дар бархе аз манотиқи ҷаҳон меандозем ва ба хадамоти пажуҳишгарони ғарбӣ, ки роҷеъ ба таьлимот ва осори Мавлоно анҷом додаанд, таваҷҷӯҳ мекунем. Дар ин навишта аз бархе манобеи интернетӣ бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ истифода шудааст. Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги фарҳангию адабӣ дорад, дар ҳамаи марокизи илмию пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлонои кабир иқтибос меоранд ва ӯро ба масобаи як инсони ормонӣ ва идеол ёд мекунанд.

Мавлоно ва Русия

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамон гуна ки дар Аврупо ва Амрико аз шуҳрати волое бархурдор аст, дар Русия низ аз муддатҳо замон дорoи шуҳрату эътибор аст. Шарқшиносони барҷастаи русӣ чун Бартелс, Гордовский ва дигарон ин шоир ва андешаманди бузурги ҷаҳони Исломро дар осори худ муаррифӣ ва ёд кардаанд. Ин ёдкуниҳо ҳокӣ бар таъсиргузор будани Мавлоност.

Бояд арз шавад он асаре, ки муҷиб бар муаррифии осор ва таьлимоти Мавлоно дар маҳофили адабӣ ва доираи хонандагони рус гардидааст, асари “Ҷалолиддин Руми” нависандааш Радий Фиш мебошад.

Китоби мазкур дар силсилаи китобҳои “Зиндагии бузургон” тавассути Максим Горки дар соли 1934 эҳё гардидааст. Воқеан ҷолиб аст, вақте мебинӣ, ки чунин асаре бо он ҳама таълимоти ирфонӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ дар чунин муҳити коммунистии Русия нашр гардад. Ин амр далел бар пайванди инсон ба руҳоният ва маънавияти фитрист, ки муҷиб бар чунин иттифоқе шудааст. Мавлоно дар ҳақиқат тавассути таълимот ва осораш бузургтарин муъҷизаи маънавиро эҷод кардааст, ки инсони тамоми минтақаи оламро ба сӯи хеш мехонад ва ин муъҷиза барои қарнҳо мондагор хоҳад монд.

Николсон ва Мавлоно

Рейнолд Николсон аз мусаҳҳеҳ ва муфассири бузурги Маснавии шариф умри гаронмояи хешро сарфи таҳқиқ ва пажуҳиш дар мутуни куҳани исломӣ ва ирфонӣ намуд, вале он чи ки ӯ анҷом дод ва солиёни сол ва қарнҳо бегазанд хоҳад монд, ин вироиш ва таҳқиқи Маснавии шариф буд, ки имрӯз аз муътабартарин нусхаи Маснавии Маънавӣ мебошад. Маснавиро ба забони модарияш (англисӣ) тарҷума намуд ва онро дар 8 ҷилд тафсир кард. Ба ҳар ҳол, агар аз зовияи таърих ба тарҷума бингарем, хоҳем дид, ки Николсон хадамоти бузурге барои ғарбиён кардааст. Ҳудуди 50 сол пеш Маснавиро бо диққати тамом ва жарфнигарӣ ба инглиси тарҷума намудааст.

Ҳамин дилбастагию алоқамандаии Николсон ба забон ва адабиёти бузурги исломӣ буд, ки муҷиб гашт то баргузидаи ашъори “Девони Шамс”- ро ба дасти чоп диҳад. Профессор Николсон дар соли 1901 ҳангоме, ки 33 сол дошт, ҷонишини Эдвард Браун дар Донишгоҳи Кембрич шуд ва ҳамонҷо курси забони форсиро дар ихтиёр гирифт ва узви расмии акодемии забони форсӣ шуд. Пас, мусалламан метавонем бигӯем, ки чун ӯ донандаи забони форсӣ буд барояш таҳқиқ ва омузиши осори бузургоне чун Мавлоно он қадар душвор набуд.

Николсон аз нахустин шарқшиносонест, ки осори Аттор ва бахусус Мавлоноро ба сурати густурда ва амиқ ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ барои нахустин бор дар маҷалаи Салтанати осиёӣ даст ба муаррифии китоби “Фиҳи мо фиҳи” зад, то аз ин роҳ он китоби арзишмандро ба пажуҳишгарони ғарбӣ бишоносонад. Рейлонд, ки худ ба тарҷумаи бахшҳое аз он ҳиммат гумошта буд, тарҷумаи комили онро ба шогирди худ Арберӣ тавсия кард. Хадамоте, ки ин абармард анҷом дода, кам пажуҳишгарон анҷом додаанд. Албатта, қабл аз Николсон мутарҷимоне чун Ҷемс Редхаус ва Винфилд ба тартиби дафтари аввал ва кулли Маснавиро бо забони инглисӣ дар солҳои 1881 то 1887 милодӣ мунташир карда буданд, аммо он чи Николсон анҷом дод, фарқкунанда буд. Ӯ бо диди ноқидона ва олимона ва риояти лозима ба заъфҳо ва камбудиҳои эшон ишора кард. Ин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон Маснавии Мавлоно ба беш аз 40 забони дунё тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ҳарчанд аз кори анҷомдодаи Николсон ба Маснавӣ чандин сол мегузарад, аммо ҳануз эътибори он аз байн нарафтааст ва аҳли таҳқиқ бо истинод ва иқтибос аз он ба таври густурда истифода мекунанд. Ин албатта, ҳокӣ бар бузургии дасти пажуҳишии Николсон аст.

Мавлоно ва Фаронса

Ҳамин бузургманишии Мавлоност, ки бо қудрати ҷозибаи осораш аз тамоми нуқоти олами беканору бекарон донишмандон, мутафаккирон ва файласуфонро ба сӯи хеш мехонанд. Марзҳоро убур карда ва тамаддунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Фаронса ҳам ин даъватро аз хоки гуҳаррези Туркиё мешунавад.

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ива ду Витрей Меэерович (1909–2001)-ро бояд бузургтарин мавлоношиноси фаронсавӣ донист. Чанд нукта роҷеъ ба фаолияти ин пажуҳишгар гуфтанӣ ҳастем.

Ӯ бештари осори Мавлоноро ба забони фаронсавӣ тарҷума карда ва дар китобҳои таьлифии худ низ осори Мавлоноро мавриди баррасии коршиносона қарор дода аст. Ӯ дар мавриди чигунагии ошноӣ бо Мавлоно мегуяд: “Рузе як дусти мусалмон китобе аз Иқболи Лоҳурӣ пеши рӯям ниҳод. Ҳангоме ки онро мутолиа кардам, маро бисёр маҷзуб кард ва ман бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд тасмим гирифтам китобро аз инглисӣ ба фаронсавӣ тарҷума кунам. Бо мутолиаи осор ва ашъори Иқболи Лоҳурӣ медидам, ки Иқбол пайваста аз Мавлоно ба унвони муаллиму муроди хеш ёд мекунад. Кунҷков шудам ва хостам бидонам чаро ӯ то ба ин ҳад нисбат ба Мавлоно иродат дорад. Бадин тартиб ҳангоме, ки мутолиаи осори Мавлоноро шурӯь кардам, ба забони фаронсавӣ чизи каме ёфтам ва маҷбур будам ба осори тарҷумашуда ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ муроҷиат намоям.”

