#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест. Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.
Ашъори ӯро метавон ба чанд бахши калон ва зербахшҳои кучак тақсим кард.
Мисли ҳувиятшиносӣ, ғурури миллӣ, бозтоби мавзӯҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, ишқ ба зан, Ватан, забон, хат….аммо нигоранда феълан ба худ иҷоза намедиҳад то вориди ин бахшҳо шавад. Танҳо бо таври умумӣ ва ҳамон тур ки ишора шуд, бо нигоҳи гузаро, онҳоро мегӯяд.
Мутаассифона, мо одатамон шуда ки аз нубуғу дирояту корномаи бузургони ҳамрӯзгорамон танҳо пас аз ғуруби офтоби умрашон лаб ба сухану ҳадис гушоем. Ҳисори ин одатро бояд шикаст!. Аммо, ҷудо аз ин, хоҳ-нохоҳ, рӯзгоре хоҳад омад ва торих-ин муаллими пиру сахтгир дар бораи осори адабии ин бурҳа аз торих, аз ҷумла Исфандиёр, ки муаллифи беш аз 30 асар аст, одилона, беғаразона сари мизи фарохи қазоват хоҳад нишаст.
Фасли 1
ИСФАНДИЁР – РӮЗНОМАНИГОР
Исфандиёри Назар дар 4-озари соли 1350 хуршедӣ, мусодиф бо 25 ноябри соли 1971 милодӣ дар рустои сарсабзи Дарғ, шаҳристони Фалғар (Айнии кунунӣ), воқеъ дар устони Суғд (Самарқанди пеш аз инқилоб) чашм ба ҷаҳони ҳастӣ гушуд. Дуруст дар ҳамон соле, ки Алиф Шофоқ, яке аз чеҳраҳои ҷаҳонӣ низ ба дунё омада буд.
Исфандиёр аз сӯи модараш, бо Қорӣ Масеҳо Тамҳиди Самарқандӣ аз як дудмон аст.
Пас аз поёни дабиристони зодгоҳаш, ки номи Бедилро дошт, соли 1991 муваффақ шуд, ки таҳсилро дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, дар риштаи забонҳои Шарқ оғоз кунад. Панҷ соли мутаволӣ дарс хонд ва соли 1996 ин даргоҳро сарбаландона ба итмом расонд. Аммо ҳанӯз аз соли 1995 ба шуғли омӯзгорӣ дар лисаҳои текнулужӣ ва “Оли Сомон” мепардохт.
То ин ки соли 1998 ин пешаро раҳо кард ва дар рӯзномаи тозаинтишори “Ҳамроз” нахуст дар симати “котиби масъул” (ҷонишини сардабир) ва баъдан ба унвони сардабир ба ҳирфаи рӯзноманигорӣ пардохт. “Ҳамроз” шуд ҳамнафаси ӯ.
Дар ин ҳафтанома ӯ осор ва зиндагиномаи шоирони зиёдеро аз Эрону Афғонистон чоп ва ба хонандаи тоҷик муаррифӣ кард.
Ҳамчунин дар ҳамин ҳафтанома ӯ намунаи ашъори шоироне чун Гулрухсор, Муҳаммадалии Аҷамиро, ки дар табъид ба сар мебурданд, алорағми дигар рӯзномаҳо, ки аз нашри осори онҳо имтиноъ меварзиданд, чоп намуд.
Ғайр аз ин, дар ин ҳафтанома, ки ҳам хонанда ва ҳам вазъи молии беҳтаре дошт, намунаи осори шоирони матраҳе чун Нодирпур, Шомлу, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Қайсари Аминпур, Алиризо Қазва…. ва ашъори тозаи шоирони тоҷик Аскар Ҳаким, Раҳмат Назрӣ, Шаҳрия, Сапеда… ва низ корҳову намунаи насри ҷавонони он рӯзгор, ҳамонанди Сироҷиддин Икромӣ, Бахтиёр Аминӣ, Парвиз Латифӣ, Миралӣ Раззоқ, Исфандиёри Одина ва дигарон ба чоп расидаанд.
Метавон гуфт, ки ба намунаи тозаи нақд, хонандаи тоҷик бори аввал аз ҳамин дарича бо мақолаи Исфандиёр, ки бар ашъори Раҳмат Назрӣ зери унвони “Отифа дар Хирмани моҳ” ба чоп расида буд, ошноӣ пайдо кард.
Дар ин минбар буд, ки Исфандиёр ба дифоъ ва ҳимояти ошкоро аз бузургоне чун абарустод Лоиқ Шералӣ, устодон Шакурии Бухороӣ, Валӣ Самад ва…, ки муқобили тавсиъаи лисаҳои туркӣ садо баланд кардаву мавриди ҳуҷуми лафзиву катбии сардамдорону пуштибонони ин марокизи таблиғи забону фарҳанги туркӣ қарор гирифта буданд, бархост.
Лаҳни тунде, ки ҳамроҳ бо далелҳои қотеъ дар посухи Исфандиёр мавҷ мезад, сафири онрӯзаи Туркияро ба хашм овард ва хеле аз сардамдорони он рӯзаро водор кард, ки аз пуштибонии чунин марказҳои таблиғӣ даст бардоранд.
Қасидаи ба ҳавои “Харобаҳои Мадоин” –и Хоқонӣ ва “Кремл”-и Лоҳутӣ дар он рӯзгор сурудаи шоир, мавқеъу мавзеъгирии ошкорои ӯро дар он баҳсҳо мерасонад.
Гуфтанист, ки шуморе аз ҳикояҳо ва қиссаи “Тавсан дар қавсайн”-и нависандаи номӣ, устоди равоншод Баҳманёр, достонҳои Салими Зарафшонфар, ҳикояҳои Шералӣ Мӯсо, Ато Ҳамдам дар ҳамин ҳафтанома дар он рӯзгор саодати чопро ёфтанд.
Метавон гуфт, ки ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, ки минбари эҷодии Иттиҳодияи нависандагон аст ва он замон ба нудрату бо мушкилӣ ва ба шуморагони андак чоп мешуд, ҳафтаномаи “Ҳамроз”, ки тақрибан ҳамаи корҳои онро худи Исфандиёр ба танҳоӣ анҷом медод, рисолати он рӯзномаи адабиро бар дӯш мекашид. Инҷо лозим медонам, ки сухани Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷикро иқтибос биёварам: “Исфандиёри Назар ба танҳоӣ кори як расона, як нашриёт ва як ниҳоди табъу нашрро иҷро (карда) ва мекунад”.
Баъдан Исфандиёр муддати як сол дар рӯзномаҳои кӯдаконаи “Гулгул” ва “Гулчин” (дар дуввумӣ ба ҳайси сардабир) низ фаъолият кард.
Дар ин вақт, Вазорати корҳои дохилии кишвар аз пайи таъсиси як рӯзномаи дохилии худ шуд ва Исфандиёр барои пиёда кардани ин муҳим ба Дафтари матбуъоти вазорати мазкур даъват шуд ва инҷо корро аз ба қайдгирии он рӯзнома дар Вазорати адлия шуруъ кардаву шумораҳои нахустини онро дар манзили худ барои чоп омода намуд.
Рӯзномаи “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ бо теъдоди қобили мулоҳизае, аз 16 то 64 саҳифа гоҳе дар ҳафта ба чоп мерасид.
Дар ин ҳафтанома на танҳо ахбори Вазорати корҳои дохилӣ, масоили адабиёт, дин, сиёсат низ ба таври васеъ пӯшишу тобиши худро ёфтаанд.
Асарҳои калонҳаҷме чун “Мансур ва рози Аналҳақ”-и Атоуллоҳи Тадайюн, “Муноҷот”-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, “Мақолот”-и Шамси Табрезӣ, “Чингизхон – чеҳраи хунрези торих”-и Паноҳии Симнонӣ, асарҳои алоҳидаи муҳаққиқони эронӣ дар мавриди торихи давлатдории Сомониён, нашри дафтари аввали “Маснавӣ”-и Мавлоно бо наср (кори худи Исфандиёр), мақолаҳои адабӣ ва пурмуҳтавои худи Исфандиёр дар мавриди аҳволу ашъори шоироне чун Насимии Табрезӣ, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Мавлоно, Шоҳии Сабзаворӣ… дар ҳамин ҳафтанома ва бо қаламу эҳтимоми Исфандиёр тавфиқи чопро ёфтанд.
Дар ин ҳафтанома рисолаи роҳнамоии шоир зери унвони “Шеъри шоир таронаи қудсист” силсилавор ба чоп расид, ки на танҳо мақомотиҳоеро, ки ба кори эҷод машғул буданд, балки аҳолии илму адабро низ дар кори сурудани шеър ва фаҳми он роҳнамоӣ мекард.
Шоироне чун Озар Салим, Офоқ, Зебои Хатлонӣ, Азизаи Давлатшоҳ, Сапедаи Муҳаммад… тавассути ин ҳафтанома ва ба василаи Исфандиёр зиёд ба хонанда ташвиқ карда шудаанд.
Ҳамзамон, бо корҳои омӯзгорӣ ва рӯзноманигорӣ, Исфандиёри Назар ба кори виростории китоби шоирону нависандагон низ пардохта ва китобҳои қаламбадастоне чун Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Меҳринисо Бобобекова, Мукаррама Қайюмзод, Диловари Мирзо, Фарзони Назрӣ, Парвиз Латифӣ, Ҷамшеди Раҳимзод, Озар Салим, Офоқ, Сапедаи Муҳаммад, Фирӯзаи Шариф, Орзу Исо, Фирӯзаи Саид, Эътибор Юсуфӣ,… ё бо муқаддима ё бо таҳрир ва ё бо тарроҳӣ ба чоп расонидааст.
Яке дигар аз корҳои муҳими анҷомдодаи ӯ, нашри маҷаллаи торихӣ – ҷашнии Вазорати корҳои дохилист, ки бо теъдоди 3000 шумора, 216 саҳифа, комилан рангӣ дар Кобул, дар матбаъаи маслакии Афғон ба чоп расида ва бештарин матолиби онро ҳам, ки дар мавзуъи торихи таъсиси милисаи тоҷиканд, худи ӯ нигоштааст.
Тавассути ӯ дар он рӯзҳо рисолаи мусавваре низ ҷиҳати роҳнамоиву ҳӯшдори мактабиён аз авоқиби сигору дигар маводи мухаддир бо теъдоди 20 000 шумора ба чоп расидааст.
Қиссаҳое, ки бар асоси парвандаҳо ва ҳаводиси ҷиноӣ, ин нависанда таълиф карда, зери номҳои “Пули ҳаром”, Тӯмори хунин”, “Нахл дар мурдоб”… дар шумораҳои рӯзномаи “Сипар” чоп ва баъдан дар ҳафтаномаҳои дигар, аз ҷумла, бархе рӯзномаҳои форсизабони Узбакистон низ бознашр гардидаанд.
Ин асарҳо дар соли 2009 аз сӯи нашриёти “Ирфон” ба гунаи китобҳои алоҳида ба нашр расиданд.
Ҳамчунин, маҷмуъае зери унвони “Аҳмад Зоҳир – хунёгари солҳову садаҳо” (Ирфон, 2005) дар таҳияву тадвини ӯ ба чоп расид, ки намунаи ашъори 48 шоирро, ки Аҳмад Зоҳир онҳоро бо садои махмалии хеш сурудаву шуҳрат бахшидааст, дарбар мегирифт.
