ШОҲМАНСУР — РОВИИ ҚИССАҲОИ ЗИНДАГӢ, ИШҚ ВА УМЕД


Шоҳмансури Шоҳмирзо нависандаи нағзнавис, боистеъдод ва хушноми тоҷик бо қаламе тавонманду халлоқ дар дунёи нависандагӣ ҷойгоҳи худро ба даст оварда аст.
Бо достонҳои кӯтоҳаш тавониста мухотабонашро савор бар мошини замон карда, ба дунёи шигифтангези тахайюл ба сафаре ҷаззобу баёдмонданӣ бибарад. Дар ин сафар, хонанда дар кӯчаҳои борику хокӣ, аммо босафои деҳкадаҳои сарсабз шодмона қадам мезанаду замзамаҳои беғашши кӯдакиро мешунавад. Шуморо вориди “Осорхона”-е мекунад, ки дар долонҳои он тоблуҳои суннатҳо, ойинҳо ва лабхандҳои самимӣ овезонанд. Ҷое шуморо бо Хизр рӯбарӯ мекунад, ҷое ба пахтачинӣ мебарадатон, гоҳе низ ҳампиёлаи Сталин шуда, дар Даҳани мактаб шоҳиди иттифоқоти аҷибе мешавед….

Ӯ як нависандаи ҳассос ва бо ишқе амиқ ба қудрати малакутии вожаҳост, ки бо онҳо тасовире воқеӣ, табиӣ ва зинда месозаду хонандаро даргири достонҳояш мекунад.

Насре ба зулолии чашмаҳои кӯҳистон ва равонии оби Зарафшон дорад. Бидуни ҳич иғроқ. Таърифҳои подарҳаво, тамҷидҳои бепоя, суханони рӯғанӣ душмани адабиётанд ва халлоқияту шукӯҳмандиро аз реша хушк мекунанд.

Шоҳмансур дар навиштори худ аз шигардҳои мутанаввиъе истифода мекунад ва бо интихоби дақиқи сохторҳои достонӣ, ба хонанда иҷоза медиҳад дар партави насре салису рӯшан ҳамроҳ бо ҷузъиёти зебову бикр дар дунёе мутафовит фурӯ биравад. Ӯ ҳамчунин аз аносир- чошниҳои фарҳангию маҳаллӣ ба таври вофир баҳра мебарад то осорашро бо рангу бӯ ва таъми хосу дилпазир бинигорад ва таҷрибаи хонандаро ғанитару пурбортар бисозад.

Дар осори сода, аммо халлоқонааш мо ба дунёе даст меёбем, ки дар он ҳар ҷумла, ҳар шахсият ва ҳар саҳна бо эҳсосу зебоии хоси худ арғушт мераванд. Бо ҷузъиёти дақиқу тасвирсозии воқеъгароёна, ӯ тавонистааст мухотабонро дар ҳар сафҳа ва дар ҳар хат ҷазб кунад ва онҳоро ба сарзамине аз зебоиҳо, ҳасратҳо, талошҳо, бурдборихо, шикастҳо ва … бибарад.

Шоҳмансур ба унвони яке аз нависандагони хушнависи Тоҷикистон, бо осораш дар дилҳои хонандагон мондагории беназире эҷод кардааст.
Ҳамчунин, ба унвони як намоянда аз адабиёти Тоҷикистон, ӯ ба ироаи дидгоҳу огоҳии фарҳангӣ аз ин ноҳияи ҷаҳон кумак карда ва иртибототи фарҳангии байни мардумонро тақвият кардааст.

Бо бархурдорӣ аз истеъдоди мунҳасир ба фарду потенсиали билқувва барои рушду тавсеа, Шоҳмансур як нависандаи умедворкунанда аст, ки дар дунёи навиштан ҳамвора ба дунболи кашфи навовариҳои ҷадид ва ба иштирокгузории таҷрибиёташ аст.

Даъват мекунем то бо ҳамроҳии Шоҳмансур дар ин мусоҳиба, (ки тавассути яке аз шабакаҳои маҷозӣ сурат гирифта) ба дунёе аз халлоқият, умқу зебоии навиштаҳояш сафар кунему бо иқлими нависандагии ӯ ошно шавем.

#Фирдавс: Дуруд ба Шумо. Мусоҳибае, ки бо Шумо дорам, ба манзури дарки амиқтар аз таҷрибаҳо ва шеваҳои нависандагии Шумост. Метавонед ба мо бигӯед, ки чӣ омиле Шуморо ба навиштан, ба вижа халқи достони кӯтоҳ ва вуруд ба ин арса савқ дода?

