Featured

БОДКУНАК


Зиндагӣ, дунё, сарнавишт ё ҳар чизе ки номаш мегузорӣ, гоҳе чунон муштат мезанад, ки муддате ба худ намеоӣ. Ва танҳо ба қурсҳои оромбахшу хобовар паноҳ мебарӣ. Хабарҳои бад ҳич гоҳ ба хубӣ намеоянд. Се ҳафта пеш, расман аз ҳамсарам ҷудо шудам. Ба хотири машрубнӯшии эътиёдовар ва хушунатҳои беисташ. Аз хонадоршавиямон ҳанӯз ду сол намегузашт. Магар андозаи тобоварии як инсон чи қадр аст? Он ҳам дар зиндагие, ки бақояш ҳич замонат надорад.
Аммо болои ин, ки ҳанӯз ошуфтагию афсурдагӣ раҳоям накарда буд, дирӯз вақти сарфи субҳона занги телефони лаънатӣ бори сангини дигареро рӯи шонаам гузошт: хабари талхи марги дӯсти ҳамдонишгоҳиям, Юлита, ки ҳамроҳи шавҳар ва духтари панҷсолааш дар шаҳри дигаре зиндагӣ мекард. Ба ҳар ҳол зиндагии ҳар касе холӣ аз ин хабарҳои устухоншикану дарҷопиркун нест. Мисли тамоми одамҳои дигар дилам сиёҳ, банди пойҳоям суст ва рӯҳам захмӣ шуд.

Continue reading “БОДКУНАК”
Featured

Шаб мондагор нест

Ҳамрешаҳо дуруд, манам, ҳамдами шумо
Ровии достони суруру ғами шумо
Эй насли захмдидаи торихи султавар
Рухсат диҳед то бишавам марҳами шумо
Одам ҳамеша зинда ба умеду орзуст
Шодӣ кунед то биравад мотами шумо
Ин девсиратон ба муроде намерасанд
Аз ҳафтхон убур кунад Рустами шумо!
Имон биёваред ба ойини иттиҳод
То душмани палид шавад сархами шумо
Мерақсад ошиқона ба сози насими ишқ
Бар бом-боми хонаатон парчами шумо
Шаб мондагор нест! Тулӯъ мекунад кунун
Хуршед пушти дидаи пуршабнами шумо
Фирдавсии замонаи худ нестам, вале
Меофарам ҳамоса барои ғами шумо

#Фирдавси_Аъзам | #Ғазал | #Ҳамоса |
04.03.2023

Featured

Ҳафт Хони Исфандиёр

#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Ҳафт Хони Исфандиёр

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест.  Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.

Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”