Featured

БОҒИ ХУҶАСТА ДАР ТЕҲРОН ШУКУФТ



«#Боғе_пур_аз_шукуфа» тозатарин асари устод #Аъзам_Хуҷаста, шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори Тоҷикистонро нашриёти “Ноҳунта” дар шаҳри Теҳрон мунташир кард.

Ин маҷмӯъаи иборат аз 150 сафҳа, фарогири ғазалҳои шӯрангези шоир аст, ки дар давраҳои мухталиф эҷод шуда ва хонандаро ба оғӯши боғе пур аз шукуфаҳои умеду ишқу орзу ва рӯшанӣ мебарад.

Устод Хуҷаста аз шоирони хуҷастаном ва соҳибсабки Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ ва пурбор дар ҳавзаи шеъру адабиёт дорад.

Ӯ дорандаи Нишони тиллоии Фирдавсӣ (Муассисаи фарҳангии ЭКО, 2011, Эрон), барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (Барои асарҳои “Нолаҳои бод” ва “Омад баҳор бе ту” , 2020, Тоҷикистон) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шоир Аъзам Хуҷаста, то қабл аз ин асар, 8 маҷмӯаи шеърӣ бо номҳои:

“Соярӯшан”, 2002, Эрон
“Чашмаи зулол”, 2011, Эрон
“Сапедаро салом”, 2014, Тоҷикистон
“Истгоҳи зиндагӣ”- 2016, Тоҷикистон
“Омад баҳор бе ту” 2017, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод” 2019, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод”, 2020, Эрон
“Ба лутфи ёди ту” , 2021, Тоҷикистон-
ро дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир намуда, имрӯз яке аз шоирони матраҳ дар ҳалқаҳои форсигӯи минтақа маҳсуб мешавад.

Ин навидро ба устод ва дӯстдорони адаб муборакбод мегӯем.

#Адабиёт #Тозанашр #Китоб #Шеър #Аъзам_Хуҷаста

Featured

Шаб мондагор нест

Ҳамрешаҳо дуруд, манам, ҳамдами шумо
Ровии достони суруру ғами шумо
Эй насли захмдидаи торихи султавар
Рухсат диҳед то бишавам марҳами шумо
Одам ҳамеша зинда ба умеду орзуст
Шодӣ кунед то биравад мотами шумо
Ин девсиратон ба муроде намерасанд
Аз ҳафтхон убур кунад Рустами шумо!
Имон биёваред ба ойини иттиҳод
То душмани палид шавад сархами шумо
Мерақсад ошиқона ба сози насими ишқ
Бар бом-боми хонаатон парчами шумо
Шаб мондагор нест! Тулӯъ мекунад кунун
Хуршед пушти дидаи пуршабнами шумо
Фирдавсии замонаи худ нестам, вале
Меофарам ҳамоса барои ғами шумо

#Фирдавси_Аъзам | #Ғазал | #Ҳамоса |
04.03.2023

Featured

Ҳафт Хони Исфандиёр

#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Ҳафт Хони Исфандиёр

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест.  Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.

Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”
Featured

Ҳамранги шумо на!

Дар пеши касе дарди дили танг нагуфтам,
Хомӯшаму чун мурғи шабоҳанг нагуфтам.
Монанди фалонӣ нашудам шоири дарбор,
Чизе ба ҷуз аз миллату фарҳанг нагуфтам.
Ойина манам, об манам, мазҳабам ишқ аст,
Бо шишадилон марсияи санг нагуфтам.
Бисёр ғазал гуфтаам аз ваҳдати дилҳо,
Аз сулҳу сафо гуфтаам, аз ҷанг нагуфтам.
Ҳарчанд ки дур аз Ватанам, хотирааш сабз,
Як бор ҳам аз ҳасрати Афранг нагуфтам.
Гоҳе худам аз дасти худам мехурам афсӯс
Шеъре, ки ба дилҳо бизанад чанг, нагуфтам.
Ҳамсуҳбати ман ойинаву чашмаву меҳр аст,
Сад шукр, ки аз нақшаву найранг нагуфтам.
Ҳамранги худам ҳастаму ҳамранги шумо на!
Аз тафриқа безораму аз ранг нагуфтам…
2018

Фирдавси Аъзам

Featured

ҲАМРАНГИ ХУДАМ

Дар пеши касе дарди дили танг нагуфтам
Хомӯшаму чун мурғи шабоҳанг нагуфтам
Монанди фалонӣ нашудам шоири дарбор
Чизе ба ҷуз аз миллату фарҳанг нагуфтам
Ойина манам, об манам, мазҳабам ишқ аст
Бо шишадилон марсияи санг нагуфтам
Бисёр ғазал гуфтаам аз ваҳдати дилҳо
Аз сулҳу сафо гуфтаам аз ҷанг нагуфтам

Continue reading “ҲАМРАНГИ ХУДАМ”

Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон»

Бешубха аст, ки замону макон, мухити ичтимои ба зиндаги ва фаъолияти инсон таъсир мегузорад, зеро инсон дар доираи онхо мемонад ва берун аз онхо буда ва шуда наметавонад.Чунин таъсир дар фолклор-хикмати халк низ дида мешавад, зеро мардумро одат буда ки бо шеър тавъам зистаанд.Кам одаме ёфт мешавад, ки дар инчо 50-60 байту рубои надонад ё бо оханг нахонад.Мухит чунин инсонхо тарбият менамуд.

