Featured

МИЗ ВА ДАФТАРЧА

(Пешкаш ба амаки равоншодам #Шоҳмирзои_Хоҷамуҳаммад, ки пагоҳ аз парвози малакутияшон як сол мегузарад.
Ёду номашон ҷовидон бод!)

Дишаб ҳарчи талош кардам, хобам набурд. Аз ҷо хеста, пушти мизи кӯҳна рафтам. Аз ҷевони кӯчаки он дафтарчаро берун кашидам. Ҳамин ки ба пешониям часпондамаш, чароғи мавзӯи достони тоза дар зеҳнам рӯшан шуд. Зуд роёнаро рӯшан карда, ба навиштан пардохтам. Беист. Аммо пушти ин дафтарча ва миз чӣ достони мармузе пинҳон аст?…



Он рӯз мисли ҳар охири ҳафта ба русто рафта будам. Ба паноҳгоҳи амнам. Хонаи амак. Аз дарвозаи чӯбӣ, ки ворид мешудӣ, гулҳои садбаргу раънову сурх ба пешвозат меомаданд. Гулҳое, ки дастпарвардаи худаш буданд. Сафову фазои дилкушои ҳавлӣ мастат мекард.
Ӯро мисли ҳамеша дар утоқи кораш ёфтам. Овози махмалинаш монанди малҳаме таскинбахш буд. Дили мехрубонаш гармии ҳақиқӣ мепошид, ки уро дар байни аҳолии диёр маҳбуб мегардонд. Ҳамеша ба қаламаш рашк мебурдам. Қалами ҷодуияш, ки ба осонӣ шоҳасар меофарид. Вақте ҳарф мезад, фикр мекардӣ дар ҳоли иҷрои ягон барномаи родиёӣ ва ё мутолиаи як асари бадеист. Санҷида, пухта, расо ва оҳангин. Ҳатто дар гуфтугӯи шифоҳияш ҷойи нуқтаю вергулу аломатҳоро риоя мекард. Инро ҳама медонистанд.

Дар гӯшаи ҳуҷра қафасаи калони китобҳо меистод. Пур аз румон, зиндагинома ва донишнома, ки дилат намеомад онҳоро бубинию ҳаваси хондан накунӣ. Бӯи китоб медод ҳуҷрааш. Ҷои илҳом ва эҷод. Нависандаи нисфи китобҳои чидашуда худаш буд.
Часпида ба тирезаи обиранг мизи таҳрираш меистод, ки аз чӯби маҳини тира сохта шуда буд. Кандакориҳои нафису мураккаб онро зиннат медод. Агарчи қадре фарсуда менамуд, аммо дилрабоии он ҳанӯз побарҷо буд. Чароғи хурди рӯимизӣ, ки сояи шишаи он дар болои миз нури гарм меафшонд, дар як канор меистод, ки то бевақти шаб сафҳаи ӯро мунаввар мекард. Сандалии чармини бароҳат ҳам онҷо буд, ки болопӯшаш андаке куҳна шуда ва паи гурда рӯи он машҳуд буд. Мудом пушти миз меёфтамаш. Ёдам ҳаст, пештар пурсида будамаш, чи тур ин қадар ба таври мудовим менависад. “Навиштан сахт нест, кофист ғояе дошта бошаму қадре саломатӣ, он вақт ман медонаму бастаи сабилмондаи коғазҳои сафед”- бо эҳсоси ризоят ва зарофат ҷавоб медод.
Мудом кунҷковона аз худам суол мекардам, ки ӯ аз куҷо ин ҳама ғояҳои афсонаиро гирифта ва ин қадр китоб навиштааст…

