Featured

Яке аз ҳамин рӯзҳо

Достон: #Яке_аз_ҳамин_рӯзҳо
Нависанда: #Гобриел_Горсиё_Моркез
Тарҷума: #Фирдавси_Аъзам

Саҳаргоҳи рӯзи душанбе гарму хушк буд. Урелию Эсковар (Aurelio Escovar) дандонпизшки саҳархез ва бидуни мадрак (муҷаввиз) соати шаши субҳ дармонгоҳашро (матаб) боз кард. Чанд дандони маснуъиро, ки ҳанӯз дар қолаби гачӣ буданд, аз зарфи шишаӣ бардошт. Муште аз абзорро ба тартиби андоза чунон рӯи миз чид, ки гуӣ ба намоиш гузошта аст. Ӯ пироҳани роҳ-роҳ ва бидуни гиребоне пӯшида буд, ки бар рӯи гарданаш бо гули мехии тиллоӣ баста шуда буд. Ҳамчунин, шалворе дошт, ки бо банд боло нигаҳ дошта шуда буд. Қоматаш хушку устухонӣ ва нигоҳаш ҳиҷ таносубе бо муҳити кораш надошт ва ба ранги мурдаҳо мемонд.

Вақте ҳама чизро мураттаб рӯи миз чид, пармаро ба самти сандалии дандонпизишкӣ кашид ва нишаст то дандонҳои маснуъиро сайқал диҳад. Аз зоҳираш бармеомад, ки аслан дар фикри кораш нест, вале якрез кор мекард, ҳатто замоне ҳам, ки эҳтиёҷе ба парма надошт, бо пой онро мегардонд.

Баъд аз соати ҳашт, лаҳзае аз кор даст кашид то аз тиреза осмонро тамошо кунад. Мутаваҷҷеҳи ду лошахур шуд, ки рӯи лабаи пушти боми хонаи ҳамсоя нишаста буданд то хушк шаванд. Ӯ бо ин бардошт, ки то пеш аз наҳор дубора борон шурӯъ ба бориш хоҳад кард, ба кори худ баргашт. Садои ҷиғи писари ёздаҳсолааш ҳавосашро ба ҳам рехт.

«Додо!»

«Бале?»

«Шаҳрдор мехоҳад бидунад, ки оё дандунашро мекашед?»

«Гӯяш нестам».

Дандонпизишк машғули сайқал додани дандони тилло буд. Онро ба фосилаи оринҷаш нигаҳ дошта, бо чашмони нимабоз баррасӣ мекард. Писараш боз аз утоқи кӯчаки интизор фарёд зад:

«Мегӯяд дар хуна ҳастед, чун овозатуна мешунавад».

Дандонпизишк ҳамчунон машғули баррасии дандон буд. Вақте кораш бо он тамом шуд ва онро рӯи миз гузошт, гуфт: «Беҳтар шуд!».

Пармаро дубора рӯшан кард. Чанд тикка аз як навори иттисолро аз ҷаъбаи чӯбӣ бардошт. Дар ин ҷаъба чизҳоеро нигоҳ медошт, ки ҳанӯз бояд рӯи онҳо кор мекард. Ва дубора ба сайқал додани тилло пардохт.

«Додо!»

«Бале?»

Ҳанӯз тағйире дар чеҳраи ӯ мушоҳида намешуд.

«Мегӯяд агар дандунаша накашед, бо туфанг мекушадатун».

Оҳиста ва бо ҳаракати бисёр ором педал задани пармаро мутаваққиф кард, онро аз сандалӣ дур карду ҷевони поини мизро комилан берун кашид. Дар онҷо як ҳафттир буд. Гуфт: «Бисёр хуб. Гӯяш биёду мана кушад».

Ӯ сандалиро чархонд то рӯбарӯи дар қарор бигирад ва дасташро рӯи лабаи ҷевон нигаҳ дошт. Шаҳрдор дар остонаи дар зоҳир шуд. Тарафи чапи сураташро тарошида буд вале тарафи дигар, ки варам карда буд ва дард дошт, панҷ рӯзе мешуд, ки ислоҳ нашуда буд.
Дандонпизишк дар чашмони шаҳрдор бетобии чанд шабро медид. Бо нӯги ангуштонаш чевонро баст ва ба нармӣ гуфт: «Биншинед».

Шаҳрдор гуфт: «Субҳ ба хайр».
Дандонпизишк гуфт: «Субҳ ба хайр».

Зимни ин ки васоил дохили об меҷӯшид, шаҳрдор сарашро ба зерсарии сандалӣ такя доду ҳис кард ҳолаш беҳтар шуда аст. Нафасҳояш сард буданд. Матаби фақиронае буд; як сандалии чӯбии қадимӣ, пармаи педолӣ, ҷоливонӣ бо бутриҳои серомикӣ. Рӯбарӯи сандалӣ, панҷарае буд бо пардаи кӯтоҳе то ҳадди шона аз он овезон. Вақте шаҳрдор ҳис кард, ки дандонпизишк ба тарафаш меояд, пошнаҳояшро муҳкам ба замин фишор дод ва даҳонашро боз кард.

Урелию Эсковар сари шаҳрдорро ба самти нури чароғ гирифт. Баъд аз муоинаи дандони чирккарда, бо ангуштонаш, бо андаке фишор даҳони шаҳрдорро муҳтотона баст.

Гуфт: «Бояд бидуни беҳиссӣ бикашамаш».

«Барои чӣ?»

«Чун обса доред».

Шаҳрдор ки саъй мекард лабханд бизанад, ба чашмони дандонпизишк нигоҳ карду гуфт: «Бошад».
Дандонпизишк лабханд назад. Зарфи васоили зиддиуфунишударо овард ва ҳамчунон хунсард буд. Баъд зарфи барои афкандани оби даҳонро ба пеш тела дод ва рафт то дастҳояшро дар дастшӯӣ бишӯяд. Тамоми ин корҳоро бидуни нигоҳ ба шаҳрдор анҷом медод, вале шаҳрдор тамоми муддат чашм аз ӯ барнамедошт.

Дандони хароб, як дандони ақли поин буд. Дандонпизишк пойҳояшро каме аз ҳам боз карду дандонро бо анбури доғ муҳкам гирифт. Шаҳрдор ду дастаи сандалиро муҳкам гирифта буд ва пойҳояшро бо тамоми қудрат рӯи замин фишор медод ва ҳис мекард, ки гурдаҳояш мунҷамид шуда, вале ғингаш намебаромад. Дандонпизишк фақат банди дасташро ҳаракат медод. Бе ҳеҷ кинае ва бо мулоимати нешдор гуфт: «Ҳоло бояд товони ун бист нафар куштаро пас диҳед».

Шаҳрдор садои қарач-қуручи устухонҳои анголакашро мешуниду чашмонаш пур аз ашк шуда буд. Вале то берун омадани дандон, нафасро дар сина ҳабс кард. Баъд онро аз пушти ашкҳояш дид. Дандон чунон бо дарде ки мекашид ғариба менамуд, ки азоби панҷ шаби гузаштаро фаромӯш кард.

Шаҳрдор рӯи зарфи оби даҳон хам шуд. Арақ карда буду нафас-нафас мезад. Тугмаи юниформашро боз кард ва аз ҷайби шалвораш дастмолашро берун овард. Дандонпизишк ба ӯ дастмоли тамизе доду гуфт: «Ашкҳоятро пок кун».

Пок кард. Меларзид. Вақте дандонпизшк дастҳояшро мешуст, чашми шаҳрдор ба сақфи фарсуда ба ҳамроҳи тори анкабути хокхурда бо тухмҳои анкабут ва ҳашароти мурда дар он уфтод. Дандонпизишк дастҳояшро хушк карду баргашт ва гуфт: «Биравед истироҳат карда, бо намакоб ғар-ғара кунед».

Шаҳрдор аз ҷояш баланд шуд ва ба сабки низомӣ худоҳофизӣ карду ба самти дари хуруҷӣ рафт, дар ҳоле ки пойҳояшро бар замин мекашиду тугмаҳои либосашро набаста буд. Гуфт:

«Суратҳисобро бароям фирист».

«Барои шумо ё барои шаҳр?»

Шаҳрдор ба ӯ нигоҳ накард. Дарро баст ва аз пушти парда гуфт:

«Ҳардуи ин лаънатиҳо як чизанд». (Пули шаҳр ҳамон пули ман аст. Ф.А)

Поён

#Яке_аз_ҳамин_рӯзҳо
#Гобриел_Горсиё_Моркез
#Фирдавси_Аъзам

Continue reading “Яке аз ҳамин рӯзҳо”

Фирдавси Аъзам:Ман шоири шумояму колои ман вафост…

yak baghal ghazal londonМаҷмӯаи шеъри “Як бағал ғазал”- и шоири ҷавони тоҷик Фирдавси Аъзам, ки чанде қабл дар шаҳри Теҳрони Эрон нашр шуда буд, дар шаҳри Лондони Ингилистон аз сӯи интишороти H&S Media-и Лондон бо саъй ва эхтимоми рузноманигори точики мукими Лондон Дориюши Рачабиён дубора мунташир шуд.Албатта, дар хориҷ аз кишвар интишор шудани маҷмӯaи шеъри шоир аз як сӯ ҳосили ҳунар ва истеъдоди фитрӣ бошад, аз сӯи дигар самари истиқлолияти давлатии кишвар аст, ки чунин фазои ободу созандаро барои зиндагиву эҷоди насли ҷавон фароҳам овардааст. Бо баҳонаи нашри дувумин китоби шоири ҷавону боистеъдод дар Лондон бо Фирдавси Аъзам сӯҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

Фирдавси Аъзам 21 ноябри соли 1984 дар рустои Худгифи Сояи ноҳияи Масчоҳ чашм ба ҷаҳон кушод. Фориғуттаҳсили риштаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ва мутарҷими забони англисист. То кунун навиштаҳо ва чакомаҳояш дар нашрияхои Тоҷикистон ва торнамоҳои мухталифи Эрон, Афғонистон мунташир шудаанд.

