Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон»

Бешубха аст, ки замону макон, мухити ичтимои ба зиндаги ва фаъолияти инсон таъсир мегузорад, зеро инсон дар доираи онхо мемонад ва берун аз онхо буда ва шуда наметавонад.Чунин таъсир дар фолклор-хикмати халк низ дида мешавад, зеро мардумро одат буда ки бо шеър тавъам зистаанд.Кам одаме ёфт мешавад, ки дар инчо 50-60 байту рубои надонад ё бо оханг нахонад.Мухит чунин инсонхо тарбият менамуд.

Чупони пешаи мухиму асоси, ки ба хисоб мерафт, бешак аст, ки дар танхоихо байни куххои баланд, ки садо акс немдихад, шавку илхоми одам меояд.Фолклор муаллифи мушаххасе ё ягонае надорад, он моли халк аст.Аз ёдхо ба ёду хотирот мегузарад ва хирмани бузургеро ташкил медихад.Бисёр мисолхои аник метавон овард, ки гуяндагони он маълуми мушаххасанд ва онхоро аксаран филбадеха гуфтаанд.

Чунончи, Мулломухаммадрачаб-шахси зарофатгую хозирчавоб дар хашари алафдарви ба сохиби кор чунин мегуяд:

Хезед нашинед тарaддуди ош кунед,

Дар пеши даравгарон палав чош кунед.

Сохибкор хам суст намеояд:

Дар огали мо на гов монду на рама

Руган ба Каротегин,биринч да (р) Курма.

Ё мисоли дигар.Дар замоне, ки дар дарё тилло кор мекарданд, марде бо номи Одина кор мекард ва уро Одинаи «залатой» мегуфтанд.Баъд дар хаки у чунин байт сурудаанд.

«Точикзалатой» акнун пароканда шудаст,

Дар назди халоик аз хама ганда шудаст.

Муллоабдулло табъи баланди шоири доштааст.Сатрхои зерин моли уянд:

Вой аз сари шаррахою вой аз обаш

Вой аз сари Шахи Зарду чои хобаш

Дар гарми хамво муяссарам гардунад,

Сад бор мурам ба Чашмаи Широбаш

Дар яке аз паюгонихои (туи аруси) махал шохид будем, ки кампире лагандча дар даст бо лахни шевову чаззоб  ин байтро хонду аз гиря хиккакаш гирифт.

Ин кутали Зойти буроз асту нишеб

Чо-чо гули анбар асту чо-чо гули себ.

Эхтимол хамон лахза ба ёди кампир зодгохаш рансиду онро бадехатан замзама  намуд., зеро мо на дар китобхои фолклор ва на дар забони мардум онро дарёфт  накардем.

Чунин мисолхо хеле зиёданд.

Дилварзира шаб пашшаю руз офтобаш

Мачора мурам ба шаррахои обаш.

Ин байтро наметавон тахкир кард, ба он эхтиёч нест,харчанд, ки кампир «бесавод» буд,аммо байти у аз лихози шеъри нукс надорад,кофияву радиф барчо, маъни пухта, таносуби каломро бубинед:шаб-руз,Дилварзин-Масчо,офтоб-шарраи об.

То мухочират олоти афзори абёти мардуми васфи шарраю чашмахо, салкинихои сояи зардолухо, хасрату армони фарди,шиква аз бепарвоии дустдошта,зебоихои тагобу азоби чупонбача хини борон, афсуси дустдоштаи у-духтари дехоти,ки зери борон мемонад.Инчунин манзараи чавдарви,хирманкуби,орзухои бачаги, хавас хо акс ёфтаанд, кивокеан онхо садои дили пурорзу,пурхасрат ва пурдарданд.

Оби хунука ба оби чуш андозед

Байтои мани сухтара гуш андозед.

Дилварзин фолклорро хам дигаргун намуд.ИН конуни хаёт аст.Мардум бо ашёи наве чун телфон,радио,патефон,камсамоил,матлубот, парта,пахта, трактор,мошин, червон,электрик тилвизор, мактаби нав, Янток, колхоз,лампочка ва гайрахо бештар ошнои намуданд, аз онхо бахра бурданд ва дар ифодаи арзу дарди худ истифода бурданд.

Аксаран дар ашъори Дилварзини мо навои шукру сипос ба даврон, миннатдори аз Хукумат, озодии занону духтарон, тараннуми мактаби шурои ва ахёнан шикоят аз пашаю гармихои дашт ба гуш мерасад.Яъне мардум бо худ аз кухистон ба чои куххои баланд ба водии апст шеъри баландашро овард.Шеър хамвора хамнафасу хамрози онхо будааст.Бо оханги мастчохи байт хондан дар чашну базмхо як анъана буд,мутаассифона, солхои охир шеъри шуху мавсими ва кучаги чои онро гирифт.

Дар зер ба сифати намуна аввал байтхои дар Мастчох сурудашуыда ва баъд офирадахои Дилварзиниро меорем,ки хонанда  худ казовати хакики хохад намуд.

Кад-кади тагоб меравам чавдарви,

Румолчаба магзу аз кафом медави

Олуча баланди карду каддам нарасид

Ин духтари кош сиёба зурам нарасид

Ин беди баланд соя кунад болота

Офтоб назанад руи гули раънота

Масчоба мурам, Масчо мазоро дорад,

Обхои хунуку лолазорхо дорад.

Ду коши сиё дорию хардуш куша,

Якташ ба ману якташ ба гирди гуша.

Дар дасти шумо пиёлаи чои кабуд

Монанди шумо раёни масчоба набуд.

Э куртасафед куртаякат багаки бед

Сад кас ба ту ошик асту моям ба умед

Хоят гуям  намебури аз богат

Мобайни ду шохи себ чои хобат

То зинда хаям туро намонам ба касе

Баъд аз сари ман ту дону хар хору хасе

Хулбуи лаби чу шудаст меваи тар

Ру чониби мо карди дил чои дигар.

Кошот борик миёни кошот борик

Румоли сарат Рогифа кардаы торик

Худгиф мерию чи мебиёри бари ман

Дермуни накун токат надорад дили ман

Ман мемураму ду гур ковед бари ман

Якташ бари хасратому якташ абмри ман

Ту дар сари вот шинию ман дар таги вот

э дурракабуд умрама карди барбот

Садбарги сафед мебуравад бозикунун

Ранги мара карди худи барги хазун

Каддат ба мурам кадди ту паст афтодай

Кошони ту пурхумору маст афтодаы

Тагтаги тагобу меравам руболо

Ошик шудаам ба духтари домулло

Ман мерумао ба зираи дандунат

Дар гур-гури мохсину лаби хандунат

Арзанчиниба фурорамат вакти намоз

Лабхота тамошо мекунам пусти пиёз

Ман мемурамо ба хасрати дунёи

Гури мана хуч кунед дарод рушнои.

Боло мери ман ба ту боло мерам,

Ту гулчини рав ман пеши мулло мерам.

Аввал ба худо мурему охир ба шумо

Мо байта тамом кардему навбат ба шумо

Абёти Дилварзини

Ман духтари пахтакора ёраш бошам

Дар пахтачини хамдами кораш бошам.

Кошке ки худо муаллимам гардунад,

Дафтарча гирад,биёд ба пешам хунад.

Мошин ба савор шудему кардем ханда

Дилварзи барои коргурезо ганда

Мактабба фуром барфи калон меборад

Ёри мана бин бо чурахош харф дорад.

Дар шахрои мо на муфтию на кози

Мо дастибадаст кунем Хукумат рози

Тилфуни идорахо ду мели муят,

Мунанди электрик сафеди руят.

Червон тиям аэроплан бардорад,

Моро бараду бар ватано фурдорад.

Лампуска ба болои сарат рушнои

Як буса гирад ин бачаи масчои

Ай чураи чон биё равем матлубот

Дар пои шумо кулуши панчум мебот.

Повиска ба дастам доду мерам раюн

Очаш мана диду духтараш шуд гирюн.

Мошин ба савор шудем ба оби дида,

Тагдир набудаи нону насиб бурида.

эй чураи чон биё шинем дар парта,

Ту сузани патефон шаву ман карта.

Парти ману парти чураям пушти ба пушт,

Хар лахза нигохи зери чашмат мана кушт.

Офтоб шиношиной ба кадди бурсо,

Чашмам чорай, дилам кашуни Масчо.

Дар дасти шумо доданд китоби конун

Мактабба намеравнд занони нодун

Хасрат дорам тамом куни мактабата,

Дастмол кунам кошони серравганата.

Рахмат ба Хукумат ки кушод мактабаша,

Хар банда ба когаз мекашад максадаша.

Табелчи шавам тафтиш кунам корота,

Истода тамошо мекунам кошото.

Хукумати мо мактаби халки кардай,

хукуки зану марда баробар кардай.

Мактаб меравам дар дасти ман як дафта,

Дар гушаи бом шистай мисоли кафтар.

Як обе хурам оби зарафшон бошад,

Як ёре гирам табелчи колхоз бошад.

Сангои сафеду дури мактабба мурам,

Дастони сафеди ручказебатба мурам.

Сузад рахи Мастчоху ангишт нашавад,

Ин ганштани Дилварзин фаромуш нашавад.

Давида бурамадам ба руи устал,

Гап мезанамо фикру хаёлам духтар

Сар то сари айлока хурдаст молаш,

Дар дафтари колхози баромад номаш.

Имрузаба меравам ба чули Янток,

Чунунаи нозанин кунам вактата чок.

Мактаб гирадам дар пеши ёр мехунам,

эй ёри азиз дар харду кошат чунам.

Э ёри азиз лотинира медуни,

Дафтар гирию ои ба пешам хуни.

Мактаба фуром чура ба вакти дарсат,

Дастпуна шавам, гири ба банди дастат.

Хуккумати мо Хукумати рахматбод,

Кулли амали нагза ба дасти зан дод.

Аз хуна бурумади ба сад таншвикот,

Озод шудани тура намехохад акот.

Мошинба савор шудему гаштем равон,

Эй очаи чон моро ба хотир бирасон.

«Сурмаи дил»

Кадом бемори дар куҷои ҷаҳон шоетар аст?


Агар қасд доред ҳамроҳ бо тур ба яке аз кишварҳои ҷаҳон сафар кунед, ин матлабро биҳонед.

Ҳамакнун дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мебориҳое шойеь шудааст, ки  огоҳи аз онҳо ба шумо кумак мекунад, иқдомоти лозимро анҷом бидиҳед.

Африқои ҷануби:

Вабо дар бархе аз нуқоти ин ба вижа Зимбабве шойеь шудааст ва  то кунун 2700 нафар ба он  мубтало шудаанд ва 35 нафар фавт кардаанд.

Инглистон:

Бемории сурхак наздик ба 3 сола ст, ки  дар ин кишвар шева ёфта ва мавориди ибтило ба он дар ҳоли афозиш аст.Ба нақл аз хабаргузории Фаронса дар соли 2007 990 маврид ва дар соли 2008 1217 мавриди ибтило (мубтало) ба ин бемори гузориш шудааст ва дар соли 2009 теьдоди мубталоён 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Устролиё:

Бемории сурхак ва таб донак дар бархе аз манотиқи ин кишвар шева ёфтааст.

Отриш:

Ҳамакнун канаҳои олудае дар Отриш ёфт шудаанд, ки  неши онҳо сабаби бурузи бемории варами магз мешавад, ба ҳамин далел мақомоти беҳдошти ин кшвар ба туристҳо тавсия мекунанд 3 то 9 моҳ пеш аз сафар воксини марбутаро бизананд ва бори дигар низ онро таҷдид кунанд.

Бразил:

Дар иёлоти Мнёс Режойс таби зард ва дар 14 иёлати дигар бемории таб донг шева ёфтааст.

Чин:

Дар манотиқи ҷануби кишвар  ба вижа ҷануб-шарқи чанд мавриди ҳори гузориш шудааст.Намунаҳое аз зукоми мурги ва вабо низ дар Пекин дида мешавад.

Испониё:

Дар соли 2008 ҳудуди 450 мавриди ибтило ба бемории шогос гузориш шудааст, ки он низ эҳтимолан иртибот бо Африқои ҷануби дорад.

Амрико:

Намунаҳое аз бемории сиёҳсурфа ба вижа дар навоҳии марзии Мекзик гузориш шудааст.

Ҳинд:

Бемории шикунгуниё дар бархе нуқоти ин кишвар шойеь шуда аст,аммо ҳануз омори дақиқе аз он дар даст нест.Дар навоҳии ҷануби низ намунаҳое аз бемории мененжит (мененгит) низ шойеь шудааст.

Индонезия:

Садҳо мавриди ибтило ба бемории Шикунгуниё ва таб данг фузориш шудааст.

Малайзия:

Бемории таб донг ва молориё дар бархе аз нуқоти ин кишвар шадидан шойеь шудааст.

Угондо:

Мененжит дар навоҳии ҷануби шойеь шуда ва таби хуни то кунун ҷони ду туристро дар ин кишвар гирифтааст.

Шрилонко:

Ҳудуди 300 нафар дар манотиқи ҷануб-шарқии Шрилонко  ба ҷуззом мубталло шудаанд ва 60 нафари онон фавт кардаанд.

Свисс:

Аз замоне, ки як фаронсави дар ин кишвар дар асари мубтало ба сурхак фавт кард,мақомот мудом аз тариқи расонаҳо эьлом карданд, ки тамоми афрод бояд дар баробари ин бемори воксина шаванд.

Укроин:

СПИД дар ин кишвар мудом дар ҳоли рушд аст.

Дастагуле аз кишвари дуст

Шохмирзо Хучаев дар майдони Озоди,шахри Техрон

Гуфтуфу бо Шохмирзои Хучамухаммад-

рузноманигор, адиб ва мухаккики точик

Шохмирзои Хучамухаммад (Хучаев)18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя, нохияи Мастчох дар оилаи дехкон чашм ба ин олами хасти во намудааст.Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад. Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад. Рузноманигор, мухаккик ва адиби точик Шохмирзои Хучамухаммад чандест ки дар Чумхурии Исломии Ирон сукунат дорад.Уро чи ва ё ки бурд ончо?Оё кахрамони ман дар Ирон ба чи шугле машгул аст?Адиби точик чи навиде метавонад ба хонандаи точик иброз намояд? Бо ин максад мо сухбати телефоние анчом додаем бо ишон, ки фишурдаи онро манзури ахли сухан мегардонем.

Устоди азиз, лутф фармоеду мучиби ба Эрон ба таври ногахони сафар карданатонро ба хонандаи арчманд рушан намоед ва оё сафари шумо чи хадафе дошт ва дорад?

Ба номи Худованди чону хирад.Сафари банда ба Эрон ҳаргиз ногаҳони нест.Тухми муҳаббати Эронзаминро аҳди бачаги волидайн дар замири дили мо бо баёни қиссаҳои афсунсози достонҳои ширини Шоҳномаву қисмати талхи Фирдавсии бузург киштаву парвариш дода буданд.Меҳри ин кишвари бузургони чаҳон дар қалби мо амсоли рўди Зарафшон ҳамвора туғён дошт.Бале,хеле мехостам мулки Куруши Кабир,Дориюшу Ардашер,Ҳофизу Саъди,Абдулқодири Челониву Шамси Табрези,Хайёму Фирдавсиву Ғазоливу Боязид…ва амсоли инҳоро бо чашми сар бубинам.Он чо,ки ин бузургон қадам задаанд,бо амри Яздон мўъчизае рух диҳад -аз қаъри асрҳо аз хоки мазори онон  бўе ба машомам бизанад.Тасаввурнопазир буд он ҳама орзуҳо.Яъне чи гуна хоҳад буд,ба таъбири солмандон Рустаму Рахш гаштугузор доштанд.Дар боғи Фирдавси бошаму достони ба тозаги таълифнамудаи соҳиби Шоҳномаро аз лаҳни форами Фотима -бо муаллиф ҳамроҳ бишнавам.Ва аз шучоату покии Сиёвуш дар баданам мурғак дамиду Фирдавси гўядам-

-Ку бародар,наздик биё ва қадаҳи моломол бар дастам диҳад…

Ин чи ҳол.Рўъёст ё бедори?Аммо имрўз он афсонаи боздид аз Эрон ба ҳақиқат табдил шуд.Ва ин неъмат меҳрубонии Худост.Зеро:

Бе амри он султони бахт,

Барге наяфтад аз дарахт.

Оре,дўстам.Умрам ба шаш даҳсола расиду писарам Шоҳмансур,ки хока гирад зар гардад,рўзе занг зад ва гуфт:

-Додо,ҳуччатҳотун ҳама тахт,Душанбе биёед,рўзи шанбе парвоз ҳаст,аз паи билет шавед…

Мани ташнаи таборони эрониам бо сар давидам.Ачр аз Худо бубинанд Бахтиёру Ҳуснуддину Имоммаҳад дар омодашавии ҳуччатҳову билет рисолати хешу таборию шогирдиро ба чо оварданд.

Фирдавси азиз,аз ҳадафи сафар пурсиди.Дар меҳмонхонаи Порси Машҳад кўдаки маҳтобрўе дидам.Чун пазмони набераҳоям шуда будам,ба сўяш рафтаму бо ў сўҳбат намудам ва аз ду рухсори себи гулобимонандаш бўсидам.Пурсидамаш:исми шумо?

-Суруш.

-Оҳ,чи исми зебое,ҳамноми писари ман.Ин лаҳза касе болои сарам пайдо шуд.Саломаш додаму фузудам:

-Суруш бар гўши дилам гуфт:Ман паёми Фирдавсиям.Он болобаланди хуршедлиқо бо лабханд пурсид: бачаи кучоед, ин чо чи кор мекунед?

-Точикистониям,ба суроғи Фирдавси омадаам,мехоҳам қаҳрамонони ўро бубинам.

-Шумо марди хушбахтед,манам аз шаҳре ҳастам,ки зикраш дар Шоҳнома умада.

-Бо ин ҳама ҳусну чамол бояд аз чое бошед,ки чаҳор фасли солро дошта бошад,ва ман дар шимолу чануби Эрон ин минтақаро дидаам ва Суруши шумо ҳам ҳамин ҳоло бояд қорч(занбурўғ) хўрда бошад,ки аз даҳони ў ба димоғам зад,агар ин пешгўии ман дуруст бошад ,пас шумо бояд аз Шимоли Эрон бошед?…

-Шумо ба марз наздик шуди,оре,ман духтари Мозандаронам,,исмам Марчона,шуғлам муҳандис…

Мо бо Марчонаву Суруш тафоҳумномаи дўсти имзо кардем.Ў маро ба Шимол,ба Мозандарон ва ман ўро ба Точикистон даъват намудам.

….Рўзе бо даъвати дўсти арчмандам Рамазонхўча Мирзоев,Сафири Кабири Точикистон дар Эрон ба мачмўаи варзишии Маҳмудия(сауна),ки дар Порквейи Теҳрон қарор дорад,рафтем,ки шароити хуби варзиши дорад.Ҳаддод,дўсти Сафир зимни сўҳбат аз ман пурсид,ки Эронро чи гуна дарёфти?

Гуфтам беш аз он чи мепиндоштам,банда ба суроғи Рустам омадам…

-Хубе,Рустаму ёфти?-суол кард дустам Ҳусейн,ки он чо менишаст.

-Рустамҳоро ёфтам,алҳамдуллиллоҳ,ки хеле зиёданд.

Оё Эрон чи кишварест аз нигохи шумо, онро чи гуна дар хаёл доштед ва чи сон бозёфтед?

Солхои мактаби китоберо бо номи Теҳрони махуф,аз Муртазо Мушфиқи Козими хонда будам.Вақте ҳавопаймо дар фурудгоҳи Имом Хумайни фуруд омад,берун омадам ва худро даруни систернае дидам,ки аз бўи бади газу бензину дуд лабрез буд.Мошини Пайкон моро ба шаҳраки Ғарб,ки манзили зисти писарам он чост,овард.Шаб буд,вале ҳама чо чароғон.Мисли рўз садҳо ҳазор автомобилу мошин дар ҳаракат,чодаҳо пур аз мошин буданд.Вориди манзили писарам шудем.Аз гулўям чизе чуз чой намегузашт.Палави пухтаи набераҳо дар дег монд.Шикамам аз газу дуд пур шуда буд.Ҳолам чунон бад шуд,ки аз омадан наздик буд пушаймон шавам.

-Маро ачал овард,-гуфтам дар дил ва ин байт ба забонам печид:

Фарди бадсиришти бадкеш

Ранчи писар асту меҳнати хеш.

Шаб.Хоб дар дидагонам нест.Аҳли хона ҳамаги парешону ғамгин.То субҳ ду бор ба назди пизишкон рафтем.Сўзандоруву қурсу чаккак(капелнитса) дар рафъи дарди мани мискин очиз буданд.Ниҳоят,дар асари бемори ба чое расидам,ки тасмим гирифтам:шанбе омадам,сешанбе бармегардам.Дар хонаи писарам ансамбли гиря ба наво даромад.Ба навҳаи писару келин ва набераҳо ман ҳам ҳамсадо гардидам.Нихоят,раҳми Парвардигор омад:бо истеъмоли ду қурси оддии зидди партофтан ҳолам рў ба беҳбуди ниҳод ва маро хоб бурд.Дари шифо боз шуд,аз хизонаи ғайб даво расид.Баъдан ду ҳафта ба Машҳад омадам.Пас аз зиёрати ҳарами Имом Ризо(а) ва боздиди даҳрўза дубора ба Теҳрон баргаштам.Ба меҳрубонии Худо ҳолам хуб шуд.Аз қатор,ки берун омадам,ба Шоҳмансур гуфтам:на,Теҳрон махуф нест.

-Ин сарлавҳаи хубест барои сафарномаатон,-гуфт писарам.

Эрон аз нигоҳи банда кишвари афсонавист.Паҳнои бузургу сарватҳои зиёд,манобеъи фаровон,мардуми пурталошу коргар…кишвари чор фасл.Ҳоло чиллаи зимистон,вале бозору фурўшгоҳҳо пур аз мева -тарбузу себу ангуру қулфанай,сабзавот…

Хиёбонҳо гулпўш,дарахту гулҳо дар гармхонаҳо гулбарсар.Кадоме навишта буд,ки Эрон ҳавояш касифу канализатсия надорад,хиёбону кўчаҳо ифлосу пур аз партов,магасҳо касали паҳн мекунанд.Аммо инҳо чеҳраи асосии Теҳрон нестанд,албатта,кишвари паҳновар асту чунин мушкилотро метавон дид,вале дар мачмўъ чунин нест,хубиҳоро бояд бинему аз хубиҳо  гўем.Теҳрон бо наздики 14 миллион чамъияту қариб 5-6 миллион мошин чандон чиркину дилгир нест,албатта,бо сабаби зиёдии мошину корхона ҳавояш каме вазнин аст,вале дарахтону гулистонҳои шаҳр манзараи онро чаззоб мекунанд ва мисли Маскаву Берлину Лондон дилрабост.Бино ба гуфтаи мақомоти масъули Теҳрон дар солҳои наздики оянда дар шаҳр дастгоҳҳое гузошта хоҳанд шуд,ки ҳавои ғализу маризборро тасфия намуда,аз касифию ифлосии ҳавои он мекоҳанд.Ин нукта газоф нест,ва бо таваччуҳ ба дастоварду пешравиҳое,ки ин кишвар дар солҳои охир доштааст.мо ба ин нукта бовар дорем.Бисёр давлатҳо пешравию рушди Эронро намехоҳанд,аммо Худо ба ин кишвари дўсти мо ёри хоҳад намуд.Мо бояд аз пешрафтҳои ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ифтихор намоем.Ман ба ақидаи муаллифони хоричи,ки Эронро осорхонаи бозу кушода гуфтаанд,комилан мувофиқам.Ба фикри ман,ҳанўз ҳам аз вучуди осорхонаҳо он тавр,ки боиставу шоиста аст,истифода нашуда.Чунончи,кишвари Туркия -ҳамсояи Эрон ҳамасола аз ҳисоби чалби турист беш аз 22 миллиард доллар ба хазинаи кишвараш ворид мекунад.Ҳол он ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии Туркия ба андозаи теъдоду шаҳомати осори мавчуд дар Эрон нестанд.Албатта,Эрон дар солҳои охир дар ин замина соҳиби дастовардҳои намоён шудааст,чунончи теъдоди боздидкунадагону зиёраткунандагони Ҳарами Имом Ризо(а) дар Машҳад дар як сол ба беш аз бист миллион нафар расидааст,ки рақами кам нест,вале ҳар вачаб хоки Эронро бояд ба Машҳад табдил додан зарур аст.

Оё аз оромгоху мазорхои кадоме аз фузалову уламову удабои Ирон зиёрату боздид ба амал овардед ва дар мулки Фирдавсию Аттору дигар уламои шахири Ирон ба чи шугле саргарм хастед?

Бозорҳои пурбору серодам.Аммо пас аз зуҳр ,яъне баъди пешин то 3-4 соат аксар мағозаву фурўшгоҳҳо бастаанду кўчаву хиёбонҳо гўё холианд.Ин муддат аксари мардуми Эрон истироҳат мекунанд.Идораҳои давлати то бегоҳи фаъоланд ,вакте бегоҳи мардум аз кори идораҳову муассисаҳо фориғ мешаванд,дари ҳамаи фурўшгоҳҳову мағоза,бозор…боз мешавад.ва боз мисли саҳар ҳама чо лабрези одаму мошин мегардад.Ин вазъ то нимаи шаб давом дорад.Эрониҳо қадам задан дар фазои кушоду парку боғҳоро низ дўст медоранд.

Чуноне гуфтам,Эрон чои хонашини нест.Бо кўшишҳои азизонам Шоҳмансуру Хучаставу доктор Нормуҳаммад Теҳрону Машҳад,Тусу Нишопур ва Шерозро дидаму зиёрат кардам.Эрон чунон,ки гуфтам,чойҳои дидании зиёд дорад.Иншооллоҳ ният дорам Шимолу Бандари Аббос,Исфаҳону Кошон ,Мозандарон,,.ро бо чашмони сару дил бубинам.Аз гарди сафар нияти иншои сафарнома ҳам дорам,киХудо даст диҳад,ҳатман ин корро хоҳам анчом дод.Аммо шабонгоҳ пас аз соате бо набераҳоям дар чангали рўҳангези Порки Саттори ҳавохўри қалам ба даст мегирам.Низ аз рўзгори мардуми сарбаланди Лангар,манзараҳои биҳиштии он ва гузаштаву имрўзаш китоберо дар даст доштам,ки таълифаш поён ёфт.Бо Бобои Муллоҳасан Шарифов,пизишки сабукдасту инсони покравиш ҳардуямон аз зиндагиномаи пандпазири қиблагоҳи шодравонашон -акои Муҳаммадамин рисолаеро шурўъ ба навиштан кардаам.Алъон бо чанд Муассисаи пажуҳишию таҳқиқи дар заминаи чанд тарҳи фарҳанги ҳамкори дорам,ки иншооллоҳ дар фурсати дигар хонандагонро бо чузъиёти он ошно хоҳам намуд.

Ҳамчунин,бо таваччуҳ ба завқу салиқаи ҳамватанон ба китобҳои арзишманд китоберо бо номи Васоё,ки дар он васиятномаи шахсиятҳои бузурги таърих -Ҳазрати Муҳаммад(с),Ҳазрати Масеҳ(с),Ҳазрати Юсуф(а),Имоми Аъзам(р),Куруши Кабир,Луқмони Ҳаким,Имом Муҳаммади Ғазоли,Искандари Мақдуни,Робиндронат Такур ва ғайра омадааст,бо хати кирилли баргардон мекунам ва умед аст бо ёрии дўстонам ҳамин сол чоп шавад.

Дар бораи китобу гул,ки шумо ба он алоқаи шадид доред…

Бале,ман аз кўдаки ошиқи гулу китобам ва ҳамеша дар гирд овардани китобу парвариши гулҳои гуногун талош варзидаам.даар Эрон он чи чолиб аст,ки ба тавсеаи фарҳанги гулу дарахтпарвари ҳамеша таваччухи амиқ зоҳир мекунанд.Сари ҳар қадам паркеву гулгаштеву чаманистоне,ки дар рўҳияи мардум таъсири мусбат мерасонад.Дўстони азизам доктор Саидзодаву оқои Шукуфта маро ба гулхонаи азими Шондиз,дар наздикии Машҳад бурданд,ки аз тамошои он ҳануз ҳам таҳти таъсир қарор дорам.Ҳазору як хел гулу гиёҳ,ки дар ёду хотир доштани номи ҳамаи онҳо аз имкон берун аст,он чо аст,ки инсон бори дигар ба эъчози худои ва қудрати Парвардигор имон меоварад,ҳеч гуле ба гули дигар монанд не ва ҳар кадом аз дигаре зеботару чаззобтар.Навъҳои мухталифи гулу гиёҳ дар ин чо парвариш ва ба чойҳои дигар кучат мешаванд.Лаҳзае,ки дар ин гулзор будам,худро гўё дар Биҳишт медидам,ки анфоси муаттараш димоғи рўҳро болида месохт ва лаҳзае аз замин канда шудам.

Лутфан нуктае чанд аз вижагихои сафарномаи хеш иброз бидоред.

Оре,Эрон биёиву бо ифтихор гўи:

Ҳама хоки Эрон сарои ман аст,

Ки неку бадаш аз барои ман аст.

ва бузургонаш -Фирдавсию Аттору Хайёму Саъдию Ҳофизу Ғазолию…ро набини,иштибоҳест нобахшидани.Бо ин андешаву ният ба побўсии Аттору Хайём расидам ва ҳар дуро масти шароби ишқи илоҳи дарёфтам.Дар Шероз аз бўи ишқи Саъди бехуд будам,дар Ҳофизия низ фазои орифонаву ошиқонаеро дидам,дарвеше дар гўшае дар тафаккур,чавоне бо умед даст рўи санги марқади ориф монда,пире бо умед бо Девон-и андалеби боғи форси фол мегирад…Дар мавриди Тахти Чамшеду Нақши Рустаму боғи Ираму музеи синамою китобхонаю китобфурўшиҳо,марказҳои пажуҳишию таҳқиқи ва боз даҳҳо дидании дигар дар сўҳбати оянда хоҳам гуфт.

Ташаккур


Ҷойгоҳи Ҳофиз дар Тоҷикистон


Шоҳмирзои Хуҷамуҳаммад муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик Ҳофиз Шерозиро бузургтарин ва маҳбубтарин газалсарои форси гуи унвон кард. Вай гуфт: «Ҳофиз маъруфтарин шоири газалсарои форси гуи дар кишварҳои Иттиҳоди Шурави аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.»Ин нависанда ва пажуҳишгари тоҷик афзуд: «Ҳофиз дар миёни мардуми Иттифоқи Шуравии собиқ аз ҷойгоҳи мумтозе бархурдод буда, то ҷое, ки дар зери сари болини кудакон ҳануз ҳам девони Ҳофизро бо ҳадафи ҳифзи кудак аз осебу газандҳо мегузоранд»Оқои Хуҷамуҳаммад: «Дивони Ҳофиз тақрибан дар радифи  кутуби муқаддас қарор дорад ва метавон гуфт ҳонае, хонаводае дар дар кишвар вуҷуд надорад, ки дивони Ҳофиз онҷо вуҷуд надошта бошад.Ба гуфтаи пажуҳишгари тоҷик бештар газалҳои ин шоири шурида ва ороф маслак  тавассути хонандагони машҳур бо мусиқи ва оҳанг хонда мешаванд.

Оқои Шоҳмирзои Хуҷамухаммад дар идома афзуд: «Дар Тоҷикистон дар мавриди таҳқиқ ва омузиш зиндаги ва шаҳри Ҳофиз кутуб ва рисолаҳои зиёди пажуҳиши ва илми таълиф шуда, ки бештари онҳо тавассути адабпаҷуҳону донишмандони машҳур мисли шодравонҳо пруфессор Шарифҷон Ҳуссейнзода, Аълохон Афсаҳзод,Холиқ Мирзозода,Абдунаби Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмадов ва дигарон иншо шудаанд, намунаҳое аз ашъори «лисонулгайб» оварда шудааст, ки дар вижагиҳои шеъри Ҳофиз, истифода аз саноеи лафзи ва орояҳо тавассути булбули Шероз, таъсири газалиёти Ҳофиз бар соири шуарои пас аз у мебошад.»

Тарҷумаи ашъори Ҳофиз дар кишварҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ вазн ва оҳангу мусиқии газалиёти ин гуяндаи бузург мавриди барраси қарор гирифтааст.Муҳаққиқи тоҷик дар остонаи рузи бузургдошти Ҳофиз тасреҳ кард: «Газали Ҳофиз аз сеҳри аҷибе бархурдод аст,хондани он ба фард умед мебахшад, ки бузургтарин вижагии сурудҳои у ҳамин назокати гуфтори уст, ин шуҳрату маҳбубият пас аз Ҳофиз насиби каси дигаре нашудааст.»

Танҳо дар қарни 14-уми милоди ,замони зиндагии Ҳофиз беш аз 100 нафар бо тахаллуси Ҳофиз шеър мегуфтанд, вале касеро саодати Ҳофизи Шерози насиб нагардид.Муҳимтарин далели ширини ва лаззати маънавии шеъри Ҳофиз баҳрагири, ошнои ва ҳифз будани кутуби торих буда ва бо чандин шева онро қироат менамудааст.

Таҳияи Фирдавси Аъзам

манбаъ: http://www.iransharghi.com/

Махбубияти Мавлоно дар Амрико

boston library, photo was taken by Firdavs in 2007

Boston library, photo was taken by Firdavs in 2007

Аз у ба хуби ёд мекунанд. Уро беҳтарин дусти хеш меҳисобанд.У меҳмони ҳар кошонаи Амрикоиҳост. Амрикоиҳо дар шеъри у сулҳу оромишро дарёфтанд. Васлкунандаи калбҳо, пайвандагари тамаддунҳо, купруке миёни миллатҳост у. Китобаш дар руйхати пурфуруштарин- ҳост. Пас кист у ки чунин инкилобе дар Амрико бунёд намудааст? Кист у ки Амрикоро ба ларза даровардааст?

Ин инсони комил ва орифи тамаддуни чаҳони ислом Мавлоно Ҷалолиддини Балхи маъруф ба Мавлоно, Румӣ мебошад. Дар Иёлоти Муттаҳида ва умуман сартосари ҷаҳон тарҷумаҳои ҷадиди пурҳаҷми осори Мавлоно қариб ҳар руз дар ҳоли ба дунё омадан ҳастанд ва инчунин тадқиқотҳои илмӣ ҳам дар бораи уву осораш ҷараён доранд.Тарҷумаҳои жопонӣ, арабӣ, итолиёвӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, қирғизӣ, урду, туркӣ, лаҳистонӣ… -осори Мавлоно имрузҳо ба бозор меоянд ва мардумони дорои ақоиду кешҳои мухталифро ба самти худ мекашад. Имруз дидану мушоҳида кардани кутубу осори инглиситарҷумашудаи Мавлоно дар хонаводаҳои амрикои имонпазир аст. Боре дар меҳмонии як нафар дустам дар иёлати Нию Ҳемшеи Иёлати Муттаҳидаи Амрико карор доштам. Иттифоқан у маро дар ҳуҷрае нишонд, ки онро барои худ китобхонаи шахси унвон кард.Китобҳо бо ҳар забон навишта шудаанд. Бо забонҳои фаронсави, итолиёги, ва испониёги. Бред дусти амрикоиям чун медонист ман шефтаву шайдои Мавлоноям аз ҷояш буланд шуду аз васати кутуби шарқиёна китоберо бароям дод, ки тақрибан аз 250–260 саҳифа иборат буд.Забони китоб инглисӣ буд. Ин китоб «Дуоҳои замини ва осмони» унвон дошт. Сафҳаҳои китоби мазкурро ҳадису гуфторҳову шеъру фармудаҳои бузургону нобиғагони Шарқу ғарб фаро мегирифт.Чун китобро варақ задам, дидам, ки ашъори бузургтарин шоири орифи ҷаҳон Мавлоно дар қатори даҳҳо нобиғагони назму наср ҷой дорад.Рости хеле мамнун гаштам ва ниҳоли эҳсоси ғуруру ифтихор дар мазраи замирам сабз шуд.Чун Бред донист, ки ман дар ҳолати ҳурсандиву шоди қарор дорам, нигоҳе ба ман андоҳт ва гуфт: «Фирдавс, Румӣ (дар Амрико Мавлоноро бо ҳамин номи кучак садо мекунанд)на танҳо дар кишвари шумо шуҳрат дорад, ё у на танҳо моли шумост, балки дар Амрико низ маҳбубияти беҳадро дорост (бо ҳанда мегуяд ҳамсуҳбатам) ва кам нестанд шумори он нафароне, ки ин пири поксириштро надонанд ва наҳонанд. Ман аслан аз мавзуҳое чун фалсафа, тасаввуф, мавзуъҳои марбут ба табиату одам ҳушам меояд ва кутубе, ки ман бештар меҳонам аз ҳамин мавзуҳост. Дар гуфтаҳои Руми ман ин мавзуҳоро мебинам ва посуҳҳое дармеёбам ба ҳамаи суолҳои ба ҳуд додаам.» Воқеан Бред дуруст мегуяд, Мавлоно на танҳо шоири мардумони форс аст, у мутааллиқ ба ҷаҳон аст.
У имрузҳо бо гуфтору шеърҳои нобаш намояндаҳои тамоми миллати дунёро ба суи ҳеш меҳонад ва исбот карданист, ки у -Мавлоно моли ҳамаи ҳалқҳост, новобаста ба мазҳабу кешу оину дин. Воқеан дар суҳану ҳарфи Мавлоно асроре нуҳуфта аст, ки ҷаҳону ҷаҳониёнро шефтаву шайдои ҳуд кардааст. Басо тақвимҳову зарфҳо ва пироҳанҳоро метавон дид, ки бо номи бузурги у оро ёфтаанд. Гуи аср-асри Мавлоност.У шаҳрванди ҳамаи мамолики олам аст.У бе нишону ломакон аст.Ҳуд инро фармудааст:

На шарқиям на ғарбиям, на бариям на баҳриям
На аз кони табииям на аз афлоки гардонам
На аз ҳокам , на аз обам,
На аз бодам на аз оташ
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.
На тан бошад, на ҷон бошад , ки ман аз ҷони ҷононам.

Мавлоно дар ҳоли ҳозир лаҳза ба лаҳза, соат ба соат дар ҳоли фатҳи қалбҳову зеҳнҳост, дар ҳоли расидан ба ҳама мушкилоти инсонҳост, у марзҳоро гузашта то ба қулуби одамон мерасад. Рузе нест, ки чизи тозае аз у дарҷ нагардад. Дар ҷое боз мегуяд:

Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам.
Дар ман нигар дар ман нигар баҳри ту ғамҳор омадам.
Моро ба чашми сар мабин , моро ба чашми сар мабин
Онҷо биё моро бубин, к-инҷо сабуксор омадам

Муҷиби ин гуна маҳбубияту шуҳрат ва шаҳиру номдор гардидани Мавлонову осораш дар соири мамолик ин албатта аз як тараф афлокиву малакути будани андешаи Мавлоно бошад, (андешаи у тавонист ҷаҳонро тағйир диҳад ва самти зиндагии милионҳо омдамонро дигар намояд. Ф.А) аз тарафи дигар у ба қавле орифест дилогоҳ, шоирест дардшинос, пуршуру андешаварест беназир. Андешаҳои дураҳшону ирфонию фалсафию афлокии баландеро соҳиб аст. 00000rumi
Инҷо боз руҷуъ мекунем ба Амрико. Крис як нафар ҳонуми аҳли иёлати Теҳас, ки бо ҳамроҳии мо умр ба сар мебурд, Мавлоноро дуст медорад ва аз ҳондани ашъори у дар қалби ҳеш оромиву сулҳро эҳсос мекунад: «Намедонам чи қувваест дар ҳарфу ҳиҷои шеъри Руми, ки чун китобашро ба даст бигирам, ҳудро осуда ҳис мекунам ва дар шеъри у як навъ даъват ба сулҳу ваҳдатро мебинам.У суҳанпардози бузургест. Агар ин тавр бузург намебуд, имруз китоби у дар дасти ман намебуд.» Иддаои ҳамсуҳбати ман комилан саҳеҳ аст, чаро , ки бузургии Мавлоност, ки имруз кутубаш меҳмони ҳар кошонаи амрикоиҳост.
Рузи милодам наздик меомад, иттифоқан Бред наздам омада чунин суол кард: «Фирдавс, чи чизро метавони аз ман дар рузи зодрузат интизор шави?» Ман пас аз ироаи сипосу лутф аз у, ҷавоб додам: «Чизе меҳоҳам, ки на ҳурдани бошад на нушиданӣ». Бред лаҳзае мутаҳайир шуд, сипас «фаҳмо»-гуён аз наздам бирафт. Рузи 21 ноябр ҳам фаро расид.Дустону рафиқон туҳфаборонам намуданд, ҳадяҳояшон шоколоту откриткаҳо буд. Аммо Бред, беҳтарин туҳфаро ба ман ироа намуд, ки ҳеле сарафроз гаштам.Туҳфаи у иборат аз китоб буд.Як китоб бо номи «Румӣ-дар дастони маъшуқ».Муаллифи китоби мазкур Ҷоносон Стар мебошад, ки шеърҳои Мавлоноро ҳеле ҳуб тарҷума намудааст. Ба қалами у инчунин чандин шъерҳои Мавлоно дар шакли китоб тарҷума ва нашр шудаанд. Китоби «Тулуъи ду ҳуршед», «Боғе дар моварои биҳишт», «Ашъори орифонаи Румӣ» ва ғайраҳо.Китоби «Румӣ-дар дастони маъшуқ» аз 207 саҳифа иборат буда,бо пешгуфтори ҳуди муаллиф оғоз мешавад. Пешгуфтор бо чунин ҳарфҳо шуруъ мешавад: «Дар вуҷуди мо садоест, ки ҳамеша оҳанги ҳудро ба ҷаҳон месарояд.Ин садо, нафири руҳ аст ва сарояндаи ин садо ҳуди Мавлоност.Шеъри у ба ҳама таълуқ дорад.Ишқ дар ашъори у руҳест фарогирандаи тамоми ҷаҳон»
Оливия зодаи Шведсария буда муддатест дар Амрико ба сар мебарад. Ҳар замон чун ман порае аз ашъори Мавлоноро бо инглиси барои у қироат мекардам, у аз ман ҳоҳиш мекард, ки идома бидиҳам. Ман соатҳо ба у перомуни Мавлонову ҳаёти у ва мулоқоти у бо Шамсу ҷудо шудани ин ҳарду ва дигар ҳикоятҳо қисса мекардам. Оливиа бо диққат ба он чи ман мегуфтам гуш медод. Соатҳо пои компутер менишастем ва ман аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба Оливия сомонаҳову навиштаҳо дар бораи Мавлоноро нишон медодам. Ин ҳама нишондодҳову ҳикоятҳо муҷиб гашт, ки Оливия Мавлавиҳон шавад. Ба ман қавл дод, ки забони форсиро биомузад ва шеърҳои аслии бо форси навиштаи Мавлоноро биҳонаду аз бар кунад.Зиндаги рузеро насиб гардонд, ки ман аз Амрико ба Тоҷикистон омадам ва у ба ватани ҳеш рафт. Рузе Оливия мактуб нигошт ва ҳабар дод, ки дар омузишгоҳе забони форсиро меомузад ва ҳурсанд аз он аст, ки онро ба зуди фаро мегирад.
Бубинед, Мавлоно чи қудрати азимеро соҳиб аст, ки ҳатто як нафар дуҳтари шведсариро ҳам ба суи ҳуд ҳонд, гуи Мавлоно дар ашъораш як нав дуои ҷалб ҳонда бошад, ки ҳар касе, чун аз у шеъре ҳонд, ҳатман чун оҳанрабо ба он мепайвандад.У ҳуд инро тасдиқ мекунад ва тaъкид мекунад, ки «Мо барои васл кардан омадем»
Ба ҳар сурат Мавлоно яке аз бузургтарин донишмандону адибони тамаддуни исломи ҳамзамон маҳбубатраин шоир барои амрикоиҳо боқи мемонад.Мавлоно фориғ аз фарҳангу мазҳабу марз шоири маҷзубкунанда ба шумор меравад.Шеъри у қудраи тавонои дорад.Шеъри у оинаи аҳволи одамон аст.

Таззод

Бе ту будан будани нобудан аст
Бо ту будан зиндаги худ будан аст
Бе ту будан зиндаги дашти кавир
Бо ту будан зиндаги шуд дилпазир
Бе ту будан кучахо холиву сард
Дидахо борониву дил пур зи дард
Бе ту будан хор гардад настаран
Гул хазон гардад чу шуд дур аз чаман
Зиндаги тунд асту талху шуру сард
Чун набоши дар канорам эй хабиб
Зиндаги дард асту кахр асту набард
Чун набоши дар канорам эй табиб
Пас биё хамболу хампарвоз шав
Хамдилу хамкисмату хамроз шав
Пас биё бо ман бимон эй хамнафас
Чуз висоли ту надорам хеч хавас
Пас биё то буданат будан шавад
То ки ин байтулхазан гулшан шавад
Пас биё эй Юсуфи дур аз назар
Дидаи Яькубро кун шуьлавар
То нафас бокист курбонат шавам
Ман фидои рую чашмонат шавам
Дил хамехохад ки огушат кунам
Хар нафас «бо буса гулпуш»-ат кунам
Ох дурият маро ранчур кард
Дидагонамро хаме бенур кард
Нукта бигзор ин чудоиро дигар
То ба кай чашмони тар дузам ба дар

Теъдоди масҷидравҳо дар Амрико меафзояд.