Солҳо баъд, Исфандиёр ин маҷмуъаро ба як тазкира табдил дода, зери унвони “Як мушт шеъру як мушт оҳанг” (Ирфон, 2008) ба чоп расонид, ки аҳвол ва ашъори 63 шоирро фаро мегирифт ва дар кӯтоҳтарин муддат кампайдо гардид.
Пас аз рафтан аз кори ин рӯзнома, Исфандиёри Назар муддате ба кори дафтардории бахши матбуъоту фарҳанги Бунёди байналмилалии “Ҳафт пайкар” машғул гардид. Дар ин даврон бо пуштибонӣ ва ҳамкории раиси ин Бунёд, муҳаққиқу ҳунарманди тавонои бахши либосҳои миллӣ Мукаррама Қайюмзод, шоир тавонист намунаи ашъори Шоҳ Неъматуллоҳи Валиро зери унвони “Ҷоми гетинамой” (Ирфон, 2006) бо муқаддимаи бисёр муфассалу хонданӣ, бо теъдоди 2000 шумора ба дасти хонанда расонад. Ин асар соле баъд бо ҳамон шуморагон тавфиқи чопи дуввумро ҳам пайдо кард.
Дар давоми ин кор намунаи ашъор ва аҳволи Саид Имодиддин Насимии Табрезӣ бо муқаддимае, ки хонандаро ба тариқати тасаввуфии “Ҳуруфия” ошно месозад, зери унвони “Боғи чашм” (Ирфон) ба дасти хонанда расид.
Соли 2009 рисолаи хурде аз шоир зери унвони “Ду ҷашни бузурги миллӣ: Наврӯз ва Меҳргон” ба шакли китоби алоҳида тавассути нашриёти “Ирфон” чоп шуд.
Ҳамчунин соли 2010, бо таҳияи ҳамаи китобҳои ашъори бону Симини Беҳбаҳонӣ, маҷмуъаи комили ашъори ӯро бо муқаддимаи худ зери унвони “Як доман гул” (Ирфон, 2010) барои аввалин бор ба дасти хонандаи тоҷик қарор дод. Ин ва дигар хидматҳои хастагинопазиру арзишманди Исфандиёр ба адабиёт қобили тақдир аст.
Ин асар аз ҷониби худи бону Симини Беҳбаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва аксу номаҳои он шоири тавоно унвонии Исфандиёр дар он китоб низ ҷой дода шудаанд.
Шуруъ аз соли 2011 Исфандиёри Назар ба ҳайси котиби масъул – ҷонишини сармуҳаррир ба рӯзномаи тозатаъсиси “ИмрӯзNEWS” даъват шуд ва аз шумораи 57-и он кори сардабирии онро бар дӯш гирифт.
Ба василаи ин рӯзномаи пурсарусадо, ки бунёнгузораш Рустами Ҷонӣ буд, Исфандиёр асари мондагору хонданиеро зери унвони “Фоҷиаи миллати тоҷик бар асоси матолибу асноди рӯзномаи “Овози тоҷик” ба хонанда пешниҳод намуд. Ин асар дар баробари бознашри матолиби Овози тоҷик, онҳоро шарҳ медиҳад ва фоҷиаи аз даст рафтани шаҳрҳои торихии тоҷикон, табдили хат, вазъи маъориф, ҳаракати босмачигарӣ, вазъи забону шеър…- ро аз он солҳои пурошӯбу пурилтиҳоб пешорӯи хонанда ба намоиш мегузорад.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯзнома бори аввал ба хонанда теъдоди зиёде аз фатвоҳои уламои аҳли суннатро вобаста ба баҳсҳои рӯзонаи сиёсии марбут ба дин аз китоби бузурги “Фатовии Девбандӣ” ба гунаи ҷумлаҳои мӯҷаз дароварда ба чоп расонид.
Хонандаи рӯзнома дар таҳияи Исфандиёр ҳамчунин румони “Саргузашти ятими ҷовид”, маҷмуъае аз суханҳои мондагори Робиндронат Тогурро мутолиа кард.
Нашри дубораи “Муноҷот”-и Пири Ҳирот дар рӯзнома боис шуд, ки онро Рустами Ҷонӣ ҳама рӯза дар родию бихонад ва лаззати маънавии бузурге ба шунавандаи родиюи “Имрӯз” бирасонад…
Ман наметавонам ҳамаи корҳои анҷомдодаи Исфандиёри Назарро, ки дар рӯзномаҳои мазкур нашр гардидаанд, як ба як бишморам. Ончи овардам (ҳосили пажӯҳиши мухтасар) марбут ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ буд, ки умедворам аҳли таҳқиқу пажӯҳиш дар оянда ба таври густарда роҷеъ ба хидматҳои дигари Исфандиёр дар ин замина беҳтару бештар бинависанд.
Фасли 2
ИСФАНДИЁР-ШОИР (Осор)
Исфандиёр шоири ҷунбишу тағйир аст бо ҷаҳони зеҳнии бузургу рангоранг. Шоирони огоҳу донишманд мустанадсозони ториханд. Иттифоқоти ҷомеаи инсониро дар абъоди мухталиф сабт мекунанд ва барои имрӯзиёну ояндагон ба ёдгор мегузоранд…
Ӯ, ба ривояти пешгуфтори мухтасари дафтари нахустинаш “Руҷуи Исфандиёр” (Нашриёти “Пайк”, 1994): шеъргӯиро аз синни 13-солагӣ оғоз карда аст.
Нахустин шеъраш зери номи “Марг” дар рӯзномаи шаҳристони Айнӣ (“Меҳнат”) нашр шуд ва пас аз он дигар ҳеч гоҳ ин рӯзнома шеъре аз ӯро чоп накард…
Исфандиёр бар пояи бархе навиштаҳои кӯтоҳаш дар саҳифаи фейсбукияш, беш аз шеър ба навиштани наср муштоқ буд.
Инҷост, ки то нашри дафтари “Руҷуъи Исфандиёр”, пораҳое аз румони нахустини ӯ зери унвони “Шабу занаке урён” (баъдан “Шаби тӯлонӣ”), солҳои 91-92 дар рӯзномаи он рӯзгор машҳури пойтахт “Паёми Душанбе” ба чоп расиданд ва номи ӯ бо ин асар миёни донишҷӯён шинохта шуд.
Соли 1992 намунаи шеърҳои ӯро рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба чоп расонид.
Ҳамон солҳо рӯзномаи “Паёми Душанбе” низ гулчине аз ашъори шоири ҷавонро нашр кард.
Он солҳо шоири афғонистонӣ Абдулаҳмади Адо дар ҳафтаномаи адабии “Адабиёт ва санъат” шоирони тоҷикро дар посухи як байти худ бо радифи “дарё” ба сабқат даъват кард.
Яке аз нахустин касоне, ки ба он байт истиқболия навишт, Исфандиёри Назар буд. Масъулони он сабқат ғазали истиқболии шоири ҷавонро напазируфтанд. Ғазалро бо машварати дигарон, ки хеле мехостанд кори ин ҷавон ҳам ба чоп бирасад, ба ҳузури шоири тавоно Сармад бурданд. Сармад ғазалро хондаву посух дод: “Чиро барои чоп қабул намекунанд? Як ҷавон дар ҳамин ҳадд посух медиҳад… Ин ғазал чандон айбе надорад, ки баҳона барои чоп накарданаш бошад…”
Моҷарои ин ғазал ба гӯши устод Сафар Абдуллоҳ, ки он замон котиби матбуъотии мири шаҳр Мақсуд Икром буд, расид. Дахолати эшон ҳам дари чопро ба рӯи ғазал боз накард…
Ин ғазал бо ҳамон шакли суроиши худ дар дафтари аввали шоир чоп шуд ва баъдҳо онро чун тамомии ашъори он дафтар дубора таҳрир кард. Бо муқаддимае дар саҳифаи фейсбуки шоир (2018) низ метавонед онро пайдо кунед.
Соли 1993 бо ташвиқи доияш (тағо) Шукрулло Боқизода дафтари шеърҳои худро, ки ошиқонаву иҷтимоъӣ буданд ва чошние аз ирфон ҳам аз хилоли онҳо берун метаровид, зери номи “Руҷуъи Исфандиёр” ба чоп омода кард.
Бону Наима Қаҳҳорова, – духтари садри аъзами Тоҷикистон, Абдулаҳад Қаҳҳоров – аз вуҷуду зуҳури ин истеъдод дарак ёфт ва хабари ӯро ба Қутбӣ Киром – шоири саршиноси кишвар – расонд.
Худ ин бону шумораи телефони шоири ҷавонро пайдо кардаву ӯро водор намуд, ки ба ҳузури устод Қутбӣ Киром бо дафтари шеърҳо ҳозир шавад.
Устод Қутбӣ Киром, ки дар тарбияти ҷавонони эҷодкор сахтгир буда, аслан ба ҳеч шеъри шоири ҷавон таҳрирро раво надид ва ба ӯ гуфт: “Лағзишҳо дар корат дида мешаванд, аммо ман намехоҳам онҳоро худ бартараф созаму корро бар ту осон созам. Ту шоирӣ, шоири омода! Худат худатро таҳрир мекунӣ ва тадриҷан ба қулла мерасонӣ.”
Онгоҳ шоири хушкалом Ҳайрат Шанбезода чанд ҷумла ба сифати шиносномаи шоир ва дафтари ӯ навишт ва китоб пас аз нуҳ моҳи интизорӣ таваллуд шуд.
Ҷумлаи навиштаи Ҳайрат Шанбезода ба ин маънӣ, ки Исфандиёр дар оянда, дар шеъри худ фалсафаи Шарқу Ғарбро ба ҳам хоҳад омехт, солҳо баъд ҷои эроди нуктагироне шуд ва баҳсе ҳам миёни рӯзномаҳои “Адабиёт ва санъат” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” (агар хато накунам) сурат гирифт.
Аммо шоир ба ин баҳсҳо ҳеч посухе надод.
Соли 1995 дафтари дигари ашъори худро зери унвони “Дар кӯчаҳои шаб” бо муқадддимаи худ омода сохт. Дар ин дафтар силсилаи номаҳои манзум, зери унвони “Номаҳо ба шоири Яман Абдулазиз-ал-Мақолеҳ”, истиқболияҳое аз Маликушшуъаро Баҳор, идомаи рубоиву дубайтиҳое, ки дар “Руҷуъи Исфандиёр” оғоз намуда буд, зери унвони “Идомаи Шукуфаҳо”… омада буданд.
Аммо бо далоиле шоир натавонист китобро ба чоп расонад ва дафтарҳои дигари ӯ, ки аксар ҳаҷман кӯчаканд, дар солҳои баъдӣ равонаи бозори китоб шуданд.
“Дар кӯчаҳои шаб”-ро Баҳриддин Ализода бо дабираи порсӣ баргардон кард ва шоир онро мехост бо дабираи порсӣ ба чоп расонад. Ба ин кор ҳам бо сабаби гирифториҳояш муваффақ нашуд.