#Шоҳмансур: Бо дуруд. Ибтидо ташаккур аз худат, ки нависанда ва шоири мумтозӣ ва бандаро ба ин суҳбат лоиқ донистӣ. Аз хондани шеъру достонҳо ва нақдҳоят ҳазз мебараму лаззат. Ва аммо дар бораи ангеза, ки фармудаӣ. Навиштан дар хунам ҳаст, аз баччагӣ, давроне, ки ба китобхонаи ғании Падари худобиёмурзам менигаристаму бо ҳавас дар дил мегуфтам чи хуб мешуд баргае аз ман ҳам дар ин махзан зам мешуд. Падар-аввалин устоду мураббиам табъи салим дошт ва унсу улфат бо китобу китобнависро аз ишон омӯхтам. Вақте мақолаҳои Падарро дар рӯзнома мехондам, ҳамон шавқи азалӣ, ки аз ишон ба ирс бурда будам, дар мағзу хуну вуҷудам ғалаён мезад. Замоне идае, фикре, андешае дар зеҳнам ҷарақа мезанаду муддатҳо мепазонамаш, чорае надорам ҷуз рӯи коғаз овардани он. Яъне ҳаргиз бо зӯр, дили нохоҳам ва иҷбор даст ба қалам нашудаам. Ҳар гоҳ ба ин натиҷа расидам, ки бо навиштаам битавонам хотиреро шод кунам ва барои хонданаш касе мунтазир бошад, пушти миз менишинам. Дақиқан шабеҳи онки мевае бирасад ва ба шаҳд табдил шаваду аз он бирезад. Дар ғайри ин сурат таҷрибаи кӯтоҳам нишон дода, ки муваффақ набудаам.

#Фирдавс: На, бо ин ҷумлаи охиратон мувофиқ нестам. Хуб, яке аз нукоти ҷолиб дар бораи нависандагӣ, равишест, ки нависандагон барои пайдо кардани идаҳои ҷадиду халлоқона ба кор мебаранд. Оё Шумо низ аз равиши хосе барои илҳом гирифтану тавлиди идаҳо истифода мекунед?

#Шоҳмансур: Равиши хосе надорам, вале як нукта: масалан мавзӯе зеҳнамро даргир мекунад, бо он дасту панҷа нарм мекунам, муддатҳо рӯяш меандешам. Сипас, ба сурати ҷадвали риёзӣ аввалу поёни достонро тарсим мекунам. Ба назарам мушкилтарин бахши кор ҳамин бошад. Дар ин миён навиштани нахустин ҷумла, ки саҳнаи аввалро баён намояд, боз сахттар аст. Ин ду, ки пайдо шавад, ҷуз нишастану навиштан коре надорам, кор пеш меравад ва туро дунболаш мекашад. Вақте ба ин марҳала расидам, хобамро ҳаром карда менависам. Ба қавли маъруф: “муаммо чу ҳал гашт, осон шавад”.

#Фирдавс: Дар бораи фароянди халлоқияту тавлиди муҳтаво, оё ба як барномарезии вижа дар замону макони навиштан пойбанд ҳастед? Агар бале, чи гуна ин барномарезӣ ба кайфияту каммияти навиштаҳои Шумо таъсир мегузорад?

#Шоҳмансур: Метавонам бигӯям навиштан мудом дар барномаи рӯзонаю шабонаам ҳаст. Оре, мегардаму мехобаму менишинам … вале зеҳн дар атрофи ҳамон мавзӯе, ки ба қуллобаш уфтодаам, раҳоям намесозад. Маъмулан шабонгаҳ, ки оромиши мутлақ ҳама ҷоро фаро мегирад, зеҳнам боз мешавад ва ҳамонанди чархи мотори мошин ба ҳаракат меояд. Дар рӯз ва сару садо як ҷумлаи солим наметавонам иншо кунам. Рӯз мехобам, то шаб кор кунам. Маъмулан достонеро 5 ё 6 моҳ ва баъзан соле мечархонаму мисли заволаи хамир мушту варзаш медиҳам. Баъд дар як шаб рӯи коғаз меорамаш. Сипас, дар “намакоб” мегузорамаш. Онгоҳ вироиш (миёншикан аст) сурат мегирад. Мусиқии калом, парҳез аз такрори вожагон охири кор аст.