– Сароғоз бо дуруди фаровон интишор шудани маҷмӯаи «Як бағал газал»-ро дар кишварҳои Эрону Инглистон муборакод мегӯем. Албатта дар синни ҷавонӣ нашр шудани китоб дар ду кишвари бонуфузи ҷаҳон боиси ифтихор ва саодати мо насли ҷавони кишвар аст. Лутфан бигӯед, ки нашри китоб дар ин кишварҳо чигуна даст дод?

-Сипосгузорам. Нашри ин китобро ба аҳли адаби кишвар низ муборакбод мегӯям. Чун дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аксаран шеърҳоямро бо дабираи порсӣ мегузорам, ин боис шуд то доираи мухотабон зиёд шаванд ва интишороти Пуёни Теҳрон пешниҳод кард, то аз ҳисоби хазинаи худаш маҷмӯаи шеъриямро нашр кунад. Баъд аз интишори маҷмӯа дар Теҳрон интишороти H&S Mеdia-и Ландан дубора онро нашр кард, ки ман аз ин икдомот сипосгузорам.

– Огоҳем, ки «Як бағал ғазал» дувумин маҷмӯаи ашъори шумост ва пештар аз ин соли 2012 аввалин маҷмӯаи шеърҳоятон бо номи «Абрҳои обӣ» дастраси ҳаводорон гардид. Лутфан бигӯед, ки аз нигоҳи хеш Фирдавси Аъзам аз маҷмӯа то маҷмӯа то куҷо рушд карда?

-Ба назари ман шеърҳо ва сурудаҳое, ки дар «Абрҳои обӣ» гирд омадаанд, бештар бозгӯи мавзӯъҳо, эҳсосот ва нигоҳи шахсии ман ба зиндагист, яьне дар маҳдудаи нигоҳу хостаҳои шахсии худ ба зиндагӣ нигоҳ кардаам. Дар «Як бағал ғазал» ба андешаи ман як андоза биниши муаллиф ба зиндагӣ ва дарки ҳастӣ фарқ дорад. То андозае аз нигоҳи қабли фосила гирифтам ва нигоҳи тозае бо дардҳои иҷтимоъ пайванд хурд. Дар ин китоб бештар ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, фарҳанг таърих, иҷтимоъ ва мушкилоти ҷомеа руҷӯъ шудааст. «Як бағал ғазал», ки шомили 30 ғазал аст ба баҳонаи сисолагиям нашр шуд.

-Яъне ба назари шумо дар дувумин маҷмӯа андешаи Шумо то андозае ба камол расид. Мехостем дар мавриди нақши «андеша» ва «эҳсос» дар офариниши шеър назари Шуморо донем.

-Гоҳе пеши худам фикр мекунам, ки гузаштагони мо дар осори хеш бо беҳтарин шакли гуфтор ва бо истифода аз саноеи бадеӣ ҳамаи гуфтаниҳоро гуфтаанд ва чизе барои гуфтан намонда, аммо боз андеша дорам, ки як шоири муваффақ метавонад ҳамон гуфтаҳоро дар қолаби имрӯзӣ ва ба навъи тозаву тар сарояд. Яъне гуфтани он чӣ, ки гуфта шуд бо бинишу нигариши нав, бо пушиши тоза. Дар ҷаҳони имрӯзи шеър агар харфи тозае гуфтан натавонӣ фикр мекунам бехтар аст шеър насароӣ.
Яъне андеша дар шеър паёмовари тафаккурот ва тахаюлоти бикру тоза аст. Эҳсос аз дигар аносирест, ки бояд дар шеър ва шоир бошад. Яъне, барои ин ки битавонӣ чароғи шеърро шӯълавар кунӣ бояд, ранҷе, дарде, ҷунуне дошта бошӣ то тавонӣ дар ин рох қалам ба даст бигирӣ.
Мегӯянд, ки “сухан ки аз дил бархост бар дил нишинад”, вақте як шоир эҳсоси ғаму андӯҳ, дардро битавонад ба мухотаби шеъри худ ироа намояд ва аз умеду орзуи ӯ бисарояд мусалламан тавониста аст, ки он эҳсосро ба дилҳои мухотаб интиқол диҳад.
Чизе, ки шеърро устувору хонданбоб мекунад ҳамин андешаву эҳсос ва тахаюл аст.
Вақте шумо ба бозор меравед ҳатман дӯст доред як колои босифату боарзиш ва албатта, бокайфияти болоро бихаред, дар дунёи шеър низ ҳамингуна аст. Хонадагон аз шоирон шеъри баландро тақозо доранд. Ва албатта чун ҳамеша имрӯз низ ин бастагӣ ба ҳунари шоир дорад ки, чи гуна метавонад колои шеърашро дар ин бозори пурхаёху бифурушад.
Мусаллам аст, вакте шеър ноб аст, мисли нонест, ки тоза аз танӯр омада, роҳат ба дилҳои мардум менишинад ва он мавриди истиқболи густардаи хонандагон карор мегирад.

-Ба андешаи Шумо оё дидгоҳи як шоир вежагиҳои хоси худро дорад?

-Нигариш ба атроф ва он чӣ ки дар он иттифоқ меафтад, кори ҳар кас нест, хама чашм доранд, аммо ҳама наметавонанд зебоӣ ва ё он чӣ дар атрофашон иттифоқ меафтадро бубинанд. Ва ин шоир аст, ки ҳамеша дар ҳоли нигариш ва тамошост ва кунҷкову ғарқ дар дунёи атрофи хеш аст, то битавонад вокуниш, таасурот ва бардоштҳояшро табии ва шоирона матраҳ намояд.
Ба назари ман танҳо чашми шеъру шоир ин қудратро дорад, ки нузули қатраҳои борон, хиш-хиши баргҳои зери по, тобиши ситораву моҳ, ҳасрати гулдони холии назди панҷара, охарин нафаси шабнам рӯи баргҳо ва сабзаҳоро истишмом, кунад, бинад ва дарк кунад. Вақте ин ҳамаро мебинад, ҳис мекунад, дигар навбат ба дарку санҷишу андешидан мерасад. Як шоири муваффақ бояд ҳамингуна бархурдро ба табиат ва атрофаш дошта бошад. Дар ҷаҳони имрӯзи диҷитолӣ ва электрунӣ барои шоир сухани нав ва ҷаззоб гуфтан кори осоне нест. Бо кӯмаки ҳамин биниши дарунию берунӣ ва бо истифода аз бардоштҳои зоҳириву зеҳнӣ метавон як кори боарзише эҷод кард ва мавқеи худро дар ҷомеаи адабӣ пайдо кард.

Худи Шумо чаро шеър мегӯед?

-Борҳо аз худам суол кардаам, ки чаро шеър мегӯям? Аслан чӣ зарурат дорад, ки шеър бигӯям? Намешавад, ки нагӯям? Ва ё ҳоло, ки тавонашро дорам, бояд бисароям? Ва даҳҳо ба ин монанд саволҳо…
Аммо вақте ки қобилияти гуфтанро дорам ба унвони рисолати иҷтимоӣ ва адабӣ мутааҳид ҳастам, ки дар сурудани шеър ба унвони як нафар паёмрасон қаламфарсоӣ кунам. Гоҳо иттифоқоте пушти пардаи нохудогохи зехнам рух медиҳад ва рӯҳу ҷони маро тасхир мекунад ва водор мекунад ба гирифтани қалам. Ба гуфти Нитче,”агар дард набуд, шоирон ва мургхо куд- куд намекарданд”. Воқеан, он чӣ, ки маро водор ба навиштан мекунад, ҳамин гуна эхсосҳо, нигаришу бинишу бардоштҳост, ки бидуни ихтиёр маро савор бар боли сеҳромези вожаҳо мекунад ва мебарад то он дурҳо, он ҷое, ки дигар маҷбурӣ рӯи коғазро сиёҳ кунӣ ва руху дилатро навье тахлия (холи) кунӣ. Шеър гуфтан барои ман навъе тахлия кардан аст. Вакте ки зеҳн обастани ин гуна гуфтаҳо, бардоштҳо ва.. мешавад, билохира бояд чизе гуфт ва сабук шуд. Дар ин маворид чӣ беҳтар аз Шеър.!
Ман аксар вақт тавассути шеърам ҳисси ҳамдардии худамро нисбат ба мухотабам баён мекунам. Як шоири муваффақ он вақт шеъраш таҳти таъсир қарор мегирад, ки битавонад бо хонандагонаш ҳамдарду ҳамақидаву ҳамзамон бошад. Ин хеле муҳим аст. Яъне мухотабро ҳамроҳи шеърат то уфуқи рӯшани хаёлу эҳсосотат бубарӣ. Шоир бояд мисли ойина бошад, софу зулол. Садоқату ростӣ яке аз аносрест, ки ҳар шоир бояд онро доро бошад. Рӯҳи тавонмандашро ба хотири пашизе олудаи мадҳу ситоиши дигарон ва тақлид аз дигарон накунад. Атрофро аз сари некиву покӣ бингарад. Инҷост, ки Мавлоно мегӯяд:
Ойинаaт донӣ чаро ғаммоз нест?
Чун ки зангор аз рухаш мумтоз нест.