Ҳангоми кор дар рӯзномаи вазорати корҳои дохилӣ ин дафтарро, ки солҳо тавфиқи чоп наёфт, ҳамон тур бе нусхабардорӣ, барои хондан ба яке аз дӯстони шоираш, ки дар Ройзании фарҳангии Эрон дар Душанбе кор мекард, дод. Он дӯст ҳам бар асари бепарвоӣ нусхаро гум кард.
Шоир нусхаи ноқисе аз он дафтарро аз рӯи варақҳои порсигардонкардаи Баҳриддин Ализода ва нусхаҳое, ки ба баъзе дӯстонаш дода буд, гирдоварӣ кард.
Табиъист, то замони чоп, он шеърҳоро дубораву чандбора таҳриру такмил намуд ва дар соли 2016 тавонист ин дафтарро аз тариқи нашриёти “Ашӯриён” ба чоп расонад.
Нусхае аз муқаддимаи навиштаи худро ба он китоб, пас аз чопи китоб пайдо кард ва дар саҳифаи фейсбукии хеш нашр намуд.
Ба ҳар ҳол то нашри ин китоб, Исфандиёр дафтарҳои дигари шеъри худро, ки дар ҳар кадоми онҳо бо навъе дигар табъозмоиву маъниофариниҳо кардааст, ба чоп расонид.
Соли 1997, ҳангоме ки дар лисаи текнулужии № 47 омӯзгорӣ мекард, нашриёти “Амри илм” дафтаре аз шеърҳои ӯро таҳти унвони “Маро супору бирав” ба чоп расонид.
Ду сол баъд, соли 1999 ду дафтари хеле кӯчаки ҷайбиро зери унвонҳои “Як соқа ребос” ва “Ёдгори хуну хокистар” дар Маскав (бе нишонии ҷои чоп) ба чоп расонд.
Ҳамроҳ бо ин дафтарҳо дафтари кӯчаке ҳовии 25 шеъру ғазал аз шоири ҷавонмарг Парвиз Латифиро вироиш намудаву бо номи “Чароғи ашк” ба чоп расонд.
Соли 2000 ба истиқболи 30-солагии шоир, нашриёти “Вергул” бо ҳамкории ҳафтаномаҳои “Ҳамроз” (ки Исфандиёр он замон мудири масъули он буд) ва “Восточний эскпресс” гулчине аз шеърҳои пешини шоир бо афзудани чанд қитъа шеъри нав ба он зери номи “Аз маъбари тӯфон” бо шуморагони 1000 нусха ба дасти хонанда расид.
Шоир аз соли 2000 ба баъд бештар рӯ ба ғазалсароӣ овард, агарчи аз сурудани шеърҳои ошиқона ва бештар иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар қолабҳои нав даст накашидааст. Зеро ӯ шоирест, ки ашъор ва корҳояш бо зиндагии мардумаш сахт гиреҳ хӯрдааст. Шеъри ӯ илова бар ҷанбаи ошиқона, ҳамчунин оканда аз ҷиҳатгириҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фалсафию торихист, ки ДАРД боризтарин дарунмоя ва калидвожаи бештари ашъораш маҳсуб мешавад.
Соли 2009 дафтаре иборат аз рубоиву дубайтиҳои ӯ зери унвони “Ҳамхуни Деваштич” аз сӯи нашриёти давлатии “Ирфон” ба чоп расид ва худи ҳамон сол бо афзудани теъдоди дигар аз рубоиву дубайтиҳои нав бо ҳамон унвон, ба хатти порсӣ аз тариқи “Матбаъаи маслакии афғон” чоп шуд. Ҳамчунин соли 2009 дар ҳамин матбаъаи кобулӣ дафтаре аз шеърҳои худро барои хонандаи тоҷик бо хати сирилик зери номи “Эй шеър” ба чоп расонид.
Баргузидаи ашъори Исфандиёр таҳти номи “Хокистарему сард” соли 2021 дар Эрон бо гирдоварӣ, баргардон ва понавишти Абдулризо Чароғӣ мунташир шуд.
Як сол баъд, дар соли 2022 асари дигари Исфандиёрро, таҳти унвони “Парандаҳо дурӯғ намегӯянд” нашриёти “Туранҷистон” воқеъ дар Теҳрон ба чоп расонд ва дар Намоишгоҳи китоби Эрон роҳ ёфт. Ин маҷмуъа фарогири ашъори сафеди шоир ва ҳойкувораҳои ӯст.
Тозатарин маҷмуъаи ғазалҳои ӯ чанде пеш (2022) бо интихоб, баргардон ва муқаддимаи Исмоили Лашкарӣ дар Кобул нашр шуд. Ин китоб ғазалҳоеро чоп карда, ки дар маҷмуъаҳои дигари шоир дида намешаванд.
Манучеҳри Оташӣ ҳарфи зебое дорад: «Шоири имрӯз то аз сарчашмаи файёзи фарҳанги мардуму захираҳои торихӣ, афсонаҳои бӯмӣ ва корбурдҳои забони хеш сероб нагардад ва ба вижа то аз тариқи ягонагии амалӣ бо мардуму суннатҳо ва ниёзҳову ормонҳо, ба дарку шинохти амиқу содиқонаи мардуми худ тавфиқ наёбад, калиди рамзи шоириро ба даст нахоҳад оварад»
Исфандиёр ин калидро дар даст дорад ва аз моҷароҳо ва вақоеи асри хеш, торих ва гузаштаи миллати худ комилан бохабар аст ва ҳамин огоҳӣ ба ӯ иҷоза медиҳад то чун як мунтақиди бераҳми торих, мушкилоти ҷомеаро ба боди интиқод бигирад. Сиёсат ва иҷтимоъ дар корҳои ӯ аз ҷойгоҳи мумтозу боризе бархурдор аст. Ӯ дар як мусоҳибае чанд сол қабл гуфта буд: “Рисолати шоир, нависанда, рӯзноманигор ва умуман рисолати ҳар шаҳрванде вокуниш нишон додан ба масоили давру бараш – чи мусбату чи манфӣ – ҳаст ва бояд бошад! Шоир будан, танҳо ошиқонасароӣ нест, шоир будан пеш аз ҳама фарёди мардум будан аст, чароғи зеҳни мардум будан аст, шоир будан – мунтақиди хати пеши ҷомеа будан аст!”
Фасли (3)
ИСФАНДИЁР – ПАЖӮҲИШГАР
Дар фаслҳои қаблии ин гуфтор аз чанд кори пажӯҳишии шоири забонандешу сайёд ки бо тӯри талошу хиёл ба сайди вожаҳо меравад, ёд кардем, ки дар рӯзномаҳо онҳоро мусалсал ба нашр расонид. Аз ҷумла, “Фоҷиаи миллати тоҷик” ва рисолаи “Ду ҷашни бузурги миллӣ”-ро.
Соли 2009 шоир корҳои зиёдеро дар бахши фолклору фарҳанг ва чопи навиштаҳои насрии худ анҷом додааст.
Дар ҳамин сол, бо фосилаи замонии хеле кӯтоҳ ӯ рисолаҳои таҳқиқии худ “Дарғи шариф – торихи мухтасар”, “Бо лаҳҷаи дарғӣ” ва “Наврӯзи Дарғ”-ро тавассути нашриёти “Ирфон” чоп кард.
Баъдтар ин мавзуъро пайгирӣ кардаву дар рӯзномаи “Имрӯзнюс” рисолаи хуберо зери унвони “Номанигории сиёсӣ ва аҳаммияти торихии васиқаҳо” дар чанд шумора ба чоп расонид.
Дар бахши шинохт ва омӯзиши жарфтари ҷашни Наврӯз чандин мақоларо навиштаву ба чоп расонид, ки агар дар оянда ҳам он силсиларо битавонад пайгирӣ намояд, кори мондагоре хоҳад буд. Тозакории Исфандиёри Назар дар ин бахш он буд, ки ойини Наврӯзро дар ҳар русто ба таври алоҳида ҷустуҷӯ кард ва дар мақолаҳои “Наврӯзи Дарғ”, “Наврӯзи Тумин”, “Наврӯзи Искодар”, “Наврӯзи Фатмев”, “Наврӯзи Путхин”, “Наврӯзи Ревад” ва ғайра ба таҳқиқ кашид.
Вожапажӯҳии Исфандиёрро метавон аз ҳар шеъри ӯ ба рӯшанӣ эҳсос кард. Шоир ҳанӯз аз даврони донишҷӯии худ барои шинохти вожаҳо рағбат нишон дода буд. Гузингуяҳои зебое дорад. Гулчине аз вожаҳои нобу фохиреро ки дар зодгоҳаш корбурд доранд ва ҳамчунин дар дигар манотиқ истифода мешаванд ва ё бархе ҳатто рӯ ба фаромӯшӣ овардаанд, ба риштаи шеър мекашад ва ин гуна онҳоро дар китоби бузурги адабиёт мондагор мекунад.
Қадами аввалаш дар ин бахш он буд, ки соли 1992 дар рӯзномаи “Паёми Душанбе” мақолаеро ба чоп расонид, ки дар он рӯи шуморе аз вожаҳои шеваи зодгоҳаш, ки дар шеъри устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони эшон дида мешаванд, баҳс кард.
Додоҷони Атовуллоҳ дар ёддоште ба муносибати зодрӯзи шоир менависад.
“Исфандиёрро дидаам, ки чӣ сон аз як калима, як ибора, як мисраъ, як байт ё як ғазал шод мешавад. Гӯё моҳии тило ба шасти сайёди сайдафкан афтода бошад.
Боре байтеро мехонад ва ба ҷустуҷӯи муаллифи он меафтад:
«Кӯҳнақабре бидидаму гуфтам,
Мехурад охир ин наҳанг маро.»
Исфандиёр байтро мехонад. Дар дилу ҷонаш оташ меуфтад. Ҳар боре, ки ба зиёрати оромгоҳи деҳааш мерафт ин байт уро куштаву аз нав зинда кардааст. Дертар муаллифашро муайян мекунад: Ғуломнабӣ Сӯфии Ашқарӣ, шоири сӯфимашраби Кобулӣ. Визо гирифт ва ба Кобул парвоз кард. Манзили шоирро ҷуст. Гуфтанд, ки фавтидааст.
Ба сари қабраш зиёрат меравад. Пасон девони шеърашро ба Тоҷикистон оварда намунаи ашъорашро дар рӯзномаҳо чоп мекунад.”
Яке аз муҳимтарин корҳои Исфандиёр “Фоҷиъаи миллати тоҷик бар асоси асноди рӯзномаи “Овози тоҷик” аст, ки дар бештар аз 500 шумораи рӯзномаи “Имрӯзнюс” чоп шудааст.
Ҳамчунин, абёти бозмондаи устод Рӯдакиро омӯхтаву бар асоси онҳо беш аз шаст мақолаи таҳқиқиро ба чоп расонидааст, ки дар китобе зери унвони “Чашмаи хуршед” барои чоп омода шудаанд.
Фасли (4)
ШЕЪРИ ИСФАНДИЁР
“Адабиёти хуб, адабиёти асил ҳамвора тақсимнопазир ва исёнгар аст. Чизест, ки ҳастиро ба чолиш мекашад”
(“Чаро адабиёт?” Морию Боргос Юсо)
Исфандиёр бо нашри “Руҷуъи Исфандиёр” паёми омадани худро ба кӯчаи беинтиҳои шеър эълон кард.
