Ҷудоӣ


“Дӯсти азиз, ҳамаи мо дардҳое дорем, ки шояд фақат барои худамон бузург аст”…

“Имрӯз охирин рӯз аст, ҳарчи бодо бод, бояд тамомаш кунам ва аз шарри ин вобастагӣ роҳат шавам”.
Ҳар субҳ баъд аз боз кардани чашмҳо, вақте навозиши хуршедро рӯи сураташ эҳсос менамуд, ин қавлро ба худаш медод, вале то ғуруб онро фаромӯш мекард. Албатта, аз одатҳои қадимӣ ва дӯстони содиқ намешавад ба осонӣ гузашт, мо бо онҳо онқадр хотира сохтаем, ки дар ҷонамон реша давондаанд ва бо ҷудо шудан аз онҳо эҳсоси пӯчӣ мекунем.
Одати ҳамешагии ҳамнишинӣ бо ӯ раҳояш намекард. Ба маҳзи ин ки пояшро аз хона берун мегузошт ва ба дӯстонаш мепайваст, гӯё ба худаш қавле надода бошад, хумори ҳамроҳӣ бо ӯ боло мегирифт, бо ташнагӣ сӯяш мешитофт ва дубора даст бар дасти якдигар медоданд. Ҷудоӣ аз ҳамдаме, ки солҳои сол ҳамрозу ҳамнафасаш буда, кори осоне нест. Бояд тиккаи гӯштеро аз вуҷудат ҷудо кунӣ ва дур андозӣ.

  • – Худо ҳофиз шарики ҳамроҳ, ману ту ҳаргиз ҳамдигарро нахоҳем дид, ёдат гиромӣ бод, – гуфт ва таҳмондаи онро ба хокистарҳои нарми ҷосигорӣ фурӯ бурд. Охирин шарораи сигор, ки андозаи сари сӯзан буд, маъюсона ва бо ҳасрат ба сӯяш чашмак зад ва хомӯш шуд.

Фирдавси Аъзам
Ҷудоӣ, китоби Навҳаи доркӯб, нашри Теҳрон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s