Теъдоди масҷидравҳо дар Амрико меафзояд.
Муаллиф: Абдусаттор Газзoли.
Шумораи масоҷид ва ба ин макони муқаддас руоварандаҳо ҳоки аз афзоиши ин теъдод дар солҳои ахир дар ҷомеаи Амрикост.Дар ҳоле ки дар давоми 5 соли ахир шумораи ба масоҷидравҳо 75 фоиз афзоиш ёфтааст, тақрибан 2 миллион муслимин бо масоҷид пайваста иртиботи зиҷ ба ин даргоҳи поку нурониро бунёд кардаанд.Ва ин ҳам дар ҳолест, ки иштироккунандаҳои ин даргоҳ дар соли 1994 танҳо 500.000 буд.Ин нишондодро мо тавассути як тадқиқоти масҷидомузи дар саросари кишавр ба даст гирифтем.Ин барраси нишон медиҳад, ки арзёбии умумии ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико 6/–7 миллион мебошад.Ва таҳминан 1.629 фоизи мусулмонҳо ҳаёти диниро ихтиёр кардаанд, ки ин ҳам бошад ба масҷидравию дар намозҳои ид ширкат кардани онҳо мебошад.47 фисади масҷидравҳо ҷавонони зери 35 сола, буда гуруҳи одамони 36-59 42 фоиз ва гуруҳи одамони 60-соларо 11 фоиз ташкил мекунад.Ин нишондод метавонад собит созад, ки шумораи ҷавонони мусулмони амрикои хеле баланд аст.
Масоҷид дар кишвари Амрико танҳо макони ибодат набуда, балки дар онҷо низ имкони баргузор гардидани фаолиятҳои иҷтимои ва сиёси низ мушоҳида мешавад.Дар давоми интихоботи ахири президенти масоҷид дар иттиҳод намудани мусулмонҳо барои ба қайдгирри овоздиҳи нақши боризеро иҷро кардаанд ва 89 фисади роҳбарону ходимони динии масоҷид бар ин боваранд, ки ҷамъияти муслиминро лозим аст ба раванди сиёси шомил кард.70 фисати ҷамъияти муслимин барои овоздиҳи ҳуқуқ доранд ва мувофиқи арзёбии дуруст 65 фисад (2.3 миллион)-и овоздиҳандаҳо дар интихоботи 2000 ширкат намуданд
Тадқиқот, ки таҳти унвони «Масоҷид дар Амрико» буд, тавассути Шурои равобити исломии Амрико, як ниҳоди мусулмонҳо баргузор гардид.Чаҳори дигар аз ниҳодҳои мусулмонҳо;Ҳавзаи исломии Амрикои шимоли,Ҷамъияти исломии Амрикои Шимоли, ва Ҷамъияти мусулмонҳои Амрикои сарпарастии ин лоиҳаро бар душ доштанд.Ин аваллин тадқиқотест, ки шумораи масоҷидро ба 1200-то еълом намуд. Қарнҳост,ки насли мусулмонҳо дар Амрико умр ба сар мебаранд.Соли 1893 ҷамъияти муҳоҷирони мусулмон аз давлатҳое чун Араб,Суррия,Лубнон ва дигар мамолики мусулмон ба Амрико ҳиҷрат намуданд.Нажоди аслии онҳо асосан турк, курд,албани ва рабҳо буданд.Ва аз ҳамин сабаби муҳоҷират шумораи ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико ру ба афзоиш аст.
Нахустин масҷид дар Амрико дар шаҳри Мейн соли 1915 тавассути мусулмонҳои албаниги сохта шудааст.Ва соли 1919 алакай ҳамин табаа боз як масҷиди диггаро дар шаҳри Коннектикут бунёд намуданд.Татарҳои лаҳистонзабон соли 1926 дар шаҳри Бруклини Нию Ёрк масҷиде иморат намуданд, ки ҳануз дар истифода аст.Дар шаҳри Питсбурги иёлати Пенсилавания бошад нахустин масҷидро амрикоиҳои африқои мусулмонтабро таъсис доданд дар соли 1930. Масҷиди дигаре тавассути Шайх Довуд Аҳмад Файзал дар соли 1955 дар саххри Нию Ёрк. Ин масҷид як нуқтаи вижаеро дар рушди пешрафти ҷамъияти мусулмонҳои Амрико нишон медиҳад.Ва бояд гуфт, ки ҳаракати Дорул-ислом дар ҳамин ҷо шуруъ гаштааст.
Ҳарчанд, ки бунёди нахустин масочид дар Амрико ба соли 1915 рост меояд аммо то шумори каме аз онҳо то соли 1960 бунёд гардид.Рушди бузурги шумораи масочид дар ин кишвар дар солҳои 1970 огоз меёбад.Аксари масочид (87%)дар Амрико дар ҳамин солҳо 1970 зуҳур ёфтаанд.30 фоизи масочид дар давоми солҳои 1990-ум ва 32 фоизи дигар дар солҳои 1980 падидор гаштанд.Дар Амрико тибқи як барраси 1.209 масочид мавчуд аст.
Ин барраси оиди гуногунии гуруҳҳои этникии ширкаткунандаҳои масочид чунин иттилоъ медиҳад: Дар масочиди Амрико осиёиҳои чануби, амрикоиҳои офриқои ва арабҳо аз гуруҳҳои бузурги этники маҳсуб меёбанд.Дар як масчиди миёна 33 фисади аъзоён осиёиҳои чануби буда, 30 фоизи он амрикоиҳои офриқои , ва 25 фоиз арабҳо мебошанд.Танҳо 7 фоизи масчидҳоро гуруҳҳи алоҳидаи этникии алоҳида ташкил мекунанду бас.Ва гуфтан метавон, ки тақрибан 90 фоизи масочид додои гуруҳҳи этникии дар боло зикр гардида мебошанд.Ба осиыгиҳи чануби шомил мешавад покистониҳо, ҳиндиҳо,афгонҳо ва бангладешҳо.
Дар мавриди забон бошад,97 фисади масчидҳо инглисиро ҳамчун забони асоси корбурд мекунанд ва барои хондани хутба низ аз ин забон истифода мебаранд.Ва албатта ҳастанд масочиде, ки забони урду ва арабиро истифода мекунанд.Аммо шумора каме аз онҳо.
Дар мавриди нақши зан дар масочид бошад, ин тадқиқоти мазкур ишора менамояд, ки тақрибан дар 70 фисади масочид занҳо ичозаи адои намозу ҳидматро соҳибанд.Бо вучуди ин дар давоми 5 соли ахир танҳо дар нисфи масочид занҳо ичозаи намоз хондан доштанд. Дар тақрибан 66 фоизи масочид занҳо дар паси пардаҳои пушида аз чинси музаккар ё паси девор намозро ба чой меоранд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 1994 дар 52 фоизи масочид занҳо ибодатро ба чой меоварданд.
Албатта масчидҳо боиси таваччуҳи амрикоиҳо гардида онҳоро ба ислом роҳнамои мекунанд.
Ин тадқиқот хулоса мекунад, ки болотар аз нисфи (55%) масочид дорои як ниҳоди марбута мебошанд, ин ҳам дар ҳолест, ки 45фоизи масочид аз ягон ниҳоде марбуту бастаги надоранд.27 фоизи масочид бо Чамъияти Исломии Амрикои Шимоли (ЧИАМ) узвият доранд ва ҳамроҳанд.Ва танҳо 10 фоизи масочид бо ниҳодҳои дигар мисли Ниҳоди Амрикоиҳои Мусулмони Турки, Шурои Мусулмонони Амрико ва Шурои Равобити Исломи узвият доранд.

Шарҳи воқеию таърихии Ислом дар Амрико

Мувофиқи ақидаву дидгоҳҳои муҳақиқон ва пажуҳишгарон пеш аз ин ки Кристофер Колумбус Дунёи Навро кашф намояд, чамъияти мусулмонҳо ҳануз 300 сол қабл аз ин воқеа Амрикоро тасхир намуда буданд.Дуктур Бэрри Фелл бостоншинос ва забоншиноси саршиноси Нию Зиланд ва ҳамзамон устоди Донишгоҳи Ҳарварди Бостон шаҳодати ин амрро дар китобаш «Ҳамосаи Америка» нишон медиҳад, ки мусулмонҳо қабл аз Кристофер дар Амрико будаанд.
Иван Ван Сертима дар китоби машҳури ҳуд: «Онҳо қабл аз Колумбус омаданд» бидуни шак иртиботи қарин доштани одамони офриқои бо бумиёни Амрикоро тасдиқ мекунад.
Ин шарҳи воқеию таърихи дар асоси рузномаву мачаллаҳои марбут ба Ислом дар Амрико таҳия шудааст.
Аз инглиси тарчумаи
Фирдавси Аъзам

САРВОДАИ САРМАДИ (кисми охарин7)

Guriston
Худо медонад ки кадомин аём модаре дар диёрамон чун ако Раҷабов дорулфунуне поён надода- донишманде муфассири панд – номаи ниёгон, натоқе соҳиру маҷлисро ба ҷаҳон орад.
Қариб ду даҳсола дар кӯҳистони Мастчоҳ ифои вазифачӯи масъул дар дӯш доштам. Бо ин пири хирад борҳо дар деҳоти ин водии фирдавссифат сафарҳо доштам. Дар ҳар сафар аз ишон дарси муносибад бо ҷамеа гуфтору кирдор санъати сухангӯиву маънибардори фазилати пандпазири эҳтироми рӯҳи гузаштагон қадри имрӯзиён маънии чанд рӯзе дар ин дори фоно буду бошамон аз бар манамудам. Масалан дар фазилати адаб устод ин сухани бузургиро ёдрас медоштанд:

Адаб тоҷест аз нури илоҳи,
Бинеҳ бар сар бирав ҳар ҷо ки хоҳи.

Аз дафтари хотираҳои устод мехонем : “ Вақти раис интихоб шудан 24 сол доштам ”.
Аз илми сарвариву деҳқонӣ чандон бархӯрдор набудам. Пирони деҳ – акои Маҳадшариф, Давлатмалик, Муллоюнусу Ниёзбобо машварату ёронашонро бароям арзони доштанд.
Анбори колхоз тихи 15 сар аспу 25 сар гов ва як сар аспу 250 сар бузу гӯсфанд боигарии ферма буду бас.
Тӯли ду сол шумораи чорво садҳо сар афзуд. Дар анбори колхозу ҳамбахои аҳли деҳот гала намегунҷид.
– Аз худ розиед, устод ? –
– Норизо бошам пушаймон нестам. Агар ин матлаб ҷидди пазиред, ношукри ба даргоҳи Худо мебуд. На, ҳазорон шукр парвар – дигорро, ки банда умр ба дасти бад надодам. Аз ман мақбули дарго – ҳи он зоти пок, ки хости худаш буд, амале рух намедод, оё ситораи панчгушаи тилло сари сипарам чило медод? – гуфтанд хандида.
Бале, бо он ситора ифтихор дорам. Вале ҳаргиз он инъомро ман – суби заҳмати хеш намедонам. Агар чунин ман – манӣ гӯям носипосиву номардӣ мебуд. Ба рости айёми ҷавонӣ бо худ гуфтам : оё рӯзе фаро мерасида бошад, ки ҳамингуна ҷоизаи олӣ ба банда насиб мекарда бошад ?
Барҳақ, фармудаанд:

Ҳар чиз талаб кунӣ, биёбӣ,
Рӯ аз талабаш агар натобӣ.

Чун ҳамдиёрон инҷонибро ба мақоми роҳбарӣ писандиданд, “ бо дил гуфтам : зи дигарон беш мабош “
Аз сидқи дил, ҳалол меҳнат кардам, аз паи молу сарвати дунё нарафтам. Ин буд шиорам :

Дунё агар диҳандам наҷунбам зи ҷои хеш,
Ман бастаам ҳинои қаноат ба пои хеш .

Мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, софдилона ҳамагон аз як гиребон сар берун овардем. Ва он чи матлаб буд, Худованд бароварда гардонид. Ҳамдиёрон аз мусофирату саргардониҳо боз- омаданд, чӯли ноободро ба бустони ҳақиқӣ ббадал сохтем. Маҳз, ҳа- мин пиру барно, марду зани бонанг буданд, ки доди корро доданд. Ва ҳукумат сазовор донист ишонро ба унвони олии Қаҳрамони меҳнат, ки пеши ман аст. Оре, халқ қаҳрамонӣ зоҳир намуд. Вагарна аз мани маъюб куҷо амали қаҳрамонӣ сар мезад? Медали тилло рамзи қаҳрамонии онҳоест, ки Диилварзинро ба боги биҳиштманзар бадал бинмуданд.

Норозиям – гуфтам дар чавоб ба пурсиши шумо. Оре, дар ин калима метавон ҳақиқатро чуё буд. Чилсолагии азхудкунии замин дашт тачлил гашт. То панҷоҳсолагии футӯҳоти он касоне, ки хишти аввалини ободонӣ гузошта буданд, шояд ангуштумор монанд. Ва дидани он рӯз боз насиби касе шавад, ба гумонам мисли пештара як маҷлиси мутантану пурмӯҳтаво, зиёфати шоҳона.
Басо афсӯс мехӯрам, ки то ҳанӯз арзишман асаре, ки симои фоте- ҳонро, ҳақиқати талху ширини афхудкуниро бозгӯ бошад ба табъ нарасидааст. Ва ба назари банда хеле муҳиму зарурист, агар бо ифтихори корномаи аввалинҳо муҷассамае, ки худ баёнгари ҳамаи рӯзгори пешиниён бошад, бунёд бисозем. Зеро он ҳам поси хотири он қаҳрамонҳо хоҳад буд ва баъдан дар тарбияи наврасони имрҳзу оянда нақше хоҳад дошт.
Норозиям, бале. Аз он ки сарварони пешин он ҳарфи олимонро : ин дашт дар сурати обшор гардидан бими ба заҳистон бадал шудан дорад, ба инабат нагирифтанд. Ва ин дам, ки оби зеризаминӣ боло медамаду даҳҳо манзили зист фурӯ меравад, оё чӣ рӯзҳои сахту даҳшатбор пеши рӯй дорад ?
Ки ғами одамон мехӯрад ? Оё кафолати ҷуброни зарарҳо вуҷуд дорад, дар ҳоле, ки аксари мардум дар ҳоли фақру бенавоӣ ба сар мебаранд ?
Боз аз он норозиям, ки ифодаи Ҳофиз – он булбули Шероз беш – тар эҳсос мешавад :

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

Бе парда таъкид менамоям, ки ҷомеа ба қашшокии маънавӣ рӯ ба рӯ омадааст. Бархе аз ҷавонону наврасон аз ҷодаи одаму одамият берун по мениҳанд. Боиси таасуф аст, ки аҳли фарҳангу ҳунар қадру қиммат надоранд.
Гузориши таълиму тарбия дар мактабҳо ба ҳоли ногувор афтидааст. Устодон ҳуқуқи ночиз мегиранд, ки китобу дафтару давод дастраси муҳассилин нест.
Агар сарварон андешаи беҳдошти маорифу соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаро дар сар надоранд, дар сиёҳномаи таърих сабти ном хоҳанд шуд.
Боз дарднок он аст, ки на ҳамаи масъулону сарварон аз паи эҳ- тироми ҷомеа гом мебардоранд. Ҳама мебинанд, ки моҳо ночиз аммо аз куҷо он хонаи дакаданг, яъне хиёнатпешаҳо дар ҳоли афзоиш.
Аз пояи инсоф берун по ниҳода, аз халқу ах Худо ҳаросе надо – ранд. Инро иллат боз касифии маънавият, дури аз фарҳангу ахлоқи
ҳамида.
Аз ин боб, ки даври қамари Ҳофиз мегӯем қасоидҲои ҷамъият бештар чеҳраи манфури хеш айн месозанд. Биёед аз Худо талаб намоем, ки иллати моро аз балоҳову фоҷиаҳо эмин дорад, дар дили ҳар тоҷик нерӯи содиқ будан ба суннати пешиниён – аҳли китоб, мӯъҷиофаринӣ, муборизу меҳанпарастӣ, фарзанди меҳнату ороста бо ахлоқи ҳамида эҳдо бикунад. Омин ё раббилоламин.
– Устод, агар мӯъҷизае рух бидиҳаду дар шумо тавони чилсолагӣ ҳулул гардад ?
- Сад дареғ, ки умри бандаи фақир поён омада. Ҳаргиз моҳӣ болои маҷнунбед наҷаҳад, касе надид, ки гурба либос шуст, ин ҳол набуда, ки говмеш ба парвоз ояд. Гар Худованд инам рӯзӣ бубидан боз аз меҳнати ҳалол қут ба даст меовардам ва Қуръони Маҷид ҳифз бинмуда, ҳамвора машғул ба тасбеҳу ибодат бо меҳмонии хеш дар ин ҷаҳон дар ҳоли мутолиа ва корбаст ба фармуди Яздони поку боазамат поён медодам.
- Дар масири зиндагӣ аз кадомин фарзандони ҳамдиёр пайгирӣ доштед ?
- Зидагиномаи равонашон то биҳишти ҷовидон шод бод Бобо- хон Ҳамдамов, Ибодулло Оқилов, Маҳадшариф Ҳасанов бароям ибратбахшу пандпазир будааст.
– Ба онҳое, ки имрӯз сарварии ҷомеъро ба ӯҳда доранд чӣ мефармоед ?
– Банда насиҳатгӯ наям, аммо ишонро даъват менамоям, эй бародар бидон, ки
Дареғо аспи мансаб зин надорад …

Ва

Гар бар сари нафси худ, амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Андешаи он бинмо, ки чун ин сарварӣ бо умри кӯтоҳ дар ихтиёри туст. Фардо ту ё он тарк хоҳи гуфт. Оё халқи Худо ба рӯят чӣ сон бинигарад.
Агар нек бидонӣ, ки
Умри одамӣ чу акси мо дар рӯи об ноустувор аст, аз ин рӯ, то метавонӣ некӣ кун. Ҳукм намо : ту ҳар ду ҷаҳон обод кардаӣ, бо тоату ибодати хеш.

- Ба фарзандону наберагон чӣ?
- Гуфтааму боз мегӯям, ки фарзандони азизам бароятон гулчине аз сухансароёни баргузидаи миллат мураттаб сохтаам. Онро ҳадяно – маи зиндагӣ бисозед. Иншооллоҳ, амал аз ҳикматҳо бикунед ҳамвора аз паи луқмаи ҳалол, омӯзиш, набард алайҳи бадхулқиҳо, пӯшидани пироҳан аз матои ҳамида ахлоқи, бо дӯстон муруват, ҳалими саховат, дури аз тиҳимағзону бадгавҳарон, тоату ибодат пешаатон бошад, бан- даи хоки аз шумо розӣ хоҳанд буд.
Ва фаромуш насозед, ки ман бо овози боланд мегӯям : баъди маргам сари шумо аз пушти ман, яъне амалҳоям паст нахоҳад шуд.
Чаро, ки шукри худованд пои ноҷо нагузошта, нахоида ҳарфе нагуф- та, бо захмати хеш луқма ба даҳон доштам.
Ҳар яки шумо ҳам мебояд дар пайравии падару модар зинда- гиро ба охир бубаред .
- Ако, хаста нашудед ?
- Одам ганимат, – ҳар дам ғанимат.
- Дил майли зодгоҳ дорад?
- Чаро не ? Ин тавоне медоштам ҷеранро рӯи зини он ҳайвони чун ғизол зебо суи Эсиз ба парвоз меомадам. Аз нилаи Зарафшон рӯд замини ҷигари сӯхта шодоб мекардам, то ҳарорати бадан паст гардад. Ва хамчунин бо буи хоки мушбези мадфангоҳои волидайн гулобе ба- рои пирохани сафари дар пеш тахия менамудам.
Ин лаҳза аз ҷеран ҳам ёд бинмудед. Монанд ба рахши Рустам ба- роям арзиш дошт. Дар ҳама бурду бохт, барору нобарориҳо аз кӯҳис- тон то ба Дилварзин моро ҳамрозу амбоз буд он асп.
Мисли фарзанди падар дӯсташ медоштам қисмат чунин буда. Марги фоҷиабор насибаш шуд.
Рӯзе ба маркази вилоят аз паи коре рафтам. Сараграном аспро бо гандуми деҳқони хуб зиёфат медихад. Дар масири бошишгоҳе аз ғурриши мошине асп рам мехӯрад. Савора фармонро идора карда наметавонад.Ҷеран бо суръат давида дар замини зери об монда дучо- ри садама мешавад. Бо азобе худро берун мегирад. Аммо он бархӯрд барояш лахзаи умр будааст.
Чун ҷеран – дӯсти азизу ҳамсафари беозорам сарбурида дарёф- там, фиғонам боло гирифта. Пас он аспе дигар савор нашудам. Ва агар қудрате медоштам пайкараи он махлуқи нозанинро, ки саҳмаш дар футоҳоти дашт чашмгир буд бо шаҳомате аз зарандуд бунёд мекар – дам.
- Шуморо бархе аз сахархези таъна мезаданд.
- Пешоббағали кушода чун субхеро .
Ҳар кас, ки надид, хоби маргаш бубарад.
- Заруроте ба омӯхтани забони хориҷӣ ба миён ояд, кадоминро фарогир мушудед.?
- Забони Қуръон ва англисиро, ки забони сивилизасияи қарни оянда хоҳад буд.
- Ҳавапаймое дар ихтиёр медоштед…
-Бо ҳамсари гиромиям бо қасди тавофи Каъба маскани азизамро тарк мугуфтам.
- Қариб ним аср раис будед. Кадомин харфи бузургон вирди забон доштед?
-Ба қасди он ки диле наёзоранд сухани Саъдӣ – он муаллими ах – лоқ шиори амалам буд :

Эй забардасти зердастозор,
Гарм то чанд бимонад ин бозор ?
Ба чи кор оядат чаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

- Ба марги киҳо афсӯс мехӯрдед.?
- Банда таронасарои марг нестам. Мо ҳама барои марг зода шудаем, вале аз ҷавонмаргии истеъдотҳо, чун Саъдулло Оқилов Маҳмуди Вохид, Холмахмад Сангинов, Муллошоди Бокиев, Юсина маломати дард дорам.
- Аз сарварон киҳоро меписандед?
- Ба Бобоҷон Гафурову Рифъат Ҳочиев, Ибодулло Оқилов, Саид – шариф Шаривоф дуои ба дарозкашии умр салтанат раво медидам.
- Қасидае аз хомаатон мерехт…
- Ба падару модарам эҳдо менамудам.
- Ситорагони адаби наср ҳама дар ҳаёт мебуданд, киро механ – дед?
- Балоҳур ба парвоз меомадам сӯи Иқбол.

Биё эй ишқ, эй разми дили мо,
Биё эй кишти мо, эй ҳосили мо.
Куҳан гаштанд ин хоки ниҳодон,
Дигар одам бино кун аз гили мо.

- Соат чанд ?
- Сеи саҳар.
- Ҳама дам гиред, ҳоло вақт аст – фармуданд.
Аммо беморбинонро хоб аз чашм парид. Субҳи козиб фаро расид. Бемор тарафи қибла паҳлӯ гашта :
- Очаш соат чанд ?
- Шаши саҳар.
- Ай дарев, ки дареғ. Муллонеъмат маро биҳил кун. Эй Худо мушкилама осон кун. Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ. Ё оллоҳ…
Сӯҳбат ин ҷо анҷом ёфт ва баъди соате чанд марг дар кӯбид.
Посе аз шаб гузашт. Беморӣ хуруч кард.
- Ҳо баччам, Шукур.
- Лаббай додо.
- Таҳорат дорӣ ?
- Ҳо
- Ҷони додо хунам.
- Чӣ хонам ?
- Алҳамдро хону куфам кун.
Писар фармудаи падар ба ҷо овард. Бемор дар ҳоли хоб орому осуда.
- Неъматулло – додарзодаи устод низ сари бистар ҳозир шуда, Ёсин хонда, дам карданд.
- Очаш, ҳо очаш.
- Лаббай.
- Муллонеъмат дамам андохт, дилам сиҳат шуд.
Бисту якуми феврали соли 1998. Садҳо одамон гирди дари буми майит ҳозиранд. Пироҳани мотамӣ ба тан. Синаҳо лабрези дард, дидаҳо ғамбору чеҳраҳо ғамхона.
Апаи Рисолатмо навҳа мекунад.
- Хунам балом, ҳамсарам ҷигар, гули маракаҳо дареғ, бахту давлатам ҳусни диёр балом вой балом, сутуни дилам балом, дидаи биноям балом, во ҷигаре ҷигар…
- Шамъи мафҳилҳо будед – додо, баломе – фигон дорад Чумъа .
Махадшариф, Ориф ашкрезону асобадаст назди издихом омада:
-Мехмонони падар хуш омадед, кадамхоятон болои дида навхаву афгон доранд, ки :-додои андарзгуву муфассир балом, чароги махфилхо балом, диёрро холи кардед падар, дарег…
Нодирамову Адолату Танзиламову Фариштамох сиёпушанду миёнбаста ба иллати талафоти гарон – фавти падар ашк дар дидагонашон равон асту равон.
Хона мегиряд, дару девор ашк мрезад, ҳар гиёҳу дарахтони ин манзил нола дорад.
- Додои ғазалсароям, – нола доронд Нодирамоҳ.
Падари сухандону андарзгуям, чигар ашк мерезад Танхиламоҳ.
Ҳарфи ло илоҳ бар бо нигоҳи чашм фарзандонро якояк падруд гуфта, шабеҳи кӯдак ҷон таслими Худованд марди наҷиб.
Фиғону нола ба осмон бархост. Муллонеъмат – додарзодаи мар – ҳум он дам марсияе таълиф намуд ба ин маънӣ :

- То дами поёни умраш будам уро дар канор,
Лафзи истигфору тавба бар лабаш шуд ошкор
Мавҷ зад хуноби ҳасрат аз димоги хотираш
Фазли ҳак оинасон ба ёдаш устувор
Чун забон дархам дихад бикшод аз фазли илоҳ,
З-он ки ман доим ба ин максуд будам интизор
Ӯ пушаймони кашиду ашк аз мижгон бирехт
Пас ба ёд овард он дам аз гузашти рӯзгор.
Кард васият он замон бар ахли фарзандони худ
Баҳри ишон кард ин шакрфишониро нисор
Гуфт гиред баъди ман аз домани соҳибдилон
То ки бошед дар ҳама хол мисли богу токзор
Модари худро намоед ҳурамту доред дӯст.
Дар савоби зиндагӣ дод ба шумоён этибор.
Ҳеч кас боки намонад андар ин дори фано
Бар ҳама халқи маълум гаштаст ин қарор.
Аз шумо дорам умед гуфт аз гуноҳам бигзаред,
Оҳи пурдарде кашид аз дил баровард ин шарор.
Гуфт ёраб, мушкилам осон кун аз фазлу карам.
Варна аз андуҳи ман дар нола ояд кӯҳсор.
Дар ҳузураш буд Ҳузури вақти ҷон биспурданаш,
Ман гумон кардам, ки биштофт ӯ ба сӯи лолазор.

-Додои бо нангу ор, чигарпораам кардаед – мегиряд Фариштамоҳ.
Ва аммо рӯи тахти баланд марде гуё хуфта. Тифлона ба хоб рафта, чеҳрааш шукуфон, лабонаш моил ба табассуманд. Аҷоиб манзарае, бул – аҷаб саҳнае : даҳҳо гирёну яке хоб асту хандон. Гиряҳо мегӯянд: Ҳамсари азиз, падари бузургвор, акои арҷманд бобои меҳрубон тарки дунё кардеду фақат соате мемонед – ва то рӯзи ҷазо дидори ҳам нахо- ҳем дид. Алвидоъ, Падруд…
Хуфтаи хандон амали саҳнадоррону саҳнабозонро даркмена- мояд. Худованд нерӯи сухангӯиву чашм кушодану ба атрофиён гуфта- ни он ки:
- Оре, тақдир чунин будааст. Бандаи офарида аз хок шуда ба хок меравад. Шумо, ки анбӯҳи бекаронед, омадед то маро ба охирин сафар гуселу ба он дунё раҳнамун созед. Хуш омадед азизон хоки қу -
думатон рӯи мижгон. Агар дар зиндагӣ ба иллати хоме шахси шуморо озурдаам, илтичо дорам,ки ин бечораро бо неруи чавонмарди бахшидани гунохашро савоб донед.У имкон надошт гуяд: то лахазоти дидор дар рузи киёмат хар яки шуморо дар хивзи Худованд рахмону рахим во мегузорам.Падруд азизони дил .
Бандаи омода ба хичратро гусл бинмуданд . Чисми уро хокониданд . Аз матои сафеди пок либоси сафар пушониданду саропош гулоб пошиданд, то муаттару хушбу бошад.
Марди дар ҳоли сафар рӯи шота – аспи чубин савор гардид. Чубинасб болои дарёи мардони ба видоъ омада мавҷ мезаду сӯи манзили охират пеш мерафт .
Савора назди масҷиди деҳ бозистод. Аз баландгӯяк ин садо

Хирадмандо, ба марги ту замину осмон гиряд.
Ба маргат аз фироқу ҳасрату фарёди ҷон гиряд…

Наттоқ раиси ҳукумати ноҳия Саидшариф Шарифов ду мисраъи баъдӣ ба гаронӣ ба забон овард. Гиря гулӯгираш бинмуд ва дар ҳоле, ки ифтихори Тоҷисиктону тоҷикистониён буд. Ба китоби умри ин абармард Наврӯзмуҳаммад Раҷабов назар биафканем ҷуз қаҳрамонӣ, футуҳот зиндагии пандпазир намебинем. Сарвари сарварон, устоди деҳқонон, пири муаллимон, марди шеърдону шеърдӯст, номдеҳу некандешу накӯкор ин аст сифатҳои ин шахси бузург.
Раиси ҳукумати вилояти Ленинобод Қосим Қосимов дар сифати Н. Раҷабов гуфт :
- Сад дареғ, сад афсӯс, ки марги нобаҳангом моро аз марди содуқи Ватан Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, баҳодури ҷабҳаи зиндагӣ Раҷабов ҷудо сохт.
Дӯсти бузургу падари арҷманд тақдири хеш ба замин пайваст. Ҷаваони навхат ба саҳнаи ҳаёт қадам мезад, ки ҷанг сар шуд. Ба ҷабҳа рафт, ба адӯ қирон овард. пирӯзона ба зодгоҳаш омад, сарвари хоҷагӣ гардид. Сидқидилона бо ҳамдиёрон меҳнат кард. Дар футӯҳоти Дилварзин басо ҷанбозиҳо намуд. Фароғат барояш хондану кор будааст. Алвидоъ, устоди арҷманд !
Собиқадори меҳнат Аваз Сафаров, бародархони марҳум.
- Шаст сол боз бо устод Раҷабов як ҷо кору зиндагӣ дорам. Қариб рӯзе набуд, кидидор набинем. Ин лаҳза бароям гарон, андӯҳам интиҳо надорад, зеро марг маро аз акоям, устодам, деҳқони забардаст, олим, роҳбари сахтгиру дулсӯз, ҳамбози ғаму шодии мардум ҷудо сохт.
Аз даргоҳи Худованд талаби он дорам, ки руҳашон шод, қабрашон пурнуру муаззам гардон.
– Нигорона, ёд дорӣ он маросими мутантани бо банда доъкуниро ?
– Оре, ҳузур доштам.
– Аммо худоро шукр мегӯям, ки ҳарчанд ҳама гирён буданд вале банда хушҳолу дилшод. Ба издиҳом нигариста ҳадиси шариф ёдам омад : агар се саф бо имом ҳафт нафар намозхон дар ҷаноза бошад, кофист, Худованд гуноҳони майит бубахшад. Ва агар намозхон беш нур болои нур будааст. Дуруд Парвардигорро дар ҷанозаи мани пургуноҳ садҳо намозгузор ширкат дошт.
Ниҳоят пас аз адои намози ҷаноза “ сафина ” рӯи рӯди пурмавҷи мардум ҷониби қабристон хиромид.
Муллонеъмат бо мадади фарзандон “ Бисмиллоҳи ва ало миллати Расулиллоҳ ” гӯён мурдаро аз тобут гирифта, ба лаҳад гузоштанд.
Рӯи майитро ҷониби қибла гардониданду ин калимот ба забон оварданд : “ Оллоҳума ло туҳарримно аҷраҳу ва ло тафтано баъдаҳу “ .
Дафнкунандагон “ минҳо халақнакум ” хонда ба мушти хоки дар даст дошта дам кунонда, ба рӯю гӯр мерезанд. Худованд дар ин оят мефармояд : мо шуморо аз хок халқ кардем, боз шуморо ба хок бармегардонем ва ниҳоят бори дигар шуморо аз ҳамин хок зинда месозем.
Лаҳзаҳои ба манзили охирин ниҳодани марҳум Муллонеъмат баён дштанд : Парвардигоро ба ӯ забони гӯё бахш то аз пурсиши Мункару Накир боз намонад.
Пасон дари хонаи охирин девор бардошта, аз хок “ қир ” сохтанд. То ҳаёти навин тани беҷон интизори Рӯзи Ҷазо буд.
Сураи “ Таборакаллазӣ ” бихонда, фузуданд : савоьи ин калимоти раббониро ба равони Наврӯзмуҳаммад ҳадя бинмудем, Худованд қабраш пурнур, рӯҳаш шод бидорад. “Омин ё раббалоламин“.
Пас аз чанд рӯзи анҷоми маросими азо фарзандон ба сарманзили қиблагоҳ омада, ояте тиловат бинмуданд. Баъд дар болову поини марқади хоксоронаи ӯ ду арча шинонданд. Арчаи ҳамешасабз тасбеҳу зикр гуфта, ба фавтида хушҳолӣ мебахшидааст.

Ахтари зулматсуз

  Зиндагинома

Мавсуф 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя , нохияи Мастчох дар оилаи дехкон чашм ба ин олами хасти во намуда. Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад.

Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта, хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад.

Муаллиф бо сухани буррову суханни нишонрас симои кахрамонро тавре нигориш дода, ки ягон нофахмие дар нисбати у боки намемонад. Ба нависанда паи офаридани осори нав ба нав илхоми пурчуш мехохем ва таманно мекунем, ки ин “Ахтар” тамоми зулматхоро бисузад

 

 

Сухроби Сипехри

Шохмансур шефта ва мухаккики Мавлонову Сухроби Сипехрй

Шохмансури Шохмирзо 7 Майи соли 1971 дар рустои Худгифи Соя, нохияи Мастчох дар оилаи зиёи ва фархангпарвар мутаваллид гаштааст. Соли 1988 ба Донишгохи Давлатии Миллии Точикистон шомил гашта, тахсилро дар риштаи рузноманигори идома дод , сипас онро соли 1993 бо муваффакият ба итмом расонд. Инчунин бо чаридахои мухталифи кишвар аз чумла бо «Сухан», «Оинаи зиндаги», «Анбоз», «Точикистони совети» ва радиои чумхури хамкори дошт ва дорад. Мавсуф солхои 1996-1999 дар нохияи Мастчох муаллими литсей буд ва замоне хамчун муовини сардабири рузномаи Машьал ифои вазифа мекард..Фаолияти хешро хамчун хабарнигор аз соли 2000 то соли  2006 дар бахши фархангии Садои Хуросон дар шахри Машхад огоз кард.У инчунин муаллифи чунин осорхост. «Сурмаи дил»  (дар хамкори бо падараш Шохмирзо) Хучанд, соли 1996,»Хазор кандил» (дар заминаи мардумшиноси) Хучанд соли 1997,»Модарнома» соли 2006 нашриёти Деваштич.Маколоташ дар матбуоти Точикистон,Эрон ва Афгонистон нашр шудаанд.Дар шинохт ва муаррифии Сухроби Сипехри чандин матолиб ва рисолаи тахкики ва тахлили навишта аст.Дар чандин хамоиши байналмилали аз чумла  дар бузургдошти Мухаммад икбол дар Техрон ширкат ва суханрони доштааст.Узви конфедератсияи байналмилалии рузноманигорони чахон, узви Бунёди Эроншиноси ва инчунин узви Анчумани адибони порсигуи-ATIBAN мебошад.Аз соли 2006 ин чониб дар Техрон машгули пажухиш мебошад.Дар зер як навиштаи мавсуфро манзури шумо мегардонем.

Ба муносибати 15 мехрмох(6 Октябр) таваллуди Сухроби Сипехрй

Шохмансури Шохмирзо

Солике дар тарики Мавлоно

Махофили адабии чахон соли 2007-ум 800-умин солгарди таваллуди Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхи -шоиру орифи вораставу шуридаро чашн гирифтанд ва имсол 80-солагии таваллуди Сухроби Сипехри -шоир ва наккоши забардаст тачлил мешавад.  Бале, Мавлонои 800- сола ва Сипехрии 80- сола.  Оё чи иртиботе, чи пайванде миёни ин ду вучуд дорад ва чаро ба баррасии ин мавзуъ мепардозем? Дар холе, ки даврони зиндагии Мавлоно ба пуршуртарину нооромтарин айёми таърихи Шарк -фитнаи мугул рост меояду даврони хаёти Сипехри ба замони нисбатан орому мухити солиме мувофик меояд ва аз лихози иктисодиву ич тимои ва сиёси тафовут аз само то самак аст.  Мавлоноро бадахдии замона ба тарки Ватан водошт ва ба ночор дар мулки гайр зисту даъвати {акро дар хамон чо лаббайк гуфт, Сипехри ба касди ошнои бо фарханги аквоми мухталиф ва касби донишу хунар ба чандин кишвари олам сафар намуд ва билохира бар асари саратони хун даргузашт ва дар зодбумаш – Кошон мадфун шуд. 

Мавлоно яке аз сермахсултарин адибони форсигуй аст:»Девони Шамс’ ва ё » Девони Кабир » яке аз бузургтарин девонхои шеърист , «Маснавии Маънави» иборат аз 25630 байт буда , «Фихи мо фихи»(китобе дар наср ) ва чанд асари дигар низ ба калами У тааллук дорад, Сипехри дар мач муъ сохиби «{ашт китоб»(134 шеър ва 2 манзума), «Утоки оби»(китоби андешахо дар колиби наср) ва такрибан 500 асари наккошист. 

Мавлоно орифи барчаста буд, Сухроб хам гароиши орифона дошт.  Мавлоно шуридаву маст, Сухроб навкадаму навсафар ва инзивоталаб, харду дар паи оромиши дарун ва мухити солиму босуботанд ва дар чустучуи ормоншахре, ки аз хушунату табъиду тафрика орист:

Эй офтоби хусн бурун о даме зи абр

К-он чехраи мушаъшаъи тобонам орзуст. 

Дар дасти хар ки хаст зи хуби курозахост

Он маъдани малохату он конам орзуст. 

Яъкубвор воасафохо хамезанам

Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст. 

Ди шайх бо чарог хамегашт гирди шахр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.  1

Сухроб низ дар орзуи расидан ба чунин сарзамини руъёист, ки обу хокашро аз мехру отифа сириштаанд ва аз низоъу нопоки хабаре нест ва ин хитта дар дурдастхост, дар пушти дарёхое, ки ба уфук доман мезанад:

Пушти дарёхо шахрест

Ки дар он панч арахо ру ба тач алли боз аст

Бомхо ч ои кабутархоест, ки ба фаввораи хуши башари менигаранд. 

Дасти хар кудаки дахсолаи шахр шохаи маърифатест. 

Мардуми шахр ба як чина* чунон менигаранд

Ки ба як шуъла, ба як хоби латиф.  2

Мавлоно вассофу маддохи ишку мухаббат аст, ки ба унвони намаки тинати дилхо эътироф гардида ва асли хастию буданро дар хамин гавхари ганч инаи вуч уд медонад ва ба пиндори орифи волоназар иксири зиндаги Ишк асту Мухаббат:

Аз мухаббат талххо ширин шавад,

Аз мухаббат мисхо заррин шавад. 

Аз мухаббат дурдхо софи шавад,

Аз мухаббат дардхо шофи шавад. 

Аз мухаббат мурда зинда мекунанд,

Аз мухаббат шох банда мекунанд.  3

Сипехри низ ишку мухаббатро гаронбахотарин неъмати харду олам медонад ва барояш киматтар аз он чизе нест, паёму пай гоми ч онбахш ва хадяи бехтарин ба хаводорону азизонаш ишк аст, ишке, ки бо мафхумхои мондагоре чун обу нуру хаво тавъаму хаммаънист:

Рузе

Хохам омад ва паёме хохам овард. 

.  .  .  Хохам омад гули ёсе ба гадо хохам дод. 

.  .  .  Ман гирах хохам зад чашмонро бо Хуршед, дилхоро бо Ишк, сояхоро бо об, шохахоро бо бод.  4

Мавлоно марбут ба шахру макони хосе нест, балки фаротар аз ин махдудаву мавзеъхост.  Ч ое, ки мегуяд:

Гуфтам зи кучои ту? Тасхир заду гуфт:эй чон,

Нимем зи Туркистон, нимем зи Фаргона. 

Нимем зи обу гил, нимем зи чону дил,

Нимем лаби дарё, ниме хама дурдона.  5

Сипехри низ бо лахни омехта бо ч идду хазл Механу зодгохашро махдуд ба минтакаи хоси ч у грофиёие намедонад ва муддаист, ки хорич аз ин чорчубхост ва дар ин колибхо барои у ч ой нест:

Ахли Кошонам,

Насабам шояд бирасад

Ба гиёхе дар {инд, ба сафолинае аз хоки Сиялк.  .  . 

Ахли Кошонам , аммо

Шахри ман Кошон нест. 

Шахри ман гумшудааст. 

Мани бо тоб, мани бо таб

Хонае дар тарафи дигари шаб сохтаам.  6

Ин мисолхо шояд зохири казия бошад, лизо чанд намунаи дигар дар таквияти ин афкор такдим мегардад. 

Сипехри дар 3 мач муаи аввали -»Марги ранг», «Зинадагии хобхо» ва » Овори офтоб» дар пайрави аз Нимо Юшич шеър месарояд ва аз мач муаи чоруми -»Шарки андух» ба баъд аст, ки дар хавои газалхои орифонаи Мавлоно та газзул мекунад ва дуруст замоне, ки ба нахустин тач рибахои динию ирфони даст мезанад.  Хонанда дар хамон мутолиаи аввал ба чунин хулоса мерасад, ки Сипехри аз Мавлоно пайрави мекунад ва беихтиёр ва ёди газалиёти «Девони Шамс» меафтад:

Накше пайдо, ойина кучо? Ин лабханд, лабхо ку?

Мавч омад, дарё ку?

Мебуям, бу омад.  Аз хар су, хой омад, ху омад. 

Ман рафтам.  У омад, У омад.  7

Сипехри вазну оханги газалхои шурангези Мавлоноро дар шеъри сапед ворид намуда ва дар илми шеър ба тачрибаи аввалин даст зад, ки бешак навовари буд , ки то хол мисдокаш дар адабиёти форси ба чашм нахурдааст.  {амон холати навасон – болову поин омадани оханг ва тагири вазну хичо маонанди мадду чазри бахр дар зехни хонанда чакомахои ошиконаи Девон- Шамсро мутабодир мекунад ва ба кавли мухаккик Дориюши Ошури Сипехри /вазнхои раксон монанди вазнхои Девони Шамсро ба кор мегирад ва суханонаш ба шатххои суфиёна мемонад:/8

Ман созам:банде овозам.  Баргирам, бинвозам.  Бар торам захмаи «ло» мезан, рохи фано мезан. 

Ман дудам:мепечам, мела гзам, нобудам. 

Месузам, месузам:фонуси таманноям.  Гул кун ту марову даро.  9

Сипехри хам ба зохир ва хам ба ботин пайрав и Мавлоност ва хам вазну кофияву охангу зарб ва хам маъниву мухтаворо аз Мавлоно вом мегирад ва дидгоху афкораш низ бо пири маънавиаш шабохат пайдо мекунад, монанди замзамахои у тараннум мекунад.  Адабиётшиноси эрони Зиёуддини Туроби бар ин акида аст, ки «шеърхои ин китоб(Шарки андух.  Ш.  Ш.  ) хосили чазабахои орифона ва холати дарунии хоси Сипехрист, ки дар вазне зарбию хамоханг бо холу вазъаш суруда шуда ва дар мавкеъи мутолиаи онхо низ бояд мавриди таваччух карор гирад.  Вазне, ки дар нихоят латофати вижае ба каломи Сипехри дар ин дафтар бахшида, ки бешабохат ба шеърхои зарбии Мавлоно Мухаммад Чалолуддини Балхи нест, .  .  .  Ва хамин назми охангин дар хамаи шеърхои мачмуаи «Шарки андух» вучуд дорад.  Назме, ки на бар пояи аруз , балки бар пояи мусики ва таснифу тарона танзим шуда ва таъсире мусикиои дар гушу зехни мухотаб барчо мегузорад.  «10

Шеъри зерин, ки аз хамин дафтар интихоб шудааст, дар назари аввал хонандаро ба иштибох меандозад, ки газали Мавлоноро мехонад ё газали мудерни Сипехриро:

Боло рав, боло рав.  Банди нигах бишкан, вахми сиях бишкан. 

-Омадаам, омадаам, буи дигар мешунавам, боди дигар мегузарад. 

Руи сарам беди дигар, хуршеди дигар. 

-Шахри ту не, шахри ту не,

Мешунави занги замон:катра чакид.  Аз паи ту , соя давид.  11

Шеъри Сипехри, ки ба кавли мухаккик Фарачи Саркухи «дар камоли худ шеъри ирфонист» 12 аз мачмуаи «Шарки андух» ба баъд тобиши мазхабию ирфони пайдо мекунад ва шоир ба хамаи адёну мазохиб эхтиром дорад, хамонанди Мавлоно, ки табъизе миёни адёну аквому милал коил набуд(Пас забони хамдили худ дигар аст, {амдили аз хамзабони хуштар аст) ва омили дигар дар ин миён «ошноии бай бо абармарде, ки зери oсмон ва бар фарози замин касеро дар олами шеру ирфон баробар намешиносем , ошнои бо Мавлоно Чалолуддин аст».  13

Инчо пайванди мухтавоии афкори Сипехри бар Мавлоно бештар ба мушохида мерасад.  Он чо, ки мегуяд:

Оина будам, аз рушану аз соя бари будам.  Деву пари омад, деву пари будам.  Дар бехабари будам. 

куръон болои сарам, болиши ман Инчил, бистари ман Таврот ва забарпушам Авасто, мебинам хоб:Буддое дар нилуфари об.  14

Шеъри Сухроби Сипехри низ мисли ашъори Мавлоно бо хар забони дигаре, ки тарч ума шавад, кобили кабул хохад буд ва аз суи пайравони динхои мухталиф истикбол хохад ёфт , чун гуянда бар хамаи динхои илохи ва китобхои онон эхтиром дорад ва арзиш коил аст ва хеч якеро аз дигаре боло намегузорад, ба кавли худи Сухроб «аз паллаи мазхаб боло рафтааст».  Гузашта аз ин, каломи хар ду шоири мавриди назари мо аз самимияту мехрубони саршор аст, ки мухотабро чазбу чалб мекунад.  Далели мухими баргузида шудани «Мачмуаи ашъори Мавлоно» ба унвони китоби соли Амрико дар соли 1999 махз хамин вижагии осори уст, яъне сароянда пайравони хамаи дину оин, миллат, кавм, забонро.  .  .  ба хамзистии мусолиматомез , зиндагии саъодатмандона ва дур аз чангу фиреб, низоъу тафрика фаро мехонад.  Инсон, ки имруз аз сиёсатхои хасмона, бартаричуихои беш аз хад, табъизхои нажодиву кавмию забони хаста шудааст, ниёзи шадиде ба чунин харфу хичо дорад.  Ин паёми Мавлоно низ ба Сипехри «сироят» кардааст ва аз замири калб ба кулли башар хитоб мекунад ва аз онхо сидкан мехохад, ки:

 Обро гил накунем:

Дар фурудаст ангор кафтаре мехурад об. 

Ё, ки дар бешаи дур сайрае пар мешуяд. 

Ё дар ободи кузае пур мегардад,

.  .  .  Чи дехе бояд бошад!

Кучабогаш пури мусики бод!

Мардумони сари руд обро мефахманд. 

Гил накардандаш , мо низ

Обро гил накунем.  15

 Сипехри, ки ирфонро дар шеъри нимои ворид намуд, дарвокеъ хидмати бузургеро анчом дод ва далели умдае, ки имруз шоирони зиёде дар гушаю канори чахон аз сабки у пайрави мекунанд, махз хамин хусусияти осори уст.  Чунончи, мачмуаи ашъори уро Наргис Шохалиева бо забони узбаки дар Тошканд тарчума намуд ва «Бехтарин китоби сол» эътироф гардид.  Ин вижагии сабку хунари Сипехриро хатто мухаккикони гайриэрони сутуда ва бахои баланд додаанд.  Аз чумла, пажухишгарон Мухаммад Мухсинуддини Миё ва Торук Зиёуррахмони Серози , устодони Донишгохи Даккаи {индустон бар ахамияти ирфони Сипехри таъкид намуда , навиштаанд:»Сипехри аз ч ихати андеша шефтаи як навъ ирфони хоси худ аст, ки бад-он метавон «ирфони табиъи»ном дод.  Ирфони пешини мо дар такопуи ирфонияти хеш саъй дорад Худоро бевосита бингарад, чашм ба чашмаи аслии нур, ба хонаи хуршед духтаанд.  Аммо Сипехри дар ирфони вижаи хеш баландпарвозии урафои фахли * таърихи исломии моро надорад ва Худоро аз тарики табиат ба чустучу менишинад»16. 

 Бале, муроди Сипехри дар шеъри фавк факат «об» ба мафхуми модда нест, балки манзураш хифзи арзишхои мукаддас, отифахо, зебои ва калбу эътикодоти ботинии хамаи инсонхост, ки муроди Мавлоно низ хамин будааст.  Ин маъниро мухаккик кадамалии Сарроми низ тасдик мекунад:»ин шигифтиофарин дар чашми шоир касе чуз рухи ирфони Эрон – ошики Шамси Табрези нест»17

Бешубха, сабаби махбубияти ашъори ду шоири мавриди назари мо хамоно ирфон ва андешахои орифона аст.  Инсони имруз дигар ба шиору ашъору даъватхои сиёси гуш намедихад ва ташнаи паёмест, ки ба калбаш ороми бубахшад ва аз гав гою хаёхуи дунёи серташвиш нач оташ дихад ва ин чуз ирфони Мавлавивор нест , ки Сипехри дар хамин чода гом менихад.  Доктор Сируси Шамисо бар ин назар мувофик аст:»Ирфони Сухроби Сипехри идомаи хамон ирфони мактаби асили эрони, яъне мактаби машоихи Хуросон(дар мукобили мактаби машоихи Ирок) аст ва орои у ба орои бузургоне аз кабили Абусаиди Абулхайр ва махсусан Мавлоно шабех аст.  «18

Сухроби Сипехри факат мукаллиди махз нест, балки ба кавли Мавлоно мухаккик хам хаст(Аз мухаккик то мукаллид фаркхост, К-ин чу Довуд асту он дигар садост) 19, равиши Мавлоноро огохона ва дониста дунбол мекунад, рамзхои ирфониро хубу амик дарк менамояд ва онхоро дар шеър ба кор мегирад ва гохо ба кавли ховаршинос В.  Б.  Кляшторина «дар мавриди онхо тачдиди назар мекунад»20

Далели дигаре, ки нуфузи осори Мавлоноро бар эчодиёти Сипехри тасбит месозад, хамчунонки гуфта шуд, алокаи шадиди у ба табиат аст, ки мисдокашро дар ашъори Мавлоно зиёд метавон дид.  Мавлоно «Маснавии маънави»-ро бо най огоз мекунад:

Бишнав аз най чун хикоят мекунад,

Аз чудоихо шикоят мекунад. 