Агар ба ашъори он дафтар, ба гунаи таҳрирнашудаи он ва аз чашми ҳамон рӯзгор бингарем, пешорӯи худ шоири ҷавонеро мебинем, ки диду нигоҳаш ба шеъру масолеҳи шеъри замони худ фарқ дорад.
Балки дар зеҳни хонанда на як ҷавон, як марди бузургсол аз хилоли бархе шеърҳо падидор мешавад.
Он дафтар, агар гунаи таҳриркардаи шоирро, ки дар фейсбук онро нашр намуда, ба эътибор нагирем, аз мушкилоти фанни шеър холӣ нест. Метавон ба шоири он дафтар эродҳо гирифт.
Аммо, он шеърҳо оканда аз дарду ҳаводиси рӯзгори ҷавонии шоиранд, ки саросари кишвар ва зиндагии тамоми мардуми онро дар худ ғарқ карда буданд.
Он дафтар ба сохту сароиши худ тозакориҳои фаровон ҳам дорад, ки фишурда онҳоро мегӯем:
1. “Руҷуъи Исфандиёр”-ро метавон нахустин китоби шеъре шумурд, ки баъди тақрибан 70 соли канда шудани шеъру адаб аз асолати он, ба расми қадими ниёкон бо сипос аз Худованду санои Паёмбари он шуруъ шудааст.
2. Дар шеъри баъд аз инқилоби болшевикии тоҷик бо рӯшанӣ метавон дид, ки истифодаи вожаҳо аз хазинаи бузурги ин забон маҳдуд шудааст. Ин равандро, ки забони шеърро каммоя ва ба рудхонаи тақрибан хушкида табдил дода буд, асосан абарустод Лоиқ пешгирӣ кард. Шуморе аз калимаҳои “мамнуъа” ба василаи табъи равони ин шоири бузург дубора ба курсии шеър баргаштанд. Таъбирсозиҳои тоза равнақи бештар пайдо кард.
Дафтари нахустини Исфандиёр аз вуҷуди шоире дарак дод, ки ба хазинаи пурбори забон роҳ пайдо кардааст ва то онҷо, ки дар поёни китоб чанд саҳифа ба шарҳи вожаҳои барои хонандаи он рӯзгор ноошно бахшида шудааст.
Барои намуна:
Дар чоҳи бадан дилам пур аз нола бувад,
Бечора дилам ба нола паргола бувад.
Чашмам зи фироқи ёр хун мегиряд,
Фонӯси мазори ман гули лола бувад.
Вожаи “паргола” – ба маънои “пайваст”, “дарбеҳ” ва амсоли ин аз шеваи зодгоҳи шоир ва ё адабиёти пешин ба шеър баргаштааст. Гунаи шевагии ин вожа дар бисёр деҳот чун “поргӣ” маъмул аст.
3. Тақрибан, бар хилофи дафтари нахусти бархе шоирони ҷавон, наметавон шеъри сода пайдо кард. Мавзуъи шеърҳои шоир бисёр амиқу ҷиддиянд.
Як роҳнамо Суруш мебояду нест,
Бар миллати мо Куруш мебояду нест.
Аз дӯдаи Заҳҳок намебояду ҳаст,
Аз Коваю Дориюш мебояду нест.
4. Шоири он дафтар рисолати худро аз қадами нахустин дониста ва онро дар ҳамон шеъри аввал, ки санои Худованд (Дӯст) аст, ошкоро эълом карда:
Илтифоте, Сухан ба по хезад,
Бо каломи Сифандиёр, эй Дӯст!
5. Тасвири фоҷиаҳои “ҷанги шаҳрвандӣ” дар ашъори Исфандиёр аз ҳамон дафтари аввалаш оғоз шуда ва то ин дам, ки ба кори шеър машғул аст, идома пайдо кардааст!
Дар ашъори он дафтар, пеши чашми хонанда баҳори дар баҳор хазоншуда (ҷанг), фирори ҳамватанон, мурдаҳои дар кӯчахобида, қатли афроди шинохташуда (Кароматулло Қурбон, Нурулло Ҳувайдуллоев, марги фоҷиавии Наргис Бандишоева,…), ҳабс шудани шоири шинохта Бозор Собир (ба назар мерасад, ки ин мавзуъ дар ҳамон рӯзгор танҳо дар шеъри Исфандиёр ҷой пайдо кардааст – дар рубоие.), умеду ишқ, вазъи забони модарӣ, ихтилофи миллат бо ҳам… канори ҳам ба тасвир меоянд.
Масалан онҷо, ки мегӯяд:
Зи бас миллат ба ҳам андар итоб аст,
Бақои миллият сусту хароб аст.
Ғурури миллӣ андар кишвари мо,
Чу Бежан дар чаҳи Афросиёб аст.
6. Шоири ҷавон чораи бечорагии миллатро дар он ошӯби худкушиву худфаромӯшӣ дар худшиносии миллӣ мебинад, ки онро метавон дар саросари манзумаи баланди “Бояд акнун инқилоби дигаре” мушоҳида кард. Ин худшиносӣ ба даст намеояд ҷуз бо донистани торихи гузаштаи миллии худ.
Шоир дар ашъораш қаҳрамонҳои бостониро, ки намоди меҳандӯстӣ, ҷасорат, ҷоннисорӣ ва ҳамдастии миллиянд бо ҳар василае ёд мекунад. Инҳо: Фаронак, Фаридун, Кова, Сиёвуш, Рустам, Бежан, … ва чеҳраҳои диние чун Сулаймон, Юсуф, Юнус…, чеҳраҳои машҳури адаби форсӣ ҳамонанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шамси Табрезӣ, Ҳофиз, Камол…
Инҳо ҳама василаҳое ҳастанд, ки аз мутолиъаи амиқи шоири ҷавон, аз густурдагии дониши ӯ дар ҳамон овони ҷавонӣ гувоҳӣ медиҳанд.
7. Аз ҳамон дафтар шуруъ ба таркибсозиҳои шоирона мекунад:
Оқилон зору ғамину ҷоҳилон болонишин,
Ин ҳама ғамдарзаҳо болои ҳам уфтодааст.
Таркиби “ғамдарза”, ки мурод аз он ғамҳои зиёду бузурганд, ба зеҳни хонанда вожаи “ғамкаҳак”-ро меоварад, ки абарустод Лоиқ аз хазинаи мардум дар шеъри худ истифодаи баҷое карда.
8. Ғазалҳои он дафтар бо вуҷуди он, ки ҳама тақрибан ба оҳанги ғазали куҳан эҷод шудаанд, ва аз орояҳои адабии фаровоне истифода бурдааст, боз ҳам тозагиву таровате доранд ва албатта дар гунаи таҳриршудаи худ боз беҳтару хотирмонтар шудаанд.
9. Шоири ҷавон бо шеърҳои ин дафтар ба хонанда хабар медиҳад, ки аз шеъри нав баробари ғазали клосик огоҳӣ дорад ва дар ҳарду бахш табъозмоӣ кардааст.
Аз ин дафтар, чи аз гунаи чопии он ва чи аз гунаи таҳриркардаи шоир, ки дар Фейсбук мавҷуд аст, метавон аз ҳар шеъру ғазалу рубоиву дубайтии он сухани шоиронаву пухтае пайдо кард. Метавон калимаи тозае низ омӯхт.
Ин нукта гуфтанист, ки гоҳе шеърҳои ошиқонаашро мехонӣ ва ба хубӣ эҳсос мекунӣ ки дар зоту умқашон ба масоили иҷтимоӣ низ мепардозад. Чаро? Чун навъи ранҷи ӯ ранҷи иҷтимоист. Дағдағаҳои амиқи шахсии ӯ ки реша дар иҷтимоъ доранд, ва ҷинсу навъашон вобаста ба замонаанд, низ аз ҷумлаи масоили иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ дигар намунаҳои осораш низ худ ба худ рангу бӯи иҷтимоиро мегиранд, рангу бӯи масоили башарро. Ӯ зиндагиро месарояд. Аз ҳар лабханде таронае меофаринаду аз ҳар қатра ашке сугнома. Ойинадори ғамҳову шодиҳои мо. Шеъри ӯ шеъри шайпур аст, на лолойӣ. Ӯ медонад ки маъмурияту рисолаташ такон додану бедор кардани хобрафтаҳо ё хобзадаҳои рихватзада аст. Ӯ мекӯшад ки аз шишаи торих ғубору бухори номулоимотро бишӯяд то чеҳраи ҳақиқатро бинамоёнад.
Ҷо дорад аз ишоракориҳои ӯ ҳам инҷо мухтасар ёд кард. Ҳар ҷо, дар сурудаҳояш чизе, вожае, матлаберо агар вом бигирад, ҳатману ҳатман сарчашмаашро зикр мекунад. Инсофе, ки воқеан қобили тақдир аст ва на ҳамаи қаламбадастон ҷуръати чунин кореро доранд.
#Фасли_5
ИСФАНДИЁР ВА ҒАЗАЛ
Нимаи охири моҳи апрели соли 2016 Исфандиёри Назар – шоире, ки дар даврони ҷанги таҳмилӣ хоки онро тарк накард ва дар шеъри “Таносух” суруд:
Ба хеш шакли тутро гирифтаам эдар,
Ки дар Ватан дарахт буданам беҳтар…
ниҳоят дар даврони ба истилоҳ “оромӣ”-и он маҷбур ба тарки Ватан шуд. Шоире, ки ҳамарӯза дар Ватан ғазали ошиқона ва гоҳе ғазали эҳсоси ғурбатро дар худи Ватан, месуруд, акнун ғазалаш ба тамом бӯйи талхи ғурбат гирифт.
Нахустин китобе, ки танҳо аз ғазал ва рубоиву дубайтӣ аз Исфандиёр ба чоп расид ва дар он ҳеч навъ шеъри дигаре наомада, маҷмуъаи “Хокистарему сард” аст. Ин китоб ҳаштумин дафтари шеъри ӯст, ки аз 276 саҳифа иборат аст ва дар худ 220 ғазал ва бештар аз 250 рубоиву дубайтии шоирро дар бар гирифтааст.
Китоб бо кӯшиш ва муқаддимаи нависандаи ҳамзабони мо устод Абдулризо Чироғӣ, таҳияву тадвин ва хатгардонӣ шуда, дар Теҳрон, соли 2021 аз тариқи нашри “Арвона” ба дасти хонандаи порсизабон расидааст.
Ин китоб ҳамон тавре, ки дар мақолаи муфассале шоир ва муҳаққиқи ҷавони афғонистонӣ Исмоили Лашкарӣ таъкид карда, ҳовии ғазалҳои зиёде бо авзони камкорбурд ва баланду даврӣ аст, ки аз истеъдоди шоир дарак медиҳанд.
Ғазалҳои ин маҷмуъа аз солҳои гуногун интихоб шудаанд.
Хонандаи ин мақола худ солҳост аз тариқи матбуъоти даврии то соли 2017-и тоҷик ва наздик ба даҳ сол аст, ки аз тариқи саҳифаҳои фейсбукии шоир ва баргаи “Ин қанди порсӣ”, “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адабиёт”, “Сабо”, … ба ғазалҳои шоир ва муҳтавои онҳо ошност.
