Featured

Шаб мондагор нест

Ҳамрешаҳо дуруд, манам, ҳамдами шумо
Ровии достони суруру ғами шумо
Эй насли захмдидаи торихи султавар
Рухсат диҳед то бишавам марҳами шумо
Одам ҳамеша зинда ба умеду орзуст
Шодӣ кунед то биравад мотами шумо
Ин девсиратон ба муроде намерасанд
Аз ҳафтхон убур кунад Рустами шумо!
Имон биёваред ба ойини иттиҳод
То душмани палид шавад сархами шумо
Мерақсад ошиқона ба сози насими ишқ
Бар бом-боми хонаатон парчами шумо
Шаб мондагор нест! Тулӯъ мекунад кунун
Хуршед пушти дидаи пуршабнами шумо
Фирдавсии замонаи худ нестам, вале
Меофарам ҳамоса барои ғами шумо

#Фирдавси_Аъзам | #Ғазал | #Ҳамоса |
04.03.2023

Featured

Шаҳриёри Бухоро

Алӣ Деҳбошӣ

Гуфта мешавад, ҷаноби #Алӣ_Деҳбошӣ, нависанда, адиб, сардабири маҷаллаи "Бухоро" китобҳои китобхонаи шахсии худашро фурухта аст то коғаз бихарад барои интишори шумораи наврӯзии ҳаштсадсафҳаи "Бухоро". Аммо, бадбахтона, ҳоло вируси манҳуси куруно домани ӯро гирифта ва бистарияш карда аст...

Continue reading “Шаҳриёри Бухоро”

Фиристодаи доно

Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Фиристода бояд,ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Фирдавсӣ

Барои ҳар инсон ёфтани дўст воқеан сармоя ҳаст,бавижа,ки дўст меҳрубон,шоиста,фаҳмида ва ҷавонмард бошаду аз риёву кинаву ҳасад бадур бувад.Манзури ман аз ин пешдаромади калом ошноӣ бо Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад,ки бо амри қисмат дар маросими солгарди рўзи истиқлоли Тоҷикистон  бо эшон ошно шудам.Он рўз саҳни бинои Сафорат пур аз меҳмонони дохилию хориҷӣ,намояндагони сафоратхонаҳои муқими Теҳрон ва мақомоту масъулону ҳунармандони эронӣ буд.

Сафир бо тавозўъи ба худ хос ва табассуми малеҳ ба меҳмонон хушомадед мегуфту Муродбек Насриддин,Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бо лаҳни ширин барои ҳозирон суруд мехонд.Барои ман як чиз аҷоиб буд,ки Сафир бо ҳама -хурду калон,донишҷўю вазир,ҳамкору ошно яксон муносибат менамуд ва баръакси бархе мансабдорон,ки аз худ поинро нописандона мебинанду дар пеши калонтар аз худ(аз лиҳози вазифаю мақом)  дум меҷунбонанд, ин сифатҳоро надошт.Сафир он рўз аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз,ҳамкориҳои дутарафаи Тоҷикистону Эрон,сиёсатҳои хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон,Президенти мамлакат барои меҳмонону ҳозирон бо хушҳолӣ ҳикоят намуду аз рушду шукуфоии кишварамон дар оянда изҳори хушбинӣ кард.Ман,ки солҳо пеш Рамазон Мирзоевро тавассути туннели Данғара мешинохтаму аз фаъолияти роҳбариаш дар ин ноҳия хабардор будам,бори аввал буд,ки он касро аз наздик медидам.Ҳамон солҳо матбуоту расонаҳо бо шўру ҳангома хабар медоданд,ки туннели Данғара бо дарозии қариб 14 километр тақрибан дар қаламрави Иттифоқи Советӣ назиру монанд надорад.Тақрибан рўзе набуд,ки барномаи «Ахбор» дар бораи ин объекти дорои аҳамияти умумииттифоқӣ хабар ё гузоришу лавҳа нишон надиҳад.Албатта,кор кардан дар чунин объектҳои глобалию бузург ҳиммату шаҳомати махсус мехоҳад,ки на ба ҳар кас Худо ин неъматро медиҳад.Ман аз ошноии нахуст бо ин пири кор,бо ин фарди фарзона ва волоҳиммат дарёфтам,ки муваффақияти ў дар он солҳои пурзарбу ҳарб бедалел набудааст ва дар тинату ботини ин мард як шаҳомате нуҳуфтааст,ки андак касонро насиб мешавад.Ў табиатан ором ,бомулоҳиза,сабур ва камгап аст.Дар чанд нишасту бархосте,ки бо Сафир доштам,ба як нукта пай бурдам,ки ҳаргиз ба хашм намеояд ва чизе наметавонад асабонияш кунад.Ҳамин далел худ гувоҳ аст,ки инсони хурду кўчак наметавонад чунин сифатро дошта бошад.Сабру бурдборӣ хоси бузургон аст ва одамони пастмояву пастҳиммат аз он бенасибанд.

