Милоди Модар


Имруз барои ман як рузи хосе хаст.На аз он хотир,ки зодруз дорам.Балки имруз милоди модари азизам аст, модаре ки анкариб 17 бахори умрашро дар гурбат ба сар карда.Имруз модари ман ба синни мубораки 50 мерасад. Милоди модари азизам аст,модаре ки хуршеди лутфу мехрубони ва отифаю ишкаш хамвора хонаамро гарм мекунад.Дуст доштам, имруз ба ин бахона танхо аз мехрубонихо ва отифахои у сухан ба забон биоварам, аммо боз мебинам,ки иктидорам ба ситоишу васфи у намерасад.Ба модари азизам, аз даргохи Худованди Манон давлати безавол, умри бобаракат ва саодати ду дунёро орзу мекунам.Чи фоли нек аст,ки зодрузи модарам бо рузи Модарон тавьам омадааст, пас метавон гуфт ки;
Рузи модар-яъне бахонае барои назди модар рафтану уро табрик гуфтан.
Рузи модар-яъне бахонае барои бусидани дастони хасташудаи у
Рузи модар-яъне бахонае барои ба ёд овардани захамоти анчомдодаи у
Рузи модар-яъне бахонае ба огуш гирифтани у
Рузи модар-яъне бахонае барои м….о…д…а…р гуфтан
Инчо аз пушти панчараи фосилахо ба у нигох мекунам ва дастони пурмехрашро бигрифта мебусам ва мегуям.Модар, милоди хучастаат, муборак! Ва ин чанд шеьри нокобилро барои ту мебахшам.!

Милоди модар

Рузи таваллуди туву гарчй наям канори ту
Муборак эй азизи чон таваллуду бахори ту
Дар ин диёри нозанин,ки ёсуман шукуфта аст,
Шукуфта бод наргиси чамоли нурбори ту
Дареги ин чудоихо,ки дар масири зиндаги,
Хамеша хира дар раҳам нигохи интизори ту.
Дареги умри рафтаам, гузаштахои кудаки,
Биё,ки буса мезанам ба муи тобдори ту.
Ту ай чахону чони ман,фуруги дидагони ман,
Дили гамину хастаам, хамеша хостгори ту.
Зи дури дурхо биё ба суям эй сурури дил,
Ки нашъа медихад маро хузури файзбори ту.
Маро чу парваридаи ба мехрабонии фузун,
Ба сидк з-ин сабаб, манам хаме сипосдори ту

Ҳиҷрони модар

Давлати осудагӣ домони модар будааст,
Ҳар баҳоре аз лаби хандони модар будааст.
Абр чун бусад рухи наргису ёсу настаран,
Шуртар аз оби у борони модар будааст.
Нест оҳанге, ки то бахшад фараҳ бар руҳу ҷон,
Беҳтарин савту садо, афғони модар будааст.
Дилбаре чун тарки ёре мекунад боке мабод,
Аз ҳама танҳоиҳо ҳиҷрони модар будааст.
Бо умеде аз шикебои ба раҳ дузад нигоҳ,
Мунтазир доим ба раҳ чашмони модар будааст…

Модар

Парешонат набинам,
Зи дасти умр гирёнат набинам.
Туи буду набуди ман ай модар дар ин дунё
Сиришке руи мижгонат набинам
Ба хичронат набинам.

Реклама

комментария 4

  1. Хастии хаёт дар огуши МОДАР аст. Худоё, дилам гум мезанад, ки дар огушаш бошам… Чи мешуд ,ки модаронро ба фарзандон ва фарзандонро ба модарон мерасонди… «Дили гамину хастаам хамеша хостгори ту…»

  2. Хар дуои модарони дилкабоб

    Дар хакки фарзанд гардад мустачоб

    Дар хадиси Мустафо(с.а.в)дидам навишт

    Дар кудуми модарон бошад бихишт.

  3. АХСАН ФИРДАВСЧОН БАРОИ ЛУТФУ МЕХРУБОНИАТ НИСБАТИ МОДАРИ БУЗУРГВОРАТ.
    ДАР НАВБАТИ ХУД МАН ИН МОДАРЕРРО КИ ЧУНИН ГУЛПИСАРЕ АЗ АХЛИ ИЛМУ АДАБ ЗОДААСТ ТАБРИКУ ТАХНИЯТ ГУФТА БАРОЯШОН ДАР ИН БАХОРИ ГУЛАФШОН ТАМОМИ ХУШИХОИ ЗИНДАГИРО ТАМАННО ДОРАМ.

    ЯКЕ СИМУ ЗАРУ ГАВХАР БИХОХАД,
    ЯКЕ САД АХТАРИ ДУНЁ БИХОХАД.
    ДИЛИ МАН АЗ ХАМА КОЛОИ КИММАТ,
    ДУОИ ХАЙРИ МОДАРРО БИХОХАД.
    ХУДОВАНД НИГАХБОНИ ХАМАИ МОДАРОНУ ФАРЗАНДОНИ БА ЧОН БАРОБАРИ МО МОДАРОН БОШАД ВА ХУДОВАНД ДИДА БА ДИДОР БИРАСОНАД ЧИГАРБАНДОНРО БА МОДАРОН

  4. Аё модар ба курбони ту мирам
    Чу мухри мехру паймони ту мирам
    Чахон пурмакру дастон аст бигзор
    Ки ман дар руи дастони ту мирам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: