Пушти хати гӯшӣ On April 8, 2018 By Фирдавси АъзамIn Адабиёт Модар: Салом бачам Ман: Салом очаҷон Модар: Чӣ ҳол дорӣ? Аҳволат хуб аст? Куҷо ҳастӣ? Ман: Шукр очаҷон, хубам, дар ҳоли гузаштан аз марзам. Модар: Кадом марз бачам? Ман: Ҷавонӣ… Модар: Эй бачаме! Ин марзҳо гузаштанианд, фақат меҳри модарию фарзандӣ марз надорад ва хатти марзро ҳар шаб бо чашмҳои тарам мола мекунам… Ман: Ҳо, ту ҳеч вақт аз марзи модариат нагузаштӣ. Дӯстат дорам ва бӯят ҳамеша ҳамроҳи ман аст. Share this:EmailTwitterRedditFacebookPrintPinterestLinkedInTumblrmy.mail.ruLike this:Like Loading... Похожее