– Дар «Як бағал ғазал» бештар ғазалҳоятон аз иҷтимоъ мегӯяд

Бале, дуруст фармудед. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар фарде сохиби ӯҳдадоирҳо ва масъулиятҳост. Аз ҷумла шоирон низ мутааҳиди коре ҳастанд. Вазифаи ҳар шоир дар ҳар ҷомеае ин аст, ки ба василаи завқи ҳунарие, ки соҳибанд, эҳсосу дарк ва авотифи инсониро дар шеърашон ғунҷоиш диҳанд ва ба дигарон мунтақил намоянд. Шоирро лозим аст, ки дарёфтҳо, мушоҳидахо, вокунишҳо ва бардоштҳои худро бо баёни завқи хунарии худ ба дигарон бирасонад. Ман ҳам ба унвони як нафар раҳгузори кӯчаҳои сабзи шеър талош мекунам ҳамин вазифаро иҷро намоям. Холо дар ин роҳ то чӣ андоза муваффақ будаам вогузор мекунам ба хонанда. Гуфтаанд, ҳар чизе ба ҷои хеш некӯст, агар шоир битавонад дар иртиботи инсонӣ вазифаи худро хуб анҷом диҳад, он ҷомеа бешак рӯ ба рушд хоҳад гузошт.
Ногуфта намонад, ки дар дунёи имрӯз нақши шеъри иҷтимоӣ ончунон, ки бояд бошад нест, камранг аст. Мавзӯи аксар шоиронагиҳо, ошиқона ҳастанд, аз иҷтимоиёт ва дарду мушкилоти воқеии мардум кам мегӯем. Бештар аз дарди худ мегӯем то мардум, аз эҳсосу авотифи худ мегуем, то дигарон.
Бархурдамон бо масоили иҷтимои беранг аст, заиф аст. Дар ҳоле, ки бояд қави бошад, чун адабиёт ва иҷтимоъро наметавон аз ҳам ҷудо кард.
Шоир бояд таҳти таъсири руйдодхои иҷтимоии ҷомеаи худ бошад ва сайъ намояд, ки дар он таъсиргузор бошад. Нисбат ба дарду ормонҳои мардумаш бетафовут набошад. Ба назари ман шоир ҳассостарин фарди ҷомеа аст. Ва ӯст, ки нисбат ба сарнавишти мардум ва хостаҳову ниёзҳои онҳо соҳиби нигоҳи мутафовит аст ва ӯст ки ҷахони атрофашро ба мухотаб ироа ва бозсозӣ мекунад.

-Медонем, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъолед. Ба фикри Шумо рушди техноложӣ ва вуруди бемайлони интернет ба зиндагӣ ба шеър ва шоир чӣ таъсир мегузорад?

-Аввалҳо вақте, ки дар фейсбук шеър мегузоштам, шоҳиди баҳ- баҳу чаҳ- чаҳи мухотабони гуногуне мешудам ва росташ аз ин таҳсину офаринҳо хушам меомад, пеши худам фикр мекардам шеърам “баланд” будааст. Аммо на, баъдан ба худ омадам ва дигар асири ин васвасахои маҷозӣ нашудам.
Ман фикр мекунам ин тайидхову таҳсинхову ташвиқҳо мунҷар ба уфту хезҳо ва осебҳои зиёде ба худи шоир мешавад. Интишори ашъор дар фазоҳои маҷозӣ ва аз сӯи мухотаб пазируфта шудани осорашон ҳаргиз маънои онро надорад, ки ба муваффакият расидаанд. Баръакс мӯъҷиби шикасташон мешавад, чун дар ин гуна фазохо касе чуз таҳсину офарин чизе намегӯяд ва интикод намекунад ва шоир фикр мекунад ба ҷое расида аст ва ин низ метавонад ба фазои адабиёти воқеӣ низ осеб бирасонад.
Дар баробари ин ҳастии шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳфилҳои маҷозӣ имкон медиҳад равобити шуарои манотиқи гуногуни кишварро бештар кунад ва пайванди ҳамзабонони мо Эрон ва Афғонистонро густариш диҳад. Ба нашр расидани «Як бағал ғазал» низ ҳосили ҳамин рушди равобити маҷозист.

Барои сӯҳбати самими ташаккур, мурғи илҳоматон ҳамеша дар парвоз бошад.
-Сипос, сарбаланд бошед.

Сухбати Гулчахон Махкамова

Ғарб бо Мавлоно

Фирдавси АЪЗАМ (Хуҷаев)

nahzat.tj

Ба ифтихори мавлуди Мавлоно суфии покманиш

Вақте ки Созмони миллали муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлонои кабир ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркиё, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди милоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.

Дар ин навиштаи кучак нигоҳи иҷмолие ба шуҳрати Мавлонои кабир дар бархе аз манотиқи ҷаҳон меандозем ва ба хадамоти пажуҳишгарони ғарбӣ, ки роҷеъ ба таьлимот ва осори Мавлоно анҷом додаанд, таваҷҷӯҳ мекунем. Дар ин навишта аз бархе манобеи интернетӣ бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ истифода шудааст. Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги фарҳангию адабӣ дорад, дар ҳамаи марокизи илмию пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлонои кабир иқтибос меоранд ва ӯро ба масобаи як инсони ормонӣ ва идеол ёд мекунанд.

Мавлоно ва Русия

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамон гуна ки дар Аврупо ва Амрико аз шуҳрати волое бархурдор аст, дар Русия низ аз муддатҳо замон дорoи шуҳрату эътибор аст. Шарқшиносони барҷастаи русӣ чун Бартелс, Гордовский ва дигарон ин шоир ва андешаманди бузурги ҷаҳони Исломро дар осори худ муаррифӣ ва ёд кардаанд. Ин ёдкуниҳо ҳокӣ бар таъсиргузор будани Мавлоност.

Бояд арз шавад он асаре, ки муҷиб бар муаррифии осор ва таьлимоти Мавлоно дар маҳофили адабӣ ва доираи хонандагони рус гардидааст, асари “Ҷалолиддин Руми” нависандааш Радий Фиш мебошад.

Китоби мазкур дар силсилаи китобҳои “Зиндагии бузургон” тавассути Максим Горки дар соли 1934 эҳё гардидааст. Воқеан ҷолиб аст, вақте мебинӣ, ки чунин асаре бо он ҳама таълимоти ирфонӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ дар чунин муҳити коммунистии Русия нашр гардад. Ин амр далел бар пайванди инсон ба руҳоният ва маънавияти фитрист, ки муҷиб бар чунин иттифоқе шудааст. Мавлоно дар ҳақиқат тавассути таълимот ва осораш бузургтарин муъҷизаи маънавиро эҷод кардааст, ки инсони тамоми минтақаи оламро ба сӯи хеш мехонад ва ин муъҷиза барои қарнҳо мондагор хоҳад монд.

Николсон ва Мавлоно

Рейнолд Николсон аз мусаҳҳеҳ ва муфассири бузурги Маснавии шариф умри гаронмояи хешро сарфи таҳқиқ ва пажуҳиш дар мутуни куҳани исломӣ ва ирфонӣ намуд, вале он чи ки ӯ анҷом дод ва солиёни сол ва қарнҳо бегазанд хоҳад монд, ин вироиш ва таҳқиқи Маснавии шариф буд, ки имрӯз аз муътабартарин нусхаи Маснавии Маънавӣ мебошад. Маснавиро ба забони модарияш (англисӣ) тарҷума намуд ва онро дар 8 ҷилд тафсир кард. Ба ҳар ҳол, агар аз зовияи таърих ба тарҷума бингарем, хоҳем дид, ки Николсон хадамоти бузурге барои ғарбиён кардааст. Ҳудуди 50 сол пеш Маснавиро бо диққати тамом ва жарфнигарӣ ба инглиси тарҷума намудааст.

Ҳамин дилбастагию алоқамандаии Николсон ба забон ва адабиёти бузурги исломӣ буд, ки муҷиб гашт то баргузидаи ашъори “Девони Шамс”- ро ба дасти чоп диҳад. Профессор Николсон дар соли 1901 ҳангоме, ки 33 сол дошт, ҷонишини Эдвард Браун дар Донишгоҳи Кембрич шуд ва ҳамонҷо курси забони форсиро дар ихтиёр гирифт ва узви расмии акодемии забони форсӣ шуд. Пас, мусалламан метавонем бигӯем, ки чун ӯ донандаи забони форсӣ буд барояш таҳқиқ ва омузиши осори бузургоне чун Мавлоно он қадар душвор набуд.

Николсон аз нахустин шарқшиносонест, ки осори Аттор ва бахусус Мавлоноро ба сурати густурда ва амиқ ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ барои нахустин бор дар маҷалаи Салтанати осиёӣ даст ба муаррифии китоби “Фиҳи мо фиҳи” зад, то аз ин роҳ он китоби арзишмандро ба пажуҳишгарони ғарбӣ бишоносонад. Рейлонд, ки худ ба тарҷумаи бахшҳое аз он ҳиммат гумошта буд, тарҷумаи комили онро ба шогирди худ Арберӣ тавсия кард. Хадамоте, ки ин абармард анҷом дода, кам пажуҳишгарон анҷом додаанд. Албатта, қабл аз Николсон мутарҷимоне чун Ҷемс Редхаус ва Винфилд ба тартиби дафтари аввал ва кулли Маснавиро бо забони инглисӣ дар солҳои 1881 то 1887 милодӣ мунташир карда буданд, аммо он чи Николсон анҷом дод, фарқкунанда буд. Ӯ бо диди ноқидона ва олимона ва риояти лозима ба заъфҳо ва камбудиҳои эшон ишора кард. Ин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон Маснавии Мавлоно ба беш аз 40 забони дунё тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ҳарчанд аз кори анҷомдодаи Николсон ба Маснавӣ чандин сол мегузарад, аммо ҳануз эътибори он аз байн нарафтааст ва аҳли таҳқиқ бо истинод ва иқтибос аз он ба таври густурда истифода мекунанд. Ин албатта, ҳокӣ бар бузургии дасти пажуҳишии Николсон аст.

Мавлоно ва Фаронса

Ҳамин бузургманишии Мавлоност, ки бо қудрати ҷозибаи осораш аз тамоми нуқоти олами беканору бекарон донишмандон, мутафаккирон ва файласуфонро ба сӯи хеш мехонанд. Марзҳоро убур карда ва тамаддунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Фаронса ҳам ин даъватро аз хоки гуҳаррези Туркиё мешунавад.

