Featured

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ


НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Наврӯз-Соли нав

Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст. Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Continue reading “НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”
Featured

Орзуям ин аст…

То таваллуди #Табиат рӯзҳои башуморе монда аст. Биёед ба ин муносибат орзу мекунем;

Орзу мекунем, ҳоли ҷаҳону инсонҳо хубтар шавад. Саломатӣ, Сулҳ, Садоқат, Амният, Адолат, Меҳрубонӣ, Огоҳӣ ва Хушбахтӣ дар ҷаҳон ҳукумат кунад ва ҷанг, кина, адоват, бадбахтӣ аз сайёраи мо барои ҳамеша кӯч кунад…

Орзу мекунем бидуниташвиштарин рӯзҳоро пеши рӯ дошта бошем; #бемористонҳо ҷояшонро ба истироҳатгоҳҳо, #зиндонҳо ба осорхонаҳо, #гуристонҳо ба тафреҳгоҳҳо ва #дорухонаҳо ҷояшонро ба китобхонаҳо диҳанд…

Орзу мекунем шонаҳои одамҳо холӣ аз бори сангини ғаму ранҷҳо бошад. Дилҳо шод, чашмҳо беашк, дастҳо пур ва зеҳнҳо ором. Рӯзҳои сиёҳу талх дар гузашта монанд ва рӯзҳои рӯшану ширин сарнавишти одамҳоро рақам бизанад…

Continue reading “Орзуям ин аст…”
Featured

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ

НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Наврӯз-Соли нав Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст. Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Continue reading “НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”

Матбуоти озод аз нигоҳи Шумо?

Ҳама сола бо фарорасии зеботарин фасли сол баҳори хуҷастапай дар кишвари офтобруи мо як қатор ва силсила ҷашнҳо таҷлил мешаванд.Аз ҷумла 8 март-Иди Модарон, 11 март-Иди матбуот,ҷашни Навруз ва дигар ҷашнҳо. Ва рузноманигорони мо ҳама сола иди касбии хешро дар ҳамин рузи 11 март ҷашн мегиранд, зеро 11 марти соли 1912 яьне 98 сол қабл аз ин нахустин  шумораи тоҷикии “Бухорои Шариф” нашр гардида буд.Нахустин шумораи ин нашрияи тоҷики баҳонае шуд то ҳама сола дар ҳамин руз иди матбуотро таҷлил менамоянд.Бо ифтихори ин ид нигоранда  пеши худ ҳадаф гузошт то бо чунин суоли одие чун “Матбуоти озод аз нигоҳи Шумо?” бо чанде аз кормандони васоити ахбори омма ва рузноманигорон муроҷиат кунад.

Қаблан фарорасии ин идро ба ҳама ҳамкасбон ва рузноманигорони шуҷои тоҷик шодбош гуфта барояшон қалами бурро ва фикри бикр мехоҳам.

Дар зер мутаваҷҷеҳ бошед ба дидгоҳҳо аз равзанаи андешаҳо!

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”

Журналистика маъшуқаи бевафоест, ки бо каме беэътинои метавонад фаромуш кунад. Яъне мебояд пайваста дар эҷоду каламфарсои боши, зеро дар муқоиса бо назму наср журналистика ва журналист фарзанди вақт аст. Кам андар кам мешавад, ки осори касе аз рузноманигорон мисоли Отахон Латифи барои наслҳо куҳнанашаванда бимонад.Матбуот бошад,ҷавлонгаҳ аст ва мавқеъ ёфтан натанҳо ҷуръату истеъдод мехоҳад балки вақту фурсати таърихи ҳам ин имконро медиҳад.  Матбуоти имруз ҳамин фурсати кутоҳи таърихиро фароҳам овардааст ва бо вуҷуди зери фишори пайвастаи равони будан чавлонгаҳе барои ононе аст ки мехоҳанд ҷуръату ҷасорат ва истеъдоду саводи хешро ба намоиш гузоранд. Барои  ҳамин ҳар касе истеъдоду ҷасорат дорад бояд аз ин фурсати кутаҳи таърихи истифода барад

Маъсуми Муҳаммадраҷаб хабарнигори Родиои Озоди дар шахри Хучанд

Озодии расонаҳои мустақили кишвар имруз осебпазир шудааст. Махз ба рузи матбуоти точик – 11 март гузоштани додгохи се нашрияи маъруфи кишвар – Миллат, Озодагон ва Азиа Плюс худ баёнгари  он аст, ки озодии матбуоти мустакил дар Точикистон осебпазир аст. дар сурати баста шудани фаъолияти ин расонаҳо озодии матбуот куллан зери суол меравад. Агар хам ки расонахо хак бароварда шаванд, боз хам худи ин икдом худсенсури дар васоити ахбори умуми кишварро сахттар мекунад. Ин хам дар холе ки матубот дар Точикистон дар як мархилаи аз нигохи сиёсиву иктисодӣ хеле душвори рушд карор дорад . Ва дар чунин вазъ давлат ва ниходхои давлати ба чои дастгири ва кумак чахорчуби фаъолияти онхоро тангтар мекунанд. Як чизи мухим ин аст, ки харчанд конунхои  Точикистон дар бораи матбуот бад нестанд, аммо кафолати аник ва рушани дахлнопазирии фаъолияти расонахо таъин нашудааст.   Конунхои нокоил имкон медиҳад ҳар кас ё ҳар ниҳоде хоҳад сӯи матбуот санг меандозад.