Меэерович ба тадриҷ Мавлоноро дарк мекунад ва ҳар қадар, ки Мавлоноро бештар мешиносад, ҳамон қадар алоқамандтару муштоқтар мешавад. Ива 15 сол барои тарҷумаи Маснавӣ вақт гузошт ва бо ҳамкории як муҳаққиқи эронӣ ба номи Ҷамшеди Муртазавӣ ин китоби арзишмандро ба таври комил тарҷума кард. Тарҷумаи ин китоб дар соли 1990 милоди дар 1705 саҳфа ба инзимоми як муқаддимаи 40 сафҳаӣ аз суи интишороти “Руше” дар Фаронса мунташир гардид. Ӯ ҳамчунин “Фиҳи мо фиҳи”, “Рубоиёт”, “Мукотибот” ва низ гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард. “Рубоиёти Мавлоно” маҷмуае аз 1000 рубоӣ аст, ки хонуми Меэерович аз миёни 2000 рубоӣ ба Мавлоно нисбатдодашуда интихоб ва тарҷума кард. Ин хадамоте, ки хонум Меэерович анҷом дода, шоистаи таҳсину такдир ва ситоиш аст.

Борес ва Мавлоно

Дар Фаронса танҳо хонуми Меэрович набуд, ки ба тарҷума, пажуҳиш ва омузиши осори Мавлоно даст зада буд, балки дигар донишмандон ва муҳаққиқон низ дар ин амр ҳиммат мегумориданд. Яке аз ин навсиандагон Мурис Борес (1862—1923), сиёсатмадори фаронсавӣ, буд, ки ба хотири алоқаи шадиде ба Мавлоно ва маросими самои фирқаи Мавлоно ба Куния сафар мекунад. Рақси самои дарвешон, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқони кишвари Фаронсаро ба худ ҷалб карда буд, аммо дар миёни онҳо ҳеч як ба андозаи Борес ба омузиши Мавлоно ва самои мавлавия напардохтааст. Он чи ки Бoрес анҷом дод, нахуст Маснавӣ ва бархе дигар аз ашъори Мавлоноро аз рӯи тарҷумаи пароканда ва низ аз рӯи он чи дар “Маноқиб-ул-орифин” хонда буд, ба забони фаронсавӣ дармеоварад ва мушоҳидоташ низ дар Куния ӯро ба таамулоте дар бораи “Ирфон дар ҳамаи адён” барангехта ва андешаҳои пешини ӯро дигаргун карда аст.

Ӯ дар 17 июни 1914 милодӣ ба Куния маҳалли зиндагии Мавлоно ва оромгоҳи ӯ сафар кард. Дар онҷо бо ҳамроҳӣ дар рақси оҳангини мавлавиҳо “дарвешони муриди Мавлоно” ба руёи худ таҳаққуқ бахшид. Вай ин мавзуъро дар осори худ “Таҳкике дар кишварҳои шарқӣ” (Enquête aux pays du Levant) ва “Дафтарҷаи Хойм” (Mes Cahiers) ташреҳ карда аст.

Шиммел ва Мавлоно

Ҳамчунин Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи бисёри профессор Онне Море Шиммел қарор доранд. Ин донишманд чанд асари муҳимеро аз осори манзум ва мансури ин ду ҳакими фарзона ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Афзун бар ин, дар миёни осори устод Шиммел таҳқиқ ва таълифҳои бисёре низ дар бораи шахсияти барҷаста ва осори арзишманди Мавлавӣ ва Иқбол дида мешавад.

Профессор Шимел яке аз устодони шинохтаи ҳавзаи мутолиоти “Мавлавишиносӣ” ва “Иқболшиносӣ” аст. Ин пажуҳишгар миёни Шарқ ва Ғарб ба масобаи пулест, ки тамаддунҳо ва фаргҳангҳоро ба ҳам мепайвандад ва паёми Шарқро ба Ғарб мерасонад. Хадамоти эшон низ дар муаррифӣ ва таҳқиқи ин ду чеҳраи бузурги ҷаҳони исломӣ бисёр бузург аст. “Ман чу бодам, ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва таҳлили осори орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст ва то кунун чандин маротиба таҷдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шарҳи аҳволи Мавлоно шахсияти вай ва асари шоҳкораш – Маснавии Маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд, ки бузургтарин малҳами Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ китоби Куръон будааст, аз ин ба Абдураҳмони Ҷомӣ бояд ҳақ дод, ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форсӣ” мехонад. Бадеҳӣ аст, ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи қашрия” ва “Эҳёи улуми дин” -и Имом Ғаззолӣ. Яке дигар аз китоби муҳими хонум Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun) аст. Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба ҳиммати устод Ҳасани Лоҳутӣ ва бо муқаддимаи аллома Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Профессор Шиммел аз ҳамон оғози фаолиятҳои илмии худ ба мутолиа ва баррасӣ дар осор ва афкори Мавлоно ба таҳқиқоти доманадоре даст мезанад ва Мавлонои кабирро ба муҳити Аврупо мешиносонад.

Читик ва Мавлоно

Ҳамчунин, Вилиям Читик аз пажуҳишгарони номдори олами Ғарб бо таьлифи асаре тахти унвони “Ман ва Мавлоно” достони шурангези зиндагии Мавлоно ва ба вижа моҷарои ишқи афсонавиро, ки ӯро бо Шамси Табрезӣ пайванд дод, ба қалам мекашад. Дар боби он чи ба Мавлоно марбут мешавад, осор ва таьлифоти бисёре ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ғайра ба чашм мехурад.