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ива ду Витрей Меэерович (1909–2001)-ро бояд бузургтарин мавлоношиноси фаронсавӣ донист. Чанд нукта роҷеъ ба фаолияти ин пажуҳишгар гуфтанӣ ҳастем.

Ӯ бештари осори Мавлоноро ба забони фаронсавӣ тарҷума карда ва дар китобҳои таьлифии худ низ осори Мавлоноро мавриди баррасии коршиносона қарор дода аст. Ӯ дар мавриди чигунагии ошноӣ бо Мавлоно мегуяд: “Рузе як дусти мусалмон китобе аз Иқболи Лоҳурӣ пеши рӯям ниҳод. Ҳангоме ки онро мутолиа кардам, маро бисёр маҷзуб кард ва ман бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд тасмим гирифтам китобро аз инглисӣ ба фаронсавӣ тарҷума кунам. Бо мутолиаи осор ва ашъори Иқболи Лоҳурӣ медидам, ки Иқбол пайваста аз Мавлоно ба унвони муаллиму муроди хеш ёд мекунад. Кунҷков шудам ва хостам бидонам чаро ӯ то ба ин ҳад нисбат ба Мавлоно иродат дорад. Бадин тартиб ҳангоме, ки мутолиаи осори Мавлоноро шурӯь кардам, ба забони фаронсавӣ чизи каме ёфтам ва маҷбур будам ба осори тарҷумашуда ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ муроҷиат намоям.”

Меэерович ба тадриҷ Мавлоноро дарк мекунад ва ҳар қадар, ки Мавлоноро бештар мешиносад, ҳамон қадар алоқамандтару муштоқтар мешавад. Ива 15 сол барои тарҷумаи Маснавӣ вақт гузошт ва бо ҳамкории як муҳаққиқи эронӣ ба номи Ҷамшеди Муртазавӣ ин китоби арзишмандро ба таври комил тарҷума кард. Тарҷумаи ин китоб дар соли 1990 милоди дар 1705 саҳфа ба инзимоми як муқаддимаи 40 сафҳаӣ аз суи интишороти “Руше” дар Фаронса мунташир гардид. Ӯ ҳамчунин “Фиҳи мо фиҳи”, “Рубоиёт”, “Мукотибот” ва низ гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард. “Рубоиёти Мавлоно” маҷмуае аз 1000 рубоӣ аст, ки хонуми Меэерович аз миёни 2000 рубоӣ ба Мавлоно нисбатдодашуда интихоб ва тарҷума кард. Ин хадамоте, ки хонум Меэерович анҷом дода, шоистаи таҳсину такдир ва ситоиш аст.

Борес ва Мавлоно

Дар Фаронса танҳо хонуми Меэрович набуд, ки ба тарҷума, пажуҳиш ва омузиши осори Мавлоно даст зада буд, балки дигар донишмандон ва муҳаққиқон низ дар ин амр ҳиммат мегумориданд. Яке аз ин навсиандагон Мурис Борес (1862—1923), сиёсатмадори фаронсавӣ, буд, ки ба хотири алоқаи шадиде ба Мавлоно ва маросими самои фирқаи Мавлоно ба Куния сафар мекунад. Рақси самои дарвешон, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқони кишвари Фаронсаро ба худ ҷалб карда буд, аммо дар миёни онҳо ҳеч як ба андозаи Борес ба омузиши Мавлоно ва самои мавлавия напардохтааст. Он чи ки Бoрес анҷом дод, нахуст Маснавӣ ва бархе дигар аз ашъори Мавлоноро аз рӯи тарҷумаи пароканда ва низ аз рӯи он чи дар “Маноқиб-ул-орифин” хонда буд, ба забони фаронсавӣ дармеоварад ва мушоҳидоташ низ дар Куния ӯро ба таамулоте дар бораи “Ирфон дар ҳамаи адён” барангехта ва андешаҳои пешини ӯро дигаргун карда аст.

Ӯ дар 17 июни 1914 милодӣ ба Куния маҳалли зиндагии Мавлоно ва оромгоҳи ӯ сафар кард. Дар онҷо бо ҳамроҳӣ дар рақси оҳангини мавлавиҳо “дарвешони муриди Мавлоно” ба руёи худ таҳаққуқ бахшид. Вай ин мавзуъро дар осори худ “Таҳкике дар кишварҳои шарқӣ” (Enquête aux pays du Levant) ва “Дафтарҷаи Хойм” (Mes Cahiers) ташреҳ карда аст.

Шиммел ва Мавлоно

Ҳамчунин Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи бисёри профессор Онне Море Шиммел қарор доранд. Ин донишманд чанд асари муҳимеро аз осори манзум ва мансури ин ду ҳакими фарзона ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Афзун бар ин, дар миёни осори устод Шиммел таҳқиқ ва таълифҳои бисёре низ дар бораи шахсияти барҷаста ва осори арзишманди Мавлавӣ ва Иқбол дида мешавад.

Профессор Шимел яке аз устодони шинохтаи ҳавзаи мутолиоти “Мавлавишиносӣ” ва “Иқболшиносӣ” аст. Ин пажуҳишгар миёни Шарқ ва Ғарб ба масобаи пулест, ки тамаддунҳо ва фаргҳангҳоро ба ҳам мепайвандад ва паёми Шарқро ба Ғарб мерасонад. Хадамоти эшон низ дар муаррифӣ ва таҳқиқи ин ду чеҳраи бузурги ҷаҳони исломӣ бисёр бузург аст. “Ман чу бодам, ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва таҳлили осори орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст ва то кунун чандин маротиба таҷдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шарҳи аҳволи Мавлоно шахсияти вай ва асари шоҳкораш – Маснавии Маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд, ки бузургтарин малҳами Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ китоби Куръон будааст, аз ин ба Абдураҳмони Ҷомӣ бояд ҳақ дод, ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форсӣ” мехонад. Бадеҳӣ аст, ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи қашрия” ва “Эҳёи улуми дин” -и Имом Ғаззолӣ. Яке дигар аз китоби муҳими хонум Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun) аст. Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба ҳиммати устод Ҳасани Лоҳутӣ ва бо муқаддимаи аллома Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Профессор Шиммел аз ҳамон оғози фаолиятҳои илмии худ ба мутолиа ва баррасӣ дар осор ва афкори Мавлоно ба таҳқиқоти доманадоре даст мезанад ва Мавлонои кабирро ба муҳити Аврупо мешиносонад.

Читик ва Мавлоно

Ҳамчунин, Вилиям Читик аз пажуҳишгарони номдори олами Ғарб бо таьлифи асаре тахти унвони “Ман ва Мавлоно” достони шурангези зиндагии Мавлоно ва ба вижа моҷарои ишқи афсонавиро, ки ӯро бо Шамси Табрезӣ пайванд дод, ба қалам мекашад. Дар боби он чи ба Мавлоно марбут мешавад, осор ва таьлифоти бисёре ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ғайра ба чашм мехурад.

Лозим ба ёдоварист, ки Фронклин Луис дар китоби арзишманди “Мавлоно, дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб” нахустин пажуҳандаи амрикоист, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Аммо ин Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами Мақолоти Шамси Табрезиро ба англисӣ тарҷума ва дар соли 2004 мунташир кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба эьтикоди Читик мутолиаи осори класик беҳтарин роҳ барои вуруд ба дунёи дарунии соҳибони асар аст. Ва ҳамчунин аз ҳамин рӯст, ки тарҷумаи осори класик ва дастабандии онҳо яке аз боризтарин бахшҳои фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз намоем, ки профессор хонуми Ива ду Витрей Меэрович барои мутолиаи осори Мавлоно ва фирқаи Мавлавия борҳо ба Куния сафар кард ва бо пайравони Мавлоно гуфтугуву баҳсҳо анҷом додааст. Ӯ Мавлоноро орифи ҷомеь ва комил медонист, ки андешаи ҳамаи урафоро дар худ соҳиб аст. Барои Меэерович ирфони Мавлоно, ки ба шеър шакл гирифтааст, метавонад тамоми афродро бо хостгоҳҳои мухталифи динӣ ва маънавӣ гирд овард, ҳамон тавр ки рӯзи хоксупории Мавлоно, масеҳиён ва яҳудиёни Куния ба андозаи мусалмонон мутаассир буданд ва шеван мекарданд.

Хулоса

Бо дар назардошти он чи, ки изҳор кардем ва он чи мавлоношиносон анҷом додаанд, метавон ба чунин хулоса расид, ки Мавлоно аз ҷумлаи бузургони ирфон ва адаби исломист, ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора руй бар сӯи ҳақиқати илоҳӣ оварда ва ойину адёну мазоҳиби дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва такдир кардааст ва дарк намудааст.

Тоҳираи Ризозода

Тоҳира Ризозода,шоираи эронӣ дар соли 1963 таваллуд шудааст ва то кунун ду маҷмўаи шеър бо номҳои “Атри маввоҷ” ва “Шеър гуфтан баҳона мехоҳад” ва низ рисолаи пажуҳишии “Чашмзахм аз нигоҳи шоирон”-ро дар Эрон ба нашр расондааст.Ин бонуи шоир даме,ки зебоиро дарк мекунад ва лаҳзаҳои ҳассоси зиндагиро, ки танҳо шоирон ба он пай мебаранд,дармеёбад, шеър мегӯяд ва ба  домани отифии шеър паноҳ мебарад.Вай бо ин ашъор ба хонандагон собит месозад,ки дар ин арса одами тасодуфӣ нест ва дар паи навҷӯиву навхоҳӣ аст.Ҳамчунон ки оқои Саҳанди Хайрободӣ, муҳаққиқи эронӣ дар пешгуфтори китоби дуюми ӯ менависад: ашъори хонум Тоҳираи Ризозода дар сарзамини ҳунари Эронзамин бӯи пухтагиро ба машоми хонандаи нуктасанҷ мерасонад.Ашъори ӯ метавонад ба ғайр аз лаззати хондан фурсатро барои мунтақиди шеър низ фароҳам оварад.