***
Пас аз солҳо беморӣ, ки ҳич пизишке қодир ба мушаххас кардани дардаш нашуд, амак охирин китоби хайрбодашро навишт…

***
Фаслҳову солҳо иваз шуданд. Як рӯз аз сафари дуру дароз ба деҳ омада, рост ба манзилаш рафтам. Паноҳгоҳи ҳамешагӣ. Аммо ҳавлӣ рӯҳ надошт. Нишоне аз боғ набуд. Вориди ҳамон ҳуҷрае шудам, ки қаблан китобхонаро мемонд. Утоқро тоза карда, деворҳоро ранг карда буданд. Нишоне аз қафасаи китоб ва мизи чӯбӣ набуд. Бӯи ранги тоза аз рӯи деворҳо мехест. Телевизиони бузургу борике ҷои мизро тасхир карда буд. Дилам таҳ кашид. Бароям гуфтанд, ки тамоми лавозими хонаро дар анбори симонии паҳлӯи ошхона гузоштаанд. Худамро ба онҷо расондам. Ба маҳзи кушодани дар, вашми намзадагӣ биниямро озурд. Бухориҳои кӯҳнаи филизӣ, гаҳвораи ранграфта, қафаси шикастаи холӣ, қуттиҳои калону хурди ранг, қисме аз маводи озуқа ва ҳамон мизи кӯҳнаи чӯбӣ онҷо буданд. Як пояаш каҷ ва пӯсташ рехта буд. Паҳлӯи он шаш кисаи калони ҷуллӣ ҳам дида мешуд, ки болои ҳам гузошта будандашон. Вақте якеашро кушодам, чизе гулӯямро фишурд. Китобҳо. Дохили халтаҳо пур буд аз китобҳо, номаҳо ва дастнависҳои зардшудаву дарида, ки бо ҳам омехта шуда буданд. Муқоваҳо ва коғазҳо баъзеяшон канда ва ранг бохта буданд. Доғҳое ҳам рӯи ҷилдҳояшон дида мешуд. Магасҳои мурдае рӯи онҳо часпида буданд. Аз миёнашон китобҳои худашро дидам. Пойҳоям суст шуданд ва ҳамонҷо барои чанд дақиқа беҳаракат нишастам. Ёди гузашта уфтодам. Он рӯзҳо, ки худаш соатҳо пушти ҳамин мизи кӯҳнаи чӯбӣ менишаст ва айнак рӯи чашм, коғазҳои сафедро сиёҳ мекарду мӯйҳояшро сафед. Тамоми китобҳояшро рӯи ҳамин мизи чӯбӣ менавишт. Ин миз шоҳиди тамоми ғамҳо, шодиҳо, бедорхобиҳо ва андешаҳояш буд. Сангинии оринҷҳо ва шонаҳои соҳибашро беминнат мебардошт. Ҳаракати ҷодуии қалами ӯро рӯи қабат-қабати пӯсташ ҳис мекард. Мизе, ки ҳам нон оварду ҳам ном. Шоҳиди ба дунё омадани баччаҳои ӯ шуд ва ҳамаи онҳоро мактабхон кард. Онҳоро ҳамроҳи қаламаш ба донишгоҳ бурд ва баъд ба хонаи бахт гуселонд. Ва ҳич гоҳ нашикаст. Хаста нашуд. Вале ҳоло ин миз, китобҳо ва коғазҳо дар ин гӯшаи намзадаю торик зери ғубори ғафси фаромӯшӣ ғариб уфтода буданд…

Дар ҳоле, ки хашм вуҷудамро фаро гирифта буд, аз анбор берун баромадам. Арӯси амак гӯшаи ҳавлиро меруфт. Аз ӯ хостам иҷоза диҳад то китобҳо ва ҳамон мизро бо худам бубарам. Ҳич зиддият нишон надод: “Корамонро сабук мекунӣ, ҷоямон кушодтар мешавад”- гуфту ба ҷорӯбзанияш идома дод.

Ҳамон рӯз, мошини боркаше киро карда, мизу халтаҳои китобро ба шаҳр овардам. Мизи зебои замонавии худро ба яке аз дӯстонам додам ва кӯҳнаро ҷойгузини он кардам. Аввал, ҳамсарам хушаш наомад: “Дар байни ин асосияҳои тоза, мисли дарбеҳи ночаспон аст”- шикоят кард. Аммо вақте ҷараёнро барояш фаҳмондам, пазируфт. Пояашро таъмир карда, рӯғани махсусе ҳам ба монанди ранги аслии худаш додаму онро дар гӯшаи наздик ба даричаи ҳуҷраи кориям қарор додам. Тамоми китобҳояшро мураттаб кардаму дар утоқи китобхониям чидам. Бовар доштам, ки рӯҳи амак аз ин корам намеранҷад ва миз бароям баракат меорад.

