Featured

Нома

Ҷаноби Чехуфи азиз,

Умедворам ин коғаз Шуморо дар камоли тандурустӣ биёбад. Банда ба унвони яке аз алоқамандони осори гаронсанги Шумо бароятон менависам. Намоишномаҳо ва достонҳои кутоҳи Шумо таъсири бисёр амиқе бар ман гузошта, ки наметавонам бо вожаҳо баён кунам. Сабки достоннависии мунҳасирбафарди Шуморо меситоям.

«Боғи олболу», «Мурғи дарёӣ», «Бонуе бо саги малус»…. ва дигар корҳои арзишмандатонро ба такрор хондааму мехонам ва ҳар бор лояҳо ва маънои ҷадиде дар батни вожаҳои Шумо кашф мекунам. Равише, ки Шумо вазъияти инсону печидагиҳои зеҳнро ба тасвир мекашед, воқеан қобили таваҷҷӯҳу қадрдонист.

Банда дар ҳоли ҳозир рӯи навиштани корҳои кӯчаки худ кор мекунаму гоҳе аз офаридаҳои Шумо илҳом мегирам. Тавоноии Шумо дар интиқоли эҳсосоту афкори амиқ аз тариқи забони содаю дақиқ чизест, ки дар навиштани худам саъй дар тақлид аз он дорам.

Дӯст дорам дар мавриди раванди навиштани Шумо бештар бидонам ва ин, ки чӣ чизе Шуморо ба навиштан ангеза медиҳад. Чи гуна ба навиштан наздик мешаведу чӣ чизе илҳомбахши достонҳоятон аст?

Ҳамчунин мехоҳам аз Шумо бузургвор бипурсам, ки чигуна ба ин фикр уфтодед, ки дар намоишномаҳо ва достонҳоятон ҷомеаеро ба шакли воқеъигароёна ба тасвир бикашед? Ва лутфан ба ин суол ҳам посух бинависед, ки нақши нависандаро дар ҷомеъа чигуна мебинед?

Мефаҳмам, ки мумкин аст вақти посухгуӣ ба ин номаро надошта бошед, аммо мехостам бо ин мактуб эҳсоси қадрдонии худро ба офаридаҳоятон иброз кунам. Ростӣ, ин коғазро беш аз даҳ бор навиштаму пок кардам. Лутфан нахандед.

Посухи Шумо амиқан маро хурсанд хоҳад кард.

Бо меҳр,
Як хонанда

✓—————————————————————-✓

Хонандаи гиромӣ,

Сипос аз лутфи Шумо ва ин ки вақт гузоштеду барои бандаи ҳақир навиштед. Аз таҳсини Шумо ба хотири корҳоям фурутанона муфтахар ҳастам.

Барои посух ба суоли Шумо, фароянди навиштани ман ағлаб бо таҷрибиёти шахсию мушоҳидоти худ аз дунёи атрофам ҳидоят мешавад. Инҷониб муътақидам, ки бо нигоҳи интиқодӣ ба ҷаҳон метавон дар ҳама ҷо илҳом ба даст оварду достонҳое бо шахсиятҳои муҳкаму мондагору хонданӣ офарид.

Дар намоишномаҳо ва достонҳоям талош мекунам ҷомеъаро ба шевае воқеъигароёна ва печидагиҳо ва тазодҳои таҷрибиёти инсониро дар ҳадди тавон ба тасвир бикашам. Банда имон дорам, ки бо ба тасвир кашидани шахсиятҳо ва муборизоти онҳо ба шакле воқеъигароёна метавонам ба мухотаб кӯмак кунам то худу муборизоти худро дар шахсиятҳо мунъакис кунад ва дар натиҷа, онҳоро беҳтар дарк карда, бо онҳо иртибот барқарор кунад.

Дар мавриди нақши нависанда дар ҷомеъа, бар ин назарам, ки нависанда муваззаф аст оинаеро дар муқобили ҷомеъа нигоҳ дорад ва эродоту таноқузоти онро бинамоёнад. Ӯ бояд нозири ҷомеъа, мунтақид ва садои мардум бошад.

