Нашри “Орван” дар Теҳрон китоби “Мурғи аршӣ”-гулчини дурахшонтарин чакомаҳо дар ситоиши модарро бо шуморагони 500 нусха дар 270 сафҳа бо хати форсӣ мунташир намуд.
Китоб намунаи ашъори ҳудуди сад шоирро аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон, ки бо забони форсӣ модарро сутудаанд, фароҳам овардааст.
Тарроҳии китобро духтари ҳунармандам Фархундабону бо тасвири Модар-Замин музайян сохта, ки тифлашро, ки аз осмонҳо омада, ба оғӯш мекашад.
Дар пешгуфтори китоб, ки “Чароғи рӯзгор” унвон дорад, дар бораи ангеза ва вижагиҳои ин китоб навиштаам:
“Рӯшан аст, ки Модар бо мафҳуми Ватан тавъам ва ҳаммаънист ва ҳар кас Модарашро дӯст дорад ва бар пешгоҳи ӯ эҳтиром қоил бошад, лоҷарам Меҳанашро низ ошиқона дӯст медорад.
Дар дунё шоир, нависанда, ҳунарманд ва мутафаккиреро наметавон пайдо кард, ки дар бораи бузургии ин олиҳаи меҳр сухане, асаре ва шоҳкоре наофарида бошад. Аз ин рӯ, бар ин шудам то дар ростои адои дайн бар пешгоҳи модарон ва бавижа, Модари арҷмандам ин асарро мунташир намоям.
Маҷмӯаи ҳозир аз навҳаи ҷонсӯзи Таҳмина бар марги фарзандаш-Суҳроби ял оғоз ва бо навои дилангези Суҳроби Сират-шоири ҷавони Афғонистон поён меёбад, ки модарашро ҳамтабори борон медонад”.
Дар “МУРҒИ АРШӢ” намунаи ашъори шоирони тоҷик-Устод Садриддин Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Ашур Сафар, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Қувват Давлат, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғоиб, Маликнеъмат, Фарзона, Суруш, Сурайё, Фирдавси Аъзам оварда шудааст. Ашъори китоб тибқи таърихи таваллуди гӯяндагон ҷой гирифта, бархе аз вожагони гӯишӣ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд.
Китоб аз се бахш иборат аст:
“Мурғи аршӣ”-намунаи сурудаҳои шоирони форсигӯй дар ситоиши модар-аз Фирдавсӣ то Фирдавси Аъзам,-як намуна:
Эй модари ман куҷоӣ охир,
Рӯй аз чӣ наменамоӣ охир?
Хандон зи дили замин бурун ой,
Бар гиряи зори ман бубахшой.
Рондӣ ба Биҳишт киштии хеш,
Рӯ тофтӣ аз биҳиштии хеш (Амир Хусрави Деҳлавӣ).
Бахши дуюм “Фариштаи меҳр”-суханони бузургони ҷаҳон-Суқрот, Рафаэл, Балзак, Кэнфилд Фишер, Плутарх, Виктор Гюго, Марк Твен, Фридрих Ниче, Эрнест Хемингуэй, Ҷорҷ Ҳерберт, Кайковус, Чарлз Диккенс, Саъиди Нафисӣ, Анатол Франс, Максим Горкий андар бузургии Модар, як мисол: “Қалби модар зеботарин ва ҷовидонатарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзандаш сафед шуда бошад” (Адалберт Штифтерт).
Бахши сеюм-“Модарро дил месӯзад”-зарбулмасалҳои тоҷикӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ, узбакӣ, чинӣ, покистонӣ, яҳудӣ, итолиёӣ ва ҳиндиро фаро мегирад, намуна: Ҳар ончиро кӯдак наметавонад бигӯяд, модар мефаҳмад. (зарбулмасали яҳудӣ).
Рӯшанам шуд, ки беҳтарин модарномаҳоро дар адабиёти форсӣ Устод Лоиқ (Тоҷикистон), Маҳдии Суҳайлӣ (Эрон) ва Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон) сурудаанд.
