КИШТИИ КОҒАЗӢ ДАР УҚЁНУСИ МУДЕРНИТЕ


Достони кутоҳи “Киштии коғазӣ”, навиштаи Шоҳмансури Шоҳмирзо ба зебоӣ мазомини нустолжӣ, маъсумияти даврони кӯдакӣ, содагии рӯзҳои рафта ва таззоди комил бо печидагиҳои зиндагии бузургсолиро дар ҳам меомезад. Ин достон, ки дар пасзаминаи яке аз деҳкадаҳои босафои Тоҷикистон мегузарад, саргармиҳои содае чун бозӣ бо киштиҳои коғазӣ ва воқеиятҳои хашини бузургсолиро, ки бо лаҳзаҳои хушунат ва аз даст додани бегуноҳӣ мушаххас мешавад, ба ҳам мепайвандад.

Достон бо тасвири возеҳ аз зиндагии рустоӣ оғоз мешавад, ҷое ки ҳар шахсият, ва фаъолиятҳои маъмулии онҳо ба тасвире аз зиндагии иҷтимоӣ кумак мекунанд. Унсури нустолжик дар лаззати нобу тахайюли беҳаду ҳасри кӯдакон барҷаста бозтоб ёфтааст, зеро онҳо киштиҳои коғазиро дар як ҷараён шиновар мекунанду тазоди комиле бо аносири тиратаре эҷод мекунад, ки дар тӯли достон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд.

Ҳамчунин ба моҳияти чархаи зиндагӣ бо такрори таваллуд дар хонаводае вокунишҳои мутафовит ба онҳо дар тӯли солҳо ишора мекунад. Аҳамияти фарҳангии ҷашну шодии ҷамъӣ дар мувоҷиҳа бо зиндагии ҷадид риштаест ки дар ин ривоят ҷараён дорад ва нишон медиҳад, ки чигуна ин суннатҳо дар рӯёрӯӣ бо мудерните ва фардгароӣ дар ҳоли аз байнрафтананд.

Истифодаи нависанда аз забони содаю тасвири возеҳ, диёлугҳои тапандаву пӯё ба достон умқ мебахшад ва ҳар саҳнаро бо ҳиссе фаврию танини эҳсосӣ тарсим мекунад. Инъикоси поёнбандии он дар “ҷараёни хушк” ва набуди киштиҳои коғазӣ ба унвони намоди қудратманд аз кӯдакии аздастрафта, суннатҳои бухоршуда ва гузари замон ба дурустӣ амал карда, хонандаро маҷбур мекунад то ба ҳазинаи воқеии пешрафту фарсоиши шодиҳои сода биандешад.

Ба таври куллӣ, достон ғанӣ ва мутафаккирона аст, ки ба баррасии моҳияти талху ширини бузург шудан, аздастдодани арзишҳои ноби ҷамъӣ ва иштиёқ барои лаззатҳои содаи гузашта дар миёни ҷараёни беамони тағйир мепардозад.

Ҳоло қадре муфассалтар ба он мепардозем. Достон бо диққату зебоӣ ва риояти аносири адабӣ, ба тарсими муғоират байни содагию ширинии рӯзҳои гузашта, печидагиҳои ҷаҳони мудерн мепардозад. Дар ин достон хонанда шоҳиди ду дунёи мутафовит аст: яке аз он дунёи суннатҳост, ки дар он ҷомеъа ба шодмониҳои муштараку сода аҳамият медиҳад, дигаре ҷаҳони имрӯзӣ, ки дар он арзишҳои фардӣ бар ҷамъӣ ғалаба кардаю шодиҳои кучаку лаҳзаҳои кӯдакона тавассути ғули бетафовутию инзиво балъида шудаанд.

Суннатҳои зебои гузашта:

Дар гузашта, суннатҳо нақши умдае дар пайвастагии иҷтимоию интиқоли фарҳанг аз насле ба насли дигар доштанд. Ин суннатҳо, ки бештар дар давриҳамиҳои хонаводагӣ, маросими умумию ҷашнҳои маҳаллӣ ҷилвагар мешуданд, муҷиби эҷоди ҳисси ҳамбастагию шиносоии муштарак миёни аъзои ҷомеъа мешуданд. Шодиҳои содае, ки аз ин суннатҳо сарчашма мегирифтанд, на танҳо барои фард балки барои кулли ҷомеъа аҳамият доштанду мардум дар хушиҳою сахтиҳо шона ба шонаи ҳам, якдигарро ҳимоят мекарданд. Таваллуди як кӯдаки ҳамсоя ё бардошти маҳсул, ё хатми мактабу донишгоҳ, ё… ҳамагӣ баҳонае барои ҷашну шодӣ буданд ва ин лаҳазот ҳофизаи ҷамъиро бо хотироти мондагор, ширин ва сода пур мекарданд.

Лаҳзаҳои ширини кӯдакӣ

Кӯдакон дар ин достон намояндаи як даврони ормонӣ ҳастанд, ки дар он халлоқияту тахайюли озодона ҷараён дошту бозиҳои сода; мисли сохтани киштии коғазию раҳо кардани он дар ҷӯйбор на танҳо саргармӣ, балки омӯзише барои маҳоратҳои зиндагию муқобила бо масоили бузургтари оянда ва баҳонае барои хушӣ буд. Аммо ин беғамиҳо, содагиҳо мавриди таҳдид қарор гирифтаанд дар дунёе, ки таъкид бар рақобату муваффақияти фардӣ заминаҳои бозию шодобиро саркӯб мекунад.