Бузурге гуфтааст,ки барои он,ки касеро хуб шиносӣ бояд ҳамроҳаш 40 кило намак хўрӣ.Одам шояд дар тамоми умр натавонад ин қадар намакро хўрад ва ин ишора ба он аст,ки шинохтани ботину ниҳоди инсон кори ношуданист ва дар бораи инсонҳо изҳори назар кори осон нест,чун инсон ҳамеша ба сўи хатову иштибоҳ меравад ва касе наметавонад гўяд,ки ман камбудӣ намекунам.Рамазон Мирзоев,марди ботаҷриба ва кордида ҳамаи ин андешаю фикрҳоро бо тарозуи инсофу хирад  вазн намуда,тибқи онҳо амал мекунад.

Насли калонсоли мо медонад,ки Рамазон Мирзоев муддати 8 сол Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Данғара –яке аз бузургтарин ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати қаламрав буд ва дар давраи роҳбарии мавсуф туннели Данғара ба кор даромад,ки аз оби он бояд 154 ҳазор гектар замини бекорхобида шодоб мешуд.Фаъолияти роҳбарии Мирзоев баъдтар дар вазифаҳои гуногун -Мудири шўъбаи сиёсати кишоварзӣ ва бозсозии деҳоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ,узви Шўрои Олии ИҶШС ва муовини Раиси Шўрои миллатҳо,Сармутахассиси Дастгоҳи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон,Мудири Корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аз октябри 2001 то кунун Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.

Давронии сафирии Рамазон Мирзоев дар Русия бемуболиға яке аз саҳифаҳои дурахшони корномаи ў ҳисоб меёбад,ки маҳз,дар ҳамин кишвар муҳимтарин санади таърихии миллати мо -Созишномаи сулҳу оштӣ ба имзо расид,ки дар ин арса нақши Сафири доно – Мирзоев сазовори таҳсин аст.Ба ҷуз ин,саҳми эшон дар бозгардондани оворагон,ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон,имзои чандин тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия ва мустаҳкамшавии робитаҳои кишвари мо бо ин давлат лоиқи таҳсин аст.Ошноию шинохти Мирзоев аз ин кишвар,ки Академияи илмҳои ҷамъиятиро дар Маскав хатм намуда буд,дар ин давра ба ў имкон дод

Сафир Рамазон Мирзоев бо адиби точик Шохмирози Хучамухаммад,Техрон

аз ин имкониятҳо истифода намояд ва ҷиҳати таҳкими пайвандҳои сиёсию иқтисодӣ ба кор бубарад.Дурахшиши кори Сафир дар ин давра аз касе пўшида нест ва худи интихоби эшон ба унвони Сафири Фавқулодда ва Мухтор бо масъулияти муовини сарвазир нишони он буд,ки мақомоти кишвар ба он кас боварию эътимод доранд ва ин масъулияти ҳассосу муҳимро ба он кас супоридаанд.

Ҳамин таҷрибаи корсози Рамазон Мирзоев сабаб шуд,ки аз собиқаи муваффақаш ба унвони Сафир дар Эрон истифода шавад.Мирзоев,ки акнун дипломати қавӣ шуда буд,дар ҳамон ибтидо азмро ба он ҷазм кард,ки ширкатҳои эрониро барои ҳамкориҳо дар тарҳҳои иқтисодӣ ба кор ҷалб намояд.Кас ба рушди чашмгири муносибатҳои иқтисодии ду кишвари дўст -Тоҷикистону Эрон нигариста,бешак, ба нақши фаъолонаю муҳими Сафир пай мебарад.Туннели Анзоб,нерўгоҳи обию барқии Сангтўда -2,сохтмони чанд бинои чандошёна дар шаҳри Душанбе ,фаъолиятҳои ширкати Порсмурғ ва чандини дигар ба унвони намунае аз фаъолиятҳои муштараки ду кишваранд,ки Рамазон Мирзоев дар роҳандозию шаклгирии ин нақшаҳо саҳми арзанда дорад.Мирзоев,ки худаш муҳандиси риштаи гидромелиоративӣ ҳаст,тавонист бо диди бозу дониши васеъ тавонмандию имкониятҳои мутахассисони эрониро баррасӣ намуда ,онҳоро дар корҳои муштарак бо кишварамон ҷалб намояд.

