
Зиндагӣ, дунё, сарнавишт ё ҳар чизе ки номаш мегузорӣ, гоҳе чунон муштат мезанад, ки муддате ба худ намеоӣ. Ва танҳо ба қурсҳои оромбахшу хобовар паноҳ мебарӣ. Хабарҳои бад ҳич гоҳ ба хубӣ намеоянд. Се ҳафта пеш, расман аз ҳамсарам ҷудо шудам. Ба хотири машрубнӯшии эътиёдовар ва хушунатҳои беисташ. Аз хонадоршавиямон ҳанӯз ду сол намегузашт. Магар андозаи тобоварии як инсон чи қадр аст? Он ҳам дар зиндагие, ки бақояш ҳич замонат надорад.
Аммо болои ин, ки ҳанӯз ошуфтагию афсурдагӣ раҳоям накарда буд, дирӯз вақти сарфи субҳона занги телефони лаънатӣ бори сангини дигареро рӯи шонаам гузошт: хабари талхи марги дӯсти ҳамдонишгоҳиям, Юлита, ки ҳамроҳи шавҳар ва духтари панҷсолааш дар шаҳри дигаре зиндагӣ мекард. Ба ҳар ҳол зиндагии ҳар касе холӣ аз ин хабарҳои устухоншикану дарҷопиркун нест. Мисли тамоми одамҳои дигар дилам сиёҳ, банди пойҳоям суст ва рӯҳам захмӣ шуд.