Ҷудоӣ


“Имрӯз охирин рӯз аст, ҳарчи бодо бод, бояд тамомаш кунам ва аз шарри ин вобастагӣ роҳат шавам”.
Ҳар субҳ баъд аз боз кардани чашмҳо, вақте навозиши хуршедро рӯи сураташ эҳсос менамуд, ин қавлро ба худаш медод, вале то ғуруб онро фаромӯш мекард. Албатта, аз одатҳои қадимӣ ва дӯстони содиқ намешавад ба осонӣ гузашт, мо бо онҳо  онқадр хотира сохтаем, ки дар ҷонамон реша давондаанд ва бо ҷудо шудан аз онҳо эҳсоси пӯчӣ мекунем.

Одати ҳамешагии ҳамнишинӣ бо ӯ раҳояш намекард. Ба маҳзи ин ки пояшро аз хона берун мегузошт ва ба дӯстонаш мепайваст, гӯё ба худаш қавле надода бошад, хумори ҳамроҳӣ бо ӯ боло мегирифт, бо ташнагӣ сӯяш мешитофт ва дубора даст бар дасти якдигар медоданд. Ҷудоӣ аз ҳамдаме, ки солҳои сол ҳамрозу ҳамнафасаш буда, кори осоне нест. Бояд тиккаи гӯштеро аз вуҷудат ҷудо кунӣ ва дур андозӣ.
… Ҳаргиз он рӯзро фаромӯш намекард. Ғуруби фасли сарди баргрез буд. Аз сари гӯри дӯсти ҷавонмаргаш бармегашт, ки бо ӯ ошно шуд. Дӯсти муштаракашон – Кристофер дастонашонро ба ҳам пайванд зад ва акнун ӯ шуда буд рафиқи тамоми лаҳзаҳои сиёҳу рӯшанаш. Тавре, ки бо хуну рӯҳаш омехта шуда буд. Ҳамон рӯз буд, ки ба худаш гуфт: иксири хушбахтиро тоза кашф кардам, ҳамнафасамро ёфтам! Аммо ҳоло чӣ гуна метавонад аз ӯ даст бикашад? Ӯ, ки бемаром нест ва намехост рафиқи нимароҳ бошад. Дар лаҳзаҳое, ки ҳама танҳояш гузоштанд, гӯшаи узлат интихоб мекард ва танҳо ӯ буд, ки канораш менишаст ва орому сабур ба ҳарфи дилаш гӯш медод, аммо чизе намегуфт, хомӯш мемонду месӯхт. Ҳар замон, ки мехост – чи шабу чи рӯз ҳамроҳаш буд ва ҳар ҷо мегуфт, бо ӯ меомад. Дар дунё чунин рафиқи хуб ҳам пайдо мешавад, дӯстие бидуни ивазу ғараз.
… Зодрӯзаш наздик буд. Он субҳ вақте аз хоб бедор шуд, эҳсоси аҷибе дошт, мисли ҳамеша набуд. Ин ҳисро намешинохт, вале дӯсташ дошт. Эҳсос мекард бояд тасмими қотеъе бигирад ва дигаргуние дар зиндагияш ба вуҷуд биоварад. 
Вақташ буд нуқтаи тамматро гузорад. Дигар наҳаросад ва қавӣ бошад. “Ҷудойӣ сахт аст, вале таҳаммулаш бояд кард”, ин ҷумлаи падарбузургро чандин бор бо худаш бо овози баланд такрор кард. Осмон ба замин ҳам, ки бирасад, бояд ин охирин рӯзи мулоқоти мо бошад, на ман ӯро бубинам ва на ӯ маро! Ҳарчи қадр ҳам заҷровар, гӯштро аз нохун ҷудо мекунам. Роҳи бозгаште надорам”,- чунин гуфт бо худ ва бетаваҷҷуҳ ба атре, ки дар утоқаш печида буд (“ин бӯйро дӯст надорӣ?”, – ба зеҳнаш паём мерасид) ва васвасааш мекард, – ангуштонашро дар ҳаво бо нишони таҳдид такон дод, ки фақат худаш онро дид.
Берун рафт, то дӯстонашро бубинад. Ҳавои матбӯъи қаҳвахона эҳсоси хубе ба ӯ дод. Мисли ҳамеша дар ин соат аз рӯз аксари мизҳо холӣ буд. Чанд духтари ҷавон даври мизи наздики даромадгоҳ нишаста, мегуфтанду механдиданд. Он тарафтар дӯстонаш дар ҳоли сӯҳбат буданд. Дар курсии наздики Кристофер нишаст. Мехост рафиқонашро бо гуфтани тасмимаш “ғофилгир” кунад ва мавриди ташвиқашон қарор гирад. 