Вале барои мани қаламкаш бузургтарин фазилати Сафир одамияту одамгарӣ,тавозўю некнафсии ўст,ки инсон бо ҳамин хислатҳо зебост ва ин сифатҳо ҳам назди Худо азизанду ҳам назди бандааш.Дар кишваре мисли Эрон,ки беш аз 70 миллион аҳолӣ дораду тараққикарда аст,кори дипломатӣ саҳл нест ва боварии онҳоро ба даст овардан ҳам кори содда нест,аммо Сафири мўҳтарами мо ,ҳамчунонки аз сўҳбатҳои ман бо намояндагони касбу кори гуногуни Эрон маълум шуд,тавонистааст таваҷҷўҳи масъулони ин давлатро ба даст оварад .Вай бо дилёбию истифодаи зарифонаи шеваҳои дипломатӣ метавонад гапи худро дар вазоратхонаю идораҳои Эрон гузаронад ва ба нафъи ҳарду кишвар корҳои манфиатнок анҷом диҳад.Мирзоев бештари корҳоро на бо коғазбозию мактубнависӣ,балки бо равишу тарзи саҳеҳу фаврӣ ҳал мекунад,ки дар ин бобат истеъдоди фавқулодда дорад.

Ҳамчунон,ки дар ибтидои мақола гуфтам,кашфи як дил баробари кашфи як сайёра ё Каҳкашон аст ва барои ман дар Эрон дар қатори дигар дастовардҳои фаровон ошноӣ бо Рамазон Мирзоев буд,ки Сафоратро ба хонаи адлу дод,порае аз Тоҷикистон ва даргоҳи умеди тоҷикони муқими ин кишвар табдил додааст.

Ман мушоҳида менамудам,ки чӣ тавр Сафир бо забони ширину ҳазлҳои намакин бо донишҷўён сўҳбат менамуду аз шароити таҳсилу зиндагии онҳо мепурсид ва ташвиқашон мекард ҳатман пас аз хатми таҳсил барои кишварамон хидмат намоянд.Ёдам намеравад,ки солҳое Рамазон Мирзоев дар Маскав сафир буд,яке аз нашрияҳо хотираи як зани тоҷикро дар бораи ёрии беғаразонаи Сафир навишта буд.Дар мақола зан бо эҳсоси сипос навишта буд,ки ман ҳамсари яке аз мухолифон будам.Зарурате пеш омад,ки бояд ба Ватан бармегаштам.Бинои сафоратро пайдо намуда,ба қабули Рамазон Мирзоев омадам.Ҳазор биму андеша доштам,ки шояд сафир бо шунидани ин ки ман ҳамсари яке аз мухолифинам,маро хуш қабул накунад ва «мебинем»,гўяду аз дар берунам кунад.Вале ғайричашмдошт, аз забони сафир ин ҳарфҳои меҳрбор берун омаданд:хоҳари азиз,мо ҳама фарзанди Тоҷикистонем,худию бегона барои мо вуҷуд надорад,сафорат хонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст,мушкили ту мушкили ман аст,агар ту хурсанд бошӣ,ҳамаи мо хурсандем…Баъд,сафири баландҳиммат пули билети ману бачаамро дод,ки ба Тоҷикистон баргаштем.Ман то зиндаам ин некии Сафирро фаромўш нахоҳам кард ва дар ҳаққаш дуо мекунам.

Ин гуна саҳифаҳои меҳрбор дар зиндагии Сафир кам нестанд.Вай бо ҳама масъулияту гирифториҳо барои аёдати беморон,дидор бо гурўҳҳои гуногуне,ки аз Тоҷикистон ба Эрон меоянд,вақт пайдо мекунад. Хонаводаи тифоқу адабпарвари Сафир -ҳамсараш апаи Ҳоҷӣ Сарварбӣ,ки як зани бофарҳангу китобхон ,фарзандонаш -Комилҷону Нодирҷону Одилҷону Салтанату Гулнозу Акрамҷон ҳама соҳиби маълумоти олӣ,таҳсилкарда ва боадабу бофарҳанганд,ки ин худ як неъмати бузург барои ҳар падар маҳсуб мешавад,ки роҳи падарро идома медиҳанд ва ҳар як дар риштаи худ шоистаю сазовори эҳтироманд.Дасти марҳаматаш ба мўҳтоҷон,донишҷўёни эҳтиёҷманди тоҷики муқими Эрон,бенавоёни зодгоҳаш… ҳамеша мерасад.Чунин чеҳраҳои сиёсию дипломатӣ дар ҳақиқат барои миллати мо боиси ифтихор аст ва онҳо сармояҳои миллати мо ҳисоб мешаванд.Ман мутмаинам кишвари мо дар сурати баҳрабардорӣ аз донишу таҷрибаи чунин шахсиятҳои кордону боистеъдод ба қуллаҳои нави пешрафту шукуфоӣ хоҳад расид.Дар поён орзу мекунам Худои раҳим теъдоди чунин афроди дилсўзи меҳану миллатро зиёд кунад,ки дар ҳама ҳолат аз манфиатҳои Тоҷикистон бо тану ҷон ҳимоят мекунанд.

Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад,рўзноманигор,ш. Теҳрон.

Фол ва фолгири дар Эрон

Миёни ирониён расм аст, ки вакте  ба дуроҳае мерасанд ва интихоби яке аз роҳҳо барояшон мушкил аст, суроги истихора ё фол мераванд

Фол ва фолгири ба маънои кушиш дар пешгуии оянда (маъмулан ояндаи як фард) аз равишҳои ниҳони ё фаротабии аст.Фолгири яке аз шохаҳои ниҳоншиноси аст.

Гунаҳои фол.

Фоли Ҳофиз бо дивони Ҳофиз дар байни ирониён як расми умуми аст.Дивони шеъри Хоча Шамсиддини Ҳофизи Ширози аз пуртарафдортарин китобест,ки дар хонаҳои ҳар ирони вучуд дорад.Ирониён барои тасмимгири бо задани ин фол ба ин дивон фурсате барои хондани шеър ва тафсири он ба хайру салоҳ ё ба шарру носавоб пайдо мекунанд. Ирониён ба ҳангоми задани фол китобро дар даст мегиранд ва баёни ин чумалот ва ё чумалоте аз ин даст мепардозанд:

Эй Ҳофизи Шерози

Ту кошифи ҳар рози

Мо толиби як фолем,

Бар мо бинамо розе

Иддае ҳам гуянд:

Ҳофиз, эй Ҳофизи Шерози,

Бар ман назар андози.

Ман толиби як розам,

Ту кошифи ҳар фоли

Касам ба шохаи наботат,

Касам ба Куръоне, ки дар сина дори,

Ин фоли маро бигшой!

Бархе дигар гуянд:

Эй Ҳофизи Шерози

Ту кошифи ҳар рози

Ба ҳакки шохи наботат,

Ба ҳакки чоми шаробат

Манзури худатро аз муроди мо баён кун!

Марде дар холи фолгири чилави макбараи Хофиз

Баъд ангушти худро лои девон мегузоранд ва боз мекунанд. Газалеро, ки дар саҳфаи самти рост карор дорад, мехонанд ва тафсир мекунанд. Агар мазмуни газал мусбат бошад, фолро хуб ва гар  на  онро бад медонанд. Аз он чо, ки умдаи газалиёти Ҳофиз дорои мазомини ирфони, ишки, умедворкунанда ва меҳрубонофарин аст, задани фол дар маросими хостгори, издивоч, Навруз, таваллуди фарзандон ва монанди он бештар марсум аст. Мутакозиёни фоли Ҳофиз бештар писарон ва духтарони чавоне ҳастанд, ки  дар талаби ишку дар чустучуи ёфтани далел барои идомаи ишки худ ҳастанд.

Фоли Чуб яке аз кадимтарин навъи фолбини аст, ки онро ба Дониёли наби ва сипас ба имом Чаъфаи Содик нисбат медиҳанд.

Фоли Каҳва яке аз равишҳои пуртарафдори фолгири ва пешгуи бо истифода аз таҳмондаи каҳваи нушидашуда аст.Маъмулан барои ин кор  каҳваи турк истифода мекунанд.Фолгири бо каҳва дар кишварҳо ва манотики чаҳон расму роҳи гуногуне дорад вале умуман ба ин тартиб аст, ки бахше бештаре мояи каҳваро менушанд ва махлути гализе аз каҳва ва об дар таҳи финчон (стакон) мемонад.Финчонро руи наълабаке мгузоранд.Пас аз муддате онро бар медоранд ва фолгир  бо шаклҳое, ки дар таҳи финчон дуруст шуда нигоҳ мекунад ва бо ишора ба шаклҳо ки онҳоро ба инсону ҳайвон ва дарахту чизҳои дигар ташбеҳ мекунад, нукотеро дар мавриди зиндаги ва  гузаштаву ҳолу ояндаи касе каҳваро хурда баён мекунад.

Имруза даҳо сойтҳо ва веблогҳои зиёде ба забони форси барои гирифтани фоли Ҳофиз вучуд дорад. Ахиран ин фол бо равишҳои дигаре ҳам гирифта мешавад. Масалан аз мурги ишки таълим дида барои интиҳоби барге аз газалиёти Ҳофиз истифода мекунанд. Ин равиш дар хиёблони чилави макбараи Ҳофиз дида мешавад.