Дунёи бераҳми имрӯз

Достон инъикосе аз дунёи мудерн, аст ки шодиҳои содаро бо бетафовутӣ ва такуфтодагӣ ҷойгузин мекунад. Дар ин дунё иттифоқоте ки замоне манбаи шодмонии ҷамъӣ будаанд акнун ба рӯйдодҳои маъмулӣ ва бидуни шӯру ҳаяҷон табдил шудаанд. Шӯру шавқи вуруди як узви ҷадид ба хонавода, ки замоне сабаби мубоҳоту ҷашнҳои фаровон мешуд, ҳоло беаҳамияту пӯч ҷилва мекунад. Ин тағйири рӯйкард на танҳо нисбат ба афроди хонавода балки нисбат ба ҷомеъаю иттиҳоди он низ нишондиҳандаи фосилагирии амиқи иҷтимоист.

Робита байни гузаштаю ҳол

Дар достон робита байни гузаштаю ҳол тавассути киштиҳои коғазӣ намуд пайдо мекунад. Киштиҳои коғазӣ, ки замоне намоде аз бепарвоӣ ва шодӣ буданд, ҳоло дар гил нишастаанд ва ин тасвир истиорае аз руъёҳои кӯдаконаест, ки тавассути бодҳои мудерните, воқеиятҳои зиндагии рӯзмарраю ҷаҳоне ки дигар арзише барои тахайюлу халлоқияти кӯдакона қоил нест, канор гузошта шудаанд. Ин тасвир намоёнгари аздастрафтани содагию шӯру ранги зиндагист, ки бо гузари замону тағйири авлавиятҳо ҳоло ба ҳошия ронда шудаанд.

Паёмадҳои фардгароӣ

Дар ҷаҳони муосир, афзоиши фардгароӣ, гӯшагирӣ, коҳиши иртибототи маънодор байни афрод мунҷар ба тазъифи ҳисси ҷомеъаю ҳамбастагии иҷтимоӣ шудааст. Достон ба хонанда ёдоварӣ, мекунад ки чигуна гармои равобити инсонию пос доштани русуму оинҳое ки замоне ба мо маъно мебахшиданд, ҷои худро ба сабки зиндагиҳое додаанд ки дар он фурсати камтаре барои таҷриба ва ба иштирок гузоштани лаҳзаҳои муштарак вуҷуд дорад.

Аҳамияти ҳифзи хотироту суннатҳо

Дар ниҳоят, достони “Киштии коғазӣ” ёдоварӣ мекунад, ки ҳифзи хотироту суннатҳои гузашта аҳамияти зиёде дорад, зеро ин хотироту суннатҳо пулҳои пайванде ҳастанд, ки на танҳо моро ба гузашта васл мекунанд балки ба мо кумак мекунанд то маъонию арзишҳои азёдрафтаро дар зиндагии шитобзадаи имрӯзӣ бозшиносем. Ин суннатҳо ба унвони нуқоти атфе дар зиндагии фардию ҷамъӣ, метавонанд ба мо ёрӣ кунанд то аз зиндагии якнавохт ва берӯҳи рӯзмаррагӣ фосила бигирем ва аз ҳар лаҳза бо тамоми вуҷуд лаззат бабрем.

Достон ба мо ёдоварӣ мекунад ки ғули шитоболуди текнулужии имрӯзӣ моро аз таъаммулу қадрдонӣ аз зебоиҳои зиндагӣ дур карда; шодиҳои кӯчак, гирдиҳамоиҳои хонаводагӣ, ҳамсоягиҳои дӯстона, мушорикат дар ҷашнҳои маҳаллӣ, самимияту пайвандҳои содиқона куҷо шуданд?

КИШТИҲОИ КОҒАЗӢ
Киштиҳои коғазӣ дар достони нависанда намодҳои чандваҷҳӣ ҳастанд, ки лояҳои мухталифе аз маъониро дар худ ҷой додаанд.

-Намоди бегуноҳию халлоқияти кӯдакона
-Шодиҳои сода
-Осебпазирӣ
-Гузари замону тағйирот
-Ҳувияту худшиносӣ
-Умеду орзӯҳои барбодрафта
-Инзиво ва бераҳмии ҷаҳони мудерн

Дар муқоиса бо асри ҳозир киштиҳои коғазӣ баёнгари давронеанд, ки иртиботу таъомули инсон амиқтар ва маънодортар буд. Онҳо ёдоварӣ мекунанд ки дар гузашта ҳатто кучактарин лаззатҳо қадрдонӣ мешуданд, дар ҳоле ки имрӯз ҳамҳамаи ин лаҳзаҳо дар лобалои ҳоюҳӯи зиндагии мошинӣ гум шудаанд.

Дар ниҳоят, киштиҳои коғазӣ дар достони
“Киштии коғазӣ”, навиштаи Шоҳмансури Шоҳмирзо намоди қудратманд аз покию зебоию содагии зиндагии гузаштаанд ки бо чолишҳои рӯ ба рушди ҷаҳони мошинӣ рӯбарӯ ҳастанд. Киштиҳое, ки акнун дар қаъри уқёнуси мудерните(модернизм) ғарқ шудаанд.

Ёддоштча

Фирдавси Аъзам

Киштии_коғазӣ

👇https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=6753885564706054&id=100002540320167

Leave a comment