НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН



Субҳони Аъзамзод, Сурайё Ҳакимова

Чанде пеш дар Интишороти «Орван»-и Теҳрон нахустин маҷмӯаи достонҳо (ҳикояҳо)-и шоир ва нависандаи тоҷик Фирдавси Аъзам бо номи «Навҳаи доркӯб» мунташир шуд.
Аҳли хушзавқи мутолиаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоири нағз мешинохтанд, аммо бо ин асари мансур олами завқу қареҳаи хуби нависандагии ӯ низ ошкор шуд. Бо мутолиаи чанде аз ҳикоёти ин китоб чигунагии арзу тӯли андеша ва афкори мумтози шоир дар қолаби наср қобили дарк ва ташхис аст.
Китоби аввалини нависандаи ҷавон аз шаш достони хонданӣ – «Сафар», «Тоблу», «Ҷудоӣ», «Рақси кабӯтар», «Навҳаи доркӯб» ва «Афсонаи гунҷишкҳо» фароҳам омада ва дар онҳо зуҳуроти мубрами рӯзгори мо аз диди як нафар эҷодгари кунҷков хеле хуб ва назаррас бозгӯ шудааст. Нависандаи саршиноси тоҷик Қодири Рустам дар пешгуфтори китоб қайд карда, ки «дар аввалин маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунон ки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби вожаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад».

Ин асари мансур бо вежагии диди шоирона мумтоз буда, ин ҷанба бар андешаву бадеияти каломи нависанда бетаъсир намонда. Ба ибораи дигар, асар бо диди нави ҳунарӣ ҳусни расо ёфтааст. Нависанда талош варзида, ки бо тафаккури хос ва шеваи тозаи баён дар арсаи наср низ гоме пурбор ниҳад. То Фирдавси Аъзам низ шеваи хоси баёни шоирона дар наср ҷойгоҳ дошт. Нависандаи ҷавон дар ин ҷодаи мафтунгар шеваи хоси Баҳманёрро пай гирифтааст. Ӯ чун нависандаи навқалам собит карда, ки дар баёни шоиронаи матлаб завқу истеъдоди хос дорад ва ин амрро пай мегирад, ки наср низ бояд баробари мавзӯи дархур каломе рӯҳнавоз дошта бошад.
Пажӯҳандагон Носирҷони Салимӣ ва Шамсиддини Солеҳ ба ин назар ҳастанд, ки «дар адабиётшиносии муосир масъалаи шинохти ҳунари адабӣ ва нақди арзиши бадеии осори нависанда то ҳадде дучори тағйир ва таҳаввул шуда» ва аз нигоҳи тахассусии онон «баррасии мутуни адабӣ аз дидгоҳи замониву маконӣ аз ҷумлаи меъёрҳои тозаи шинохт маҳсуб мешавад». Тибқи ин андеша «макон ё фазои бадеӣ онест, ки дар он ҳама шарофату рисолат ва ҷурму камбудии инсон ва иҷтимоъ дар маҷмӯъ таҷаллӣ мекунад».
Адабиётшинос Абдуқолиқ Набавӣ ақида дорад, ки чунин тағйири насри тоҷик дар асри ҳозир натиҷаи «озодандешӣ ва истиқлоли фикрӣ» аст. Нависандаи «Навҳаи доркӯб» ба сифати намояндаи насли нав, ки аз тағйиру таҳаввули адабӣ огоҳ ва дар кӯраи дигаргуниҳову кӯшишҳои навгӯиҳо пухтааст, талош намуда, ки аз иҷтимогароии сирф дар канор бошад ва баробари воқеъанигорӣ (реализм) ба намодгароӣ ва шеваҳои назарраси символизм низ арзиш қоил шуда ва кӯшиш ба харҷ дода, ки аз «шарофату рисолат ва ҷурму камбудии инсон ва иҷтимоъ» низ сухане гарм гӯяд.