ва аксари достонхо, бал тамоми Маснави дар атрофи ин мавзуъ -нолаю нафири най хулоса мешавад ва ин най чуз рухи одами нест, ки аз дарди фироку чудои нолаи чонкох дорад.   Сипехри низ табиатро мисли Мавлоно ошикона меситояд ва барояш гули сурх, ки рамзе аз табиату зебоист, ба нахве хукми кибларо дорад, яъне хамон хикмати машхури Худованд зебост ва зебоиро дуст дорад:

 Ман мусалмонам. 

 киблаам як гули сурх. 

 Чонамозам чашма , мухрам нур. 

 Дашт саччодаи ман

 Ман вузу бо тапиши панчарахо мегирам. 

 Дар намозам чараён дорад мох, чараён дорад тайф.  22

 Сухробшиноси машхур Сируси Шамисо дар асараш -»Нигохе ба Сипехри» ин таъсири афкору андешаи Мавлоноро бар Сипехри инкор намекунад ва менависад:»орифони гушаву канори дунё бидуни ошнои бо афкори якдигар суханони шабех ба хам доранд.  {ессе ва Кришномурти ва Сухробу Мавлави ва Юнгу Шайх Абусаиди Абулхайр ва.  .  .   суханоне доранд, ки мабнои хама якест.  Суханони Сипехри бо суханони Мавлоно низ бисёр шабех аст, хол онки ба назар намерасад у масалан солиёни дарозеро вакфи мутолиаи » Газалиёт» ва «Маснави»-ву дигар осори Мавлоно карда бошад, махсусан мутолиаи дакики «Маснави» , ки пур аз ишороту дакоики мушкил ва борик аст».  23

 Доктор Шамисо дар идомаи хамин матлаб мисоле аз Сухроб меоварад:

 Ва дахонро бигушоем агар мох даромад.  -

ки баргирифта аз манзумаи «Садои пои об» мебошад.  Мухаккик дар шархи ин мисраъ ингуна изхори назар мекунад:»То нури он дар дахани мо бияфтад ва рушаниро бичашем ва нур чазби бадани мо шавад, чунонки {азрати Мавлоно нур мехурд(на каллапоча):

 Ман сар нахурам, ки сар гарон аст,

Поча нахурам, ки устухон аст. 

Бирён нахурам, ки хам зиён аст,

 Ман нур хурам, ки кути чон аст. 

 Ва мефармуд:агар хохи, ки дар зери хок нарави, дар нур гурез, ки нур зери хок наравад(аз «Манокиб -ул-орифайн», с.  282)24

Дар таквияти суханони ин донишманди арчманд факат метавон афзуд, ки Сипехри бо он ишку мухаббате, ки ба осори Мавлонову афкору акоиди у дошт, баъид аст мутолиае дар осори у надошта ва аз эхтимол дур нест лоакал «Девон»- и Шамсро мурур нанамуда бошад. 

 Сипехри, ки ташнагиаш комилан нашикастааст, дар шеъри «Ва паёме дар рох» бори дигар нур мехурад», нуре, ки ба он сачда мекард(Чонамозам чашма, мухрам нур) ва ин алокаи шадиду кавии уро ба маъшуки азали нишон медихад, ки тибки бархе назарияхо Худованд ба сурати нур хохад омад:

 Хохам омад сари хар деворе мехаке хохам кошт. 

 Морро хохам гуфт:чи шукухе дорад гук!

 Ошти хохам дод. 

 Ошно хохам кард

 Рох хохам рафт. 

 Нур хохам хурд. 

 Дуст хохам дошт.  25

 Ин шеър низ дар идомаи афкори зиндагидустона ва ошиконаи Сипехрист, ки хаёти аънавию оштиборро ситоиш мекунад. 

 Нуктаи дигаре, ки ба унвони поёнбахши ин матлаб метавон афзуд , баррасии мавзуъи арг аз дидгохи ду шоири мавриди назар аст.  Маълум аст, ки Мавлоно дар миёни шоирони ориф аз андак суханваронест, ки ба ин мавзуъ таваччух зохир намудааст ва дар ин боб намунахои зиёде аз ашъораш хам аз «Маснави» ва хам аз «Девон»-и Шамс метавон овард.  Чунончи:

Ба рузи марг чу тобути ман равон бошад

Гумон мабар, ки маро дарди ин чахон бошад. 

Барои ман магирю магу:дарег, дарег

Ба юг дев дарафти, дарег он бошад. 

Чанозаам чу бини, магу:фирок, фирок

Маро висолу мулокот он замон бошад. 

Маро ба гур супори, магу:видоъ, видоъ

Ки гур пардаи чамъияти чинон бошад. 

Фуру шудан чу бидиди, баромадан бингар

 Гуруби шамсу камарро чаро забон бошад?

Туро гуруб намояд, вале шурук бувад

Лахад чу хабс намояд халоси чон бошад. 

Кадом дона фуру рафт дар замин, ки наруст,

Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад.  . 

 Ё:

 Марг агар мард аст ояд пеши ман

 То кашам хуш дар канораш танг-танг. 

 Мавлоно маргро чун як падидаи табиъи, ки аз суи Худо меояд, мeдонад ва ба стикболаш, ки дарвокеъ о гози зиндагии хакикист, бо о гуши кушодаю боз ва болупарзанон меравад.  Хондани ин гуна ашъор тарсу вахшатро аз афроди ноогох, ки умре аз марг харос доранд, кохиш медихад.  .  .  Ба пиндори Мавлоно марги ростин вучуд надорад, балки та гири холате ба холати дигар тавассути марг фарохам мешавад ва дар хакикат марг – рахои аз зиндони тан ва озодии рух аст, ки дар достони «Бозаргон ва тути» ин мавзуъ ба таври муфассал бозтоб ёфтааст. 

 Сипехри низ ба ин мавзуъ борхо дахл намудааст, махсусан, дар «Садои пои об» пиромуни ин мавзуъ ба вуфур изхори назар мекунад ва таъкид дорад, ки аз марг набояд тарсид ва набояд бо чашми карохат ба он нигарист:

Ва натарсем аз марг

Марг поёни кабутар нест. 

Марг ворунаи як занчара нест. 

Марг дар зехни акоки* чорист

Марг дар обу хавои хуши андеша нишеман дорад

.  .  .  Марг масъули кашангии пари шопарак* аст.  26

 Ба хар сурат, Сипехри ошики андешахои Мавлоност ва уро чун Шамси Табрези рухаш мепарастад.  Зарбхои суфиёнаи газалиёти «Девон»- Шамс, замзамаю тараннумхои орифона ва афкору андешахои Мавлоноро дар осори Сухроб ба таври ичмоли барраси намудем ва ба унвони мухри таъиди ин харфхо барчову мувофик аст назари худи Сипехриро дар бораи Мавлоно бидонем, ки хохараш -Паридухт дар китоби «Сухроб -мур ги мухочир» овардааст:»У(Сипехри.  Ш.  Ш) Мавлавиро бузургтарин шоиру орифи тамоми давронхои таърихи Шарк мешинохт ва шефтаи шеърхои шурангези «Девон»- Шамс буд».  27

Дусти мастчохи

Мутолиагарони азиз, инак гушае бо ном НАВРУЗНОМА-ро манзури шумо мегардонем.Дар ин навбат, ашъори шоиронро ки дар васфи Навруз Рачаб эчод ва эхё шудаанд,пешкаш медорем.

 

b681d43c06

Кутби КИРОМ

            Дусти мастчохи

      (Барои Навруз Рачабов)

 

Пири масчохи, хидоят кун маро,

То чу фарзандат шавам болоназар

Пахта руёнам зи чули сангдил

Аз чавонмарди биёрам хушхабар.

Хар гахе, ки майли Дилварзин кунам,

Наъли аспи хешро заррин кунам.

В-аз шукухи пахтазорони кабуд,

Осмону ахтару парвин кунам.

То саманди шухрати айёмро

Нозбардору савори кардаи,

Роххои куху сахро тай зади,

Накди умрат рохвори кардаи.

Неъмати дунёст андар хони ту,

лаззати дунёст андар нони ту.

То ба хафтум осмонаш мебари

Хар касе, ки мешавад мехмони ту,

Муйсафедонат баруманду халим.

Шеъргую кисагухои кадим

Хамчу куххои баланду бархаво,

Чашмахо доранд аз табъи салим.

Чашмахои соф панди рузгор

Дар рахи пасту баланди рузгор

Суи дарёи мусаффо мебаранд,

Одамиро аз каманди рузгор.

Васфи духтрахои шухат чун кунам,

Хешро болотар азгардун кунам.

Сардмехрони чахонро сар ба сар

Оварам дар  хайли худ мачнун кунам.

Чавхари мардон, ки дорад Офтоб

Дар замони мо намонад зери об.

Шеъри ман хамчун нихоли пахтаат

Дида аз гармову сармо обутоб.

Ру ба хар як хонаву дар мекунад,

Ташнамардонро гулу тар мекунад.

Хамакди мардони Масчо мешавад,

Душохонро музаффар мекунад.

 

 

Чура ЮСУФИ

p1010106

Чура ЮСУФИ шоири бузурги точик

Чура ЮСУФИ

                               

Лаби хомушу дили пур зи фигон мебошем,

Мохии дур зи дарёи дамон мебошем.

Гарчи мо хейсагонем,худо медонад,

Ёри мардони худочуи замон мебошем.

Гар ба хафтод расидем, наяфтодастем

Хурда сад тири чавон пиркамон мебошем.

Сари мо хам нашуда хеч ба пои дунон,

Мо хамон сарв, ки будем хамон, мебошем

Риши испед дигар русияхии мо бурд,

Аввалин сомеини бонги азон мебошем

Хар шабе рузи наве гарчи нмояд тавлид,

Хамаги толиби Наврузи чавон мебошем.

Чанги мо чанг ба як ачнабии беру буд,

Мо аз ин чанги худи бас нигарон мебошем.

Назди мо ту сухани содаву бепарда магу,

Балки аз силсилаи бедилиён мебошем.

Токати тоат агар дер насиби мо шуд,

Ба умеди карами шохи чахон мебошем.

 

                  с.1996

 

 

 

 

 

 

Олимхон ИСМАТИ

Сухангустар

Боли ҳумо

Боли ҳумо

Олимхон ИСМАТИ

      (Ба Навруз Рачабов)

Дар сарат то буд савдои сухан,

Буд дунёит-дунёи сухан.

Чун ту кам дидам, ки фахмад му ба му

Пушти руву асли маьнои сухан.

То куни ташхис меёзид бас

Дасти зехни ту ба харчои сухан.

Эй басо луьлуи лоло чидаи.

Тах ба тах аз умки дарёи сухан,

Дошти дар дил таманнои касе-

Дошт у дар дил таманнои сухан.

Эй, ки буди дар забонат харфи тар,

Гуфтаи дар рохи фардои сухан:

«Он мабод олуда гардад бо хазаф

Гавхари поку мубаррои сухан.

Бар сараш ояд фуру хар хишти харф,

Хом шурад хар касе лои сухан.

Сад каламро сар бинех дар зери тег,

Монад андар гил агар пои сухан.

Гар дари дил аз суханхо во нашуд,

Вои мо, вои шумо, вои сухан…»

Абдулло ФОЗИЛ

jrf3awr23clngxlnei1

Наврузи сулхчу

Абдулло ФОЗИЛ

 

       Ки то холи натобад…

Касе ки мардро дар ру ба руи худ

Ба ранги тиру шамшери аду дидаст,

Медонад,

Ки чонбози барои Механу миллат,

Барои хар вачаб хоки мубарро кори осон нест.

Касе талвосахои чонкании бедареги аскарон дидаст,

Захиданхои хуни гармро аз захмхо чуи ба чу дидаст,

Медонад,

Ки ин ободию осоиши имруза арзон нест

Ватандорию сарбози

Факат харфу хичои лафзи мардон нест.

Касе дар лахзаи охир,

Талоши зиндаги бинмуда аз хамхоки худ мадад дидаст,

Гирехгардии мушти интикому кинаро бо чашми худ дидаст,

Медонад,

Ки муши вахдати инсон.

Хамин муште, ки хар ангушти он,

Сад халку садхо мушти сангин аст,

Агар бар санги хоро ояд,онро хоки рах созад.

Касе, ки дар набардистон

Ба хун огушта хамранги ливои сурхи сарбози

Ба рагми шодии яклахзаии душман

Тани танхо ба истикболи як лашкар,

Зи хоку хуну хокистар

Зи нав руидани фарзанди  бебоки Ватан дидаст,

Медонад,

Ки хар якз арраи хоки ниёгони барумандаш

Ба садхо чон хамеарзад.

касе тах карда зону пеши гури хамяроки худ

Ба ашки хасрату ангушти ларзонаш

Зи хоки маркади у кулчаи савганд шуридаст,

Медонад,

Ки хар як бо зафар баргашта аз он чанг

Зияд бояд на танхо аз барои худ,

Зияд бояд ба чои хар касе, ки  аз барои хифзи мехам мурд,

Ва медонад,

Ки то холи намонад косаи армони мардони шахидгашта,

Ки то холи натобад чояшон дар арсаи мехнат

Сазад дар зиндагони кахрамоне буд.

 

 

 

Пулод ХОМИД

Оинаи хакикатнамо

Оинаи хакикатнамо

Пулод ХОМИД

 

Дурдонаи сидку мехр дар дилхо кишт

 

Хамдил шуда, дилхо пурчасорат карда,

Бар душмани шум футуху нусрат карда,

Аз хоки ватан пок разолат карда,

Ободфизо мулки адолат карда.

 

Хар дона чу нури дидааш пос бидошт

Хирвори баланди баракат сар афрошт

З-ахли чадалаш дашт чунон шуд зархез

Бар хочагияш исми Зарафшон бигзошт.

 

Аз панди бузургон сухан огоз куни

Дилчуй дари кохи сухан боз куни

Бо ганчи сухан ранчи замин пайваста

Васфи амали пурсамари роз куни

 

Наврузмухаммади  наку ,поксиришт

Дар сафхаи умр бас хати хайр бикишт

Бо кори халоли ганчу ободфизо

Лоик ба сипосу боби рахмат гашти.

 

Дар руи дили поки фидокор , Ватан

Бинхода дилоро ахтари нурфикан

Як умр бидода дарси кадри мехнат,

Бар корхалоли ибратафзо ахсан!.

Зан ва ичтимоъ

  Зан ва ичтимоъ

 

                  Фирдавси Аъзам

 

    Дар тули таърих муносибат бо зану мард ва умуман инсон дар кишвархои мухталифи олам дигаргун буд. Инчо мо мехохем ба баррасии мавкеъияти танхо зан дар тули таърих дар кисме аз  кишвархои гуногуни олам бипардозем ва бубинем ки зан  дар замони мози чи маком дошту алъон чи маком.Таърих оинаест, ки  буду набуди моро иникос менамояд ва вокеъиятро ба  мо нишон медихад.

     Нахустин мурабби ва муаллими фарзанд зан-модар аст.Зан-модар миллат ва чомеаро тарбия менамояд. Аз ин ру, бояд занон сохибмаърифат бошанд, дорои донишу малакаи кофи, чахонбинии васеъ бошанд, то битавонанд ки миллатро тарбия бидиханду ба камол бирасонанд ва накши у  дар тарбия, нигохубин ва камолоти маънавию чисмонии  хам фарзанд ва хам чомеа басо  бузург мебошад. Пас инчо мехохам то мухтасаран шумо хонандаи азизро ба як сафари кутохи таърихи сафарбар намоям ва бо хам бубинем ки ин чавхари  хасти чи арзишхоеро сохиб будааст.Аммо бояд зикр намуд, ки мо харгиз он хама ходисахои таърихиро наметавонем дар ин як маколаи кучак чой дихем .Ин танхо фишурдаи он ходисахост.Ва инро бояд зикр намуд, ки дар омода намудани ин макола ман ногузир такя ба баъзе манбахо  намудам.

    Аммо, албатта ин як баррасии мухтасарест ки манзури шумо хонандаи нозукбин мегардонем ва аз ин нигошта уммед дорем ки шумо як бардоште хохед гирифт.Пас биёед  сараввал бубинем, ки дар яке аз кишвархои серахолитарини олам ки бо номи Чин машхур аст, зан чи макому чи хукуке дошта буд ва имруз чи маком.

Занон дар Чин

    Чунончи дар Чини кадим масалан зан мавкеи ичтимоии пасте дошт.Занон дар назди шавхар хукуки хурдан надоштанд ва аз имтиёзот махрум буданд. Зиндагии ичтимоияшон хам душвор буд, хуб худ казоват намоед вакте, ки  зан дар назди шавхар ки шахси наздики у ба шумор меравад,  (аммо мутаасифона дар он давр зан шахси наздики шавхар ба шумор намерафтаст) ин тавр камарзиш бошад, пас дар назди омм ва дигар табааи чомеа чи гуна будааст!? Бо хамаи ин нигох накарда  инсон аз чумла занхо он хама азобу укубатхо ва «санчишхоро» паси сар карда насли хешро то ба имрузиён оварда расониданд ва хушбахтона  дар замонаи имрузи соли 1949 «Федератсияи хамаи занхои Чин» таъсис гардид, ки хукуку манфиатхои занонро химоя ва пуштибони мекард ва баробариро дар байни марду зан эълом намуд. Вакте ки ин харакат соли 1949 таъсис ёфт, неруи кории занхо дар чойхои кори танхо 7 фисад буд, аммо дар соли 1992 ин фисад ба 38 % расид ва сахми занони Чин ру ба рушду нуму ниход. Холо бошад занхои Чин дорои хукуку озодихоянд ва узви чомеаи чахони махсуб меёбанд.

                                                                        Занон дар Хинд

     Дар Хинд занон ба унвони хизматгор ва каниз шинохта мешуданд ва эшон мачбур буданд, ки шавхарро «арбоб» ва ё «чаноби оли»биноманду зинхор ному исми шавхарро ба забон наоранд.

    Баъзе олимон муътакиданд, ки дар Хинди кадим занхо бо мардон баробархукук будаанд. Аммо иддае хилофи ин дидгох баромад мекунанд.

    Тибки баъзе сарчашмахо занхо дар Хинди кадим дар давраи Ведахо аз хукуку озодихои хосае бархурдор будаанд, аммо баъдтар  он хукуку озодихои онхо бо баробари арзи хасти намудани Ислом ру ба завол ниход. Мавкеъияти занхои Хинд дар чомеаи давраи асримиёнаги хело бад буд. Сати (як навъ амали худкуши ва девонаги ки занхои хинду дар вакти аз даст додани шавхархояшон менамуданд.) ва манъи дубора хонадор шудани занхои бива як кисми хаёти ичтимоии хиндустон гардид. Ислом ба чомеаи Хиндустон Пурдах (амал ё худ эйтикоде ки занхо бояд тору пуди хешро бо либосе пушида намоянд ва андомашонро пинхон бидоранд) -ро «хадя»  намуд. Хуб ин амал  хукуку озодихои онхоро махдуд намуд ва онхо озодона  кобили муоширату муомилот набуданд. Ва ин як рамзи зери даст гирифтани занон дониста мешуд. Ин хамаи ходисаву вокеахое ки ба занони Хинд мушкилихо овард танхо замоне буд ки Хиндустон озоду мухтор набуд ва сохиби истиклол нашуда буд. Аммо ба хар хол ин амалхои замон дар сахифахои худ рочеъ ба сарнавишти занон гувохи медиханд. 

Хидустони имруза ё худ мустакил.

  Хуб холо бошад  баръакси замони мози занхо дар хама гуна сохоти чомеа;  маълумот, сиёсат, хунар, фарханг, илму маориф ва бахшхои мухталифи давлати  фаолона  ширкат мекунанд. Конситусияи Хиндустон дар моддаи 14 баробархукукии зану мардро кафолат медихад, поймол крдани арзишу хукуки онхоро дар моддаи 15 банди 1 махкум мекунад. Алъон макому мавкеъи зан дар Хинди имруза ба таври эътидол  аст. Ва аз ин чост, ки Хукумати Хиндустон соли 2001-ро «Соли Нерубахшии занон» эълом намуд, ки  ин аз гамхориву дастгирии хукумати имруза дарак медихад. Ва имруз як фоизи бузурги занон кору фаолият мекунанд ва сахми эшон дар пешбурди корхонахои саноатии кишвар бориз аст

Мавкеияти зан дар Арабистони пеш аз ислом.

     Мавкеияти занон дар ислом хамвора мавриди ихтилофи назар будааст.Занон дар оинхои динии Арабистони пеш аз ислом накше таинкунандае доштанд.Чандшавхари дар Арабистони пеш аз ислом комилан роич буд. Дар Куръон аз зинда ба гур кардани фарзандони духтар дар Арабистони кабл аз Ислом сухан рафта аст.

Занони Арабистон

Занони Арабистон

Аз аходис ва таворих низ бар меояд, ки ин амал дар чомеаи араби кабл аз ислом комилан роич будааст. Бо зухури ислом зинда ба гур кардани духтарон, ки аз одоби араб буд канор гузошта шуд.Дар паймони издивоч  ба чои ин ки падар духтар ба домодаш коин бипардозад,мукаррар шуд, ки шавхар ба хусураш махрия бипардозад.Занон хакки моликияти фарди ба даст оварданд ва хакки мерос ба онхо дар назар гифирифта шуд, дар холе ки пештар факат хешовандони музаккар хакки ирс бурдан доштанд.Ба ин сурат бо зухури ислом мавкеияти ичтимоии занон пешрафти бисёре кард.

                                                       Зан дар давраи Газнавиён

  Зан дар давраи Газнавиён хузури ичтимои ва сиёсии камранге дошт.Накши бонувон дар ин давра бо вучуди он ки онхо  худ турк буданд,камрангтар аз даврахои баъди будааст, ки  аз чумлаи иллали он адами  омодагирии мардуми Ирон ва таъсирпазирии салотини ин давра аз кавонини дини Ислом будааст.Дар давраи Газнавиён издивочхои мутакобили сиёси бисёр роич будааст.Бад ин гуна , ки фармонравоён барои осудахотир шудан хохар ё духтари якдигарро хосгори ва ба никохи худ медароварданд.Дар ин давра махрияхо хело зиёд буд ва аксари духтарон бо махрияхои бузург ба хонаи хамсари худ мерафтанд.Дар ин давра бонувон  ба таври комилан гайри мустаким накши худро дар бархе масоили сиёси  монанди масъалаи чонишини салотин ифо мекардан 

                                                              Занони яхуди

  Дар тули таърих дар асри талмуди мавкеъияти занони яхуди бисёр пасттар аз мардон ба хисоб мерафт.Занон дар мадориси дини пазируфта намешуданд.Рахбари ва макомхои мазхаби дар ихтисоси мардон буд ва занон хакки сафар надоштанд.Дуохо ва намозхо махсуси мардон буд, ва занон наметавонистанд ки узвияти хешро дар чомеа ташкил бикунанд.Занон дар маросими курбони хаки иштирок надоштанд.Эшон набояд дар хузури мардон сухан мегуфтанд. Агар зане садояш ба кадаре баланд буд, ки вакте дар хонааш сухан мегуфт, хамсоягон кодир ба садояш буданд,мард хаку хукук дошт бидуни пардохти махрия уро (зан) талок дихад.Бар асоси кавонини яхуд (ин калимаи ибри аст ва ба маънии хилвати зану марди бегона ки бо хам хешовандии наздик надоранд ва инчунин макони дарбастае аст, ки дар шариати яхуд ин мамнуъ аст.) хилвати занону мардон мамнуъ гардид.Аз суи дигар гувохи додани занон дар додгох ва казовати онхо мамнуъ буд. 

                                                          Занони яхудии имруз

   Аз огози дахаи 1980 ислохоте дар созмонхои динии яхуди ба нафъи занон ба вучуд омад.Занон хакки хондани Тавротро ёфтанд , харчанд хануз муносибати мазхаби дар ихтиёри мардон аст.Хамчунин кавонини сахте чун сангсор

( як навъ мучозоти марг аст, ки тарики партоби санг ба тарафи мучрим сурат мегирад) канор гузошта шуд.

                                                                Занони Эрон

 Вазъияти ичтимоии занон дар Ирон дар тули даврахои мухталифи таърихи ва албатта фарханфи мутафовит буд.Масалан хамлаи арабхо ба Ирон мучиби пазириши арзишхои араби-исломи дар байни иронохо гардид.Ва инчунин хамлаи мугулхо ба Ирон таъсири зиёде ба фарянгу чомеаи Ирон гузошт. Ин албатта ба вазъияти занон таъсиррасон буд. Дар тули таърих дар замонхои хукумати подшохон ихтиёри интихоби хамсар барои духтарон ба дасти падари духтар буд.Дар замони Хахоманишинон занон хакки ирсу моликият доштанд бо ин хол дар тахти Чамшед тасвири хеч зане вучуд надорад, ки  онро нишонаи мардсолори медонанд.Агарчи тасвире хеч зане дида намешуд, вале метавон дар миёни катибахо ва дар миёни тарчумахои он накши занонро ба хуби мушохида кард.дар даврони фочир тахсил барои занон басо махдуд буд ва босаводии занонро барои ислом ва чомеа хатарнок медонистанд.

    Дар ин давра дар хонаву хиёбонхо як навъ чудоии чинсияти вучуд дошт , ки то давраи пахлави низ идома ёфт, ва махсусан дар миёни табакоти поинтарини чомеа.

  Дар ин давра издивочи кудакон ва издивочи ичбории духтарон бисёр роич буд 

Занон дар Ирони имруза

Пас аз инкилоби исломи(1357-1979) дабиристонхои духтарон ва писарон аз хам чудо шуд.Имрузхо бонувони Ирон дар хама гуна чабхахо ширкат доранд ва  ба унвони намояндагони мачлиси Ирон баргузида шудаанд.Бисёре аз занони Ирон барандахои чоизахои мухими чахони дар заминахои фарханги, хунари ва синамо хастанд.Ва умуман метавон таъкид, намуд, ки занон сохибхукуканд.                    

                                                             Занон дар Ислом

 Аммо, биёед бубинем ки диди мубини Ислом бо ин чи гуна муносибат дорад. Бубинед, акидаи дини мубини  ислом хилофи хамаи корхои зишти дар боло зикршудаи даврахи таърихи гардид. Ва зану мард ба тоату ибодат,кору зиндаги баробар дониста шуданд.Махз бо хамин шарофатии дини мукаддаси ислом имруз занону мардон ва умуман метавон гуфт, ки кулли чомеаи башарри баробархукуканд ва то андозае озодтар аз замони мозиянд.Мо шукрона аз он мекунам, ки дар кишваре зиндаги мекунем, ки хукуки зану мард баробар аст ва Конуни асосии кишвари Точикистаон дар моддаи 5 ин гуфтахоро эътироф ва чонибдори мекунад. «Инсон,хукук ва озодихои он арзиши оли мебошанд.Хаёт, кадр, номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд.»

                                                              Занон дар Курон

  Танхо зане ки дар Куръон аз вай ном бурда шудааст, Марям духтари Умрон аст.Куръон бар хилофи Инчил хаводиси зиндагии Марямро аз ибтидои таваллуди у дунбол мекунад.Ва Закариё сарпарастии уро бар ухда гирифт.Дар Куръон омадааст, ки аз назди худо ба Марям рузии бехисоб мерасид.Хамчунин Марям дар Куръон бар тамоми занони чахон бартари ёфтааст. Рухулкудс дар Марям нозил шуда ва фарзанде ба номи Исо бар вай бахшид.Ва Марями бокира ба Исо хомила шуд.Куръон номи хамсари Одамро мушаххас накардааст, харчанд ки дар ривоёт номи Хаво омадааст. 

                                                            Занони Точикистон

Дар замонаи кунуни шукри сулху истиклолияти кишавр иштироки занхо дар хама чабхахои зиндаги эхсос карда мешавад.Дар чомеаи кунуни занони точик бо баробари шинохти макому манзалати хеш дар сохоти мухталифи давлат фаолият мебаранд.Бояд кайд намуд, ки он кишвар ё чомеа, ки арзишу макоми ин кишри чомеаро эхтирому пос медорад, хамон чомеа аз маданияту фарханги баланде бархурдор аст. Имрузхо занони кишвар хукуки ширкат дар хама сохторхои давлатиро сохибанд ва албатта кам нестанд, теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлати кору фаолият мебаранд.Ва бубинед сафи намояндагии занон дар макомоти кудратию давлатии Точикистон руз аз руз афзун гашта истодааст,ки ин шаходати ххуб будани макоми эшон мебошад.Новобаста аз ин занон дар чомеаи кунуни сохибхукуку сохибраъянд. Симои зани точик хануз дар аввалин китобхои мардуми куханбунёду фархангпарвар ва хештаншиносу боори мо хамчун фарди озоданажоду озодихох, зебову  зебоипараст, донишманду фархангдуст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва хунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

 Як силсила фармонхову карорхои  Точикистон, инчунин накшаву барномахои давлати дар хусуси баланд бардоштани маком ва накши зан, таъмини хукуку имкониятхои баробари мардону занон ва умуман  оид ба масъалахои  занон бароварда шудаанд.  Хуб тибки иттилои ба даст омада  аз руи нишондоди чалби занону духтарон ба корхои давлатию чамъияти Точикистон дар байни хамаи чамохири собик Иттиходи Шурави чои аввалро ишгол мекунад. Агар ин вокеъият пас хушо ба холи занони мо!

  Боиси сарбаландиву ифтихор аст, ки модарони точик барои тамаддуни чахони чунин нобигахои беназири илму адабро ба мисли Рудаки, Фирдавси, Ибни Сино,  Умари Хаём, Носири Хусрав, Садриддин Айни, Исмоили Сомони, Бобочон Гафуров ва хазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба Дунё овардааст.Махз модари точик чунин фидоиёнро тавлид намуда , то ки манфиатрасони чомеаву михан бошанд.  Агар бигуям ки имруз мо халки точикро хамчун миллат дар арсаи байналхалки  тавассути ин нобигагон  мешиносанду эътироф мекунанд, иштибох нахохад шуд. Мисол меорам як ходисаро.Замоне ки ман дар шахри Бостони иёлати Масачуссеттс будам, аз нафаре суол кардам, ки оё Точикистонро медонад ё на.У дар посух чунин гуфт: «Оре, ман Точикистонро хамчун кишваре медонам ки гуё Руми дар Вахши анна хамин кишвар мутавваллид гаштааст, вале манн мегуям, ки у »

    Яъне хамсухбати ман Точикистонро махз тавассути Руми мешиносад  ва ин Румист, ки Точикистонро муаррифи намуда. Пас месазад ки офарин хонем хамон модароне, ки чунин нобигагонро ба мо эхдо намудаанд

  Мо бояд шукр бикунем, ки дар таърихи миллати точик занони мо мисли занхои юнони кобили фуруш ва хадя ба ягон каси дигар набуданд.Яъне дар он даврахо дар Юнон падар метавонистаст, ки  духтарашро ба ягон каси дилхохаш хадя намояд.Ё худ дар Руми кадим зан монанди гулом хариду фуруш мешуд ва чинси зан дар баробари мардон хукуки моликият, муошират ва хакки хаёт надоштанд,падар ё ки шавхар кодир буд, ки зан ё духтари  худро бифурушад ё ба касе ба гарав бидихад.Аммо бубинед, чунин коре ва ё чунин амалхое ба сари зани точик наомада буд.Ин хама аз нангу ор ва номуси мо шаходат медихад.

  

 

 

 

 

 

   

Сурайё

rebel20s20splatter20kake

Гул-рамзи дустиву мухаббат аст!

Сурайё

 Садсола умр бини

Ба 75-солагии собикадори чангу мехнат Навруз Рачабов мебахшам. 

Хафтоду панч муборак,

Хафтоду панчи иззат.

Садсола умр бини,

Эй марди пири мехнат.

     Хафтоду панчи солор,

     Комат базебу шамшод.

     Дар чехра нури оллох

     Алфоз равону озод.

Чун шамс менамои,

Дар пеши бар ситора.

Махсули мехнати ту

Чуе зи санги хора.

     Навруз-ако Рачабов

     Хушнуд боши доим.

     Хушрузу гарки хикмат,

     Хакгую неку солим.

Хар рыз шоди бини

Бо холаи Рисолат.

Хамбол пир гардед,

Садсоли босаодат.

     Хохам хамеша мони,

     Машхури байни мардум

     Доим азиз боши

     Монанди нони гандум.

Абдумалик ЗУХУРИ

Туро ман аз дилу чон дуст дорам, эй Рачабзода.

Туро ман аз дилу чон дуст дорам, эй Рачабзода.

Абдумалик ЗУХУРИ

Такдим ба кахрамони кор ва пахлавони пайкор Навруз рачабзода

 

Туро хамчун Зарафшон дуст дорам, эй Рачабзода,

Туро хамчун Кухистон дуст дорам, эй Рачабзода.

Агар дар чабхаи корат нахустин кахрамон буди,

Ту андар рамзи душман низ гурду пахлавон буди.

Суханхои ту пурмаьни,хакиме нуктадон буди.

Туро чун марди майдон дуст дорам, эй Рачабзода.

 

Туро марди Шарифе чун хасанзода агар шогирд меангошт,

Аминбек дар самуми дашт нахустин донахо мекошт.

Сафархоят ба хар мавзеь хамеша сад Авазхо дошт

Туро бехтар зи ёрон дуст дорам, эй Рачабзода.

 

Газал аз Соибу Бедил, сухан аз Акбару Сино,

Ба хар уфтодае ассо, ба аьмо дидаи бино.

Сутуни дар диёри мо,зихи эй пири кори мо,

Туро хамчун бузургон дуст дорам, эй Рачабзода.

 

Яке дар ришваандузи, яке дар банди побуси,

Яке адар гуссаи мансаб,яке андар хами курси.

Факире хамчу муре меравад наздат ба дилпурси,

Туро хамчун Сулаймон дуст дорам, эй Рачабзода.

 

Ту хамкисмат ва хамсангар буди бо киблагохи ман,

Кунун у рафта аз олам, ба кайхон рафта охи ман.

Чу рахгумкардаам боз о мунаввар кун ту рохи ман,

Туро ман аз дилу чон дуст дорам, эй Рачабзода.

Аъзам ХУЧАСТА

280v782

Омаданам рафтан аст ,рафтани ман омадан

Аъзам ХУЧАСТА

«Омаданам рафтан аст ,рафтани ман омадан»,
Зиндагиам чист,чист?Дору гири мову ман.
Ин «ман»и ман «мо» нашуд ,аз худи танхо нашуд,
Чашми дилаш во нашуд,дар кафаси ин бадан.
Кушиши бахри бако – фалсафаи буданам,
Бардагие беш нест ин хама бардору зан.
Ман ба хазорон умед бар дари дуст омадам,
Вах,нашинохт у маро,гуфт бирав аз Ватан.
Рафт ба бод орзу,ишки дилам хок шуд,
Пйкари ман нест чуз як часаде дар кафан.
Ошикиро гур кун дар дили худ ,эй рафик,
Ошики ин чо мачу чуз ба калому сухан.
Токати дил ток шуд з-ин хама бегонаги,
Сидк бибояд ки чуст берун аз ин анчуман.

 

Илхом  аз  Хокони

 

Ишк  дар  руи  замин  чустем,нест

Хамдилеву хамнишин  чустем  ,  нест

Дур  мондем  аз  худу  бо  сад  умед

 Андар  ин  пахно  карин  чустем,нест

 Мо  ба  назди  ошно  бегонаем

Дар  кавире  ангубин  чустем,нест

Кахкашони  мо  парешонтар шуда

Дар  чахони  шак  якин  чустем,нест

Эй  басо  пешонихо бо  изи  мухр

Бахри  тоат  мухри  дин  чустем,нест

 

Бод  меояд

 

Бод  меояд
Бод  меояд  чи   сокит,
Бесадо  хомуши  хомуш.
Аз  кадамхояш  хазоне  меналарзад,
Аз  нафасхояш  насиме  менахандад,
Панчахояш халкаи  дарвозахоро  менакубад,
Доманаш  гарду  губори  кучахоро  менарубад

 

…Бод  меояд,
Бесадо  меояд  ин  бод
Гуиё  ки  менаояд

 

Эй  азизон  хикмати  ин  бод  дар  чист?

Бод  худро  гум  намудаст
Мехазад  андар  суроги  хештан
Оре,оре
Бод  хам  гум  мешавад
Аз  хеш  махрум  мешавад…

 

Сурогатро  зи мохи  осмон  гирам

Сурогатро зи мохи осмон гирам

ИНТИЗОР
Дари  чашмони  ман  боз  аст
Намеойи  чаро,  эй хоб  имшаб
                                                         хонаат  холи.
Сурогатро  зи мохи  осмон  гирам?
Ва ё  аз  Кахкашон  гирам?
….Ба  хар   су  мезанам  худро,
Ба хар ку  мезанам  худро.
Зи  боди  хамлаи  хайли  хаёлотам  амоне  нест
Ва  аз  хуршеди ахтарсуз-
                                                 танхо  мунчии ман  дар  чунин  холе
Нишоне  нест.
Биё,эй  хоб,маро  дарёб.
Биё,  эй  хобу  манро  бехуд  аз  ман  кун,
Bа  як  дам  дар  миёни  зиндагию   марг
Маро  нобуд  андар  колаби  тан  кун.

 

«Бо  хештанам  аммо  аз  хеш  гурезонам»,
Ман  гумшудаам дар  худ  пайдояму  пинхонам.
Рохе,ки  сипардам  ман  чохе  ба  карон  будаш,
Афтода  ба  чохам   ман,гумгаштаи  Каньонам.
Дар  мулки   каён  чустам худро  нашудам   пайдо,
Дар  чамьи  зи  худ  гофил  чун  бод  парешонам.
Ин  чо  хама  ахли  кол,аз  хол  хама  дуранд,
Афтода  ба  як  кунче  дилсарду  пушаймонам.
Саркуб  шуд  ишки  дил  бо  панчаи  дилкурон,
Ман  гушаи  матрукам,як  хитаи  вайронам.
Рустам,  ту  кучо  хоби,он  фарри  каёни  ку?
Дар  мулки  Самангон  бин  ман  бардаи  Туронам


Симфониёи  пойиз

Чи  сахт  аст,чи  сахт  аст,
Барои  шохахо  зи  баргхо  чудо  шудан
Ва  сахттар  аст  барои  баргхо
                                                     зи   чамьи   шохахо  чудо  шудан.
………..ба  зери  по  шудан.

Чи  сахт  аст, чи  сахт  аст,
Барои  чашмахо   зи  кух  сарнагун  шудан,
Фуру  шудан  ба  коми мавчхои  руд,
Ва  гум  шудан.

Чи  сахт  аст, чи  сахт  аст,
Барои  бод  ,   ки  мевазад , медавад,   меравад….
………ба  хеч кучо  намерасад.
Ва  сахттар  аст  барои  ман
Агар  туам  рахо  куни,
…..зи  олами  умедхо  чудо  куни.

 

Чи  сахт  аст,чи  сахт  аст,

 

 

МАХБУС

Ман  ба  фикри  рахойи  аз   зиндон
Дар  даромадгохи   як  хона  хавои  вурудро  дорам
Вале  дари  баста  ба  руям  чехра  бигшодаст
Ва  ман  махбусам  дар  зиндони  чахон
Хираам  бар  панчарахо,дами  дар  хайронам.
Лек  яке  дохили  он  хона  маро  мебинад
Ва  хам      медонад
Ки  манам  хондайи  у
…………………………..
Рох  бидех  манро  ба  озоди!

Хама  чо  сояи ангушти  ба  лаб
Рузи  рушан  мегурезад  аз  хуршед
Ва  дар  ин  сароби  губори  хокистари
Ки  туаш  «дуст  доштан»  хондайи
Манро  ки  хамеша  мехонди
Чи рохат  аз  канори  хеш  рондайи.

Холо  бигу
Ман   аз  ин  зиндон  ки  куфле  бузург  аз  нафс  ё   нафас   бар  дараш  аст
Чи  гуна  рахо  шавам?!

Аз  панчара
Ки пардааш  бозии  дасти  бод  аст
Ва  сукут  дар  харами  холиии  у  дар  фарёд  аст
Хайкали  туро  мебинам,ки  мох  дар  девор  хак  кардааст
……………………………..
Кучахо  пур  гаштаанд  аз  хилвати  бод
Ва  танини  пижвок:доду  бедод

Рахи  растан  аз  ин  зиндон  ку?
Ман  чи  гуна  асири  озоди  шавам?

 

 

 

Аъзам ХУЧАСТА

Азам Хучаста

Аъзам Хучаста

Аъзам ХУЧАСТА

ДУСТ

Барои  Чура  Юсуфи.

Дар   хами  руз

Вакте,ки  гуруб  таваллуд  мешуд

Ман  садои  туро  мешунидам

Аз  «Садои  Хуросон»

Чисми  хастаам

Дар  гирехи  ёдхо  асир буд

Ва  калбам хунрези   як  тир  буд.

Ва  ман  лаззат  мебурдам  аз  ин  асорат

Аз ин  чарохат.

Дуст, эй  дуст ,

Ки  зиндагиро  бо  хам  тачриба кардаем

Бо  хама  шодию гам

Но  хама  суьуду  сукут

Бо  хама  бешу  кам.

Дар чи  холи  ,  ки  садоят  гиряро  дар  гулуям  шикаст

Ва  охро  дар  кафаси  синаам баст?

Дуст, эй  дуст,

Ки дилбастаи  Ирони

Ва  ман  хам  ошики  ин  марзу  бум

Марзе,ки  дар  у  пайдоем  ва бо  у  мешавем  гум

Ва  ин  ишк,ки  бо  ишки  Илохи  гирех  хурдааст

Дар  вучуди  мо моро  менамоёнад

То  мо  худ  бошем

Ва  худии  худро  сохиб

Бо  пахнаи  Точикистон.

Дуст,  эй  дуст,

Чи  гаме  дар  дили  мо  хайма  зада?

Ки гаме  гамнок  аст  ин  гам

Ва   Замин  чун    дили  танги  муре

Натавонад  гами  моро  бальад,

Гами   мо  тифли  Замон  асту  гами  Афлок  аст.

Дуст, эй  дуст,

Ватани  мову  ту  дар  сояи  Дуст-Хазрати  Хак

Дар  панох  асту  амон  аст,

Вале  ман  гамгинам,

Ту   бигу    ин  гами  чист?

Ё  гами  кист?

……………………………….

Ман  дар   ин  танги  гуруб,

Ки  хаминак  теги  шаб  мекушадаш

Хандаи  рузи  сапеде  дидам!

АФСУС……

Ишк  мурду  шавк  мурду  дард  мурд
Дар  миёни  ин  хама  берангихо,
Бахси НАТО,Пентагон,Лодан  ва Буш
Карда  моро  ахрами  ин  чангихо


Мо ба  ичбору   гахе  бо  майли  худ
Дар  блогу  сайтхо  гум  мешавем,
Дар  суроги  тозахо  аз  чангхо
Аз  худии  худ  махрум  мешавем.

Зиндагии  мо шуда  компутари
Мо  асири  халкаи  оморхо,
В-андар  ин  халка ,ки  гуйи мадфан  аст
Аз  миён  гум  гашта  кадри  корхо.

Мо  зи  худ  бегонаем дар  ин  миён
Ташнаву  суи саробе  меравем,
Дар  шигифтам,бо  хама  ширку  риё
Хаббазо,суи  савобе  меравем.

Пурмунофик  гашта  ин  дунёи  дун
Борилохо,мунчиро  арзони  дор,
Ноумеди  аз  сарону  хокимон
Мекашад  охиста  моро  пои  дор.

Дор…шояд хувият,к-у мурдааст
Дар  кавири  хирсу  нафсу бардаги,
Мо хама  олимнамои  чохилем
Худфуруш  андар  хами  афсурдаги.

..Баьд  аз  ин  афсуси  мо,эй хамватан!
Мову  омори  набарди  Бушхо,
Ин  хама  навхочагон  чун  гурбаанд
Мо хама  чун  туьмахо,чун  мушхо.

Ба  ки гуям   хама  ин  харфи  дилам….

Харфхо  дар  дили  ман  мемиранд
Харфхое ки  дар  ин  тангии  танг
Хамчу  зиндони  асиранд
Хама  мемиранд.

Ба  ки  гуям  хама  ин  харфи  дилам?
Ба  ки  гуям,ки яке  одамаки хурчиндор
Ки  ду  гуш  чун  антен
Хама чо  харфу  хичо  мечинад
Чу галивож  ба хар чо  махбуб
Хешро  марди  расо  мебинад.
Лек
Менабинад,ки  яке  номард  аст
Дилсиёх асту  ба  руи  зард  аст.

Ба ки  гуям,ки  яке  хочинамо
Рафта бар каьбасаро
Дили  пур ширку  шарар  баргаштаст,
Тавба,тавба,ки  чу  хар  баргаштаст.

Ба  ки  гуям,ки  гахи  сугу  азо
Санги  бухтону маломат  хурдам
Зи  яке  далкаки  гайёбу  яке  хочаи  у
Чи  басе  дог,ки  бар  дил  бурдам.

Ба  ки  гуям,ки  дар  ин  чамьи  ачиб
Шуда  тасбех  чу  як  зиннати  даст,
Тоату  зикр  хама  зохири  кор
Шахру  бозор  пур  аз  фосику  маст.

Ба  ки  гуям  хама  ин  харфи  дилам?
Ба  ки  гуям,ки  хама  панбабагушанд
Ва  хама  гуйи  фахиму  окил
Ва  ба  андешаи  худ  бохушанд.
…Лек….аз  харфи  хакикат  ори
Даруни  деги  риё  мечушанд.

Ба ки  гуям,ки  дилам метаркад
В-андар ин  колбади  гуристон
Оби  дарёи  дилам  мехушкад.

Ба ки  гуям  хама  ин  харфи  дилам?
Ба  ки  гуям,ки  надорам  модар
Сабзаи  пуштаи хоки  падарам  хушкидаст!

Чурабек Муродов техронихоро точик кард.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

Шоми панчшанбе, 11 декабр ҳафтаи дустии Точикистону Эрон дар ду Фарҳангсарои Милал ва Хонавода идома дошт. Дар Фарҳангсарои Милал бо ҳузури шоирони точик –Гулназар, Ҳақназар Ғоиб ва Нурмуҳаммад Ниёзй шаби шеър таҳти унвони “Қанди порсй” барпо гардид, ки ба гуфтаи аҳли нишаст ва меҳмонон дар амри муаррифии шеъри муосири точик муҳим буд ва аҳолии Теҳрон ба бисёре аз суолҳои худ дар мавзуи вазъи адабиёти муосири точик посух пайдо намуданд ва мизи гирду гуфтугуи рубаруе, ки дар ин маҳфил доир шуд, аҳамияти фаровон дошт. Мушоира ва мусобиқаи филбадоҳагуии шоирони точик низ писанди хотири бародарони эронй гардид. Тавре ширкаткунандагони маҳфил ба мо иброз доштанд, онҳо ашъори гуяндагони точикро бидуни мушкил мутаваччеҳ мешуданд ва танҳо бархе вожагони маҳдуд буданд, ки онҳо низ бо каме диққат мафҳум мешуданд. Шеърхонии шоирони точикро бо кафкубию даст заданҳои зиёд истиқбол мекарданд. Пешниҳод шуд чунин маҳофили гарму самимй ҳар аз гоҳе дар Теҳрону Душанбе, Машҳаду Хучанд, Исфаҳону Кулоб, Табрезу Хоруғ… доир шаванд ва ҳамроҳ бо шуаро хонандагони ҳарду кишвар ширкат намоянд ва ба ашъори шоирони муосир хонандагон оҳангу мусиқй созанд, масалан чй хуб мебуд яке аз хонандагони эронй ба ашъори як шоири точик оҳанг бисозад ва шаби шеъри ин ду ҳунарманд дар ҳарду кишвар барпо шавад. Ҳамин таврр ин барнома бо аҳли сухану ҳунари Афғонистон низ баргузор гардад. Дар Фарҳангсарои Хонавода низ шуру ҳангомае то посе аз шаб ба дару деворҳои толори ин Фарҳангсаро ғулғула афканд ва теҳрониён исрор мекарданд, идома ёбад ва аз ҳузури ҳунармандони точик файз бубаранд. Ин маҳфили самимию дустона бо ширкати ҳунармандони бономи точик –устод Чурабек Мурод, Қурбоналй Раҳмонов, Шуҳрат Ҳусейнзода ва гуруҳи навозандагони чавони точик бо истиқболи самимии ҳозирин мувочеҳ шуд. Ибтидо оғои Мевачиён, мудири равобити умумии Фарҳангсарои Милал меҳмононро хушомад гуфт ва риштаи суханро ба устод Чурабек Мурод дод. Номбурда ибтидо ҳозиронро даъват намуд, ки омода шаванд ва онҳоро ба Чопону Ҳиндустону Покистону Афғонистону Ироқу Точикистон ва дубора ба Эрон хоҳад овард. Ва зимни як тамрини муқаддамотй сурудҳои ин кишварҳоро бо забони маҳаллии онҳо замзама намуд, ки як мисраъро Чурабек мехонду мисраи дигарро аҳли толор. Дар ин репертуари адабй бисёре аз суруду мусиқии маҳаллии ин мамолик дар ҳамхонии ҳофизи мардумии Иттиҳоди шуравии собиқ ва ҳозирон, ашъоре суфиёна, дубайтиҳои мардумии водии Зарафшон ва ғайра бо лаҳча ва гуишу оҳанги маҳаллии мардумони мухталиф садо доданд, ки тамоми толор ба по хеста буд ва ҳамзамон суруд мехонданд ва пас аз поёни расмии барнома бо исрор Ҳочй Чурабекро дубора ба саҳна хонданд ва дархости замзамаи сурудҳои навро намуданд. Хонандаи машҳур даъвати онҳоро пазируфт ва руи саҳна омад ва гоҳ бо овозрабо ва гоҳ бидуни истифода аз он ва гоҳ бо мусиқй ва гоҳе ҳам бидуни мусиқй абёти пандомезу шуху масруркунандаро қироат намуд ва орзу кард ҳамаи ҳозиронро дар Точикистон –хонаи ҳар эрониву форсизабон бубинад. Хабарнигори шумо бо муаллифи 1000 суруд, 400 оҳанг, ки бо 24 забон садо додаанд, мусоҳибаи ихтисосй анчом дода, ки дар оянда тақдиматон хоҳад шуд.