Банда соли 2006 дар нашриёти “Деваштич” китоби “Модарнома”-ро бо хати кириллӣ бо шуморагони 500 нусха ба табъ расондам ва “Мурғи аршӣ” такмил ва вироиши ҳамон китоб аст.
Аввалин китоби ҳикояҳоям-“Боғи шафтолу”-ро ба Падари азизам, ки меҳри сухан ва ишқи навиштанро дар дилам кишта буд, тақдим доштам, “Мурғи аршӣ”-ро ба модарам-Бибӣ Нодирамоҳ бо ин умед, ки сояи муборакашро Додор аз сари мо-фарзандонаш кам макунод, пешкаш намудаам.
Нашри ин китобро ба модарони гиромӣ ва ҳамаи ошиқони сухан саъду фаррухбод мегӯям!
Category: Tajik figures
“Парчами сафед” дар Теҳрон боло шуд
Китоби “Парчами сафед”-маҷмӯъаи ҳикояҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо – нависандаи тоҷик дар Теҳрон равонаи бозор шуд. Китоб фарогири 9 ҳикоя (достон) аз ин адиби тоҷик аст, ки барои хонандаи форсизабон пешкаш шудааст.
Китобро интишороти “Ийҳом”, ки ношири тахассусии адабиёту ҳунар аст, бо шуморагони 500 нусха ва дар 108 сафҳа бо тасвиргарии Фархундабону-духтари адиб ба зевари табъ оростааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо то кунун 4 китоби ҳикоя ва 4 маҷмӯъаи шеър дар Душанбе, Теҳрон ва Деҳлӣ мунташир намуда, наздик ба 30 китоб аз осори адибони тоҷикро ба форсӣ баргардон ва дар Теҳрон ба нашр расонидааст.
Чопи аввали китобҳои ӯ “Боғи шафтолу” (ҳикояҳо, Теҳрон ва Душанбе), “Мехостам паранда шавам” (“Солис”, Теҳрон) ва “Динам ишқ аст” (шеърҳо, “Адиб”) тамом шуда ва қарор аст соли оянда ба нашри дуюм расанд.
Достонҳои ӯ дар миёни хонандагон ва нависандаву мунтақидони Эрон истиқболи гарм ёфт ва маҷаллаи “Бухоро”, Муассисаи Хонаи китоб, нашри “Солис” нишастҳое дар нақду баррасии онҳо баргузор намуданд.
Радиои “Саломат”-и Эрон, ки бештарин шунавандаро дар кишвар дорад, ба далели бархурдор будани ҳикоёташ аз фазоҳои самимию отифии тоҷикона, онро бо садои муаллиф забт ва борҳо пахш кард ва чанд адиби маъруфи эронӣ ба онҳо нақдҳои амиқи таҳлилӣ навиштанд.
Яке аз ноширони маъруф дар Теҳрон қавл додааст осори комили ин нависандаро то охири соли милодӣ бо теъдоди зиёд мунташир намояд.
Муаллифи китоб иллати “Парчами сафед” унвон гирифтани китоби мазкурро чунин шарҳ дод: “Парчами сафед” номи яке аз ҳикоёти инҷониб ва достони яке аз донишмандон аст, ки пас аз бист сол таҳсил дар мадориси Бухоро бо шавқу завқ ба зодгоҳаш-яке аз рустоҳои кӯҳистон бармегардад. Бар хилофи интизор, мардуми омӣ озору азияташ медиҳанд, китобҳояшро ба об меандозанд ва ба баҳонаи инки дар заминаш ….ояи урус-картошка (себи заминӣ) киштааст, ӯро аз деҳа берун мекунанд. Ӯ ба танҳо шогирдаш ҳангоми видоъ васият мекунад: “Танҳо ёдгори ман дар ин олам туӣ, шояд замоне касе ба наздат биёяд ва хоҳиши дарс хондан кунад, дареғ макун”.
