Featured

БОҒИ ХУҶАСТА ДАР ТЕҲРОН ШУКУФТ



«#Боғе_пур_аз_шукуфа» тозатарин асари устод #Аъзам_Хуҷаста, шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори Тоҷикистонро нашриёти “Ноҳунта” дар шаҳри Теҳрон мунташир кард.

Ин маҷмӯъаи иборат аз 150 сафҳа, фарогири ғазалҳои шӯрангези шоир аст, ки дар давраҳои мухталиф эҷод шуда ва хонандаро ба оғӯши боғе пур аз шукуфаҳои умеду ишқу орзу ва рӯшанӣ мебарад.

Устод Хуҷаста аз шоирони хуҷастаном ва соҳибсабки Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ ва пурбор дар ҳавзаи шеъру адабиёт дорад.

Ӯ дорандаи Нишони тиллоии Фирдавсӣ (Муассисаи фарҳангии ЭКО, 2011, Эрон), барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (Барои асарҳои “Нолаҳои бод” ва “Омад баҳор бе ту” , 2020, Тоҷикистон) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шоир Аъзам Хуҷаста, то қабл аз ин асар, 8 маҷмӯаи шеърӣ бо номҳои:

“Соярӯшан”, 2002, Эрон
“Чашмаи зулол”, 2011, Эрон
“Сапедаро салом”, 2014, Тоҷикистон
“Истгоҳи зиндагӣ”- 2016, Тоҷикистон
“Омад баҳор бе ту” 2017, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод” 2019, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод”, 2020, Эрон
“Ба лутфи ёди ту” , 2021, Тоҷикистон-
ро дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир намуда, имрӯз яке аз шоирони матраҳ дар ҳалқаҳои форсигӯи минтақа маҳсуб мешавад.

Ин навидро ба устод ва дӯстдорони адаб муборакбод мегӯем.

#Адабиёт #Тозанашр #Китоб #Шеър #Аъзам_Хуҷаста

Featured

Шаб мондагор нест

Ҳамрешаҳо дуруд, манам, ҳамдами шумо
Ровии достони суруру ғами шумо
Эй насли захмдидаи торихи султавар
Рухсат диҳед то бишавам марҳами шумо
Одам ҳамеша зинда ба умеду орзуст
Шодӣ кунед то биравад мотами шумо
Ин девсиратон ба муроде намерасанд
Аз ҳафтхон убур кунад Рустами шумо!
Имон биёваред ба ойини иттиҳод
То душмани палид шавад сархами шумо
Мерақсад ошиқона ба сози насими ишқ
Бар бом-боми хонаатон парчами шумо
Шаб мондагор нест! Тулӯъ мекунад кунун
Хуршед пушти дидаи пуршабнами шумо
Фирдавсии замонаи худ нестам, вале
Меофарам ҳамоса барои ғами шумо

#Фирдавси_Аъзам | #Ғазал | #Ҳамоса |
04.03.2023

Featured

“МУРҒИ АРШӢ” ДАР ТЕҲРОН БА ПАРВОЗ ДАРОМАД

Нашри “Орван” дар Теҳрон китоби “Мурғи аршӣ”-гулчини дурахшонтарин чакомаҳо дар ситоиши модарро бо шуморагони 500 нусха дар 270 сафҳа бо хати форсӣ мунташир намуд.

Китоб намунаи ашъори ҳудуди сад шоирро аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон, ки бо забони форсӣ модарро сутудаанд, фароҳам овардааст.

Тарроҳии китобро духтари ҳунармандам Фархундабону бо тасвири Модар-Замин музайян сохта, ки тифлашро, ки аз осмонҳо омада, ба оғӯш мекашад.

Дар пешгуфтори китоб, ки “Чароғи рӯзгор” унвон дорад, дар бораи ангеза ва вижагиҳои ин китоб навиштаам:
“Рӯшан аст, ки Модар бо мафҳуми Ватан тавъам ва ҳаммаънист ва ҳар кас Модарашро дӯст дорад ва бар пешгоҳи ӯ эҳтиром қоил бошад, лоҷарам Меҳанашро низ ошиқона дӯст медорад.

Дар дунё шоир, нависанда, ҳунарманд ва мутафаккиреро наметавон пайдо кард, ки дар бораи бузургии ин олиҳаи меҳр сухане, асаре ва шоҳкоре наофарида бошад. Аз ин рӯ, бар ин шудам то дар ростои адои дайн бар пешгоҳи модарон ва бавижа, Модари арҷмандам ин асарро мунташир намоям.