Лозим ба ёдоварист, ки Фронклин Луис дар китоби арзишманди “Мавлоно, дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб” нахустин пажуҳандаи амрикоист, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Аммо ин Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами Мақолоти Шамси Табрезиро ба англисӣ тарҷума ва дар соли 2004 мунташир кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба эьтикоди Читик мутолиаи осори класик беҳтарин роҳ барои вуруд ба дунёи дарунии соҳибони асар аст. Ва ҳамчунин аз ҳамин рӯст, ки тарҷумаи осори класик ва дастабандии онҳо яке аз боризтарин бахшҳои фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз намоем, ки профессор хонуми Ива ду Витрей Меэрович барои мутолиаи осори Мавлоно ва фирқаи Мавлавия борҳо ба Куния сафар кард ва бо пайравони Мавлоно гуфтугуву баҳсҳо анҷом додааст. Ӯ Мавлоноро орифи ҷомеь ва комил медонист, ки андешаи ҳамаи урафоро дар худ соҳиб аст. Барои Меэерович ирфони Мавлоно, ки ба шеър шакл гирифтааст, метавонад тамоми афродро бо хостгоҳҳои мухталифи динӣ ва маънавӣ гирд овард, ҳамон тавр ки рӯзи хоксупории Мавлоно, масеҳиён ва яҳудиёни Куния ба андозаи мусалмонон мутаассир буданд ва шеван мекарданд.

Хулоса

Бо дар назардошти он чи, ки изҳор кардем ва он чи мавлоношиносон анҷом додаанд, метавон ба чунин хулоса расид, ки Мавлоно аз ҷумлаи бузургони ирфон ва адаби исломист, ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора руй бар сӯи ҳақиқати илоҳӣ оварда ва ойину адёну мазоҳиби дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва такдир кардааст ва дарк намудааст.

КОРБУРДИ САНЪАТИ ТАКРОР ДАР ҒАЗАЛХОИ МАВЛОНО

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ  бо ғазалҳои шӯрангези худ, ки қарнҳо инҷониб дар дили шефтагони назми форсӣ шӯру шарар ба по мекунад, дар ташаккули тасвирофаринии ғазал низ саҳми  боризе дорад.

  Борҳо гуфта шуда, ки ба рӯзгору осори Мавлоно донишмандони варзида андешаҳои зиёдеро баён доштаанду адабиётшиносони ҷаҳон таҳиқиқоти гаронвазнеро дар ин самт ба анҷом расонидаанд. Хоса, асари оламшумули ӯ «Маснавӣ» зиёд таҳқиқ шудаву нуфузаш ба адабиёт ва диди шуарои ҷаҳон бозгӯ шудааст. 

Гузашта аз ин ҳунар ва истеъдоди Мавлоно дар офариниши ғазал  бо зеботарин тахайюл ва маънисозиҳои ҷолиб ва корбурди ҳунармандонаи санъати бадеӣ ҷараён гирифта, аз оғоз миёни ҳаводорон ва пажӯҳишгарон  маҳбубияти вижаеро дорост. Чунончи ба андешаи Алии Муҳамадии Хуросонӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ дар баробари шодоб гардидан аз андешаҳои ноби гузаштагони мутафаккирамон бо фарохии ҷаҳонбинии худ ҷозибаи оламиёнро ба худ кашида, андешаҳои амиқи зиндагисози фарҳангу маърифати мардуми Шарқро бештар аз пештар ба мардуми дигар, аз тариқи эҷоди асарҳои фалсафиву бадеӣ расонидааст. (1,114) Дар баробари ин адабиётшинос Абдуманнони Насриддин таъкид медорад, ки «барои Мавлоно ҷаҳоне фаротар аз воқеияти заминӣ писандида буд… ӯ ба моҳияти ашё нигоҳе ҳакимонаву орифона дӯхта, ба кашфи ҳақоиқи маънавӣ ноил гардид» (1,92).

Воқеан, андешаҳои зебои Мавлонои соҳибзавқ дар қолаби ғазал низ бо истифодаи дурусту ҳунарваронаи саноеии лафзиву маънавӣ  ба дилҳои хонандагон менишинад ва зеҳнро завқи тоза мебахшад.  Воқеан, бадеият аз вижагиҳои хоси осори адабӣ аст. Агар яке аз омили шӯҳрати беандозаи ғазалиёти Мавлоно дар маъниҳои бикр, мазмунҳои нозуку латифи он бошад, маъниофаринии Мавлоно ба василаи тасвирҳои дар хотир монданӣ  ва ғайриинтизор дар ин росто шоиста ба таваҷҷӯҳ мебошанд. Зимнан бояд гуфт, истифодаи моҳирона аз санъатҳои адабӣ ҷониби ин шоири сухангустари форсу тоҷик хеле олӣ ҷараён гирифтааст.

 Дар омӯзиши  иҷмолии хеш пиромони тасвирофариниҳои осори Мавлоно, мо ба вижагии корбурди санъати такрор (такрир) таваҷҷӯҳ намуда, ба натиҷа расидем, ки ин санъат дар баробари таҷнис, тамсил талмеҳ дар тасовири ғазалҳои шоир мақоми хосаеро дорад.

Такрор аз ҷумлаи санъатҳои бадеие мебошад, ки  дар каломи бадеъ барои  дучанд намудани назокати гуфтор хидмат дорад. Такрор ғолибан суханро оростатар мекунад, сохтори манзумӣ ба шеър мебахшад ва мусиқии онро падид меоварад. Ҳамзамон барои оҳанги сухан аз такрор истифода мешавад.

Дар каломи бадеъ санъати такрор бар чанд гуна аст:

Содатарин навъи он шомили такрори як калима аст.  Мавлоно аз чунин тарзи такрор хеле фаровон корбурд кардааст. Такрори дилкашу матлуби калима дар ғазалиёти Мавлоно мусиқияти баланди нигоштаро таъмин кардаааст.

Мушоҳида шуд, ки Мавлоно аксаран барои такрор калимоти «имрӯз», «чун», «биё», «гаҳе», «зи», «ман», «чӣ», нидоҳои «эй», «ё раб», «ало эй»-ро интихоб намуда, такрори ононро тавре ба ҷо овардааст, ки зеҳни хонанда аз такрори як калима дар саросари ғазал хаста намешавад, балки завқ мебарад. Тарзи офариниши такрорҳои гушнавоз аз маҳорати хоси гӯянда гувоҳӣ медиҳад. Такрори нидои «эй» дар ғазали «Эй ошиқон, эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам» ба ғазал дилрабоии вижа  ва ҷаззобият ато намудааст. Дар ин ғазал мо  нидои «эй» 22 маротиба такрор шудааст, аммо зиёд омаданаш ба ҳеч ваҷҳ мусиқии каломро вайрон накарда, зеҳни хонандаро навозиш мекунад. Дар як ғазал корбурди чанд навъи такрор низ шоистаи тавсиф аст:

Эй ошиқон,эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам,

Эй мутрибон, эй мутрбон, даффи шумо пурзар кунам.(4,94)

 Ингуна  такрорҳои ҷолиб дар ғазалҳои «Рав он рубобиро бигӯ, мастон саломат мекунанд», «Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат», «Маро гӯи: киройӣ? Ман чӣ донам?», «Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад»  мушоҳида мешаванд:

