
Намедонам чаро, аммо дарунам эҳсоси пучӣ мекардам. Шояд ба хотири ҳаҷми зиёди корам, ки ахиран зиндагиямро баҳам рехта буд…
Сардабири маҷалла маро ба наздаш даъват кард ва суолҳоеро, ки қаблан ба дасташ дода будам, ба дастам пас доду гуфт: мувофиқам, имрӯз соати ду ба меҳмонхона меравӣ ва корти вуруд ба меҳмонхонаро мегирӣ, бароят як соат вақт дар назар гирифтаам..
Ду соат зудтар омадам. Корти вурудро аз масъули пазириш гирифтам. Ба назарам сонияҳо ба андозаи соат тул мекашиданд. Саҳни вурудии меҳмонхона пур аз мошинҳои гаронқимат буд. Яке ҳам омад, ки чандто муҳофиз дошт. Шаҳрдор буд. Борҳо дар мизи гирдҳояш ҳузур доштам. Соат даҳ дақиқа монда ба ду буд. Касе номамро пурсид ва корти вурудамро диду гуфт: ҳамроҳам биё. Ба утоқе рафтем, ки ду сандалии роҳат ва як миз дошт. Оби маъданиву нӯшоба, чанд қанди коғазпеч ва ҷосигорӣ рӯйи миз гузошта буданд.
Вожае бо номи шикаст вуҷуд надорад, шикаст пулест барои расидан ба пирузӣ…
— Ҳамин ҷо мунтазир бош – гуфту рафт.
Қалбам толоп-толоп мезад. Гӯё сина барояш тангӣ мекард.