Боз ҳам аз таваҷҷӯҳи Шумо ба осори банда ташаккур мекунам. Дар зимн, сабки номанависиятонро меситоям.

Бо меҳр,

Антон Чехуф,
Маскав

#Фирдавси_Аъзам

Continue reading “Нома”
Featured

Яке аз ҳамин рӯзҳо

Достон: #Яке_аз_ҳамин_рӯзҳо
Нависанда: #Гобриел_Горсиё_Моркез
Тарҷума: #Фирдавси_Аъзам

Саҳаргоҳи рӯзи душанбе гарму хушк буд. Урелию Эсковар (Aurelio Escovar) дандонпизшки саҳархез ва бидуни мадрак (муҷаввиз) соати шаши субҳ дармонгоҳашро (матаб) боз кард. Чанд дандони маснуъиро, ки ҳанӯз дар қолаби гачӣ буданд, аз зарфи шишаӣ бардошт. Муште аз абзорро ба тартиби андоза чунон рӯи миз чид, ки гуӣ ба намоиш гузошта аст. Ӯ пироҳани роҳ-роҳ ва бидуни гиребоне пӯшида буд, ки бар рӯи гарданаш бо гули мехии тиллоӣ баста шуда буд. Ҳамчунин, шалворе дошт, ки бо банд боло нигаҳ дошта шуда буд. Қоматаш хушку устухонӣ ва нигоҳаш ҳиҷ таносубе бо муҳити кораш надошт ва ба ранги мурдаҳо мемонд.

Вақте ҳама чизро мураттаб рӯи миз чид, пармаро ба самти сандалии дандонпизишкӣ кашид ва нишаст то дандонҳои маснуъиро сайқал диҳад. Аз зоҳираш бармеомад, ки аслан дар фикри кораш нест, вале якрез кор мекард, ҳатто замоне ҳам, ки эҳтиёҷе ба парма надошт, бо пой онро мегардонд.

Баъд аз соати ҳашт, лаҳзае аз кор даст кашид то аз тиреза осмонро тамошо кунад. Мутаваҷҷеҳи ду лошахур шуд, ки рӯи лабаи пушти боми хонаи ҳамсоя нишаста буданд то хушк шаванд. Ӯ бо ин бардошт, ки то пеш аз наҳор дубора борон шурӯъ ба бориш хоҳад кард, ба кори худ баргашт. Садои ҷиғи писари ёздаҳсолааш ҳавосашро ба ҳам рехт.

«Додо!»

«Бале?»

«Шаҳрдор мехоҳад бидунад, ки оё дандунашро мекашед?»

«Гӯяш нестам».

Дандонпизишк машғули сайқал додани дандони тилло буд. Онро ба фосилаи оринҷаш нигаҳ дошта, бо чашмони нимабоз баррасӣ мекард. Писараш боз аз утоқи кӯчаки интизор фарёд зад:

«Мегӯяд дар хуна ҳастед, чун овозатуна мешунавад».

Дандонпизишк ҳамчунон машғули баррасии дандон буд. Вақте кораш бо он тамом шуд ва онро рӯи миз гузошт, гуфт: «Беҳтар шуд!».

Пармаро дубора рӯшан кард. Чанд тикка аз як навори иттисолро аз ҷаъбаи чӯбӣ бардошт. Дар ин ҷаъба чизҳоеро нигоҳ медошт, ки ҳанӯз бояд рӯи онҳо кор мекард. Ва дубора ба сайқал додани тилло пардохт.

«Додо!»

«Бале?»

Ҳанӯз тағйире дар чеҳраи ӯ мушоҳида намешуд.

«Мегӯяд агар дандунаша накашед, бо туфанг мекушадатун».

Оҳиста ва бо ҳаракати бисёр ором педал задани пармаро мутаваққиф кард, онро аз сандалӣ дур карду ҷевони поини мизро комилан берун кашид. Дар онҷо як ҳафттир буд. Гуфт: «Бисёр хуб. Гӯяш биёду мана кушад».