Агар «дидгоҳи замониву маконӣ аз ҷумлаи меъёрҳои тозаи шинохт» бошад, дар ҳикояҳои маҷмӯаи «Навҳаи доркӯб» муаллиф ба ин амр зиёд таваҷҷуҳ кардааст. Аз номи қаҳрамонҳо ва шахсиятҳо – Анна, Миллер, Кристофер, Мойкел пайдост, ки макони баъзе аз ин ҳикоёт кишварҳои Аврупо аст ва ҳамзамон макони рӯйдоди чанде дигар маълум нест ва ҳар хонанда метавонад аз нигоштаҳои муаллиф макони ба худаш ошноро хуб бишносад. Баробари ин, дар ҳикояҳои кӯтоҳаш ин нависанда бештар «ба лаҳзаҳои ҳассос ва мумтози зиндагонии шахсиятҳо таваҷҷуҳ мекунад, онҳоро ба тасвир меоварад ва аз онҳо маънии матлуби худро берун мекашад».
Дар ҳикояи «Сафар» мусибати адиби ростгӯ баён шуда, дар «Рақси кабӯтар» бо эҳсосгароии нависанда мо бо зани бадбахте ошноӣ меёбем, ки дар тасаввурамон хушбахтарин маликаи замин аст. Дар ҳикояи «Ҷудоӣ» мавзӯи фироқ асоси бозгӯи нависанда қарор гирифтааст. Бунёди тасвир дар ҳикояи «Тоблу» бар пояи фоҷиа ва дар «Навҳаи доркӯб» бар самбулизм қарор ёфта, нависанда ба ин васила ба воқеияти умда ишора карда ва аз муқаддасоти суннат сухан гуфтааст.
Дар ҳикояҳои Фирдавси Аъзам андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фалсафӣ ба ҳам бархӯрдаанд. Муаллиф бо андешаҳои миллӣ ва марзӣ маҳдуд нест, балки тасвирҳояш ба тамоми ҷомеаҳои ҷаҳонӣ кор медиҳанд ва баробари ин хонанда пайванди ногусастании навиштаҳои нависандаро бо ҳикояҳои адаби куҳанбунёди мо эҳсос мекунад.
Аввалин ҳикояи маҷмӯаи мазкур «Сафар» оғози хеле аҷиб дорад ва аз нахустин вожаву тасвирҳо хонандаро ба муҳтаво ва мавзӯи худ ҷалб месозад: «Фақат бардагон хомӯшанд. То забону мағзам кор мекунад, ҳақиқатро хоҳам гуфт. Ғайр аз ин ҳунаре надорам, ҳоло ҳар коре мехоҳед бикунед, – инҳоро гуфту гӯширо дар кисааш гузошт ва вориди мағозаи пур аз муштарии кӯдакон шуд.
Асбоббозиҳоро аз пушти айнакаш яке-яке нигоҳ кард ва дар назди лӯхтакҳо қарор гирифт. Якеро, ки чашмони сиёҳ дошт, рӯйи даст гирифт ва пешу пушташро гардонд ва чанд лаҳза муқобили чашмонаш нигоҳ дошт. Гӯё мехост вокуниши духтарашро тасаввур кунад».
Чуноне ки мебинем, аввалин ҷумла – «Фақат бардагон хомӯшанд» шавқбарангез аст ва хонандаро сӯйи хеш мехонад ва ҷумлаи баъдӣ ин таваҷҷуҳро қувват мебахшад ва хонанда дарк мекунад, ки ҷумлаи «То забону мағзам кор мекунад, ҳақиқатро хоҳам гуфт» дар паспардаи худ нуктаи ҷолибро нуҳуфта дорад ва асли сохтори муҳтаво низ дар атрофи ҳамин ду ҷумлаи оғоз гиреҳ хоҳад хӯрд.
Ҳикояи «Сафар» «бо шигарди комилан модерн таълиф шудааст. Ровии ин достон гулӯлаи туфанг аст, ки тавассути он шахсияти дигари достон – шоир кушта мешавад. Нависанда аз забони ин василаи куштор – гулӯла, ки лаҳнаш аламангезу таассуфбарангез аст, андешаҳое иброз медорад, ки навъдӯстона ва умонистӣ ҳастанд ва ҳамин таноқузи миёни василаи даҳшатангези куштор ва андешаҳои умонистӣ яке аз воситаҳои ҷаззобияти достон шудааст, ки то охир хонандаро ба худ ҷалб мекунад.