Мисол овардани ман инҷо танҳо ин матлабро дарозтар месозад, аз ин рӯ аз он парҳез мекунам.
Аммо, ғазали Исфандиёр чи фазоеро дорад ва вижагиҳои он кадом аст?
1. Табйин ё сабки сароиши Исфандиёр чун дар шеърҳои нимоиву сапедаш, дар ғазалҳояш низ ошност.
2. Ба коргирии шумори зиёди вожаҳои ноб ва камкорбурд.
3. Омезиши масоили иҷтимоъӣ ва ангезаҳои ошиқона.
4. Ба коргирии авзони мушкилу камкорбурд, ки на ҳама аз ӯҳдаи он берун меоянд.
5. Афзудани рукну зиҳофҳо дар вазнҳое, ки онҳоро камкорбурд месозад ва тавоноии кашидани бархе вазнҳое, ки дар қадим 8 ҳиҷо будаанду шоирони муосир (Эрону Афғонистон) онҳоро то 12 ҳиҷо тӯл додаанд ва Исфандиёр то 18 ҳиҷо тавонистааст пеш равад.
6. Баҳрагирии васеъ аз кори ҳамаи устодони машҳуру номашҳури қадим бо зикри манбаъ.
7. Дар ғазал бо худи ғазал чун ба як шахс гуфтугӯ кардан, саҳнасозӣ дар ғазал, рӯ ба рӯ бо қаҳрамонҳои қадимии ғазал ҳамонанди Лайлӣ ва Ширин гуфтугӯ кардан…
8. Овардани қаҳрамони нав дар ғазал, ки собиқа надорад. Ғазалҳое, ки дар онҳо мухотаби шоир Меванча – духтаре суғдӣ аз 1400 сол қабл, – аст, бозёфти худи шоир аст, ки нахуст аз ин қаҳрамон дар рубоиву дубайтиҳои “Ҳамхуни Деваштич” ёд мекунад ва ҳамин тур ӯро ба саҳни ғазал мекашонад.
Дар ғазал бо Пуручисто – духтари паямбари Аҷам, Зардушт, – гуфтугӯ мекунад ва мақоми занро дар аҳди бостон аз диди он дин ва фарҳанги ориёӣ ба намоиш мегузорад.
9. Табъозмоиҳои фаровон ҳам дар гунаи сароиш ба сабки қудамо ва ҳам бо сабки ҷадид дар ғазал…
Ин нукта низ гуфтанист, ки роиҷтарин орояи адабӣ дар шеъри куҳани форсӣ таносуб аст. Дар ин санъати адабӣ, калимаҳое ки бо якдигар нисбате наздик доранд, дар канори ҳам қарор мегиранд ва фазои “дӯстона”-е падид меоваранд. Ва дар шаклгирии муҳтаво ва ваҳдати мавзуъ кӯмак мекунанд. Инҷо ҳунари шоир аст ки иҷоза намедиҳад вожаҳо эҳсоси танҳоӣ ва ғурбат кунанд. Исфандиёр инҷо низ дасти боло дорад.
Имрӯз кам нестанд он даста аз шоирони мо, ки аносире чун эҳсосу отифаю паёми аслии шеъри худро дар кӯчаҳои тасовири гунгу мубҳам гум кардаанд, ки хонанда бо мутолиаи онҳо дучори сардаргумӣ мешавад. Аммо иддае низ ҳастанд ки тасовир дар корҳояшон мамлу аз таъбирҳои рӯшан, бикр, гӯё ва пӯё ҳастанд, ки ин ҳокӣ аз мизони болои огоҳӣ, дониш ва мутолиаи онҳост. Исфандиёр ба дастаи дуюм таъаллуқ дорад. Ӯ ба хубӣ бар ин нукта огоҳ аст ки қавитарин ва калидитарин рукн дар шеър, унсури отифаю андеша аст. Ӯ ба монанди устоди маънавияш Лоиқ, масоиле чун миллат, ватан, торих, фарҳанг, мухолифат бо зулму ситаму беадолатҳо ва даъват ба асли худро аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯоти корҳо ва рисолати худ медонад. Аз инҷост, ки кафи ашъори иҷтимоии ӯ ҳамеша сангинтар аст.
Шоири омрикоӣ Роберт Фрост ҳарфи зебое дорад, ӯ мегӯяд: “Шоир чизҳое ба мардум медиҳад, ки онҳо намедонанд ва ё инки медонанд, аммо наметавонанд бигӯянд”. Ҳақ бо ӯст. Ва Исфандиёр ин ҳунарро ба хубӣ дорад. Зеботарин ва баландтарин ашъори иҷтимоӣ ва латифтарин ошиқонаҳоро бо камоли фасоҳату балоғату малоҳат месарояд. Ба ибораи дигар, ҳамдарди мардум аст ва аз забони онҳо гап мезанад. Ба қавли устод Сафар Абдуллоҳ “шоири дарду ранҷҳо”-ст. Яъне мехоҳам бигӯям мардумитарин шоири имрӯзи мост. Мардумӣ будан яъне огоҳ будан аз дарду ранҷу мушкилоти ҷомеа,
-бетафовут набудан дар баробари беадолатиҳову ноҳинҷориҳо,
-садо будан дар ҳанҷараҳои захмӣ,
-чироғ будан дар хонаҳои торику мунҷамиди зеҳнҳо,
-ойинаи қаднамои авзои ҷомеаи худ будан,
-паёмбари дарду лабханди ҳамватанони худ будан ва…. аст.
Ман фикр мекунам бо будани шоироне чун Исфандиёри Назар ва даҳҳои дигар адабиёти мо ҳаргиз сатҳӣ нахоҳад буд.
Ҳоло чанд солест ки дар ғурбат ба сар мебарад. Бешак дар шаклгирии адабиёти тоҷик дар муҳоҷират саҳим аст. “Адабиёти дар табъид, раҳо чун бод ва бидуни занҷирҳои захими сонсур аст. Танҳо адабиёте ки садо баланд мекунад. Садо барои ранҷҳо, дардҳо ва албатта умедҳо. Адабиёте ки дар он сухан аз чоплусиву ширинзабонӣ нест. Аммо чеҳраҳои торихииеро, ки барои зинда нигаҳ доштани чароғи шеъру адаб хуни дил хӯрданд, таъми шаллоқро чашиданд, меситояд.” (Аз баргаи Бахтиёр Аминӣ)
Бонгест ки хонандаро ба андеша вомедорад. Аммо ончи аз хонандааш мехоҳад: “ҳавсала ва тааммул” аст…
#Фасли_6
“ПИРИ ГАБРАК”
Пири Габрак – шахсест аз дурдасти торих. Мо ӯро бори аввал дар манзумаи баланди “Пири Габрак” дар маҷмуъаи “Дар кӯчаҳои шаб” мулоқот кардаем. Пире саропо дарди як миллати бостонӣ, сарзамине паҳновар бо номи Эрон (Хуросон ва Варозруд), Пире огоҳ аз торих, аз дину ойинҳои бостонии ин сарзамин.
“Пири Габрак” сохтаи зеҳни халлоқи худи Исфандиёр аст. Ин Пир дар ҳар замоне метавонад чун Суруш (Ҷибрили амин) зоҳир шавад ва рӯи масоиле муҳим, дарднок бо мардум гуфтугӯ кунад.
Гоҳе ӯро ҳангоми таҳнияти зодрӯзи нависанда, устод Абдуқодири Рустам мебинем, гоҳе сӯгвор дар кӯчи ҷовидонаи Баҳманёр ва гоҳе ҳангоми афсонагӯӣ бо писари шоир – Баҳман, ва гоҳе машғули “худгӯяҳо”-яш.
“Пири Габрак”- ро наметавон побаставу вобаста ба як дин шумурд. Ӯ ринде озод аст ва ҳеч монеъе барои худ намешиносад. Метавонад ба маъбади Буддо ворид шаваду ба гуфтугӯ нишинад, метавонад бо Аҳурои хеш баҳс орояд, метавонад саре ба ниёишгоҳи Монавиҳои қадим бизанад ва ҳам метавон ӯро дар калисо ҳангоми баҳс дид.
Барои ин “Пир” гуфтугӯ бо ҳамаи адён, нишастан дар канори ҳамаи расулону пайравони онҳо, ҳеч айбу гуноҳе надорад. Чун ӯ фаротар аз андешаи мағзҳои танг макон дорад.
Силсилаи манзумаҳои шоир зери номи “Пири Габрак” барои адабиёти мо падидаи тоза ҳаст. “Пири Габрак” мисли Зардушт аст, аз дурӯғ ва парастиши Бердиёҳои дурӯғин ҳӯшдор медиҳад, гоҳе Курушвор ба инқилоб ҳамаро басич месозад ва дурӯғро меронад, мисли “ринд”-и Ҳофиз аст, ошкоро мегӯяд ва аз касе боке ҳам надорад…
Омӯзиши амиқи шеърҳои баланду ривоии шоир нишон медиҳанд, ки даҳҳо шеъри дигари ӯ, бе он, ки ҳарфе аз Пири Габрак дар онҳо бошад, дар атрофи ҳамин қаҳрамони шоир мечарханд ва бархоста аз андешаи ӯянд.
“Пири Габрак” – силсилаест, ки ба назар мерасад то даме, ки Шоир тавони суруданро дорад, имкони зуҳури ӯ мавҷуд аст ва дари нубувату ваҳй барои ӯ баста нашудааст.
Шумо ҳам бо ин “Пир” рӯ ба рӯ шудаед?
#Фасли_7
ИСФАНДИЁР ВА ОСОР:
______________________
“ДАР КӮЧАҲОИ ШАБ”
______________________
Саргузашти ин китобро дар боло овардем. Ин маҷмуъа низ ба сохти дафтари аввали шоир аз шеърҳои нимоӣ, ғазал ва рубоиву дубайтӣ фароҳам омадааст.
Ба назар табиъӣ мерасад, шоире, ки бо чунон забони пурбор кори худро оғоз кардааст, дар идомаи роҳи худ такомули беҳтар меёбад, сабку забони сароиши вижаи худро пайдо мекунад.
Дар ин маҷмуъа метавон гуфт, ки бахше аз беҳтарин ва қавитарин шеърҳои шоир, ки гӯйӣ мисли занҷирае ба ҳамдигар иртиботи мавзуъиву маънавӣ доранд, ҷой пайдо кардаанд.
Оҳанги сароиши бархе аз ин шеърҳоро дар бархе аз охирин шеърҳои бо он қолабҳо сурудаи шоир метавон ҳис кард. Гӯйӣ ба шахси шоир оҳанги ҳамосӣ ва ривоятии шеърӣ бештар писанд асту ба табиъаташ маънус аст, ки онро аз ҳамон дафтари нахустини худ пайваста пайгирӣ мекардааст.
Шеърҳои баланди “Дар кӯчаҳои шаб”,”Дажхими тарс”, “Ин сояҳо, ки чатри худ…”, “Ин масал гирёнадам ҳоло…”, “Шаб” сурудаҳои мондагори шоиранд.
Шеъри “Эътироз” дар баробари шеъри “Дар кӯчаҳои шаб” аз баландтарин ашъори шоир дар ин маҷмуъа ҳаст.