Ӯ сандалиро чархонд то рӯбарӯи дар қарор бигирад ва дасташро рӯи лабаи ҷевон нигаҳ дошт. Шаҳрдор дар остонаи дар зоҳир шуд. Тарафи чапи сураташро тарошида буд вале тарафи дигар, ки варам карда буд ва дард дошт, панҷ рӯзе мешуд, ки ислоҳ нашуда буд.
Дандонпизишк дар чашмони шаҳрдор бетобии чанд шабро медид. Бо нӯги ангуштонаш чевонро баст ва ба нармӣ гуфт: «Биншинед».

Шаҳрдор гуфт: «Субҳ ба хайр».
Дандонпизишк гуфт: «Субҳ ба хайр».

Зимни ин ки васоил дохили об меҷӯшид, шаҳрдор сарашро ба зерсарии сандалӣ такя доду ҳис кард ҳолаш беҳтар шуда аст. Нафасҳояш сард буданд. Матаби фақиронае буд; як сандалии чӯбии қадимӣ, пармаи педолӣ, ҷоливонӣ бо бутриҳои серомикӣ. Рӯбарӯи сандалӣ, панҷарае буд бо пардаи кӯтоҳе то ҳадди шона аз он овезон. Вақте шаҳрдор ҳис кард, ки дандонпизишк ба тарафаш меояд, пошнаҳояшро муҳкам ба замин фишор дод ва даҳонашро боз кард.

Урелию Эсковар сари шаҳрдорро ба самти нури чароғ гирифт. Баъд аз муоинаи дандони чирккарда, бо ангуштонаш, бо андаке фишор даҳони шаҳрдорро муҳтотона баст.

Гуфт: «Бояд бидуни беҳиссӣ бикашамаш».

«Барои чӣ?»

«Чун обса доред».

Шаҳрдор ки саъй мекард лабханд бизанад, ба чашмони дандонпизишк нигоҳ карду гуфт: «Бошад».
Дандонпизишк лабханд назад. Зарфи васоили зиддиуфунишударо овард ва ҳамчунон хунсард буд. Баъд зарфи барои афкандани оби даҳонро ба пеш тела дод ва рафт то дастҳояшро дар дастшӯӣ бишӯяд. Тамоми ин корҳоро бидуни нигоҳ ба шаҳрдор анҷом медод, вале шаҳрдор тамоми муддат чашм аз ӯ барнамедошт.

Дандони хароб, як дандони ақли поин буд. Дандонпизишк пойҳояшро каме аз ҳам боз карду дандонро бо анбури доғ муҳкам гирифт. Шаҳрдор ду дастаи сандалиро муҳкам гирифта буд ва пойҳояшро бо тамоми қудрат рӯи замин фишор медод ва ҳис мекард, ки гурдаҳояш мунҷамид шуда, вале ғингаш намебаромад. Дандонпизишк фақат банди дасташро ҳаракат медод. Бе ҳеҷ кинае ва бо мулоимати нешдор гуфт: «Ҳоло бояд товони ун бист нафар куштаро пас диҳед».

Шаҳрдор садои қарач-қуручи устухонҳои анголакашро мешуниду чашмонаш пур аз ашк шуда буд. Вале то берун омадани дандон, нафасро дар сина ҳабс кард. Баъд онро аз пушти ашкҳояш дид. Дандон чунон бо дарде ки мекашид ғариба менамуд, ки азоби панҷ шаби гузаштаро фаромӯш кард.

Шаҳрдор рӯи зарфи оби даҳон хам шуд. Арақ карда буду нафас-нафас мезад. Тугмаи юниформашро боз кард ва аз ҷайби шалвораш дастмолашро берун овард. Дандонпизишк ба ӯ дастмоли тамизе доду гуфт: «Ашкҳоятро пок кун».