Чупони пешаи мухиму асоси, ки ба хисоб мерафт, бешак аст, ки дар танхоихо байни куххои баланд, ки садо акс немдихад, шавку илхоми одам меояд.Фолклор муаллифи мушаххасе ё ягонае надорад, он моли халк аст.Аз ёдхо ба ёду хотирот мегузарад ва хирмани бузургеро ташкил медихад.Бисёр мисолхои аник метавон овард, ки гуяндагони он маълуми мушаххасанд ва онхоро аксаран филбадеха гуфтаанд.

Чунончи, Мулломухаммадрачаб-шахси зарофатгую хозирчавоб дар хашари алафдарви ба сохиби кор чунин мегуяд:

Хезед нашинед тарaддуди ош кунед,

Дар пеши даравгарон палав чош кунед.

Сохибкор хам суст намеояд:

Дар огали мо на гов монду на рама

Руган ба Каротегин,биринч да (р) Курма.

Ё мисоли дигар.Дар замоне, ки дар дарё тилло кор мекарданд, марде бо номи Одина кор мекард ва уро Одинаи “залатой” мегуфтанд.Баъд дар хаки у чунин байт сурудаанд.

“Точикзалатой” акнун пароканда шудаст,

Дар назди халоик аз хама ганда шудаст.

Муллоабдулло табъи баланди шоири доштааст.Сатрхои зерин моли уянд:

Вой аз сари шаррахою вой аз обаш

Вой аз сари Шахи Зарду чои хобаш

Дар гарми хамво муяссарам гардунад,

Сад бор мурам ба Чашмаи Широбаш

Дар яке аз паюгонихои (туи аруси) махал шохид будем, ки кампире лагандча дар даст бо лахни шевову чаззоб  ин байтро хонду аз гиря хиккакаш гирифт.

Ин кутали Зойти буроз асту нишеб

Чо-чо гули анбар асту чо-чо гули себ.

Эхтимол хамон лахза ба ёди кампир зодгохаш рансиду онро бадехатан замзама  намуд., зеро мо на дар китобхои фолклор ва на дар забони мардум онро дарёфт  накардем.

Чунин мисолхо хеле зиёданд.

Дилварзира шаб пашшаю руз офтобаш

Мачора мурам ба шаррахои обаш.

Ин байтро наметавон тахкир кард, ба он эхтиёч нест,харчанд, ки кампир “бесавод” буд,аммо байти у аз лихози шеъри нукс надорад,кофияву радиф барчо, маъни пухта, таносуби каломро бубинед:шаб-руз,Дилварзин-Масчо,офтоб-шарраи об.

То мухочират олоти афзори абёти мардуми васфи шарраю чашмахо, салкинихои сояи зардолухо, хасрату армони фарди,шиква аз бепарвоии дустдошта,зебоихои тагобу азоби чупонбача хини борон, афсуси дустдоштаи у-духтари дехоти,ки зери борон мемонад.Инчунин манзараи чавдарви,хирманкуби,орзухои бачаги, хавас хо акс ёфтаанд, кивокеан онхо садои дили пурорзу,пурхасрат ва пурдарданд.

Оби хунука ба оби чуш андозед

Байтои мани сухтара гуш андозед.

Дилварзин фолклорро хам дигаргун намуд.ИН конуни хаёт аст.Мардум бо ашёи наве чун телфон,радио,патефон,камсамоил,матлубот, парта,пахта, трактор,мошин, червон,электрик тилвизор, мактаби нав, Янток, колхоз,лампочка ва гайрахо бештар ошнои намуданд, аз онхо бахра бурданд ва дар ифодаи арзу дарди худ истифода бурданд.

Аксаран дар ашъори Дилварзини мо навои шукру сипос ба даврон, миннатдори аз Хукумат, озодии занону духтарон, тараннуми мактаби шурои ва ахёнан шикоят аз пашаю гармихои дашт ба гуш мерасад.Яъне мардум бо худ аз кухистон ба чои куххои баланд ба водии апст шеъри баландашро овард.Шеър хамвора хамнафасу хамрози онхо будааст.Бо оханги мастчохи байт хондан дар чашну базмхо як анъана буд,мутаассифона, солхои охир шеъри шуху мавсими ва кучаги чои онро гирифт.

Дар зер ба сифати намуна аввал байтхои дар Мастчох сурудашуыда ва баъд офирадахои Дилварзиниро меорем,ки хонанда  худ казовати хакики хохад намуд.

Кад-кади тагоб меравам чавдарви,

Румолчаба магзу аз кафом медави

Олуча баланди карду каддам нарасид

Ин духтари кош сиёба зурам нарасид

Ин беди баланд соя кунад болота

Офтоб назанад руи гули раънота

Масчоба мурам, Масчо мазоро дорад,

Обхои хунуку лолазорхо дорад.