    Чанд намуна аз китоби “Шеър гуфтан баҳона мехоҳад” барои ошиқони каломи мавзун дар Тоҷикистон тақдим мешавад.

 

Нилуфари ҳусн

Нилуфари ҳуснам, ки дар он фурсати кўтоҳ

Бар қомати мавзуни ту печидаму рафтам.

Чун партави шамъе, ки бар ойина битобад,

Бар чеҳраи шафофи ту рақсидаму рафтам.

Гулбарги танам дар нафаси гарми ту месухт,

Аммо “зи бади ҳодиса” ларзидаму рафтам.

Абре шуда будам ману саршори таманно

Дар пойи қадамҳои ту ғалтидаму рафтам.

Ман шарми шиновар шуда дар шуълаи табро

Бар хилвати хомуши ту пошидаму рафтам.

Бахшой маро,эй тани ту обии дарё,

Чун мавҷ агар аз ту парешидаму рафтам.

Ҷорӣ шуда аз атри танат ин ғазали тар,

Аз лаъли лабат матлаъи он чидаму рафтам.

 

Девор

Руи деворе навиштам:марг бар девор бод!

Марг бар ҳар кас ки мебофад таноби дор бод.

Ҳар ки мехоҳад ҷудоиву сукуту дардро,

Ҳар куҷо девор бошад бар сараш овор бод.

Дастҳо маҳкуми дурӣ,чашмҳо дур аз нигоҳ,

Марг бар ин милаҳои сахту ноҳамвор бод.

Ҳар чи бодо бод,мегўям ман аз ошиқ шудан,

Номи мо чун ошиқон гў бар сари бозор бод.

Моҳи рўятро битобон, то дилам рўшан шавад,

Аз нигоҳат шеърҳои ман тару саршор ,бод.

Аз ҳасодат бар гули рўят назарҳо мезананд,

Ҳар ки ин савдо ба сар мепарваронад,хор бод.

Зинда бодо ишқ ,моно бод шодиву сурур,

Боғи лабхандат ҳамеша тозаю пурбор бод.

 

Зан

Бистари сарди замину илтиҳоби гоми як зан,

Резиши норанҷҳо аз ҳиқ- ҳиқи ороми як зан.

Панҷара дар панҷара ангушти тўҳмат қад кашида,

То бирезад бар сари беосмони боми як зан.

Рубарў,роҳе гурусна туъмааш як буғзи пар- пар,

Пушти сар меларзад имон бар сари фарҷоми як зан.

Турра- турра нолаҳо гум мешавад дар барфу бўрон,

Бод печопечи дард аст,аз таби пайғоми як зан.

Дар кафанпўши зимистон,гургҳои фотиҳахон,

Пеши чашми осмон бар турбати гумноми як зан.

Боз фардо барф мемонад ба рўи дасти ҷода,

Ҳарф мемонад нишонӣ аз тамоми номи як зан.

Танини бол

Қадам- қадам, ки мевазӣ чӣ шоирона мешавад,

Ва шонаҳои шеъри ман гули забона мешавад.

Усораҳои буғзи ман бубин чигуна месурад,

Нафас- нафас ва қатра- қатра рўдхона мешавад.

Хутури  ту агар ба зеҳни турди соқаам мерасад,

Булуғ медамад ба боғу пурҷавона мешавад.

Чу бозувони гул тавони абрро макидаам,

Вагарна буи сурхам ин чунин расо,намешавад.

Анори шавқи ман шукуфта мешавад,суқут мекунад,

Биёр домане, вагарна  дона- дона мешавад.

Ба зеҳни осмони ман намонда радди ҳеҷ кас,

Ба ҷуз танини боли ту, ки ҷовидона мешавад.

Бубин, ки пораҳои пайкарам сукут кардаанд,

Ва иштиёқи ман ба дафтарам тарона мешавад.

Лаҳзаи дидор

Ларзид саропои дилам лаҳзаи дидор,

Лабрез шудам аз ғазали ишқ дигар бор.

Мерехт зимистону хазон аз сари он шаб,

Аммо ба лабам ҷўшиши як бўсаи табдор.

Сармасти шароби гули рўят шуда будам,

Аз ҷоми нигоҳат нигаҳе гарм,талабкор.

Пироҳани шавқам пури парвонаву пўлак,

Аммо дили ту сахт дар андешаи инкор.

Аз шеъру баҳору гулу май,гуфтаму шармат

Шуд лолаи навсарзада бар домани кўҳсор.

Зеботар аз ин чист, ки саршори ту бошам,

Ҳоло, ки тиҳӣ гаштаам аз сояи ағёр.

Рафтам ману он шаб зи хаёли ту гузаштам,

Ҳарчанд, ки дар дасти ту ҷо мондаам ангор.

 

Парниён

Нигоҳам парниёне ҳафтранг аст,

Баҳори доманам хушобу ранг аст.

Лабам омезае аз атри гулҳост,

Ду чашмам шўъланўшу шўху шанг аст.

Ману маҳтоб хоҳархонда ҳастем,

Ту аммо дасти шавқат зери санг аст.

Туранҷи зулфи ман ошуфт дар бод,

Бичинам нозанинам, вақт танг аст.

Фақат ҳушдор! Дастатро набуррӣ,

Ба сирфи инки рухсорам қашанг аст.

Буландои ману кўҳи ғурурат,

Ҳадиси кўҳнаи моҳу паланг аст.

 

 

 

Бўсаи табдор

Гуфтӣ,ки ба чашмат гули пайвастабаҳорам,

Бар хиттаи сарсабзи нигоҳи ту дучорам.

Аз гардиши айёми ту пойиз бурун бод,

Бе рўи гулат ранги сукутам, шаби торам.

Гуфтӣ,ки ғазалпўш намоям саҳаратро,

Дар фурсати ту бўсаи табдор бикорам.

То дар хами гесўи ту маъво накунад шаб,

Бар зулфи сиёҳат гули хуршед гузорам.

Гуфтӣ,ки дилат сахт ғазалгиру баҳорист,

Вақт аст ба юмни нафасат шавқ биборам.

Аз соя наяфтода нагирад нафасат кош,

Ту рангу баҳориву ман ойина надорам.

Шарт аст,ки манъат кунам аз ишқ ба шоир,

Аз фирқаи савдозадаам,шўълатаборам.

Ҳушдор,ки обат накунад сурхии шармам,

Дар биркаат оташ назанад чашми шарорам.

Панҷараҳо

Кўчаҳомон пури овози санавбарҳо буд,

Ҳамаи панҷараҳо рў ба танаффус во буд.

Субҳ бо ҳамҳамаи сабзи дарахтон дар боғ,

Бўи гул аз паси лабҳои саҳар пайдо буд.

Ғазалу ойинаву чашмаю борону баҳор,

Ҳар куҷо буд, яқин хонаи мо онҷо буд.

Пушти парчини баҳорон сафе аз чилчилаҳо,

Бар сари навбати овоз шудан ғавғо буд.

Ҷодаҳо пуртапиш аз шўру сафо буду умед,

То фаросўи муҳаббат ҳама ҷо бо мо буд.

Ёди он кўчаи хис аз нафаси отифа,бод!

Ки дар он чатри ҳаё бар сари хоҳиш во буд.

Нишонӣ

Сартосари шеърам ҳама шўр асту ҷавонӣ,

Саршорам аз ойинаву тасвиртаконӣ.

Атрам ману маввоҷ шуда аз нафаси ман,

Дар боғи ғазал содагиву шаҳди маъонӣ.

Эъҷозу сухандониву зебоиву парвоз,

Мепошам аз имони худу лутфи ниҳонӣ.

Эй ташнаи идрок!Бизан дил ба зулолам,

То пур шавад эҳсоси ту аз дурри ямонӣ.

Эй муддаъии шеър!Макун хаста қаламро,

Чун бар лаби ту нест ба ҷуз ёвапаронӣ.

Бас кун!Дили ойина гирифтаст ба Мавло,

Аз ин ҳама такрори ғаму марсияхонӣ.

Дар шаҳри нишотам ману дар кўчаи лабханд,

Ҳар кас, ки бигирад зи ғазалҳом нишонӣ.

Хонаи матрука

Мурдем дар ин хонаи матрукаи дилгир,

Моро бибар эй ишқ, аз ин дахмаву занҷир.

Дар қаҳтии борону гули сурху парасту,

Мо дил ба ту додему ба ояндаи тақдир.

Шояд, ки баҳоре бивазад аз нафаси ту,

Бар домани хушкидаи ин боғи замингир.

Гум шуд дили маҳтобии мо пушти ғазалҳо,

Дар тирагии қофияву ғурбати тасвир.

Ин кўчаву ин роҳ расидаст ба бунбаст,

Вақт аст, ки вайрон шавад ин ҷодаи бепир!

 Шохмансури Шохмирзо

Ҷоизаи Академияи Қафқоз ба адиби тоҷик

Академияи Кавказ  адиби тоҷик Шохмирзои Хоҷамухаммадро ба ифтихори  200- солагии ба Империяи Русия дохил шудани Абхазия ва барои асари хуҷҷатии у “Ахтари зулматсуз”  бо мукофоту медал тақдир намуд.

Хамон тур ки қаблан хабар дода будем, Комитети ҷоизаҳои ба номи Лермонтови назди Иттифоқи нависандагони Россия ба адиб, нависанда ва рӯзноманигори шаҳири тоҷик устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои хизматҳои шоиста дар таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон  ва асари этнографии эшон “Сурмаи дил ” ҷоизаи байналмилалӣ,  яъне медали нуқра тақдим карда буд , ин бор ба мо боз хушбар доданд, ки Академияи Кавказ хам адиби тоҷикро тақдир намуд. Бояд арз кард, ки  ҷоизаи имсола ба даҳҳо адибон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, философҳо, рӯҳониён ва нависандагони ҷаҳон, ки дар осорашон сулх, вахдат ва инсондустиро таблигу ташвиқ кардаанд, дода шудааст. Хамчунин ин бузургмардон дар таблиги адабиёти ҷахон сахми боризе гузоштаанд.