Эй ҷони мо, эй ҷони мо,эй куфру эй имони мо,

Хоҳам, ки ин хармӯҳраро гавҳар кунӣ дар кони мо (4,32)

Такрори вожаи «гоҳе» бар байти камоли ҳунарварӣ дар ҷодаи такрор аст,мутаваҷҷеҳ мешавем:

Гаҳе дар тахту гаҳ фавқам, гаҳе дар шавқу гаҳе завқам,

Гаҳе ларзону гаҳе нолонам, туро хона куҷо бошад? (4,69)

Гоҳе шоирон  калимаҳоеро дар оғози ҳар мисраь такрор мекунад, ки Мавлоно низ аз ин навъи такрор корбурди зебо дорад:

Зинда кӯшам дар шикори зиндагӣ,

Зинда бошам  чун зи ҷон нагрехтам.(108)

Намунаи зер низ аз маҳорати тасвирофаринии Мавлоно  гувоҳанд:

 

Биё, биё, ки  маро бе ту зиндагонӣ нест,

Бубин, бубин, ки маро бе ту чашм Ҷайҳу нест. (4,51)

Ҷои дигар санъати такрор  бадингуна зебоиофаринӣ дорад:

Зарра ба зарра чун гуҳар аз тафи офтоби ту,

Дил шудаст сар ба сар обу гили гарони ман (4,117)

 Ва низ:

Биё, биёву халосам деҳ аз биёву бирав,

Биё чунон ки раҳад ҷонам аз чунону чунин. (4,122)

Ҷои дигар Мавлона маъниро бо такрори зер ҷолиб ба ҷилва меорад ва мегӯяд:

Гуфто, ки зарра  -заррайи ту ошиқи мананд,

Рав-рав, ки ин матоъ барои муҳаққар аст. (4,46)

 Зимнан бояд ёдрас шавем, ки дар нигоштаҳои Мавлоно такрор ҳамзамон омили таъсиринок сохтани  маънӣ аст. Дар мисраъҳои боло «зарра-зарра»  ва «рав-рав» дараҷаи таъсири маънӣ ва баёни матлабро баланд сохтааст.

 Гоҳе дигар калимае, ки дар миёни мисраи аввал омадааст, дар миёни мисраи сонӣ такрор мешавад, ки навъи такрор низ офариншҳои зеборо ба миён овардааст:

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқи меҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)

Ва низ

Ақл омад, ошиқо худро бипӯш,

Войимову войи мо аз ақлу ҳуш. (4,8)

Калимаи дар мисраи ҳампаҳлӯ овардашуда дар мисраи дигари байти ҳамчун тафсиру табъин такрор мегардад, ки ин  тасовир ҷолибияти хосеро ба худ ихтисос додаанд. Чунончи:

Бода бинӯшу мот шав, ҷумлайи тан ҳаёт шав,

Бодайи чун ақиқ бин, ёди ақиқи кон макун.

Бодайи ом аз бурун бодайи хос аз дарун,

Бӯйи даҳон баён кунад, ту ба забон баён макун (4,14)

Дар такрорҳои силсилавор охарин калимаи мисраъ дар оғози мисраи баъдӣ оварда мешавад, ки гоҳо калимае ҳам дар оғоз ва ҳам дар поёни ҷумла меояд монандӣ:

Ба дарвешӣ биё андар миёна,

Макун шӯхӣ, магӯ к-андар миёнам.

Миёни хонаат ҳамчун сутунам,

Зи бомат сарфурӯ чун новадонам.(4,12)

Навъи дигари такрор такрори савтҳост ба шакли пажвок дар шеьр ва қофия дида мешавад. Гоҳе низ такрор бар асли ҳамсонӣ ё эьтиноб устувор аст, ки аз ин навъ низ Мавлоно корбурди шоистаи таҳсин намудааст.

Такрорҳои Мавлоно воқеан диланишин ва дилангез ҳастанд ва дар хеш як ҷаҳон маъниро нуҳуфта дар қолаби тозаву ноб ба хонанда мерасонад.

Шод омадӣ, эй маҳрӯ, эй шодии ҷон, шод о,

То буд, чунин будӣ, то бод чунин бодо .

Эй сурати ҳар шодӣ, андар дили мо ёдӣ,

Эй сурати ишқи кулл андар дили мо ёд о(37)

Ва ҳамчунин мегуяд:

Сазойи он кӣ зияд бе рухи ту, з-ин батар аст,

Сазои бандайи бад,  гарчи ӯ сазойи ту нест. (4,54)

Ё ҷое дигар :

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқимеҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)

Метавонем натиҷагирӣ кунем, ки ҷанбаи бадеии ашъори Мавлоно  хеле  пурқувват буда,  шоир дар офариниши тасвир низ истеъдоди  мунҳасир ба фардро дорад. Fазалҳои мондагораш ғояву мазмуни баландро дар перояи поэтикаи лоиқи таҳсин ба завқи хонандаи нозуктабъ мерасонад такрор дар тасвирҳояш мақоми садрнишиниро ихтиёр карда мӯъҷиби маъруфияти Мавлонои кабир гаштаанд.

Пайнавишт:

  1. Маводи ҳамоиши байналмилалии «Румӣ-Гёте: Муколамаи фарҳангҳо».Хуҷанд, «Нури маърифат»,2007.-307 саҳ.
  2. Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Ҷузъи ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. –  Теҳрон, 1342. – 333 с.
  3.  Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с
  4. Ҷалолидин Балхии Румӣ. Тӯфони ишқ.Fазалиёт(Гулчин). Душанбе. «Деваштиҷ»,2007.162саҳ.

.

  Фирдавси Аъзам

 Манбаь: nahzat.tj

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно

Имрӯзҳо  таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири  тоҷику форс  тавассути  кӯшишу талоши пайгиронаи  як гурӯҳ муҳаққиқон  вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт.  Воқеан, тасаввуф, ки бешак,  фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.

Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ  қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд.

Мусаллам аст, ки миёни ин нафарон Ҷалолуди Румӣ (Мавлоно) низ чун нафари ориф ҷойгоҳи хос дошта, маҳбубияти ҷаҳониро  соҳиб гаштааст. Омӯзиши  бештари олимон  ба  моҳияти ҷаҳонбинӣ, ақидаҳои ирфонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии  шахсияти маъруф, аҳли ирфону тасаввуф  матраҳ шудааст.