Ҳамон бегоҳ пас аз хушк шудани ранг, бо порчаи хушку муаттар пушту пешашро пок кардам. Чашмнавоз шуда буд. Ҳамсарам хост порчае рӯяш кашем, нагузоштам. Аз чизҳои содаю кӯҳна, ки гузаштаро ба ёд меоваранд, хушам меояд. Сандалиамро пеш кашида, рӯи он нишастам. Дастҳоямро мисли нодидаҳо рӯи сатҳи қадре фарсудаи миз давондам. Гӯи ҷинси латиферо ламс мекунам. Тасаввур кардам, ки амак пушти он нишаста, охирин румони нотамомашро бо хушҳолию ҳавсала, зери нури чароғ менависад.Чашмҳоямро пӯшидаму ба чизе фикр кардам. Мунтазири он будам, ки миз ҷодуи худро ба ман интиқол медиҳад. Аммо ҳич иттифоқе науфтод. Шояд, чун он замон дар зеҳнам ҳич ғояе надоштам.

Дастҳоро пушти сар қуфл карда ҳамчунон ба миз менигаристам, ки беихтиёр чашмам ба се ҷевони кӯчаку борики он уфтод. Чи қадр аҳмақ будаам, ки онҳоро надидаам ва шояд пай бурдаву аҳамият надодаам. Намедонам. Якеро кушодам, як қалами тарошида ва як чашмаки ҷудошудаи айнак дошт. Дигаре акси хандони модару падараш ва расми дастҷамъии фарзандонаш. Вақте ҷевони аз ҳама поёниро кушодам, дидам, чизе нест, ҷуз як дафтарчаи хурду одӣ ки миёнашро дӯхта буданд. Онро берун кашидам. Чангу ғуборашро таккондам. Рӯи он бо хатти калону дурушт навишта шуда буд: Ғояҳо. Ва зери он номи худаш. Тапиши дилам бештар шуд. Садоям дар ҳуҷра печид: Ана ганҷинаи амак! Яъне тамоми ғояҳо ва андешаҳои ӯ инҷост? Чаро барвақттар надидамаш. Акнун дигар мушкили мавзӯъ надорам. Корамро осон кард. Гуфтам ку, ин миз баракат меорад.
Дафтарчаро кушодам. Сафҳаи аввал ҷуз чанд нуқтаи зарду ранги хира чизе надошт. Баргаи баъдӣ, холӣ буд. Сеюмӣ ҳам ҳамин тур. Ҳамаи сафҳаҳоро варақ задам. Як хатча ҳам нанавишта буд. Яъне чӣ? Чаро ӯ як дафтарчаи холиро нигоҳ дошта аст? Ва барои чӣ рӯяш “Ғояҳо” навишта буд?

Дар камоли ноумедӣ сарам ба рӯи дафтарчаи кушодаи рӯи миз уфтод. Дарҳол, ба тури муъҷизаосо як мавзӯъ – як идеяи тоза барои достони кутоҳ дар зеҳнам пайдо шуд. Сарамро бардоштам. Телефонамро гирифта, онро зуд ёддошт кардам.

Гуфтам шояд фақат як илҳоми гузарост. Аммо вақте дубора дафтарчаро бардоштам ва варақаҳои кушодаи онро ба рӯи пешониям гузоштам, боз як мавзӯи тамоман тоза дар зеҳнам рӯид.
Онро чандин маротиба санҷидам. Ҳар дафъа як чизи нав ба суроғам меомад. Баъд дар ҳоле ки дафтарчаи ҷодуиро сари ҷояш мегузоштам, ба худам гуфтам: Аҷаб ҷодугаре будаӣ амак!

#Фирдавси_Аъзам
#Миз_ва_дафтарча
28.04.2023

Continue reading “МИЗ ВА ДАФТАРЧА”
Featured

Нома

Ҷаноби Чехуфи азиз,

Умедворам ин коғаз Шуморо дар камоли тандурустӣ биёбад. Банда ба унвони яке аз алоқамандони осори гаронсанги Шумо бароятон менависам. Намоишномаҳо ва достонҳои кутоҳи Шумо таъсири бисёр амиқе бар ман гузошта, ки наметавонам бо вожаҳо баён кунам. Сабки достоннависии мунҳасирбафарди Шуморо меситоям.