“Ахтари зулматсуз” яке дигар аз  осори  устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад – муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик аст, ки ба унвони як қиссаи хуҷҷати аз рузгори як фидойии миллат нақл мекунад. Ва хушбахтона, ин асар, ки  ҷангнома махсуб меёбад, аз тарафи Вазорати дифойи Руссия барои озмун пешниход карда шуд. Муаллифи ин китоб, донишманд ва мубаллиги таъриху адабиёти тоҷик аз зиндагии пур аз мубориза, талош, пайгирихои мудовим, ҷонфидоихои Кахрамони Мехнати Сотсиалисти Наврузмухаммад Раҷабов хадис мегуяд. Хадисе аз дустию сулх, аз вахдату васлшуди тамаддунхо.

            Хадафу рисолати ин Академия пеш аз хама  дар сулху оромишу вахдат қарор додани давлатхост ва дар гуфтугуи тамаддунхо нақши бузургро иҷро мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин медал ба он нафароне тақдим мешавад, ки дар роҳи таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон, таблигу таргиби сулх, вахдат, гуфтугуи тамаддунхо  ки ҷузъи таърихи адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад, саҳм мегузоранд. Ва устод Шохмирзо ба унвони як қаламкаши мумтоз бо килки суханпарваронаашон дар ин ҷодда бисёр корхо анҷом додаанд.

            Лозим ба зикр аст,ки аксари мавзуъхои осори устод марбут мешаванд ба дустию сулху вахдат ва хадамоти ишон дар муаррифи ва чехракушоии чехрахои машхуре чун  Навруз Раҷабов, Шоди Боқиев ва даххои дигар бориз аст. Ин муваффақиятро  ба устоди азиз табрик арз мекунем.

Фирдавси Аъзам

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно

Имрӯзҳо  таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири  тоҷику форс  тавассути  кӯшишу талоши пайгиронаи  як гурӯҳ муҳаққиқон  вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт.  Воқеан, тасаввуф, ки бешак,  фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.

Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ  қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд.

Мусаллам аст, ки миёни ин нафарон Ҷалолуди Румӣ (Мавлоно) низ чун нафари ориф ҷойгоҳи хос дошта, маҳбубияти ҷаҳониро  соҳиб гаштааст. Омӯзиши  бештари олимон  ба  моҳияти ҷаҳонбинӣ, ақидаҳои ирфонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии  шахсияти маъруф, аҳли ирфону тасаввуф  матраҳ шудааст.

 Мавлоно  шоири арҷиманде,  ки мафҳуму мазмунҳои ирфони дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст. Ӯ миёни  ирфон аз ҷумлаи пайравони тариқати Мавлавия  ошиқони ориф ба шумор меравад. Маснавии маънавии ӯ дар адабиёти форсу тоҷик шоҳкори беназир шинохта шудааст.  Бар иловаи ин ҳама Мавлоно соҳиби Девони кабирест, ки ғазалиёти динию фалсафиву ахлоқии ӯро фаро гирифтааст. Дар ин нигошта   на фақат парвози хаёли шоирона, балки ҷаҳонбинию андешаҳои орифонаи шоир баён гардидаанд. Метавон гуфт дар нигоштаҳои  ашъори орифона шоир ба дараҷаи ниҳоии камолоти маънавӣ расидааст.  Ва ин ҳунармандӣ ҳам дар Маснавӣ, ҳам дар ғазалиёт ва рубоиёти Мавлоно мушоҳида мешавад.

Ин ҷо мехоҳем дар ин омӯзиши кӯчаки хеш таваҷҷӯҳи вижаро ба ҷойгоҳи  рубоиёти Мавлоно дар ашъори ӯ ва минҷумла дар адабиёти классикӣ  равона кунем.

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно камтар аз ғазалиёт ва маснавиҳояш нест, бо ин ҳол мо мебинем, ки ин бахше аз ашъори Мавлоно (яъне рубоиёти ӯ) камтар мавриди пажӯҳишу омӯзиш қарор гирифтааст.

Рубоиёти Мавлоно, ки бахше аз китоби бузурги Девони Кабир аст ба таври алоҳида чандин маротиба аз сӯи нашриётҳои мухталиф ва бо теъдоду шаклҳои ҷудогона мунташир гаштааст. Дар Урупо ва умуман олами Ғарб низ  теъдоди зиёде аз муҳаққикон ва пажӯҳишгарони осори гаронмояи Мавлоно гулчине аз беҳтарин ва олитарин рубоиёти ӯро тарҷума ва дар шакли китоб таҳия ва тадвин намудаанд.

Ба унвони мисол инҷо метавон аз шахсияти шинохтаи олами ғарб Иброҳим Гоморд равоншиноси мусалмони амрикоӣ ёд кард, ки пас аз чандин сол саранҷом муваффақ ба тарҷумаи тамоми рубоиёти Мавлоно ба забони инглисӣ шуд. Пажӯҳиши  мавлоношиноси маъруфи амрикоӣ Колман Баркс низ дар ин замина беназир аст.

Дигар аз мутарҷимоне, ки даст ба тарҷумаи осор ва ба вижа рубоиёти Мавлоно задааст, ин Юҳон Кристоф Бургӯл  устоди донишгоҳ, ироншинос ва исломшиноси аҳли  Свис  аст , ки  муаллифи тарчумаҳои бисёре аз мутуни клоссики шарқӣ- хоса  шоирони иронӣ аст, ки аз ҷониби ӯ  таҳқиқҳои арзишманде мунташир шудааст.

Ю.Бургел соли 2003 тарҷумаи гузидаи ғазалиёт ва рубоиёти Девони Кабирро ба нашр расонид, ки он  дар Олмон рӯи чоп омад. Профессор Ю.Бургел дар ин китоб ҳафтоду панҷ ғазал ва сию як рубоиро ба забони олмонӣ тарҷума карда, ҳамзамон  тавзеҳот ва гоҳ тафсиру таъбирҳои ирфони низ оварда шудааст, ки ба дарку дарёфти сурудаҳои Мавлоно кӯмак мекунад.

 Воқеан,  Девони кабири Мавлоно наздик ду ҳазор рубоиётро дар бар мегирад. Бино ба хулосаҳои  Арберри (соли 1950) онҳо шояд “ҳудуди 1.600 рубоиро”  саҳеҳан дар бар бигирад. Яъне  рубоиёт такрибан 4 фисади тамоми ашъори Девони кабирро фаро мегирад. Аммо гуфта мешавад, ки як вироиши  дигар, ки  соли 1896  дар шаҳри Истанбули Туркиё маншур гашта буд фарогири 1646 рубоӣ аст. Дар соли 1941  дар шаҳри Исфаҳони Эрон  маҷмуаи  дигари  рубоиёти Мавлоно  тавассути донишманд Муҳаммад Бокир Улфат  интишор шуд, ки шомили 1994 рубоӣ  буд.  Имрузҳо аҳли таҳққиқ бар он назаранд, ки беҳтарин вироиши рубоиёт дар  8 ҷилд тавассути олими эронӣ, устод Бадеъузамон Фурузонфар таҳия шуда, ки фарогири 1983 рубоӣ мебошад. Ӯ тамоми дастнавиштҳо ва нусхаҳои кадимии тариқаи Мавлавияро дар Туркиё мутобиқ намуд. Як дастнавишти 50 сол қабл аз вафоти Мавлоноро дар китобхонаи Истанбул бо  теъдоди 1937 рубоӣ  ва як дастнавишти дигаре аз рубоиётро дар шаҳри Лондон бо теъдоди 1870 рубоӣ пайдо намудааст.

Аммо ҳамчунин гуфта мешавад, ки футур ё нуқси усули тадоруки устод Фурузонфар ин буд, ки ӯ дар китоби 8 ҷилдааш кулли  дастнавиштҳои қаблии рубоиётро ҷой додааст, ки қисме аз ин рубоиёт на ин ки тавассути Мавлоно, балки аз сӯи дигар шуарои давр эҷод шудаанд ва ӯ ҷумла рубоиётро ба Мавлоно мансуб хондааст.  Дар вироиши Фурузонфар тақрибан 70 рубоиро пайдо намудаанд, ки мансуби Мавлоно набуда, балки тавассути шоирони пеш аз Мавлоно суруда шудаанд.

Мавлоношинос А.Ҷ.Арберрӣ  низ соли 1949  зери унвони “Рубоиёти Ҷалолиддини Румӣ»,  гузидаи тарҷумаи инглисии рубоиётро  дар асоси вироиши Исфаҳон  (соли 1941) нашр намуд, ки фарогири 359 рубоӣ мебошад. Тибқи иттилооте, ки пайдо кардем  12 фисад аз рубоиёти тарҷума намудаи Арберӣ дар нашри Фурузонфар пайдо нагардидааст. Аннемария Шиммел мавлонопажӯҳи олмонӣ низ якчанд рубоии Мавлоноро дар асоси вироиши саҳеҳи Фурузонфар дар шакли гулчин тарҷума намудааст. Уилиям Читтик бошад  дар асоси ҳамин нашри Фурузонфар дар китоби худ  “Масири ишки аҳли тариқат” ва “Таълимоти ирфонии Румӣ” (соли 1983) 7 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст .

Ризо Собирӣ дар китоби бо ду забон нашршудаи “Ҳазор соли рубоиёти форси” (2000) 120 рубоии Мавлоноро бо истифода аз вироиши Фурузонфар тарҷума намудааст, ки чаҳор рубоии тарҷуманамудаи ӯ дар нашри Фурузонфар пайдо нашудааст. Франклин Луиз ҳамагӣ 11 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст. ( Румӣ-ҳозира ва гузашта, Шарқ ва Fарб) Ҳаёт ва ашъори Ҷалолиддини Румӣ с 2000) ӯ низ аз вироиши Фурузонфар корбурд намудааст.