Ҳикоя персонаж ва саҳнаи зиёд надорад, аммо андеша ва фалсафаи қавии он сутуданист, ки нависанда мехоҳад ба хонанда бирасонад: Аз мағозаи кӯдакон барои зодрӯзи духтарчааш ҳадя гирифтану сӯйи шодиву хушҳолии хонаводагӣ шитофтан ва дар ростои ин ҳама хушнудӣ аз вазъи ногувор андешидану ба қарори ҷиддие омадан ва поёни ғамангезе дар ин миён парадокси аҷиби ҳикоя аст, ки ба андешаву дарки хонанда бетаъсир намемонанд.
Аҷибтар ин аст, ки дар ҳикояи «Сафар» тире, ки ба сӯйи шоири инқилобсухан кушода мешавад, ба сухан мепардозад ва нақлу андешаҳои муаллиф аз забони ӯ ба қалам меояд, ки хеле ғайриинтизор ва ҷолиб аст: «Ҳоло мағзи ӯро дар сафҳаи шаффоф мисли ойина мебинам. Чи хаёли нозуку латифе дорад, бориктар аз нахи сапеда.
Чӣ қадар ба гул алоқа дошта. Кош ман ҳам гул будам. Сад боғи шукуфоро дар пушти ойинаи зеҳнаш мебинам. Онҳоро ба зане тақдим мекарда. Ин зан кист, ки ҳамаи афкори ӯ дар гирдаш парвонавор мечарханд. Лаънат ба ман! Оҳ чӣ қадар зебост».
Мароқангез аст, ки хонанда то поёни ҳикоя дар суроғи нафарест, ки ин ҳамаро нақлу тасвир мекунад ва андешаҳои файласуфона пеш меорад. «Тир» будани ин гӯянда дар анҷоми ҳикоя ба хонанда хеле аҷиб равшан мешавад. То он лаҳза хонанда бар ин андеша аст: Ин чӣ касе аст, ки ин ҳамаро аҷибу ғариб нақл мекунад! Ҳангоме, ки сатрҳои зерро мехонад, дарк мекунад, ки нависанда чӣ шеваи ҷолиберо пайдо карда ва моҳияти ин ҳама андешаҳо комилан равшан мегарданд:
«Аз мағзи ӯ дар як сония берун омадам ва дар ҳоле, ки ҳамаҷоям хунолуд аст, ба дарахте бармехӯрам, ки зери сояи он бачаҳои фориғ аз бозиҳои рӯзгор бозӣ доранд. Пӯстлохи дарахтеро сӯрох мекунам ва бар замин меуфтам. Ҳунару тавони ман ҳамин аст. Ҷое намоди қудратам, акнун бозичаи дасти кӯдакон мешавам. Бачае маро рӯи даст мегирад. Бо ангуштони нозукаш маро ламс мекунад. Ангуштони наҳифаш хунолуд мешаванд. Маро ба ҳамбозиҳояш нишон медиҳад: худам ёфтам, худам ёфтам… Рафиқаш фарёд мезанад: ин тир аст, нигоҳ кун, хунолуд аст …».
Ҳикояи “Рақси кабӯтар” низ хонданист ва навъе парадокси андешаи тамошобинони тарабхона ва зиндагии берун аз саҳнаи Анни раққоса аст. Дар нимааввали ҳикоя тамошобинони тарабхона мафтуну маҷзуби зебои таҳрикгар ва рақси дилрабою шӯрангези раққосаанд ва бар ин боваранд, ки ин зан аз хушбахтаринҳост, ҳеч ғаму ғуссае дунболагираш нест. Аммо дар бахши дувуми ҳикоя аз сагузашту сарнавишти бадбахтонаи раққоса огоҳ мешаванд, ки маҷбур аст барои таъмини зиндагии худ ва духтараш дар он тарабхона бирақсад ва суханони фаҳшро таҳаммул кунад.