Ирониёни хорич аз кишвар ҳам дар маҳофили худ аз фоли Ҳофиз ба унвони ҳалкаи фарҳанги пайванддиҳандаи худ истифода мекунанд. Кофист дар чустучуҳои хадамоти Гугл (Google) ду  калима фоли Ҳофизро бинависед ва даҳҳо сойту веблогро барои гирифтани анвои фоли Ҳофиз пайдо кунед.

Ахиран фоли Ҳофиз барои телефони ҳамроҳ низ боб шудааст.

Албатта ҳамон тавр, ки гуфтем анвои гуногуни фолгири мавчуданд, ки ба онҳо шомил мешаванд: Фоли Каҳва, Фоли Чаъфар,Фоли Гулбарг, Фоли Куръон, Фоли Чуб, Фоли Анбиё ва гайра

Миёни ирониён расм аст, ки вакте  ба дуроҳае мерасанд ва интихоби яке аз роҳҳо барояшон мушкил аст, суроги истихора ё фол мераванд.

Маъмулан истихораро бо Куръон ё тасбеҳ анчом медиҳанд ва барои фол суроги дивони Ҳофиз мераванд.

Этимологияи вожа

Калимаи фол як вожаи араби аст. Лугати роич ва кадими, ки дар Куръон ба кор нарафта магар муодилаҳояш, ки татир ва тоираст ва  мо муодили инҳоро “марво” барои фоли хуб ва “маргво” барои фоли бад дорем.”Мар” ки дар “маргво” ҳаст калимаи мург ҳаст ва дар “марво” ҳам ба маънии мург ҳаст.Ҳарду яъне “мурги ово” барои ин ки бо овоз ва ҳаракати парандагон  фол мегирифтанд.Бархе парандагонро хушямн медонистанд.

Шакаршикан шаванд ҳама тутиёни Ҳинд

З-ин канди порси,ки ба Бангола меравад…

Яке аз чолибтарин девонҳои Ҳофиз, девонест, ки дар Ҳинд ба даст омада, девоне бо ёддоштҳое,ки яке аз дигаре ачибтар аст. Фолҳое дарбазнгоҳи таърихи гирифтаанд. Подшоҳон ва шоҳзодагон навиштаанд,ки  дар чунин вокеае мо чунин фоле гирифтем, он вакт дуруст даромада ва як ситоише аз Ҳофиз, ёде дар ҳакки Ҳофиз, ё назре ё ниёзе низ мавриди ишораҳост.Дар ҳошияи ин китоб шоҳони мугули аз чумла Ҳумоюн, Чаҳонгир ва Доро шукуҳи ёддоштҳои таърихии  бисёр арзишманде дар бораи дурусти ва муносиби ҳол даромадани фоли Ҳофиз ба забони форси навиштаанд.

Машҳур аст, ки имруз дар хонаи ҳар ирони як дивони Ҳофиз ёфт мешавад. Ирониён тибки русуми кадимии худ дар рузҳои иди милли ё мазҳаби назири Навруз бар сари суфраи ҳафт син ва ё шаби ялдо бо китоби Ҳофиз фол мегиранд. Барои ин кор як нафар аз бузургони хонавода ё касе,ки битавонад шеърро ба хуби бихонад ё касе,ки дигарон муътакиданд ба истилоҳ хуб фол мегирад,ибтидо ният мекунад,яъне дар дил орзуе мекунад.Сипас ба таври тасодуфи саҳфаеро аз китоби Ҳофиз мегушояд ва бо садои буланд шуруъ ба хондан мекунад.

Ҳофиз замоне,ки монда мешавад ба фол ру меоварад:

Аз гами ҳачр макун нолаву фарёд,ки душ,

Задаам фолею фарёдрасе меояд..

Рузи ушшоқ

Ё назаре ба тоърихчаи ин ид дар тули тоърих дар кишварҳои гуногун

Рузи Волентин (рузи ушшоқ ё рузи ишқварзи) идест ҳамасола дар рузи 14 феврал баргузор мешавад.

Ин ибрози ишқ маъмулан бо фиристодани корти волентин ё хариди ҳадяҳое монанди гули сурх анҷом мешавад.Собеқаи тоърихии рузи Волентин ба ҷашне ки ба ифтихори қудиси Волентин дар колисоҳои котолук баргузор мешавад, боз мегардад.

Пешинаи тоърихи

Тоърихчаи комил ва дақиқи Волентин дар даст нест ва он чи аз пешинаи ин руз медонем бо афсона даромада аст.