Ба хар сурат ин далоил ишора бар он доранд, ки дар шумори маснавиву ғазалҳо рубоиёти Мавлоно низ шӯҳрати ҷаҳонгир доранд.

Мусаллам аст, ки рубоисароӣ ҷаҳонбинӣ ва маҳорату малакаи махсусеро хоҳон аст бар он хотир, ки   нафаре, ки  рубоӣ месарояд бояд дар чаҳор мисраъ як фикри амиқи фалсафиро бо истеъдоди фавқуллода ғунҷоиш диҳанд, ки намунаи бетарини ин офаринишро  аз  рубоинависии классикони мо метавон пайдо кард.

Агар дар офариниши дигар шаклҳои шеърӣ шоир дар интихоби вазни шеър озод бошад (масалан ҳангоми сурудани ғазал метавонад аз вазнҳои  гуногун истифода кунад), дар эҷоди рубоӣ ин амал ҷоиз нест, зеро дар шаҷараҳои бистучоргонаи ахрабу ахрами баҳри ҳазаҷ метавонад рубоӣ суруда мешавад ва дар акси ҳол осор  рубоӣ ҳисобида намешавад. Рубоӣ  жанрест, ки истиқлоли вазни худро то имрӯз нигоҳ доштааст. Рубоӣ ба маънои чаҳортоӣ ё чаҳоргонӣ яке аз қолабҳои шеъри форсӣ аст, ки дар форси ба он тарона низ мегӯянд. «Ин қолаб як қолаби шеъри форсӣ  аст, ки дар забонҳои дигаре (аз ҷумла арабӣ, туркӣ ва урду) низ мавриди истифода қарор гирифтааст.  Вазни он ҳам вазни иборати Лоҳавла ва ло куватаиллоҳ аст. Аммо аруздонон ду ё як вазни аслиро  қоиланд.

Мавлоно низ мисли зиёда шоирони маъруфи классики мо аз қолаби рубоӣ баҳраи комил бурдааст ва ба василаи ин қолаб низ шоҳкориҳо намуда, маъниҳои олиро барои мо мерос монда аст.

Ҳинни омӯзиши хеш  мутаваҷҷӯҳ  гаштем, ки  рубоӣ қолабест, ки  мӯҳтаво ё худ дарунмояи ин қисмат аз ашъори Мавлоноро фаро мегирад. Рубоиёти ӯ бештар фарогири мавзуоти ишқӣ, ирфонӣ, панду ахлоқӣ буда, шоир масоили гуногун минҷумла хештаншиносӣ, муносибати оламу одам ва Худою табиат ва ё ба ибораи дигар муносибати шуури одамӣ ва ҳастиву рӯҳ бо табиат чӣ дар таълимоти фалсафӣ ва чӣ дар афкори  ирфонӣ, дӯстиву рафоқат, фанову бақоро ба риштаи тасвир мекашад, ки дар қолаби рубоӣ то имрӯз дӯстдорони шеъри нобиро шефтаву шайдо мекунад:

Овози туро табъи дили мо бодо,
Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.
Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,
Овози ту чун ной шакархо бодо!

Пас метавон рубоиёти Мавлоноро аз лиҳози фарогирии мавзӯъву маънӣ  ба  гунаи зер табақабандӣ кард:

1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо

2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ

3 Андешаҳо ва таълимоти  фалсафӣ, ҳастиву  марг, оламу одам

4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор

5  Муносибати  поку самимии байни инсонҳо

1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо

Мавлоно пеш  аз ҳама шоири ориф буд ва сӯфии покманиш. Ин нафарон мутақид буданд, ки  фақат тавассути қалб ҷавҳари латифи рӯҳониро метавон дарк намуд. Ин навъи маърифатро дар тасаввуф  бо номи «ишқи маънавӣ», «ишқи ирфонӣ», «ишқи илоҳӣ» ва ғайра ёд кардаанд.

Албатта, мавзӯи ирфону тасаввуф ва тараннуму парастиши Худо бештар  дар осори классикон зуҳур мекард ва ин истифодаи касрат дар рубоиёти Мавлоно низ ба чашм мерасад:

Ҷуз ишқ набуд ҳеч дамсоз маро,
Не аввалу не охиру оғоз маро.
Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дар боз маро

Дар ин рубои шоир аз ишқи иллоҳӣ мегӯяд.  Ягона ҳамдаму ҳамрози хешро Мавлоно  ишқи иллоҳӣ медонад ва дар ин раҳ ҷон бохтанро мояи саодату сарбаландӣ меҳисобад. Камоли ҳунари шоир аст, ки  барои тасвири шаҳомати ин ишқ мегӯяд, «Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро», яъне  дар ин раҳ худи ҷон мехоҳад хешро қурбон кунад, ки албатта  тасвири бесобиқаву мондагор аст. Ва башорат аз садоқати орифу маҳорати шоир медиҳад.

Ҳамин гуна муҳаббату садоқати Мавлоноро метавон аз рубоии зер низ  эҳсос кард, ки мегӯяд:

Ҳоҷат набувад мастии моро ба шароб                                                                    Ё маҷлиси моро тараб аз чангу рубоб

Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май

Шуридаву мастем  чу мастони хароб

Бе шакку гумон ин ишораи шоир ба ишқи илоҳӣ аст, ки бандагони шефтаро масту шайдо мекунад. Лаззати ҳастии ҳамин ишқро дар вуҷудаш  таъкид намуда шоир хотирасон мешавад, ки   «Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май, Шӯридаву мастем  чу мастони хароб».

Ҷолиб он аст, ки Мавлоно низ мисли аксари шоирони классики мо дар ашъори хеш, аз ҷумла дар рубоиёташ аз ояти Қуръон, ҳадис ва ривоёти динӣ зиёд истифода мекунад. Мутаваҷҷеҳ гаштем, ки истифода аз ин унсруҳо дар рубоиёти ирфони шоир  ба маротиб болотар аст:

Чун гашт тилисми ҷисми одам чолок

Бо хок даромехта шуд гавҳари пок

Он ҷисм тилисмро чу бишкаст афлок

Хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок

 Равшан аст, ки ин тасвирро шоир бо такя ба кадом ривоят ба қалам додаст. Яъне офриниши ҷисм аз хок ва ва ба ҷисм ворид намудани руҳ. Омил ва маънии дигаре, ки хонандаро дар ин рубоӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ин бозгӯи андешаи фалсафие аст, ки ҳама чи ба асли худ бар мегардад.

//хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок //яъне, пас аз он ки рӯҳ ба навозиши най ба ҷисм ворид карда шуд ва муддате дар ин тилисм боз монд, баъди раҳо шудани руҳ аз ҷисм, яъне фаро расидани марг  рӯҳ ба зоти пок пайваст, яъне пок буд ба покӣ расид ҷисм ки хок буд дубора хок гашт. Албатта  ҳаводиси динӣ  ва фалсафаи рӯзгор, ки яке аз дигаре об мехӯрад ба ҳам пайвастану тасвири нобу маънии мондагор офаридани шоир камоли иродат ва ҳунармандии ӯст.

Ҳамин гун андешаро метавон аз маънии рубоиии мазкур низ пайдо кард:

Аз ишқ дило на бар забон хоҳи шуд

Беҷон зи куҷо шавӣ ки ҷон хоҳи шуд

Аввал ба замин аз осмон омадаӣ

Охар зи замин бар осмон хоҳӣ шуд (5.524)

 Ва низ :

Дар ҷони ту ҷонест, биҷӯ он ҷонро,

 Дар кӯҳи танат дурре биҷӯ он конро.

 Сӯфийи раванда, гар ту он меҷӯйӣ,

 Берун ту маҷӯ, зи худ биҷӯ ту, онро.

Бармало аст, ки дар ин нигошта Мавлоно мегуяд,  Худо ва меҳри Худо дар туст, агар ба Худо пайваст шудан хоҳӣ аввал бояд худатро бишносӣ аз худат муҳаббати рузафзуни илоҳиро  пайдо кунӣ гар ту он меҷӯӣ, яъне гар ту ба Худо расидан хоҳӣ аз худат ибтикор кун.

Дар рубои дигар Мавлоно мегӯяд:

Он асли сухан, ки ҷон диҳад мар ҷонро,
Бе ранг чу ранг бахшад ӯ марҷонро.
Моя бахшад машъалаи имонро,
Бисёр бигуфтему нагуфтем онро.

Дар ин ҷо ҳам садоқат ва муҳаббати беандоза  шоири ориф ҳувайдост.

Ҳамчунин ин  рубоӣ низ аз ишқи илоҳи шоир бозгӯ аст:

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

***

Бо ишқ равон шуд аз адам маркаби мо

Равшан зи шароби васл доим дили мо

З-он май ки ҳаром нест дар мазҳаби мо

То субҳи адам хушк наёби лаби мо (5.31)

Пайдост, ки он ишқе, ки дар ин рубоӣ Мавлоно ситоиш мекунад, ишқ бар Худованд аст  Ишқе аст, ки васли он касро  масту ҷунун месозад. Ҳамеша ба ёди Худо будан ва барои Худо зиндагӣ кардан барои Мавлоно мояи ифтихор буд. Ин маънӣ дар рубоии зер боз ҳам равшантар баён шудааст:

Ишқ аст тариқу роҳу пайғамбари мо

Мо зодаи ишқу ишк шуд модари мо

Эй модари мо нуҳуфта дар чодари мо

Пинҳон шуда аз табиати кофари мо   (5.57)

 Ё ҷои игар дар ситоиши ишқ мегӯяд:

Эй ишқ, ки ҷонҳо асари ҷони туянд

Эй ишқ, ки ҳуснҳо намакдони туянд

Эй ишқ, ки дуррҳо ҳама аз кони туянд

Пӯшида туйиву ҷумла урёни туянд      (5.560)

Ба бовар метавон гуфт, ин ишқ низ ишқи илоҳист ва дар ин рубоӣ шоир  зери маҳфуми ИШҚ ба Худованд муроҷиат намуда,  ситоиши бузургии ишқи ӯро мекунад.