#Фирдавс: Бисёр ҷолиб аст. Ба ҳар ҳол нависандагони бузурги дирӯзу имрӯз одоти аҷиби навиштан доштанду доранд. Хуб, яке аз ҷанбаҳои муҳими навиштан, пешбурди достон ва сохти шахсиятҳост. Лутфан тавзеҳ диҳед, ки чигуна шахсиятҳои достонии худро халқ мекунед ва чӣ равишҳоеро барои тавсифу ҷузъиётбахшӣ ба онҳо истифода мекунед?

#Шоҳмансур: Бепарда мегӯям: шахсиятҳоро намесозам, балки кашф мекунам. Масалан, як бор роҳбари идораеро дидам, ки бисёр ширинзабону хушбархурд буд, вале судаш ба касе намерасид, балки бо ҳамон муомилаи хуш монеъи пешрафти кори идора ва ҳамкоронаш мешуд. Ин одам риёкори ба тамоми маънӣ буд. Худою расулу пиру пайғамбарро шафиъ меоварду дар забонаш фақат Ватану модару кишвару… барин муқаддасот буд. Дидам ҳамааш дурӯғу риё аст. Баъдҳо яке дигар мисли ҳамин роҳбар ба ёдам зад, ки солҳо пеш мурда буд. Ӯ ҳам айнан ҳамин буд: бо забон сератон мекарду ҳеч коре барои ҷомеа, мардум анҷом намедод. Бархе хислатҳоеро, ки он фавтида дошт, ин аввалӣ надошт, вале як ваҷҳи муштарак доштанд: муғамбир ва дар кори худ ҳушёр ва бисёр худхоҳ. Ҳардуи ин шахсиятро ба ҳам омехтаму достоне сохтам, ки вақти зиёдамро гирифт.

#Фирдавс: Дар бораи интихоби мавзӯъ ва мазомини мухталиф, оё аз таҷрибаҳо, рӯйдодҳо ё ривоятҳои воқеӣ ҷиҳати илҳом гирифтан дар осори худ истифода мекунед ё инҳо ҳама зоидаи тахайюли Шумост?

#Шоҳмансур: Мавзӯъ ҳам мисли шумо шоирон ба нависанда илҳом мешавад. Чунончи бигӯӣ, ки дар бораи як қаллоб менависам ва шахсияти онро бисозӣ, шояд камтар ба ҳадаф расӣ, вале агар намуна ё мисдоқи онро дида бошӣ ва онро такмилу парвариш диҳӣ, ба назарам асари хонданӣ тавлид мешавад. Ҳама чизро воқеӣ ва реалистӣ гуфтан ҳунар нест, ҳунар ҳамон гурез аз баёни ҳақиқат аст. Чунки адабиёт ҳамин аст. Ҳар андоза аз воқеият ва баёни ҳақ фосила бигирӣ, кор ҷаззобтар хоҳад шуд. Ҳамчунонки дар дунёи шумо-шоирон мегӯянд: беҳтарин шеър дурӯғтарини он аст, нависандагӣ ҳам ҳамин аст: кофтану бофтану тофтан.

#Фирдавс: Аз чошниҳои маҳаллию фарҳангӣ дар осоратон ба вуфур истифода мекунед. Чӣ таъсире ин аносир ба осори Шумо ва хонандагонатон дорад?

#Шоҳмансур: Аввалҳо бар ин будам, ки аз ин вожаю таркибҳо фаровон истифода намоям. Ҳатто солҳо пеш бо Қиблагоҳӣ луғатномаи Масчоҳро дар китоби “Сурмаи дил” таҳия ва тадвин намудему овардем. Дунёи вожаю масал ҷамъ шуд. Баъд нависандагони забардастамон эрод гирифтанд, ки беш аз ҳад асту бебаркаш. Ибтидо қабул накардам, чун дар Эрон Маҳмуди Давлатободӣ ва Аҳмади Маҳмуд ва дар Тоҷикистон Устод Сорбон дар ин замина барои ман намуна буданд, ки ҷаҳон-ҷаҳон вожаро дар осорашон вориди адабиёт намуданд. Баъд дидам зиёдаш дилбазан мешавад. Аз ин рӯ, агар мушоҳида намуда бошед дар достонҳои охирам тавозунро риоят ва саъй кардам ҳар вожаро муносиби ҳол ва санҷидаю огоҳона кор гирам, он ҳам бештар аз забони қаҳрамонон. Ҳадди васат хуб аст ба фикрам, яъне ба андоза. Аммо ин кори хуб аст, вожаҳоро аз маргу фаромӯшӣ наҷот медиҳем. Аз сӯи дигар корбурди вожагону таркибҳои маҳаллӣ забони асарро ширин мекунад.