Модари шогирд вақте аз хабари тарки диёр кардани устоди писараш огоҳ мешавад, ба ӯ мегӯяд: “Ту ҳанӯз ба бозиҳои рӯзгор ошно нестӣ, писарам. Ҳамин тоифа Бобои Рӯдакиро кӯр карданд. Китобҳои падарбузургам куҷо шуданд? Мекушем, баъд оҳу нола мекунем. То даме, ки нодонҳо бар сари маснаданд, доно хору зор аст. Худат навиштаи санги Сари Меҳробро бароям хондӣ:
Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат ба он диёр, ки нодон бувад азиз.
… Шогирд аз фироқи устод ва ҷаҳолати ҳамдеҳагон дучори ҷунун мешавад ва ба хотири тасаллои дили дардманди хеш ду парчам-якеро дар деҳаи худ ва дигариро дар зодгоҳи устод насб мекунад ва ҳар рӯз ҳамчун Робиаи Адавия афтону синахез аз ин парчам ба он парчам мерафту меомад.
Китоби “Парчами сафед” маҷмӯъае тоза, аммо қудратманд аз достонҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо аст, ки нависанда нигоҳе ба фарҳанг ва суннатҳои ғании кишвараш-Тоҷикистон андохта ва онҳоро аз зовияи худ шарҳу баст медиҳад.
Вай бо навиштаҳояш хонандаро ба кӯҳҳо, дарёҳо ва рустоҳои афсонаии сарзамини худ мебарад ва тасвире зинда аз мардум ва шеваи зиндагии онҳо тарсим мекунад.
Достонҳои ӯ бо ҳиссе аз асолат ва воқеъгароӣ омехта шудаанд, ки ба онҳо эҳсоси воқеӣ ва қобили рабт медиҳад.
“Парчами сафед” барои ҳар касе, ки алоқаманд ба ковиш дар фарҳанг ва суннатҳои ғании Тоҷикистон аст, асарест хонданӣ.
Ҳафт Хони Исфандиёр
#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест. Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.
Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”
Ҷудоӣ
“Имрӯз охирин рӯз аст, ҳарчи бодо бод, бояд тамомаш кунам ва аз шарри ин вобастагӣ роҳат шавам”.
Ҳар субҳ баъд аз боз кардани чашмҳо, вақте навозиши хуршедро рӯи сураташ эҳсос менамуд, ин қавлро ба худаш медод, вале то ғуруб онро фаромӯш мекард. Албатта, аз одатҳои қадимӣ ва дӯстони содиқ намешавад ба осонӣ гузашт, мо бо онҳо онқадр хотира сохтаем, ки дар ҷонамон реша давондаанд ва бо ҷудо шудан аз онҳо эҳсоси пӯчӣ мекунем.
Сарҳади номус
Чи рафтааст бародар, ки нотавон шудаем?
Ва сарбазертарин мардуми ҷаҳон шудаем!?
На заррае шарафу нангу орамон монда
Ки дастмоли ҳавасҳои ину он шудаем! Continue reading “Сарҳади номус”
Комил Ёдгор – мусаввири мониқалам
(Мутаассифона дар зодгоҳ устохонае надорад, ки дар он саргарм
шавад.)
Наққошӣ ва муҷаcсамасозӣ ҳунарҳое ҳастанд, ки қабл аз пайдоиши хат дар
зиндагии инсон ҳузур доштаанд. Комил Ёдгор, ин мусаввири барҷаста дар тўли наздик ба чиҳилу чанд соли эҷодӣ беш аз 70 иншооту биноҳои фарҳангию давлатиро бо асарҳояш тазйин кардааст, ки ҳунарсолории ў шояд бесобиқа бошад. Фақат дар шаҳри Хуҷанд 6 иншооти бузурги фарҳангӣ тавассути дастони мониқалам — Комил Ёдгор офарида шудаанд.
Continue reading “Комил Ёдгор – мусаввири мониқалам”