Дар ин маҳфил, ки Рамазон Мирзоев, Сафири фавқулодда ва Мухтори Точикистон дар Теҳрон, доктор Мирзо Муллоаҳмад, раиси Анчумани дустии Точикистону Эрон, Алиашрафи Мучтаҳиди Шабистарй, Сафири собиқи Чумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва раиси Анчумани дустии Эрону Точикистон, Абдуғаффор Абдучаббор мудири бахши робитаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Точикистон ва дигар мақомоти фарҳангй ҳузур доштанд, таъкид шуд, ки чунин барномаҳо дар қолабҳои мухталиф ва пайваста дар шаҳру устонҳои гуногуни ҳарду кишвар ба муддати зиёд барпо шаванд ва доираи васеи мардумро чалб намоянд. Ва қарор шуд дар рузҳои наздик бо ҳузури ашхоси мазкур нишасте дар амри барномарезии ҳафтаи дустии Эрон дар Точикистон, ки қарор аст дар баҳори оянда дар Точикистон баргузор гардад, доир шавад ва чиҳати пуёиву сермаҳсулй ва босамар будани он пешниҳодоти муфиду корсоз андешида шавад. Аз чумла,оғои Шабистарй пешниҳод намуд аввалан исми ин ҳафтаро бояд тағйир дод, зеро,- афзуд мавсуф, – чй гуна мешавад ду бародарро дуст унвон кунй, ҳамин маҳфил собит намуд, ки мо як чизем ва тафовутҳои хеле кучаку чузъй миёни мо вучуд дорад, ҳафтаи дустй масалан миёни Точикистону Олмон бошад, ё миёни Эрону Итолиё, вале миёни ду кишвари бародар беҳтар аст ҳафтаи фарҳангй ё ҳунарй унвон намоем ва ба пойтахтҳои ду кишвар маҳдуд нашавем, балки бигзор машҳадиёну исфаҳониёну шерозиёну хучандиёну кулобиҳову бадахшониҳо низ шоҳиди ин ҳафтаҳо бошанд ва ба назарам дар эҳёи ҳофизаи ду миллат ҳеч чиз мисли ин фаъолиятҳо таъсиргузор нахоҳад буд.

Оғои Рамазон Мирзоев, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Точикистон дар Эрон низ аз фарти шодию сурур ба ҳунармандон ибрози сипос менамуд ва қавл дод дар густаришу тавсеаи чунин маҳофил ба чон хоҳад кушид ва ин тачрибаи аввалро, ки хеле боаҳамият ва чаззоб буд, тақвият, таҳким ва иртифо хохад дод.

Бештари ҳаводорони эронй, ки низ бо чашми худ ин лаҳзаҳои фаромушнопазирро шоҳид буда, онҳоро наворбардорй ё cабт менамуданд, тасмим гирифтанд ҳатман меҳмони ин азизони дустдоштанй хоҳанд шуд ва афсус мехурданд, ки то кунун аз якдигар дур буданд ва сипоси қисмат мегуфтанд, ки онҳоро пас аз чандин чудоиҳо ба ҳам овард ва мисраи Устод Лоиқро, ки Чурабек Мурод гаштаву баргашта хонд ва онҳо ҳифзаш намуданд, такрор мекарданд: Чудо аз асли худ мирад, касе моро чудо кардаст.

 

Алвидоъ , падар

Саргарми омузишу тадкикот

Саргарми омузишу тадкикот



Алвидоъ , падар

Итоати падар итоат ба Худо бошад ва сарпечи аз
падар сарпечи аз худо бошад.
Аз «Нахч-ул-балога»


Рачабмахмади мерган пас аз фавти хамсараш-Нодирамох то дер ба худ наомад. У дуюмин шарики умр ба хок супурд. Турфа ба одамхо дар гайбаш суханхои маломатомез мегуфтанд: марди сархур,занмурда. Ин хамаро у дарк менамуд. Вале маргу зист кори парвардигор аст. Рачабмахмад харду хамсарро дуст медошт,эхтироми заношуи ончуноне мебояд, ба чо меовард. Касе аз хамдехон ёддошт намедихад, ки Рачабмахмад боре ба занаш тахкир,зулму ситам раво дида бошад. Баракс аз хонадории у хасад доштанд.
Аммо марди захмину «тирхурда» ба хотири он, ки фарзандо гушнаву урён намонанд, ба по хест.Хо, хамин орият уро ба каъри маърака кашид.
Харду хамсоя бо дами гарме хонадони мотамзадаро сурог мекарданд. Дар кухистон конунхои сахт руи кор буд.Фардеро ачал гиребон гирад, ба хурмати сохибони маит тамоми ахли дех азодори мекарданд,худро шарики он мусибатзада мехисобиданд.
То як сол, ки сохиби мурда гулшукуфт наораду пирохани мотам аз тан дур насозад, касе наметавоист табли шоди бизанад.Хатто баланд намехандиданд,то бехурматие нисбати мотамдор набошад.
Ёд дори, Рачабмахмад? Хо, ёд дорам.Пас аз чанд мохи азодори ба назди фалони рафтаму гуфтамаш:
-Ако, медонам, ки пештар аз амри бандаги ба чо овардани хамсари ман шумо нияти туй доштед.Аз Уротеппа биринч оварда будед, ки наберахоятонро хатна мекунед,дасташонро халол мекунед?
-Хо , дар кадами додар мурам,рост гуфтед.Аммо худо нахост.
-Илохи барака ёвед.Хурмати маро ба чо овардед.Шодиву гам хама аз чониби худост.Бояд шукргузори хар амри худо бошем.Хар гам гами мо ва шоди хам аз чониби худованд барои мост.Акнун хезеду кори хайрро ифтитох намоед.
-Не, додар, халки худо механдандам,зани шумо кудак набуд-ку!?
-Ако, хей кас санги маломат намезанад.Шаш мох гузашт аз марги он худорахмати.Худам пешмедароям.
Бале,Рачабмахмад муйсафедро бо азобе ба туй рози кунонди.Агар оксакколон-пешкорон-пешвоён дахолат намекарданд,муйсафед юй гуфта: не,дега болои оташдон намемунам,якрави дошт.
Хо, банда кафгир ба даст гирифта, ба хонаи он мард рафтам.Ахли дехро худам ба хонааш хондам.Колабшикани кардам-гу? Оре, аммо марди сохибтуй маросимро хеле одиву хоксорона бе «хайу хуй» гузаронд.На касе суруд хонда на шаб гулхан афрухт,бузкаши ташкил накард.баъд бархе баддаханхо таъна задандаш:хунараша бинед,на буз монду на марра.
Аммо пирамарди рузгордидаву дурандш ва бохирад ин харфхои кучагиро , ки аз дахони лаккиён берун меомад, беарзиш хонд.Саг меаккад, корвон мегузарад-хукми он пир буд.
Наврузмухаммад бо раъйи падар дар маъракахо ширкат меварзид.Сад шукр менамуду ифтихор дошт, ки киблагохаш гули маърака.Охир дар маъракаи ахли диёр агар у набошад, амале сурат намегирифт.Рачаммухаммад оши туйи се кишлок Эсизио поён, Эсизи боло ва Муждифро ухда менамояд.
-Палава пазаду Рачаби Навруз пазад. Воллои мурда хурад зинда мешавад, ситоиш менамуданд хамзамонон.
Дар илми шикор хамто надошт.
Ахён меиданд, ки у дар шикор дасти холи баргардад.
Охирхои тирамоху аввалхои зимистон.Замин зери кабати тунуки куртаи барф хобида.Шаб буд.Рачабмахмад ба писар ру овард.
-Додо, бо ман ба кух меравед?
-Аз барои чи?
-Барои хезум.
Аслан , «хезум»-яъне инбахона буд.Агар касе сурог кунад:Додом тагом барои хезум рафтанд, бояд бигуянд бачахо.Чаро ки шикор манъ буд.
-Майлаш
Харду омодаги диданд.Кузболро пур аз гулингу чормагзу магзу намаку нон карданд.
Посе аз шаб гузашта, падару писар баргаштанд.Дар замини осмон ситорахо сарсабзу нурафшон.Мох муниртар.
Шамоли аз самти дарё вазида хеле сард.Атроф ба назар сокит.Оромиро ахён аккоси сагон, ки аз дурихо шунида мешуд ва таронаи якмароми Зарафшон халалдор месохту бас. Барфи яхбаста зери пои равандагон гарч-гарч мешикасту паст мехамид. Он ду аз пиёдапули Хотамун гузашта, кад-кади пайрохаи борики багали чапи рох мепаймуданд.Дех дар акиб монд,аммо кишлоки Ревит наздик меомад.
Шикорчиёнро пайраха ба кади тагоб-байни ду кух бурд.Онхо субхйидам дар кутанчо карор гирифтанд.Оташ гиронданд даруни хона,чою нон хурданд.
Омин гуфтанду аз худо кушоиш хостанд ва аз чой бархостанд.Муйсафед аз оташдон як мушт хокистар бардошту ба гушаи руймоли миёнаш баст.
Аз ин амал Наврузмухаммад ба хайрат афтод, вале аз падар напурсид, ки:-додо, хокистар чи хикмате дорад?
Харду аз ваззапия ба багали кух часпиданд. Дар рушании руз руи шахи сиёх даме таваггуф намуданд.Бод буи бурс ба димогашон мезад.Муйсафед ба атроф , аниктараш ба тарафи кибла чашм давонд.У борхо аз он махаллаи сералаф, ки охувон ба руи барфистон хуроки пайдо менамуданд, сайд ба даст оварда буд.Шикорчи дар тахмини худ хатто накард. Сели охувон ончо «маъраке» ороста, ба завк «алафдарави» доштанд.
_ Додо, хезед! Зуд ба поён меравем ва илова намуд,-агар боз каме инчо монем,шамол буи мову борутро ба машоми оху мебарад,худо нишон надихад.Он гох рама рам мехурда, мегурезад.
Харду шабехи бодпое ба багали кухи мукобил часпиданд.»Мухосирашудагон»-ро ба гафлат мононда ба чое расиданд, ки бод буи оху ба он ду мезад.
Хуршед савори самамди хеш боло мерафт.
-Шумо аз хамин чо начунбида шинед.То хой нагум ё ишора накунам,амале накунед.
-Хуб додо.
-Шикорчи ба фосилаи тиррас ба галлаи охувон, ки алафзори чо-чо гумбарраруста карор дошт,наздик омад.Яке хануз алаф мехурду дигаре майли хоб дошт.
-Шаш такка,нух чаппуш-модабуз,-шумурд мард.Он яке охуи солдидаи бузурчисму шохро ба нишон гирифт,ки харисона аз барги алафи пухтаву хушкида, ки аз сербори сархам буд, хурдан дошт.
Борхо ин хол мушохида кардааст, мард.Сайд марги худ-лахзаи вопасини зиндагияшро эхсос менамудааст.Ин бор хам он оху лхзае аз хурдан боз истод.Сар боло бардошту ба сайёд нигарист.Бале,кушандаашро дид.Аммо дигар хукуки зистан надошт.Наметавонист фирор кунад,худро зери багали бурс ё санги азими дар пахлуяш вокеъ панох созад.Пойхояш ин тавон надоштанд.бечора оху хатто имкон пайдо накард то ба хар акрабояш,хамнишинонаш бигуяд:
-Падруд, хамнафас, ман мемирам,маро зиндаги охир омад,алвидоъ чаманаистон.Эй бурси нозанин, човидон бош.Пиряхи азим маъзур дор маро. Аё Санги Кабир, ки опгушам гирифтиву аз гармову аз сармо начотам дода буди.
-Инак,- афзуд дар дил мардона оху-эй сайёд,эй махлуки худо, чаро истодаи, бахри чи таъхир мекуни,оташро ба синаам фишон.!
Шукрона мегуям.Маро кисмат ин будааст.Лек инсоф ба чо ор.Модарохувони дар холи зоишро монанди бархе номардхову аз инсоф дурхо сар назан.Фаромуш масоз , ки модарро аз тифли ширхора чудо сохтан ба хотири нафси шум чи кадар гарон будааст.Бар сари нафси хеш мард бош.
Мерган ин хамаро аз он як нигохи вопасини оху дарк бинамуд.Оташ кушод.тир синаи оху бишикофт.Сайд як такон хурду ба замин уфтод.Аз он садои маргбор галла аз хонаи хеш ичборан фирори гашт. Ин хама Наврузмухаммад мушохида дошт. Падар суи охуи тирхурда шитобид, ки бо тег сар аз танаш чудо созад, то бештар чон наканад.
Писар гамгин гашт.У дид, ки опхувон рамида манзили худро тар сохаанду нопадид аз чашм гаштаанд. Мерган ба он чое, ки писараш шинак дошт, нигаристу:
-Додо, акнун хезеду бед, мову шумо шер, кадамтун мубораку бобарору ризкатон фаровон будааст.
Наврузмухаммад аз боло суи падар давид.Аммо падар писарро нохушу ношод дид:
_ Ха, бачам, касал нестед-ку?
-Не, нагзам.
Аммо ба хотири он, ки падар наранчад, ёрои гуфгтани руйрост накард:
-Додо, оё дил доред?Охуро куштед.Ин хусни кухсор-ро сар задед.Дигар сокинони ин сарзаминро , он чарандагони нозанинро, ки дар васфашон адибон хазорон мисраъхо эъчод кардаанд, аз Ватан беватан сохтед.Шояд дуи хамин хайвонхо буд, ки ман аз модар чудо гаштам?
Онлахза падар дар чашмамш чаллоди берахм ба чилва омад.
Марди солори рузгордидаву румузфахм аз маъюсии фарзанд маъни бардошт.
-Додо,пешмаргатон шавам,фахмидам, дилатон барои оху сухт.Фаромуш накунед, ки ин неъматро худованд барои инсон офаридааст.Агар амри худо намебуд, тир ба чисми ин охубарра намерасид.Дина худатон як сухани хуб гуфтед:

Бе амри он султони бахт
Барге нафтад аз дарахт

Пас бояд шукр кунем, ки бо ин сайд, бо ин гушти халоли дорувор,лукмаи поке хамдиёронро муроот мекунем.-афзуд писарро ба огуш кашида.-Аз вачхи он раммаи дар холи гурез малул набошед.Он гала имруз то пагох боз ба хаминмахал бар мегардад.Ин хонаи онон аст.Ман инхолро борхо мушохида кардаам. Агар ба харфи ман бовар накунед, рузи дигар оед,бо чашми худ чаридани охувонро хохед дид.
Бо инхама харфи падар дар чехраи Наврузмухаммад яъсу навмеди чои хеш ба падидае аз хушхоли табдил сохт.Акнун у хам худро дар шикори бобарор , ба дом афкандани сайде бузург сахмгир мехонд.
Аммо дар дил хукм намуд,харгиз чонзодаро аз зиндаги, аз зистан махрум нахохад кард:
Маёзор муре, ки донакш аст,
Ки чон дорау чони шинин хуш аст.

Соли сиюшаш дар масири таърих гом ниход.Наврузмухаммадро, ки мактаби дехро хатм намуда буд, андешаи такмили дониш ба сар омад.Бо ризоияти падар ба маркази нохия-Мадрушкат, ки он чо мактаб-интернат амал мекард,омад.
Аз накли хамсаф, бародархонди шодравон Наврузмухаммад Рачабзода собикадори мехнат Аваз Сафаров.
-Августи соли 1936 ба касди тахсил ману хамсолу хамсинфам-Туйхон Давруков (равонаш шод бодозими Мадрушкат будем.Дар назди таълмгох бо чавони навхати кокинае, ки куртаи алочаи то пошнаи по дошт ва хайрону музтар меистод,дучор омаде.Гуфтамаш:
-Кучои хасти ва падарат кист?
-Аз Эсизи Поёнам, писари Рачабмахмади мерган.
-Хамсоя будем.Мо аз Худгифи Офтоб-афзудем ва худро ба и шиноссондему максади дар инчо буданамонро баён кардем.
Бо Навруз шинос шудем ва аз он лахза дар калби хам нихоле аз боги дусти, бародари шинонда сабз намудем, ки танхо марг тавонист моро чудо созад.
Аммо дидем, ки мактаб аброи мо бегона будааст.ба он танхо ятимон- аз падару модар махрумшудагон шомил месдхудаанд.Чора надоштем.дуруге маслихатомез эчод намудем.ба сарвари мактаб-интернат гуфтем, ки:
– Оре, мо бекасем, хануз тифл будем, ки волидонамон ин чахонро падруд гуфта буданд ва мо ятим мондем.Ва ба хотири он, ки сарварро рахму шавкат ояд, аз дидагон ашк рехтем.Гиря корагор уфтод.Раиси таълимгох гуфт: аввал имтихон бояд супоред.-Омодаем,- гуфтем баробар.

Аз руи матни кутохе диктант навиштем.Муаллим як марду уротеппаги навиштахоямонро аз назар гузарониду:
-Хар се кабул шудед.Аммо хатти Рачабов хонову зеботар, офарин!
Бо хидояти мудири таълим ба назди мудири анбор- Махсуми Чалолиддин омадем, то аз у либоси мактаби гирем.
Вале он мард ба сурати мо нигариста гашаш омад.Киёфааш тунду газабнок сурат гирифт.
– Бо ин киррахои дасту гардану по чи гуна либосхои тозаву озода мепушед?
Ба дастамон собун доду фармуд:
-Равед лаби чу худро шустушу карда бед.
Мо дар «хамоми гарми» чуи пуроб, кик баданро мегазид, шустушу намудем.
Пасон шиму куртаву костюм, ботинка ба тан кардем.Хамдигарро кариб нашиносем.Охир мо ин гуна либосхои зеборо дар умрамон бори аввал медидем.
Тахсил шуруъ гашт. Аз рузхои аввал Наврузмухаммад бо саъю кушиши зиёд ба дарс меомад.Хар харфу сухани устодонро дар марзи дил чун накше дар санг хак мекард.У бо хидояти муаллимон ба мутолиа бисёр машгул мегашт.
Нимсолаи нахустин тахсилро ба бахои хубу аъло ба поён бурд.
Ба понздах кадам гузошт.Соли сиюхафти нахс ба хукми вакт вуруд бинмуд.
Он айём ба муаллимоне, ки неруи дар калбхо афрухтани машъали «дониш» дооранд,чомеа ниёзманди эхсос менамуд.Наврузмухамади хушманду закитабъ бо дастури шуъбаи маорифи нохия ба омузишгохи педагогии шахри уротеппа равон гардид.
Рачабмахмад то ба Донишгох фарзандро хамрохи намуд.Хини бозгашт ба Мастчох назди истгохи «Гули сурх» ба писар ру овард:
– Додо, нури дидаи падар, нагз хонед, ба халки худо шоиста хизмат бигузоред.Он чунон зихед, ки хамвора лукма аз нони халолу беолоиш ба дахон дошта бошед.Бар нафси хеш амир бошед.Чун бо ин сифатхои накуву ороставу пероста гаред, махбуби хамагон карор мегиред.Соли оянда , тутпаз,худо хохад омада, шумоо ба хона мебарам.Ва писарро ба огуш кашиду аз ду рухсорааш буса заду худохофизи намуд.
Пирамард борхаллта ба пушт «кохилона» чониби Масчо кадам ниход,кадам заду пеш рафт. Наврузмухаммад аз паси киблагох нарафт.У мисли хайклае бечон гуё дар холи бехаракат карор дошту чашм аз падар намеканд.
Ногох муйсафед боз истода ба тарафи мукобил ру гардонд.Падару писар ба хам чашм духтанд.

Дидор дар киёмат!

Дидор дар киёмат!


-Додо, панотун ба худо, рохато сафед!-дасташро боло бардошта садо дод Наврузмухаммад.
-Хайр, писарам,ту дар ин чахон маро харгиз нахохи дид.Падруд., дидор ба киёмат, гуфт муйсафед.
-Чаро ин харф ба з абон овард, худ надонист.Хичолат кашид аз гуфтаи хеш.Вал;е донист, ки дури нагузошт,то сухан ба гуши писараш расад.
Лахзае сокит чу кух ба фарзанд дида духт, баъд якбора ба зодгох рох пеш гирифту дигар ба Уротеппа барнагашт.
Ва аммо Наврузмухаммадро харгиз андешае ба сар наомад, ки мабодо ин дидор бо падар барояш вопасин ва он суханхои пеш аз худохофизи васият будааст.
Бо гайрат ба тахсили илм пардохт.Аз олами илм бархурдор гашт.Он хама фармудаи устодон дар дафтари зехн нек бинвишту забт сохт.Бахор омад.Пас он субхи тобистон чилвагар шуд.Мухассил аз санчиши устодони сахтгир бахои аъло дарёфт.зангула садо ва поёнёбии тахсил дод.
Наврузмухамад хар руз чандин бор ба бозору чойхона меомад, то бозгашти киблагохро шодбош гуяду бо у ба зодгох равад.Хо, у Эсизро хешу таборо, сангу хорашро пазмон шуда буд.Чаро пазмон мешавад?Бори нахуст чавон аз маконе, ки хуни нофаш рехта , кариб як сол дур афтод.Тули тахсил чавонро м,ушкилоти зиёде гиребонгир буд: гахе гурусна хам монд, пуле дар чайб пайдо накард, то ивази перохан кунад,ба хаммом равад.Аммо сад шукр, ки дигарон-одамони хайрхох, хамсабако дасти мададу эхсон суяш дароз карданд.
Хушбахтона ин хама пушти сар шуда, лахзаву рузхои шодиву сурурбор низ кам набуд.Мухим:чавон аз бахри донишу фазл бахра гирифт.Худро дар холи чисмию равони пешрафтаву камолёфта мепиндошт.
Ту гуи чашмонаш дар интизори падар «дариданд»Хар бор ба чое, ки падарро гусел карда буд, омада харфи киблагох ёдаш меомад:-Додо, тутпаз худо хохад омада шуморо ба хона мебарам.-Омада шуморо ба хона мебарам:такрор менамуд гуфтаи падарро.
Ба таъбири пирони кухистони афсонагу буд.Чавонро андшаву гумонхои неку ботил ба сар омад: шояд касе туй дораду падарам ош мепазанд, не, дар ин вакти серкори хеч кас туй надорад,ё додом касал шуданд ва амсоли ин.
Пас аз чанд рузи интизорихо бобои Аминхон ном марди хамкишлокияшро дучор омад.Уро падарвор ба огуш кашид.Холу ахвол пурсид.-Ба хурм,ати худо таго, аз дидани шумо дар чашмхоям нур дамид-гуфт бо оханги шоди , вале гирябор.
-Шукри худо ахли диёр хама соку саломат.
-Падарам , ваъдаи омадан карда буданд,-суханро поён набурда гирист чавон.
Оре, бахори соли 1937 буд.Рачабмахмади пахлавонсурат, хамон мергани бехамто, хамон марди дехкон,хамон шахси пешкор,хамон марди хамвора либоси футуватбатанро рузе ачал доман гирифт. Ва хамдехон ба як чахон фигони нола дар мазористони ачдоди барояш манзили охират эчод бинмуданд.
Бобои Аминхон наметавонист бо харфи нохуш бачаи чавони бе ин хам маъюсу «огахшуда» аз марги падарро гамгин созад.факат афзуд:
-Додотун, хохарзода дар тагоб хирманкуби доштанд.
Агар майли бозгашт дошта бошед, биёед бо хам ба кишлок биравем.
Ба хона омад чавон киблагохро дар халкаи хамдиёрон пайдо накард. Хамон буд посухе , ки аз Аминхон дар Уротеппа шунид.
Аммо субхи дигар бародару хохар ба огушахш бигрифтаву аз фавти падар огохаш сохтанд.
Тан ба такдири илохи дод.Тахорат сохту ру чониби мазори волидайн ниход.
– Ассалому алейкум ахли кубур-гуфт.Дар сари кабри падару модар дузону биншаст.Хомуш,вале хун бигрист.Ба руймолча губори болои санги гур пок карду ба мижгон молид.Ояте ба рухи хуфтагон хадя сохту гуфт:
-Волидайни муътабар,Ончунон хохам зист, ки хохон будед. Падруд, азизон,то рузи чазо. Худованд манзилгохтон нурафшон ва рухатон шод бидорад.


60-солаги муборак устоди азиз ва каламкаши мумтоз

Имруз дар ин фасли дайи бахорсурат инсони бузургу халим, фурутану нексират,муаллифи як катор китобхову маколоти илми Шохмирзои Хучамухаммад зодруз дорад. Мавсуф 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя , нохияи Мастчох дар оилаи дехкон чашм ба ин олами хасти во намуда.Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон

60-солаги муборак!

60-солаги муборак!

Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад.Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- «Машъал», «Агитатори Точикистон», кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби «Сурмаи дил» (хамрох бо писараш Шохмансур) ва «Касидаи чавонмарди» (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда «Ахтари зулматсуз» асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад. Муаллиф бо сухани буррову суханни нишонрас симои кахрамонро тавре нигориш дода, ки ягон нофахмие дар нисбати у боки намемонад.Ба нависанда паи офаридани осори нав ба нав илхоми пурчуш мехохем ва таманно мекунем, ки ин «Ахтар» тамоми зулматхоро бисузад.

Ҳасани Қариби

Ҳасани Қариби аз шоирони чавону тозагуй ва номовари Эрон аст,ки ҳарфаш нав, бадеъ ва самимона аст. Мо аз китоби у- “Ба нокучои ин чодаҳо” чанд ғазали уро тақдими хонандагони азиз мегардонем, умед аст хотирашон шод гардад ва табъашон болида.

Нилуфаре бар об
Вақте сафар оғози як такрори беҳудаст
Дунё бидуни чодаҳо дунёи осудаст.
Мо хаймаро такфир мекардему мехондем:
-Нафрин ба ҳар пое,ки роҳеро напаймудаст.
Рафтему сарҳо ногаҳон хурданд бар девор
Тақдир боре инчуни будаст то будаст.
Мо роҳиёни дузахи фардои човидем
Инро Худо гуфтасту Шайтон низ фармудаст
.Ночор чун нилуфаре бар об мемонем
Бо руҳи саргардону бо чисме,ки фарсудаст.
*********8 ****** 8****** 8*****
Шаб
Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Мавлави

Шаб буд агар шаб буд,дилтангтарин шаб буд

Шаб буд агар шаб буд,дилтангтарин шаб буд,
Фардои фуру рафтан,фардои ҳамин шаб буд.
Торик агар пилке,беҳуда ба ҳам мехурд,
Гуфтанд бубин –дидем-маънои бубин,шаб буд!
Гуфтанд намебинед,нур аст,ки меборад,
Дидем ҳаво шаб буд,дидем замин шаб буд.
Рафтанд…намедонем,монданд…намедонем
Он суй агар шак аст,ин суй яқин шаб буд.
Ди шайх чароғеро дар шаҳр ба руз афрухт,
Мо қиссаи он рузем,рузе,ки чунин шаб буд.
*** *** *** *** *** *** *** ***
Аҳриман
Расид аз курароҳи осмон бебок –Аҳриман,
Ба дунё хайма зад чун васлаи нопок Аҳриман.
Халоъ дар зеҳнҳо печид,пиндори кашонидаст,
Ғубори шаб ба руи Машриқи идроки Аҳриман.
Савори асб лам додаст бо лабханди заҳрогин
Аҳуроро чу сайде баста бар фитрок Аҳриман.
Шабона найзаро дуздид аз пиндори оҳангар
Ва садҳо буса зад бар шонаи Заҳҳок Аҳриман.
Тамоми роҳҳ о боз аст,аммо хуб медонам
Ки руи чоҳро пушонда бо хошок Аҳриман.
Худоро инчунин дар заҳмати дузах намеандохт
Агар мекард он шаб сачдае бар хок Аҳриман.

Aъзам ХУЧАСТА

Azam Khujasta-a famous modern tajik peot.

Azam Khujasta-a famous great modern tajik poet.

52whdnm1

Шеър шоир мешавад

Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо сеҳри сухан
Байтҳои ноб иншо мекунй.
Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо начвои гул
Розҳои сина ифшо мекунй.
Шеър шоир мешавад
Вақте ки ту
Медиҳй бар вожаҳо умри абад
Ҳарфҳоро солики дунёи мантиқ мекунй
Менавозй пайкари эҳсосҳо
Ишқро бар ошиқон шайдову ошиқ мекунй.

Шеър шоир мешавад
Вақте ки ту
Шона бар зулфи парешон мезанй
Сурма бар абруву чашмон мезанй
Шеър мегардй саропо дар назар
Оташ андар олами чон мезанй.

Шеър шоир мешавад

Гули Марям
Ай хонуми даймоҳй, моро ту баҳор астй,
Ай лутфи шаҳаншоҳй, шахдиву хумор астй.
Ту туркиву ман точик, ту хушгилу ман ошиқ,
Туркона кушй моро, баҳ-баҳ чи нигор астй.
Мо дар раҳи ту фардем, н-аз руи ҳавасбозй,
Донам,ки немедонй, донй, ки на ёр астй.
Мо сайди туем бингар, завлона ба по дорем,
Дар доми туем, аз чи дар қасди шикор астй.
Гоҳе гузарй аз мо нодидаву бепарво,
Пайваста шитобони, ту тундсавор астй.
Ҳар дидани ту моро бар хеш намоёнад
Оййина мо ҳасти, бе гарду ғубор астй.
Теҳрону Душанберо пайванд диҳем бо ҳам
Ту ҳалқаи васли мо,на ҳалқаи дор астй.

Кош

Барфи нахустин омаду рафт
Аммо
Кай расад барфи охир
Ту медонй?

Ҳануз пушти тирезаи баста
Ки ях бар захомати шишаҳо афзудааст
Китоби сарди рузҳоро мехонй.
Пушти тиреза
Дарахтон ҳамчунон бо дастони урён
Ба роҳи чучаҳо дар сояи сукут хуфтаанд
Ва интизор дар соқаҳояшон чавона задааст.
Ин зимистон таманнои гармй
Дар шохаҳои дарахтон ях зад
Ва насими руйидан туфон шуд

Ин зимистон табассум дар лабони духтарон сармо хурд
Ва эҳсос дар коби чашмҳо тагарг шуд
Ва шушаҳои яхй дар чангалҳо барг шуд

Кош ин барфи охирин бошад
То сабри гандида
Дар пайванди нур ва гармй об шавад
Ва дар шохаҳои хушкида
Гушвора хандаи офтоб шавад.

Чй шуд?

Эй бандии банди гамон, овои озодй чй шуд?
Вайронамаскан гаштайи, руъёи ободй чй шуд?
Аз хештан бибридайи, савти дигар бигзидайи,
Мотамнаво мебинамат, он шуру он шодй чй шуд?
Фарри каён пар-пар шуда, фарҳангҳо абтар шуда,
Он шуълаҳо ахгар шуда, ойини ачдодй чй шуд?
Ту аз «ман»-и худ дуртар, бо хештан ночуртар,
Садпораву ранчуртар, ангезаи родй чй шуд?
Чамшедро чоме дигар, Ковусро номе дигар,
Ин субҳро шоме дигар, он асли бунлодй чй шуд?

Илхом аз Шанбам, шоираи иронй


Ба баҳори нав расидем

Гули ман, баҳор мекун, ба баҳори нав расидем
Зи ғамон фирор мекун, ба баҳори нав расидем
Гули сабзаро биёвар, зи чаман ба мулки сина
Ҳаваси хумор мекун, ба баҳори нав расидем
Сари зулф бод медеҳ, гули лаб ба ханда во кун
Дили мо шикор мекун, ба баҳори нав расидем
Ба сипоси ин саъодат, ба тавофи куйи У рав
Назаре нисор мекун, ба баҳори нав расидем

Ман хастаам

Ман хастаам, ман хастаам дар гиру дори солҳо
Афтодаам, гум гаштаам андар хами гудолҳо
Ин ранги зардам кас надид, ҳарфи дилам кас нашнавид
Манро зи ман бигсастаанд, ин курҳо ин лолҳо
Аспи сапедам мерабуд гоҳу гаҳе бар Каҳкашон
Ҳайфо, варо бибридаанд, ҳам ёлҳо, ҳам болҳо
Ришу ҳичоби зоҳирй ойинаи тақво шуда,
Чуз ҳарзаҳое беш нест, ин қилҳо, ин қолҳо
Фарри Каён пар-пар шуда дар хитаи номоварон
Мадҳе намегуяд касе аз Рустаму аз Золҳо
Лайлй зи Мачнун хаста шуд, Вомиқ зи Узро дур гашт
Ҳусну малоҳат рафтааст, аз ин хату ин холҳо…

Мусохиба

Макоми зан, оила, накши тахсил ва хусни зиндаги.Ё шаммае аз холати ин масоили руз дар чамоати Мастчохи нохияи Мастчох.

  • Оиди ин масоил мо тасмим гирифтем бо каламкаши шахири точик устод Шохмирзои Хучамухаммад хамсухбат шавем. Мавсуф 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя, нохияи Мастчох дар оилаи
    дехкон чашм ба ин олами хасти во намуда.
    Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон
    Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад. Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад. Муаллиф бо сухани буррову суханни нишонрас симои кахрамонро тавре нигориш дода, ки ягон нофахмие дар нисбати у боки намемонад.

Устоди кироми, сараввал Шуморо ба муносибати иди бахор-иди эхёву сарсабзихо шодбош мегуям. Сониян мехостам аз лисони шаккарбори шумо нуктае чанд оиди Зан-Модар-ин маншаи вучуд. бишнавам.6lsmfkz

_ Макому мартабаи модар дар каломи осмони-Куръони Мачид ва аходиси набави ситоиш шудааст.Расули Акрам (сс) фармуд: «Бихишт зери кудуми модарон аст». Ва чун ба адабиёти чахон ру оваред, садхо модарномахо перомуни бузургии зан-модар-ин маншаи вучуд суруда шудаанд.
Муаллими ахлок Саъдии Шерози дурри маъни суфт:

Канору бари модари дилпазир,
Бихишт асту пистон дар у чуи шир.
Дарахтест болои чонпарвараш
Валад меваи нозанин дар бараш
На рагхои пистон даруни дил аст
Пас ар бингари шир хуни дил аст
.
Модарномаро боз то ба даххо сафха метавон ба дарозо кашид. Зеро агар Фарходсифат кухкани бинмуда аз руди Зарафшон бо кулахо то ба куллаи кухи осмонбуси кишвар-Исмоили Сомони об барориву фаввора бисози ба якшаба ранче ки модар сари гахвораи тифл менамояд, баробар намешавад. Фалсафаи модар ин аст, ки хизмати фарзанд дар нисбати у адонашаванда будааст. Бубинед , Парвардигор ба шарофати нури Мухаммади хаждаххазор олам офарид.

Ва он Хазратро низ Модар сабаби вучуд шуд. Аз ин ру метавон хулоса баровард, ки Модар аз махлукоти муътабари яздонист, ки дуояш назди офаридагор макбулу пазирост. Аз нигохи банда мухобот нахохад шуд, агар бигуям, ки хеч сухансарое чун Лоик дар офариниши сифату бузургихои модар бо мухаббат ва ин кадар самимонаву дилчаспу макбулу асарбор достон нагуфтааст.
Устод аз сузиши мехр мегуяд:

Сад чону дил фидои як мудаъои модар
Фатху кушоиш орад дасти дуои модар.

Ин дам саволе ба миён меояд: оё мо хама фарзандони модар уро -модарро он худованди заминиямонро чунон мебояд эхтиром менамоем?

Дар ин маврид посух на хамеша мусбист. Аммо шукрона мегуям, ки фарзандонеро, ки хурмати волидайнро-падару модарро аз сидк ба чо оварданду меоранд, хар чо бираванд, оби равон пешашон меояд , хока гиранд зар мегардад.
Сад дарег, сад афсус, ки бархе фарзандони модар- ин сиришти пок рисолати худро фаромуш намуда, амали шайтони зохир менамоянд. Шохидам нохалафписаре модарро чунин гуфт: «Ту кай мемурда боши, худо хам аз ту безор аст, некон мемиранд, ту боши барои гандагихо чу хук хохи мурд»
Гуиё «чурми» модар ин буд: пири доманаш гирифта, солиёни зиёд дардманду бистари. Ва бо он чисми ранчуру нотавон хамвора зикри худо бар лаб дошт, бо ишораи дасту по намоз мегузорид. Хуш, модар чи ёфту он фарзанди лаъинтабъу бадкеш чи кашид?! Як субхи рузи чумъаи тобистон модари суфиманиш бо нидои хак лабайк гуфт. Ахли дех гувоханд, ки фарзанди девсирати кампири рахмати сохиби хонаву рузгор бошад хам, саргардону бенуру рондаи маъракахои мардум буда, назди зану фарзанд саг кадр дораду у не. Оре, сазои окшуда ин аст.

Хуб, устод, оё гуфтан метавонед, ки имруз зан дар чомеаи кунуни чи макомеро дорост?

6lsmfkz1 Имруз дар чомеаи кишвар сахми занон дар хама чабхахои зиндаги эхсос мешавад. Сарвари давлат бахри баланд бардоштани макоми зан мудом бо чашми мехри падари менигарад.Бо квотаи президенти садхо духтарон-хатмкардахои дабистонхои дехот дар донишгоххо тахсил доранд.Метафвон чандин занонро ном бурд, ки дар чодаи илм мушикофи доранду хусули эчоду таълифи эшон мушкилоти хамватанонро осон менамояд.
Аммо ин нукта ки гуфтем шодиовару ифтихорангез.
Ва чун хама парвардаи обу гили Точикистони азизем, боясти хамкисмати » хар шоду гамаш» бошем. Яъне дра чомеаи мо мутаассифона ночурихо ва нобасомонихое рубаруст, ки дилро хичил месозад.Шунидани ин бурхон нанги бенангист, ки бархе аз занону духтарони точик ба амалхои паст даст мезананд, аз кабили беномуси-танфуруши. Аз як расонаи хабарии хоричи шунидам, ки гуфт: Дар кишвархои дуру наздик садхо занонони точик (бадбахтона бархе бо хидояти волидайн) барои ба Дубай ба нияти маоши рузгор пайдо намудан, ба «хунари» танфуруши фотихаи «бахти сафед» гирифтаанд. Ин беномусиро чанд тан аз духтарони ахли сукунати маркази вилоят содир намудаанд. Хушбахтона масъулони кудратии кишвар ингунахоро ба зодгох баргардонида, паси панчара кашиданд.
Бубинед, таърих гувох аст, ки гузаштагони мо аз чумлаи занон кахрамонони Шохномаи Фирдавсию «Ривояти Сугди»-и Сотим Улугзода алайхи адуи тачовузкор бахри хифзи марзу бум, ки рустамона размидаанд. Аммо чи бешарафист, ки барои «чолон» намудани «нафси саркаш» аз ачдоди Зебонисову Робияхо ва Махастиву Манижахо ин гуна размхо, ки ба шаъни Ватану миллат газанд меоранд, руй дихад.Чунин будаст, ки сухансарое фармуда: «Чу мо фарзанди куххои баландем, ба мо пасти намезебад «Хохарам»!
Беш аз дах сол кабл нахустсафафри чумхурии Исломии Ирон, дусти кабири мо-точикон, киёи Алиасгари Мучтахиди Шабистари аз сафари Тошкант бармегаштааст.Тирамох.Вакти пахтачини будааст.Ин марди хассосу мехрубон хини ба каламрави Мастчох расидан, аз ронанда хохиш менамояд, ки сабукравро дар канори рох нигах дорад. У вориди пахтазор гашта, назди чинакчиён карор мегирад. Бо сагирау кабир бародарвор вохуриву сухбат менамояд.
Пирамаред эшонро нахсиносад, хам аз руи русуми точики ба бошишгох, ба мехмони мехонад.
_ Бисёр мехохам бо масчхохиёни бо нангу ор сари сурфае биншинаму харфу хичои дилбоз бишнавам. Аммо халли масоили мухим, талошхо дар рохи сулхи бародарони точик дар сар дорем нишасту сухбатхо вакти дигар.

_ Лутфан бигуед, – мепурсад аз муйсафед,-пахтачинхо кихоянд?

_ Дар кадамотун мурам мехмон,-хаминхо бо ишораи даст
пахтачиндухтарону писаракони пешдоман ба миён бастаро нишон медихад.

_ Инхо хама мактабхон бояд бошанд.

_ Рост, гуфтед, додар. Аммо падархову бародарони инхо хама ба Руссия ба мардикори рафтаанд.

Мехмон каме сукуту андеша варзида баъд ба мизбон ру меорад:
_Шумо ахли китоб хастед?

- Шукри худо Куръон, Чоркитоб мудом руи даст дорам.

- Хеле хуб. Пачтачини хам равост, чаро ки он ба иктисодиёти кишвар зарур. Вале фаромуш насозед, ки мову шумо ворисони Абубабдуллохи Рудакиву Хофизу Камолу Саъдиву Фирдавси хастем.
ва
Дониш андар дил чароги равшан аст.
В-аз хама баъд бар тани ту чавшан аст.

бояд шиори хар точик бошад.
хайр, худо хофиз.

Шукри худо, ки баъди беш аз хазор сол давлати Точикон бо хиёнати абаркудратхову душманони миллати мо бо табартаксимкунихо, бо аз даст рафтани Бухорои маркази ислому дин ва Самарканди сайкали руи замин дигар бора бо амри растохези, мехрубонии худо арзи хасти кард.
То хануз замони гузариш пеши ру дорем. Холи таълиму тадрис дар макотиби умумиву оли табъро болида намесозад. Чи касем, ки хонахои дабдабанок месозему дар хона китобхона надорем.Хеле бад аст, ки бо чурми зумраи кухнапарастони сари мансаббуда (манзур маориф) сифати таълиму тарбия дар мактабхо бех намегарад.Писаракону духтаракони гулру кори вазнини пахтакори бар душ доранд. Метарсам, ки дар дахсолахои наздик маъракаи чабхавии «махви бесаводи» зарур нагарад. Бубнинед, имруза дар мактаби замоне овозадори № 10 (н.Мастчох) ба иллати набудани устод фанхои физикаву риёзи, забонхои руссиву англиси омузонда намешаванд
Хуш масоили халталаб бисёр. Ба таъбири шоир «ин дарда ки ба гуям!?» ба хар хол мо оптимистем ва умед ба сабохи босафову байти булбули Шероз:

Сабр кун Хофиз ба сахти рузу шаб,
Окибат рузе биёби комро
мудом дар лаб дорем.

Хуб, устоди азиз, холо лутфан оиди чи гунагии зан лукмае мегуфтед??

6lsmfkz2

Банда на онам, ки оиди ин мавзуъ рисолаи доктори таълиф намуда бошам. Аммо ба хайси як узви чомеа тули умри кутох миёни мардум, руи сахнаи театр,намоиши оинаи нилгун,сахфаи кутуб то андозае аз Олами Зан чакомахо бардоштаам. Дар нисбати зан боло бахои Паёмбари гиромиро зикр намудем. Замоне дар редаксияи адаби – драммавии радиои Точикистон фаолият доштам. Рузе аз як марди кухистони ба дастам нома расид.Унвонам мазамматномаи зан.Чанд байт меорам аз он «дарднома» и аз зан дидаи он мард.

Хар чо, ки бунафша буд бар хок афтод,
Кулли марди нек бар зани нопок афтод,

Аммо ин нуктаро ба чомеаи занон нисбат додан хукми адл нахохад буд. Зан бояд пеш аз хама сохиби ахлоки пок бошаду аз Худо битарсад. Мардум маколе дорад: «Пеш аз аруси чашмонатро боз кун, баъд махкам пуш» Ин чи маъи дорад? Зохиру ботини маъни хитоб ба духтари болиге гушзаду хушдоре аст, ки дар арафаи издивоч карор дорад.У бояд шавхаре интихоб намояд, ки бо хамаи сифатхояш марди ороста бошад. Агар худованд фардеро хамболинаш созад, ки сохиби аклу хусни расо, хунар, дорои, нангу номус, хирад, бомухаббат бошад пас дарёбад, ки хам дар ин дунё ва хам дар укбо бихиштро сохиб аст.

Боз мегуянд:

Точ бар сар мекунад зан мекунад,
Хок бар сар мекунад, зан мекунад.

Ахли маъни дурри маъни суфтаанд. Ба хонадоне, ки зани отифа по гузорад, баракати физо мефизояд. Шукрона дар махаллаи мо ин гуна оилахои намунави хеле зиёд хастанд. Аввалан, рузгорашон обод, хама тансихат, бодониш ва зебо, нафърасони миллату механ.

Ба пиндори Шумо зани нек чи сифате дорад?

6lsmfkz3

Яке аз занони Хазрати Мухаммад рисолатпанох (сс) пеш аз он, ки шавхарро ба масчид гуселонад, эшонро шустушу мекард, бо перохани тоза, баданашонро бо гулом муаттар месохту муи сару ришашонро шона мезад. Илова бар ин сифати дигари хуби зан он аст, ки бояд бар шуй хамвора хандон бувад.
Дар адабиёти чахон зикр шудааст: зани нек бояд хофизи амволи рузгор бошад ва агар ба сарфу харч ба ифрот рох дихад, пас у ахли дузах хохад буд. Ин таъкиди Каломи Рабонист.

Оё Шумо худ боре бо хамсар тунди кардаед??

6lsmfkz4

Чаро не (хандоханд). Шукри худо тули беш аз чил соли оиладори сохиби дах фарзанду наздик ба си набера шудем. Аммо бузургон фармудаанд:

Зану шавхар чанг кунанд,
Аблахон бовар кунанд.

Ё, ба чанги зану шавхар остонаи хона хандидааст.

Фарзанд чи гуна волидайн намуна….?

6lsmfkz5

Фахмидам. Худро аз чумлаи донишмандони маъруф намепиндорам. Шукри худо мегуям, ки фарзандонам хама ахли Куръон, дар замирашон дарахти гояи хештаншиноси, худогохи сарсабз аст. На онем, ки бо захмати калам барояшон кох бунёд созем. Аммо тули солхо даххо китоб гирд овардаам, ки хамаруза фарзанду наберагон ва пайвандонам аз ин кохи бегазанд дар масири зиндаги панд мегиранд.

Лутфан чанд нукоте оиди мартабаи арус арза доред.

6lsmfkz6

Басо духар, ки сохибточ гардад
Ба гирдаш сад писр мухточ гардад.

Хак чониби сухансарост. Духтар дар хонадони волидон мисле мехмон аст. Чун бахори хабдах ба хонаи умраш дар кубад, хостгорхо меоянд. Хушбахтии духтар орзуи хар падару модар аст. Хушбахтона , бисёр падару модарон то ахди аруси духтарро бо асосхои илми оиладори хуб мусаллах менамоянд. У донишхои шавхардориро, пухту паз, духатн, муносибот бо ахли хонаи хамболинро фаро мегирад. Дорои ин сафатхо хушбахт ва дарахти орзухо боровар. Аммо бархе баръакс духтари тихимагз,чисман носолимро бо таъбире «ба бозор» мебаранду фарчом сарди , агар чудо нашаванд, зиндаги талх. Табиист, падару модаре, ки аз хавои шахри Китоб, хоса каломи яздони бархурдор бошад, бо муаллимони ахлок-Саъдиву Чомихо, Газолихову Аттор, аходиси набави, «хамсухбати»-ро пеша карор дорад, иншооллох шафоат хохад дид.

Он гуна , ки хамагон вокифем, кам нестанд теъдоди хавзахои илме ки дар Мастчох фаол хастанд.Лутфан сухане чанд рочеъи ин хавзахо мегуфтед!

6lsmfkz7

Чаннатмакони киблагохи, хадис мегуфтанд, ки дар дехи кучаки мо Худгифи Соя, ки дар огуши куху руди Зарафшон вокеъ буд, русуме дилбоз руи амал будааст. Дар мехмонхонаи мо ва бобои Муллорачаб шабхангом мохо чанд дафъа бо гирди хам омадани уламову удабо ва фузалои дех махфили шохномахони, мавлавихони барпо мегардидааст. Аксар вакт дар ин чамъомадхо олимони ирфоние чун Эшони Муфти ва Муллоумар ширкат мечустаанд.Феълан ин суннати ниёгон гуиё вучуд надорад.Шукрона тухми киштаи он гузаштагони хирадманд дра холи бороварист.Бо вазиши насими маънавизои хамон суннати гузаштагон ат, ки имруз чанд тан аз фарзандони ин кухан диёр аз кабили Мирзолатиф (эшон наздик ба сад сол умр кардаанд), Хочи Муллониёз, Хочи Мухаммадназир,Хочи Мирзоолим,Нурмухаммад хофизони хуби Куръону хадис, фикху ирфон буда,дар таълиму тарбияи наврасон сахми бузург доранд.хамчунин дар бахри илму адаб гаввосиву сохибгавхарии парвардагони ин марзу бум монанди Мирзо Шукурзода, Чура Юсуфи, Аъзам Хучаста, Сайфуллои Муллочон, Олим Салимзода, Нормухаммад Саидзода, Шохмансури Шохмирзо, Фирдавси Аъзам , Абдукодири Абдукахор ва чанде дигаронро метавон аз шамъи фурузони хамон махфилхо ва неъмати «Чашмаи шоир» донист.
Ин дам дар ИХД Сомониён ки ахли сукунаташ аз чор дех Ревомутку Рогиф ва Худгифи Сояву Худгифи Офтоб таркиб ёфтааст, ахли фазл хеле фузун аст.
Дар боби тарбияи наврасон, хоса, духатарон бештар эътибор дода мешавад. Бо эхтимоми Хочи Зиннатпочо хавзаи илмие амал мекунад, ки даххо занону духтаронро ба таълим фаро гирифтааст. Хадафи Хочибону як чиз аст: Занону духтарон Куръону Чахоркитобро фаро бигиранд, хирадманд, худшиносу худогох, мехнатдусту покахлок ба камол расида аз бадихо дар хазар бошанд. Бо сахми Зиннатпочову хамтоёнаш расму оинхо-маъракахои шоду гам ба танзим омадаанд. Самари хуб ин аст, ки аз навхонадорон оилаи мустахкам созмон додаанд. Шукрона гуиё ба иллати «мувофик наомадани ситорахо» вайроншавии оилахо ба мушохида намерасад.

Оиди накши китоб, фикр мекунам Шумо сари ин мавзуъ то андозае гуфта гузаштед. Аммо агар нуктае оиди арзиши ин ганчина ва фаолияти китобхонахо арз медоштед, мамнун мегаштам.

6lsmfkz9

Хеч ганче бехтар аз фарханг нест,
То тавони руй бар ин ганч нех

Оре дар хама давру замон китоб дусту хидоятгари инсон будааст. Китоб назди Худованд басо мукаррам аст. Офаридагор ба воситаи чабраил ба хазрати Одам си китоб фиристод. Хамчунин ба чанд расули худ ва китоби охирину мукаддас он мукаддасот хотамуланбиё Расули акрам (сс) Куръони Мачидро
Дахсолаи охир дари китобхонахои дех баста. Агар китоб нахонем, як сифати инсониро аз даст дода, ба хайвоне наздиктар мешавем. Сухансарое фармуда: касе харруз акалан панчох сахифа китоб нахонад, харгиз хирадмандаш нахонед. Пас хар кас ба худ суол кунад, оё имруз сахфае хондааст. Мо миллати фархангпарварем. Аммо аз нихгохи сохибназарон вактхои охир дра олам аз чумлаи онхое чой гирифтаем, ки сатхи фархангиямон коста.
Чумхури дар нисбати муносибат бо хоричиён сиёсати дархои кушодаро пеш гирифтааст.дар дехот ба чои як колхозу як раис беш аз си хочагиву си раис амал мекунад. Сарвар бояд донишманду хирадманд бошад. Сарварон вакти вохуриву сухбат бо хоричиён чехраи миллату ватананд.Хастанд, онхое, ки ба сифати рохбари арзанда , афсус, ки бархе чаваконе гандумнамои мекунанд.Табиист инчунин афроди бедониш бенанги моянд, ки аз ин «дермантинхо» худ мебояд, ки канора гирем.


Таманнои шумо ба хамаи Занон-модарон ки дар арафаи иди худашон карор доранд.

6lsmfkz8

Аз даргохи Яздони Манон талабу дархост дорам, ки ба хамаи модарони дунё саодату сарбаланди, заковату хирадманди, отифаву садокатманди ато намояд ва бигзор дар хонадони хар модари точик нуру зиёву рушани фурузон бод ва кулуби эшон саршор аз мухаббату ишку илтифот бошад.

Барои сухббати самимиятон як чахон ташаккур!
Сухбаторо Фирдавси Аъзам

goldred

Рузи байналхалкии занон!

Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар Ғарб

Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар Ғарб

Рӯзи байналхалқии занон — идест бахшида ба занон, ки дар баъзе кишварҳо рӯзи 8 март ҷашн гирифта мешавад.

Таърих
Рӯзи байналхалқии занон дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар буд
Амрико ва ё иттифоқҳои касабаи зано
8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозии рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.

Аврупо ва Клара Сеткин
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфуронси дуввуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи «муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад, ки он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Санаи ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19 март таъин шуд. Ва бори аввал рӯзи Байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12 май баргузор гардид. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12 март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейсария, Ҳоланд – 9 март, дар Фаронса ва Русия – 2 март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рӯзи Байналхалқии занонро дар ҳама ҷой 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ-якшанбе буд. Ва баъд аз ин дар ҳамин рӯз қарор гирифт.
Ҷашнгирӣ дар ИҶШС
Дар Русия рӯзи Байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста – оҳиста рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оиди сиёсаташ нисбати занон ҳисобот медод.
Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар Ғарб
Бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 1960-ум Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон ҷашн мегиранд.

Рӯзи байналхалқии Занон ва СММ

Аз соли 1975 СММ, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8 мартро чун рӯзи байналхалқии Занон эълон дошт.
Рӯзи ғайрикорӣ

Баъд аз бархам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8 март чун иди Бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун рӯзи байналхалқии Занон ; дар Ҷумҳурии Беларус ва Ӯзбакистон чун рӯзи Модар; дар Арманистон 7 апрел чун рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Анъанаҳо
Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд

Баргирифта аз сайти интнрнети.

Ташрифи бахор

Хуш омади Навруз

Хуш омади Навруз

Ба огуше пур аз атри бахорон
Ба чашмони мунири нозанинон
Биё ай махзари рузи мухаббат
Биё ай иди гул ай иди дехкон
Биё навруз ай огози тавлид
Гуле аз боги вахдат соз эхдо
Биафрузон чароги сулху вахдат
Даруни манзили торики дилхо
Биё чун хадяе бахшо табассум
Бурун овар гам аз дилхои мардум
Бизан теша дарахти кинаву кибр
Зи нав эхё намо гулхои гандум
Биё ай мурги субхи навбахорон
Биё ай чашни чумла одамиён
Чадиде кун зи нав дунёи кухна
Биё ай шури ишку чуши имон
Ки то ин сабзгулшан човидона
Бувад кошонаи сулху амони
Хумои бахт бикшояд пару бол
Ба авчи осмони зиндагони

Навруз омада


Дило дасте бизан омад бахорон
Ба атри сунбулу савти хазорон
Табиатро бубин пирохани хеш
Ба тан бинхода мисли наварусон
Ба гуши дил хаме форад шунидан
Садои чак-чаки кабки хушилхон
Куху дашту даман як лахза гуи
Шуда махмури чоми дасти борон
Суруди ишкро бишнав зи булбул
Ки бо лахне хамехонад зи бустон
Зи ишки чун гули навсаркашида
Бувад масрур калби дустдорон
Маро тавлиди гул илхом бахшад
Равон гуям суруди обшорон
Бахорон мавсими ишку мухаббат
Барои ошикони ишкдонон
Чахон имруз дорад чилваи хуш
Зи богу бустони Точикистон
Бахорон миллати Точик муборак!
Шуморо инчунинн ай шеърхонон

Панди устод


Эхтимол дар зиндагии бисёр инсонхо ашхосе буданду хастанд, ки дар рузгорашон накши азиме боки ниходаанд.Агар аз ман чунин шахсро суол кунанд,бемухобот хохам гуфт: ин шахс Навруз Рачабов хастанд.Ишон бо тачрибаю корбарии худ дар хаёти мани мухандис бисёр таьсир гузоштаанд.Хамон панду рахнамоихояшон буд, ки имруз камина сарвари садорати хочагии «Зарафшон»-ро ба душ дорам.Хар бор дари кории хучраи кориро боз менамоям, гумонам Рачабовро мебинам ки дар миз нишастаанд.Ва пеши чашми дилам мехрубони, дилсузи, некнафаси,ботамкини,чахонбинии васеьашон хувайдо мегардад.Ин хислатхо як умр бо ишон буданд.Имруз хавасам меояд, ки садхо одамо аз шодравон бо накуи ёдовари мекунанд.Доим ин байтро аз забонашон мешунидам:
Зи меърочи мансаб мачу пойдори,
Ки бар ях бувад пой ин нардбонро

Харгиз аз мансабу обруяшон такаббуру магрури намекарданд.Умре фурутан, мехнати,соф,пок зистанд.Мисли ишон будан мехохад дилам.

Махадбако НИЁЗБОКИЕВ,
раиси хочагии «Зарафшон»

Хотами сони буд

Дасти сабзи устод

Дасти сабзи устод

Солхое ки ман дар чамоати Эсиз котиб будам,Наврузмухаммад раиси колхоз буданд.Медидам, ки ишон бо ду чашм аз тамоми набзи хаёти колхоз вокиф мешуданд,ба хонаи одамон ворид мегаштанд, аз кору борашон мепурсиданд,ба додашон мерасиданд ва аз чумла аз холи инчониб хам бисёр пурсон мешуданд.Аксар вакт дари хучраи кориямро боз карда «бурафтем додар» (аз ман ду се сол бузургтар буданд) намемонданд ва хонаашон мерафтем.Дар хузури ман ахли байтро чамь намуда,таькид мекарданд,ки аз ахволам огох бошанд,нагузоранд, ки мусофириро эхсос намоям.
Хулоса , чанд соле ки он чо будам нону намакхури хони ишон гаштам.Бо хам бародархонд шудем.Дар Дилварзин хонахоямон дар як махал вокеь буданд.Равуи бисёр хуб доштем.
Боре дар бемористон мехобиданд.Ба аёдаташон рафтам.Ва гуфтам, ки нону наламки шуморо як умр адо карда наметавонам.Мавсуф андак малул шуданду афзуданд: ин тавр нагуед, дар чои ман каси дигар хам мебуд, кори маро мекард…
Ба дил гуфтам:-не , ако, на хама ба касе нон дода метавонад.Баьзе рохбарон хам буданд, ки дар зимистон барфатон намедоданд.
Хулласи калом, Наврузмухаммди Рачабмахмухаммад дар замири калби ман бо хисоли нек,сутуда, хираду маьрифат маслан ёфтаанд.Орзу дорам, ки рохбарони имрузаву оянда феьлу хуй, чонфидоию чоннисориро аз он кас омузанд, ёд гиранд.Агар ибрат пазиранд,камтар ба сахву галат рох медиханд,фардо бо неки ёдашон мекунанд:

Номи неке зи худ бигзор
Зиндаги аз барои мурдан нест

шодравон,Хучамухаммади ШОХМИРЗО,
собикадори мехнат

Шеъри Мавлоно Амрикоро тасхир мекунад

Шухрати Руми дар Амрико

Шухрати Руми дар Амрико


Колман Баркс шоири Амрикои ва мутарчими маьруфи Мавлоно Чалолуддини Руми ва дигар рухониёни форс махсуб меёбад. Донишгохи Королинаи Чануби ва Калифорнияро хатм намудааст. У дар донишгохи Чеорчия муддати се дахсола аз адабиёт ба донишчуён дарс хондааст. Айни замон У дар Эссен , Чеорчия хамон чое , ки Мавлоноро тарчума карда ва ашъори худро эчод мекунад , зиндаги ба сар мебарад. Баркс дар сарто сари Шарки Миёна ва Амрико бо ичрои ин амалаш яъне тарчумаи ашъори Руми ва шоири бузург буданаш маъруфу номдор аст. Соли 2006 аз тарафи донишгохи Техрон (Эрон) унвони номзади дарачаи олиро касб кард.
Аз соли 1976 ин чониб Баркс як чанд чилдхо аз осори Мавлоно интишор намуд , аз чумла «Бунёди Руми» 1995 , «Дасти ашъор» , «Панч шоири рухонии форс», соли 1993 ва «Китоби ишк» соли 2003 .
Колман Баркс бо забони форси харф намезанад аммо дар кори тарчума забони хелло соддаи англисиро истифода намуда аст. Дар кори тарчума забоншинос Чон Майн ба у кумак расониддаст .Бо илова бар ин аз сабаби душворбудани тарчумааи аслии форсии шеъри Руми , Баркс асосан як шаклу ояти озоди хешро бунёд карда ки хело хуш садо медихад.
Эчодиёти Руми натанхо дар Шарк, балки дар Гарб низ мавриди тахкик карор гирифтаанд. Бисёр олимони Гарб- Герман Этс, А. Арбери, Винфелдт, Чоносон Стар, Колман Баркс, Р.Николсон ва дигарон ба тахкики эчодиёти у машгул буда, бештар чанбахои маърифативю мехнатдусти ва хештаншиносии таълимоти уро мавриди барраси карор додаанд.
У дар бораи дустоштанаш шеъри Румиро чунин мефармояд : «Ман навиштани шеъри худ ва тарчумаи шеъри Мавлоноро дуст медорам. Аммо дар яке бояд бо Руми нопадид шавам ва дар дигаре бояд шахсият кайфият ва нангу ори худро дар шеърам дарёбам». Ва чун нависандаи маьруфи Амрико Роберт Блай дар соли 1976 як мачмуаи тарчумаи илмми ашори румиро ба у дода гуфт: « Ин шеърхоро лозим аст то аз кафас рахо шаванд» . Баъд аз андешаву тасмим Баркс ин пешниходро ба ухда гирифт ва кори тарчумаро огоз намуд ва 15 мачмуаи ашъори Румиро интишор намуд, ки ин мувафакият уро дар Амрико сарватманданин шоир гардонд . Инчунин китоби Румиро бехтарин китоби ба фуруш раванда табдаил дод .
Шоир бо хохиши худ ба наздики аз донишгохи Чеорчия , ки си сол муаллими адабиёти муосир буд , ба нафака баромад .
Ба наздики мачмуаи 18 чилдаи Колман Баркс аз тарчумаи шеърхои Мавлоно беш аз 750 хазор чилд фуруш дошта ва чадидтарин китоби у бо номи «Мавлоно пуле ба суи чон» ба муносибати 800 –солагии ин шоиру орифи машрикзамин мунташир гашт .
 К. Баркс

К. Баркс


Баркси хафтодсола дар гуфтугуе пиромуни чаззобияти Мавлоно ба рузномаи «Сан Франсиско Кроникл» гуфттаст : «Ман то кабл аз 39-солагиям Мавлоноро намешинохтам. Агар чи дар донишгохое чун Королинаи Шимоли тахсилоти адаби доштам , аммо харгиз номи бузургтарин шоири суфии таърихро нашунида будам». Дар идомаи ин сухбат у меафзояд : « Дар он сину сол ва бо таваччух ба танбал буданам , ёдгирии забони форси каме ноумедкунда буд , бинобар ин ба тарчумаи лугат ба лугат такя намудам ва аз тарики забони инглиси саъй намудам то хадди имкон амонтдори тасвире бошам , ки аз дили лугат ба зехнам хутур мекунад , то битавонам иттилооти маънавиро , ки аз тасвирхо мефахмам, интисол дихам, аммо кушиш накардаам, ки гавхари мусикоии забони форсиро биомузам ва шеъри Мавлоноро ба шеъри озоди амрикои тарчума кардам» .
Колман Баркс тарчумаи аз Мавлави ба даст додаро як навъе тарчумаи дувум меномад ва ба ин маъни аст , ки як нафар онро аз забони мубда ба тарчумаи лугат ба лугат баргардонад ва сипас фарди дигаре дар он мархила ба забони инглиси тарчума мекунад. Баркс дар мавриди ин масъала , ки чи кадар аз ин шеърхо аз у ва чи кадари дигар аз они Мавлоно хастанд , муътакид аст , ки тачрибаи у дар навъи нигохаш ба шеъхрхо таъсир доштааст , аммо Мавлоно инсони закиву бо дониш буд , ки у (Баркс) нест , барои хамин гуфтааст: «Дар тарчумаи асар шояд навъе тахриф эчод шуда бошад» .
Дар холи бурдани чаласоти манзуми

Дар холи бурдани чаласоти манзуми


Баркс имруз дар Амрико чаласоти манзуми баргузор мекунад, ки дар он ба хондани ашъори орифона ва ошиконаи Мавлоно мепардозад. У ин чаласотро омили мухиме дар шинохти бештари Мавлоно медонад ва дар мавриди иллати тадовуми он меафзояд: « Мавлоно дар замони хаёт инсони дилшоду сарзиндае буд. Хамин , ки дорои шуъуру бадани солим боши , барои шод будан кофист. Ба назари ман Волт Витман ва Эмили Дикинсон низ тафаккуре монанди Мавлоно доштанд».
Баркс чолиб будани ин масъаларо , ки бисёре аз мардум ба шоире алока доранд , ки ба 800- сол кабл тааллук дорад , тавачух карддаст ва дар ин бора тавзехоти муфассале додааст: «Ман дакикан иллати инро намефахмам. Мо мудатхои тулоние ба дунболи фарде бо нигохи шурангез ва инсони болик будем. Ба хамин далел аст , ки мардум иштиёки фаровоне ба шеърхои у доранд» .
Колман хамчунин дар бораи ин , ки тарафдорони Мавлоно аз адёни мухталиф хастанд , идома дода мефармояд: «Мавлоноро кушояндаи марз-хо миёни адён медонанд. У фаротар аз мактаби маз-хаби буд. Мегуяд агар фикр мекунед миёни ислом , масехият , яхудият , хиндуихо ё буддоихо шикофие хаст , пас миёни худатон , дилатон ва он гуна , ки дар чахон зиндагие мекунед , шикофие эъчод мекунед».
Имруз Мавлоно дар Гарб ба вижа дар Амрико як инкилоби рухи ба миён гузошттааст , ки мардумро ба суи равоншиносиву хештаншиноси даъват мекунад .
Ва имруз чи шаркиву чи гарби аз у ба унвони як шахсияти бузурги чахони ёд мекуннад.
Баркс дар тавзехи ин гуфтааш , ки шеърхои Руми гизои ру хастанд , мегуяд:
« Замоне , ки тарчумаи шеъохои Румиро шуруъ кардам соли 1976 килос хои дарси зиёде доштам. Се килос дар руз барои ман каме зиёд буд вактамро мегирифт. Аммо ба ресторани «Парандаи оби» (Чеорчия ) мерафтам то тарчумаи шеърхои Мавлоно (тарчумаи донишгохи) – ро бихонам . Кушиш мекардам ки онхоро бозннависи кунам ва ин оромиши амике ба ман медод , ки фаротар аз тасвир буд. Манзурам аз тачзияи рух хамин аст».
У ба василаи ошнои ва амик шудан дар муити мавлоно дустхои зиёде ба даст овардааст. Барои хамин мегуяд: « Агар тарчумаи шеърхои Мавлоно намебуд , харгиз ин иттифок намеуфтод ва ин ба ман кумак кард то оромитар шавам ва дигар эхсоси чунуну баладпардози надошта бошам. Эхсос мекунам навъе бахшиш ба ман дода шудааст».
Мавлоно имруз бехтарин шоир дар Амрикост, ки вокеан боиси ифтихори мо мардуми Шарк аст. Шухраташ то рафт густариш меёбад, ки гурухе аз ситорахои филму синамо ва навозандагони амрикои аз ашьораш албомхо баровардаанд.
Ёдовар мешавем,ки Чаллолуддин Румиро бо номи мухтасари Руми мешиносанд, ки ин як номи кучак имруз Амрикоро ба ларза даровардааст. Мувофики як манбаъ таи дах соли гузашта Мавлоно нисбати дигар шоирони Амрикои аз чихати гузашти (фуруш)-и китоб дар сафи пеш меистад. Ва як чустучуи интернетии номи у натичаи 800 000 сайтро нишон медихад.
Бояд тазаккур дод, ки макоми ин шоири ирфони ва олимакомтарин орифи чахони ислом он кадар баланд аст, ки Филис Тикл як сармухаррири хафтавори Амрико муътакид аст, ки шухрату маъруфияти Руми ин «масъалаи гуруснагии бузурги маънавиёт» аст. Имруз Руми чун пули(купрук) мухиме миёни Амрикоихо ва соири мусулмонон ва аквоми мухталиф хизмат мекунад. Ишки у рухияи чахони дорад, ки дар биниши ин ишк бани Одам мусовист. Дар боби укёнуси беором будани ишк чунин мкгуяд:

Ишк бахре, осмон бар вай кафе
Чун Зулайхо дар хавои Юсуфе
Даври гардунхо зи мавчи ишк дон
Гар набуди ишк бифсурди чахон.

Дар афзун намудани ин ишк, огохи, эхсоси дарккуниву хештаншиноси аз Руми ягон кас чун Колман Баркс кушишу захмат ба харч надода аст. Чемс Федиман як олими Амрикои мегуяд: «Асрори маъруфияти Руми дар Амрико- ин Колман Баркс аст» Он гуна, ки каблан зикр намудем, интишори соли –1995 –и-Баркс китоби «Бунёди Руми» бештар аз дигар руёдодхо таваччухи мардумро ба суи шоири форсизабон кашид ва хавасу рагбати эшонро барк занонд.
Китоби руми дар зарфи дахсол дар Амрико беш аз 500 000 нусха фурухта шуд, ки ин шаходати кадрдони ва яке аз мутолеътарин китоб дар Амрико махсуб меёбад.
Ишку мухаббати чахонии Мавлоно имруз олами Гарбро тасхир мекунад, дар холе, ки иддае дар Шарк нисбати ин ишк гунгу куру каронанд, Руми бонги хушдор медихад:
Ишк аст тарику роху пайгамбари мо
Мо зодаи ишку ишк шуд модари мо
Эй модари мо нухуфта дар чодари мо
Пинхон шуда аз табиати кофари мо

Шоир, прфессор, мутарчим ва собик муаллими адабиёти муосири Амрико айни замон бояк завку илхом ва вачду сурур сухбат мекунад ва дар доираву чаласоти манзумиву мансурии Руми фаъолона ширкаит меварзад ва сухане мегуяд аз табори Шарк ва харфе мезанад аз дахони Мавлоно ва мебарад умри шоиронаву ошиконаву олимонабу хоксоронаи хешро чониби фардохо.

Дар ёди модар

Дар ёди модар

Дар ёди модар

Дар сина дил ситезад, омад бахор бе ту
Об аз ду дида резад. омад бахор бе ту.
Бе киблагоху бе ту, дар зери гардуни дун,
Шодй зи ман гурезад, омад бахор бе ту.
Дар пуштаи мазорат, дар водии хамушон
Имруз сабза хезад, омад бахор бе ту.
Дишаб, ки мегиристам дар гурбати ятимй,
Борон ба шиша мезад, омад бахор бе ту…

Azam Khujasta

Рох

Roh

Roh

Дируз аз ин рох гузаштам

Имруз аз ин рох мегузарам
Фардо…

Гуфтам:

Худоё тавфик
То ки фардову дигар фардохо
Ман аз ин рох равам бар рахи рост
Бо туву ёди ту
Бе хеч каму кост

Нуре зи замин

Тохири Абдучаббор

Тохири Абдучаббор

Марде зи табори ошикон рафт,
Нуре зи замин ба осмон рафт.
Торикии дидахо чй созем?
Рушангари калби точикон, рафт.

Аъзами Хучаста

Харвард ва Фирдавс

Харвард ва Фирдавс

Харвард ва Фирдавс

Донишгохи машхури Харвард ки вокеъ дар шахри бостонии Бостони иёлати Массачуссетс аст ва асосгузори ин даргохи маърифат Чон Харвард мебошад.Оиди таърихи Харвард дар шуморахои ояндаи ин сомона шумо хонандаи азиз матолиби бештаре хохед хонд.феълан худо нигахдор!

Мухочират.Микрози чудоихо, пайвандгари тамаддунхо ё…?

Он гуна ки дар хабар аст , мувофики омори чахони дар дунё зиёда аз 200 миллион нафар мухочирони мехнати кору зиндаги доранд, ки онхо одатан аз мамолики дорои кувваи зиёд ва мамлакатхои ниёзманди кувваи кори ба давлатхои рушди иктисодияшон баланд мераванд. Дар мисоли Русия, ки кисми зиёди мардуми Точикистон ба ин сарзамин мухочир мешаванд. Ва ман фикр мекунам пазируфтани мухочирон аз тарафи Русия ин далели ниёзмандии он ба кувваи арзони мухочирон аст.Ва ин ниёзманди харгиз катъ намешавад.
Умуман, агар ба мухочират хамчун як падидаи табии назар намоем, дармеёбем, ки он дар тули таърих дар пайванду васли тамаддунхо, дар боварии тамаддунхо, дар пайдоиши тамаддунхо, дар густариши тамаддунхову фархангхо накши бузургу боризе доштааст ва метавонад дошта бошад. Мухочират як падида ва асли бисёр арзишманди инсонист, ки он дар тули таърих васлкунандаи миллатхо будааст. Бубинед, вакте ки миллатхо бо якдигар иртиботи наздик хосил мекунанд, аз якдигар чизхое мегиранд ва ба якдигар чизхое медиханд. Дар якдигар таъсир мерасонанд ва аз хамдигар мутаассир мешаванд. Яъне ки як навъ доду ситоди маънави дар байни онхо сурат мегирад, ки он аз манфиат холи нест ва табиист, ки хар миллате, ки аз лихози тамаддуни боло аст, бештар таъсир мебахшад ва камтар таъсир мепазирад. Ва оне ки дар сатхи тамаддуни поинтар карор дорад, мутаасир мешавад ва камтар таъсир мегузорад.

Суду зиёни хичрон

Албатта, як сабаби асосии ру овардан ба куи хичрат-ин бартараф кардани камбудихои рузгор ва ба харакат даровардани завраки рузгор ба чониби фардохост. Чаро ки дар чунин як давраи сахти гузариш хеч кас намехохад, ки бо максади тамошову саёхат ба сафар барояд. Харчанд мухочирати мехнати дар баробари фоидаи моли расондан ба бучети оила ва иктисодиёти кишвар , инчунин мушкилотеро дар мухити хонадон эчод мекунад ва ин мушкилот умумист. Чаро ки мухочират дар хама давлатхо ва мамолики чахон вучуд дорад. Ва чи тавре ки ба мо маълум аст, вазъи буду бош ва зиндагии мардумони точик дар Русияву дигар манотик он кадар хуб нест.Бар болои хамаи ин чун сардори оила – падар моххо ва солхои тулониро дур аз фарзандон мегузаронад, албатта, тарбияи фарзандон ба зиммаи модар мешавад, ки у на хамеша аз ухдаи он мебарояд. Ва ин мебарад ба бесаводиву чахолату кафомондагиву дигар самтхои манфи. Як тан аз шахрванде, ки худро Махин ном бурд, чихатхои манфии мухочиратро чунин гурухбанди кард:
-Мухочирати мехнати барои точикон дар Руссия чунин «имтиёзхо» медихад:
1) Кушташавии мухочирони кори аз чониби сартарошидахои рус. 2) Аз ахли хонавода, фарзандон дур мондани падару модар ва таъсири ин раванд дар тарбияти онхо.3) Бо ин восита пахн шудани беморихои сирояти ба монанди СПИД. 4). Бе мутахассис мондани корхонахои давлатии Точикистон(утечка мозгов).5) Ба хайси гулом истифода шудани мухочирони точик дар Русия. 6) Поймолшавии хукуки онхо дар ин кишвар ва гайрахо.

Имруз вазъи буду боши мухочирони точик дар Русия ба хама маълум аст. Ва то чи андоза эшонро «кадр» мекунанд ин хам равшан аст. Имруз кишвархои мухочирпазир дар мисоли Русия ба кувваи арзони мухочирон ниёзманд хаст ва гардиши иктисодии кишварашро аз хисоби мехнати мухочирон бояд бидонад.Набиюллохи Суннати рузноманигору коршинос шукуху шахомат ва пешрафти Русияро аз дасти мехнаткаши мухочирон медонад:
-Бешак, Русия як минтакаи бузургест, ки на танхо точикон, балки милали дигарро низ ба кор фаро мехонад ва бояд икрор шуд, ки вокеан метавонад. Аммо як чизи мухимтар аз хамаро бояд зикр кард, ки шукухи Русия низ аз дасти мухочираконест, ки бо фулусу пашиз ба эшон касру зисти шохонаро мухайё месозанд. Вагарна ягон табаъаи Русия ба 10-15 хазорак рубл маош наметавонд корхоеро ба сомон бирасонад, ки точикон бо чону дил ба чой меоваранд. Гузашта аз ин, фишангдории хукумати Русия кудрати парешон намудани скинхедхоро надорад ва дурусттар ин ки намехохад эшонро аз пушти пардаи чиноят бурун кашад. Зеро пушти ин сартарошидахо агар нафаре аз хукумати кишвараш набошад, то ба ин гуна разолату вахшониятро ба кучахои Русия намерехтанд.Онхо як чизро чиддан медонанд ва аз он гайрмунсифона истифода мебаранд: Ин хам бошад, набудани чойи кору маоши иктифои дар кишвари Точикистон, ки мулоимтарин ва хассостарин узви кишвар аст. Ба ин хотир милали мухочир (на танхо точик)-е, ки имруз дар сохтмонхои бузурги Русия сахим хастанд, бо вучуди он ки аз чониби макомоти ин кишвар бо фарти хакорату кабохат назар карда, ба вижа миллатхои сарисиёх барои онхо аз хайвон болотару аз инсон поёнтар унвон мешавад. Мутаассифона!»

Харчанд мухочират чихатхои хубе дорад, аммо дар баробари манофеи моли расондан ба бучети оила инчунин мушкилотеро дар мухити хонадон эчод мекунад. Дар холе ки сардори оила ба муддати 365 руз ё 1 сол ба Русия меравад, бечора модар хамаи кору бори зиндаги, тарбияи фарзандон, таъмини оила ва дигар корхоро бар душ дорад, ки ин масъулияти хеле вазнин аст. Ин холате, ки имруз модар ё зани точик дорад, ба гуфти Шохмирзо Хучаев, коршиноси умури сиёси «холати солхои чанги 2-юми чахон»-ро ба хотир меоварад ки модарони мо ба сар мебурданд.У меафзояд:
-Хама ба фронт рафта буд, факат зану бачахо дар хона. Шиор чунин буд: «Хам ба чои худ ва хам ба чои он рафики дар чабха мечангидаги». Зани бечора хеле бори вазнин дошт. Холо он манзараеро, ки солхои чанг занон доштанд, дар имруза холат модарон низ сохибанд.»

Неъмати гурбат надонад хеч кас илло гариб…

Вокеан, дарду азоби мухочиратро танхо оне медонад, ки боре худ «шахд»-и он чашида бошад. Абдумалики Нодирпур, ки 10 солест аз ин «шахд» бахраманд аст, дар бораи мухочират ва холи танг доштани мухочирон дар Русия чунин накл мекунад:
-Чихатхои мусбати зиёде метавонад дошта бошад. Масалан, яке бародарро дар донишгох дохил мекунонад, дуюми иморату бино бунёд мекунад, сеюми бошад дар тую маросимхои издивоч кумаки хешро мерасонад ва умуман, вазъи иктисодии хешро бехтар мекунад. Имруз Хадамоти мухочирати Русия майдонро барои мухочирон чунон танг кардааст, ки хеч имкони дифоъ аз хукуки хешро наметавонем дошта бошем.Бубинед, ки ин хадамот танхо 3 руз мухлат дода, ки хар як мухочир бояд худро ба кайди давлати дарорад. Аммо ин харгиз барои як мухочири нав аз ватан омада кофи нест.Хуб мешавад агар хукумати Точикистон ба ин масъла таваччухи чидди нишон медод. Ман ба Руссия 9-10 сол боз омаду рафт дорам хамчун мухочир. Руйдоде накл мекунам. Банда 8 марти соли гузашта аз Точикистон ба шахри Сургут сафар доштам ва вакте ки ба Сургут расидам, он ба 9 марти рузи гайрикори рост омад. Рузи 10-ум, вакте ки ман ба нуктаи бакайдгири омадам, бароям як зумра санадхоеро номбар намуданд, ки ман харгиз имкони дар як руз ичро кардани онхоро надоштам. Ва баъд аз 20 руз хадамоти мухочирати Русия маро дар шахри Фёдорови Руссия боздошт ва ба ватан депорт намуд.

Ва бояд хотирнишон намуд, ки мухочирати мехнати хамчун як падидаи чамъияти чихатхои мусбат ва хуби зиёде дорад. Яке аз чихатхои мусбат аз он иборат аст, ки мухочирон дар баробари гирифтани манфиатхои иктисоди, бо забон ва таъриху тамаддуни халкхои дигар ошнои пайдо карда, хамзамон сохиби хунару ихтисоси хуб мешаванд, инчунин чахонбинии хешро ганиву бой мегардонанд. Аммо ин чо боз Махин танхо як пахлуи мусбат доштани мухочиратро зикр мекунад:

-Махсусан, барои Точикистон мухочирати мехнати танхо як пахлуи мусбат дорад. Ин хам ба даст овардани даромад барои шахрвандон ва ба ин восита пур шудани бучаи давлат аз хисоби мухочирони кории точик. Хамаи мо медонем кисми зиёди бучаи давлати Точикистон аз хисоби мухочирони кории точик, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, таъмин мешавад ва ин албатта, пахлуи мусбаташ аст.

Дар урфият мегуянд, то мусофир нашави, мусулмон намешави. Ё
Бисёр сафар бояд то пухта шавед хоме,
Суфи нашавад софи, то дар накашад чоме.
Мухочирати мехнати, вокеан, ба Точикистон ва ба мардуми он бисёр чизхо ва имтиёзхо хадя кард ва биёед дар зер назари коршинос Шохмирзо Хучаевро мутолиа намоем, ки у чунин изхори назар мекунад:
,
-Мухочират як мактаб аст, мактаби одаму одамгари, мактаби ихтисосу хунару касб, мактаби фархангу тамаддун аст. Мухочират мактаби имтихон аст, инсон худии хешро ба даст меорад. Ва аз хама мухимаш одам ниёзу бениёзиро эхсос мекунад. Бубинед то 10 соли гузашта ки медонист, ки ба Точикистон ба истилох «евроремонт», «шпаклевка» меомад? Хеч кас, Ана хамин дар фарханги мо набуд ва махз мухочират мучиб гашт то ин чизхо ба фарханги мо омад.Ва махз ин «неъматхо»-ро мучиб Русия гаштааст. Имруз гуломвор мехнат кардани мухочирон дар Русия милиардхо даромад ба бучаи Руссия шомил карда истодааст, ки Русия шокир буданаш лозим. Аммо мебинем, ки бо вучуди ин манфиатхои аз тарафи мухочирони точик дарёфткунанда, хануз бо ангушти тахкир суяшон ишора мекунад. Аз ин ки чаро мухочирон гирифтори хар гуна ташвишхо мешванд, ман фикр мекунам, ки худи онхо мукассиранд,чаро ки ин аз даъвогарии заъифи мост ва мо худии худро намедонем.Мо намедонем, ки дар холати тахкиршудаамон ба ки, ба чи ва чи гуна мурочиат намоем. Фарханги хифзи хукуки манфиатхои худамонро намедонем.Мо гунахкорем. Аз мост ин хама.
Мухочират ва тахкир

Яке аз мушкилоте, ки аксари мухочирони точик дар Русия ру ба ру мешаванд, ин аз сабаби надонистанашон забону меъёрхои хукуки ва кавонини он кишваррост ва ман фикр мекунам дар ин росто мукассир худи мухочиронанд, ки хатто забонро надониста «боифтихор» рохии Русзамин мешаванд.Хуб мешавад агар дар махалчойхо нуктахои кабули мухочирон ташкил карда шаванд (харчанд ки вучуд доранд дар баъзе чойхо) ва бо максади таъмини хукуку ухдадорихои мухочирон амал намоянд. Имруз хатто хонандаи мактаб, ки чуз «да , нет» чизеро балад нест, рох чониби хичрат дорад. Нуъмони Рачабзода, коршиноси чавон шиддат гирифтани суръат ва тезтар гаштани раванди мухочиратро дар Точикистон натичахои баъди чанги шахрванди медонад.
-Дар замони истиклолияти Точикистон, баъди оне ки чанги шахрванди кишварро фаро гирифт, мухочират барои мардуми точик як амри табии гардид. Агарчи аз истиклолият 18 сол мегузарад, аммо ин раванд хануз идома дорад.Мухочират танхо дар Точикистон нест, он дар хама давлатхо вучуд дорад. Масалан, дар Туркиё мардум ба кишвархои Аврупо ва Амрико мераванд, дар мо бошад кисми аъзами мухочиронро чавонон ташкил мекунанд, ки ру меоранд ба Русия.Хуб, аз расонахои хабари имруз огох хастем, ки точикон аз тарафи макомоти кудратии Русия ва скинхедхо хамвора мавриди тахкиру азият карор мегиранд, ки ин вокеан боиси ташвиши чомеа аст.Харчанд ки дар мулокоти ахираш Эмомали Рахмон як катор санадхову карордодхои хамкориро бо Русия ба имзо расонид, аммо хануз тахкиру поймолкуни дида мешавад.Ва имруз, ки бухрони моли чахонро фаро гирифтааст, Русия карор кард, ки теъдоди мухочиронро дар кишвараш махдуд намояд.Аммо бо вучуди ин мо набояд танхо ба умеди Русия бошем, бояд масири мухочиратро бо кишвархои Араб боз кард ва мухочиронро ба он чо чалб намоем.

Аммо ин чо Абдумалики Нодирпури 10-солаи собикаи хичратдошта бар гуфтахои Рачабзода садои эътироз баланд мекунад ва мегуяд, ки сохиби хунару ихтисоси хуб хам наметавонад дар ин кишвар мавриди шиканча карор нагирад.
-Дар мавриди ин ки мухочирон гуё хукуки хешро намедонанд ва гунахкори асоси худи онхоянд, ман комилан зид хастам.Чунки агар дар Русия шумо аз хакки худ дифоъ кардани шавед ва новобаста аз оне ки шумо сохиби хунари хубе хастед, мавриди лату куби берахмонаи онхо карор мегиред ва ман шохиди зинда хастам. Хуб, хар давлат бояд имичи сиёсии худро дошта бошад ва мутаассифона, Точикистон дар Русия ин имичро надорад. Аз ин чост, ки моро тахкир мекунанд, азият медиханд ва арзиш намекунанд.Моро хамчун як миллат эътироф намекунанд.
Пас чи кор бояд намуд, то дар Руссия моро ва Точикистонро эътироф намоянд. Ин суолест, ки танхо бо рохи гуфтугуи хукуматхои тарафайн халлу фасли худро меёбад, бечора ахоли, коре аз дасташ намеояд.
Ин дар холест, ки президенти кишвар бо як шарафмандиву ифтихор мегуяд, ки хар як мухочир ё сафаркарда ба хорич аз Точикистон бубояд, «Оинаи миллат дар хорич халки худро бо сатхи фархангу маърифат ва рафтору одобаш муаррифи намоядИнро набояд фаромуш кард ки мо точикон сохиби анъанаву суннатхои нек ва тамаддуни куханбунёд мебошем»

Аммо дар холе ки Точикистон дар Руссия ба истилох «кудрат»-и худро надорад, наметавон хадс зад ки мо ва моро ва миллатамонро эътироф бикунанд. Пас мо яъне хукумат метавонад ки дар асоси карордоду санандхои хамкори бо кишвархои Араб, Кувайт, Сурия,Дубай, Катар ва дигархо масири мухочиратро боз намоеяд ва бо ин рох мухочиронро чихати кор ба ин кишвархо бихонад.
Имруз баъзе чамъиятхои дифоъ аз хукуку манфиатхои мухочирон ки дар бархе аз шахрхои Руссия амал мекунанд, танхо чанбаи хонаводаги доранд ва танхо дар доираи махал амал мекунанд,Онхо ба доди касе намерсанд.Танхо дар холатхое чамъ мешаванд , ки агар ягон чорабиние барпо шавад,аммо на ба он тарзе ки масалан аз руи накшае амал кунанд, ки аз холи мухочирони худ хабар дошта бошанд.

Ба чои охирсухан

Оё мо бо вучуди ин хама нукоте ки перомуни мухочират гуфта гузаштем митавонем ки ба мухочират бо диди ба два тахкир бингарем?Посух: На!Мо наметавонем ба ин падида бо назари нафрат бингарем, чаро ки махз анна хамин раванд буд ки Моро як андозае аз факру камбизоати бирхонд.Ва як нафар харгиз набояд хаёл бикунад, ки дар чомеа чойгохи хубе ё мухиме надорад, албатта бисёр чойгохи мухиме метавонад дошта бошад, ба шарте, ки :
1.Ба хуввият ва аслии худ пойдор бошад.
2. Хичраташ ба нияти мехнати халол бошад.
3.Вокеан «оинаи миллат» ва муаррификунандаи фархангу тамаддуни халки худ бошад.
Фирдавси АЪЗАМ

Девид: Сират аз сурат беҳ аст.

Девид Холзмейр санаи 24-уми ноябри соли 1978 дар шахри Такомаи Иёлоти Вашингтон ба дунё омадааст. Мавсуф чахор сол собикаи низоми таълими дорад. Донандаи хуби забони гурчи аст. Ба якчанд давлатхои Аврупо, Хиндустон ва дигар манотики дунё сафархои хидмати намудааст. Номбурда фориuуттахсили Донишгохи шахри Сиетл ва Донишгохи uарбии Вашингтон мебошад. Аз соли 2006 инчониб ба хайси муаллим дар Донишкадаи Вашингтон фаъолият мебарад. Дар як чанд барномаву семинархои таълими ширкат варзидааст. Аз августи соли 2005 то мохи июни соли 2006 дар Донишгохи шахри Линвуди Вашингтон ба донишчуён таълим додааст. Аз мохи апрели соли 2002 то мохи апрели соли 2004 ба хайси муаллими забони англиси дар мактабхои рустои давлати Гурчистон кор кардааст. У ба донишомузони ин русто забони англисиро омузонида, дар овардани шабакаи интернет ба ин мактаб сахм гирифтааст. У хамчунин тренери хуби баскетбол ва футбол аст Машғулияти дӯстдоштаи Девид футбол, баскетбол, кӯҳгардӣ ва хондани китоб мебошад.
Аз мохи сентябри соли 2008 то кунун Девид мехмони сарзамини Точикистон аст. Ва хамакнун дар Донишгохи давлатии Хучанд ба хайси устоди забони англиси кор мекунад.

Мо чанде кабл ба сухбати у нишастем ва андешаву назароташро рочеъ ба Точикистон ба таври фишурда манзури шумо мегардонем.

-Сараввал шуморо ба Точикистон хушомадед мегуям ва барои пазируфтани даъвати мо бароми сӯҳбат ба шумо арзи сипос менамоям.

-Ташаккур (бо забони точики)- шумо лутф мекунед, ки бо ман хамсухбат хастед ва ин аввалин мусоҳибаи ман барои рӯзнома аст.Арз кунам хидмататон, ки ман чанде қабл бо хабарнигори родиёи «Озодӣ» низ сӯҳбат карда будам.

Мехостем ба хонандагон максади сафаратонро ба Точикистон рушан созед

-Бояд бигуям, ки хадаф аз омадани ман ба Точикистон чахонгарди ва сайру саёхат набуда, балки аз руи барномаи вижаи омузиши ба хайси муаллими забони англиси дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд дарс гуфтан аст. Феълан ман ба донишчуёни факултаи забонхои хоричи, ки бештар забони англисиро меомузанд, ба таври реали ин забонро меомузонам. Банда аз мохи сентябр то кунун дар ин даргох ва инчунин дар «Гушаи Амрикои», ки дар китобхонаи оммавии ба номи Тошхуча Асирии шахри Хучанд мавчуд аст, тренингу семинархо ва барномахои махсуси таълимӣ доир менамоям, ки иштироки хамаи забономӯзхо ба ин барномахо хеле ва хеле зиёд аст.

Чун ин чо сухан дар бораи донишчӯ рафт, назари Шуморо дар мавриди тафовут миёни донишчӯёни ду кишвар донистан мехостем

- Ростӣ, донишчӯёни точик дар мавриди омӯзишу хониш чандон фаъол нестанд ва аз тарафи эшон раванди азхудкунии, на ин ки забон, балки дигар фунун низ ба он тарзе, ки бояд бошад, нест. Аммо донишчӯёни амрикоӣ ин тавр нестанд. Ва чун Амрико давлати мутараккӣ аст, ахолии ин марз дар талоши хаммонанди ин пешрафт будааст. Дар донишгоххои Точикистон бештар таваччӯх ба намуди зохир дода мешавад, ки ин хушбахтона дар мо нест.Бояд ба сирату заковату дониши хар як донишчӯ нигарист на ба сару либосу чехраи зохирии ӯ.Ин амали масъулини вазорати маориф нишон медихад, ки намуди зохири хар донишҷӯ афзалтар аз ботини ӯст.

Назари шумо ба низоми таълиму тарбия дар Точикистон?

Дар ин бора бояд бигуям, ки низоми таълиму тарбия дар
Точикистон на он кадар хуб аст. Сифати таълим бад буда муаллимон дорои тачрибаи кам мебошанд ва барномаи донишгоххо чун барномаи таълимии мактабахои миёна аст. Китобхо кухнаву фарсуда ва ёдгори солхои 70-уи ва 80-уми замони шурави буда кариб собикаи сисола доранд. Дар Амрико ба низоми таълим ва системаи маориф диккати махсус дода мешавад, ки хамасола садхо нафар донишчуён аз кишвархои мухталифи чахон барои осузишу тахсил ба амрико меоянд, ки ин гувохи хуб будани системаи маорифи ин кишвар аст. Аз кишвари Точикистон бошад хамакнун зиёда аз 360- нафар донишчуён дар донишгоххои мухталифи Амрико машгули тахсилу омузиш хастанд. Донишгоххои Точикистон ба як ислохоти чадид ниёз доранд.Дар хама кор фиреб кардан мумкин аммо дар сохаи омузиш ва таълиму тадрис фиребу найранг ва дуругиву бемасулиятиву нодидагири нашояд.

Шумо иллати костагии раванди таълимро дар Точкикистон дар чи мебинед?

-Шояд яке аз сабабхои костагии раванди таълим дар Точикистон кам будани маош ва камтачрибагии устодон мебошад.Вакте, ки устоди донишгох аз лихози моли танкиси мекашад ва аз ин сабаб наметавонад ба баъзе хостахояш расад пас у чигуна метавонад ба донишчу таълими дуруст ва андешаи тозаро бидихад.Ана хамин камбуди маош боис ба зарзаднаи ришваву пораситони ва баъзе «падидахои номатлуб» мегардад.

Оё дар Амрико донишчуёнро ба харгуна корхои чамъиятиву берун аз донишгохи чалб мекунанд ё на?

Агар манзуратон чалби донишчуён ба майдонхои пахтаву харгуна парадхо дар марсимхои расми бошад бояд кайд кунам ки ин амалхо дар Амрико билкул вучуд надоранд. Ёдовар шудан ба маврид аст ки дар робита ба ин мушкили ман чанде кабл як матлабе нигошта будам ки дар миёни ВАО- и Точикистон ва сомонахои интернети сару садохоеро ба дунбол оварда буд.Дар аксар донишгоххои Точикистон шуруъ аз сентябр донишчуёнро ба пахтачиничалб мекунанд ки ин хело нигаронкунанда аст.