 Мавлоно  шоири арҷиманде,  ки мафҳуму мазмунҳои ирфони дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст. Ӯ миёни  ирфон аз ҷумлаи пайравони тариқати Мавлавия  ошиқони ориф ба шумор меравад. Маснавии маънавии ӯ дар адабиёти форсу тоҷик шоҳкори беназир шинохта шудааст.  Бар иловаи ин ҳама Мавлоно соҳиби Девони кабирест, ки ғазалиёти динию фалсафиву ахлоқии ӯро фаро гирифтааст. Дар ин нигошта   на фақат парвози хаёли шоирона, балки ҷаҳонбинию андешаҳои орифонаи шоир баён гардидаанд. Метавон гуфт дар нигоштаҳои  ашъори орифона шоир ба дараҷаи ниҳоии камолоти маънавӣ расидааст.  Ва ин ҳунармандӣ ҳам дар Маснавӣ, ҳам дар ғазалиёт ва рубоиёти Мавлоно мушоҳида мешавад.

Ин ҷо мехоҳем дар ин омӯзиши кӯчаки хеш таваҷҷӯҳи вижаро ба ҷойгоҳи  рубоиёти Мавлоно дар ашъори ӯ ва минҷумла дар адабиёти классикӣ  равона кунем.

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно камтар аз ғазалиёт ва маснавиҳояш нест, бо ин ҳол мо мебинем, ки ин бахше аз ашъори Мавлоно (яъне рубоиёти ӯ) камтар мавриди пажӯҳишу омӯзиш қарор гирифтааст.

Рубоиёти Мавлоно, ки бахше аз китоби бузурги Девони Кабир аст ба таври алоҳида чандин маротиба аз сӯи нашриётҳои мухталиф ва бо теъдоду шаклҳои ҷудогона мунташир гаштааст. Дар Урупо ва умуман олами Ғарб низ  теъдоди зиёде аз муҳаққикон ва пажӯҳишгарони осори гаронмояи Мавлоно гулчине аз беҳтарин ва олитарин рубоиёти ӯро тарҷума ва дар шакли китоб таҳия ва тадвин намудаанд.

Ба унвони мисол инҷо метавон аз шахсияти шинохтаи олами ғарб Иброҳим Гоморд равоншиноси мусалмони амрикоӣ ёд кард, ки пас аз чандин сол саранҷом муваффақ ба тарҷумаи тамоми рубоиёти Мавлоно ба забони инглисӣ шуд. Пажӯҳиши  мавлоношиноси маъруфи амрикоӣ Колман Баркс низ дар ин замина беназир аст.

Дигар аз мутарҷимоне, ки даст ба тарҷумаи осор ва ба вижа рубоиёти Мавлоно задааст, ин Юҳон Кристоф Бургӯл  устоди донишгоҳ, ироншинос ва исломшиноси аҳли  Свис  аст , ки  муаллифи тарчумаҳои бисёре аз мутуни клоссики шарқӣ- хоса  шоирони иронӣ аст, ки аз ҷониби ӯ  таҳқиқҳои арзишманде мунташир шудааст.

Ю.Бургел соли 2003 тарҷумаи гузидаи ғазалиёт ва рубоиёти Девони Кабирро ба нашр расонид, ки он  дар Олмон рӯи чоп омад. Профессор Ю.Бургел дар ин китоб ҳафтоду панҷ ғазал ва сию як рубоиро ба забони олмонӣ тарҷума карда, ҳамзамон  тавзеҳот ва гоҳ тафсиру таъбирҳои ирфони низ оварда шудааст, ки ба дарку дарёфти сурудаҳои Мавлоно кӯмак мекунад.

 Воқеан,  Девони кабири Мавлоно наздик ду ҳазор рубоиётро дар бар мегирад. Бино ба хулосаҳои  Арберри (соли 1950) онҳо шояд “ҳудуди 1.600 рубоиро”  саҳеҳан дар бар бигирад. Яъне  рубоиёт такрибан 4 фисади тамоми ашъори Девони кабирро фаро мегирад. Аммо гуфта мешавад, ки як вироиши  дигар, ки  соли 1896  дар шаҳри Истанбули Туркиё маншур гашта буд фарогири 1646 рубоӣ аст. Дар соли 1941  дар шаҳри Исфаҳони Эрон  маҷмуаи  дигари  рубоиёти Мавлоно  тавассути донишманд Муҳаммад Бокир Улфат  интишор шуд, ки шомили 1994 рубоӣ  буд.  Имрузҳо аҳли таҳққиқ бар он назаранд, ки беҳтарин вироиши рубоиёт дар  8 ҷилд тавассути олими эронӣ, устод Бадеъузамон Фурузонфар таҳия шуда, ки фарогири 1983 рубоӣ мебошад. Ӯ тамоми дастнавиштҳо ва нусхаҳои кадимии тариқаи Мавлавияро дар Туркиё мутобиқ намуд. Як дастнавишти 50 сол қабл аз вафоти Мавлоноро дар китобхонаи Истанбул бо  теъдоди 1937 рубоӣ  ва як дастнавишти дигаре аз рубоиётро дар шаҳри Лондон бо теъдоди 1870 рубоӣ пайдо намудааст.

Аммо ҳамчунин гуфта мешавад, ки футур ё нуқси усули тадоруки устод Фурузонфар ин буд, ки ӯ дар китоби 8 ҷилдааш кулли  дастнавиштҳои қаблии рубоиётро ҷой додааст, ки қисме аз ин рубоиёт на ин ки тавассути Мавлоно, балки аз сӯи дигар шуарои давр эҷод шудаанд ва ӯ ҷумла рубоиётро ба Мавлоно мансуб хондааст.  Дар вироиши Фурузонфар тақрибан 70 рубоиро пайдо намудаанд, ки мансуби Мавлоно набуда, балки тавассути шоирони пеш аз Мавлоно суруда шудаанд.

Мавлоношинос А.Ҷ.Арберрӣ  низ соли 1949  зери унвони “Рубоиёти Ҷалолиддини Румӣ»,  гузидаи тарҷумаи инглисии рубоиётро  дар асоси вироиши Исфаҳон  (соли 1941) нашр намуд, ки фарогири 359 рубоӣ мебошад. Тибқи иттилооте, ки пайдо кардем  12 фисад аз рубоиёти тарҷума намудаи Арберӣ дар нашри Фурузонфар пайдо нагардидааст. Аннемария Шиммел мавлонопажӯҳи олмонӣ низ якчанд рубоии Мавлоноро дар асоси вироиши саҳеҳи Фурузонфар дар шакли гулчин тарҷума намудааст. Уилиям Читтик бошад  дар асоси ҳамин нашри Фурузонфар дар китоби худ  “Масири ишки аҳли тариқат” ва “Таълимоти ирфонии Румӣ” (соли 1983) 7 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст .

Ризо Собирӣ дар китоби бо ду забон нашршудаи “Ҳазор соли рубоиёти форси” (2000) 120 рубоии Мавлоноро бо истифода аз вироиши Фурузонфар тарҷума намудааст, ки чаҳор рубоии тарҷуманамудаи ӯ дар нашри Фурузонфар пайдо нашудааст. Франклин Луиз ҳамагӣ 11 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст. ( Румӣ-ҳозира ва гузашта, Шарқ ва Fарб) Ҳаёт ва ашъори Ҷалолиддини Румӣ с 2000) ӯ низ аз вироиши Фурузонфар корбурд намудааст.

Ба хар сурат ин далоил ишора бар он доранд, ки дар шумори маснавиву ғазалҳо рубоиёти Мавлоно низ шӯҳрати ҷаҳонгир доранд.

Мусаллам аст, ки рубоисароӣ ҷаҳонбинӣ ва маҳорату малакаи махсусеро хоҳон аст бар он хотир, ки   нафаре, ки  рубоӣ месарояд бояд дар чаҳор мисраъ як фикри амиқи фалсафиро бо истеъдоди фавқуллода ғунҷоиш диҳанд, ки намунаи бетарини ин офаринишро  аз  рубоинависии классикони мо метавон пайдо кард.

Агар дар офариниши дигар шаклҳои шеърӣ шоир дар интихоби вазни шеър озод бошад (масалан ҳангоми сурудани ғазал метавонад аз вазнҳои  гуногун истифода кунад), дар эҷоди рубоӣ ин амал ҷоиз нест, зеро дар шаҷараҳои бистучоргонаи ахрабу ахрами баҳри ҳазаҷ метавонад рубоӣ суруда мешавад ва дар акси ҳол осор  рубоӣ ҳисобида намешавад. Рубоӣ  жанрест, ки истиқлоли вазни худро то имрӯз нигоҳ доштааст. Рубоӣ ба маънои чаҳортоӣ ё чаҳоргонӣ яке аз қолабҳои шеъри форсӣ аст, ки дар форси ба он тарона низ мегӯянд. «Ин қолаб як қолаби шеъри форсӣ  аст, ки дар забонҳои дигаре (аз ҷумла арабӣ, туркӣ ва урду) низ мавриди истифода қарор гирифтааст.  Вазни он ҳам вазни иборати Лоҳавла ва ло куватаиллоҳ аст. Аммо аруздонон ду ё як вазни аслиро  қоиланд.

Мавлоно низ мисли зиёда шоирони маъруфи классики мо аз қолаби рубоӣ баҳраи комил бурдааст ва ба василаи ин қолаб низ шоҳкориҳо намуда, маъниҳои олиро барои мо мерос монда аст.

Ҳинни омӯзиши хеш  мутаваҷҷӯҳ  гаштем, ки  рубоӣ қолабест, ки  мӯҳтаво ё худ дарунмояи ин қисмат аз ашъори Мавлоноро фаро мегирад. Рубоиёти ӯ бештар фарогири мавзуоти ишқӣ, ирфонӣ, панду ахлоқӣ буда, шоир масоили гуногун минҷумла хештаншиносӣ, муносибати оламу одам ва Худою табиат ва ё ба ибораи дигар муносибати шуури одамӣ ва ҳастиву рӯҳ бо табиат чӣ дар таълимоти фалсафӣ ва чӣ дар афкори  ирфонӣ, дӯстиву рафоқат, фанову бақоро ба риштаи тасвир мекашад, ки дар қолаби рубоӣ то имрӯз дӯстдорони шеъри нобиро шефтаву шайдо мекунад:

Овози туро табъи дили мо бодо,
Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.
Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,
Овози ту чун ной шакархо бодо!

Пас метавон рубоиёти Мавлоноро аз лиҳози фарогирии мавзӯъву маънӣ  ба  гунаи зер табақабандӣ кард:

1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо

2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ

3 Андешаҳо ва таълимоти  фалсафӣ, ҳастиву  марг, оламу одам

4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор

5  Муносибати  поку самимии байни инсонҳо

1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо

Мавлоно пеш  аз ҳама шоири ориф буд ва сӯфии покманиш. Ин нафарон мутақид буданд, ки  фақат тавассути қалб ҷавҳари латифи рӯҳониро метавон дарк намуд. Ин навъи маърифатро дар тасаввуф  бо номи «ишқи маънавӣ», «ишқи ирфонӣ», «ишқи илоҳӣ» ва ғайра ёд кардаанд.

Албатта, мавзӯи ирфону тасаввуф ва тараннуму парастиши Худо бештар  дар осори классикон зуҳур мекард ва ин истифодаи касрат дар рубоиёти Мавлоно низ ба чашм мерасад:

Ҷуз ишқ набуд ҳеч дамсоз маро,
Не аввалу не охиру оғоз маро.
Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дар боз маро

Дар ин рубои шоир аз ишқи иллоҳӣ мегӯяд.  Ягона ҳамдаму ҳамрози хешро Мавлоно  ишқи иллоҳӣ медонад ва дар ин раҳ ҷон бохтанро мояи саодату сарбаландӣ меҳисобад. Камоли ҳунари шоир аст, ки  барои тасвири шаҳомати ин ишқ мегӯяд, «Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро», яъне  дар ин раҳ худи ҷон мехоҳад хешро қурбон кунад, ки албатта  тасвири бесобиқаву мондагор аст. Ва башорат аз садоқати орифу маҳорати шоир медиҳад.

Ҳамин гуна муҳаббату садоқати Мавлоноро метавон аз рубоии зер низ  эҳсос кард, ки мегӯяд:

Ҳоҷат набувад мастии моро ба шароб                                                                    Ё маҷлиси моро тараб аз чангу рубоб

Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май

Шуридаву мастем  чу мастони хароб

Бе шакку гумон ин ишораи шоир ба ишқи илоҳӣ аст, ки бандагони шефтаро масту шайдо мекунад. Лаззати ҳастии ҳамин ишқро дар вуҷудаш  таъкид намуда шоир хотирасон мешавад, ки   «Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май, Шӯридаву мастем  чу мастони хароб».

Ҷолиб он аст, ки Мавлоно низ мисли аксари шоирони классики мо дар ашъори хеш, аз ҷумла дар рубоиёташ аз ояти Қуръон, ҳадис ва ривоёти динӣ зиёд истифода мекунад. Мутаваҷҷеҳ гаштем, ки истифода аз ин унсруҳо дар рубоиёти ирфони шоир  ба маротиб болотар аст:

Чун гашт тилисми ҷисми одам чолок

Бо хок даромехта шуд гавҳари пок

Он ҷисм тилисмро чу бишкаст афлок

Хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок

 Равшан аст, ки ин тасвирро шоир бо такя ба кадом ривоят ба қалам додаст. Яъне офриниши ҷисм аз хок ва ва ба ҷисм ворид намудани руҳ. Омил ва маънии дигаре, ки хонандаро дар ин рубоӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ин бозгӯи андешаи фалсафие аст, ки ҳама чи ба асли худ бар мегардад.

//хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок //яъне, пас аз он ки рӯҳ ба навозиши най ба ҷисм ворид карда шуд ва муддате дар ин тилисм боз монд, баъди раҳо шудани руҳ аз ҷисм, яъне фаро расидани марг  рӯҳ ба зоти пок пайваст, яъне пок буд ба покӣ расид ҷисм ки хок буд дубора хок гашт. Албатта  ҳаводиси динӣ  ва фалсафаи рӯзгор, ки яке аз дигаре об мехӯрад ба ҳам пайвастану тасвири нобу маънии мондагор офаридани шоир камоли иродат ва ҳунармандии ӯст.

Ҳамин гун андешаро метавон аз маънии рубоиии мазкур низ пайдо кард:

Аз ишқ дило на бар забон хоҳи шуд

Беҷон зи куҷо шавӣ ки ҷон хоҳи шуд

Аввал ба замин аз осмон омадаӣ

Охар зи замин бар осмон хоҳӣ шуд (5.524)

 Ва низ :

Дар ҷони ту ҷонест, биҷӯ он ҷонро,

 Дар кӯҳи танат дурре биҷӯ он конро.

 Сӯфийи раванда, гар ту он меҷӯйӣ,

 Берун ту маҷӯ, зи худ биҷӯ ту, онро.

Бармало аст, ки дар ин нигошта Мавлоно мегуяд,  Худо ва меҳри Худо дар туст, агар ба Худо пайваст шудан хоҳӣ аввал бояд худатро бишносӣ аз худат муҳаббати рузафзуни илоҳиро  пайдо кунӣ гар ту он меҷӯӣ, яъне гар ту ба Худо расидан хоҳӣ аз худат ибтикор кун.

Дар рубои дигар Мавлоно мегӯяд:

Он асли сухан, ки ҷон диҳад мар ҷонро,
Бе ранг чу ранг бахшад ӯ марҷонро.
Моя бахшад машъалаи имонро,
Бисёр бигуфтему нагуфтем онро.

Дар ин ҷо ҳам садоқат ва муҳаббати беандоза  шоири ориф ҳувайдост.

Ҳамчунин ин  рубоӣ низ аз ишқи илоҳи шоир бозгӯ аст:

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

***

Бо ишқ равон шуд аз адам маркаби мо

Равшан зи шароби васл доим дили мо

З-он май ки ҳаром нест дар мазҳаби мо

То субҳи адам хушк наёби лаби мо (5.31)

Пайдост, ки он ишқе, ки дар ин рубоӣ Мавлоно ситоиш мекунад, ишқ бар Худованд аст  Ишқе аст, ки васли он касро  масту ҷунун месозад. Ҳамеша ба ёди Худо будан ва барои Худо зиндагӣ кардан барои Мавлоно мояи ифтихор буд. Ин маънӣ дар рубоии зер боз ҳам равшантар баён шудааст:

Ишқ аст тариқу роҳу пайғамбари мо

Мо зодаи ишқу ишк шуд модари мо

Эй модари мо нуҳуфта дар чодари мо

Пинҳон шуда аз табиати кофари мо   (5.57)

 Ё ҷои игар дар ситоиши ишқ мегӯяд:

Эй ишқ, ки ҷонҳо асари ҷони туянд

Эй ишқ, ки ҳуснҳо намакдони туянд

Эй ишқ, ки дуррҳо ҳама аз кони туянд

Пӯшида туйиву ҷумла урёни туянд      (5.560)

Ба бовар метавон гуфт, ин ишқ низ ишқи илоҳист ва дар ин рубоӣ шоир  зери маҳфуми ИШҚ ба Худованд муроҷиат намуда,  ситоиши бузургии ишқи ӯро мекунад.

Ва  мачмуан ба пиндори мо,  аксари мавзуъҳои рубоиёти ин пири суханро мазомини  ирфонӣ ташкил медиҳад. Шеьру мусиқию рақси самьо, ки Мавлоно ба онҳо дилбастагӣ ва тамоюли зиёд дорад, низ  дигар мавзӯъҳоест, ки рубоиёти ирфонии ӯ фаро гирифтаанд.

Мавлоно ҳатто дар ин қолаби рубоӣ ҳам  устодона чунин мазомини ирфониро ҷой дода аст.

2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ      

 

 Муҳимтарин нукоте, ки осори Мавлоноро аз дигар нигоштаҳои ҳамзамонаш  фардият мебахшад, ин мавзӯи вижа аст, ки он аз муҳаббат ва саммимияти Мавлоно нисбат ба Шамси Табрезӣ сарчашма мегирад. Яъне,  мавзӯи васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ аз  ибтикороти Мавлоност. Бо ҷурьат метавон зикр намуд, ки ҳамон гуна ки  достони ишқи ирфонии Мавлоно бо Шамс дар ғазалиёти шуридаи ӯ матраҳ аст, дар рубоиёташ низ бозтоб дорад. Мавлоно мегӯяд:

Умрест надидаем гулзори туро
В-он наргиси пурхумори хаммори туро.
Пинҳон шудайӣ зи халқ монанди вафо,
Дерест надидаем рухсори туро.

   Мусаллам аст, ки дар ин рубоӣ шоир ба Шамс муроҷиат мекунад. Фикр мекунем , ки аз муҳимият ва нақши Шамс дар зиндагии Мавлоно ҳоҷат ба шарҳу баён нест ва ҳар касе, ки бо зинадгинома ва осори Мавлоно  ошност, медонад, ки Шамс барои  шоир кӣ буд ва дар зиндагияш чӣ нақше дошт. Қиссаҳое, ки дар мавриди рафоқат,  садоқат ва муҳаббати Мавлоно нисбат ба Шамс ҳастанд  аксар маврид дар осори Мавлоно бозгӯ мешаванд. Чунончи  шоир аз ғайб задани Шамс, ки   дар ин маврид зиёда ривоятҳо ҳастанд, зиёд навиштаасту ин дарду фироқро ба риштаи назм кашидааст Ин мавзу  дар рубоиёти ӯ низ  бозтоби худро пайдо кардаанд:

Аввал ба ҳазор лутф бинвохт маро,
Охир ба ҳазор ғусса бигдохт маро.
Чун мӯҳраи меҳри хеш мебохт маро,
Чун ман ҳама ӯ шудам, барандохт маро

      Ҷои дигар аз фироқи ӯ мегӯяд:

Гаҳ мегуфтам, ки: «Ман амирам худро»,
Гаҳ наъразанон, ки ман асирам худро.
Он рафт, аз ин пас напазирам худро,
Магрифтам ин ки ман нагирам худро.