Пок кард. Меларзид. Вақте дандонпизшк дастҳояшро мешуст, чашми шаҳрдор ба сақфи фарсуда ба ҳамроҳи тори анкабути хокхурда бо тухмҳои анкабут ва ҳашароти мурда дар он уфтод. Дандонпизишк дастҳояшро хушк карду баргашт ва гуфт: «Биравед истироҳат карда, бо намакоб ғар-ғара кунед».

Шаҳрдор аз ҷояш баланд шуд ва ба сабки низомӣ худоҳофизӣ карду ба самти дари хуруҷӣ рафт, дар ҳоле ки пойҳояшро бар замин мекашиду тугмаҳои либосашро набаста буд. Гуфт:

«Суратҳисобро бароям фирист».

«Барои шумо ё барои шаҳр?»

Шаҳрдор ба ӯ нигоҳ накард. Дарро баст ва аз пушти парда гуфт:

«Ҳардуи ин лаънатиҳо як чизанд». (Пули шаҳр ҳамон пули ман аст. Ф.А)

Поён

#Яке_аз_ҳамин_рӯзҳо
#Гобриел_Горсиё_Моркез
#Фирдавси_Аъзам

Continue reading “Яке аз ҳамин рӯзҳо”
Featured

Ҳафт Хони Исфандиёр

#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Ҳафт Хони Исфандиёр

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест.  Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.

Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”

Рузи ушшоқ

Ё назаре ба тоърихчаи ин ид дар тули тоърих дар кишварҳои гуногун

Рузи Волентин (рузи ушшоқ ё рузи ишқварзи) идест ҳамасола дар рузи 14 феврал баргузор мешавад.

Ин ибрози ишқ маъмулан бо фиристодани корти волентин ё хариди ҳадяҳое монанди гули сурх анҷом мешавад.Собеқаи тоърихии рузи Волентин ба ҷашне ки ба ифтихори қудиси Волентин дар колисоҳои котолук баргузор мешавад, боз мегардад.

Пешинаи тоърихи

Тоърихчаи комил ва дақиқи Волентин дар даст нест ва он чи аз пешинаи ин руз медонем бо афсона даромада аст.

Имруз колисои котолук ба ин натиҷа расидааст, ки ҳадиақал се қудис (сент ба англиси Saint лакаби бисёр мукаддасу мазхаби дар колисохои котоликхост) ба номи Волентин вуҷуд доштаанд, ки ҳамаги ба шаҳодат расидаанд, ба ҳамин далел чанд афсона талош дар бозгуи ин тоърихчаи ин оин доранд.

Ривоятҳои машҳур

Дар садаи савуми милоди ки мутобиқ мешавад бо авоили шоҳоншоҳии Сосони дар ирон дар Руми Бостон фармонравое будааст, ба номи Клодиюси дувум.Клодиюс ақида дошт мардони муҷаррад нисбат ба ононе,ки  ҳамсару фарзанд доранд, сарбозони ҷангҷутар ва беҳтаре ҳастанд.Аз ин ру  издивоҷро барои сарбозони Императури Рум кадган мекунад.Клодиюс ба қадре бераҳму фармонаш ба андозае қотеъ буд,ки ҳеҷ кас ҷуръати кумак ба издивоҷи сарбозонро надошт.(Шояд зикр аст дар он ҳангом ҳануз Императури Рум  бо оини масеҳият нагаравида буд ва ин амр тақрибан 40 сол баъд аз даврони Клодиюси дувум яъне дар даврони Констонтини аввал сурат гирифт ) Аммо кушише ба номи Волентин махфиёна ақди сарбозони румиро бо духтарони маҳбубашон ҷори мекард, ҳангоме,ки Клодиюс ин амро дарёфт,Волентинро дастгир ва зиндони кард.Клодиюс  ба манзури мунсариф сохтани Волентин аз бовари хеш ба зиндон ва ба истиқболи вай шитофт ва уро мавриди муҳаббати фаровон қарор дод.