«Боғи олболу», «Мурғи дарёӣ», «Бонуе бо саги малус»…. ва дигар корҳои арзишмандатонро ба такрор хондааму мехонам ва ҳар бор лояҳо ва маънои ҷадиде дар батни вожаҳои Шумо кашф мекунам. Равише, ки Шумо вазъияти инсону печидагиҳои зеҳнро ба тасвир мекашед, воқеан қобили таваҷҷӯҳу қадрдонист.

Банда дар ҳоли ҳозир рӯи навиштани корҳои кӯчаки худ кор мекунаму гоҳе аз офаридаҳои Шумо илҳом мегирам. Тавоноии Шумо дар интиқоли эҳсосоту афкори амиқ аз тариқи забони содаю дақиқ чизест, ки дар навиштани худам саъй дар тақлид аз он дорам.

Дӯст дорам дар мавриди раванди навиштани Шумо бештар бидонам ва ин, ки чӣ чизе Шуморо ба навиштан ангеза медиҳад. Чи гуна ба навиштан наздик мешаведу чӣ чизе илҳомбахши достонҳоятон аст?

Ҳамчунин мехоҳам аз Шумо бузургвор бипурсам, ки чигуна ба ин фикр уфтодед, ки дар намоишномаҳо ва достонҳоятон ҷомеаеро ба шакли воқеъигароёна ба тасвир бикашед? Ва лутфан ба ин суол ҳам посух бинависед, ки нақши нависандаро дар ҷомеъа чигуна мебинед?

Мефаҳмам, ки мумкин аст вақти посухгуӣ ба ин номаро надошта бошед, аммо мехостам бо ин мактуб эҳсоси қадрдонии худро ба офаридаҳоятон иброз кунам. Ростӣ, ин коғазро беш аз даҳ бор навиштаму пок кардам. Лутфан нахандед.

Посухи Шумо амиқан маро хурсанд хоҳад кард.

Бо меҳр,
Як хонанда

✓—————————————————————-✓

Хонандаи гиромӣ,

Сипос аз лутфи Шумо ва ин ки вақт гузоштеду барои бандаи ҳақир навиштед. Аз таҳсини Шумо ба хотири корҳоям фурутанона муфтахар ҳастам.

Барои посух ба суоли Шумо, фароянди навиштани ман ағлаб бо таҷрибиёти шахсию мушоҳидоти худ аз дунёи атрофам ҳидоят мешавад. Инҷониб муътақидам, ки бо нигоҳи интиқодӣ ба ҷаҳон метавон дар ҳама ҷо илҳом ба даст оварду достонҳое бо шахсиятҳои муҳкаму мондагору хонданӣ офарид.

Дар намоишномаҳо ва достонҳоям талош мекунам ҷомеъаро ба шевае воқеъигароёна ва печидагиҳо ва тазодҳои таҷрибиёти инсониро дар ҳадди тавон ба тасвир бикашам. Банда имон дорам, ки бо ба тасвир кашидани шахсиятҳо ва муборизоти онҳо ба шакле воқеъигароёна метавонам ба мухотаб кӯмак кунам то худу муборизоти худро дар шахсиятҳо мунъакис кунад ва дар натиҷа, онҳоро беҳтар дарк карда, бо онҳо иртибот барқарор кунад.

Дар мавриди нақши нависанда дар ҷомеъа, бар ин назарам, ки нависанда муваззаф аст оинаеро дар муқобили ҷомеъа нигоҳ дорад ва эродоту таноқузоти онро бинамоёнад. Ӯ бояд нозири ҷомеъа, мунтақид ва садои мардум бошад.

Боз ҳам аз таваҷҷӯҳи Шумо ба осори банда ташаккур мекунам. Дар зимн, сабки номанависиятонро меситоям.