Имруз колисои котолук ба ин натиҷа расидааст, ки ҳадиақал се қудис (сент ба англиси Saint лакаби бисёр мукаддасу мазхаби дар колисохои котоликхост) ба номи Волентин вуҷуд доштаанд, ки ҳамаги ба шаҳодат расидаанд, ба ҳамин далел чанд афсона талош дар бозгуи ин тоърихчаи ин оин доранд.

Ривоятҳои машҳур

Дар садаи савуми милоди ки мутобиқ мешавад бо авоили шоҳоншоҳии Сосони дар ирон дар Руми Бостон фармонравое будааст, ба номи Клодиюси дувум.Клодиюс ақида дошт мардони муҷаррад нисбат ба ононе,ки  ҳамсару фарзанд доранд, сарбозони ҷангҷутар ва беҳтаре ҳастанд.Аз ин ру  издивоҷро барои сарбозони Императури Рум кадган мекунад.Клодиюс ба қадре бераҳму фармонаш ба андозае қотеъ буд,ки ҳеҷ кас ҷуръати кумак ба издивоҷи сарбозонро надошт.(Шояд зикр аст дар он ҳангом ҳануз Императури Рум  бо оини масеҳият нагаравида буд ва ин амр тақрибан 40 сол баъд аз даврони Клодиюси дувум яъне дар даврони Констонтини аввал сурат гирифт ) Аммо кушише ба номи Волентин махфиёна ақди сарбозони румиро бо духтарони маҳбубашон ҷори мекард, ҳангоме,ки Клодиюс ин амро дарёфт,Волентинро дастгир ва зиндони кард.Клодиюс  ба манзури мунсариф сохтани Волентин аз бовари хеш ба зиндон ва ба истиқболи вай шитофт ва уро мавриди муҳаббати фаровон қарор дод.

Ин дар ҳоле буд, ки Волентин низ ба гунаи мутақобил кушид то Клодиюсро ба оини масеҳият фаро хонад, амре,ки муҷиботи хашми Императори Румро фароҳам сохт ва ҳукм ба эъдоми вай дод, ҳангоме,ки Волентин дар зиндон ба сар мебарад,яке аз зиндонбонон духтаре нобино дошт,ки ба зиндон меомад, ба тафсил бо Волентин сухан мегуфт ва дуруст пеш аз он,ки  Волентин ба эъдом маҳкум гардад,, барои он духтари нобнино корте фиристод ки бар руи он нигошта буд: “Аз тарафи Волентини ту (From your Valentine)” имзо кардааст, истилоҳе,ки то имруз мавриди истифода қарор гирифта ва руи кортҳои Волентин мушоҳида мешавад.

Афсонаи дигар ҳоки аз он аст,ки ҳангоме,ки  Волентинро ба зиндон афканданд, мардум барои вай ёддоштҳои кучак,ки  дар лифофа печонда буданд ва дар шикофиҳои девораи сулулии вай ҷосози мекарданд мефиристоданд ва у онҳоро ёфт ва дар ҳаққи онҳо ниёиш кард. Ба дигар сухан, бунёди тоърихии корти Волентин ҳамин амр аст.Кушиши Волентиюс дар 14 феврал 270 мелоди (дар бархе  ривоят мутобиқ бо соли 273 баъд аз милод ) эъдом шудааст. Бинобар ин уро ба унвони фидои ва шаҳиди роҳи ишқ медонанд ва аз  он замон Волентин табдил ба  намоде барои ишқ шудааст ва бадин руст,ки дар кишварҳои ҷаҳон, ба вижа кишварҳои урупои ва Омрикои шимоли маросими рузи Волентин ҳама сола дар 14 феврал баргузор мегардад.

Шаҳрҳои мансуб ба Волентини муқаддас

Бар асоси боварҳои кунуни бақоёи Волентини муқаддас дар садаи 19 милоди дар қабристони бостони дар Итолиё кашф шуд, ҳамакнун дар се шаҳри Рим, Дублин ва Глосгу нигаҳдори мешавад.Бахше аз ин бақоё пас аз интиқол ба як тобути талои тавассути поп Георгийи 16-ум ба калисои котулик Войт Фройр дар Дублин пйтахти Ҷумҳурии Ирланд эҳдо шуд.Бахши дигаре аз ин бақоё ,ки гуфта мешавад, шомили устухонҳои Волентини муқаддас аст, тавассути як хонаводаи фаронсави дар садаи 19-ум ба калисои Фронсиси муқаддас дар шаҳри Глосгу дар Искотланд мунтақил шуд.Хориҷ аз ҳалқаҳои мазҳаби аз  мардуми одди камтар касе  вуҷуди ин бақоё дар шаҳр иттилоъ дошт то ин,ки  дар соли 1999 тасмим ба интиқоли ин бақоё ба колисои дигаре ба номи The Blessed John Duns Scotus гирифта шуд.Ин иқдом таваҷҷуҳи густурдаи расонаҳо ва ба табъи он умуми мардумро ба дунол дошт ба тавре,ки шаҳри Глосгу ба хотири мизбони Волентини мукаддас  “Шаҳри ушшоқ” лақаб гирифт ва аз соли 2002 ин шаҳр дар рузи Волентини муқаддас мизбони фестиволе ба номи “фестиволи ишқ” мебошад.