Ин дар ҳоле буд, ки Волентин низ ба гунаи мутақобил кушид то Клодиюсро ба оини масеҳият фаро хонад, амре,ки муҷиботи хашми Императори Румро фароҳам сохт ва ҳукм ба эъдоми вай дод, ҳангоме,ки Волентин дар зиндон ба сар мебарад,яке аз зиндонбонон духтаре нобино дошт,ки ба зиндон меомад, ба тафсил бо Волентин сухан мегуфт ва дуруст пеш аз он,ки  Волентин ба эъдом маҳкум гардад,, барои он духтари нобнино корте фиристод ки бар руи он нигошта буд: “Аз тарафи Волентини ту (From your Valentine)” имзо кардааст, истилоҳе,ки то имруз мавриди истифода қарор гирифта ва руи кортҳои Волентин мушоҳида мешавад.

Афсонаи дигар ҳоки аз он аст,ки ҳангоме,ки  Волентинро ба зиндон афканданд, мардум барои вай ёддоштҳои кучак,ки  дар лифофа печонда буданд ва дар шикофиҳои девораи сулулии вай ҷосози мекарданд мефиристоданд ва у онҳоро ёфт ва дар ҳаққи онҳо ниёиш кард. Ба дигар сухан, бунёди тоърихии корти Волентин ҳамин амр аст.Кушиши Волентиюс дар 14 феврал 270 мелоди (дар бархе  ривоят мутобиқ бо соли 273 баъд аз милод ) эъдом шудааст. Бинобар ин уро ба унвони фидои ва шаҳиди роҳи ишқ медонанд ва аз  он замон Волентин табдил ба  намоде барои ишқ шудааст ва бадин руст,ки дар кишварҳои ҷаҳон, ба вижа кишварҳои урупои ва Омрикои шимоли маросими рузи Волентин ҳама сола дар 14 феврал баргузор мегардад.

Шаҳрҳои мансуб ба Волентини муқаддас

Бар асоси боварҳои кунуни бақоёи Волентини муқаддас дар садаи 19 милоди дар қабристони бостони дар Итолиё кашф шуд, ҳамакнун дар се шаҳри Рим, Дублин ва Глосгу нигаҳдори мешавад.Бахше аз ин бақоё пас аз интиқол ба як тобути талои тавассути поп Георгийи 16-ум ба калисои котулик Войт Фройр дар Дублин пйтахти Ҷумҳурии Ирланд эҳдо шуд.Бахши дигаре аз ин бақоё ,ки гуфта мешавад, шомили устухонҳои Волентини муқаддас аст, тавассути як хонаводаи фаронсави дар садаи 19-ум ба калисои Фронсиси муқаддас дар шаҳри Глосгу дар Искотланд мунтақил шуд.Хориҷ аз ҳалқаҳои мазҳаби аз  мардуми одди камтар касе  вуҷуди ин бақоё дар шаҳр иттилоъ дошт то ин,ки  дар соли 1999 тасмим ба интиқоли ин бақоё ба колисои дигаре ба номи The Blessed John Duns Scotus гирифта шуд.Ин иқдом таваҷҷуҳи густурдаи расонаҳо ва ба табъи он умуми мардумро ба дунол дошт ба тавре,ки шаҳри Глосгу ба хотири мизбони Волентини мукаддас  “Шаҳри ушшоқ” лақаб гирифт ва аз соли 2002 ин шаҳр дар рузи Волентини муқаддас мизбони фестиволе ба номи “фестиволи ишқ” мебошад.

Русуми Волентин

Дар кишварҳои урупои ва Амрикои додани шоколот ба унвони ҳадяи рузи Волентин аз шухрати хосе бархурдор аст.Тазъини шоколот ва пухтани анвоъи он низ аз одоби ин руз ба шумор меравад. Аз назари илми ҳам собит шудааст,ки хурдани шоколоти dark ё ҳамон сиёҳ мизони ишқро дар инсон боло мебарад,албатта на  масрафи беруяи он.

