Франкенштейн


БАРДДОШТИ 5


Асар: #Фронкенштойн,
Нависанда : #Мэри_Шелли (Mary Shelley)
Забон: Инглисӣ
Навъ: #Илми_тахайюлӣ


Хондани ин китоб бароям бисёр ҷаззобу дилчасп ва албатта ҷолиб буд. Ғояи он ҳам фавқулода аст. Бар асоси он филмҳое низ сохта шуда.
Мери Шелли ин достонро дар 18 солагӣ оғоз кард ва нусхаи аввали онро дар 20 солагӣ, бидуни зикри номи нависанда дар Ландан ба чоп расонд. Номи ӯ нахустин бор дар чопи дуюми румон дар Порис соли 1821 зикр шудааст.

Фронкенштойн (Франкенштейн) ошиқи таҳсили илм, ба хусус, фалсафаҳои мухталиф аст ва сарнавишт ӯро дар масире қарор медиҳад то барои касби илм сафар кунад ва дар канори устодон масири афкору тахайюлоташ дастхуши тағйир мегардад. Моҷаро аз онҷо оғоз мегардад ки ӯ ба фалсафаи чигунагии хилқати инсон алоқаманд ва кунҷков мешавад ва ин алоқа ба шакле ки дар достон мехонем сабаби ба мутолиаю таҳқиқ ва ниҳоятан халқи мавҷуди зиндае (як ҳаюло) мегардад.

Албатта, суҳбатҳои гоҳ нарму гоҳ дурушти онҳо (холиқу махлуқ) яке аз ҷаззобтарин ва зеботарин бахшҳои китоб аст ки хонандаро мехкӯб мекунад ва аз хондани сатр ба сатри он лаззат мебарад ва ниҳоятан Фронкенштойн бояд товони халқи ин мавҷудро ҳам пардохт кунад ва…

Румони Фронкенштойн барои аввалин бор дар Инглистон дар соли 1818 бидуни дарҷи номи нависандаи аслӣ ба чоп расид вале дар чопҳои баъдӣ номи Морӣ Шеллӣ бар рӯи ҷилд изофа шуд.

Мавзӯи аслии достон ба иттифоқи назари хеле аз таҳлилгарон ин аст ки инсон ҳамеша бояд масъулияти авоқиби сохтаи дасти худро бипазирад. Дар ин қисса шахсияти аслии достон ба василаи илме ки бадаст оварда махлуқе хориҷ аз фароянди табиӣ сохт, ки дар ниҳоят мунҷар ба табоҳӣ шуд…


Виктор ва ҳаюло ҳар ду гӯӣ оинаи шӯми якдигар ҳастанд. Робитаи онҳо мунъакискунандаи робитаи мантиқ ва дил аст. Доктор Виктур Фронкенштойн аз дониши худ ранҷ мебарад дар ҳоле ки ҳаюло аз фиқдони ҳамдам ва ба сар бурдан дар танҳоии комил азоб мекашад. Нависанда низ ба хубӣ барои ҳаюло номе интихоб накарда то ҳамаи мо ҳаюлоро ба номи Фронкенштойн бишносем.

Ҷустуҷӯи дониш яке аз мавзӯъҳои муҳими ин достон аст. Замоне дониш боиси табоҳӣ мешавад ки аз роҳи ғайритабиӣ ба даст бияёд ё инсон бо дониши худ даст ба корҳое бизанад ки мавозини табиии ҷаҳон ба ҳам бихуранд. Виктур дар ин румон дунболи нусхаи торики дониш буд, ӯ мехост рози хилқатро дарёбад ва ба навъе худро ҷои Худо биншонад…

Дар ин румон ба рӯшанӣ аҳамияти хонавода дар зиндагии башар низ ҳис мешавад. Хонаводаҳое ки дар ин қисса вуҷуд доранд ба навъи иғроқомезе комил ҳастанд. Вале бо ин вуҷуд бахши азиме аз дардҳои қисса ношӣ аз надоштани иртибот бо хонавода ва ё ҳатто надоштани худи хонавода аст. Яке хонавода дорад ва наметавонад канори онҳо бошад ва дигарӣ ба куллӣ хонавода надорад. Дарди ин ду шахсият тафовути ончунонӣ надорад. Ва ҳаюло қатлҳоеро ки анҷом дода ҳамаро далели надоштани хонавода ва ҳамдам медонад. Ба навъе мехост бо қатли ҳар онки азизи Виктур буд, аз ӯ интиқом гирад чун ҳарчи мекашид, аз дасти Виктур мекашид. Нуқтаи талхи достон ин аст ки ҳаюло Виктурро падари худ медид, вале “падар” аз ӯ безор аст. Ин безорӣ ва бехонумонӣ мунҷар шуд ки ин ду шахсият ҳар ончиро дар тавонашон буд барои аз байн бурдани якдигар ба кор баранд.

Бегонагии иҷтимоӣ яке дигар аз мавзӯъҳои достон аст, ки ба сурате баён шуда ки маншаи ҳамаи шароратҳоест ки дар румон иттифоқ уфтодаанд. Ҳаюлои инсоннамои рондашуда аз иҷтимоъ, худро фарде танҳо, бекас ва бехонавода мебинаду роҳе ҷуз қатлу интиқом барои тахлияи худ надорад. Ӯ фақат мехоҳад бахше аз ҷомеа бошад. Вале дар ҷавомеъи башарӣ ҷое барои ӯ несту сарнавишташ танҳоию инзивост. Ӯ ба вузӯҳ аз ронда шуданаш тавассути Виктор мегӯяд вале ҳатто интиқомҷӯӣ вазъияти иҷтимоии ӯро беҳбуд намебахшад, балки ӯро бегонатар мекунад.

Виктор ҳам дар роҳи касби илм барои расидан ба рози зиндагӣ худро дар утоқ маҳбус мекунаду солҳо иртиботаш бо ҷомеъа камранг ва камрангтар мешавад. Гӯйӣ баҳои илм ин буд ки аз хонаводаю иҷтимоъ дур бимонад. Ва баъд аз даст ёфтан ба ин дониши ғайритабиӣ дигар наметавонад ҷузъе аз мардум бошад ё як зиндагии одӣ дошта бошад. Виктор баъди халқи ҳаюло на танҳо ӯ балки худро ҳам ба танҳоӣ маҳкум кард.

Ҷоҳталабии кӯр-кӯронаи Виктор яке аз далоилест ки мунҷар ба кушта шудани ҳамаи атрофиёнаш шуд ва ҳарчиро ки дошт, ба талхӣ аз даст дод. Виктор худро дар роҳёбӣ ба ҷоҳталабии кӯркӯронааш монанди шайтон мебинад. Вале ҷоҳталабӣ ба танҳоӣ наметавонад маншаи шар бошад. Пас метавон натиҷа гирифт ки иштибоҳи бузурги Виктор қурбонӣ кардани атрофиёнаш дар роҳи расидан ба ҳадафаш буд.

Фирдавси Аъзам
2023

Leave a comment