Муллоев Шариф Боқиевиҷ Рузноманигор,устоди Донишгоҳи славянии шаҳри Душанбе

Матбуоти сифр озод,дар мо вуҷуд надорад,бо ном ва аз руи қонунҳо озод ҳаст,вале чорчубаҳои муайянро ҳамеша риоя бояд кард. Дар фазои итиллооти ҳастанд рузномаҳое,ки доги рузро инъикос мекунанд,аммо онҳо ислоҳи хешро намеёбанд.Рузномае,ки маводи танқиди чоп мекунад,ба оппозитсия номнавис мешавад!Маъмурият ба чашми душмани ба онҳо нигоҳ мекунад!

Иршод Сулаймони устоди ДМТ

Озодии матбуот, умуман ВАО ба таври мутлақ вуҷуд дошта наметавонад. Ин навъи озодии матбуот хоси ҳеҷ гуна кишваре буда наметавонад ва аз ҷумла Тоҷикистон. Дар ҷомеаи, ки ҳукумати иҷроия ва шохаҳои дигаpи ҳокимият мушкили зиёд доранд ва дар бораашон суханҳои гуногун вуҷуд дорад, матбуот озод буда наметавонад. Ба озодии матбуот дар Тоҷикистон аз ҳамин назария баҳо дадан имконпазир ҳаст. Озодии матбуот танҳо ҷанбаи юридики надорад, ҷанбаҳои сиёсиву иқтисодии онро низ бояд дар назар гирифт.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор хабарнигори ҳафтаномаи "Вароруд"

Дар робита ба озодии матбуот бояд гуфт, ки имруз дар Тоҷикистон он ба таври зарури ва ончунони, ки бояд рузноманигорон дошта бошанду аз қавонину аснодҳои зарури, ки ҳангоми омода кардани матлабҳояшон аз он истифода кунанд, матаассуф ҷомеъаи рузноманигории тоҷик ҳануз ҳам дар ин росто  мушкил доранд. Ба додгоҳ кашидани як чанд рузномаҳои мустақил дар марказ ва ин ҳама қабл аз интихоботи порлумони яке дигар аз фишорҳои ҳукумати кишавр ба матбуоти озод унвон  мешавад. Ин ҳама дар ҳолсест ки ахиран раиси ҷумҳур як кавонине қабул ва ба тасвиб расонда буд ки бояд шахсони мансабдор ба матлабҳои интиқодии рузноманигорон вокуниш нишон диҳанд. Пас аз чунин бархурди ҳукумату аввалмақомҳо дунёвияти Тоҷикистон зери суол қарор мегирад

Абдувосит Салимзода, хабарнигори родиои “Садои Хуросон”

.Вақте сухан дар бораи матбуоти озод меравад, бояд қабл аз ҳама дар мавриди озодии сухан изҳори намуд, зеро ин ду мафҳум дар тавъам бо ҳам арзи ҳасти мекунанд. Ба назар мерасад, ки дар фаҳмиши мо озодии сухан ҳамчун шеваи баёни ҳар чи хоставу нохоста аст,зуҳур мекунад. Аммо набояд дар тафсири ин маъни аз арзишу ормонҳои милли, ки аз дергоҳи таърих ҳамчун рукни муҳими ҳастии маънавии мардуми мо қавонини нонавиштаи ахлоқиро эҷод кардаанд, сарфи назар шавад. Тибқи қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон озодии баён дар оинаи  матбуоти озод ба шоистаги пиёда мешавад ва санаде бар ҳақиқати ин андеша нуфузи рузномаҳои мустақил дар қаламрави кишвар маҳсуб мегардад. Тули чанд соли охир арзи вуҷуд кардани чандин нашрияҳои мустақил ва маҳбубияти онҳо миёни мардум бозгуи ин ҳол аст.Ногуфта намонад, ки мафҳуми куллии озодии баён дар ҳеҷ як ҷомеа ба сурати воқеии худ амали намегардад.Ҳамин гуна ба андешаи ман озодии баён дар кишвари мо мавҷуд аст, ҳарҷанд заминаҳои қонунии он ниёз ба такмил доранд.Бо истифода аз фурсат тамоми ҳамкасбони хешро ба фарорасии рузи матбуоти тоҷик таҳният мегуям ва таманно мекунам, ки хомаашон саршор аз меҳру ихлос бошад ва матолибашон тасхиргари қалбҳо гарданд.

Хилватшоҳ Хоҷаев сармуҳаррири ТВ "СМТ"

Озодии навишт ба назарам ҳаст, аммо аз озодии навиштан то баёни озод роҳест тулони ва пур аз хамгашту кутал. Агар ҷое озоди ба маънии аслиаш ҳам вуҷуд дошта бошад, сонсури дохили (сарпараст, маблаггузор, муассис) имкон намедиҳад, ки эҷодкор комилан озоду рушан чизеро ё матлаберо бигуяд, яъне боз ҳам озоди маънои нисбиро ба худ касб мекунад. Тафовути Тоҷикистон аммо аз минтақа (манзурам Осиёи Маркази аст…ба ҷузъ Қиргизистон) аз замин то самост, дар маҷмуъ озод будан, озод зистан ва озод гуфтан ин расидан ба ҳақ аст, агар он ҷо нестем, пас чи мегуем?