Чашмони кабудаш аз хушҳолӣ медурахшиданд ва эҳсоси қудрат мекард. Мағрурона гуфт: “бачаҳо, ман, ки се рӯзи дигар сисола хоҳам шуд, дар ҳузури ҳамаи шумо қавли мардона медиҳам, ки аз ӯ ҷудо мешавам. Сахту ҷонкоҳ аст, вале ин бор тасмимамро гирифтам, агарчи ба қимати ҷон баробар аст. Ин маъшуқаи ҳазорранги қадимиро барои ҳамеша тарк мекунам”. Интизор дошт ҳама аз ҷо бархоста, қарсак мезананд ва ба оғӯш мегирандаш.
Мойкел, ки охирин донаи сигорашро мекашид ва бо дуди он абрҳои ҳалқаии зебое дар фазо месохт, аз зери чашм нигоҳе пурмаъно ба рафиқаш андохт ва ларзидаву оҳиста гуфт: ” Эй кош ғамҳои мо ҳам ба андозаи ғамҳои ту хурду сода буд. Аммо ман, м..м.ннн ҳамсар ва бачаҳо, хонавода, яъне тамоми ҳастиамро аз даст додаам ва ту ин мавзӯъро намедонистӣ!!!”
Кристофер, ки торҳои нуқраии лобалои мӯҳояш нишон аз ранҷҳои гузаштааш буд ва канори Мойкел нишаста, шоҳиди чашмони ашколуди рафиқаш буд, дар ҳоле, ки пушти сарашро мехорид, оҳе кашиду бо садои ором гуфт: “Дӯсти азиз, ҳамаи мо дардҳое дорем, ки шояд фақат барои худамон бузург аст; яке хонаводаашро аз даст дода, дигаре шуғл, яке обрӯяшро ва дигаре зиндагиашро. Вале ман….! Оё бечоратар ва дармондатар аз ман касе ҳам ҳаст, ки ба хотири як мушт тӯҳмат ва дурӯғ тарки ҳамсару фарзанду шуғлу Ватан карда бошад?! Оё ғаму ҷудоии ману ту яксон аст? Онҳоро метавон қиёс кард?
  Франк дӯсти Роберт наққош аст ва ҳафтаи гузашта бародари 35 – солаашро аз даст дод. Ҳамсараш равонӣ ва дар бемористон бистарист. Ҳикояти дӯстонашро шунид, чизе нагуфт, аммо аз нигоҳи маҳзун андӯҳи ниҳонаш намоён мешуд.
Роберт, ки чанд лаҳза қабл монанди як сарбози ҷангии хушҳол аз шикасти душман беҳтарин ҳиси дунёро дошт ва тасаввур мекард “кори фақулодае” кардаасту дӯстонаш аз ин тасмими ӯ ба ваҷд меоянд, ҳоло чун девори намкашида фурӯ рехта буд. Чашмони чанд лаҳза қабл хушҳолаш ба ғамангезтарин тасвири набарде, ки ашки ҳар бинандаеро дармеовард, табдил шуданд. Айнан мисли муҷассамаи мармарини порк шуда буд, беэҳсосу карахт. Фаҳмид ҳеҷ кас ӯро намебинад ва ба ӯ аҳамияте намедиҳад.
Сукути сангине дар фазои қаҳвахона ҳоким буд ва дӯстонаш ҳам мисли санги қабр хомӯш монданд. Ин сукути ҳузнангез ба ӯ омухт: сари бедард ва дили беғаме дар олам нест, фақат дардҳо ва мушкилот аз ҳам фарқ доранд. Шояд ҳамин раҳгузаре, ки бо шитоб аз кӯча гузашт ва ё раққосе, ки ҳамин ҳозир вориди қаҳвахона шуд ва шабҳо дар ҳавои оҳангҳои шод мастона мерақсад, пурдардтарин инсони шаҳр бошад … 
  Роберт оромона сигорро аз миёни ангуштони дӯсташ гирифт ва бо андӯҳе, ки дар нигоҳи сӯхтааш мавҷ мезад, миёни лабҳои хушкидааш гузошт. Дуди амиқ кашид, ки сандуқи синааш пур аз дуди талх шуд.
– – Худо ҳофиз шарики ҳамроҳ, ману ту ҳаргиз ҳамдигарро нахоҳем дид, ёдат гиромӣ бод, – гуфт ва таҳмондаи онро ба хокистарҳои нарми ҷосигорӣ фурӯ бурд. Охирин шарораи сигор, ки андозаи сари сӯзан буд, маъюсона ва бо ҳасрат ба сӯяш чашмак зад ва хомӯш шуд.

Фирдавси Аъзам
Ҷудоӣ, китоби Навҳаи доркӯб, нашри Теҳрон

2 thoughts on “Ҷудоӣ

  1. Pingback: Ҷудоӣ | Номномаи порсӣ-نام‌نامهٔ پارسی

  2. Pingback: Ҷудоӣ | Зулолҳо ва болҳо

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s