Ва  мачмуан ба пиндори мо,  аксари мавзуъҳои рубоиёти ин пири суханро мазомини  ирфонӣ ташкил медиҳад. Шеьру мусиқию рақси самьо, ки Мавлоно ба онҳо дилбастагӣ ва тамоюли зиёд дорад, низ  дигар мавзӯъҳоест, ки рубоиёти ирфонии ӯ фаро гирифтаанд.

Мавлоно ҳатто дар ин қолаби рубоӣ ҳам  устодона чунин мазомини ирфониро ҷой дода аст.

2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ      

 

 Муҳимтарин нукоте, ки осори Мавлоноро аз дигар нигоштаҳои ҳамзамонаш  фардият мебахшад, ин мавзӯи вижа аст, ки он аз муҳаббат ва саммимияти Мавлоно нисбат ба Шамси Табрезӣ сарчашма мегирад. Яъне,  мавзӯи васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ аз  ибтикороти Мавлоност. Бо ҷурьат метавон зикр намуд, ки ҳамон гуна ки  достони ишқи ирфонии Мавлоно бо Шамс дар ғазалиёти шуридаи ӯ матраҳ аст, дар рубоиёташ низ бозтоб дорад. Мавлоно мегӯяд:

Умрест надидаем гулзори туро
В-он наргиси пурхумори хаммори туро.
Пинҳон шудайӣ зи халқ монанди вафо,
Дерест надидаем рухсори туро.

   Мусаллам аст, ки дар ин рубоӣ шоир ба Шамс муроҷиат мекунад. Фикр мекунем , ки аз муҳимият ва нақши Шамс дар зиндагии Мавлоно ҳоҷат ба шарҳу баён нест ва ҳар касе, ки бо зинадгинома ва осори Мавлоно  ошност, медонад, ки Шамс барои  шоир кӣ буд ва дар зиндагияш чӣ нақше дошт. Қиссаҳое, ки дар мавриди рафоқат,  садоқат ва муҳаббати Мавлоно нисбат ба Шамс ҳастанд  аксар маврид дар осори Мавлоно бозгӯ мешаванд. Чунончи  шоир аз ғайб задани Шамс, ки   дар ин маврид зиёда ривоятҳо ҳастанд, зиёд навиштаасту ин дарду фироқро ба риштаи назм кашидааст Ин мавзу  дар рубоиёти ӯ низ  бозтоби худро пайдо кардаанд:

Аввал ба ҳазор лутф бинвохт маро,
Охир ба ҳазор ғусса бигдохт маро.
Чун мӯҳраи меҳри хеш мебохт маро,
Чун ман ҳама ӯ шудам, барандохт маро

      Ҷои дигар аз фироқи ӯ мегӯяд:

Гаҳ мегуфтам, ки: «Ман амирам худро»,
Гаҳ наъразанон, ки ман асирам худро.
Он рафт, аз ин пас напазирам худро,
Магрифтам ин ки ман нагирам худро.

       Ҳамчунин  дар васфи Шамс гуфтааст:

Аз ишқи ту дарё ҳама шур ангезад

Дар пои ту абрҳо дур мерезад

Аз ишқи ту барқе бар замин афтодааст

Ин дуд ба осмон аз он мехезад    (5.523)

3 Андешаҳо ва таълимоти  фалсафӣ, ҳастиву  марг, оламу одам

Мавлоно шинохти ҳақиқати азалиро дар ишқ мебинад ва тамоми олмаи ҳастиро дар ин маҳфум ҷой дода, роҳи кашфу завқро пеш мегирад. Таълимоти фалсфавӣ, ҳастиву марг, оламу одам низ аз ин дидгоҳи Мавлоно об мехӯрад. Намунаҳои рубоиёти  зер ин анешаҳои моро тақвият мебахшанд.

 

Гоҳо аз ғами дилбар бар оташ бошем

Гоҳо аз паи дӯстон мушавваш бошем

 Охир ба чӣ ҳараме занем роҳи нишот?

 Охир ба кадом дилхушӣ хуш бошем?       (5.1199)

 ****

Бе ёр намонд ҳар кӣ бо ёр бисохт

Муфлис нашуд он ки  бо харидор бисохт

Маҳ нур а зон гирифт к-аз шаб нармид

Гул буй аз он гирифт ки бо хор бисохт       (5.258)

Ин ман на манам он ки манам гуи кист?

Гуё на манам дар даханам гуи кист?

Ман пирахане беш наям сар то пой

Он кас ки манаш пираханам гуи  кист?    (5.216)

Кӯтоҳ кунад замона ин дамдамаро
В-аз ҳам бидарад гурги фано ин рамаро.
Андар сари ҳар касе ғурурест, валек
Силии аҷал қафо занад ин ҳамаро.

4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор

Маълум аст, ки мероси  классикии мо асосан хусусияти тарбиявӣ дошт, мавзӯъҳои панду ҳикмат, эҳсосоти баланди  инсонӣро  тараннум мекард. Аз қадим классикони мо барои ифодаи панду ҳикмат ва мазмунҳои фалсафӣ аз рубоиву дубайтӣ истифода намудаанд, рубоиву дубайтӣ ва ғазал аз фаъолтарин жанрҳо маҳсуб меёбанд. Мавлоно низ дар ин радиф барои баёни ҳикамтҳои андӯхта ва панду андарзи рӯзгор аз қолаби рубоӣ истифода кардааст:

 

Зинҳор, дило, ба худ мадеҳ раҳ ғамро,
Магзин ба ҷаҳон суҳбати номаҳрамро.
Бо тарраву ноне чу қаноат кардӣ,
Чун тарра масанҷ сиблати оламро.

***

Эй дода ба нон гавҳари имонеро,
Дода ба ҷаве қалб, яке конеро.
Намруд чу дилро ба Халиле насупурд,
Биспурд ба пашша лоҷарам ҷонеро.

Намунаи ингуна рубоиҳоро аз осори Мавлоно зиёд метавон пайдо кард.

5  Муносибати  поку самимии байни инсонҳо

Шеъри классикии тоҷик аз ибтидои комёбиҳои худ, яъне аз асри Х  бо воқеоти зиндагӣ, муносибати байни инсонҳо, дӯстиву рафоқат ва ишқу муҳаббат таваҷҷӯҳ дошт ва ағлаби нигоштаҳои шоирон бар ин маънӣ суруда мешуданд. Мавлоно дар баробари сурудани ишқи илоҳӣ ба дӯстиву рафоқат ва меҳру отифаи миёни инсонҳо низ  бовар дошт. Ситоиши ин маънӣ низ дар осори Мавлоно ва ба вижа дар рубоиёташ ба чашм мерасанд:

 Аз шабнами ишк хоки одам гил шуд

Сад фитнаву шур дар чахон хосил шуд

Сад наштари ишк бар рагу рух заданд

Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд (5.551)

Ҳамзамон омӯзиши рубоиёти Мавлоно моро бар он ақида мӯътақид сохт, ки  шоир дар баробари инъикоси ғоя ва маънии баландарзиш ба бадеияти рубоиёт ва тасвирҳои ин қолаби шеърӣ   таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Бешубҳа, тасвир ва диди шоирона дар  рубоиёти Мавлоно  мавқеи муҳиму созанда пайдо карда, мӯҳтаво дар тасвири ноб  бозгу шудааст. Тарзи баёни маънӣ, сувари хаёли шоир ва диду тасвирҳои шоирона гоҳе нохудогоҳона ва гоҳи дигар махсус вориди шеър гаштаанд, ки дар омӯзишҳои минбаъд мо ин вижагии рубоии      Мавлоноро пайгирӣ хоҳем кард:

Ин оташи ишқ мепазонад моро,
Ҳар шаб ба харобот кашонад моро.
Бо аҳли харобот нишонад моро,
То ғайри харобот надонад моро.

Дар ин рубоиҳо такрори вожаҳо поэтикаи рубоиро хеле боло сохтаанд .

Афсӯс, ки бегоҳ шуду мо танҳо,
Дар дарёе канорааш нопайдо.
Киштиву шабу ғумуму мо меронем
Дар баҳри худо ба фазлу тавфиқи Худо

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

 Пас метавон  гуфт, ки рубоиёти Мавлоно дар осори гаронарзиши ӯ ҷойгоҳи махсусеро соҳиб аст. Ва шоир дар сурудани ин қолаби суннатӣ низ истеъдоди  мунҳасир ба фардро дорад. Рубоиёташ бо фарогирии ғояву мазмуни баланд ва поэтикаи ҷолибу шоистаи таваҷҷӯҳ тавонистанд то имрӯз дар рушди ин қолаби шеъри адбиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳиссагузор бошанд.  Мусаллам аст, ки рубоиёти Мавлоно  на камтар аз ғазалиёту маснавии  шоир маъруфият доранду мӯъҷиби маҳбубияти муаллиф гаштаанд.

Пайнавишт:

  1. Колман Баркс. Як сол бо Румӣ.- Нюёрк: «Ҳартер Санфрансиско», 2006.-426 саҳ.
  2. Мусулмонқулов Р. Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ.-Душанбе: Маориф, 1978
  3. Насриддинов А.  Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форсу тоҷик (иборат аз ду ҷилд). Хуҷанд, 2001.-354 с.
  4. Саъдиев С. Поэтикаи шоирони Мовароуннаҳр.-Душанбе: Дониш, 1980.-138 с.
  5. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

  1. Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.
  2. Шамисо С. Сайри рубоӣ.- Теҳрон
  3. http:/mewlana.mihanblog.com/post/44

  1. http:// faryad.epage.ir/fa/module.content_Page.27-06.html
  1. http:// www.jawab.ir/qa

Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)