Бо меҳр,

Антон Чехуф,
Маскав

#Фирдавси_Аъзам

Continue reading “Нома”
Featured

БОДКУНАК


Зиндагӣ, дунё, сарнавишт ё ҳар чизе ки номаш мегузорӣ, гоҳе чунон муштат мезанад, ки муддате ба худ намеоӣ. Ва танҳо ба қурсҳои оромбахшу хобовар паноҳ мебарӣ. Хабарҳои бад ҳич гоҳ ба хубӣ намеоянд. Се ҳафта пеш, расман аз ҳамсарам ҷудо шудам. Ба хотири машрубнӯшии эътиёдовар ва хушунатҳои беисташ. Аз хонадоршавиямон ҳанӯз ду сол намегузашт. Магар андозаи тобоварии як инсон чи қадр аст? Он ҳам дар зиндагие, ки бақояш ҳич замонат надорад.
Аммо болои ин, ки ҳанӯз ошуфтагию афсурдагӣ раҳоям накарда буд, дирӯз вақти сарфи субҳона занги телефони лаънатӣ бори сангини дигареро рӯи шонаам гузошт: хабари талхи марги дӯсти ҳамдонишгоҳиям, Юлита, ки ҳамроҳи шавҳар ва духтари панҷсолааш дар шаҳри дигаре зиндагӣ мекард. Ба ҳар ҳол зиндагии ҳар касе холӣ аз ин хабарҳои устухоншикану дарҷопиркун нест. Мисли тамоми одамҳои дигар дилам сиёҳ, банди пойҳоям суст ва рӯҳам захмӣ шуд.

Continue reading “БОДКУНАК”
Featured

“МУРҒИ АРШӢ” ДАР ТЕҲРОН БА ПАРВОЗ ДАРОМАД

Нашри “Орван” дар Теҳрон китоби “Мурғи аршӣ”-гулчини дурахшонтарин чакомаҳо дар ситоиши модарро бо шуморагони 500 нусха дар 270 сафҳа бо хати форсӣ мунташир намуд.

Китоб намунаи ашъори ҳудуди сад шоирро аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон, ки бо забони форсӣ модарро сутудаанд, фароҳам овардааст.

Тарроҳии китобро духтари ҳунармандам Фархундабону бо тасвири Модар-Замин музайян сохта, ки тифлашро, ки аз осмонҳо омада, ба оғӯш мекашад.

Дар пешгуфтори китоб, ки “Чароғи рӯзгор” унвон дорад, дар бораи ангеза ва вижагиҳои ин китоб навиштаам:
“Рӯшан аст, ки Модар бо мафҳуми Ватан тавъам ва ҳаммаънист ва ҳар кас Модарашро дӯст дорад ва бар пешгоҳи ӯ эҳтиром қоил бошад, лоҷарам Меҳанашро низ ошиқона дӯст медорад.

Дар дунё шоир, нависанда, ҳунарманд ва мутафаккиреро наметавон пайдо кард, ки дар бораи бузургии ин олиҳаи меҳр сухане, асаре ва шоҳкоре наофарида бошад. Аз ин рӯ, бар ин шудам то дар ростои адои дайн бар пешгоҳи модарон ва бавижа, Модари арҷмандам ин асарро мунташир намоям.

Маҷмӯаи ҳозир аз навҳаи ҷонсӯзи Таҳмина бар марги фарзандаш-Суҳроби ял оғоз ва бо навои дилангези Суҳроби Сират-шоири ҷавони Афғонистон поён меёбад, ки модарашро ҳамтабори борон медонад”.

Дар “МУРҒИ АРШӢ” намунаи ашъори шоирони тоҷик-Устод Садриддин Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Ашур Сафар, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Қувват Давлат, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғоиб, Маликнеъмат, Фарзона, Суруш, Сурайё, Фирдавси Аъзам оварда шудааст. Ашъори китоб тибқи таърихи таваллуди гӯяндагон ҷой гирифта, бархе аз вожагони гӯишӣ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд.
Китоб аз се бахш иборат аст:
“Мурғи аршӣ”-намунаи сурудаҳои шоирони форсигӯй дар ситоиши модар-аз Фирдавсӣ то Фирдавси Аъзам,-як намуна:
Эй модари ман куҷоӣ охир,
Рӯй аз чӣ наменамоӣ охир?
Хандон зи дили замин бурун ой,
Бар гиряи зори ман бубахшой.
Рондӣ ба Биҳишт киштии хеш,
Рӯ тофтӣ аз биҳиштии хеш (Амир Хусрави Деҳлавӣ).
Бахши дуюм “Фариштаи меҳр”-суханони бузургони ҷаҳон-Суқрот, Рафаэл, Балзак, Кэнфилд Фишер, Плутарх, Виктор Гюго, Марк Твен, Фридрих Ниче, Эрнест Хемингуэй, Ҷорҷ Ҳерберт, Кайковус, Чарлз Диккенс, Саъиди Нафисӣ, Анатол Франс, Максим Горкий андар бузургии Модар, як мисол: “Қалби модар зеботарин ва ҷовидона‎тарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯй‎ҳои фарзандаш сафед шуда бошад” (Адалберт Штифтерт).
Бахши сеюм-“Модарро дил месӯзад”-зарбулмасалҳои тоҷикӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ, узбакӣ, чинӣ, покистонӣ, яҳудӣ, итолиёӣ ва ҳиндиро фаро мегирад, намуна: Ҳар ончиро кӯдак наметавонад бигӯяд, модар мефаҳмад. (зарбулмасали яҳудӣ).