Дар ин шеър аст, ки шоир бо садои расо мегӯяд:
Ман бадам меояд аз оромише, ки рўйи хомўшӣ макон дорад.
Нест дар хомўшӣ оромиш!
Мурдаҳо хомўшу ороманд.
Зинда бояд дар хурўшу дар тапиш бошад!
Зиндагӣ бояд хурўши рудҳои тундпаймои кўҳистон бошад, эй мардум!
Зиндагиро ҳукм бар хомўшӣ кардан – куштани мост!
Ман ба мардоне, ки сарро аз чакоди дор овезанд, менозам!
Сарбадарон яштҳои сад Авасторо сазоворанд,
Ва Худоро бо «Аналҳақ»-гўйии Мансур мехоҳам шиносам.
Дар суруди ман ба мардоне, ки хомўшӣ гузиданд, ифтихоре нест.
Дар суруди ман ба таслим ҳар ки сар бинҳод, матруд аст.
Шеъри ман аз панду андарзе, ки руҳи бандагӣ дорад,
Шеъри ман аз ҳарфи таслим,
Шеъри ман аз обҳои рокиду ором,
Шеъри ман аз вожаи хомўшӣ холист!
Ман чунинам,
Ман ҳаминам!
_________________________
“МАРО СУПОРУ БИРАВ”
_________________________
Дар ин дафтар, ки соли 1997 (нашриёти “Амри илм”) чоп шуда, дар қатори чанд шеъри баланд, маснавии “Эй чаковакҳо”-и шоир ба дасти хонанда расидааст. Маснавие, ки дар маснависароии тоҷик чизи нав аст.
Дар ин маснавӣ шоир чаковакҳоро мухотаби хеш қарор медиҳад ва ба василаи гуфтугӯ бо онҳо ҳама фоҷиаҳои Ватани хешро бозгӯ мекунад:
Турнаҳо то сӯи Кобул мепаранд,
Ҳамраҳи худ офиятро мебаранд…
Дар ин маснавӣ ҳарф аз фирори мардум ба хоки Афғонистон аст, ҳарф аз кушторҳост, ниёиш ба даргоҳи Худост, ёд кардан аз рустои зодгоҳ, аз падар, аз модар ва гуфтугӯ бо гелоси пири ҳавлии падар аст, ки:
Шохсорат ҷойгоҳи сорҳо,
Бӯсагоҳи дастҳо, минқорҳо…
Ва бо умед бахшидан ба хонанда маснавӣ тамом шуда.
__________________
“ЯК СОҚА РЕБОС”
__________________
Номи ин дафтари кӯчак аз маснавие бо ҳамин унвон гирифта шудааст. Маснавии дилкашу ошиқонаи шоир:
Ташнаам, як соқа ревосам бидеҳ,
Як ливон таълифи гелосам бидеҳ!
Ва қасидаи “Жукон”, ки гуфтем дар баробари тавсиъаи маорифи туркӣ дар кишвар, бо истиқболи қасидаи “Харобаҳои Мадоин” суруда шудааст ва шоир ба мухотаби хеш мегӯяд:
Бар гӯши ту меғуррам бо тундари ин абёт,
Бошад, ки барангезад бар ҷону дилат тӯфон!
Дар ин қасида ҳам аз ҷанги шаҳрвандӣ ёд мекунад ва аз сари кор омадани касони бедироят:
Мо аз сари нодонӣ, бар ҷони ҳам уфтодем,
Ту сар шудӣ аз Регар, ман бар шудам аз Хатлон!..
Охурчиву мирохур инҷо ба сари қудрат,
Охурчиву мирохур дидӣ, ки шавад султон?
Як тоифа дар инҷо дастихуши афсар шуд,
Лахте пайи муздурӣ дар Русия саргардон!..
То кохи ду-се ғосиб бо кунгура ороянд,
Садҳо сари одам шуд аз кунгура овезон….
Мо мояи табъидем дар хотираи торих,
Мо куштаи таҳдидем дар ҳофизаи даврон…
Дар маҷмуъ саросари ин қасида мӯяи шоир барои миллату кишвари худ ва дардҳои қадиму имрӯзи он аст.
Номи маҷмуъа ҳам хонандаро ба андеша мебарад: “ребос” – гунаи қадимтари “ревос, ревош, равош, ревоч, чукрӣ” аст, ки “бостонгароӣ”-ро дар шеъри шоир дар қатори даҳҳо калимоти дигар таъмин кардааст.
____________________________
“ЁДГОРИ ХУНУ ХОКИСТАР”
____________________________
Дар ин дафтар боз ҳам ба табъозмоиҳо ва таҷрибаҳои тозатари шоир рӯ ба рӯ ҳастем. Дар баробари шеърҳои баланду тӯлонӣ силсилаи ашъори кӯтоҳ – шеърҳои сапеди ӯ низ омадаанд.
Барои парҳез аз тӯли калом чанд шеър аз он дафтар меоварам:
ДАСТРАС
Дар рў ба рўят
аз дурўғингунаҳои ишқу сўзи дил сурудан носипосист!
Гунҷишки сурхи бўсаат дар пеши рўям мекунад парвоз,
Аз коҷзори мижаат мурғи нигоҳам мечинад овоз…
Оё дар ин ҳолат
Аз ранҷбофии кадом аъробие мўям, ҳамоқат нест?!
ДАР ИН ФОҶИА
Беҳуда гиря кардаам пеши дарат, Худо…
Ин субҳи тоза низ
Хуршед аз ғилофи сиёҳаш бурун кашид
Шамшери нурро,
То ки фалак тиҳӣ шавад аз фавҷи ахтарон.
…
Ин фоҷиа кирои гиристан намекунад.
ҶАЗО
Ҳаргиз ғуруб нест,
Хуни ситораҳост, ки хуршедро гирифт…
ДАР ДЎЗАХ
Эй кош, хок будем
Ва ташнагиямонро сароби фиристодаҳои
дурўғин намеафзуд.
Кош, дастҳои хунолудамон сабза мебуданд
Ва мижжаҳоямон
чарогоҳи барраҳои ширмаст.
ИН ҶО
Талаффузи дарҳо ҳақорат асту кисаи гадо холӣ.
Бод заҷҷаи кўдакони бемодарро меорад.
Ҳаҷми дашт
аз ташнагии Ҳусайн лабрез аст,
Куҷост Хайруннисо, ки ашк бифшонад?
Зикри ин нукта ҳам барои хонанда шояд холӣ аз аҳаммият набошад, ки баъди мутолиаи ин дафтари кӯчак, шоири шинохтаи ҳамзабон Алиризо Қазва силсилаи шеърҳои кӯтоҳе суруд зери унвони “Лутфан, шиносномаи ашкат…” ва он силсила ҳам бори аввал дар рӯзномаи “Ҳамроз” ба чоп расид.
________________________
“АЗ МАЪБАРИ ТӮФОН”
________________________
Дар ин дафтар, дар баробари шеърҳои интихобӣ аз маҷмуаҳои пешини шоир, манзумаи баланди “Эй шеър”, ки ба истиқболи чакомае бо ҳамин унвон аз Алӣ Мӯсавии Гарморӯдӣ суруда шудааст, омада.
Мухотаби шоир дар ин манзума худи Шеър аст ва Шеър дар инҷо шахсият пайдо мекунад.
Дар ин манзума, ки боз ҳам шоир вазъи кишвару аҳволи бади зиндагии мардумро дар як ҷомеъаи ҷангзадаву ҷангсолорон шоҳид шудаву аз сари худ гузаронидааст, мушкилоти Ватану мардуми худро нафас пушти нафас гиря мекунаду мешуморад:
…. Эй шеър!
Дар чашмҳои маъюси модарам мебинамат
Вақте
Дар сўги Ҳангома мегирист.
Дар кафидагиҳои дастонаш,
Ки дерест,
Аз занонагӣ маҳруманд!
Қад мекашӣ
Ҳамроҳи гелоси ҳавлии падарам,
Вақте ки сорҳо бармегарданд
Ва гуруснагиро ҳикоят мекунанд.
Дар пироҳани фарсудаи додарам мебинамат,
Ки ҳамроҳи модарам интизор аст.
Тўфон мекунӣ дар ҷонам,
Ашки ғам мешавӣ дар чашмонам,
Гоҳе ки аз кўмак ба онҳо маъзурам…
Аз ночорӣ,
Аз нодорӣ
Дар худ меҷўшам,
Тўфон мекунам,
Мерезам пеши пои худ.
Маро бармедорӣ,
Эй Шеър,
Ғубори танамро меафшонӣ,
Маро ба худам бармегардонӣ…
Оҳ, эй Шеър,
Худо туро нигаҳ дорад!
Туро дар ашки ҳамватанҳои мазлумам мебинам,
Ки ғурбатро
Таҷруба мекунанд…
Дар Сари Осиё мебинамат,
Эй Шеър,
Вақте бо бародарам муздурӣ меравӣ!
Медорандат,
Шаллоқат мезананд,
Аз пой чоруқҳоятро мебаранд,
Аз тани мазлумат
Охирин пўшокатро…
Дар сангинтарин корҳо мебинамат,
Ки ҳамватанонам
Дар Русия машғуланд!
Бармегардӣ,
Дар роҳ,
Дар сарҳад,
Дар гумрук мебинамат, эй Шеър,
Вақте ба амволи ҳамдиёронам мекобандат!
Азобат медиҳанд,
Ғоратат мекунанд,
Ҳамроҳи ҳамватанҳои ғарибам
Ҳақоратат мекунанд!
Устуворӣ,
Эй Шеър!
Вақте ба ҳабс мебарандат.
Пушти панҷараҳои зиндон мебинамат,
Мисли ҳамватанҳоям
Дар зиндонҳо…
Аз маъбарҳои Ватанам мечинамат, –
– Аз маъбарҳо,
Ки ҷойгоҳи ризқу рўзии кўдакони маҳруманд!
Дар дасти занҳои садақаталаб мебинамат,
Эй Шеър!
Берун мешавӣ аз даҳони зани мазлуме:
“Худо умратон диҳад,
Тараҳҳум кунед…”
Дар чархи аробакашҳои бозор мебинамат,
Мечархӣ,
Менолӣ.
Ҳамроҳи аробакашҳо таҳдидат мекунанд,
Табъидат мекунанд.
Эй Шеър,
Чӣ қадр ноуболӣ!
…..
_________________________
“ҲАМХУНИ ДЕВАШТИЧ”
_________________________
Ин ҳам яке дигар аз дафтарҳои шеъри Исфандиёр аст, ки баъди солҳо напардохтан ба чопи ашъори худ ва нашри осори дигари худу кори дигарон, тавассути нашриёти “Ирфон” ба дасти хонанда расидааст.
Ин дафтар танҳо рубоиву дубайтӣ дорад, аммо дигар чун дафтарҳои қаблияш бо услуби сароиши қудамо на.
Рубоиву дубайтиҳои ин дафтар имрӯзӣ ва гоҳо бо ҳавои дубайтиҳои мардум суруда шудаанд. Тақрибан тамомии абёти ин дафтарро шоир дар як сафари кӯтоҳи худ, дар Кобул сурудааст.