Хеле хубу назаррабост, ки муаллиф бо расми кашидаи духтари Анна – раққосаи тарабхона рамзу розу паёмеро ба хонанда ирсол медорад ва равшан мегӯяд: «Духтарак наққошиашро, ки акнун комил шуда буд, бо табассуми малеҳ ба ӯ нишон дод: кабӯтаре дар гӯшаи осмон бол мезад, гӯӣ мерақсид…
– «Ин бача чӣ касеро дар зеҳнаш тарсим карда, рӯи коғаз кашида аст? Падар ё модарашро?» – дар зеҳнаш мармузона ба худ суол дод Миллер, ки пеши назараш фақат Анна пайдо буд».
Зимнан бояд гуфт, дар «Рақси кабӯтар» нависанда аз кашфи ҷаҳони ботинии қаҳрамон дурӣ ҷустааст. Нависанда мебоист ба хонанда нишон диҳад, ки қаҳрамони ҷуз накӯкор будан, вазъи ногувори иҷтимоӣ доштан боз кадом хислатҳои наҷиб ва хосеро дар тинати инсонӣ парваронидааст. Аз аҳли мутолиа умед дорем, ки ин нуктаро ҳамчун интиқод аз ин асар напазиранд, балки дар зеҳн дошта бошанд, ки рӯйкарди дигар ва бештар бар ин нукта ҳатман асари нависандаи ҷавонро комил хоҳад кард.
Достони кӯтоҳи «Ҷудоӣ» бо ҷумлаҳои «Имрӯз охирин рӯз аст, ҳарчи бодо бод, бояд тамомаш кунам ва аз шарри ин вобастагӣ роҳат шавам» оғоз мешавад ва хонанда дар назари аввал ҳадс мезанад, ки ҳикоятест ошиқона ва дар он аз дарду ранҷу ҷудоии ду дилдода сухан хоҳад рафт. Нависанда кӯшиш кардааст, ки бо интиригаи хос қариб то поёни ҳикоя хонандаро ба ҳамин андеша муътақид созад, чунончи тасвир мекунад: «…Ҳаргиз он рӯзро фаромӯш намекард. Ғуруби фасли сарди баргрез буд. Аз сари гӯри дӯсти ҷавонмаргаш бармегашт, ки бо ӯ ошно шуд. Дӯсти муштаракашон – Кристофер дастонашонро ба ҳам пайванд зад ва акнун ӯ шуда буд рафиқи тамоми лаҳзаҳои сиёҳу рӯшанаш. Тавре ки бо хуну рӯҳаш омехта шуда буд. Ҳамон рӯз буд, ки ба худаш гуфт: иксири хушбахтиро нав кашф кардам, ҳамнафасамро ёфтам».
Вале поёни сужа ин аст, ки як нафари сигорӣ хеле мехоҳад аз одати бади «сигоркашӣ» ва «маъшуқааш» – сигор ҷудо бишавад: «Худо ҳофиз шарики ҳамроҳ, ману ту ҳаргиз ҳамдигарро нахоҳем дид, ёдат гиромӣ бод, – гуфт ва таҳмондаи онро ба хокистарҳои нарми ҷосигорӣ фурӯ бурд. Охирин шарораи сигор, ки андозаи сари сӯзан буд, маъюсона ва бо ҳасрат ба сӯяш чашмак зад ва хомӯш шуд».
Чунин шеваи баён имрӯз дар насри муосир ва адабиёти ҷаҳон хеле роиҷ аст ва ҳадафи аслии нависандагон аз истифодаи ин тарзи баён қабл аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳ ва бедор намудани ҳисси кунҷкобии хонанда аст.
«Тоблу» ҳам ҳикояи шавқангез аст, ки аз сирри як пирамад мегӯяд ва «маҳкуми додгоҳи зеҳни худ ва асири зиндони виҷдон»-и хеш аст.