Ду коши сиё дорию хардуш куша,

Якташ ба ману якташ ба гирди гуша.

Дар дасти шумо пиёлаи чои кабуд

Монанди шумо раёни масчоба набуд.

Э куртасафед куртаякат багаки бед

Сад кас ба ту ошик асту моям ба умед

Хоят гуям  намебури аз богат

Мобайни ду шохи себ чои хобат

То зинда хаям туро намонам ба касе

Баъд аз сари ман ту дону хар хору хасе

Хулбуи лаби чу шудаст меваи тар

Ру чониби мо карди дил чои дигар.

Кошот борик миёни кошот борик

Румоли сарат Рогифа кардаы торик

Худгиф мерию чи мебиёри бари ман

Дермуни накун токат надорад дили ман

Ман мемураму ду гур ковед бари ман

Якташ бари хасратому якташ абмри ман

Ту дар сари вот шинию ман дар таги вот

э дурракабуд умрама карди барбот

Садбарги сафед мебуравад бозикунун

Ранги мара карди худи барги хазун

Каддат ба мурам кадди ту паст афтодай

Кошони ту пурхумору маст афтодаы

Тагтаги тагобу меравам руболо

Ошик шудаам ба духтари домулло

Ман мерумао ба зираи дандунат

Дар гур-гури мохсину лаби хандунат

Арзанчиниба фурорамат вакти намоз

Лабхота тамошо мекунам пусти пиёз

Ман мемурамо ба хасрати дунёи

Гури мана хуч кунед дарод рушнои.

Боло мери ман ба ту боло мерам,

Ту гулчини рав ман пеши мулло мерам.

Аввал ба худо мурему охир ба шумо

Мо байта тамом кардему навбат ба шумо

Абёти Дилварзини

Ман духтари пахтакора ёраш бошам

Дар пахтачини хамдами кораш бошам.

Кошке ки худо муаллимам гардунад,

Дафтарча гирад,биёд ба пешам хунад.

Мошин ба савор шудему кардем ханда

Дилварзи барои коргурезо ганда

Мактабба фуром барфи калон меборад

Ёри мана бин бо чурахош харф дорад.

Дар шахрои мо на муфтию на кози

Мо дастибадаст кунем Хукумат рози

Тилфуни идорахо ду мели муят,

Мунанди электрик сафеди руят.

Червон тиям аэроплан бардорад,

Моро бараду бар ватано фурдорад.

Лампуска ба болои сарат рушнои

Як буса гирад ин бачаи масчои

Ай чураи чон биё равем матлубот

Дар пои шумо кулуши панчум мебот.

Повиска ба дастам доду мерам раюн

Очаш мана диду духтараш шуд гирюн.

Мошин ба савор шудем ба оби дида,

Тагдир набудаи нону насиб бурида.

эй чураи чон биё шинем дар парта,

Ту сузани патефон шаву ман карта.

Парти ману парти чураям пушти ба пушт,

Хар лахза нигохи зери чашмат мана кушт.

Офтоб шиношиной ба кадди бурсо,

Чашмам чорай, дилам кашуни Масчо.

Дар дасти шумо доданд китоби конун

Мактабба намеравнд занони нодун

Хасрат дорам тамом куни мактабата,

Дастмол кунам кошони серравганата.

Рахмат ба Хукумат ки кушод мактабаша,

Хар банда ба когаз мекашад максадаша.

Табелчи шавам тафтиш кунам корота,

Истода тамошо мекунам кошото.

Хукумати мо мактаби халки кардай,

хукуки зану марда баробар кардай.

Мактаб меравам дар дасти ман як дафта,

Дар гушаи бом шистай мисоли кафтар.

Як обе хурам оби зарафшон бошад,

Як ёре гирам табелчи колхоз бошад.

Сангои сафеду дури мактабба мурам,

Дастони сафеди ручказебатба мурам.

Сузад рахи Мастчоху ангишт нашавад,

Ин ганштани Дилварзин фаромуш нашавад.

Давида бурамадам ба руи устал,

Гап мезанамо фикру хаёлам духтар

Сар то сари айлока хурдаст молаш,

Дар дафтари колхози баромад номаш.

Имрузаба меравам ба чули Янток,

Чунунаи нозанин кунам вактата чок.

Мактаб гирадам дар пеши ёр мехунам,

эй ёри азиз дар харду кошат чунам.

Э ёри азиз лотинира медуни,

Дафтар гирию ои ба пешам хуни.

Мактаба фуром чура ба вакти дарсат,

Дастпуна шавам, гири ба банди дастат.

Хуккумати мо Хукумати рахматбод,

Кулли амали нагза ба дасти зан дод.

Аз хуна бурумади ба сад таншвикот,

Озод шудани тура намехохад акот.

Мошинба савор шудему гаштем равон,

Эй очаи чон моро ба хотир бирасон.

“Сурмаи дил”