Нашри комилтари ин дафтар бо хатти порсӣ дар Кобул сурат гирифта ва боз ҳам шоир абёти навро ба он дар Кобул афзудааст.
Танҳо дафтари сурудаҳои шоир, ки дар нашриёт ҳангоми додани нишонӣ ба ин китоб аз сӯи масъули шобаки байналмилалии ин бунгоҳ мухтасар, яъне бо ҳазфи як рубоӣ сонсурро аз сар гузаронидааст.
Аммо дардисарҳои ин дафтар баъди чопи он оғоз шудаанд.
Корманди ҳамин нашриёт, бонуе, бо маҷмуъаи “Ҳамхуни Деваштич” вориди дафтари Абдураҳмон Олимуф, масъули додани шобаки китобҳо шуд ва ба сари марди пир шӯрид, ки: хондаӣ, ки ин шоир чиҳо гуфтааст?
Олимов бо тарс китобро гирифтаву мехонад:
Муллову муаллиму кадевар – ҳама дузд,
Ҳам дузд милиса, додгустар – ҳама дузд!
Суде накунад насиҳати Шайхи аҷал,
Дар кишвари мо асғару акбар – ҳама дузд!
Олимов осемасар дафтари қайди шобакҳоро гирифтаву баргаеро, ки номи ин китоб бо шумораи байналмилалии он сабт шуда, медаронад ва дафтарро дубора рӯнавис мекунад…
Ин моҷароро баъдҳо афроде, ки думболи шоир мегаштанду мехостанд ӯро зиндонӣ бибинанд ва аз теғи қаламаш дар амон бимонанд, пай бурдаву Олимовро водор мекунанд, ки баёнот бидиҳад, ки ба ҳеч як китоби Исфандиёр нашриёти мазкур коди байналмилалиро надода.
Олимов ночор ин корро мекунад. Аммо мавҷудияти нусхаҳои аслии шумораҳои шобакҳо бо хати Олимов дар дасти шоир, кӯшиши бадхоҳонро хунсо намуд.
Маҷмуъаи мазкур рубоиву дубайтиҳо ва тасвирҳои шоиронаи дилкашу хотирмон зиёд дорад. Мавзуъи миллату мушкилоти он ва хотираи торихии он, чун ҳамеша, дар ин абёти шоир низ мавҷ мезанад:
Парешон шуд зи дастат хоби тоҷик,
Намонд аз ту тавону тоби тоҷик.
Дигар аз обрў гуфтан чи ҳосил?
Ба дарёҳо ту бурдӣ оби тоҷик.
*
Кӣ карда миллати муздур моро?
Гадо, бе хонаву бе гўр моро.
Қиммат н-омада, аммо кӣ карда
Гадо андар Ватан маҳшўр моро?
*
Ранге, ки дар он шоху бари вағнич аст,
Аз хуни дилу гардани Деваштич аст.
Дуди ҷабали сўхтаи дарраи Фон,
Вомондаи оташкадаи Марзич аст.
Ошиқонаҳои дилкашеро низ хонанда аз ин маҷмуъа дармеёбад:
Ту он кўҳи баланди пурғурурӣ,
Барои ман чакоди беубурӣ.
Расиданро ба домони ту умре
Таманно мекунам, аммо ту дурӣ.
***
Ғизоли зурваи Фалғар ту бошӣ,
Сафои кули Искандар ту бошӣ.
Ман он вайронаҳои кўҳи Муғам,
Дар ин вайрона ганҷи зар ту бошӣ.
Аз хароб шудани табиъат нигаронӣ мекунад:
Фарку Падаву Четану Ғўши ту намонд,
Кабке, ки ҳамехонд ба гўши ту, намонд.
Ғурме, ки ба зурваҳот мегашт, гурехт,
Эй деҳа, дигар шукуҳи дўши ту намонд.
_____________________________________
“ПАРАНДАҲО ДУРӮҒ НАМЕГӮЯНД”
_____________________________________
“Парандаҳо дурӯғ намегӯянд” даҳумин дафтари шеъри Исфандиёр аст, ки соли равон аз сӯи нашриёти “Туранҷистон” дар Теҳрон ба чоп расид ва дар Намоишгоҳи китоби Эрон ҳузур дошт. Ин маҷмуъа ҳовии ашъори сафед ва ҳойкувораҳои ӯст.
Дар ин маҷмуъа танҳо бахше аз шеърҳои на чандон тӯлонӣ ва асосан ашъори кӯтоҳи шоир бо ҳамроҳи шуморе аз ашъори дар қолаби ҳойку сурудаи ӯ ҷой пайдо кардаанд.
Ин китоб, ки бо шуморагони 800 нусха чоп шудааст, иборат аст аз 170 сафҳа.
Ба муҳтавои ашъори ин китоб то ҷое хонандагон аз матнҳои кирилии он ашъор дар саҳифаи фейсбукии шоир ва гузоштаҳои ман ошноянд.
Аз маҷмӯаи “Парандаҳо дуруғ намегӯянд” чанд намуна бо ҳам мехонем.
УМЕДИ ДУР…
Баҳори нозанин дубора меояд!
Парандаҳо инро ба ман гуфтанд.
Парандаҳо дурӯғ намегӯянд.
(Ман инро ба занам гуфтам…)
“Худо, ҳанӯз дарвозаҳои карамашро набастааст.”
Инро ба ман мӯсафедони деҳаамон гуфтанд.
Мӯсафедони деҳа дурӯғ намегӯянд.
(Ман ин ҳадисро ба занам гуфтам..)
“Ба умеди рӯзҳои хуб” – гуфтам ман,
Занам андуҳгинона сар ҷумбонд
Ва чашм ба абрҳои сафеде духт,
Ки рӯи мӯйу риши ман ҳамора меборанд…
БА ХОТИРИ ТУ…
Сарвҳо мерӯянд,
Санавбарҳо мерӯянд,
Шамшодҳо сабз мешаванд,
То пайкари туро ҷилва диҳанд.
Коҷҳо,
Мижгонҳоятро тақлид мекунанд
Ва ман ин ҳамаро ба хотири ту дӯст медорам.
БО ТУ
Кадом дарахт
Баҳорро фаромӯш кардааст,
Ки ман туро?
Магар ин, ки дарахт хушкида бошад…
Магар ин, ки ман мурда бошам…
СОАТИ БЕАҚРАБА
Ғурбат
Соъати беъақраба
Дар ҳуҷраи ман аст…
******
Ҳойкувораҳо
Барф
чароғи роҳ мешавад
бонги муаззин
*******
Меҳ дар пиёла
дастҳои сард
меҳмони нав.
*******
Чанори куҳан
ҷомаашро метакад
наврӯз.
*******
Хомӯшӣ шикаст
танини хомӯшак рафт
мавҷҳои истахр.
_____________________
“ПАРАНДИ СОЯҲО”
_____________________
Маҷмуъае аз ғазалҳои шоир, ки хабари нашри он дар Кобул, бо интихоб, баргардон ва муқаддимаи Исмоили Лашкарӣ ба чашмҳову гӯшҳо расид.
Бар тибқи гузориши таҳиягари китоб дар маҷмуъа он ғазалҳое омадаанд, ки дар маҷмуъаҳои дигари шоир дида намешаванд.
Баҳодиҳии ҳолу ҳавои ин китобро, то дастрас намудани он ба вақти дигар мегузорем. Ин қадар гуфта метавонем, ки чун бо табиъату ҳолу ҳавои сурудаҳои шоир ошноем, яқинан гулчини хубу хондание бояд бошад.
#Фасли_8
АЗ НАҚДИ АДАБӢ ТО МАТБУЪОТИ АДАБӢ…
Шеъри иҷтимоӣ яке аз сармояҳои адабии мост, ки шӯрбахтона камтар ба он таваҷҷӯҳ мешавад.
Шоирони бузург ҳич гоҳ аз ҷомеа ҷудо набуда ва ҳамеша садои расое дар ҳанҷараҳои мардум будаанд.
Исфандиёр дар тамоми муддати ҳамкорияш бо матбуоти тоҷик ва пас аз он ҳам дар таблиғи шеъру шоирону адибони тоҷик – новобаста аз маҳалли онҳо – корҳои зиёде кардааст.
Оё ба ашъори ин шоир адабиётшиносии муосир пардохтаву ба корномаи адабии ӯ баҳои муносибе додааст?
Ба назар мерасад, ки на!.
Ба истиснои рӯзномаҳое, ки худи шоир дар онҳо кор карда ва рӯзномаҳои “Нигоҳ” ва “Озодагон”, боз кадом ҳафтаномаву маҷаллаи кишвар аз ашъори ин шоир чоп кардаанд?
То онҷо, ки таҳқиқ кардам, “Адабиёт ва санъат” як бор ва он ҳам солҳо қабл теъдоде аз рубоиву дубайтиҳои шоирро дар гӯшаи “Навгонӣ”-и худ чоп намуда. Мақолаи хурде аз номзади улуми филулужӣ бону Шифо Амонова дар ҳамон солҳо дар бораи насри Исфандиёр чоп шуд.
Маҷаллаи “Садои Шарқ” низ теъдоде аз шеърҳои “Ёдгори хуну хокистар”-ро тақрибан бист сол қабл чоп кардааст…
Маҷаллаи адабии устони Суғд низ солҳо қабл як маснавӣ аз Исфандиёр чоп карда…
Маҷаллаи русии “Помир” ҳам ҳудуди понздаҳ сол қабл тарҷимаи чанд шеъри Исфандиёрро бо қалами Музаффар Ҳайдаров ба чоп расонида…
Солҳо қабл, танҳо марҳум Муҳаммадалии Аҷамӣ мақолае дар мавриди ашъори Исфандиёри Назар, ба хусус корҳояш дар бахши маснавӣ навишт ва дар китоби мақолаҳояш ба чоп расонид.
Дар мақолае Мубашшири Акбарзод дар мавриди ҳамон ду дафтари кӯчаки “Ёдгори хуну хокистар” ва “Як соқа ребос” ёд кардааст.
Баҳсе солҳо пеш дар мавриди муқаддимаву як ғазали Исфандиёр миёни шоирон Давлати Раҳмониён ва Салими Зарафшонфар сурат гирифта.
Дигар ҳеч…
Танҳо устод Чароғӣ мақолаи нисбатан муфассале дар мавриди ашъору рӯзгори Исфандиёри Назар дар маҷаллаи адабии “Розон” дар 17 саҳифа нашр намуд. Ҳамин нависанда қабл аз нашри мунтахабе аз ғазалҳои шоири тоҷик, дар маҷмуъае зери унвони “Фариштамоҳ” панҷ ҳикояи Исфандиёри Назарро ба чоп расонид, ки тавфиқи чопи дуввумро ҳам ёфт.
Мақолае нисбатан муфассал Исмоили Лашкарӣ низ дар мавриди шеъри Исфандиёри Назар навишт. Ҳамчунин, Ҳафиз Бобоёров андешаҳояшро роҷеъ ба яке аз китобҳои ахири шоир навишт. Аммо оё инҳо кофиянд? …
Исфандиёр монанди ҳар қаламбадасти забардаст мувофиқ бо замону муҳите, ки дар он нафас мекашад, зиндагӣ, қавонин, дину мазҳаб, хулоса фарҳангу эътиқодоти мардум ва мушкилоти онҳоро бо ёрии калимаҳо, ки муҳимтарин абзор ва силоҳи ӯянд, ба тасвир мекашад. Шеъраш, дар баробари ғанӣ будан аз бори маъно, муҳтаво ва латофату шеърият, ҳамчунин аз набзу рӯҳу ҳаракату тароват холӣ нест.