Русуми Волентин

Дар кишварҳои урупои ва Амрикои додани шоколот ба унвони ҳадяи рузи Волентин аз шухрати хосе бархурдор аст.Тазъини шоколот ва пухтани анвоъи он низ аз одоби ин руз ба шумор меравад. Аз назари илми ҳам собит шудааст,ки хурдани шоколоти dark ё ҳамон сиёҳ мизони ишқро дар инсон боло мебарад,албатта на  масрафи беруяи он.

Дар дигар фарҳангҳо

Бархе бар онанд,ки Волентин фаротар аз суннати гарби аст,ки  пеш аз ин дар бисёре кишварҳои ҷаҳон мавҷуд будааст.Дар кишвари Чин рузи мушобеҳи Волентин мавҷуд аст,ки  таҳти унвони “Шаби ҳафтҳо” номида мешавад. баробари афсонаи чини писари говчарон ва духтари бофанда дар ҳафтумин рузи ҳафтумин моҳ аз тақвими қамари дар осмон бо якдигар мулоқот карданд.Охирин “шаби ҳафтҳо” дар 30 Ут 2004 буд. (30 ут дусаду чиҳилу ним рузи сол дар тақвими Грегури)Ривояти дигар аз ин руз бо андаке тафовут нисбат ба Чин дар Жопон низ мавҷуд аст,ки  аз он ба унвони “Тонобото” ёд мегардад.Дар кишвари Миср рузи ишқи дигаре мавҷуд аст,ки  баробар бо 4 ноябри ҳар сол аст.Дар Кореи Ҷануби дар 11 декабр ҳар сол рузи таҳти унвони “Рузи папару” мавҷуд аст,ки дар он  завҷаҳои ҷавон ҳадяҳое ба якдигар тақдим мекунанд.

Дар фарҳанги ирони

Сепандормазгон ҷашни гирмидошти замин ва зан  ва рузи меҳрварзи ба  мазоҳири меҳру фурутани аст.Дар ин руз ки мусодифаст бо 29 баҳманмоҳ мардон ба занони худ бо муҳаббат ҳадя медоданд ва занону духтаронро аз корҳои рузмарра маоф карда бар таҳти шоҳи менишонданд ва аз онҳо тоат мекарданд.

Ахиран гуруҳе аз дустдорони  фарҳанги ирони пешниҳод кардаанд,ки  ба манзури ҳифзи фарҳанги ирони Сепандормазгон ба ҷои Волентин ба унвони рузи Ишқ гироми дошта шавад.

Дар Арабистони Сауди

Дар Арабистони Сауди фуруши маҳсулот марбут ба рузи Волентин монанди гули руз дар рузҳои наздик ба ин руз мамнуъ мебошад ва пулиси мазҳаби ин кишвар аз магозадорон мехоҳад то ҷунин чизҳоеро ба фуруш нарасонанд.

Дар Гарб-Аврупо

Дар ҳоле,ки бо ирсоли корт, гул, шоколот ва ҳадяҳое дигар дар Бритониё рузи Волентин суннатест,аммо ин руз дар манотиқи дунё дорои расму русуми гуногунест. Масалан дар Норфолк кишваре дар шарқи Инглистон чунин расме руи кор аст,ки дар ин руз  нафаре ки уро “Ҷак” меноманд,ба назди дари хонаҳо меояд ва бо гузоштани ширинию ҳадяҳо баори кудакон бар дар так-таке карда меравад. Бо вуҷуди он,ки у барои бачаҳо ҳадяҳо мегузошт,аммо аксар кудакон аз ин одами аҷиб ҳарос доштанд.

Дар Фаронса ин кишвари  аз лиҳози расму оин котулики Рузи Волентин чун “Рузи Волентини муқаддас” чун дигар кишварҳои Гарб як хел ҷашн гирифта мешавад.

Дар Испониё бошад “Рузи Волентин” чун рузи”Волентини муқаддас” номида шуда монанди русуми кишвари Бритониё ҷашн гирифта мешавад.