       Ҳамчунин  дар васфи Шамс гуфтааст:

Аз ишқи ту дарё ҳама шур ангезад

Дар пои ту абрҳо дур мерезад

Аз ишқи ту барқе бар замин афтодааст

Ин дуд ба осмон аз он мехезад    (5.523)

3 Андешаҳо ва таълимоти  фалсафӣ, ҳастиву  марг, оламу одам

Мавлоно шинохти ҳақиқати азалиро дар ишқ мебинад ва тамоми олмаи ҳастиро дар ин маҳфум ҷой дода, роҳи кашфу завқро пеш мегирад. Таълимоти фалсфавӣ, ҳастиву марг, оламу одам низ аз ин дидгоҳи Мавлоно об мехӯрад. Намунаҳои рубоиёти  зер ин анешаҳои моро тақвият мебахшанд.

 

Гоҳо аз ғами дилбар бар оташ бошем

Гоҳо аз паи дӯстон мушавваш бошем

 Охир ба чӣ ҳараме занем роҳи нишот?

 Охир ба кадом дилхушӣ хуш бошем?       (5.1199)

 ****

Бе ёр намонд ҳар кӣ бо ёр бисохт

Муфлис нашуд он ки  бо харидор бисохт

Маҳ нур а зон гирифт к-аз шаб нармид

Гул буй аз он гирифт ки бо хор бисохт       (5.258)

Ин ман на манам он ки манам гуи кист?

Гуё на манам дар даханам гуи кист?

Ман пирахане беш наям сар то пой

Он кас ки манаш пираханам гуи  кист?    (5.216)

Кӯтоҳ кунад замона ин дамдамаро
В-аз ҳам бидарад гурги фано ин рамаро.
Андар сари ҳар касе ғурурест, валек
Силии аҷал қафо занад ин ҳамаро.

4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор

Маълум аст, ки мероси  классикии мо асосан хусусияти тарбиявӣ дошт, мавзӯъҳои панду ҳикмат, эҳсосоти баланди  инсонӣро  тараннум мекард. Аз қадим классикони мо барои ифодаи панду ҳикмат ва мазмунҳои фалсафӣ аз рубоиву дубайтӣ истифода намудаанд, рубоиву дубайтӣ ва ғазал аз фаъолтарин жанрҳо маҳсуб меёбанд. Мавлоно низ дар ин радиф барои баёни ҳикамтҳои андӯхта ва панду андарзи рӯзгор аз қолаби рубоӣ истифода кардааст:

 

Зинҳор, дило, ба худ мадеҳ раҳ ғамро,
Магзин ба ҷаҳон суҳбати номаҳрамро.
Бо тарраву ноне чу қаноат кардӣ,
Чун тарра масанҷ сиблати оламро.

***

Эй дода ба нон гавҳари имонеро,
Дода ба ҷаве қалб, яке конеро.
Намруд чу дилро ба Халиле насупурд,
Биспурд ба пашша лоҷарам ҷонеро.

Намунаи ингуна рубоиҳоро аз осори Мавлоно зиёд метавон пайдо кард.

5  Муносибати  поку самимии байни инсонҳо

Шеъри классикии тоҷик аз ибтидои комёбиҳои худ, яъне аз асри Х  бо воқеоти зиндагӣ, муносибати байни инсонҳо, дӯстиву рафоқат ва ишқу муҳаббат таваҷҷӯҳ дошт ва ағлаби нигоштаҳои шоирон бар ин маънӣ суруда мешуданд. Мавлоно дар баробари сурудани ишқи илоҳӣ ба дӯстиву рафоқат ва меҳру отифаи миёни инсонҳо низ  бовар дошт. Ситоиши ин маънӣ низ дар осори Мавлоно ва ба вижа дар рубоиёташ ба чашм мерасанд:

 Аз шабнами ишк хоки одам гил шуд

Сад фитнаву шур дар чахон хосил шуд

Сад наштари ишк бар рагу рух заданд

Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд (5.551)

Ҳамзамон омӯзиши рубоиёти Мавлоно моро бар он ақида мӯътақид сохт, ки  шоир дар баробари инъикоси ғоя ва маънии баландарзиш ба бадеияти рубоиёт ва тасвирҳои ин қолаби шеърӣ   таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Бешубҳа, тасвир ва диди шоирона дар  рубоиёти Мавлоно  мавқеи муҳиму созанда пайдо карда, мӯҳтаво дар тасвири ноб  бозгу шудааст. Тарзи баёни маънӣ, сувари хаёли шоир ва диду тасвирҳои шоирона гоҳе нохудогоҳона ва гоҳи дигар махсус вориди шеър гаштаанд, ки дар омӯзишҳои минбаъд мо ин вижагии рубоии      Мавлоноро пайгирӣ хоҳем кард:

Ин оташи ишқ мепазонад моро,
Ҳар шаб ба харобот кашонад моро.
Бо аҳли харобот нишонад моро,
То ғайри харобот надонад моро.

Дар ин рубоиҳо такрори вожаҳо поэтикаи рубоиро хеле боло сохтаанд .

Афсӯс, ки бегоҳ шуду мо танҳо,
Дар дарёе канорааш нопайдо.
Киштиву шабу ғумуму мо меронем
Дар баҳри худо ба фазлу тавфиқи Худо

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

 Пас метавон  гуфт, ки рубоиёти Мавлоно дар осори гаронарзиши ӯ ҷойгоҳи махсусеро соҳиб аст. Ва шоир дар сурудани ин қолаби суннатӣ низ истеъдоди  мунҳасир ба фардро дорад. Рубоиёташ бо фарогирии ғояву мазмуни баланд ва поэтикаи ҷолибу шоистаи таваҷҷӯҳ тавонистанд то имрӯз дар рушди ин қолаби шеъри адбиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳиссагузор бошанд.  Мусаллам аст, ки рубоиёти Мавлоно  на камтар аз ғазалиёту маснавии  шоир маъруфият доранду мӯъҷиби маҳбубияти муаллиф гаштаанд.

Пайнавишт:

  1. Колман Баркс. Як сол бо Румӣ.- Нюёрк: «Ҳартер Санфрансиско», 2006.-426 саҳ.
  2. Мусулмонқулов Р. Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ.-Душанбе: Маориф, 1978
  3. Насриддинов А.  Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форсу тоҷик (иборат аз ду ҷилд). Хуҷанд, 2001.-354 с.
  4. Саъдиев С. Поэтикаи шоирони Мовароуннаҳр.-Душанбе: Дониш, 1980.-138 с.
  5. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

  1. Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.
  2. Шамисо С. Сайри рубоӣ.- Теҳрон
  3. http:/mewlana.mihanblog.com/post/44

  1. http:// faryad.epage.ir/fa/module.content_Page.27-06.html
  1. http:// www.jawab.ir/qa

Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)