Дар дигар фарҳангҳо

Бархе бар онанд,ки Волентин фаротар аз суннати гарби аст,ки  пеш аз ин дар бисёре кишварҳои ҷаҳон мавҷуд будааст.Дар кишвари Чин рузи мушобеҳи Волентин мавҷуд аст,ки  таҳти унвони “Шаби ҳафтҳо” номида мешавад. баробари афсонаи чини писари говчарон ва духтари бофанда дар ҳафтумин рузи ҳафтумин моҳ аз тақвими қамари дар осмон бо якдигар мулоқот карданд.Охирин “шаби ҳафтҳо” дар 30 Ут 2004 буд. (30 ут дусаду чиҳилу ним рузи сол дар тақвими Грегури)Ривояти дигар аз ин руз бо андаке тафовут нисбат ба Чин дар Жопон низ мавҷуд аст,ки  аз он ба унвони “Тонобото” ёд мегардад.Дар кишвари Миср рузи ишқи дигаре мавҷуд аст,ки  баробар бо 4 ноябри ҳар сол аст.Дар Кореи Ҷануби дар 11 декабр ҳар сол рузи таҳти унвони “Рузи папару” мавҷуд аст,ки дар он  завҷаҳои ҷавон ҳадяҳое ба якдигар тақдим мекунанд.

Дар фарҳанги ирони

Сепандормазгон ҷашни гирмидошти замин ва зан  ва рузи меҳрварзи ба  мазоҳири меҳру фурутани аст.Дар ин руз ки мусодифаст бо 29 баҳманмоҳ мардон ба занони худ бо муҳаббат ҳадя медоданд ва занону духтаронро аз корҳои рузмарра маоф карда бар таҳти шоҳи менишонданд ва аз онҳо тоат мекарданд.

Ахиран гуруҳе аз дустдорони  фарҳанги ирони пешниҳод кардаанд,ки  ба манзури ҳифзи фарҳанги ирони Сепандормазгон ба ҷои Волентин ба унвони рузи Ишқ гироми дошта шавад.

Дар Арабистони Сауди

Дар Арабистони Сауди фуруши маҳсулот марбут ба рузи Волентин монанди гули руз дар рузҳои наздик ба ин руз мамнуъ мебошад ва пулиси мазҳаби ин кишвар аз магозадорон мехоҳад то ҷунин чизҳоеро ба фуруш нарасонанд.

Дар Гарб-Аврупо

Дар ҳоле,ки бо ирсоли корт, гул, шоколот ва ҳадяҳое дигар дар Бритониё рузи Волентин суннатест,аммо ин руз дар манотиқи дунё дорои расму русуми гуногунест. Масалан дар Норфолк кишваре дар шарқи Инглистон чунин расме руи кор аст,ки дар ин руз  нафаре ки уро “Ҷак” меноманд,ба назди дари хонаҳо меояд ва бо гузоштани ширинию ҳадяҳо баори кудакон бар дар так-таке карда меравад. Бо вуҷуди он,ки у барои бачаҳо ҳадяҳо мегузошт,аммо аксар кудакон аз ин одами аҷиб ҳарос доштанд.

Дар Фаронса ин кишвари  аз лиҳози расму оин котулики Рузи Волентин чун “Рузи Волентини муқаддас” чун дигар кишварҳои Гарб як хел ҷашн гирифта мешавад.

Дар Испониё бошад “Рузи Волентин” чун рузи”Волентини муқаддас” номида шуда монанди русуми кишвари Бритониё ҷашн гирифта мешавад.

Дар Португалия ин рузро ба унвони рузи “Dia dos Namorados” яъне “Рузи ошиқон” меҳисобанд.

Дар Демарк ав Норвей Рузи Волентин (14 феврал) чун рузи ” Valentinsdag” номида шуда, ҳарчанд бо дараҷаи оли ҷашн нагирад ҳам,аммо қисми аъзами мардуми ин кишвар вақте ҷудо намуда бо ҳамнафасу дустдори хеш паромуни суфраи румонтику ошиқона ҷамъ мешаванд ё ба дусдоштаи худ корт, гули сурх ҳадя мекунанд.