Точикистонро чи гуна дарёфтед?

Вокеан аз табиати Точикистон хушам меояд ва Точикистонро кишваре дарёфтам uани аз фархангу тамаддуну таърих.Аз он рузе, ки ман дар Точикистон зиндаги мекунам то кунун хиёнату беэхтиромии касеро барнисбати худам надидаам.Ман ба чандид давлатхои Аврупову чахон сафар кардаам аммо назири точикон хушахлоку мехрубон ва самими кам дидаам.

Ташаккур барои сухбат
Мусохибон ЧЕЛОНИ ва ФИРДАВС

Биё гули бахориям

Биёву аз вучуди ман хазонро бирон
Бахорро биёвару канори ман бимон
Биёву накхати бахориро ба калби ман бирез
Ва хайли яъсро, ки хастии маро асир кардааст
Маро даруни чолахои харза пир кардааст
Зи ман зудо
Чавонахои эътимоду эътикодро дубора рухи ишк биде(х)
Дами масехие бизан
Маро зи «ман» бикун чудо

Биё, гули бахориям
Суроги ман бигир , ки фурсати дубора рустан аст
Ва фасли интизори сабзро мачоли чустан аст
Биё, ки Юсуфи умедро зи чох берун оварем
Азизи Мисрро ба дашту хомун оварем
Ва хуни лоларо ба гургхо дихем
Ки пирахан зи атри ишк лолагун шавад
Ва чохи кина сарнагун шавад

Биё, гули бахориям
Маро ба боли бодхо нишон
Зи ёли ёдхо рахон
Ки хаста шуд дилам зи хотирот
Ки дар замирашон ба чои зиндагй мамот
Хама пур аз дарегу нолаанд
Чу киштихои по ба гил
Ки «ох» нохудояшон
Ба хукми як зуболаанд

Биё, гули бахориям
Биё, ки дер мешавад
Биё, ки шохахои сарви интизор
Ба сина тир мешавад
…Хучаста пир мешавад
Аъзам Хучаста

Шайх Камол ба руи экран хохад рафт

Исмоили Барори,коргардони машхури эрони касд дорад аз зиндагии Шайх Камоли Хучанди,шоири пуровозаи точик,ки дар Хучанди Точикистон ба дунё омада дар Табрези Эрон мадфун шудааст,филми синамои бисозад.Вай касд дорад дар ин филм саргузашти шоири ориф ва шуридаро аз таваллуд то вафот,сафархои у аз Хучанд то Макка ва аз он чо то Табрезро бо такя ба манобеъи муътабари таърихию пажухиши тавассути як бозигари мучри ,ки ходисахоро ривоят мекунад,ба руи пардаи синамо оварад.Манзарахои филм дар маконхои таърихи ба сурати комилан достони дар декур ва фазохои кухан бо грим ва тачхизоти таърихии он давра бозсози ва ба сурати филми синамоии таърихи дархохад омад.Ин шева метавонад дар назари бинанда зиндагии пурмочарои шоири шинохтаро комилан зохир намояд ва бо таваччух ба истифода аз ритму чаззобият ва фазохои таърихи тамошобинро масхур созад.
Ба гуфтаи Исмоили Барори,коргардони филм,ки матни намоишномаро низ худи у хохад навишт,филми мазкур синамоии хирфаи буда 35 миллиметри,100 дакика(таркиби) ва мустанади таърихи хохад буд ва хамаи сахнахои он дар Точикистон,Эрон ва Арабистон ва бо истифода аз хунармандони машхури точику эрониву араб наворбардори хохад шуд.Хамчунин аз авомили хунарии муштарак,мутахассисону коршиносон ва тачхизоту лоборотури синамоии эрони бо кайфияту сифати аъло кор гирифта хохад шуд.Карор аст филм дар арсаи чахони тавзех ва пахш хохад гардид ва барои куллияи мухотабон дар нукоти мухталифи олам пешбини гардад.Филм бо забонхои точики ва инглиси сохта мешавад.
Исмоили Барори,тахиягар ва коргардони филм мегуяд,ки будчаи такрибии ин пружа то поёни тавлид мархалахои тахкик ва нигориши филмнома,пештавлид ва тадорукот,филмбардори,тадвин,мусики ва садогузори беш аз 700 000 доллар ва хазинахои такмили шомили умури лоборотури,садои суронд,маводи таблиги ва интишороти беш аз 200 000 доллар пешбини мешавад.Бароварди замони тавлиди филм пас аз бастани карордод ва дарёфти кисме аз маблаг ба муддати ду сол пешбини мегардад.

Гуфтанист Исмоили Барори дар соли 1965 дар Бандари Анзали(шимоли Эрон) ба дунё омада дипломи коргардонии синаморо дар соли 1987 зимни таълифи рисолае дар боби «Синамо ва дунёи кудакон» аз Донишгохи хунари Эрон дарёфт намуда ва дар хамон сол филми кутохаш бо унвони «Аксуламал» чоизаи вижаи нахустин чашнвораи саросарии донишчуёни Эронро ва низ медали нукраи чашнвораи Милали Австрия -ЕBЕНSЕЕ 1989-ро сохиб шуд.
Вай то кунун беш аз бист унвон филми синамои,достони ва мустанад ва сериёли телевизиони сохта,ки дар ин миён метавон аз «Танхои ва кулух» ,барандаи Парвонаи заррини бехтарин филм дар панчумин чашнвораи байналмилалии филми кудакону навчавонон ва хузур дар бахши мусобикаи фестивали FIRA-СAN 91-ро ёдовари намуд.
«Хадяи нодир» аз дигар сохтахои уст,ки дар бораи чавонони эрони дар замони чанги Эрону Ирок,»Суруди ошикона» пиромуни пайдоиши суруди «Хумайни эй Имом»,филми мустанади шоиронаи «Дилбохта»-хикояти фидокории як пирамарди рустои,мустанади «Зиёрат» дар ситоиши Харами Мутаххари Имом Ризо(ъ) ва «Маркази осмон» дар бораи маросими азодории шаходати Имом Хусейн(ъ) ва филми «Хона,махалла,мадраса» аввалин тачрибаи тавлиди мавози дар тахиякунандагии сериёлхои телевизионии Эрон мебошад.
Исмоили Барори хамчунин дар мачмуаъи мустанади «Ривояти Фатх» ва то кунун бо фаъолиятхои мухталиф дар Бунёди Синамоии Фороби,шабакаи дуюми симо,Иттиходияи тахиякунандагони Синамоии Эрон,Муассисаи фархангии ЭКО, ва чанд созмони дигар пардохта муддате дар Маркази Чахонии Филми Эрониён масъулияти мухим дошт.
Исмоили Барори хамчунин чанд филми синамоии баланд сохтааст,аз чумла:»Шахр дар дасти бачахо»,»Ошёна»,»Чаханнами сабз»,»Ракси Шайтон»,»Кавири марг»,»Рузи борон»,»Гузориши Марям»,ки дар чандин чашнворахои машхури дунё чоизахои муътабарро сохиб шудаанд.
Ба гуфтаи коршиносон филми «Шайх Камол» дар сурати сохта шудан бо истикболи самими ва густурдаи тамошобинони мухталиф мувочех хохад шуд ва дустдорони адабу хунар дар Точикистон ва соири нукоти олам бояд ба ин коргардон дар амри сохтани он дасти кумак дароз намоянд ва коргардон низ муътакид аст афроде пайдо хоханд шуд,ки дар ин амри хайр сахим шаванд ва гуле дар гулзори адабу фарханги форси бигузоранд,Хукумати Точикистон ва Вазорати фарханг низ агар аз икдоми ин коргардон химоят намоянд кори мухиме хохад шуд. Таври маълум то кунун дар бораи зиндаги ва осори Шайх Камоли Хучанди ба чуз чанд намоишномаи театри филме сохта нашуда ва ин икдоми коргардони эрони метавонад нахустин гоми чидди ва мухим дар ин росто бошад.

Шохмансури Шохмирзо,мухаккики точик.

Шаб ва хоб خواب و شب

آی شب،

آمدی؟

خوش آمدی!

اختران در مقدمت گل کرده اند

ماه روشن کرده است روی تورا

شانه گشته باد گیسوی تورا

کهکشان برچیده ابروی تو را

لیک

باز تنها آمدی.

خواب من اندر رکابت نیست ای شب،

کوشش کار ثوابت نیست، ای شب.

باز من را طعمه ی اندیشه ها خواهی نمود

رخت خوابم کوه و دشت و بیشه ها خواهی نمود.

شب، ای شب

از جه پلک چشم های من نمی آید به هم؟

از چه من در بی خوابم؟


Эй шаб,

Омадй?

Хуш омадй!

Ахтарон дар макдамат гул кардаанд

Мох рушан кардааст руи туро

Шона гашта бод гесуи туро

Кахкашон барчида абруи туро

Лек,

Боз танхо омадй

Хоби ман андар рикобат нест, эй шаб

Кушиши кори савобат нест, эйшаб

Боз манро туъмаи андешахо хохй намуд

Рахти хобам куху дашту бешахо хохй намуд

Шаб,эйшаб

Аз чй пилки чашмхои ман намеояд ба хам

Аз чй ман дар хоб бехобам?

نویسنده : اعظم خواجه اف
Аъзам Хучаста

САРВОДАИ САРМАДИ 1


Дар синаи у ахтари зулматсуз аст,
Покиза дилаш зи чехраи Навруз аст .
Дар дахр касе нишони Рустам чуяд ,
Гуяд нишони у Рачаб Навруз аст.

-Эй бародар ,туро писар хондам аз мехр «Ту» мегуямад гамгину малул нести?»
Гуфтам :
–На, харгиз бифармоед устоди кабир .

Ман мемурамо ду гур кобед барои ман
Якташ барои хасратум якташ барои ман

–Чи хасрат доред? Шукри худованд хама орзухову армонхоятон.
–Не ,додар хануз не ,аммо тавба кардам . Худованд ба рахматат бигир . Вале шодии Зафар надида меравам .
–Чунин нагуйед, устод. Худ борхо мегуфтед:

Гар фишори рузгор обат кунат мискин машав,
Мард бош эй хастадил, шармандаги дар кор нест

— Оре, хак гуфти хамсухбат .Аммо дил мегуядам , ки Навруз дардат зур аст ,дустам , ба такдир тан бидех ,Ошу нонатро хурдаи .Оре ,тасимими хеш гирифтаам .Вале пур хурдаму ба халки худо хизмате накардам .Баъдтар аз ин хамсухбат бигристу :

Фармуди нокарда сияхруям кард ,
Фарёд зи кардахои нофармуда

— Агар чунин оханг соз кунед ,бо ичозаи Шумо меравам ,ако ,дам гиред
— Не ,не илтимос ,биист .Банда саропо гунохам назди худовандам Ва шукрона куфр нагуфтам ,шак наёвардаам

Бизоат наёвардаем ило умед ,
Худоё ,зи авфам макун ноумед .

–Омин, рахмат ако. Худованд бузургу бахшоянда аст.

Навмед наем зи боргохи карамат ,
Зеро, ки якеро ду нагуфтам харгиз .

—Ташаккур , додари азиз , фарзанди гироми .
— Зинда бошед .
—Имсол ,додар ,мохи май 78 мешавам .Хеле умр аммо фикр мекунам ,ки гуё аз ин дар даромадаму аз дари дигари мебароям .Барои кори чамъият ,ободии рузгори мардум бархеро орзурдаам .Аммо бегараз .Танхо ба манфиати чомиа .Ба назарам он хама бехуда будааст хамин хел ,додар , ё галат мегуям ?
–Не ,устод . Он хама дар замонаи худаш раво буд.
– Каме не ,беш аз шаш дахсола дар хизмати халк будам .
–Офарин ,шумо 44 сол сарвари хочаги будед
Ин лахза миёни ману мусохибам хомушие руи кор омад. Аниктараш бигуям ,зурии дард моро аз сухбат дур сохт .
У дида ба нуктае духт .Нигохаш маънизо. Ман хондаму мазмун гирифтам аз он нигоху тафаккур.
Марди бемору бистар садо сухан мегуфт бо худ .Он мухтаво ба сафхаи зехн сабт намудам ,ки ин аст .
– Ба ёд ор .
– Хуш хама дар хотир дорам ,аммо кадоми?
– Хам хубу хам бадро.
– Бад магу, дуст.
Ба бад гуфтан макун ху то тавони,
Ки арбоби хирад ба буд хонад

– На ба ин маъни. Бад. Яъне рузхои душвору вазнини гузаштаро .
– Ин гапи дигар.
– Дар чанг будам. Мактаби афсариам равон карданд. Баъд камандир взвот таъин шуд летинанти хурд . Нав Рачабов . Ба Чабха рафтам . Дар озор намудани шахрхои Воронижу ,Танганрог ,Курску,Маздоку дигар махалхои Украина хеле чонбозихо кардам .
Ёд дорам . Наметавонам фаромуш созам он рузхоро
–Бале магар метавон лахзаро фаромуш намуд ,ки саломату зинда монан буд.
–Хо,хамин хел рост гуфтан гир.
Фронти чоруми Украина . Взводи ман дар хайати яке аз дивизияхои тирандозии ин фронт амалиёт мебурд .Дар огуши чангали нопайдоканор маскан гирифтем .Камандири рота тирандози моро бевакти шаб ба наздаш хонд.
–Рафик лейтенант, мо дар бораи душман маълумотхои дакик дар даст дорем .Мо бояд баъди соате ,дакиктар пеш аст табли душман уро ба гафлат гузошта ,хамла ба сараш орем.
— Взводи шумо бойд ба карргохи лашкари душман рейд гузаронида дар сафи он бе сарусомони ба вучуд орад .
Онгох мо техникаи вазнинро ба кор хохем бурд
–Итоат ,Рафик камандир .
Рачабов назди сарбозораш бар гашту рахорах ин байт ба забонаш омад :
Он на ман бошам , ки рузи Чанг бини пушти ман , Он манам к-андар миёни хоку хун бини Саре .

Чангиёни корзор дидаи саропо мусаллах аз багали чангал гузашта дарёчаи шухобчаро ба кафо гузоштанд .Аммо пешрафтан дар ин шаби шулмон осон набуд .Чаро ,ки фашистон харчо дидбон доштанд .Равшани прожекторхои «Гарданда» ба пешрави халал мерсонд . Гохе гаваккашон хазида ба домани симтури девор расиданд .Бо кайчи эхтиёткорона онро бурида ,барои ворид шудан «дарича » сохтанд . Навруз аввалин шуда ба «замин » – и фашистон сар дароварданд чо посбонро бо теги бурранда «безарар » гардонанд .Либоси он манхусонро ба тан карда ба чое расиданд ,ки сипохиёни гитлери дар хоби ноз .Ончо мина гузоштанд ,ки мебоист баъди фурсате хуфтагонро ба чаханам рохи месохтанд .Аз кабати симтур берун омаданд баробар лонаи фашистон ба осмон боло шуд .Таркиши мудхише ба атроф танин андохд . Даххо фашистзода аз зарби он таркиш фавтид .Вале ин маънии марги комили душманро надошт . Аз дигар манотики наздик сагони хоб сар бардоштанд .Онхо дасту по гум карда, бе низом оташ мефишонданд .
Субх медамид. Атиллерияи мо ба хучум гузашт. Душман кисме ба мухосира уфтод,бархе дум хода карда ,ба гарб гурехт .Взводи Рачабoв ба пеш давид.Аммо таркише рух дод ,ки се тан аз хамсафонро аз саф берун оварда .Худи Навруз хам ба замини пурнам уфтод .Пораи мин ба миёнаш зада,аз гушт ба устухон расид .
Хушбахтона ,духтурхо зуд амалиёт гузаронида,оханпоро ба берун кашиданд .Баъди ду хафта чарохат шифо ёфт .Ва камандир худро аз нав дар корзор дид
–Ман ёд дорам ,ту чи :
–Оре ,ман низ .

Дафъаи дуюм аст ки дар майдони харб захми мешавам .Вакте худро руи кураи барф мачрух дидам ,рости ,дар дил гуфтам : Падруд , зиндаги .во хасрат ,калби пур орзуву хавас ба хок мебарам .Ба бандаги тан медихам , лек хайфо ки дар бегоназамин ба дили хок фуру мерафтам . Эй вой агар бимирам дар вопасин нафас ки калима мегуяду чанозаам мехонад ?
Дар Сталинграду «Камонаки Курску» ки баъд аз мухорибаи Масква сурат гирифт ,Гитлер зарбае марговар хурд ва гурги гуруснаву захмиро мемонд, ки тавони чунбидан надошт .Аммо дарандаи мачрух хамоно дандонхои тезаш устуворбуданду ба нияти ба даст овардани туъмахои дил намеканд.Фашистоне тамоми захирахои хешро бахри расидан ба максад истифода менамуданд .
Хушбахтона, дигар душманро бахт баргашта ,офтоби умеди галаба бар сар шуъла намепушид .Пирузи чониьи шуравиён лабхонд менамуд .Летенант орзу мепарварид, ки бо хамсилохон фашисти шуношомро дар кароргохаш саркубу забун бинад .Вале рохи чангиаш то ба Берлин –он кохи зулму ситам ба дарозо накашид .Сарбоз дар озод намудни сарзамини Украиниа ширкаит чусту натавонист кадами озодибахш ба хоки гасбшудаи мардумони Аврупои Шарки, ки аз шиканчаи гитлерзодагон ба дод омада буданд ,гузорад.
Бахори соли 44 буи абирангези пирузи ба машом мезад .Нерухои мо аллакай дар баъзе манотик ба хати сархади давлати расиданд.
Кисме , ки дар хаёти он лейтенант Рачабов фаолтят дошт ,дар амалтётхо бо корнамоихои чашмгтрба чисми мачру гаштаи Ватан пои хам Даво мебахшид .Лек ходисае рух дод,ки барои Наврузи чанг солор вопасин майдондор будааст .
Амалии он манхара ба ин панг дуд :
Хамлаи девонасурати душман бо парвози огоз ёфт ,ки бар сари сарбозони мо борони марг борид .Бъад танкхо ба харакат омаданд .Аз паси он пиёдааскарони фашистони суи мо давиданд.Куввахои на баробар .Мукобилияти сахти мо ду танки душманро ба саф баровард.Вале ин натавонист дар сафи гитлерчиён рахтае форид созад .
Истодагарони ба марг баробар буд .Наврузи камандир ба вазвод амр намуд: Бояд мавкеро бо душман дода ,акиб нишинам ,то ротаи эхтиёти ба дастгирамон наздик ояд .Сарбозон андаруни хандаухо ,кт ба камингохи эхтиёти мебурд ,чолокона акиб нишаст ,худро омада ба истикболи « мехмонон» набудаанд .Аз чониби рота тубхои«вазнин » ба кор омадаанд .Снайради муктадир синаи » кухи оханин — и наздикомадаро шикофт .Наврузу чангиёнаш аз хандак сар бардошта аз дастгохи гулулабар болои пиёданизомони Гитлур чанд снаряди « пошанда »шилаки намудаанд .
Чанге шадид .Замину замон гуё дар хали дарза карор дошт .Ду ду духок шабехи абре сиёх ба осмон печида .Гурришу таркиш .Садои тирхои аз ду чонтб мукобили хам,ки аз мусал салхо берун меомад,фазоро пур карда буд .Баъди парвози«катюшахо –и пайодаи душман аз пешрави боз истод .Мудате оташфишонии чонибайн идома пайдо кард .
–Ба пеш ,бародарон –гуфтани Наврузи камандир сарбозони чашинтизору интикомситонро аз хандакхо беру кашид.
Фашистон окибнишини накарда бо тирпаронихои пуршиддат мавкеи худро аз даст доданд намехостан .Пулимиёти чавонмарди украини ,ки бар сафи душман ачал мерехи, ба пешварии взводи Навруз имкон дод.
Давом дорад…

Сарводаи Сармади (Идомаи матлаб)2

Сарбозон галтану хезон ба пеш мехезиданд . Мусал салхо пай пай сухан» мегуфтаанд .Душман ноилоч акиб мегашту аммо аз талавоси чон охирин неруи хешро истифода менамуд .
Навруз тавонист бо чанд тан аз ярокат мавкеи пештаро ба даст орад .Чангиёни мо бо дастгирии «катюшахо»,ки акнун пуршидат «нутк»доштан ба таъкиби шургони гитлери гузаштан .Пиёдааскарони аз кандакхо боло часта, бо садои «уро …»пеш давиданду кароргохи немисхои дар холи фироро бо бисиёр мухимоти чанги ганимат гирифтан . Мухорибаи поён омад .Даххо фашистон куштаву мачру ва асир афтоданд .Навруз сарбозонро боин пирузи табрик намуд .
–Бародарон,хушнудам ,ки боз як масъулияти фарзандиро дар назди механ ба чо овардам .Мову шумо таврнистем накшаи навини горатгарони душмани манхус,он лошахурроболу пар бишканемусинааш бишкофем.Аммо,дустон чун собик ин галаба бароямо бо бахои чон насиб гашт .Чор тан аз сарбозони руин танро аз даст додем .
Сарбозон зери дуди гализи вомандаи он набарад боа мри фармондех бо кандани кабр машгул шуданд ,то он чор бародари шахидшударо ,ки чисмашон дар огуши сабзаи навдамида руи кокухои лабханзада меходид ,ба хок супоридам .
Навруз бо атроф дида тухт .Аниктар дуртар аз худ пахлуи танки нимсухтаи душман харакати супробе бачашмаш хурд .Бо дурбин назар ба он духт .Сарбози бушман ,ки бехуш буд ,чашм кушода ,атрофро муоина дорад .
–Бачахо,немис ,–гуфт –ба танка нигаред.
Хама бачахоро ба замин партофта ,суи он хабис оташ кушодан .
Аммо дер шуда буд гуё .
Он чисм як комат рост кардк бо афтамат сарзер ба замин афтод.
Хозирон бо командир ру оварданд .Уро огуштаи хуни замин часпида диданд .
Фигон бароварданд.
–Навруз, бародар ,намур ,маро тарк магу!
–Зиндаам ,садо дод базур –дастам месузад…
Онтири белгард корашро кард.Навруз муддати зиёд бистари гашт ва бил охира майдони мухорибаро тарк бинамуд.
Хам ярокони хини ба шифо хона гусеел намудани Наврузи тирхуда ашк рехтан .Бо у хайрбод гуфтанд.Афсуз мехурданд ,ки аз чавон марде зиндадилу хайфиратман. Сарваре гамхорку мехрубону дилсуз,инсоне начибу донишман чудо шуданд.
Дар лахзаи чудои харчанд дар асари тири аду чисми нимтаху хуншор дошт,зиндадилироаз даст надода бо лабханди ночуре афзуд:
Омад шудан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар зиндагист ,дида ба дидор мерасад.
Аммо ман бачои АМН меравам ,шумо бошед хануз чои чон дар кафи даст дорем,худованд нигохатон дорад .Баъди анчоми зафармандонаи чанг ба сурогаи ман ба Масчо оед, аз дидори хар яки шумо хушну хохам шуд хар гучо бошед худо никахдоратон ,–ба сухани падруди иктифо намуд .
Бале хамоно хамнабардон уро тарк гуфтан намехостан :
–Ту мерави ,дигкр ба мо ки шеър мехонад.Оё Моро чун ту сарварие мехрубрн ба гамхори мегират ,мисли ту хикматдону андарзгу кучо ёбем .
Рост гуфтанд хам ярокон .хузури Наврузмухаммадро дар набардхои охиринраво надоданд пизишгони халдонудард ошно .
Сарбоз-кахрамогни пайкор ба дасти баставу хамоил ба гардан ба зодгох бар гашт .
Амм дар масчо Наврузи Рачад дар шумораи шахидон ном навист гашт.Хамширааш –Гулузор дар гамии чигар банд хануз перохани сияхи мотами ва тан дошт.Ухаргах ба маористони деха мепафт .Мадфангохи фарзанди Падар чуй мегашт.Ва яке аз турбатхои руи хокаш сабза дамидаро манзили Наврузмухаммади гулмаг мехонду сар ба руяш нихода мегирист.
Додарам,вой додарам шахидам,бахри ,ки бахри чи мурди.Хо ,бахри Ватан ,дар хифзи Модари азиз тарки Дуне гуфти.Кошки мемурдаму хабари маргата намешунидам ох додарам э вой додарам мегуфту чома медарид.
Марди пир ,зане солхурда рандаш медодон,ки : Духтарам,шукри худо гуй,бошад,ки фарзанди падарат боз гардат.
Зан сар ба хок бардошта.Ду тан хешовандонро диду гуфт:-

- Фарзанди падарам бармегардад ? Ӯ зиндааст ? Дар даҳанатон мурам, инро ба шумо кӣ гуфт? Бехудона суол мекард аз он ду ҳоле, ки чашмҳояш пуроб буданд.
- Дунё ба умед бачам. Ӯ худ гуфта буд, ки худо хоҳад пирӯзона боз меоям.
Он шаб, ки аз наздикон ҳарфе умедворкунанда бишнид, хушҳол хобид. Хобе дид. Аммо заифии ҳофиза имкон надод он чӣ ба хоб дид комилан ёд оварад. Аммо ҳаминаш дар зеҳн монд: Падару модар ба иллате мегиристанд, бо ин ҳол ба дастсш чизе доданд гаронбаҳо.
Таъбир : агар фавтида бидиҳадат чизе хуб аст – худро тасаллӣ доду хурсанд бинмуд.
Ҳамон субҳ аккае болои боми манзилапш биншасту ба шақ – шақ омад.
- Дар нӯлат мурам, хушхабар ор, хуш гӯ, биё донат диҳам, – ба парранда он “ меҳмони ” хабаргӯ, паёмор рӯ овард Гулузор.
Вале парранда ҳамоно шақ – шақ мегуфту аз кунҷ ба кунҷи бом нишаста ҷои дигар намерафт.
Он ду махлуқи худо забони ҳам намефаҳмиданд. Вале оне сар – сари бом мезад аз кишвари дурр – аз майдони ҷанг ба парвоз омада, ва ё худо медонад аз куҷо ва чӣ гуфта медонист, ки Наврӯзмуҳаммади ҷангсолор дар масири зодгоҳ қадам мезанад. Парранда наметавонист бигӯяд:
- Эй бандаи ғофил, эй Гулузор, пероҳани шодӣ бипӯш, атрии дидор бибӯй, додарат меояд. Наврӯзат зинда … Пирӯзона меояд ба даргаҳат.
Шодиёна бидеҳ, комам ширин намо. Сулаймонпешае пайдо нагашт то шақ – шақи Акка бигӯяд – тарҷумон бишавад.
Ин дам Қурбонбоқии магазинчӣ ба хонаи Гулузор меояд:
– Акот куҷост, хоҳар?
– Дар хона, – ҷавоб медиҳад.
– Шӯяш, ки ба хонаи мо равад, марде ба ӯ гапи муҳим дорад.
Устотурсун ба назди меҳмон шитофт. Ҷавонмарди либоси низо- мипӯш бо чеҳраи хандан ӯро ба оғӯш кашиду:
– Бародар, шодиёна бидеҳ, оё ҳиммати чизе додан дорӣ? – гапро кашол дод, то Устотурсунро ба шунидани хушхабар тайёр намояд. Андешаи қосид ба хотири он буд, ки мусоҳибаш мабодо шодикаф нагардад.
– Гӯед, худор хоҳад то ҳанӯз кассе дурҳимматиам надидааст.
– Хайр, чӣ медиҳӣ ?
– Ҳар он чӣ дилатон хоҳад, аммо намедонам.
– мегӯед. Додорама дар ҷанг талаф додам. Шумо бору бӯғчаашро оварда бошед, раҳмат мегӯям.
– Худро ба даст гир. Шукри худо банда аз он чӣ ту мепиндорӣ қимматтар, бале ҳазору сад ҳозор бор авлотар мегӯчм, – суханро поён набурда ба ҷавон нигарист, то дар чеҳрааш чӣ мехонад:
– Ҳе, буродар гаптун бошад гӯед, дилам мекафад. Сад ҳазор аз бору буғча қиммат- тар ин сурати додарам будагит – дия.
– Ҳо, раҳмат, ёфтед. Аммо сурати зинда.
– Додарам зинда. Наврӯзмуҳаммади бобом зинда.
Устотурсун мардро дубора ба оғӯш бигрифту бӯсид аз рухсораш ва ашки шодӣ аз дида равон сохт.
Ҳамон замон ба хона омад.
- Хоҳар, нон паз, манн ба шаҳр меравам.Пагоҳ як меҳмони азиз меояд.
Ва худ хари Ҳамроҳбойро гирифта ҷониби Ӯротеппа чорхез давонд.
Бо як дам ба ағбаи Оббурдан часпид. Ба поёп нигарист. Ду тан барфро даронда ба боло мехезанд.
Он ду дар масофае овознорас аз Устотурсун дури доштанд. Харакӣ бисёр мехост зудтар ба онҳо наздик ояду пурсад: – Бародарон, додари маро ёд диданд ? Ӯ аскар, дасташ маъюб, дар танаш либоси ҳарбӣ, қоматаш баланд…
Шамол мевазид дар қуллаи ағба. Шамоле сарду барфолуд ва баландшикоф. Ҳар қадар ба поён равад вазиши бод пуршиддат ва “ шаппотие пурбарф ” ба рӯяш мезад. Аз хар фуромад. Чашмонашро аз шиддати шамол ёрои кушодан надошт. Маркаб низ тавони ҳаракат гум кард, ки “ зумъ ” буд.
– Их, ҷонвар, ғайрат кун, – садо баравард нӯхтаи харро кашида.
Мард камее нишаст рӯи барфи бодкӯб. Дар ЧК лаҳза шамол то зону барояш
“ кӯрпаи ” сафед сохт. Танаи харро ба худ сипар карду чашмонашро молиш дод, аз барф тоза намуду ҷӯёи он ду раҳакӣ гашт. Вале суробе надид. Ин дам шамол бо амри худо аз вазиш бозмонд. Нияти аз ҷой хестан намуд мард. Аммо натавонист. Дасту пояш сусту беҳаракат гар- дид. Мисли он, ки рӯи бистаре нарму дар зонае гарм манзилаш бошад, дар чашмонаш хоб омад.
Ҳо, хоб. Худо накардалаҳзае пинак равӣ дидор ба қиёмат ҳукм намо. Хушбахтона, ақлу ҳушёрӣ боло гирифт. Гуйё хоҳар гуфташ.
– Ако, зинҳор дар роҳи ағба хоб нараву беҳаракат набош хаҳзае. Ағба “ дам ” дорад. Мвбодо “ дамат ” назанад.
Якбора аз ҷой бо чолокие бархост. Ва дарк намуд, ки агар зудтар тадбире наандешад дам ӯро мекашад.
Оре, ағба дам дорад. Дар баландии ин ағба роҳгузврро ҳавои нафаскашӣ намерасад. Дар ин лаҳза агар даҳонро ба “ кор ” наандозӣ, одамро хобь меояду баъде лаҳзае аҷал гиребон мегирад.
Ёдаш омад қисмати ду танро, соли гузашта ба иллати “ дам ” занӣ ин ҷаҳонро видоя намуданд. Он қисса ин ранг будааст. Ду ҷавони тақрибан 25 – 30 сола аз Ӯроттеппа баъди мардикории ҳаштмоҳа барои аҳли хона пӯшоку хӯрок харида, роҳи зогоҳ пеш мегиранд. Бо бори вазнин ағбаро бодушворӣ сар карда, ба поён рӯ меоранд. Дар каҷгаҳи охир тундбоди сахте бо ҳоли вазидан меояд. Ҷо – ҷо бодкӯб. Пайраҳаро гум мекунем. Ногоҳ ба қаъри чуқурие пурбарф мевазанд. Даруни барф хеле талоши наҷот карда, шалпару аз “ ҳол ” мераванд. Лаҳзае “ дам гирему қувва ҷамъ кунем “ мегӯяд ба худ.
Пас аз дақиқае чанд ҳардуро хоб мебарад. Хоби абад. Ҷисмашонро охири баҳор баъди обшавии барф рӯи қарғ ёфтанд.
Идома дорад…

САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)3

untitled
Чунин бадбахтӣ аз он “ дамзаниҳо ” ба кӯҳистониён якбору дубор рух надода буд.
Аз ин рӯ, Устотурсун аз ҷебак пораи қурут ба даҳон гирифту ба пеш давид. Маркаб аз пасаш “ чорхез “ буд.
Каҷгаҳеро ба қафо гузошту ба поён назар афканд. Суробҳо коҳилона боло меомаданд.
Он ду тан марди харсавори ба истиқболашон ояндаро диданд. Яке ҷавони захмин, лейтенант Наврӯз Раҷабов буду дигаре Миробид. Устотурсун ҳам ҳамсафари бародарашро намешинохт. Ӯро дар умраш надида буд.
Миробид. Ин мард шаҳрванди Ӯротеппа. Наврӯзмуҳаммад дар бозори Гули Сурх гашту гузор дошт. Марди миёнсол дучор омадаш.
– Писарамро ёфтам – гӯён сазаро ба оғӯш гирифту бӯсид. – Бале Саидусмони манн зинда – афзуд мард. Ҳайрон нашавед , писар. Шумо ба Саидусмони манн себи дукафонро мемонед Хати сиёҳаш омад -гуён талх гирист он ношинос .
– Бандагӣ падар. Фарзандатонро худо раҳмат кунад. Ба сони қаҳрамон ҷон супурдааст, – гуфт Наврӯзмуҳаммад ва майли рафтан кард.
– Не, азизи дил, шумо ба хонаи ман меравед. Бигзор зани синабирёни манн дар чеҳраи шумо фарзандашро бубинад. Аз ин баъд шумо бандаро писар хоҳед буд ба ҷои Саидусмон.
Cарбоз сухани пирамард ба замин назад. Ба хонааш рафт. Модари он шаҳидро зиёрат карду тасаллӣ дод бо сухан дили абгорашро. Пас меҳмондорӣ рӯзи дигар Миробид бо писархондаш рӯ ҷониби Мастчоҳ ниҳод.
Харсавор дастро болои чашм соябон сохту ба ояндагон назар кард. Дастаи яке ҳамоил ба гардан, қоматбаланд, дар тан либоси низомӣ.
Дигар ихтиёр аз даст дод.
– Ҳо бобо – … бо – бо – бо тамоми қувва овоз сар дод, ки акси садо шунид аз шахи кӯҳ.
– Лаббай, ако шамоли сабуке ба гӯшаш зад, ин ҳарф аз тарафи муқобил.
Нӯхтаи хар ҳаво доду пайраҳаро миёнбур карду уқобосо ба “ парвоз ” омад.
Аз зери пояш санге ба ҳаракат омаду ба санги дигар бархӯрд. Сеси санг аз рӯ пештар боб арф омезиш хӯрда поён медавид, ҷониби
“ сайд ”.
Устотурсун ғеҷиду ба замин афтид, чанд қадам ихтиёр аз даст дод баъд дар бағали харсанге қарор гирифту аз ҷой хест. Оҳиста ба назди додар, ки аз “ ҷаҳишаш “ бародар мисли санги кӯҳ “ лол ” буд, расид.
Ҳарду гардан ба гардан, оғӯши ҳам бе овоз чу абри баҳор мегирис – танд. Ва бояд аз даридани абру рух намудани офтоб, шукронаи ҳақ ба ҷой оварданд, ки дидор бинанд.
Ва баъди соате чанд офисери харсавру ҳамсафарон сиҳату саломат роҳи пурбими ағбаро ба қафо гузошта, ба Камодон ва Эсизи чашминтизор расиданд.
Вуруди қаҳрамонписар ба Мастчоҳ аз воқеоти дурахшоне буд. Дар ҳар деҳ ӯро бо меҳру муҳаббати бепоён истиқбол намуданд. Эзис ба ифтихори зиндаву саломат бозгаштани фарзанди “ шаҳиди ” хеш табли шодӣ мезад.
Он рӯз баробари Гулузору Устотурсун ҳама пиру барнои деҳ, рӯдхонаи Зарафшон шеъру таронаи “ Наврӯзӣ ” – Наврӯз муборак ! замзама доштанд.
– Ёд дорӣ, Наврӯзмуҳаммад ?
– Ҳама дар зеҳн дорам.
– Пас аз чанд соли сарбозӣ зодгоҳро бозёфтам. Аммо дидам, ки нафаси шуми ҷанг то ба ин гӯшаи дурдаст расида. Бархе ҷавонону миёнсолон ба ҷабҳа рафта ҷоми шаҳодат нӯши ҷон кардаанд. Аммо марги Музаффар бароям басо дарднок буд.
– Ҳо, ҳамон Музаффари валади Мирзошоҳи Худгифи Соягӣ. Муллим будем ҳарду. Баробар ба ҷанг рафтем. Чи ҷавони донишманд, ҳусни маҳфилҳо буд. Афсӯс, сад дареғи он марди шариф.
– Бале, ҳазрат. Сад дареғ, ки басо азизон аз ҷаҳон рафтанд ба касофати ин ҷанг.
- Деҳу деҳистониёнро дар ҳоли қашшоқӣ дарёфтам. Гуруснаву нодорӣ. Чанд тан аз гуруснагӣ варамида “ нон ” – гӯён ҷон таслими ҷонофарин бинмудаанд.
Сарбоз ҳанӯз пероҳани низомӣ аз тан накашида , захмаш шифо наёфта, боре гароне бар ӯҳдаааш вогузор гашт.
Охирҳои фасли хазон аз соли 44 буд.
Аъзои колхозро ҷамъ бинбуда Наврӯзмуҳаммадро ба раисӣ пази- руфтанд. Рад накард.
Аммо гуфт:
- Падару модарон, бародару хоҳарони азиз, ҳаргиз аз касе илтиҷо накардаам, ки маро раиси хоҷагӣ хонад. Хилофи иродаи шумоён ҳарфе нагуфтам. Аммо мебояд, ки ҳама аз як гиребон сар берун орем, то колхози қафомондаву иқтисодиёташ заифу нотавонро пешсафу пурзӯр намеом.
– Оё барои расидан ба ин ҳадаф паҳлӯи ҳам буда метавонем ?
– Оре, ҳарчӣгӯед, мо дар хизмати шумо қарор додем раис, – баробар посух дод издиҳом.
Раиси колхози ба номи Сталин Наврӯз Раҷабовдар фаъолияти хеш тартиботи ҳарбиро, ки талаботи замонм ҷангӣ буд, пиёда сохт.
Ҳар субҳ шахсе бо зарби дасти оҳанин садои чархи фулодини мошин, ки назди мактаб устувор буд, баланд мекард. Ҳамон замон онҳое, ки мебоист фаъолият дошта бошанд, ҷамъ меомаданд. Ҳеҷ кас танбалӣ намекард, то дар назди халоиқ шармандаву шармсораш насозад раис.
Дар зимистон ҳам кассе ором набуд. Ҳатто дар сардиҳои туфкун – яхкун садои занг мардумро ба фаъолият мехонд. Зану мард машғулияти амале. Яке девори афтидаи боғе мебардошт, дуввумин аз киштзор санг мечинд, сеюмин ба майдонҳо шӯрхоку пору медаро – вард, чорумин яхоб мемонд. Ашхоси дигарро раис ба тагоб барои ҳезум мефиристод, то пирону барҷомондагон ва ятимону занони бепарасторро аз маводи сӯхт бениёз гардонад.
Баҳор рух намуд. Ҳаво гарм. Ба гандумзор об монд. Бале киштҳоро бо маслиҳати пирону деҳқонон “ сӯзонду ” сер аз об кард. Гандум пухт. Даравирд. Маъракаи хирманкӯби бо иштироки фаъолонаи хурду бузург сурат гирифт. Анбори хоҷаги, ки мушҳо солиёни зиёд аз набудани донае аз ғалладона ба қавле варамида мурда буданд, пур шуд.
Ханбаҳои мардум низ бори аввал баъди тантанаи сохти колхозӣ лабрези гандум шуданд. Нусрати деҳқанони хоҷагӣ дар саросари ноҳия вирди забон гашт.
– Чи гунна даст дод ин комёбӣ?
– Хеле осон ва хеле мушкил.
– Чи гуна?
– Он гуна, ки Худо дод.
Тирамоҳ барои кишт як дона гандум наёфтем дар қаламрави хоҷагӣ, аз ҳамсояҳо қарз гиртфтем. Кӯшидем, ки ҳар донаи ба замин рехтаро сабзонем. Бо инояти парвардигор тухмӣ бенуқс нашъунамо ёфт. Нагузоштем, ки ба яғмо равад.
Покизагӣ имкон дод то аввал қарзҳоро баргардонему аз ҳама муҳим мардумро аз вабои гуруснагӣ наҷот бидиҳем.
Пири ранҷур нафири хоб дорад. Ӯро осуда мегузорем.
– Амакам воқеан аз рӯзҳои авали фаъолияти рассашон низоми ҳарбӣ ҷори намуданд. Ҳоҷӣ Муллонеъмат вориди сӯҳбаб мешавад.
– Туфайли саъйи ишон мардум аз ҷилои Ватан ба хотири пайдои як бурда нон комилан даст кашид. Ҷанҷолу хархашаҳо, ки гоҳ – гоҳ аз ашхоси танбалу коргурез рух медод, аз байн рафт. Раис ҳамвора аз сӯҳбати кӯҳансолон бархурдор мешуданд ва маслиҳати ононро дар муносибат бо тобеан амалӣ месохтанд. Марди руҳшиноси варзида метавон гуфт амакамро. Бо ҳар фард он чунон ҳарф мезанад, ки боистӣ. Буданд инсонҳое, ки бо як ишора маънӣ мебардоштанд ва онҳое ҳам вуҷуд доштанд, ки то тунд нагӯӣ дасту рӯ намешустанд. Ба ин тариқа баъзан дастдарозӣ ба ғанаку долакандози колхозу ҳаду ҳамсоя низ аз миён рафт. Ҳама ҳалолкор шуд, Худо барака эҳдо бинмуд.
Амакам ба тарбияи аҳли хоҷагӣнизбештар эътибор медоданд. Худ ҳамвора меомӯхтанд ва онҳоеро, ки рӯ ба таҳсил дотанд, зиёдтар эҳтиром ба ҷо меоварданд.
Хоҷагӣ чуноне анбори холӣ ба раис мерос дод, ҳамчунин қӯтану оғилҳои холиро низ. Чорводорӣ ҳамбо қарзи мадади ҳамсояҳо пешсафу номовар гашт. Солҳое ҳам кам набуданд, ки ба рӯзи меҳнат бузу гӯсфанд ва ҳашто гови ҷӯшо ба оилаҳо ҳуқуқ дода мешуд.
– Апатун мурод додар, аз нодорӣ нагӯед, ки – иброз намуд апаи Рисолатмоҳ – ҳамсари Наврӯзмуҳаммад – раис ғами дигарро мехӯрданду андешаи хонаи худро фаромӯш месохтанд. Манн гӯему шумо нависед, то акотун чашм аз хоб кушодан.
– Гӯшам ба шумо, модар, бифрамоед.
– Бо амри тақдир соли 1945 – ҳамон соли серҳосил бо раис хонадор шудам. Чӣ ҷои дурӯғ, сарпаноҳи дурусте надоштем. Дар арвоҳаш мурам акои Саидшо бо мадади якчанд пирони деҳа бароямон хона сохта доданд.
Оре, апаи Рисолатмоҳ шавҳари хешро наҳ намезад, ганда намегуфт. Аз нақли ин модари меҳрубон дарёфтам, ки ӯ низ дар ҷабҳаи меҳнату зиндагӣ дар набард будааст.
Аз ин рӯ, зарур мешуморем нақли апаи Рисолатмоҳи шукргузорро манзури хонадони гиромиқадр бинмоем, то шояд пандпазир бошад.
– Банда додар, модари сенздаҳ фарзанд ҳастам шукри Худо. Аммо офаридгор се кӯдакамро бигрифт. Ба додааш ҳам шукр гуфтам, ба гирифтанаш низ навҳа оғоз нанамудам, пероҳан надаридам, бо панҷа рухсор чок накардам, то ба даргоҳи Худо гарон нарасад.Ҳар дам ҳамсарам мегфтанд. – Очаи кӯдако, фаромӯш накун, ки бузургон фармудаанд:

Шукр гӯӣ неъматад афзун шавад,
Гар нагӯӣ, аз кафат берун шавад .

Ин андарз раҳнамои зиндагиам буд.Раис ба ободии рӯзгори дигарон ғамхорӣ доштанду…
Ҳини арӯсӣ дар хонаамон аз моли ҷаҳон ду намуди кӯҳ надоштем. Вале баҳор омад. Кори саҳро оғоз ёфт. Баробари ҳама палмкаши намудам,то баддаҳанҳо таъна назананд шавҳарамрову нагӯянд ки :
- Чаро мо пору кашему зани раис дар хона хутошону пардоз дошта бишинанд?
Он айём техникаи асосии нақлиётӣ хар буд. Раис он намади хонаамонро ,ба устои тӯқумдӯз доданд. Хонаамон урён монд. Аз Ҳасани Эшон панҷ кило бузмӯ харидем. Апаи Норҷун духтари Муллоҳусейн аз он бузмӯйҳо бароямон гилем бофт.
Як кӯрпа доштем, кӯрпачаро орзу мекардем. Ба хона меҳмон ояд, зуд барои кӯрпаву кӯрпачаҳо ба ҳавлии окои Қурбонбоқи медавидем. Аммо аз нодори ба кассе лаб намекушодем. Вале ҳоли мо ба дигарон аён гашт. Азизмуҳаммаду Мирзосидамин ҳарду як кӯрпаги ба мо гӯё хона муборак оварданд, – ҳарчанд ки муздашро додем. Апаи Ағобико дегашро ба мо ҳадя кард. Аҳрори мадрушкади – ҳо ҳамон шофёри
олиҳиммат як деги дигар харида тӯҳфа намуд.
Ба хонаамон агар меҳмон ояд то гуселаш хеле азоби рӯҳи мекаши – дам. Чаро, ки ҳеҷ асбобу анҷом надоштем. Барои қабулу гусел маҷбур будем, ки ба ҳамсояҳо муроҷиат намоем. Худам як соғу доштам. Ба мани наврӯзгор апаи Ниёзбибӣ як чойник, як пиёла, бибии Бадалҷун, лаганд, аз Саидаҳмад, як карсун аз Устомаҳдризо «инъом» гирифтем. Косаҳоро бошад аз хонаи Қурбонбоқӣ «прокат» меовардем.
Қурут мепухтем барои меҳмонон аммо кӯза холӣ. Ҳамсояамон апаи Зубайдамо, илоҳи ҷояшон ҷаннат бошаб рӯғанам медоданд, кулӯлаи чойро ба зани раис духтари Мирзокарими Маҳадлатиф дароз мекард.

Шукри худо ин нодорихо зуд рафъ шуданд
То ба дилварзин омадани огили манн кариб холи буд.

