Шоҳмансури ШОҲМИРЗО: Нақши Айнӣ дар бедорию эҳё ва пуёии миллати мо зиёд аст

Ба баҳонаи 15-уми апрел-рӯзи таваллуди Устод Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти навини тоҷик

Устод Садриддин Айниро бешак метавон дар радифи чеҳраҳои мондагори Осиёи Марказӣ дар амри рӯшангарию бедорфикрӣ хонд. Эшон, ки парвардаи мадориси Бухоро ва ҳамнишини донишмандону фозилони машҳури Мовароуннаҳр,мисли Аҳмад-махдуми Дониш, Садри Зиё, Аҷзӣ, Туғрал, Ҳайрат, Шоҳин, Турмағамбет Иезтлуев буд ва дар мадраса низ аз толибилмони саршиносу фаъол маҳсуб мешуд, дарвоқеъ пайванде миёни насли гузаштаву ҷадид буд. Садриддин Айнӣ қабл аз ҳама улуми роиҷи замон, фиқҳ, адабиёт, таърих, ҷуғрофия ва сарфу наҳви забони арабӣ, туркиро хуб фаро гирифт ва дар ҳоле, ки дар Мовароуннаҳри замони ҳукумати Манғитиён афкори рӯшанфикрона ва пешқадам саркӯб мешуд, чароғи маърифату илмро бар даст гирифт ва бо мақолоти рӯҳбахшу ҷасурона дар мағзҳои мардум андешаҳои бедорию мубориза ва илмомӯзию доништалабиро кошт ва бо таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф» дар таърихи 11-уми марти соли 1912 бо навиштаҳои пурмӯҳтавою ҷолибаш инқилобе дар афкори мардум ба вуҷуд овард.

Сипас, дар нашрияҳои дигари форсизабон ҳам бо номи аслӣ ва ҳам бо имзои мустаъор пайваста мақолоту рисолаҳои тарбиявиву маънавӣ менавишт. Continue reading “Шоҳмансури ШОҲМИРЗО: Нақши Айнӣ дар бедорию эҳё ва пуёии миллати мо зиёд аст”