
Tag: Ғазал
БОҒИ ХУҶАСТА ДАР ТЕҲРОН ШУКУФТ

«#Боғе_пур_аз_шукуфа» тозатарин асари устод #Аъзам_Хуҷаста, шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори Тоҷикистонро нашриёти “Ноҳунта” дар шаҳри Теҳрон мунташир кард.
Ин маҷмӯъаи иборат аз 150 сафҳа, фарогири ғазалҳои шӯрангези шоир аст, ки дар давраҳои мухталиф эҷод шуда ва хонандаро ба оғӯши боғе пур аз шукуфаҳои умеду ишқу орзу ва рӯшанӣ мебарад.
Устод Хуҷаста аз шоирони хуҷастаном ва соҳибсабки Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ ва пурбор дар ҳавзаи шеъру адабиёт дорад.
Ӯ дорандаи Нишони тиллоии Фирдавсӣ (Муассисаи фарҳангии ЭКО, 2011, Эрон), барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (Барои асарҳои “Нолаҳои бод” ва “Омад баҳор бе ту” , 2020, Тоҷикистон) мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шоир Аъзам Хуҷаста, то қабл аз ин асар, 8 маҷмӯаи шеърӣ бо номҳои:
“Соярӯшан”, 2002, Эрон
“Чашмаи зулол”, 2011, Эрон
“Сапедаро салом”, 2014, Тоҷикистон
“Истгоҳи зиндагӣ”- 2016, Тоҷикистон
“Омад баҳор бе ту” 2017, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод” 2019, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод”, 2020, Эрон
“Ба лутфи ёди ту” , 2021, Тоҷикистон-
ро дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир намуда, имрӯз яке аз шоирони матраҳ дар ҳалқаҳои форсигӯи минтақа маҳсуб мешавад.
Ин навидро ба устод ва дӯстдорони адаб муборакбод мегӯем.
#Адабиёт #Тозанашр #Китоб #Шеър #Аъзам_Хуҷаста
Шаб мондагор нест
Ҳамрешаҳо дуруд, манам, ҳамдами шумо
Ровии достони суруру ғами шумо
Эй насли захмдидаи торихи султавар
Рухсат диҳед то бишавам марҳами шумо
Одам ҳамеша зинда ба умеду орзуст
Шодӣ кунед то биравад мотами шумо
Ин девсиратон ба муроде намерасанд
Аз ҳафтхон убур кунад Рустами шумо!
Имон биёваред ба ойини иттиҳод
То душмани палид шавад сархами шумо
Мерақсад ошиқона ба сози насими ишқ
Бар бом-боми хонаатон парчами шумо
Шаб мондагор нест! Тулӯъ мекунад кунун
Хуршед пушти дидаи пуршабнами шумо
Фирдавсии замонаи худ нестам, вале
Меофарам ҳамоса барои ғами шумо
#Фирдавси_Аъзам | #Ғазал | #Ҳамоса |
04.03.2023
Ҳафт Хони Исфандиёр
#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест. Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.
Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”Ҳамранги шумо на!

Дар пеши касе дарди дили танг нагуфтам,
Хомӯшаму чун мурғи шабоҳанг нагуфтам.
Монанди фалонӣ нашудам шоири дарбор,
Чизе ба ҷуз аз миллату фарҳанг нагуфтам.
Ойина манам, об манам, мазҳабам ишқ аст,
Бо шишадилон марсияи санг нагуфтам.
Бисёр ғазал гуфтаам аз ваҳдати дилҳо,
Аз сулҳу сафо гуфтаам, аз ҷанг нагуфтам.
Ҳарчанд ки дур аз Ватанам, хотирааш сабз,
Як бор ҳам аз ҳасрати Афранг нагуфтам.
Гоҳе худам аз дасти худам мехурам афсӯс
Шеъре, ки ба дилҳо бизанад чанг, нагуфтам.
Ҳамсуҳбати ман ойинаву чашмаву меҳр аст,
Сад шукр, ки аз нақшаву найранг нагуфтам.
Ҳамранги худам ҳастаму ҳамранги шумо на!
Аз тафриқа безораму аз ранг нагуфтам…
2018
- ҒОРИ БОДӢДостони кутоҳ: #ҒОРИ_БОДӢНависанда: #Ҳорукӣ_МурокомӣТарҷума: #Фирдавси_Аъзам Вақте ки понздаҳсола будам, хоҳарам мурд. Маргаш ногаҳонӣ рӯй дод. Он замон ӯ дувоздаҳ сол …
- The Gallery of MemoriesAuthor: Shahmansoor ShahmirzaTranslated from Persian by: Shahrbanoo Shahmansoor – What a beautiful sight! The sun is smiling, the leaves …
- “Захмҳои шукуфта” барандаи ҷоизаи “Килки заррин” шуд
- Ҳунари гуфтугӯ
- “Захмҳои шукуфта” барандаи ҷоизаи Килки заррин шудДаври дувоздаҳуми ҷоизаи “Килки заррин” Рӯзи ҷумъа, 15 саври 1402 хуршедӣ (баробар бо 05.05.2023 мелодӣ) барандагони дувоздаҳумин даври ҷавоизи …
Continue reading “Захмҳои шукуфта” барандаи ҷоизаи Килки заррин шуд
Фирдавси Аъзам