Рӯшанам шуд, ки беҳтарин модарномаҳоро дар адабиёти форсӣ Устод Лоиқ (Тоҷикистон), Маҳдии Суҳайлӣ (Эрон) ва Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон) сурудаанд.

Банда соли 2006 дар нашриёти “Деваштич” китоби “Модарнома”-ро бо хати кириллӣ бо шуморагони 500 нусха ба табъ расондам ва “Мурғи аршӣ” такмил ва вироиши ҳамон китоб аст.

Аввалин китоби ҳикояҳоям-“Боғи шафтолу”-ро ба Падари азизам, ки меҳри сухан ва ишқи навиштанро дар дилам кишта буд, тақдим доштам, “Мурғи аршӣ”-ро ба модарам-Бибӣ Нодирамоҳ бо ин умед, ки сояи муборакашро Додор аз сари мо-фарзандонаш кам макунод, пешкаш намудаам.

Нашри ин китобро ба модарони гиромӣ ва ҳамаи ошиқони сухан саъду фаррухбод мегӯям!

Continue reading ““МУРҒИ АРШӢ” ДАР ТЕҲРОН БА ПАРВОЗ ДАРОМАД”
Featured

КАЛИД

Офтоб ҳанӯз дар дили торикӣ нопайдо буд, ки бедор шудам. Якрост пушти миз омадаму хостам достони кӯтоҳамро вироиш кунам. Аммо дар қисмати поёнии он дармондам. Моҷаро аз ин қарор буд: шахсияти достон, ки дунболи кашфи рози нависандагӣ аст, дар як пиёдаравии субҳгоҳӣ калиди дари хонаи иҷораашро гум кард. Соҳибхона мусофират рафтаву боистӣ ҳафтаи дигар баргардад, қабл аз сафар ҳам гуфта буд телефонаш то бозгашт рӯшан нахоҳад буд. Қаҳрамони достони ман ҳоло пушти дар истодаву намедонад чи тур вориди хона шавад…

Continue reading “КАЛИД”
Featured

Он рӯзи талх падарамро бурданд

Ҳанӯз ҳам он рӯзи талхро ба ёд дорам…
Гӯшаи ҳавлӣ, зери дарахти бебарги себ зери нури мулоими офтоб бозӣ мекардам. Боди мулоим гоҳ-гоҳе варақҳои китоби суратдорамро бо нармӣ мекушод. Модарам дар танурхона, ки сақфаш мисли мӯйҳояш сиёҳ буд, нон мепухт. Падарам байни ниҳолу алафҳои атрофи оғил меҷунбид. Садои гову гусфанд гоҳе ба гӯшам мерасид. Гурбаи хокистариям, бидуни он ки нӯл задани гунҷишкҳоро халал расонад, худашро ба танаи ниҳоли хурмо мемолид. Бобо, бо остинҳои барзада таҳмондаи оби обдастаро ба бехи гулҳои лаби боғча рехту наздам омад. Қадди баландашро хам карду дасташро ба мӯйҳоям кашид ва бо лабханд ба ниҳоли канори боғча ишора карду гуфт: “ҳамин ниҳоли себ, ки ба бор омад мактабравак мешавӣ баррачаи бобо…»

Continue reading “Он рӯзи талх падарамро бурданд”