Зимнан бояд гуфт, ки ҳикояи «Навҳаи доркӯб», ки унвони китоб ҳам баргирифта аз ҳамин ҳикоя аст, хеле ҷаззоб эҷод шуда ва мавзӯъеро пай гирифта, ки садсолаҳо насли инсон ба ин мушкил рӯ ба рӯст: Зиддияти андеша миёни ду насл, насли бузургсолу ҷавон.
Тафовути арзшҳои ин ду насл дар «Навҳаи доркӯб» бо тафаккур ва тарзи баёни адабии нависандаи шоир хеле зебову нозанин ба ҷилва омадааст. Номи ҳикоя ҳам рамзист. Нависанда хоста ба василаи нолаҳои парандае, ки лонаашро вайрон кардаанд, аз нолаҳои пирамард бигӯяд, ки дарахтон ба мисли фарзандонаш барояш азиз буданд. «Доркӯб» номи парандаест, ки бо нӯли худ пӯстлохи дарахтонро шикоф ва дар он хона месозад. Дар байни мо бештар бо номи Эзорсурхак маъмул аст.
Нависанда мехоҳад дарду андешаи марди пире, ки фарзандаш қасди буридани дарахтони дар ҷавонӣ шинонида тамоми умр парваридаи ӯ ва дар миёни ҳавлӣ ҳавзи шино дуруст кардан дорад, ба хонанда расонад, ба ин васила ҳушдор диҳад, ки беэтиноӣ ба насли бузургсол муаммои ҷомеаи башарии имрӯз гашта ва паёмади нохубе дар шаклгирии насли ҷавон дорад. Прамард ба ин бедодии фарзанд тоб намеёрад ва ҷон ба Ҳақ таслим мекунад.
Агар хуб бингарем, аз шаш ҳикояи фароҳамомада дар китоб дар се ҳикоя қаҳрамон мемирад. Яъне нависандаи ҷавон Фирдавси Аъзам ин азмро карда, ки драматизмро дар сужаи нақлҳояш бештар ворид намояд ва ё шояд мушкили пайдо накардани роҳи ҳалли баъзе муаммоҳо боис шуда, ки муаллиф қаҳрамонҳояшро «бикушад», натиҷагирӣ ва бардошти пандеро аз ин ҳикоят ба хонанда гузорад. Мавзӯи маргу мири қаҳрамон аз ҷолибтарин унсури тасвири суюрреалистӣ дар адабиёт низ ҳаст, ки шояд дарки ҷойгоҳи асари нависандаи ҷавон аз ин ҷиҳат ҳам беаҳаммият набошад…
Гуфтем дар номгузории ҳикоёт, забону баён ва тафаккури Фирдавси Аъзам то ҷое таъсири шигарди шеъру шоирӣ эҳсос мешавад. Асари шоирии Фирдавси Аъзам дар нигориши дилрабо ва тасвирҳои хонданиву зебо хеле муассиру нозанин будааст. Ӯ ба зиндагӣ нигоҳи зебо дорад ва зебоипарварӣ аз умқи ниҳоди ӯст. Дар асл насри шоирона бояд чунин ҳам бошад. Медонем, ки насри аксари шоирон бо ҳамин вежагӣ аз насри нависандагон тафовуте мумтоз доранд.
«Навҳаи доркӯб» маҷмӯаи ҳикояҳоест, ки аз қадамҳои нахусту устувори нависандаи хушсалиқа ва талошҳои боварбахши ӯ дар эҷоди насри модерни шоирона башорат медиҳад.

PS: Ҷиддияш гузашт, акнун як нақди шӯх ва ё шӯхинақд – Ин ду додову бача, устод Аъзам Хуҷаста ва ҳам Фиравси Аъзам хуб ба “нола”-ву “навҳа” будаанд дия. Дирӯз ба китоби устод Аъзам Хуҷаста “Нолаҳои бод” нақде шуда буд ва имрӯз ба китоби бачаи эшон “Навҳаи доркӯб” ))) Ҳамеша нолаву навҳаҳряшон пурбор бод! Ин ду додову бачаро ба нашри ин китобҳо табрик мегӯем!…
Ҳамеша Хуҷаставу Аъзам бимонед!…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s