Дар Португалия ин рузро ба унвони рузи “Dia dos Namorados” яъне “Рузи ошиқон” меҳисобанд.

Дар Демарк ав Норвей Рузи Волентин (14 феврал) чун рузи ” Valentinsdag” номида шуда, ҳарчанд бо дараҷаи оли ҷашн нагирад ҳам,аммо қисми аъзами мардуми ин кишвар вақте ҷудо намуда бо ҳамнафасу дустдори хеш паромуни суфраи румонтику ошиқона ҷамъ мешаванд ё ба дусдоштаи худ корт, гули сурх ҳадя мекунанд.

Дар Свиден кишваре дар шимоли Аврупо ин рузро “Alla hjärtans dag” ё “Рузи тамоми қулуб” унвон мекунанд,ки дар соли 1960 огоз ёфтааст.

Дар Финландия ин рузро бо гуиши худ “Ystävänpäivä” мегуянд,ки он чун “Рузи дуст” тарҷума мешавад.Он гуна ки ин ном нишон медиҳад дар ин руз кас тамоми дустонашро ба хотир меоварад, на танҳо дустдоштаро, балки тамоми он нафароне,ки  иртиботи наздик доранд.

Дар Истония ин рузро «Sõbrapäev” меноманд,ки ин руз низ чун “Рузи дуст” унвон мешавад.

Дар Словения мутобиқи як мақол “Рузи Волентин калиди реша яъне руишро меоварад”,яъне дар 14 феврал рустаниву гулҳо шуруъ ба сабзидан мекунанд.Инчунин гуфта мешавад,ки дар ин руз паранҳову тоирони гуногун бо ҳам ибрози ишқ мекунанд ва хонадор мешаванд.Бо вуҷуди ин онро ба тозаги ба уинвони рузи ишқ ҷашн мегирифта шудаанд.

Дар Мексика бошад ин рузро “Día del Amor y la Amistad” яъне “Рузи ишқ ва дусти” унвон мекунанд.Дар ин руз мардумон дустони худро ҳурмату эҳтиром мекунанд.

Дар ҷануби Амрико “Рузи ишқ ва дусти” ва “Рузи ҳамроз” хеле шуҳрат доранд,ки ҳардуи ин ид дар рузи 14 феврал баргузор мешаванд.

Осиё

Дар Ҷопон дар соли 1960 Моринага яке аз бузургтарин  ширкатҳои  санъати ширинисози русуми  ҳадя додан ба мардон аз тарафи занонро ихтисос дод,ки танҳо занон бояд ба мардон шоколот бидиҳанд.Ба вижа занони оффиснишин ба кормандони худ шоколот медоданд.Пас аз як моҳе рузи 14 март  иде таҳти унвони “Рузи сафед” аз тарафи ин иттиҳодияи ширинисози ба вуҷуд омад,ки он чун  рамзи “Рузи ҷавоб” мебошад,ки ин ба мардон низ имконият дод то ба шоколоти додаи занон ҳадяе баргардонанд.

Дар Кориёи Ҷануби дар рузи 14 Феврал занон ба мардҳо шоколот ҳадя мекунанд ва мардон бошад дар рузи 14 Март (Рузи сафед) ба хонумон канфетҳои бидуни шоколот медиҳанд.Дар рузи 14 Апрел (“Рузи сиёҳ”)  онҳое,ки дар таърихи 14 феврал ва 14 март чизе нагирифтаанд ба рестуронҳои чини рафта мокорунии сиёҳ хурда ватанҳоии хешро “мотам” мегиранд.

Дар давлати пурҷамияттарини ҷаҳон Чин чунин расме мавҷуд аст,ки дар “Рузи Волентин” мардҳо ба занҳои дустдоштаи худ шоколот медиҳанд.

Дар Филипин  бошад ин рузро “Рузи қулуб” меҳонанд.

Ҳизби сиёсии “Ҷамоати исломи”-и Покистон ба тозаги ҷашнгирии ин рузро мамнуъ эълон намуд ва ин рузро “Рузи шармандаги “унвон кард.Ба акидаи ин ҳизб мардумони Гарб дар ин руз ташнагиҳои ҷинсии худро таъмин мекунанд,ки ин тавҳин ба шаъни Ислом аст.Бо вуҷуди ин дар Покистон ҷашнгирии ин ид ба тадриҷ меафзояд ва дукони гулфурушҳо умед доранд,ки теъдоди зиёди гулҳо ба  хусус гули сурх мефурушанд.

Ин буд шаммае аз торихчаи “Иди ошиқон.”

Тарчума ва тахияи муаллиф