Солҳои шастум Боҳиров сардори ҳукумат буд. Раисро миннат карда мегӯяд:
– Навруз, худат гов надори, бо кадом забон ба колхозчиён рӯзғордорӣ меомӯзӣ ? Нафаҳмидӣ, ки «мол дори ҳол дорӣ» гуфтаанд. Пагоҳ бояд дар оғилат гови чанбаршох бинам.
Соли 1962 мо соҳиби гов шудем. Аммо алафро раис аз хоҷагиҳои Марксу ба номи Ленинобод мехариданд.
Додари азиз, аз мохонаи раис ҳаргиз напурсед. Дар сандуқ ягон бор пасандоз надоштем .Шукри Худо кирмакпарвар шуда рӯи пула дидам. Даҳ бача калон кардам. Вале то дами нафақа ягон рӯз аз кори саҳро канор набудам.
Кори рӯзғорро ҳам шукри худо ӯҳда мекардам.
Ҳазор бор шукр мегӯям худоро, ки дар паҳлуи ин марди бузург хуш гузашт умрам бо ҳама бешу камаш. Ҳамсарам марде шикастанафас, фурӯтан, меҳмондӯсту сӯҳбаторо ҳастанд. Умри азизашонро дар хиз- мати халқ пушти сар намуданд. Мешуд, ки ҳафтаҳо ба хона сар наме- дароварданд. Аспакию пиёда тамоми қитъаҳои замини пахтаро шабу рӯз зери назорат доштанд. Ба хона танҳо риштароши омада, либосҳои арақдамидаю шӯшабастаро иваз намуда, боз ба саҳро рӯ меоварданд. Аммо ҳаргиз бе мутолиа набуданд, лакоту шалпар ба хона меомаданд. Хӯроки дӯстдоштаашон угрои сералафи бадӯғ буд. Модарам – Тан – зиламо домодашонро хеле дӯст медоштанд. Ҳар гоҳ раис ба хона оянд модарам косаи ош наздашон мегузоштанд. Бо иштиҳо таомро лабкаш намуда, даст ба китоб мебурданд. Байтҳои дилбозро гулчин намуда ба дафтарашон навишта азёд мекарданд. Баъд ҳар мисраъро ба ману
фарзандон гӯшрас намуда маънидод менамуданд.
Додар пургӯӣ кардам?
– Не, марҳамат, идома дихед.
– Чилу чор сол раис буданд. Аммо гоҳе ғамгину малул медидам ишонро, вале ҳарфе ба ман намегуфтанд. Боре пас аз се рӯз ба хона омаданд. Риш расида, чеҳра офтобсӯхта,лабҳо парсингбаста, ғута дар обу арақ, як остини курта нест.
- Ин чӣ ҳол аст, чо кардед ? Ягон кас задтун ? – худро дошта натаво- ниста гиристам.
- Ҳеч гап не, остинама саг даронд.
- Не, аз барои худо, ба сари баччаҳо гӯед ки чӣ шуд ?
- Ахмоқ, худоро шафеъ набиёр. Як обмони муттаҳам ҳақоратам дод.
- Наход бо ҳақорат остин дарад ? Било пагоҳ мебурому хунама дар сараш рӯшан мекунам.
– Хап шин, айба медунӣ ? Ман адабашро нағзакак додам, хез чой биёр. Як дафъаи дигар, додар ба хона омада худро касал сохта, се рӯз кор нарафтанд.
– Ҳа додош чӣ шуд ? Касал нестед, барои чӣ идора намеравед ?
- Тобам не, дигар хоҳиши кор надорам. Баъдтар фаҳмидам, ки котиби райком дар ҷамъомаде гуфтааст:
– Ман раиси қаҳрамонам гуфта ифтихор мекунӣ, лекин дар колхозат баъзеҳо гов медузданду чаро намебинӣ ? !
- Бар падари дузд ланат, идораҳои қудратиат дуздро ёбанду ҷазо диҳанд. Агар маро бо тудаи дуздон мансуб медонӣ, инро исбот кун, бародар ! – чавоб гуфтаанд раис.
Рости гап, шавҳарам ҳаргиз бо дурӯғгӯёну танбалон созиш надош- танд. Ва таҳаммул намекарданд ба ҳарфи сарвароне, ки айби худро ба шахсони дигар мепартофтанд.
Гоҳе ба мисли кӯдак гиристаанд. Шояд шарҳи ин раво набошад ба бачаҳо мегуфтанд:
- Фарзандонам, хоки поҳотон шавам. Панҷ вақт намоза тарк накунед, фарзандонатонро ба масҷид баред, дар назди уламо хононед. Коре на – кунед ки ба ман лаънат расад. Ба нафс амир бошед. Меҳнат кунед. Ҳалол хӯред. Ҳаргиз суханчин набошед. Бо хубон шишту хез кунед, аз паи ҳавову ҳавас умри худ барбод надихед. Ман аз осори гузаштагон пандномае бароятон таҳия кардам, аз руи он ба сар баред. Вагарна дастам берун аз гӯр.
Бумор сар аз хоб бардоштанд. Ва аёдаткунон хонаро пур карда бу – данд. Сурайёву Шарифамо аз сӯҳбати апаи Рисолатмо лаззат мебур – данд.
Мариз нӯшоба хостанд. Маҳадориф ба ишон шарбат дод. Муйсафед хушнуд шуда ба атрофиён назар афканданд.
Як – як ҳамаро ҳолу аҳвол пурсиданд, мисли он, ки дигаронро ба дидор рафта бошанд. Гуфтанд :
– Шарифомо, ба дафтаратон нависед:

Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накар дӣ.
идома дорад….

САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)4

Falling Apple
Он шахс дар идораи ҳукумат шумо – раисро озурд. Ин дафъа ояд навиштаи ҳозираро наздаш гузоред. Ғамгин нашавед бадро бадии хеш кифоят бошад.
Аксар ояндагон ба одоби аёдати бемор ончуноне мебояд, риоя доранд. Вале бархе барои худнамои шахси беҳолу ранҷурро бо лаҳни дағалу гӯшхарош садо баланд карда:
– Ҳо ако мегӯм, ки чуту ҳайед ? Шермард чашмҳоро акка кунондед – о. Набоядтун ҳам базӯр – базӯр хӯрдан гиред, як гап мешавад. Ин гап ба ҳеҷ касс аз шунавандагон мақбул набуда. Вале гӯяндаи “ донову хиранманд ” то дер чашм аз мариз наканда, ҷоя майда менишинад.
Банда акоро хеле хушҳол ёфтам. Ишон гулгуну хандон … Сабаби инро низ худам пай бурда будам. Дар роҳ мошиниҳокими вилоятро дучор омадам, ки бо сардори ноҳия С. Шарифов аз ҷониби хонаи Наврӯзмуҳаммад ба ҳаракат омада буд.
– Ҳокими вилоят Қосимов ба диданам омаданд, додар, суханҳои тасаллибахш гуфтанд, як пиёла чой гирифта рафтанд. Тӯҳфа ҳам оварданд. Муллошомирзо нависед :
– Устод бифармоед :

Афтодагӣ омӯз, агар толиби файзӣ,
Ҳаргиз нахӯрад об замине, ки баланд аст.

– Шарҳ диҳам ?
– Не, ако, мақсадатонро фаҳмидам.
– Саломат бошед.
– Устод, иншои хатмкунандаи мактабе ба дастам афтод. Муаллиф шуморо қаҳрамони шаш майдон хандааст. Вале марди ҳикматдон, устоди деҳқонон, падари меҳрубон, ростқавлу покниҳоду поктинат ситоиш кардааст. Ин ҳама суханҳо умумиву бедалел.
Устодро нафорид гуфторам, ки бо оҳанги норозиёна:
– Ман аз осмон ситора наовардаам. Ситораи тиллогине, ки болои синаи банда ҷило медиҳад бароям хеле муқаддасу пурарзиш аст. Вай азони манн нест. Он ситораи нерӯву қудрати халқ аст. Халқ – ҳамдиёрон дар майдони зери осмони офтобаш сӯзон, алайҳи ташнагӣ, маризӣ, гуруснагӣ, сардӣ истодагарӣ бинмуда алами Зафар ба ҷилва овардаанд. Онон – ҳамдиёрон – ҳамон эсизиву муждифиҳои сарлучу пойлуч буданд, ки аз паси ман ба корзор шитофтанд. Дашти ваҳширо мисли дигар масчоҳиёни сар то по ором карданд, ба худ мутеъ сохтанд.
– Ҳо додар, нек қазоват кунед. Гузаштагонамон ва мо худ алҳамдуллилоҳ аз дили ҷешилу санги кӯҳ ризқ рӯёнда мардумони дигар шаҳру навоҳиро аз чанголи марг борҳо раҳои бахшем. Ҳамту не, ё газоб меҷӯям ?
– Не, ҳаргиз, шумо ҳақед.
– Пас чаро аз дили хок зар нарӯёнем ? Албатта, осон набуд ободонӣ, азхудкунии дашт. Ҳама пиру барно қаҳрамонӣ нишон дод. Пас, ба навиштаҳои он нигоранда ҳаргиз розӣ нестам. Мабодо дар рӯзнома он навиштаҳоро чоп накунед. Агар муаллиф халқро фотеҳу қаҳрамон мегуфт…
– Марди хирадманд ҳаргиз таърифро дӯст намедоштанд. Аз фаъолияти ишон пурсон шавед, мегуфтанд: ин кардему он анҷом додем. Ва ҳамвора пеши назар ҷонфидоии аҳли диёру дигар ҳам – сангаронро меоварданд. Нашнидаам боре гӯянд: ин кардему он сохтам. На, худхоҳону манмангуёнро аҳли сӯхбат намепиндоштанд.
Аммо ҳамагон медонанд, ки муаллифи иншо, ки Наврӯзмуҳаммад Рачабовро дар шаш чабҳа қаҳрамон хонд ғалат нагуфт. Далел: 1 Ба ҳайси муаллим алайҳи бесаводи инқилоб дар равони ҳамдиёрон чиҳод дошт. 2 Алайҳи хунхории гитлерӣ ҷонбозӣ бинмуд. 3 Раиси колхоз ба номи Сталин. Тавонист як хоҷагии мардумонаш қашшоқу дар дами маргро аз гуруснагӣ раҳоӣ бахшад. Иқтисоди колхоз ғани гашт: ҳам гандум фаровон ҳам чорво афзуду хам хусули боғ зиёд шуд. 4 Фатҳи Дилварзин. Колхози “ Зарафшон ” дар ҷумҳури соле то 43 сентнер зар бардошт. 5 Ӯ директори савхози навбунёди “ Правда ”. Коргари тӯли панҷ соли сарварии ин мард ҳосили мислаш диданашу- да ба даст оварданд. 6 Бозгашт ба хоҷагии “ Зарафшон ”- и аз зараф – шонӣ монда. Ҳосилнокӣ, ки дар замони раисии ӯ 43 буд, ба 26 фуро- мад. Кашфи навбати дуюму сеюми азхудкунии Дилварзин.
– Бо ин таҳлили шумо ҳам чандон ризо буда наметавонам. Агар, ки пиру барно дар ҷабҳа баҳри саводомӯзиву пирӯзӣ бар душман, тараққии соҳаҳои хоҷагӣ, азхудкунии дашт якҷону яктан муттаҳидона бо азми комил корзор карду Раҷабови маъюб як фарде паҳлӯи онон ба табарзан ҳам мегуфт, хубтар буд .
Мирзо Нуров афзуд :
- Соли 1965 фармони раиси Сарвари Советии Олии ИҶШС дар бораи ба пешқадаманаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон додани унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ба табъ расид.Он ҷо номи Наврӯз Раҷабову Ҳоҷи Амиров ҳам буд. Баътар аз Иркутск яке аз қумондон- ҳои аскарони сурх, ки муддате дар Ревомутк қарор доштанду дар пахши ошӯбҳо ва барқароркунии Ҳокимияти Совети дар соли 1923 ҷангида буд, нома расид. Вай нигошта буд : манн дар ҳайратам, ки дар кӯҳистон, ки ҳаргиз ба пахтакорӣ мувофиқ нест, мастчоҳиён чӣ гунна “ қаҳраман ” эҷад намудаанд ? Шояд зери нохунак гирифтани кали – маи қаҳрамон барои аскари сурхи собиқ чашмбандиву қаллобиро мефаҳмонд ?
Вале номaнавис ғалат карда буд. Пеонерон – кашшофон чанд сурати қаҳрамонону манзараҳои Мастчоҳ ва ба води муроҷиат кардану қаҳрамони воқеи буданро бо далелҳо навишта ба он марди ба шубҳа уфтода, фиристоданд. Собиқ қумондон аз мастчоҳину қаҳрамонон узр хост.
Ба ҳамсӯҳбатам чой дароз кардам. Аммо дастам гӯё ҳайрон монд. Ҳазрат дар ҳоли хоб. Ба чеҳраи марди нурони вали аз дарди ранҷи ҷонкоҳ азиятдидаи пӯсту устухон шуда дида дӯхта, қиссаҳои аз ӯ шунидаам якояк пеши чашм ҳувайдо мегаштанд.
… Соли аввали раисӣ – 1944 барои ин мард осон набуд. Даст маъюбу докппечу ба гардан овезон, миён ҷароҳотдида, по тирхӯрда. Ба худ андешид : лейтинант, сарвар шудӣ, муаллим будӣ, эҳтиром доштӣ, ба ҷанг рафтӣ, сарбаланд боз омадӣ. Акнун ё аз ин имтиҳони роҳбарӣ – мартабаи падари халқ будан баромада метавонӣ ? Такя ба худову халқи вай кун, ки иншоолоҳ ноумед шайтон будааст.
Мӯйсафедони диёр самандеро бо зину лаҷом ороста ба назди раис омаданд :
– Мана додар, ин Ҷеран дар ихтиёратон, бисмилло гӯеду савор шавед. Пиёда нагардед.
– Дастам маъюбу – гуфт ба табассум ба ҳозирон.
– Боке не. Ҷеран меҳрубону гапшунав аст. Худованд кушоиш диҳад ба шумо …
– Раҳмат, аҷр аз худо бинед.
Раис бо азобе худро болои зин гирифт.Ҷеран гуё ҳама ҳоли худовандашро медониста бошад, наҷунбида гӯш ба фармон бурд.
Лаҷомро кашида, аспро чониби саҳро гардониду чу, “ чонвар “ гуфт.
Гандумзори кабкабуди аз замин қариб як ангушт боло қад кашида, зери курпаи барф ба ноз хоб.
Дарахтони урёнро наззора бинмуд. Гӯё маҳтобӣ гуфташ:
– Раис, ғам махӯр, ту тирамоҳ моро об додӣ. Баҳорон саропо ҳоли шукуфон бубин.
– Аз тухмавизу толқун турову ҳама паррандаву чарандаро иншоолоҳ, сер хоҳам кард, – гуфт Тут. Ва :
– Илтиҷо дорам ману манҳоро аз офати табардастони бедод эмин дор.

Саманд аз бағали чангали зирк кадам мезад.
Зикрхори азамати урён лаб ба сухан кушод:

– Эй марди шариф, ба поям бингар, диди паҳлӯи ман холист. Ин субҳдам шахсе чакманпуш бо зоғнул решаи ҳамсояам кофту бо худ бурд. Акнун бар асари кирдори он ноҷавонмард решаҳои ман низ озор диданд, ки дар вуҷуд эҳсосе дард мекунам. Агар бародар чорае наандеши мо ҳама нобуд мешавем, бо мавҷудотамон қирон хохад расид. Ва ҳусни диёр мекохад, бадтар аз ҳама охир мо дору ба ҷисму рӯҳем. Баргу тана, меваам ба ҳазор маризиҳо даво.
– Осуда салтанат намо, зирк. Ман тадбирҳои ҳифзи туву ҳамчинсо- нат хоҳам дид.
– Худо ҳофизат бод, марди дардошно.
Аспи роҳрав ногоҳ бозистоду гӯшҳояшро “ ҷур ” карду чап нигарист. Савора ба он тараф дида дӯхт. Чизе ба чашм нахӯрд. Вале донист ки касе бо табар ба дарахте бархӯрд дорад. Ҷеран ба ҷониби табардор чорхез давид.
Пай буду Ҳайдар не. Ҷисми Санҷиди пир, ки дар кӯҳистон Ҷигда- аш мехонанд маҷрӯҳ. Чанд шохи азим аз танаш мехобиданд. Танаи бедастмондаи дарахт мегирист .
– Шукри Худо, ки ту омадӣ дӯст, агар лаҳзае чанд дер мекардӣ он нобакор маро аз қаъри замин берун оварда, тӯъмаи оташам месохт.
– Иншоолоҳ туро Санҷид умри дубора мебахшам, маъюс мабош,
– гуфт марди савора.
Аз ин ҳол раис малул гашт. Шабонгаҳ чун одат ҳамаро ба маҷлисгоҳ хонд. Аз ин дидаҳо сухан кард. Гуфт : Агар боре навдаи сул ё шохчаи ҷӯробак бурида бинам, вайронкорро дар ин ҷо ба маҳкама мекашам. Ба ҳама қисматҳо дидбонҳо таъин намуд. Боғу роғ аз табоҳкорон наҷот ёфт.
Аммо Ҷеран аз лаҳзаҳои нахуст бо раис унс гирифт. Савора ҳай – вонро зулм нмекард. Ҳаргиз. Дар ҳаққаш ғамхор буд. Охир ин ҳайвони безабон низ ҷон дорад ва ҷони ширин барояш хуш аст.
Раис дар фазилати асп аз китобе хонда буд: Асп аз бехтарин ҷон- варони ҳасби сурат ва сират ба ҳар ранге бошад. Ва аз ҷамиъи ҳайво- нот ақлу фаросати ӯ бештар ва аз ҳама тезравтару шунавотар.
Ва ахлоқи некӯ дорад. Чун фармонбардорӣ ва зиракӣ ва риёзат. Дар шарафи ӯ ҳамин шофист, ки Рисолатпаноҳ (с) фармуда : Ал – хайру маъқудун бинавос – ил – хайли илло явм – ил – қиёматӣ, яъне некӯӣ баста шуда ба мӯи пешонии аспҳо, то рӯзи қиёмат. Ва низ он Ҳазрат (с) фармуда, ки малоик дар лаҳву бозӣ ҳозир намешавд, магар вақти бозӣ кардани мардон бо занони худ ва дар вақти асп давонидан ва тир андохтан. Баъзе уламо бар онанд, ки хилқати (сиришти ) асп пештар аз одаме аст. Ва гуфтаанд. Аввал касе, ки бар асп савор шуд, Ҳазрати Исмоил (а) буд. Пеш аз он аспон мусаххари касе нашудаанд.
Дар сӯҳбат ва мартабаи ҳайвонот сухан рафт. Акои Наврӯзмуҳаммад гуфтанд:
– Дар рисолаи “ Саёдия ” хондаам : Агар дандони асп ба кӯдак банданд, дандонаш бе садама барояд. Мӯи думаш ба ҷое биовезанд, пашшаҳо он ҷо наояд. Агар сумаш дар хона дафг кунанд, муш аз он ҷо бигрезад. Ва агар хуни асп дар гӯш чаконд, дард дафъ гардад.
Мулломаҳмад Азизов – аз дӯстони қаҳоамони мо вориди сӯҳбат шуд.
– Наврӯзмаҳаммад бароям мартабаи устодӣ доштанд. Соли 1970 раиси колхози ба номи Куйбишев интихоб гаштам. Омаданду табрикам гуфтанд.
Аз меҳр бо лаҳни “ Ту ” муроҷиат менамуданд, ки хушам меомад. Боре танбеҳам доданд :
– Мулломуҳаммад, тундӣ макун, додари ако.
Аз дуруштӣ дӯстон бигардонанд рӯ !
Марде, шикастанафсу фурӯхтан, орифу сарвае варзида мешинох- танд устодро.
Ҳар бор ба маркази вилояту ҷумҳурӣ сафар кунанд, дар бозгашт бо як бағал китоби тозаинтишор вориди хона мегашттанд. Дидаам басо сарварону зиёиёнро, ки танҳо барои намоишу пур кардани рафҳо адабиёт харидорӣ менамуданд. Наврӯзмуҳаммадро китобхона Дил буд.
Ёвагӯву абедонишонро аҳли сӯҳбат намеҳисобиданд. Рукегӯ аммо ҳақгӯ фарде буданд.
Пирамарди миёнақади ришаш мошубиринҷ ба аёдати бемор омад. Чеҳра барои аҳли хонадон ношинос. Нишасту аз мариз ҳолу аҳвол пурсид. Бо ишораи сар “ посухи ” шукр хубам, раҳмат мӯйсафед, хуш омадед” гирифт.review of the literature
Аёдатгар :
– Агар малол наояд, банда “ Ёсин ” хонда куф кунам. Шояд худованд ба дардашон даво бахшад.
– Кошки, дар даму нафасатон мурам, тақсир.
Бемор аз нафаси он марди бузург бо марҳамати офаридагор дар ҷисму рӯҳаш сабукие эҳсос бинмуд. Аммо пас аз рафтани ӯ аз фарзандон пурсид.
– Мӯйсафедро мешинохтед ?
– Не, надонистем.
… Наврӯзмаҳаммад ба дидани Абдурозиқ ( равонаш шод бод ) падари сармуҳосиби хоҷагии “ Зарафшон ” Боймурод, ба колхози ба номи Фирдавсӣ меравад.
Ҳамин мард низ ба он хона меояд. Пас аз Раҷабов мепурсад :
– Мугӯем, раиc, мана шинохтед?
– Чехраатон шинос барину…
– Не, нашинохтед. Аммо ман то дами марг наметавонам некии шуморо фаромӯш созам.
Ҳамсӯҳбат маънидор ба сӯи гӯянда назар афканд: Хуш бифармоед, агар ҳарфе хуш аст.
Солҳои баъдиҷангӣ. Гуруснагиву нодорӣ ҳануз домангири ҷомеа буд. Аммо бандаро нияти тӯи хатнаи писар ба сар омад. Аз Ӯротеппа биринҷ овардам. Ҳамаи маводи ба кори хайрро пайдо намудам, ҷуз рӯған. Шунидам, ки колхози ба номи Сталин равғани зағир мефурӯх- тааст.Рӯ ҷониби Эзис ниҳодам. Ба идораи раис даромадам.Ҷавоне
хушсурату пероҳани ҳарбӣ ба тан хуррам истиқболам намуду :
- Марҳабо, ако, агар ягон хизмате доред гӯшам ба шумо – гуфт.
Матлабамро баён намудам. Раис сар ба зер афканду ба андеша фурӯ рафт. Баъди лаҳзае сар бардошту сармусоҳибу мудири анборро наз- даш хонд:
- Меҳмон аз Сурхкат, исмашон Раҳматулло: Ба коре хайр камар бас- танд. Аммо мушкилоте доштанд: равған.
- Бо қарор фурӯши равғанро қатъ кардем- ку – авзуд сармуҳосиб.
- Дуруст мегӯед, – афзуд раис, – аммо меҳмонро ноумед бо дасти холи гусел кардан оё хуб аст ?
- Не албатта.
- Биёед қонуншиканӣ мекунем. Ҳочати мехмонро бароварда сохта, пас он амали қарорро риоя намоем.
Агар шумо бароям некӣ раво намедидед, маро роҳи ағбаи барфпӯшу душвор интизор буд.
Чун ин гуфт чеҳраи Наврӯзмуҳаммад ба сони гули намози шом шукуфта гашт.
– Хайрият “ чобаатонро “ холӣ нагузоштаам. Вагарна ин дам бади ним аср мегуфтед:
– Ноодам, маро ноумед гузоштӣ . Хандону хушҳол пир ба муҳосиб ба забони бузургмарде фузуд:

Рав некӣ бикун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некӯвон настонад.
Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ ки ба ҷои мол некӣ монад.
Раҳмат додар. Аммо он рӯз байте гуфтед, ки ин буд.

То тавони ҳоҷати мискин барор
То барорат ҳоҷататро кирдигор.

Ба қавли ако Наврӯзмуҳаммад Мулло аваз қарзи фарзандпадарии хеш он чунон ки бояд ба ҷо овард. Тӯлӣ беш аз чор моҳи маризӣ то охорин нафас сари бистар паҳлӯи бародар қарор дошт. Муҳобот на- хоҳад шуд агар гӯем : аз ӯ дида касе беҳтар “ ташхисгаре “ аз ҳоли
Наврӯзмуҳаммад пайдо нест.
– Бародарам хурду калонро, қатъи назар аз он, ки ӯ дар кадом вази- фа фаъолият дорад, зҳтиром ба ҷой меоварад. Аммо худо накарда ҳарфе носазо аз касе бишнавад – ҳамон замон дар ҷояш посухе сазовор мегуфт: Колхози “ Зарафшон ” дар ҷумҳурӣ аз хоҷагии ҳосили аз хама баландгаринда буд. Роҳбарони ноҳия ҳар сол як ду сентнер ба ҳосили рекордӣ бор мекарданд. Ин амал косаи сабри раисро лабрез кунонд. Дар як ҷамъомади калон ба супоришгар бо ғазаб гуфт:
- Мо ҳосилро ба 43 – сентнер расонидем. Ин аз нақша беш аз даҳ. Инсоф кучост ? Имкони гирифтанаш 45 нест. Чаро дигар хоҷагиҳоро дида наметавонед ?
– Бардорад зам кун – ҷавоб гуфт котиби авали ҳизби ҳукмрони ноҳия.
Наврӯз паст омад :

САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)5

Immigration Family 004
- Даллоли бозорам гӯед, майлаш ҳар он чӣ ба зобон ояд таҳаммул накунед.
Сарвар сархаму хомҳш монд.
Маҷлиси пленуми райком ҷараён дошт. Ба Раҷабов сухан доданд. Ишон ба лафзи модарӣ баёни матлаб намуд. Волков – котиби опком раисро аз гуфтор боз дошту талаб намуд, ки бо забони русӣ гап занад.
– Ман тоҷикаму ҷамъияти тоҷиконро сарварӣ дорам. Аз ин рӯ, бо забони русӣ сухан гуфтан зарурате надорад.
Волков бо оҳанги амр :
– Русӣ надонӣ дар ҷоят шин – гуфт.
Нотиқ ба нигоҳи нафратзо ба гӯянда нигоҳе афканду толорро тарк гуфт.
Дар маҷлисе дигар, ки раиси шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ А. Қаҳоров ширкат дошту аз Раҷабовро ранҷонидани Волков малул буд, вақти ба минбар хондани раиси қаҳрамон фармуд :
– Марҳабо, Раҷабов бо ҳар забон, ки мехоҳеду бароятон мувофиқ аст, сӯҳбат кунед.
Бархе аз сарварони тасодуфиву ноҷавонмард ба сари ин марди поктинату поксиришт ба иллти оҷизиву нотавонбинӣ, бухлу ҳасад борони бӯҳтон рехтанд. Ҷурми дасти чапро бп дасти рост бор кардани шуданд. Мақомоти вилояту марказ айбҷӯёнро фош намуда, “ гунаҳ – кори ” , нокардагунаҳро аз хатори “ мешинонем ” , “ парвандаи ҷинояӣ боз мекунем ” раҳои бахшиданд.
Ҷ. Расулов дар як ҷамъомади калон ба Раҷабов “ амр ” намуд, то дига- рон донанд :
– Раҷобов бу руҳи ҷанговарона бо аҳли фаҳми хеш қадам гузоред. Аз касе ҳарфи носазо шунавед ба манн занг занед. Он “адолатхоҳон ” фаромӯш накунанд, ки Наврӯз Раҷабови қаҳрамон ифтихори мост.

Чун ин бишнидам, он лаҳза байти зер, ки дар “ Хирадномаи Нав – рӯзӣ ” сабт ёфта, ёдам омад :

Магзор худоё, ки шавад ҳеҷ мусалмон,
Хиҷолатзадаи тӯҳмати нокардагуноҳе.

Рӯзе шавқи дидори устод Муҳаммадрауф Ғуфронов дар дилам ба туғён омад.
Муаллимро ғарқи дар тафаккур ва дар чеҳра истиробеву ташвише дидам.
– Хайру хайрият ҳаст, устод ?
– Худоро шукр додар.
Сиҳат саломат ҳастем. Навакак аз ҳавлии қудоям, ако Раҷабов омадам. Ишон дер боз бистарӣ, хеле харобу лоғар шудаанд. Ду рӯз пештар беҳтар буданд.
– Бале, акоро дарди ҷонкоҳе азият дод, гуфтам.
– Худованд шифояшон диҳад. Лекин сад ҳайф, ки ҳамингунаҳо аз дунё мераванд. Аммо мурдан ҳақ аст, додар Раҷабофҳо ҳаргиз наме- миранд. Аз рӯзгори ин касс ба хуби огоҳам. Ростӣ, вақте” Вафо ” – и
Ф. Ниёзиро хондам, ба худ ҳукм намудам : Муаллиф танҳо тағйири ном карда, симои ҳақиқии қаҳрамони ҷангу меҳнат Наврӯзмуҳаммад Раҷабови ҳамдиёри моро қаламдод кардааст.
Аз хурдӣ орзу мекардам, ки агар рӯзе сарварӣ дастам диҳад, аз Раҷабов пайравӣ хоҳам кард. Шукри худованд солҳои тӯлонӣ дар ҷамъияти мухталиф роҳбар будам. Ва агар амале нек ба ҷой оварда бошам, тақлиде аз пирам Наврӯзмуҳаммад Раҷабов будааст.
Фахр мекунам, ки умри хеш ба ройгон надодаам. Дар меҳмондорҷ надидаам, ки кассе ба Раҷабов баробар бошад. Дар фазлу сухандониву кор бастан беназир буданд. Боре писарам, Инъомҷон – домодашон дар тиҷорат кораш омад накарду аз бархе қарздор монд. Қариб шаш моҳ “ ғайб ” зад, то мардикорӣ карда, сармоя пайдо бикунад.
Ин муддат мани шармсор мекӯшидам худро аз чашми қудоям дурр созам, то нагӯяндам : – ҳа, Маҳмадрауф ҳунари келиндориат 7амин будаасту…
Аммо ҳама кор акси ҳол рух дод. Устод дар ғайбати домодашон моҳе ду дафъа ба хона омада, аз ҳоли мо хабар мегирифтанд :
– Қудо, – мегуфтанд – духтари манн бачагӣ карда, мабодо шумоёнро озор надодааст ?
Ва Танзиламо ҳушдор моданд, ки :
– Духтарам, агар аз ин хонадон дастаи ҷорӯб аз ту озурда гардад, манн шод нахоҳам шуд.
Худоро шукр мегӯям, ки монанд ба қиблагоҳам устоди бузургвор, падари ғамхору бофарҳанг ёфтам. Иқрор мекунам, ки гоҳе аз фазлу сухани хусур “ хиҷолат ” мекашидам. Агар кор ба “ байтбараки ” андарзпазир оид мегашт, пирӯзӣ ҳаргиз сӯи банда майле намекардам, – ифтихормандона мегӯяд Инъомҷон.
– Наврӯзмуҳаммад Раҷабов дар чанд ҷабҳа ба ҷомеа мартабаи устодӣ доштанд : дар бобои сарварӣ, деҳқонӣ, тарбия, оиладорӣ ва амсоли инҳо, – меафзояд устод Ғуфронов – ҳаргоҳ ба колхоз “ уполнамоч ” ояд худро ноҷӯр ҳис мекарданд.
– Аз паси он “ мададгорон ” қадам монда худ роҳгардиро “ гум ” мекарданд. Бегона ояду ба мо “ чунину чунон кун ” гӯяд бароямон нанги бенангист, – норозиёна мефармуданд Наврӯзмуҳаммад.
Бемор ба атроф кунҷковона дида дӯхтанд. Фарзандон, наберагон чашм ба падар, бобо : Ҳама дар интизори “ лабвокунии ғунча ” ва шамидани бӯи атргул.
– Зафар, – садо бароварданд устод.
– Лаббай, додо.
– Шукри худованд индам хушҳолам, Ку бачам, ҳадисе бигӯ, ташнаам.
– Чашм :

Рост рав, ки ба манзил наравад каҷрафтор,
Мор то рост нагардад, наравад дар сӯрох.

– Офарин, писарам. Аммо бигӯ, ки ин андарз аз куҷо ҳифз кардӣ ?
– Солҳои донишҷӯӣ. Аз “ панду ҳикматҳо ” .
Мӯйсафед хандида, бо шеваи шӯхӣ :
– Не, ҷон, ин мираъҳоро аз “ Хирадномаи Раҷабов ” гирифтаӣ. Агар вақти таҳия аз бар мекардӣ, кайҳо бароям мехондӣ. Мардона иқрор шав.
– Оре, ҳақ гуфтанд Раҷабов, – хиҷолатманд, вале шӯхона ҷавобдод Зафар.
Ба андешаи он ки пирамарди ранҷурро аз вартаи маризӣ лаҳзае берун кашем, байбаракро идома бахшидем. Банда ин матлаъ ба забон овардам :

Эй кабки хушхиром куҷо меравӣ, биист,
Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард.

Ориф бадоҳатан :

Тавозӯъ ҳам такабур ҳарду даркор аст инсонро,
Ба гул шабам, ба оҳан оташи сӯзон даркор аст.

Маҳадбоқӣ афзуд :

Зиндагонӣ роҳаташ дар ибтидою интиҳост,
Ё лаҳад ҷои фароғат ё канори модар аст.

Нодирамоҳ гуфт :

Нармӣ зи ҳад мабар, ки чу дандони мор рехт,
Ҳар тифли найсавор кунад тозиёнаш.

Маҳадшариф аз ҳарфи Бедил :

Марги дарёдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӣш гардад, доғи маҳфил иешавад.

Сухан аз Мавлавӣ, гуфт Танзиламо:

Зоҳиру ботин агар бошад яке,
Нест касро дар наҷоти ӯ шаке.

Шукур садо дардод :

Бо бад манишин, ки сӯҳбати бад,
Гарчи покӣ, туро палид кунад.
Офатеро ба ин бузургӣ,
Порчаи абр нопадид кунад.

Фаритамо низ :

Чаро парвоз кардӣ дар фазои худписандиҳо,
Ба пастиҳо назар андохт бояд аз баландиҳо.

Ҷумъабой сар бардошт :

Синае аз хонаи оина дорам поктар,
Ҳар чӣ ҳар касс оварад, бо хеш меҳмонаш кунам.

Азизмаҳмад, – набераи устод, он бачаи закмтабъ мегӯяд : – Ба такрор аз забони бобои бузургворам шунидаам :

Ба савганди норост макшо забон,
Ки дилро газанд асту ҷонро зиё.

Устод ҳозирин – фарзандонро баҳрисозмондиҳии базми шеър шодбош гуфта, бо ин ду мисраъ андарзхониро ҳусни хотима бахшиданд :

Сидқ меод ба ҳар коре, ки ҳаст,
То фитад домони мақсудат ба даст.

- Бале, ҳазрати Мавлоно, Абдураҳмона Ҷомӣ барҳақ фармудаанд, – ба тафсиру шарҳи маънӣ пардохтанд. – ако Наврӯзмуҳаммад пиёлаип чой ба даст бигрифта. – Бигиред фатҳи Дилварзинро. Агар кӯҳистониён бо азму яктан амал намекарданд, чӯлистон, хористон, макони ваҳш, ҳаргиз ба Инсон сари таслим фуруд намеовард.
Марди набард оҳе кашид, чашм ба нуқтае ноаён, “ насб ” бинмуд ва мутафаккиру хамӯш буд.
Оре, ҷангсолор чу ғаввосе “ дамдор ” дар қаъри дарёи ҳодтсаҳо, амалиётҳо, бурду бохтҳо, шодиву ғамҳо “ даступо мезад. Он ҳама ҷон- бозиҳои ҳамдиёронро дар роҳи ба гулистон бадал сохтани дашти лабташнаву синабирён пеши назар меовард. Ӯро гузашта ёд омад.
Наврӯзмуҳаммад раис буд. Раиси хоҷагии овозадори ба номи Сталин. Ҳаргиз наметавонист соли авали раисиаш аз зеҳн зудояд. Аб – ри ҷанг болои Эзиси фарсахҳо дур аз ҷабҳа борони бадбахтӣ рехт. Нон тухми анқову шири мурғ буда, гӯӣ. Року ашкаки роба, шилму корав, барги хору торон, орд пӯчоқи донаи зардолу хӯроки маъмули деҳотиён будааст. Гуруснагӣ ашхосе чандро ба гӯристон бурд. Шукри худо маризиҳои ҷанг шифо ёфтанд. Шарофати роҳбарии ӯҳдабароёни қаҳрамони набарди алайҳи фашистон хоҷагии иҳтидораш заиф дар сафи пешқадамон маскан гирифт.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ нимаи дуюми солҳои панҷоҳум муҳоҷирати кӯҳистониён ва Дилварзин оғоз ёфт. Аммо таъкид менамоям, ки ҳиҷрати марди кӯҳистонӣ ба водӣ ҳарчанд он замон дарднок буд, вале амале шоиста ба бор овард. Акнун манзараи он айёмро ба ҳадди тавон пеши чашми хонанда ба ҷилва меорем.
Ҳар оилаи ба макони нав азми сафардошта, бо “ иродаи ” хеш анкета пур мекард : “ Ман фалонӣ валади фалонӣ бо хоҳиши худу аҳли байтам, қасди кӯч ба Дилварзин дорам ” . Ҳақиқат на чунин будааст. Ҳукуматдорон бо такя ба нерӯҳои қудратӣ – милиса, додситониву додхоҳӣ аввал фаъолонро – соҳибони ҷоҳу мансабро равони Дилварзин намуданд. Мсъулони муҳоҷиркунонӣ дар ҳар деҳи кӯҳистон бешармона мегуфтанд бо овози баланд :
- Чун по ба макони нав гузоштед, шуморо хонаҳои ободу муҷаҳ- ҳаз, мактабу бемористону кӯдакистон ба оғӯш хоҳад гирифт. Мағозаву чойхона, сартарошхонаву ҳоммом ва амсоли ин омода ба хихмататон хоҳад буд.
Аз издиҳом касе садо дод, ки :
- Банда тарки макони аҷдодӣ бинмуда, ба Дилварзин меравам.
Ниҳоят сиёсати диктотурӣ пиёда гардид. Дар баъзе кишлоқҳо “ миёни ” хонаҳо – он вомондаҳои бобоёну бибиёнро бо сим баста ба мошинҳо пайваста, ба замин яксон сохтанд. Гарданшахон сили хӯрданд. Дар баъзе маҳаллоти дигаре, ки аз роҳи мошин дур воқеъ буданд “ шавқату раҳми ” камандаи “таъиноти махсуси ” муҳҷиркунонӣ бо зоғнӯл бомҳоро канда, манзили ободро ба чордеворе, ки баъди бомбабронкунии фашистон дар манотиқи ҷангзада боқӣ мегузошт, табдил доданд.
… Тағоймурод азбаски қисмати кӯли муҳоҷирин яксон буд, ( ин номи шартиро аз он корвониён пазируфтем) бо хешу ақрабову аҳли оилааш бо дидаи гирён савори мошин роҳи водӣ пеш гирифт.
Пеш аз ҳаракати мошин масъули ҳукумат ба дасти Тағоймурод қоғазе доду гуфт:
– Ин, анкета, мувофиқи ин ҳуҷҷат ту азми дил ба азхудкунии дашт меравӣ, даҳ сол бояд дар футӯҳоти чӯл камар бандӣ, баъд чор тарафат қибла, ҳар ҷо, ки хоҳӣ бирав.
Марди муҳоҷир беэътиётона ба гӯянда нигаристу фузуд:
– Ба ҳарфи ту ҳаргиз бовар надорам. Иншооллоҳ руху арвоҳи гузаштагон туву думравонатро барои ин ҷиноят, ки манзили халқро хароб кардед, хоҳад зад. Ман ин ҳамаро аз Худо медонам. Агар аз мо бандагони осӣ ҷурме намегузашт ва арвоҳҳо намеранҷиданд, касе кодир набуд, ки лонаи гуҷишке хароб кунад.sahara_desert
Корвони мошинҳо деҳоти фалғариёнро ба ақиб гузошта, шабонгаҳ ба домани ағбаи Шаҳристон расид.
Мошинҳо чун қатораҳои боркаш паси ҳам боло аз Хушекат бозистоданд. Марди пиру асобадаст бо душворие аз сандуқи мошин ба замин фуромад. Комташро рост карду дар даст кафлеси чубӣ ҷониби дарёчаи шӯхоб шитобид, то барои ҳамсари маризаш об орад.
Баъди лаҳзае бо кафлеси пуроб оҳиста – оҳиста ба тарафи мошин омад. Кафлесро боло бардошт. Зани пир ба поён даст дароз кард. Сараш гаранг. Пеши чашмонаш сиёҳ, гӯё кӯҳҳову сангу дарахтон ба назараш ба ларза омаданд. Кафлес аз дасташ афтод. Аниктараш бигӯем зани бемору беҳол, ки аз бӯи бензини нимсӯхтаи дар умраш надида, дилаш “ кофт ” – қайд кард, хӯрдаҳо аз даҳонаш берун омданд, ё тавони бардоштани кафлеси пуробро надошт.
Пирамард ноилоҷ ба тарафи рӯдак қадам ниҳод бо чеҳраи ғазаббору зери лаб ғур – ғуркунон.
Бозмондаи автомабилхо дарди сафаракиҳоро гӯё бедор кард. Ногоҳ садои ташвишу истиробангези марде баланд шуд, ки мегуфт:
– Ягон мулло ҳаст. Бачама тарс гирифтааст, нафасаш кунед, аз барои Худо шитобед, кассе Қуръон мехонад. Тағоймурод марде буд, ки чанд ояте ғаз каломи шариф ҳифз бинмуда. Аз баҳри савоб зуд таҳорат сохту сари бемор омад. Каломи Худо ба забон оварду бачаи беҳушу ёдро куфу суф намуд. Пас аз дақиқае чанд кӯдак чашм кушод. Модар аз гғяти хурсандӣ, аз рухсори чун себи гулоби сурхи писар бӯсиду пистон ба даҳони тифл монд.
– Илоҳӣ барака бад, бобо. Дар курсиҳотун мурам, арзи миннат – дорӣ намуд.
Ронандагон ба “ халқи ” мошинҳои аз пубори ташнамонда об рехтанд.
Офтоб кайҳо паси қуллаи ағба ғайб зад. Чодари сиёҳи шаб дар дараи танг доман густурд. Баробари он хунуки – боди сард роҳиёнро, хоса кӯдакону пиронсолонро азият медод.
Шаб зулмониву пурбим. Бархе ҷонибдори он буд, ки корвон ба роҳ дарояд. Гурӯҳе пофишорӣ дошт, ки ин ҷо шабро ба рӯз орем.
Ниҳоят, сорбони корвон тасмим гирифт, ки таваккал ба Худо ба сафар идома бахшем ва сиҳату саломат ба он тарафи ағба гузашта, пасон соате чанд ғанаб равем. “ Ғанаб ” рафтан ба ронандагон зарур буд. Ба онҳое, ки рӯи сандуқи автомобилхо манзил доштанд ин нуқта аҳамияте надошт. Зеро онон метавонистанд бо “ аллаи ” мошин пой дароз карда фароғат бикунанд.
Барои ронандагон ин хеле аҳамиятнок буд. Чаро, ки аксари онон то ин дам фақат дар кӯчаву хиёбонҳои мумфаршу ҳамвори шаҳр мо – шин медавонданду шебу фарози ағба, каҷгашти роҳҳои пурбими кӯҳистонро бори нахуст медиданд.
Аз ин рӯ, бисёр ронандаҳо ҷонибдори он набуданд, ки дар ин зулмат ба қади ағба часпиданд. Вале аз сафари рӯзона ҳам дар бим буданд, ки мабодо оби радиатор чушаду мошин “ ҳаставу нафасгир ” шавад.
Баъди соате чанд ҳашт мошин қулларо “ фатҳ ” намуда, ба поён хамид. Акнун бо ҳамон суръат дар масири рӯ ба нишеб автомобилҳо “ нола ” надоштанд. Соате нагузашта, корвон дар домани ағбаи Шаҳристон “ лангар ” гирифтан. Саманди вақт ҷониби саҳар шитоб дошт. Мусофирони ин ҳашт мошин дар ҳоли фароғат буданд. Аммо калонсолон чашм аз роҳ наканда азозони худро интизорӣ доштанд.
Дар осмон ситораҳо базме ороста, сӯи ҳам ба чашмакзаниҳо “ сухан “ мегуфтанд. Моҳ миниртар буд. Дуртар аз меҳмонони ағба, рӯи қуллаи сиёҳи бадҳайбати самти шарқии кӯҳи арчапӯш абрҳои парокандаи хокистарӣ манзил доштанд. Аз ҷониби ғарб боди сарду нарме вазида бӯи мушкбези рустаниҳоро дар замини кӯҳ рӯидаро ба машом мезад.
Аз боло садои мошини ба пастӣ рӯ ниҳода аҳён ба гӯш мерасид. Вақти аз роҳи рост ба каҷгаҳ гаштан нури чароғи мошинҳо дили зулматро шикофта, ҳама ҷоро рун рӯз равшан менамуд. Аммо баъди лаҳзае боз дар дара лашкари торикӣ ҳукумат менамуд.
Пас аз нигарониҳо ниҳоят боз се мошин ба “ меҳмонхонаи ” ағба ву- руд кард. Ҳафт автомобили дигар мебоист ҳамин замон ояд. Апқти зиёде нагузашта, шаш мошин сиҳату саломат ағбаро убур намуд. Сорбно аз ронандаи охиромада сабаби аз корвон мондани он мошинро пурсид :
– Аз ҳама охир манн будам, – гуфт ронандаи тақрибан панҷоҳсола, дуди стгор аз даҳон берун карда ва илова намуд :
– Беҳтарин мошинҳоро дурустар тафтиш намоед.
Оре, Сорбон саҳв накарда буд. Баъди сухани ронанда рӯи дили он мард пардаи яъс пӯшонд : Ҳодисаи нохуш рӯй додааст – аз дил гузаронд.
Мард дар тахмини худ хато накарда буд. Дар хамгашти дуюми ағба мошини пурбор, ки аз ақиби қофила равон буд, дучори фоҷиа гашт. Ронанда, ки фармони автомобили кӯҳнаро ба ӯҳда дошт, ҳини ба поён роҳ пеш гирифтан хобаш омад.
Дақиқае чанд ба беру номад аз кабин, сигор кашид, ҳаво хӯрд, шамоли берун ба ҷисму ҷонаш таъсир кард , хобро аз худ дурр сохт.
Ин дам дигар мошинҳо аз ӯ хеле дурр рафтанд. Автомобил ба пеш хазид. Вақте аз хамгашти дуюм ба поён гаштанӣ шуд по ба тормоз бурд. Аммо … Он қисмат аз ҳоли итоат берун, фаъолият қатъ. Ранг аз рухаш парид. Лаҳзае худро аз даст дод. Вале пирамарде, ки пахлуяш хоб буд, холи ногувори ронандаро эхсос карда натавонист.
Ронандаи кордида худро ба даст гирифт. Фшнангро иваз кард, аммо суръат суст нагашт, томоз “гапношунав”.
Ҳаёту мамот дар ҳолӣ набард. Чӣ бояд кард? Ягона умеди наҷот ба чҷниби кӯҳ ба самти чап бархӯрдкунонидани мошин буду халос.
“ Даҳони ” автомобил бо шаст ба кӯҳ бархурду лаҳзае аз гуфтор монд, баъд саллаҳо ба қафо гаштанд. Ин дам фиғони саворон баланд шуд. Касе натавонист мошини ба лаби чҷрӣ равонро боз дорад. Мошин аз роҳ баромада рӯи бурси хурдакак, ки чун арӯс зебо буд,
чаппа шуд, ду ғел заду аррачағҳои поёнии онро боздоштанд.