#Фирдавс: Ҳақ бо Шумост. Сохтори достон низ яке аз авомили муҳим дар навиштан аст. Оё Шумо низ аз сохторҳои хосе барои офаридани осори худ истифода мекунед? Чӣ далоиле шуморо ба интихоби ин сохторҳо тарғиб мекунад?

#Шоҳмансур: Сохтори достонҳои банда ҳамон сохтори маъмулии достоннависӣ аст: саҳнаи аввал, авҷ, фуруд-кошти иттилооти огоҳона, на барқасдона. Масалан, занеро тасвир мекунӣ ва дар ибтидо қадашро нишон медиҳӣ, дар идома масалан чеҳрааш-сафедрӯй, гандумӣ, сабзина, холдор, абрӯхамида …ҳамин тур дар поёнтар сифатҳои дигар-забонаш лакнат дорад, ё шакарланг аст. Бархе инро дар ҳамон аввали достон мегӯянд, ки зани сафедгуни резапайкари ҷанҷолӣ, аммо барои ман ин равиш писандида нест. Хонандаро бо ҳамин шигардҳо, ки худаш надонад, бояд кашола кунию бубарӣ. Чизи дигар поёни достон аст, ки нависанда метавонад ҷамъбаст ё натиҷагирӣ намояд ва ё баръакс-бозаш бигзорад ва хулосаро ба хонанда вогузор намояд.

#Фирдавс: Ҳар нависандае улгуҳо ва таъсирпазириҳое дорад. Оё нависандагоне ҳастанд, ки бар Шумо таъсир гузоштаанд? Аз осор ва улгуҳое, ки барои Шумо илҳомбахш будаанд, лутфан бигӯед.

#Шоҳмансур: Агар касе мегӯяд ман аз ҳеч кас таъсир нагирифтаам, бовар накунед. Банда ҳам аз аксари бузургони назму наср-чи Шарқу чи Ғарб омӯхтаам, аз адабиёти форсӣ-малоҳату салосат, аз адабиёти руси қарни 19, бавижа Толстою Чехову Достоевский (ин ҳарсе ормони ман дар навиштананд) тарҳу баёни мавзӯъ ва текникҳои нависандагӣ. Гогол, Балзак, Ҷек Лондон, Мурокомӣ, Устод Айнӣ, Маҳмуди Давлатободӣ, Ҷамолзода, Аҳмади Маҳмуд аз қаламкашони мавриди эҳтироми мананд. Агар росташро гӯям, адиб аз ҳар асар чизе меомӯзад, аз яке баён, аз дигарӣ текники достон, аз саввумӣ забон…  Як вақтҳо идеали ману Падарам “Доғистони ман” буд ва таҳти таъсири он “Сурмаи дил”-ро нигоштем.

#Фирдавс. Бисёр хуб. Дар ҳар заминае, мумкин аст бо чолишҳо мувоҷеҳ шавем. Оё Шумо ҳам бо чолишҳое дар масири нависандагӣ рӯбарӯ шудаед? Чигуна онҳоро пушти сар гузоштед ё мегузоред?

#Шоҳмансур: Даҳҳо бор, зеҳн гир мекунад, ба бунбаст мерасӣ. Мисоли як кӯргиреҳ, ки бо ягон роҳ намешавад бозаш кард. Ин қадар болою поин, чапу росташ мебарам, ки гираҳ кушода шавад, вале ҳамин мушкил адибро мепазад. Барои ҳар ҳунарманд-меъмор, шоир, нависанда, наққош… ин чолиш пеш меояд, чун халлоқият осон нест ва аз гӯшти бадану устухонат меканӣ, ки чизе мондагор биёфарӣ.

#Фирдавс:  Дар поёни ин гуфтумон, шояд ба нависандагони ҷавон тавсияе дошта бошед. Чӣ нукоту роҳнамоиҳое барои рушду пешрафт дар масири нависандагӣ ба онҳо медиҳед?

#Шоҳмансур: Худам ба роҳнамоӣ, маслиҳат, машварат, мутолаа ниёз дорам ва ба он ҷойгоҳе нарасидаам, ки барои касе хатту нишон бикашам. Ман ҳам, нависандагони ҷавон ҳам бояд биёмӯзем: Аз омӯхтан як замон нағнавӣ!

Фирдавси Аъзам
2024

Leave a comment