Ба ҳар ҳол дар ҳамеша рӯи як пошна намечархад. Умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб шоҳиди таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ нақду баррасиҳои шоистае (на суханҳои муносибатӣ) бошем.
#Фасли_9
#КОРНОМА_ДАР_ҒУРБАТ…
Мешуд ин фаслро дар миёни бахшҳои болоӣ ҷой диҳам. Аммо инҷо ба ёдам омад, ки як бахши дигар аз корҳои анҷомдодаи ин шоирро ёдовар нашудаам.
Шумори зиёде аз рӯзноманигорон, шоирон ва соҳибони кору касбҳои дигар бо ҳар сабабе Тоҷикистонро тарк намуданд.
Ҳар муҳоҷире, мусофире барои худ далеле дорад. Мавзӯъи мо ба ин тарафи масоил аслан намепардозад.
Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, ҳузури қаламбадастоне, ки кишварро тарк намудаанд, моро ба идомаи фаъолияти онҳо дар ғурбат аз наздик то андозае ошно месозад.
Баҳодиҳии фаъолияти беруназкишварии ин бузургон низ кори мо нест, аммо ба ихтисор бояд аз чанд тани онҳо ёд кунем.
Нахуст аз саршиностарин рӯзноманигору рӯзномадори кишвару миллат Додоҷон Атовуллоев бояд ёд кард.
Ман ё шумо, агар хоҳему нахоҳем, торихи даврони истиқлолхоҳӣ, матбуоти озод, муборизаҳои сиёсӣ, мавқеъгирии побарҷои афроди дигарандешу озодихоҳро бе ному корномаи ӯ наметавонем бинависем ё тасаввур кунем.
Барои ҳар рӯйдоде ҳар рӯз аз ин қаламбадасти тавоно метавон навиштае, шарҳе, наворе, мусоҳибае, ҳаҷве, шеъргунае… пайдо кард. Инҳоро танҳо аз равзана ва зовияи диди адабдӯстонаи худ мегӯям.
Наздик ба 30 сол аст, ки берун аз Ватан зиндагӣ мекунад. Атовуллоев намояндаи насли даврони худ ва касоне, ки бо ӯ ҳамзамон ба тарки иҷбории Ватан гардан ниҳодаанд ва ҳам намояндаи насли ҳиҷратҳои баъдист.
Мавҷи дуввум, аз соли 2015 ба баъд оғоз шуда ва дар ин даврон шумори зиёде аз қаламкашон ночор ба тарки Ватан шудаанд. Дар ин шумор: Исфандиёри Назар, Бахтиёр Аминӣ, Ҳафиз Бобоёр, Саймуддин Дӯстмуҳаммадиён, Фаридуни Раҳнавард, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Зафари Сӯфӣ, Мавҷуда Соҳибназарова, Ганҷина Ганҷова…ва даҳҳо нафари дигар шомиланд.
Банда ба мавқеъгирии сиёсӣ ва ақидаи онҳо ҳеч коре надоштааму надорам ва нахоҳам дошт.
Манзури ман аз ин миён корҳои анҷомдодаи рӯзноманигорӣ ё фаъолияти адабии ин қаламкашон аст. Ҳамин.
Корҳое, ки худ анҷом додаву медиҳам, аз баргаҳои корбарие, ки дорам, ошкор аст ва баҳодиҳии он ба ӯҳдаи хонандагон аст.
Бахтиёр Аминӣ дар нашри ҳойкуҳои хеш қадамҳои фарох гузошт ва тавонист дар садҳо маҷаллаву маҷмуаи дастҷамъиву сомонаҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон намунаи корҳои хешро ба чоп расонад. Ҳалолаш бод!
Аз ин миён, чун баҳси мо дар мавриди осори Исфандиёри Назар аст, суханро ба дур намебарем.
Исфандиёр, дар ғурбат низ аз кору кӯшиши худ накоҳид. Мақолаҳои мутааддиди адабиву иҷтимоъӣ навишт. Тарҷимаи ҳолу намунаи ашъори шоирони зиёди тоҷикро дар саҳифаҳои “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб”, “Ин қанди порсӣ” ва баргаи фейсбукии худ ба нашр расонд.
Ашъори дар ин солҳо сурудаи ӯ шояд чанд маҷмуъаи комил бошанд.
Силсилаи шеърҳои баланди “Сӯгномаи дигар”, шеърҳои “Перу”, “Тоҷикистон”, “DIE WEIBER-TREU DER FRAUEN ZU WEINSBERG”, “MÜHLE FRIEDRICHS BORN”, “Годиво (GODIVA )…”, “Модар”… аз шумори шеърҳои мондагори шоиранд.
Аз корҳои дигари ӯ бознашри ҳикояҳои нависанда ва танзпардози шинохтаи тоҷик Имомназари Холназар буд, ки ба ин васила теъдоде аз онҳо дар маҷаллаи адабии “Розон” дар Эрон бо кӯшиши Абдулризо Чароғӣ ба чоп расиданд.
Дар ин давр маҷмуъаи ғазалҳову рубоиҳо ва дубайтиҳои абарустод Лоиқ бо гирдоварии устод Чароғӣ ва муқаддимаи Исфандиёри Назар дар Теҳрон ба чоп расид.
Бо пешниҳод ва ҳамкории ӯ ҳамчунин румони “Ривояти суғдӣ” бо баргардони устод Чароғӣ тавфиқи чоп ёфт.
Ҳамчунин устод Чароғӣ бо нашри маҷмуъае аз достонҳои нависандагони тоҷик, силсилае аз ҳикоёти Исфандиёр, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Имомназари Холназар ва… –ро зери номи “Фариштамоҳ” ба чоп расонид, ва ҳамон тур ки қаблан ишора кардем, бори дуввум ба чоп расид.
Аз корҳои дигаре, ки Исфандиёр дар ғурбат анҷом дод, баргардони тамомии шумораҳои бозмондаи рӯзномаи “Бухорои шариф” бо шарҳу тавзеҳоти муфассал ба он буд, ки дар назар аст ба шакли китоби алоҳида ба чоп бирасад. Кори каме нест!
Баргардони “Қуръони Моҳон”, баргардони асари бисёр пурарзиши “Таквини забони порсӣ”, тарҷимаи беш аз 300 ҳойку аз забонҳои олмонӣ ва рӯсӣ ба форсӣ, тарҷимаи намунаҳои шеъри шоирони шинохтаи ҷаҳонӣ аз олмонӣ ба форсӣ, баргардони асари комиле дар бораи ҷашни Наврӯз аз кори муҳаққиқони афғонистонӣ, баргардони садҳо шеър аз даҳҳо чеҳраи нави адабиёт ва муаррифии онҳо… ин ҳама корҳоеянд, ки ӯ анҷом додааст…
#БА_ҶОИ_ОХИРСУХАН
Шеърҳое ҳастанд ки бо хонданашон як сафари торихиро таҷруба мекунӣ. Сафар дар замон. Вожаҳо табдил мешаванд ба як қатори номаръӣ ё қоли (н)чаи ҷодуӣ ва туро ба гузаштаҳои дур мебаранд. Танҳо коре ки мекунӣ, ин аст, ки биншинӣ пои тамошои филми торих ва сар ба гиребони андеша фурӯ бибарӣ. Аммо шарти тамошо чӣ аст?: Сукуту ҳавсала! Дар баробари чашмонат чашмандозе аз наворҳои бисёр рӯшан намудор мешавад…
Бале шеърҳое ҳастанд, ки сутунҳои рӯҳатро меларзонанд, чашмасори эҳсосатро ба шӯр меоваранд ва чироғи таамулу андешаварзиро дар мағзу равонат рӯшан мекунанд. Бо як калом: бедорат мекунанд. Ин навъ шеърҳо паёмбаронеанд, ки рисолаташон ҳамин аст; даъват ба андеша, имон ба асолат. Ҷодуят мекунанд. Роҳатат намегузоранд. Муддатҳо зеҳнатро даргир мекунанд. Оё шумо ин навъ шеърҳоро суроғ доред? Ман дорам. Зиёд нестанд. Аммо яке аз онҳо Исфандиёр асту “Пири Габрак”-аш.
Осори солҳои охир эҷодкарда ва чопшудаи шоир ба таври мукаррар шаҳодат аз он медиҳанд, ки чи қадр ӯ дар офаридаҳои тозааш, дар канори тафсиру ривояти масоили талхи иҷтимоию сиёсӣ, мизони салосату асолату балоғат ва албатта шеъриятро ба таври чашмгир боло бурдааст. Ҳамон тур ки дар боло гуфтем, таҷассуми мавзӯҳои ҳувият, фарҳанг, торих ва ишқ ба инсон дар осораш мавҷ мезанад. Бо забоне ороставу пероста аз вожа ва таркибҳои нобу бикр. Гоҳе аз хони падарбузургаш – Рӯдакӣ тиккавожае вом мегирад ва гоҳе қаламаш ба оҳанги мавзуни абарустод Лоиқ мерақсад…
#ВА_ЯК_НУКТАИ_ДИГАР…
Ҳар касе, ки аз Ватан бо ҳар далеле дур аст, маънии инро надорад, ки ӯ бе ёди Меҳану ҳаммеҳанон бошад, балки он сон, ки ҳувайдост, дили Исфандиёр на камтар аз удабои дохили Ватан барои ин хоку бум месӯзаду метапад. Ӯ бо қалам алайҳи фасоду ҳамлаи бегона ба сарзамини мо метозад, намехоҳад дасти ҳеҷ таҷовузгаре ба кишвари мо дароз шавад, он дастро бо шамшери буррои сухан қатъ мекунад. Шеъри ӯ ба хонанда ғурури миллӣ эҷод мекунад, шеракаш месозад то дар дифоъи Ватан хобу хӯрро канор бигзорад ва синаи худро дар роҳи ҳимоят аз Модар-Ватан сипар созад. Ин чизи каме нест!. Имрӯз аз эҳсосу бардоштҳои сабуку бидуни таҳлил наметавон ба корномаи ӯ баҳои ҳақиқӣ дод, вале фардо, замон собит месозад, ки бештарину беҳтарин ашъори ватандӯстонаро кӣ сурудааст: оне, ки дар мансаб маош мегираду муаззаф аст ин корро кунад ё оне, ки берун аз Ватан бидуни касби пуле содиқонаву ошиқона аз Ватану миллат мегӯяд?!.. Дар ин замина боястӣ таҷдиди назар намоем.
Бо як калом, Исфандиёр ба танҳоӣ худ лашкар аст, лашкаре, ки Тоҷикистонро метавонад ба сурати матлубу шоиста муаррифӣ намояд. Кош мисли ӯ лоақал даҳ нафар медоштем. Он гоҳ…
#Фирдавси_Аъзам
#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР
#Корномаи_Исфандиёр
01.11.2022
https://youtube.com/@FirdavsAzam