Марду зани саворони оила яке сар ба харсанг хурду дигариро тобае ба қалб он чунон зад, ки пас аз лаҳзае нолаву авгон чашм аз ҳаёт барбастанд.
Ду кӯдаки яке чаҳору дигаре ҳафтсола бо ронанда сабук захм бардошта, зинда монданд.
Дамодами субҳ вақти чодари тираи шаб бо “ фишори ” пури хуршед бигрехт, ҳамсафарон аз фоҷиа огаҳӣ ёфтанд ва захмиёнро ба бемористони Ӯротеппа бурда, мурдаҳоро – зану марди ҷавонро ба дили хоки заминаш бесанги Дилварзин – макони нав манзил доданд.
Ҳанӯз ба чӯлистон нарасида, муҳоҷиронро ин рӯзи сиёҳ пеш омад. Шумхабар зуд ба кҳҳистон ба гӯши онҳое, ки мебоист рахти сафар буданд, расид. Кассе баъд майл ба ҳиҷрат накард:
– Ни чего подобно, врйна без патер не бивает, – гуфт масъули муҳо – ҷиркунонӣ ва мардумро мисли гунаҳкоре, бадномшудае, дар марзу буми аҷдодҷ бегуноҳе, ҳуқуқи зиндагӣ надоштае, иҷборан рӯи сандуқи мошинҳо чун колае “ ҳаво ” дода.
– Ба пеш, – амр менамуданд ба ронандаҳо.
– Майлаш, додар, ба ҷону дил кӯч мебандем. Ленкин чашм ба роҳ, асту дасту пои вазнин дорад, худо кушоиш диҳаду баъди ҳарфе чашмаш рӯшан шавад, худам мошин киро карда, ба Дилварзин меравам, – илтиҷо менамуд марде ба намояндаи ҳукумат.
– Не, рафиқ зани манн ҳам ҳомиладор аст, кассе ҳуқуқи таъхир намудан надорад, меравию халос, пагоҳ не, балки имрӯз ҷӯлу пҳстакатро бардори ба нағзӣ бирав, – бо лаҳни тунду дағалу таҳдид суханро ҷамъбаст кард вакили давлат.
Он мард ноилоҷ ҳамроҳи хешу табор, ҳадду ҳамсоя бору кола рӯи мошин ҳаво доду бо азобе ҳамсари маризашро дар сандуқи автомрбил ҷо кунонд.
– Худо накарда,ҳодисаеногувор ба ҳамсарам рӯй диҳам, к ибо ту фасонча баъд ҳисобу китоб мекунам, – ба вакил рӯ оварда вақти падруд ба зодгоҳ гуфтаму ҳини ба ҳаракат омадани автомобилҳо.
Вакил худро бо карӣ кашиду вонамуд сохт, ки ин хушдор нашнид, як каф нос ба даҳон партофту бо шахси дар паҳлӯяш буда бо табассуми сохтаву ноҷӯр – сак маккад гуфту ба ронандагон амри ҳаракат дод бо ишораи даст.
Бо ғурриши садои мотор навҳаи зану мард, хурду бузург дар фазои деҳ паҳн гадид. Баробари сокинони ин маҳал – ронандагону бошандавгон гӯё сангу чӯб, хору хас, кӯҳу нара, рӯдхонаву чашмаҳо, паррандаву чаррандагон аз дарди ҷудоӣ ба сони абри баҳорон мегиристанд. Ҳама азодор, мотамзада, ҷигарбандталафдода аз азизе умрбод ҷудо гашта, нолаву афғонашон ба осмон мехӯрд.
Сбҳи рӯзи дигар мошине, ки рӯи сандуқаш он марди озордидаву ҳамсараш мариз аз ҳамсафарон хеле дертар дар назди чойхонаи Гули Сурхи Ӯротеппа бозистад.
– Об мехоҳам, додош, – ба шавҳар рӯ овард зан, ки забонаш парсин- баставу ранг аз рухаш парида буд.
Марди шофбурут ҷисми хеш ба поён ҳаво дод, сҳи чойхона давид.
– Як пиёла об, ако – саломро гӯё фаромӯш кард, гуфт бо ҳаяҷон ба чойхонадор.
– Ҷӯи пуроб, ӯар қадам хоҳӣ бинӯш.
– Як чойник чой диҳед.
– Ҳа, чой менӯшам, гӯед.
– Ҳо чой мехӯрам, – бо ҳаяҷон такрор намуд.
– Чойнику чою пиёларо ба даст аз дар берун по ниҳодан баробар :
– Ҳой, мардак, шаҳр дарвоза дорад, чойникро ба куҷо мебаред, баргардед, ба берун бурдан мумкин не – садо баланд кард чойхонадор.
– Бемор дорам, ако, илтимос мекунам.
Беморро биёред, ин ҷо дам гирад – гапро ба дароза кашид.
– Вай роҳгардӣ наметавонад ?
Инаш кори ман не. Нахоҳед чойникро монда равед.
Пирамари нуроние, ки рӯи кӯрпача нишаста ин ҳолро шоҳида мекард, аз рафтори ноҷавонмардонаи соҳиби самовор ба ғазаб омаду :
– Ту одам – мӣ, бӯи мусалмонӣ дорӣ ?
Ин мард маълум, ки мусофири бемор дорад. Чойникатро намехӯрад – ку !
– Равед ба беморатон чой диҳед, – ба меҳмон гуфт он пир.
– Мана, чой овардам – гуфт пиёла ба ҳамсар дароз карда.
– Ман касал, бо гилем, рум чодар кашед – ба нола дар ҳоле, ки ба худ мепечид, садо баровард зани ҳомила.
Дере нагузашта гиряи тифли нав ба дунёомада дар фазои сандуқ танинандоз гашт.
Мард аз пешонии зани қариб беҳуш бӯсиду, ашки дидагонаш мисли борони сел равон шуд : Ин ҳам ашки шодӣ буду ҳам ашки кину ғазаб,дарду алам. Шодӣ буд, ки тифлашро солим ба даст овард, мушкили занро Худо осон намуд. Ғазаб буд, ки таҳқир буд, намояндаи ҳукумат суханашро ба замин зад, ба қисмати оилааш бетараҳҳуму бетафовут муносибат дошт.
Ронандаи автомобил марди тақрибан 40 – 45 солаи рус аз ҳодисоти рӯи сандуқ рухдода огаҳ буд. Падари навзодро шодбош гуфту афзуд :
– Опбоем, когда будем дома, обязатенльно випим.
– Худо хоҳад випид мекунем, молодой челолек, – ба чеҳраи хандон оби чашм пок карда, гуфт мард.
Занро чой нӯшонд.
– Духтарчаро Сафаргул ноа мегузорем. Ин дар роҳи сафар мӯъҷизаи худост. Яъне сафарамон гул ба бор орад, – ба занаш дида дӯхта иброз намуд. – Дар мӯҳои сарат мурам, худата суст напарто, қарибба макони нав расидем.
Муҳоҷирон шоҳроҳи мумфарши чун дили даст ҳамвори Ӯротеппа – Хуҷандро ба қафо гузошта ба тарафи чап гаштанд. Рӯдҳои Сайҳунро убур бинмуда қад – қади канали “ Тоҷикистони советӣ ” бо роҳи чақар – чуқури кӯҳи Меваӯул сӯи дашт равон гаштанд.
Ҳар қадар ба чӯл наздик шаванд гӯё ба қаъри танӯри тасфон вуруд мекарданд, ки ҳамон қадар сӯзиши офтоб бештар эҳсос мегардид.
Мошинҳо ҳидояти масъулони хоҷагиҳо назди чордеворҳои беболопӯш қарор мегирифтанд. Марди шофбурут навзодро бо модараш оҳиста аз автомобил поин овард, баъд дигар фарзандону бору бӯғчаашро низ.
Вориди хонаи ваъдагӣ, “ муҷаҳҳаз ” шуд, се дар хона бе дару тереза, сақф – осмон. Тарбуз аз бағали мард ба замин зад. Тозон назди ка- лонҳо рафт.
– Манн кӯдаки новзод дорам, зери он деворҳо бе сарпаноҳ дар ин офтоби бадансӯзҳоли мо чӣ мешавад ? !
– Ҳамаи хонаҳо ҳамин хел бародар, ба тақдир тан диҳед. Мард ноумед ба назди зану фарзандонаш омад. Худро дар зиндон эҳсос дошт. На обе ва на бурдаи нон аз гулӯяш намегузашт. Мушт бар сар мезаду мегуфт :
– Худоё, худовандо, оё аз мо чӣ ҷурме гузашт, чӣ нофармоние ба ҷо овардаем, ки мо – масчоҳиёнро ба ғазабат гирифтор кардаӣ ? !
Рӯзи дигар марди шофбурут ба саҳро баромад. Пешдоман басту аз субҳ то шом нӯҳ кило пахта чид. Шабонгаҳ бо устоҳо як хонаро тол кашиду соябоне бари кӯдакон соз кард.
Баъди ҳафтае ба бародари мӯйсафеди камардараш ба ин мазмун нома навишт :
“ Ассалому алейкум, ако, моён сиҳату саломат ба Дилварзин ра- сидем. Ба макони сари зист таъин шуда нарасида, дар роҳ соҳиби меҳмони нав гардидем. Номи духтарчаро Сафаргул мондем.
Аҳволамон хеле вазнин. Офтоб баданро месӯзонад. Аз дарахт ному нишоне нест. Оби нӯшокиро аз бочкаҳо менӯшем: гарм, халлуче, ки ба гову хар медонем сад бор аз он ширинтар астю Аз ваъдаҳои калонҳо ному нишон нест. Хонаҳо бом надоранд. Шаб вақте ки офтоб нишаст, лашкари пашша ба сарамон ҳамла меорад. Бе сипар – пашшахона зиста наметавонем.
Бархе даруни гӯрҳои калон – заминканҳои пур аз қурбоққа зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳезум нест, ки нон пазем. Ширу ҷурғот ба хоб меби- нем. Ҳанӯз барои мактабу бемористон таҳкурсӣ бино нашудааст. Он ваъдаҳое, ки дар анкета буданд – хонаҳои барҳаво, шароити хуби маишат, пули изофагӣ… танҳо дар ҳамон анкета монданду халос.
Танҳо як чизаш – рост чӯл. Хористон аст ин ҷо, ватани мору баққаву пашша .
Аллакай аз пештар омадагон се кӯдак бар асари гармиҳо – аз ташнагӣ тарки дунё намуданд.
Ако, агар тавонед, баҳонаву сабабҳои мӯътамад пеш ореду ҷои гармотонро хунук насозед. Аз барои худо ин ҷо лонаи ба марг маҳкумшудагон асту басю Наоед ” .
Нома ба бародар расид. Бародар сатрҳои пурдарди фарзанди падар бихонду он шаб натавонист то саҳар осуда хоб равад. Субҳи рӯзи дигар худ мшин хосту бо аҳли оила зиндагиро дар ин биҳишт ҳаром хонд ба кулли ҳамдиёрон.
Марди рӯзгордида гуфт : – моро бо шиканҷа бо ҳарфҳои дурӯғин ба ободӣ, бо фатҳи чӯл бурдаанд. Меояд, ки марди масчоҳии сар то по ор чун Рустаму Исфандиёр ва Наврӯзҳо майдондорӣ кунем. Қаҳрамон он аст, ки аз хористон гулистон бисозад.
Наврӯзмуҳаммади раисро дар Дилварзин ҳамин тавр касе калиди хонаи дакаданг ба дасташ надод. Марди донишманду ояндабин муҳоҷиратро пазируфт. Аз аввалинҳо шуда ба чӯлистон омад. Дигарон ба ӯ пайравӣ карданд. Фақат аз он ки роҳбарони беадолат ба мардуми меҳнатӣ зулм раво диданд, худро маломату сарваронро дар дил нафрат мехонд.

САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб) 6

Cotton field
Ба ихтиёри колхози ба номи Сталин рo қадар замин расид, ки бештар аз заминҳову кӯҳҳои Эзису Муждиф буд. Гуфтанд, ки пахта кор.
Ҳамаро аз сифр шурӯъ кардан рост омад. Ба худ андешид : бо забони оташ дар майдон будам. Шукри худо пирӯз гаштам. Хoҷагии қафомондаро бо мадади худову меҳнати софдилонаи халқ пешсаф намудам. Кӯҳистонӣ тавонист аз дили санг рӯзӣ рӯёнад. Чаро аз хок пахта нарӯёнад ?
Банда ҳанӯз размандаам ва садҳо зану марди раммовар дар паҳлӯ дорам . Иншооллоҳ нерӯи халқ метавонад. Парчами пирӯзӣ бар фарқи Дашт парфишон созад.
Соли – аввал – 1956 бо мадади деҳқонони пахтакори вилояту ҷумҳу рии ҳамсояи Ӯзбекистон пунба ба замин зери хок сохт. Чигит неш зад. Ягона, хишова, сӯзониду обу ғизо, чеканча, заҳрпошӣ, нармкунӣ аз қаду бар, баргрехонӣ – сармояи сунъӣ ва ниҳоят чидану ба давлат супоридан ҳамаро омӯзтанд.
Раиси деҳқанзода ин тадбирҳо нек омӯхт ва ба дигарон – ҳамдиёрон омӯзонд. Медонист, ки имрӯзу пагоҳ мададгорон мераванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тракторчӣ, обмон, аграном, инженер – муҳандис ин ҳамаро бояд аз худиҳо мутахассис тайёр намояд.
Мешуд, ки Ҷеранро, ҳо ҳамон ҷеане, ки ҳар ду кӯҳу пуштаи колхозро дар Масчоҳи кӯҳистон шабу рӯз гашта,аз пешрафти иқтисодӣ мусоидат дошт, дар алафзоре баста, худ пиёда нашъунамои пахтаву бедаву гандуму макка, лаблабуву дигар зироатҳоро медид, ки камбудиҳоро ошкор месохт, баҳри рафъаш тадбирҳои таъҷилӣ меандешид.
Ҳамон куртаи ҳарбӣ ба тан шабҳо ҳамроҳи обмонҳо аз ҷӯй ба ҷӯй, қитъа ба қитъа мегашт. Гушна монад нони қоқ ба оби ҷӯй, ки нӯшиданаш раво набуд, тар карда мехӯрд, хаста шаваду ба чашмаш хоб ояд дасти чап зери сар монда дам мегирифт.
Вале фаъолияти раис ба ин ҳам ба поён намерасид. Ӯ дар ҷабҳаҳои дигар – ободии диёр, беҳдошти маишати ҳамдиёрон, тарбияи наврасон, ҳифзи саломатии онон талош меварзид.
Соли 1950 Маҳмадсиддиқ Қосимов, Зокирхон Мирзоев, Зикриё Мирзоев, Олим Қосимов бо “ ҷурми ” зидди мутаҳидшавии хоҷагиҳои хурд ба Сибир бадарға шуда буданд. Пас даҳ сол раис ба суроғи он “ гунаҳкорони бегуноҳ ” ба Сирдарё рафт то ишонро бо аҳли оилааш ба Дилварзин баргардонад. Ӯ се рӯз дар ҳалли ин мушкилот сарфи умр намуд. Ин муддат писари шашсолааш Мирзораҳмат мариз гашт. Касе пайдо нашуд кӯдакро ба маркази ноҳия – ба бемористон бубарад.
Падар омад. Аммо дер шуда буд. Мирзораҳмати дӯстрӯякро зиндагӣ поён омад. Ӯ дар оғӯши хок буд.
Оре, ҳамон солҳои авали муҳочират, ба иллати тағйир ёфтани иқлим даҳҳо одамон ва бештарашон кӯдакон фавтиданд. Қариб оилае набуд, ки талафи ҷонӣ надода бошад. Он солҳо бемории сурхакон дар чӯлистон доман зад. Касе аз сарваронро марги паёпаи хурдсолон ба ташвиш наовард.
Муаллифиин сатрҳоро низ, ки он айём даҳ сол доштам, сурхак аз пой афтонд. Рафъи он боло худованд буду даво оби биринҷ. Се тан аз додару хоҳаронам – Абдуқаҳҳор, Мағфират ва Қудратулло қурбони азхудкунии Дилварзин шуданд.
Ду соли аввал колхози ба номи Сталин пешсаф буд. Ҳар сол ба ҷои ду супориш ва бьештар аз он ба давлат пахта фурӯхт. Аммо раис ҳаргиз намегузошт, ки байрақи пешсафӣ касе аз дасташ бигирад. Гузориши кор ҳамон оҳанги кӯҳистон. Хуршед рух намуда “ диск ” – зангӯлаи даъват ба кор садо медод. Ва ҳамагон савори мошинҳо бо белу каланд мусаллаҳ ба ҷабҳа равон мегаштанд.
Раис ба бригадае рафт, ки пахтазор зери алаф. Аъзои бригида кам. Бархе дар саҳро неву аз паи ҳалли мушкилоти хонаводагӣ буданд. Ҳаво гарму сӯзон. Ҷеран хоҷаашро ба деҳа бурд.
Мирзо Остонаев – узви бригадае, ки пахтазорашро алаф пахш карда буд, марди меҳнатӣ, ҷангсолор бо баччу кач, як зумра хешу табораш сару по луч хишт мерезад. Ҳашар дорад.
Аз дур намоён шудани раисро дида, то омаданаш Мирзо ҷавоб – гап тайёр кард.
– Зимистонро зери боми осмон пушти сар кардем. Гуфтанд, ки
маҳбусон аз қороргоҳашон – “ Майдончаи комсомолӣ ” берун оянд, хонаи шуморо аз даст мебароранд. Он шашсад нафар хонаи бисёриҳоро соз карданду фвқат ҳавлии маро “ надиданд ” . Тобистон омад. Худам наҷунбам, додом аз гӯр дасту остин бар зада барои ман хона намепӯшанд.
Ҳо, ба раис ин мегӯям ва муттаҳамаш месозам – андешид дар дил.
Раис бо чеҳраи ғазаббор дар назди ҳашарчиён қарор гирифту ҳарфе нагуфт. Ба саломи Мирзову дигарон алейк надод.Ҷеранро рӯи хишт- ҳои наврехта гардон кард. Дар як лаҳза “ хирман ” – ро аз даст баро – вард. Бо ин қонеъ нагашт, аз асп фуромаду як – ду қолаб хишти ним – шикастаро низ чун “ шахси ҷинояткор ” зери лагат гирифт.
Мирзо мехост гӯяд, ки : ту бародар, худатро Ҳофиз сохтию маро хиштрез пиндоштӣ. Ва бо каланд бо ёрдамчиёнаш ҳуҷум орад ба сараш. Аммо ҷуръат накард, чаро ки гуноҳашро медонист. Нағз медонист, ки ҳамон қитъаи зери алафмонда дар ҳоли аз нашъунамо монда қарор дорад.
Раис бо як ҷаҳиш ҳудро рӯи асп гирифту бо таҳдид :
– Канӣ ҳама ба пеш, ба саҳро ва қамчинро боло бардошт.
Коргузор ба сарварии иштирокчии ҷанги зидди фашистон Мирзо Остонаев ин дам чун ҷинояткор дар ҳайати “ баталёни ҳаримавӣ ” ба душвортарину пурхатартарин рамзҳо – аз асорати тоҷи хурӯсу шӯрак наҷот додани пиёдааскарон – ниҳолҳои пахта сафарбар шуданд.
Пас аз ҳафтае, ки нашъу намои пахтазор ҷараёни мӯътадил гирифт, раис чанд танро ба ҳавлии Мирзои “ ҷабрдида ” равон намуд. Онҳо хишт рехтанд, девор бардоштанд, болор чиданд, шифер заданд, дару тиреза соз карданд. Хонаи зебо қомат афрохт.
Раис Ҷеранро ба сутуне баста вориди хона шуд. Чеҳрааш хандон. Мирзои ҳамяроқашро ба оғӯш кашида, ба бунёди хона табрик намуд. Ва афзуд.
– Ана ако, кор ин хел мешавад. Ҳам лаъл ба даст омад, Ҳам ёр наран- ҷид. Аммо барои он “ ба беадабии Ҷеран ” маро бубахшед.
– Илоҳи додар, барака ёбед, мани дасттанҳо то зимистон ҳам хона- пӯшӣ наметавонистам.
Ба ин зайл раис аз вилояту ноҳия барои колхозчиён масолеҳи сохтмон оварда, барояшон манзил бунёд менамуд.
Бале, марди мастчоҳӣ дар футӯҳоти дашти хористони саргаш устуворона пеш мерафт. Олами вуҳуш бо расидани қудуми Инсон аз водӣ ба қаъри кӯҳу пушта ақиб менишаст.
Он солҳо дар сафҳаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳалливу марказоти Иттиҳоди Шӯравӣ аз корнамоии беназири мардуми ғаюри Мастчоҳ ҳикоят карда мешуд.
Ибтидои солҳои 60 – ум яке аз Ҷаридаҳои русӣ нигошта буд : “ Тоҷикистон иқлими гарм дорад, ки монанди Миср ба равнақи пахтакорӣ басо мувофиқ. Вале дар ин кишвари афсонавии биҳиштманзар, беш аз навад дар сади ҳудудашро кӯҳҳои осмонбӯси сарсафед иҳата кардаанд, на ҳама аз нашъунамо доштани “ тиллои сафед ” огаҳанд.
Гирем, кӯҳистони Мастчоҳро. Мардумони ин минтақа табиатан бе – бок, ғаюру мубориз буданд. Онҳо ба чорводорию боғдорӣ, дуредгарӣ бештар шуғл доштанд.
Мастчоҳиён – ҳамон мардумонеанд, ки бо Шӯравӣ омезиш наёфтанд, ба тарзи зиндагии болшевикӣ ба осонӣ нагаравиданд. Ва танҳо баҳори соли 1923 баъди задурӯрдҳои шадид торумори охирин сарбозони миригарӣ – Давлати худгардони Масчоҳ бо Иттиҳоди Шӯравӣ шартномаи сулҳ баст. На, сулҳ, балки Масчоҳ таслим гардид. То солҳои авали то истиқлолияти хеш аз сар гирад. Инҳо дар таърихи тн сарзамин бо номи “ Войнаи Шоодибек ” , ” Ошӯби Мирсанг ” , ” Исёни Тилло ” мунъакис шудаанд.
Аммо баъд кӯҳистониён тан тақдир доданд. Корсозии шӯравӣ аз
корбасти миригарӣ ба чашмашон “ беҳтар ” ба ҷилва омад.
Ҳукумати Тоҷикистон нерӯи ин мардумро дар фатҳи Дилварзин, ки андешаашро Ленин ба миён гузошта, вале комёб нагардад, истифода бинмуд. Дар сафи пеши муборизо – не, ки ба водӣ кӯч бастанду ба “ ҷанги ” нобаробар алайҳи чӯли саркаш майдондорӣ бинмуданд, абармарде чангсолор Наврӯз Раҷабов дар набардҳои дуюми ҷаҳон се дафъа захм бардошта, фаъол будааст.
Ҳафтае бо ӯ будам, то аз рӯзгори ин марди наҷим наҷим маводе омода созам. Рӯирост иқрор мешавам, ки аз ӯ бигрехтам. Чаро, кит об наовардем бо Раҷабов дар майдондорӣ.
Ҳанӯз субҳ надамида, сар аз хоб мебардорад. Ва бо табассуми малеҳ :

Субҳро ҳар кӣ зинда дарёбад,
Ҳамчу хуршед дар ҷаҳон тобад.

Бечора ҳамсараш, ки аз саҳро мондаву хаста хислати шавҳарро хуб омӯхта. Апаи Рисолатмо – рӯи айвон, кия гон дарахти сояафкан надо- рад, дастархон орост, чою нону қанд овард.
Ман субҳона хӯрдани нонро маскаву шир ва ё қаҳва одат доштам. аммо дар тааҷҷуб мондам вақти раис гуфт :
– Шир нест, мо гов надорем. Ман гуфтам :
– Бок не.
Дар ҳайратам, ки чӣ тавр ин мард ширу ҷурғот нахӯрда, пиёда зери офтоби сӯзон майдонҳои киштро зери по карда метавонад. Бешак ба ин мард худованд дар вуҷудаш нерӯи рустамиро арзонӣ доштааст.
Ҳамон куртаи низомӣ, ҳамон гимнастёркаи камавндирӣ, ба тан аз хона берун меояд.
Ҳаво ҳанӯз торик. Саги Мирзоумар то “ қароргоҳаш ” назди пул, ки рӯи канали “ Тоҷикистони Шӯравӣ ” бунёд ёфта гусел намуду ақиб гашт.
Дере нагузашта, ғурриши мошинҳо оромиро халал ворид месозад. “ размандагон ” савори мошинҳа пайи ҳам аз пул гузашта , даст пеши бар ба раис салом мегӯянд. Ӯ низ ду даст пеши бар ба саломашон алейк мегӯяд. Чеҳраи хандонашгӯё : “ Кушоиши кор, худо мададгора – тон ” – бародарон, хоҳарон, падарон, модарон, фарзандони разманда маънӣ дошт, ки бешак ишон ба ҷабҳа, ба корнамоӣ мерафтанд.
Аз паси мошинҳо бархе харсавору аспсавор “ бо низом ” аз назди раис мегузаштанд. Оне ки дер мехесту вақти тулӯи офтоб озими саҳро мегашт, аз Худо талаб мекард, то ба чашми раис нахӯрад. Ин на он маънӣ дошт, ки Раҷабов барои танбали маломаташ месозад, балки ра- ис ба ин гунаҳо самимона аҳвол мепурсид. Шармашон меомад аз одо- би раис.
Пас аз гусели ҷангиён раис худро зини ҷеран мегирифт. Саҳроро давр мезад. Ба низоми корҳо ошно мегашт. Дар дафтараш он бегоҳ хондам:
Розҳову ниёзҳо. Ниҳоли пахтае бо гиря : агар ин шаб обмонро хоб ояд моро сел бо худ мебарад, то канал. асам ба ҳурмати офтоб баро – мад июлу гарде нури надидаанд, то аз зиндони шурак халос нашава – му хашарот аз тан дур нагардад ҳосил нахохам дод.
Раис ин розҳо худ медонист ва таъҷилан чораи рафъи наҷоту шифо меёфт ва хирмани пурбаракати худо эҳдо медошт ба ӯву ҳаманабар – донаш.
Бо ӯ рӯзе посёлкаро аз назар гузарониданд. Дидам марде қомат – хамида, ришаш дарози чун барф, чун паҳлавони сӣ сола бо каланд аз чуқурие лой мебардошту ҳамроҳи занаш, ки беш аз шаст сол дошт,
чобукона хишт мерехт.
Аммо ба ҳавлии дигар гузашта, ба рости аз дидани он манзара ба чашмам бовар накардам. Охир он чӣ ки дидам афсона набуд. Ҳақиқат буд, ки дар умрам бори аввал медидам. Ба назар замин ҳамвору гӯё
гилемчае пахн карданд, то рӯяш биншинӣ. Вале аз шарфаи пои мо за – мин дарид. Гилемча лаб во кард. Сари зане берун омад ки дар тан кур- таи чити аракшор дошт.
- Ҳамшира тинҷ ҳастед? – гуфт раис .
– Бари додар мурам, нағзему – гӯён кампирро овоз дигар шуду оҳан – ги гиря соз кард. Саҳари бачам саҳро рафту келинам… ва сухани гӯянда поён наёфта гиряи тифли навзод аз заминкан боло шуд.
Раис кампирро фаҳмид. Ба манн нигарист.Аз чеҳраи кушодаву лаби хандонаш осоре надидам. Ҳар ду чу санге дар руи гур лол будем.
Дидам, ки раис аз ҷайб руймолча берун оварду рӯяшрпо аз ман сӯи дигар гардонда ашки чашмонашро пок мекард.
- Инҷо духтур хаст? – пурсидам аз раис.
- Хоби шаб норозиёна чавоб дод.
Ва ман хоби шаб гуфтанашро нафахмида, хулоса намудам ки у ҳарфи маро дуруст нашнид ва чизи дигар пиндошт.
Вале дар холе ки гиря гулугираш дошт, афзуд:
- Духтур куҷо ? Ҳозир як ниҳоли пахта мурад туро ҷазо медиҳан- ду аммо аз он ки тухми кӯдаку пиронсол пок шавад ҳам касеро ғам нест. Одамон дар заминкан, рӯи хоки пурнам, пур аз ҳашарот, боз кӯ – дак тавлид ёфт. Ҳаво сӯзон дар ин гӯрхона ҳаво ҳам намерасид. Оби нӯшокӣ ҳам тухми анқову шири мурғ арзиш дорад.
- Воқеан оби нушоки аз куҷо меоред.? – пурсидам.
- Аз ягона чоҳе, ки аҳолии се хоҷагӣ аз он истифода доранд.
– Оё ҳаммом доред?
– Хоби шаб, яъне нест.
Ман он шаб даруни пашшахона хуфта натавонистам. Ин на аз он буд, ки даруни ин зиндон барои навас каши ҳаво намерасиду як села пашшаҳои меҳмон неш мезаданд. Пеши он фоҷиа оре, фоҷиаву даҳшатеро, ки дар ин маҳал манн дидам.
Паҳлӯ мегаштам чапу рост. Аз накли калонсолону китобҳо шунида ва хонда будам ки ашхосе ба иттиҳоми қотилу хиёнат ба Ватан маҳ – кум ба зиндону бадарга дар манзилҳои барои зисти одам ғайри ҷа- вобгӯ ба сар мебаранд. Сонитар фаҳмидам, ки дар кӯҳистон макони сукунати масчоҳиён беморхонаҳо аксар холи буданд. Аксарияти аҳоли чӣ будани бемориҳои силу тиф, медаву рӯда ва амсоли инҳоро ҳаргиз намедонистанд.
Бадбахтона имрӯз ин гуна маризиҳо мардумро фаро гирифта ҳар сол даҳҳо кас ба иллати гирифтори ин гунна касалиҳо шуда аз олам мегузарад.
Мӯҳлати сафари хидматӣ ҳам ба поён нарасида бо Рачабов хайру хуш гуфтам. Рости аз корнамоии кӯҳистониён дар ин шароити душ – вор қоил шудам. Аммо дар инъикоси вокеии шароити зиндагии ин қаҳрамонон низ наметавонам. Ба таъбири раис ҳар он чи ки дар вай – ронаҳо дида, дар ободи бигӯяд, ҳама қаламдод бикунад.
– Мо ин ҳама мушкилот пас сари хоҳем кард, чӯлро ба гулистон бадал месозем. Нигоштаи қаламкаши русро хондаму суханони дустам Саидҳаким Боқиев – ҷавонмарди бо нангу ор, марди воқеан зиёи, ки ҳамвора баробари дар хизмати аҳли диёр фаъол буданд, бемутолиа худро хар гиз инсони комил намепиндорад ёдам омад.
Шукри худо, ки нестанд ононе, ки бо амали шоиста накше муас – сир ба ёдгор гузошта. Бигирем акои Наврӯзмуҳаммад Раҷабовро. Ишон дар ҳар боб – оиладорӯ, оини сарварӣ, тарбияву омӯзиш ва ҳам фарҳангу меҳанпарасти моро устод буданд. Агар ҳамон рӯҳе беши – каст, ғурури иродаи бешикаст намедоштанд, ҳаргиз беш аз чаҳор даҳсола мартабаи падари халқ, сорбони қофилаи ҷомеаро ӯҳдабарои намекарданд. Ҳар махфиле, ки Раҷабов бошанд он ҷо базми шеър аст. Ва манзара ранге ба худ мегирад, ки гӯё Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Ка – лим, Иқболу Лоиқ ва хамсоли инҳо дар рубоиоташон бо шумо ҳадис мегӯянд.

Ива Де-витрей Мейэровитч- шефтаи Мавлоно балхи ё Ишки Мавлоно хонум Иваро мусулмон намуд!

Барои мутолиагарони кишвари Фаронса исми бузурги Ива Де-витрей Мейэровитч чун номи Мавлоно карнхо дар ёдхо хохад монд. Ива Де-витрей Мейэровитч соли 1909 дар оилаи ашрофзода ва порсову ворастаи насронии фаронсави мутаваллид шудааст. Дар тули даврони бачагияш дар Фаронса Ива шуруъ ба мубориза бурдан ба фарзияхои мухити атрофаш намуд ва дар мактаби бахши католикии худ, ки дар ончо вогузории гайрифаолро голибан метавон чашм дошт, мавриди тадкику пурсучу карор медод.У модарбузурги хешро ки узви фиркаи масехиёни протестон буд, барои поквичдонию покдин буданаш тахсин менмауд, инчунин пофишориву исрори уро дар мавриди хакгуию ростгуи, ки ин метавонист мучиби хабс гардиданаш гардад хамду офарин мехонд.Ин модарбузург ба усули мазхаби котоликии руми мубаддал гашт то ки бо хамсари ояндааш издивоч намояд. Модарбузуги Ива дар масире карор дошт, ки у ногузир ба пайрави аз он гомхо кард. Ива дудилаги ва диранг накрд , барои мисол дар издивоч бо як руси фаронсавии аслаш яхуди , чаро, ки у аз иртиботу алокаи маънави доштани байни адён огохии комил дошт. Пас аз издивоч бо ин чаноби Мейэровитч, уро зарур буд то Порисро, ки тавассути кушунхои Нозии хитлери ишгол гардида буд, соли 1940 тарк намояд.
Пас аз поёни чанг дар авоили солхои 1950-юм, хаёти у, ки вазифаи мудири бахши пажухишу тадкикотро ба ухда дошт, бо ба даст гирифтани хадяе аз собик хамсабаки хиндустонияш, ки аз Покистон ба Фаронса меомад, куллан ва ба таври ногахони иваз шуд.Ин хадя китобе буд навиштаи файласуфи исломи карни 20-ум ва шоири бузурги чахони ислом Мухаммад Икбол ва он китоб «Тачдиди андешаи дини дар ислом» ном дошт. Сухани мансури Икбол ки дорои рушаниву вахйи беандоза буд ба калби поки ин бонуи хирадманду хассос таъсири бузург расонид.
Дар китоби мазкур аллома Икбол аз Мавлонои кабир бисёр иктибос меорад.Ива ба таври фаври мафтуну шайдо ва шефтаи ин рухи бузург( манзур Мавлави) гардид. У даст ба тарчумаи китоби Икбол «Тачдиди андешаи дини дар ислом» зад ва онро аз инглиси ба фаронсави баргардон намуд ва чун гаввосе дар дарёи омузиши забони форси гута зад, то инки форсиро аз худ намуда осори гаронбахои Мавлонои бузургро дар забони аслашон бихонад.Аввалхо у аз ин, ки худро ба Мавлоно ва осори у мебахшад,огохи надошт…
Он замон, ки у Икбол ва Мавлоноро макшуф сохт, Ива Де-витрей Мейэровитч хамчун як нафар муриду пайрави вокеъи омода гашт то таълимоти онхоро бипазирад. Дар хакикат у зехне тез чун шамшер дошт , ки ин самараи солхо омузишу тадкикотхои у оиди мавзуъхои мухталиф мебошад. Ива дар як донишгохи бонуфузи Фаронсави муддати се сол илми Илохиётро мехонд (рисолаи номзадии у дар бораи Плато буд) ва инчунин забони бостонии Юнон, забони лотини, таърих, хукук ва равонпизишкиро меомухт. Таваччуху дилбастагии у дар сохоти мухталифи илм,рещахои мухталифи илми ва усули у бо сару кор кардан ба мавзуъхои мухталифи илми мачзубкунандаву оли буд.
Ива Де-витрей Мейэровитч шахсе буд барои вокеият ба чустучуи ботини шомил мегашт ва ончи ки дар сафарномаи у кобили таваччух аст, ин аст, ки хаёти шахсии у ва сарсупурдагиву тааххуди у бо тахкики хирадмандонаи у сахт пайванд дорад. Албатта, Мавлоно носеху муршиди у гашт, мисли ин ки Мавлоно дасти уро гирифта ба масири Ислому муслимин хидоят намуд. Хуб, омузишу таълимоти Мавлоно мучиб гашт, то у ба ислом бигаравад ва то хомуш гаштани чароги умраш бо шуру шааф тамоми аркони дини мубини ислом ва тасаввуфро риоя ва тамрин намуд. У хамоно олимаи дини котоликии румии Фаронса ва яке аз дусторони ирфону тасаввуфи Ислом боки хохад монд. Дар Алчериа,як бахши кучаки истеъморчиёни Аврупои ахолии ру ба афзоиши муслиминро рад менамуданд,бо иддаои ин ки гуё онхо як бахши комили Фаронсаро ташкил мекунанд. Пас аз фавти шавхараш, Ива масири душвору мушкили мусулмон шуданро бармегузинад. У ба ин сафари , ки меоднист серталаб мебошад, бархост. У , аммо яхудият ва насрониятро, ки решахои фархнгии худро дар онхо мебинад, инкор намекунад,аммо у дар ислом масиреро пайдо намуд, ки ин анъанаву фархангхоро дарбар мегирад. У ба исло тарзе ворид гашт, ки на чизе аз замони мозии хешро инкор кард чизеро муттахам кард ва у мегуяд, ки вакте исломро кашф намудааст, ин мисли «баргашт ба ватани худ» будааст. Хаминтавр у шахсан исломро хамчун дини поку озода ва асли табиати инсоният тамрин намуда ва тачриба кард. Мушобех ба хамин дигар ахли тарикати фаронсави нависанда ва донишманди улуми мовароутабии Рене Гуенон (вафот 1951) гуфта буд, ки ба хеч чизе наметавонад гаравад, чун, ки исломро бояд хамчун шохид ва ёдоварикунандаи ошкорзосии гузашта бишмурд. Аммо Ива бошад, мо бояд илова намоем, ки гузори у аз насрони ба Ислом бояд тавассути накши бузурги Исо дар акидаи ислом ва махсусан тасаввуф дарк карда шавад.У номи хешро тагйир дод.Номи исломии у Хавво мебошад, ки ин дакикан дуруст бо номи насронии уст.Аз табдил ба ислом Ива арзиши мардудсозиро дар дохили чомеаи худ ба чо овард. rumi
Бо ба шуру шавк ва иштиёки беандоза пайдо кардани Ива ба зебоии осори Мавлоно, у ба омузиш ва тарчумаи осори у ба забони фаронсави икдом намуд.Тасаввуф дар чомеаи муосири Гарб тавонист мукаддима ва ошносозии васеъу густурдаеро тавассути таълимоти ногахонии Мавлоно пайдо намояд. Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амики хадафу назару дидгохи Мавлоно ба онхое, ки бахту икболи хондани осори уро бо забони форси надоранд муваффак шуданд,то осори уро тарчума намуда , пешкаши ахли завк намоянд, инчунин дар нерумандии ишки у ба Худову ба инсоният. Тарчумахои инглисии муосири Колман Баркс, тарчумахои хонум Ива ба забони фаронсави,корхои Анемария Шиммел дар Олмон ва талошу кушиши дигарон тавонистанд, ки истиншоку илхому маъруфияти уро ба миллионхо одамон дастрас намояд.Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарчума ашъори Мавлоно ба сахна омадааст.Ива такрибан 30 китобхо дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсави тарчума намудааст, ки ин махсли захмати чандин солаи уро нишон медихад. «Хеле шуд, ки кор мекунам!», гуфта буд у.Китоби охирини у «Дуо дар Ислом». мебошад;у ин китобро дикта мекрад, чаро, ки аброи навистан хеле заиф шуда буд.
У инчунин рочеъ ба шахри Мавлоно-Куния ,ки дар ончо хеле вакт будааст (худи Ива)як китоби бисёр мухиму иттилоъдех таълиф намудааст.Ин хоки аз он аст, ки Туркия барои Ива дуюмин ватан махсуб меёбад.Макомоти баланпояи Туркия хатто уро чун «Шахрванди ифтихори»-и хеш эълон намуданд, инчунин унвонхои баландеро аз тарафи донишгохи Туркиё аброи корхои боарзишаш рочеъ ба Мавлоно сохиб гаштааст.Дар як гуфтугуе Ива иброз доштааст, ки чи дар Порис ва чи дар Туркиё у эхсоси ватан мекардааст. Дар назар аст, ки тарчумаи инглиси ин китоб дар рузхои наздик тавассути Фонс Витае дар Амрико бо сарлавхаи «Ба суи калби Ислом» аз чоп барояд. Ива инчунин дар Миср ба муддати 6 сол зиндагони намудааст, хамчун проффесор ва намояндаи Маркази илмии тадкикоти Фаронса аз фалсафа дар Донишгохи Ал-ахзар дарс додааст. У инчунин ба бисёр манотики олам сафар намуда аз ислом ва тасаввуф лексияхо хонда аст. ‎ Ива Де-витрей моро водор мекунад то иртиботу пайвастагии дохилиро, ки дар ахёти маънави ошкор мешавад, эхсос намоем тавассути бисёр хикоёту киссахояш аз сафархо ба Макка. У инчунин ба мо перомуни фидо намудану бахшидани хаёти хеш барои фахмонидани андешаи Мавлоно ва тарчумаи осори у ба чахон сухан мекунад. Ба акидаи Ива интикол ё расонидани пайгоми оламгири Мавлоно дар хакикат зарури ва мубрам буд. Дар давоми карнхо Мавлоно пири маънавии вокеъии Ива будааст, аммо у масири тасаввуфро аз шайхи Морокои Хамза Бучичи, ки хануз дар кайди хаёт аст, гирифтааст. Дар нахустон мулокоти ин ду, Хамза ба Ива бо нагушт калби хешро нишон дода гуфтааст, ки «Мавлоно инчост» ва хамон замон Ива якбора аз дидагонаш марвориди ашк чори мешавад. Ива Де-витрей Мейэровитч аз он нафаронест, ки дар миёни Шарку Гарб бо як хушбахти зистааст ва чун пуле миёни фархангхо ва тамаддунхои харду кишвар хизмат намудааст. Кутуб ва маколахое, ки хонум Ива таълиф намудааст, имруз баори чун мерос боки хоханд монд. У, ба вижа дар мамолики фаронсави-забон хеле шахиру номдор аст. Рохи у, масири як зан ба калб сафари хамосаи кахрамонро ба сарзаминхои дурдаст тачассум мекунад,ки бо мушкилихои дохили ва беруни мувочех гашта.Аз муборизаву талошхояш у ба мо тухфахое чун фаросату биниши тоза ,ганчинахо аз хирмани Шарк бозовард. Мухаккик, пажухишгар, проффесор ва мавлавишиноси Фаронсави Ива Де-витрей Мейэровитч дар таърихи 24 июли соли 1999 дар Пориси Фаронса чахонро падруд гуфт.
Аз инглиси тарчумаи
Фирдавси Аъзам

Ишки оламгири Мавлоно чахонро забт кард.

Rumi
Гуи гарбихо (албатта ин тафрикандози нест) уро аз мо бештар дуст медоранд.Уро аз мо бештар медонанд? Чахон ба у ниёз дорад на у ба чахон ниёз дошт.Чахон уро шоири ошики дарачаи 1 мехисобад.Шеьри уро хатто дар дастраси афроди одди метавон дид.Ишки у дар заминаи гаравидан ба дини мубини ислом тавонист мусоидат намояд.Пас у кист хануз чахонро ба тахлука даровардааст? Посух кутох ва мухтасар.Руми,Мавлоно, Мавлави,Чалолиддин,Маснавива … бале ин номхоянд, ки чахонро мафтуну чунуни хеш кардаанд.Ин номхоянд, ки имруз дар хамагуна умри ичтимоии инсонхо мусодаткунанда мебошанд.
Мавлоно Чалолидини Руми солхост, ки бо осору ашьори нобу ичтимоии хеш таваччухи одамони дорои мазхабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагихову хусусиятхои шеьри у ин албатта тааллукият ба хама инсонхост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазохиби дини. Уро хама эьтироф мекунанд, чаро ки сухани у, харфу ояти у моли хамaаст ва барои хама нигошта шуда аст. Мувофики баьзе сарчашмахо Мавлоно то соли 1920 дар Амрико ва умуман Гарб он кадар шухрат надошт, аммо дар Шарк бошад уро чун як орифу шоири суфи ва олим мешинохтанд. Шуруь аз солхои 1920 устоди Донишгохи бонуфузи Кембрич профессор Рейнолд Николсон ба тарчумаи инглисии осори Мавлоно мепардозад ва яке аз нахустин муаррификунандахои Мавлоно дар Гарб мегардад.Сипас баьди солхои 1970 дубора гунчаи шухрату махбуияти Мавлоно дар Гарб, хоса дар Амрико бишкуфт.Дар ин замон мутарчими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико профессор Колман Баркс ба кори тарчумаи шеьри Мавлоно пардохт, ки онро дар як шакли ояти чадиде эчод намуд, ки макбули ахли шеьру сухан гардид.Ва ин икдоми Баркс, инчунин ба фуруш рафтани садхо нусхахои тарчумакардааш ба у миллионхо даромади моли овард.Лозим ба ёдоварист, ки то даст задан ба кору осору хаёти Мавлоно Колман Баркс устоди донишгохи Чеорчиё буд ва то ин андоза шухрате ки имруз дорадро надошт.Ва метавон иддао намуд, ки ин Мавлонои кабир буд, ки уро(Барксро) сохибному шахир гардонд дар чомеаи Амрикову берун аз он. У мегуяд «Ашьори у аз огохии амики бахамваслии хаёту тамоми инсонхову адён мебошад.Шухрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар аксои олам аст.»
Шахром Шиво, шоир, олим, мутарчими кутуби Мавлоно дар Амрико бар он назар аст, ки шухрати Мавлоно беинтихост.У худ дар ин маврид мефармояд:»Шухрати Мавлоно лахза ба лахза ру ба афзоиш аст.У бо масоили ичтимоии марбут ба инсону хаёти у сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол кабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад.Харфу сухану шухрати у беинтхост»
Беси Сен Миллан як нафар сокини иёлати Королинаи Шимолии ИМА дар мавриди шинос шудан бо Мавлонову номи у чунин мегуяд: «Номи у ба ман шинос буд, аммо ман харгиз порае ас шеьри уро нахонда будам то он замон ки рузе аз чониби дустам ба ман даьватнома ба манзури ширкат дар як маросими издивоч расид. Онро боз кардам, дар дохилаш як парри ранорангу чаззоби товус дидам,ки хамрох бо баргае навиштаи шеьри Руми. «Чунбиши мухаббатомизро дар атрофи хеш эхсос кун…-шодобии рухро навишта буд. «Дигар мулокоте ки ман бо Руми доштам ин дар Калисо буд, ки хонумеро чашмам уфтод, ки дар даст китоби шеьри Румиро дошт. Аз он замон ман дарк намудам, ки Мавлоно бо хама кас дуст будааст.»
Навиштаву осори Мавлонои кабир дар тули таьрих кодир ба ру овардани бисёре аз одамон ба дини мубини ислом будааст. Мавлоно хамчун як купруке миёни давлатхову миллатхову кавмият хисобида мешавад.Ба унвони мисол профессор, хонуми Фаронсави Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноиву карини бо Мавлонову осори гаронбахои у ба дини мубини Ислом руй ниходааст ва тамоми умр кушида то Мавлоноро ба миллату давлати хеш муаррифи намояд.У инчунин номи хешро иваз намуда онро ба «Хавво» табдил додааст. Хонум Хавво соли 1999 аз олам чашм мепушад. Ормони у ин буда, ки дар Куния назди мазори Мавлоно ба хок супурда шавад. Ва чунин хам шуда.
Як мучиби асосии махбубияту макбулияти Мавлоно аз суи табааи мухталиф ин аст, ки у хешро моли хама медонад ва инчоиву ончоигаро нест. Инчунин хамаро ба суи вахдату сулх даьват мекунад. Мазхабу оини касеро маломат намекунад. Хама кешро эьтироф мекунад.Дар чое хеле зебо фармуда: «Ман ба парастишгохи яхудон рафтам,ба калисо хам рафтам инчунин ба масчид хам рафтам,амммо хамоно як хел мехроб дидам, ки дар хер се парастишгох вучуд дорад ва ман хам якхел рухия доштам.»Бубинед,ин тачассумгару тараннумгари рухи оламгир аст, ки бидуни ин рух мо хечем.
Албатта Мавлоно бо ишки хеш тавонист теьдоди аьзами одмаонро чуфт гардонад. У тавонист дили миллионхо одамони мачруху хичрондидаро мудово кунад.У тавонист калби хазорон касро бо ишку сухани мехрбори хеш шодоб намояд.У тавонист одамонро сохибном кунад.Инчунин тавонист худро ба хама курбон кунад.
Миша Рутенберг хунёгари ботачриба ахли Сан Франсискои иёлати Калифорня бар ин бовар аст, ки махз сурудахои Мавлоно буда, ки уро шухрат додааст.
«Нахустин маротиба хамчун як хонум, ки ман бо Мавлоно бархурд намудам ин дар соли 1968 дар Мексико буд. Гаркоби дарёи андешаву хаёлот кад-кади рох кадам мезадам, ки иттифокан нигохам ба китоб-фурушгохе бархурд, ки лифофаи китобе бо накшу нигори мохирона тасвиршуда таваччухамро ба худ кашид.Рафтам вориди он гахстам.Китоби Мавлоноро дарётам, ки саршор аз таронаву шеьрхои ноб буд.Китобро харидам, сиапс аз хамон руз баьд шуруь кардам ба тадкикоту такопу дар мавриди уву хаёташ.Ман инчунин бо Аттор ва Хофиз хам тавассути Мавлоно шинос шудаам.Тули 30 соле, ки банда хамчун хунёгау нагмапардоз фаолият бурдаам, садхо оханго эчод кардаам.Дар соли 2000 мачмуи охангои чамьнамудаамро дар шакли фита манзури хаводорони шеьру оханг намудам, ки унвони олбум «Вакте рузхо шабхо надоранд» буд, ки пур аз шеьрхои Мавлоно буд ва ин олбум маро дар арсаи кишварам номдод.Албатта тарчумаи инглисии шеьрхои Румиро дусти бегарази ирониям менамуд, ки оиди шеьри суфиёна маьрифати хубе дошт»
«Ман хеле кучакам.Чи гуна ин ишки бузург дар замири ман чо гирифта?Ба чашмонат назар кун,онхо хеле кучаканд,аммо метавонанд хеле чизхои бузргро бубинанд» -мегуяд Мавлонои кабир. Бале, дар вокеь ин ишки бузурги Мавлоно имруз дар дунё гунчоиш надорад ва хешро ба хар синаву дил , ба хар гушаву канор хаме занад. Ин ишк пайвасткунандаву васлкунанда,бохамсозиву бохамбудан аст.Пас месазад,ки аз ин ишк бахра бурд.Ин ишк касро ба чониби чоддахои камолот мебарад то ки кас худии хешро дарёбад.Чаро, ки хамин ишк мучиб ба офариниши ин олам гардидааст. Пас биёед хама ошику бедили ин ишк бошем,чаро, ки бузургтарин унвонро дар назди Худованд ошикон низ сохибанд.

Ишк аз азал аст то абад хохад буд
Чуяндаи ишк беадад хохад буд
Фардо , ки киёмат ошкоро гардад
Хар кас ки на ошик аст, рад хохад шуд.

Роберт Блай нависандаи Амрикои Мавлоно мехонад…

 

Тасаввуф ва Мавлоно Чалолиддини Руми