Маҷмӯаи ҳозир аз навҳаи ҷонсӯзи Таҳмина бар марги фарзандаш-Суҳроби ял оғоз ва бо навои дилангези Суҳроби Сират-шоири ҷавони Афғонистон поён меёбад, ки модарашро ҳамтабори борон медонад”.

Дар “МУРҒИ АРШӢ” намунаи ашъори шоирони тоҷик-Устод Садриддин Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Ашур Сафар, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Қувват Давлат, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғоиб, Маликнеъмат, Фарзона, Суруш, Сурайё, Фирдавси Аъзам оварда шудааст. Ашъори китоб тибқи таърихи таваллуди гӯяндагон ҷой гирифта, бархе аз вожагони гӯишӣ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд.
Китоб аз се бахш иборат аст:
“Мурғи аршӣ”-намунаи сурудаҳои шоирони форсигӯй дар ситоиши модар-аз Фирдавсӣ то Фирдавси Аъзам,-як намуна:
Эй модари ман куҷоӣ охир,
Рӯй аз чӣ наменамоӣ охир?
Хандон зи дили замин бурун ой,
Бар гиряи зори ман бубахшой.
Рондӣ ба Биҳишт киштии хеш,
Рӯ тофтӣ аз биҳиштии хеш (Амир Хусрави Деҳлавӣ).
Бахши дуюм “Фариштаи меҳр”-суханони бузургони ҷаҳон-Суқрот, Рафаэл, Балзак, Кэнфилд Фишер, Плутарх, Виктор Гюго, Марк Твен, Фридрих Ниче, Эрнест Хемингуэй, Ҷорҷ Ҳерберт, Кайковус, Чарлз Диккенс, Саъиди Нафисӣ, Анатол Франс, Максим Горкий андар бузургии Модар, як мисол: “Қалби модар зеботарин ва ҷовидона‎тарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯй‎ҳои фарзандаш сафед шуда бошад” (Адалберт Штифтерт).
Бахши сеюм-“Модарро дил месӯзад”-зарбулмасалҳои тоҷикӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ, узбакӣ, чинӣ, покистонӣ, яҳудӣ, итолиёӣ ва ҳиндиро фаро мегирад, намуна: Ҳар ончиро кӯдак наметавонад бигӯяд, модар мефаҳмад. (зарбулмасали яҳудӣ).

Рӯшанам шуд, ки беҳтарин модарномаҳоро дар адабиёти форсӣ Устод Лоиқ (Тоҷикистон), Маҳдии Суҳайлӣ (Эрон) ва Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон) сурудаанд.

Банда соли 2006 дар нашриёти “Деваштич” китоби “Модарнома”-ро бо хати кириллӣ бо шуморагони 500 нусха ба табъ расондам ва “Мурғи аршӣ” такмил ва вироиши ҳамон китоб аст.

Аввалин китоби ҳикояҳоям-“Боғи шафтолу”-ро ба Падари азизам, ки меҳри сухан ва ишқи навиштанро дар дилам кишта буд, тақдим доштам, “Мурғи аршӣ”-ро ба модарам-Бибӣ Нодирамоҳ бо ин умед, ки сояи муборакашро Додор аз сари мо-фарзандонаш кам макунод, пешкаш намудаам.

Нашри ин китобро ба модарони гиромӣ ва ҳамаи ошиқони сухан саъду фаррухбод мегӯям!

Continue reading ““МУРҒИ АРШӢ” ДАР ТЕҲРОН БА ПАРВОЗ ДАРОМАД”
Featured

Ҳафт Хони Исфандиёр

#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Ҳафт Хони Исфандиёр

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест.  Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.

Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”
Featured

КАЛИД

Офтоб ҳанӯз дар дили торикӣ нопайдо буд, ки бедор шудам. Якрост пушти миз омадаму хостам достони кӯтоҳамро вироиш кунам. Аммо дар қисмати поёнии он дармондам. Моҷаро аз ин қарор буд: шахсияти достон, ки дунболи кашфи рози нависандагӣ аст, дар як пиёдаравии субҳгоҳӣ калиди дари хонаи иҷораашро гум кард. Соҳибхона мусофират рафтаву боистӣ ҳафтаи дигар баргардад, қабл аз сафар ҳам гуфта буд телефонаш то бозгашт рӯшан нахоҳад буд. Қаҳрамони достони ман ҳоло пушти дар истодаву намедонад чи тур вориди хона шавад…

Continue reading “КАЛИД”
Featured

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ


НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Наврӯз-Соли нав

Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст. Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Continue reading “НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”