Дар Свиден кишваре дар шимоли Аврупо ин рузро “Alla hjärtans dag” ё “Рузи тамоми қулуб” унвон мекунанд,ки дар соли 1960 огоз ёфтааст.

Дар Финландия ин рузро бо гуиши худ “Ystävänpäivä” мегуянд,ки он чун “Рузи дуст” тарҷума мешавад.Он гуна ки ин ном нишон медиҳад дар ин руз кас тамоми дустонашро ба хотир меоварад, на танҳо дустдоштаро, балки тамоми он нафароне,ки  иртиботи наздик доранд.

Дар Истония ин рузро «Sõbrapäev” меноманд,ки ин руз низ чун “Рузи дуст” унвон мешавад.

Дар Словения мутобиқи як мақол “Рузи Волентин калиди реша яъне руишро меоварад”,яъне дар 14 феврал рустаниву гулҳо шуруъ ба сабзидан мекунанд.Инчунин гуфта мешавад,ки дар ин руз паранҳову тоирони гуногун бо ҳам ибрози ишқ мекунанд ва хонадор мешаванд.Бо вуҷуди ин онро ба тозаги ба уинвони рузи ишқ ҷашн мегирифта шудаанд.

Дар Мексика бошад ин рузро “Día del Amor y la Amistad” яъне “Рузи ишқ ва дусти” унвон мекунанд.Дар ин руз мардумон дустони худро ҳурмату эҳтиром мекунанд.

Дар ҷануби Амрико “Рузи ишқ ва дусти” ва “Рузи ҳамроз” хеле шуҳрат доранд,ки ҳардуи ин ид дар рузи 14 феврал баргузор мешаванд.

Осиё

Дар Ҷопон дар соли 1960 Моринага яке аз бузургтарин  ширкатҳои  санъати ширинисози русуми  ҳадя додан ба мардон аз тарафи занонро ихтисос дод,ки танҳо занон бояд ба мардон шоколот бидиҳанд.Ба вижа занони оффиснишин ба кормандони худ шоколот медоданд.Пас аз як моҳе рузи 14 март  иде таҳти унвони “Рузи сафед” аз тарафи ин иттиҳодияи ширинисози ба вуҷуд омад,ки он чун  рамзи “Рузи ҷавоб” мебошад,ки ин ба мардон низ имконият дод то ба шоколоти додаи занон ҳадяе баргардонанд.

Дар Кориёи Ҷануби дар рузи 14 Феврал занон ба мардҳо шоколот ҳадя мекунанд ва мардон бошад дар рузи 14 Март (Рузи сафед) ба хонумон канфетҳои бидуни шоколот медиҳанд.Дар рузи 14 Апрел (“Рузи сиёҳ”)  онҳое,ки дар таърихи 14 феврал ва 14 март чизе нагирифтаанд ба рестуронҳои чини рафта мокорунии сиёҳ хурда ватанҳоии хешро “мотам” мегиранд.

Дар давлати пурҷамияттарини ҷаҳон Чин чунин расме мавҷуд аст,ки дар “Рузи Волентин” мардҳо ба занҳои дустдоштаи худ шоколот медиҳанд.

Дар Филипин  бошад ин рузро “Рузи қулуб” меҳонанд.

Ҳизби сиёсии “Ҷамоати исломи”-и Покистон ба тозаги ҷашнгирии ин рузро мамнуъ эълон намуд ва ин рузро “Рузи шармандаги “унвон кард.Ба акидаи ин ҳизб мардумони Гарб дар ин руз ташнагиҳои ҷинсии худро таъмин мекунанд,ки ин тавҳин ба шаъни Ислом аст.Бо вуҷуди ин дар Покистон ҷашнгирии ин ид ба тадриҷ меафзояд ва дукони гулфурушҳо умед доранд,ки теъдоди зиёди гулҳо ба  хусус гули сурх мефурушанд.

Ин буд шаммае аз торихчаи “Иди ошиқон.”

Тарчума ва тахияи муаллиф